×
Оё маънои рӯза гирифтан ин тарки хурок, шароб ва шаҳавот аз баромадани офтоб то ғуруби офтоб аст? Агар маънои рӯза ин мебуд, рӯза гирифтан барои бандагони Худо хеле осон мебуд.

    Куҷо ҳастем аз ахлоқи рузадорон?

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия: Интишороти Дорулватан

    Тарҷума: Абдураҳмони Абдусаттор

    2014 - 1435

    أين نحن من أخلاق الصائمين؟

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: القسم العلمي بدار الوطن

    ترجمة: عبد الرحمان عبد الستار

    2014 - 1435

    Куҷо ҳастем аз ахлоқи рузадорон?

    Оё маънои рӯза гирифтан ин тарки хурок, шароб ва шаҳавот аз баромадани офтоб то ғуруби офтоб аст?

    Агар маънои рӯза ин мебуд, рӯза гирифтан барои бандагони Худо хеле осон мебуд, ва лоиқи он қадар савоби бузургеро, ки Худованд барои он ваъда карда аст, намебуданд:

    وقد أخبر الله تعالى عن أجره العظيم في قوله في الحديث القدسي: «كل عمل ابن آدم له، الحسنة بعشر أمثالها, إلا الصيام، فإنه لي، وأنا أجزي به»

    متفق عليه

    “Ҳар кореро, ки бани одам анҷом медиҳад аз ӯст, ҳасана(амали неку) даҳ баробараш савоб аст, магар рӯза, ки аз ман аст ва савобашро ман медиҳам".

    Муттафақун алайҳи

    Баъзе аз олимони гузашта мегуянд: Осонтарин рӯза аз хуроку шароб бозистодан аст.

    Аммо Паёмбари худо ҳақиқати рӯзаро дар ҳадиси шариф баён карда мефармояд:

    "من لم يدع قول الزور والعمل به والجهل، فليس لله حاجة في أن يدع طعامه وشرابه". البخاري

    “Касеки сухани дуруғ ва амал бар он, ва ҷаҳлро тарк накунад, пас ҳоҷате нест барои Худо ки он шахс хуроку шаробашро тарк кунад".

    Бухорӣ

    Пас рӯзаи ҳақиқи он рӯзае аст, ки соҳибашро ба дараҷаи тақво ва муттақиён бирасонад, Худованд мефармояд:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيۡكُمُ ٱلصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَتَّقُونَ ١٨٣﴾ [البقرة: ١٨٣]

    “Эй касоне ки имон овардаед барои шумо рӯза гирифтан фарз гардонида шуд, чунонки бар касонеки пеш аз шумо буданд фарз гардонида шуд, то бошад ки парҳезгори кунед".

    Сураи Бақара 183

    Ва инсон ба дараҷаи Худо тарси ва тақво намерасад, магар бо пайрави аз ахлоқи хуб, ва дури кардан аз ахлоқи бад, пас барои рӯзадор чунин амалҳо муҳим ва зарур аст:

    1) Нигоҳ доштани шикам ва аврат аз шаҳавот.

    2) Нигоҳ доштани чашм, забон, пой, гуш, ва дигар аъзо аз гуноҳон.

    3) Нигоҳ доштани дил аз ҳиммати паст, ва фикрҳоеки сабаби дури аз Парвардигор мешаванд.

    Гуруҳе аз мардумро моҳи рамазон меояд аммо кадом тағйире дар рафтору ахлоқ ва ибодати онҳо дида намешавад.

    Паёмбари Худо мефармояд:

    قال النبي صلى الله عليه و سلم: "ما أتى على المسلمين شهر خير لهم من رمضان، ولا أتى على المنافقين شهر شر لهم من رمضان، وذلك لما يعد المؤمنون فيه من القوة للعبادة، وما يعد فيه المنافقون من غفلات الناس وعوراتهم، وهو غنم للمؤمن ونقمة للفاجر". أحمد والبيهقي وصححه العلامة أحمد شاكر

    “Ягон моҳе беҳтар аз моҳи рамазон барои мусулмонон наомадааст, Ва ягон моҳе бадтар аз моҳи рамазон барои мунофиқон наомадааст. Зеро дар ин моҳ мусулмонон худро тақвият медиҳанд барои ибодат (и Худованд), Ва мунофиқон худро тақвият ва тайёр мекунанд барои ғофил гардонидани мардум, гумроҳ сохтани онҳо дар ин моҳи муборак, Ва ин моҳ барои мусалмонон ғанимат аст, ва барои фоҷирону гунаҳкорон азоб аст". (Аҳмад, Байҳақи ва Аҳмад Шокир ин ҳадисро саҳеҳ гуфтааст)

    Пас бигзор моҳи рамазон барои мо моҳи тарбия ва таълим басӯи ахлоқи неку бошад, то инки ризогии Парвардигорро дар ин моҳи муборак ба даст биёрем.

    Ахлоқи рӯзадорон хеле бисёр аст, вале дар инҷо баъзе аз онро мухтасаран зикр мекунем:

    Сабр

    Яке аз ахлоқи рузадорон: Сабр аст

    Рамазон ин моҳи сабр аст, чун мусалмон дар ин моҳ нафси худро аз шаҳавот, хурок, шароб, барои баҷо овардани тоати Парвардигораш ва пайрави аз Паёмбараш манъ мекунад, ва инчунин худро аз озор додани мардум манъ мекунад, ки ин ҳама сабр дар тоъати Худо аст.

    Чунонеки Паёмабри Худо мефармояд:

    ولذلك قال النبي صلى الله عليه و سلم: «وإذا كان يوم صوم أحدكم فلا يفسق ولا يرفث، فإن سابه أحد أو قاتله فليقل: إني صائم». متفق عليه

    “Вақте яке аз шумо рӯзадор бошад, пас фосиқи накард ва бадзабониву фаҳшо нагуфт. Ва касе ӯро дашном дод ё бо ӯ ҷанҷол кард, пас бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам".

    Муттафақун алайҳи

    Ин аст насиҳати Паёмбари Худо (с) барои рӯзадорон, аммо бисёре аз рузадоронро мебинем, ки дар ин моҳ дар корҳои беҳуда худро ғазабнок мекунанд ва бо дигарон носазо, дашном, ва лаънат мегуянд ва агар аз яке онҳо пурсида шавад ки чаро? Мегуяд: Бахшиш ки ман рӯзадорам ва асабам вайрон аст. Дар ҳоле ки ин моҳ моҳест ки мардумро ба сабр, раҳмат, ва бахшоиш миёни ҳамдигар амр мекунад.

    Амонат

    Ва дигар ахлоқи рӯзадорон: "Амонатдори" аст:

    Чун рӯза аз ҷумлаи амонатҳое аст, ки инсон онро таҳаммул кард, дар ҳолеки замин ва осмонҳо аз таҳаммули он оҷиз монданд.

    Худованд мефармояд:

    ﴿إِنَّا عَرَضۡنَا ٱلۡأَمَانَةَ عَلَى ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱلۡجِبَالِ فَأَبَيۡنَ أَن يَحۡمِلۡنَهَا وَأَشۡفَقۡنَ مِنۡهَا وَحَمَلَهَا ٱلۡإِنسَٰنُۖ إِنَّهُۥ كَانَ ظَلُومٗا جَهُولٗا ٧٢﴾ [الاحزاب : ٧٢]

    “Ҳар ойна мо амонатро бар осмонҳо ва заминҳо ва бар куҳҳо арз (пешкаш) доштем, пас қабул накарданд, ки онро бардоранд ва аз он тарсиданд ва инсон онро бардошт (таҳаммул кард) ҳар ойна ситамгару нодон аст".

    Сураи Аҳзоб: 72

    Барои ҳамин ваъдаи азоби сахте аст барои касонеки як рӯз аз рӯзаи ин моҳро беягон узр тарк мекунанд, Ин ваъиди сахт барои касонест ки як рӯзи рӯзаро бе узр тарк мекунанд, пас чи бошад ҳоли касонеки рӯзаи ин моҳро пурра тарк мекунанд? Чи бошад ҳоли касонеки рӯзадорони ин моҳро истеҳзо масхара мекунанд?

    Раҳмдили ва кумаки ҳамдигар

    Инчунин аз ахлоқи рӯзадорон: Раҳмдили ва кумаки ҳамдигар дар ин моҳи муборак аст.

    Моҳи рамазон моҳи раҳмат ва ёрдами ҳамдигар аст, ки дар ин моҳ сарватмандон ҳоҷати бародарони муҳтоҷашонро, бародароне, ки ҳоҷат ба хурок, шароб ва ғайра доранд, дар ёд меоранд, Чун рӯзадор вақто ки гурусна ё ташна мешавад он бародароне, ки доимо гирифтори гуруснаги ва камбағали ҳастанд дар ёд меорад ва онҳоро кумак мекунад.

    Паёмбари Худо дар ин бора ташвиқ намуда мефармояд:

    "من فطر صائمًا كان له مثل أجره، من غير أن ينقص من أجر الصائم شيء". الترمذي وأحمد وصححه الألباني.

    “Касеки рӯзадорро ифтор диҳад, барои ӯ ҳам мисли аҷри рӯзадор аст, дар ҳоле ки аз аҷру савоби рӯзадор чизе кам намешавад". Тирмизӣ, Аҳмад, ва Албони саҳеҳаш гуфтааст

    Инчунин барои ҳар як мусулмон воҷиб аст, ҳоҷати бародарони мусулмонашро ба ёд биёрад ва бар заъифашон раҳм кунад, ва нодорашонро кумак кунад, ва аз онҳо зарарро дур кунад.

    Паёмбари Худо мефармояд:

    وقال النبي -صلى الله عليه و سلم- : المسلم أخو المسلم لا يظلمه ولا يسلمه، من كان في حاجة أخيه كان الله في حاجته، ومن فرج عن مسلم كربة من كرب الدنيا، فرج الله عنه كربة من كرب يوم القيامة، ومن ستر مسلمًا ستره الله يوم القيامة» [متفق عليه].

    “Мусалмон бародари мусалмон аст, зулмаш намекунад ва таслимаш намекунад, ва касеки дар баровардани ҳоҷати бародараш бошад, пас Худованд дар баровардани ҳоҷати ӯ мебошад, ва касеки аз бародари мусалмонаш мушкиле аз мушкилоти дунёро дур кунад пас Худованд мушкилоти охирати ӯро дур мекунад, ва касеки бипушад айби бародари мусалмонашро дар дунё, пас Худованд айби уро дар рузи қиёмат мепушонад".

    Муттафақун алайҳи

    Шафоъати нек

    Шафоъати нек миёни ҳамдигар, инҳам яке аз ахлоқҳои неки рӯзадорон аст, ва савоби бузурге дорад,

    Худованд мефармояд:

    ﴿مَّن يَشۡفَعۡ شَفَٰعَةً حَسَنَةٗ يَكُن لَّهُۥ نَصِيبٞ مِّنۡهَاۖ وَمَن يَشۡفَعۡ شَفَٰعَةٗ سَيِّئَةٗ يَكُن لَّهُۥ كِفۡلٞ مِّنۡهَاۗ وَكَانَ ٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ مُّقِيتٗا ٨٥﴾ [النساء : ٨٥]

    “Ҳар ки шафоъати нек кунад, ӯро баҳрае аз савоб аст ва ҳар ки шафоъати бад кунад, ӯро баҳрае аз азоб аст".

    Сураи Нисо: 85

    АбуМусои Ашъари (р.з) мегӯяд: Паёмбари Худо (с) вақте ҳоҷатманде пеши ӯ меомад мегуфт:

    وقال أبو موسى الأشعري رضي الله عنه: كان النبي – صلى الله عليه و سلم- إذا أتاه طالب حاجة، أقبل على جلسائه فقال: «اشفعوا تؤجروا ...» [متفق عليه].

    “Шафоъат кунед савоб мегиред".

    Насиҳат барои ҳар мусалмон

    Яке аз ахлоқи бузурги рузадорон: "Насиҳат миёни ҳамдигар" аст .

    Паёмбари Худо мефармояд:

    النبي –صلى الله عليه و سلم- قال: «الدين نصيحة، الدين النصيحة، الدين النصيحة» قالوا: لمن يا رسول الله؟ قال: «لله، ولكتابه، ولرسوله، ولأئمة المسلمين وعامتهم» [رواه مسلم].

    “Дини ислом насиҳат аст, дини ислом насиҳат аст, дини ислом насиҳат аст" гуфтанд: барои ки эй Паёмбари Худо? Гуфт:" Барои Худо, барои китобаш, барои Пайғамбараш, ва барои имомҳои мусалмонон ва барои ҳамаи онҳо".

    Муслим

    وعن جرير رضي الله عنه قال: «بايعت رسول الله – صلى الله عليه و سلم- على إقام الصلاة، وإيتاء الزكاة، والنصح لكل مسلم» [متفق عليه].

    Аз ҳазрати Ҷарир (р.з) ривоят аст ки гуфт: "Байъат кардам бо Пайғамбари Худо барои барпо кардани намоз, адо кардани закот, ва насиҳат барои мусалмонон".

    Муттафақун алайҳи

    Ва Паёмбари Худо дар хадиси дигар мефармояд:

    وقال – صلى الله عليه و سلم- : «لا يؤمن أحدكم حتى يحب لأخيه ما يحب لنفسه» [متفق عليه].

    “Имони касе аз шумо комил намешавад то инки дӯст бидорад барои бародари мусалмонаш ончизеро ки барои худ дӯст медорад".

    Муттафақун алайҳи

    Ва аз ҳаққи мусалмон барои бародари мусалмонаш ин аст, ки ӯро бароҳи ҳақ насиҳат кунад, ва уро аз гумроҳи ва роҳи бад огоҳ бисозад, ин аст ҳамон дӯсти ва бародарие ки Паёмбари Худо мусалмнонро бар он васф карда мефармояд:

    «مثل المؤمنين في توادهم وتراحمهم وتعاطفهم، مثل الجسد إذا اشتكى منه عضو تداعى له سائر الجسد بالسهر والحمى» [متفق عليه].

    “Мисоли мусалмонон дар дӯсти, раҳмдили, ва меҳрубони миёни ҳамдигар ба мисоли як ҷисм аст, ки агар як узве аз он дард кунад ҳамаи аъзои дигараш дард мекунад".

    Муттафақун алайҳи

    Моҳи рамазон фурсати бузурге барои насиҳат, таълим, ва роҳнамои ҳамдигар аст. Чун дилҳо дар ин моҳ басуй Парвардигораш бар мегардад, ва гушҳо ташнаи шунидани суханони Худованд ва Паёмбари ӯ ҳастанд.

    Пас барои ҳар мусалмон лозим аст, ки ин моҳро ғанимат донад, дар насиҳат ва таълими бародарони мусалмонаш, ва хосатан имомҳои масҷидҳо, донишмандон ки масуълияти онҳо назди Парвардигорашон бузургтар аст.

    Ҳамкори дар неки ва тарси Худо

    Ҳамкори миёни ҳамдигар дар некиҳо ва тарсу ибодати Худо ахлоқе аз ахлоқҳои рузадорон аст.

    Худованд дар ин бора мефармояд:

    ﴿وَتَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡبِرِّ وَٱلتَّقۡوَىٰۖ وَلَا تَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِۚ ٢﴾ [المائدة: ٢]

    “Ва бо якдигар бар некукори ва парҳезгори кумак ва ҳамкори кунед ва бар гуноҳ ва зулм бо якдигар ҳамкори макунед".

    Сураи Моида: 2

    Ва инчунин Худованд мефармояд:

    ﴿وَٱلۡعَصۡرِ ١ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ لَفِي خُسۡرٍ ٢ إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلۡحَقِّ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلصَّبۡرِ ٣﴾ [العصر: ١، 3]

    “Қасам бар замон ки ҳар ойна инсон дар зиёнкори аст, магар ононеки имон оварданд ва амалҳои шойста кардаанд ва якдигарро бар дини дуруст васият карданд ва якдигарро бар сабр васият карданд".

    Сураи Аср: 1-3

    Ислоҳ миёни мардум

    Ислоҳ кардан миёни мардум, яке аз дарвозаҳои бузурги корҳои нек аст, ки бисёри мардум имрӯзҳо аз он дар ғафлат мондаанд.

    Худованди бузург мефармояд:

    ﴿لَّا خَيۡرَ فِي كَثِيرٖ مِّن نَّجۡوَىٰهُمۡ إِلَّا مَنۡ أَمَرَ بِصَدَقَةٍ أَوۡ مَعۡرُوفٍ أَوۡ إِصۡلَٰحِۢ بَيۡنَ ٱلنَّاسِۚ ١١٤﴾ [النساء : ١١٤]

    “Дар бисёре аз машваратҳои пинҳониашон фоидае нест, магар дар сухани онон, ки ба садақа додан ё некӣ кардан ва ё оштиҷӯӣ машварат медиҳанд".

    Сураи Нисо: 114

    ﴿إِنَّمَا ٱلۡمُؤۡمِنُونَ إِخۡوَةٞ فَأَصۡلِحُواْ بَيۡنَ أَخَوَيۡكُمۡۚ ١٠﴾ [الحجرات: ١٠]

    “Ҳар ойна мусалмонон бародари якдигаранд, пас миёни ду бародари хеш сулҳ кунед".

    Сураи Ҳуҷурот: 10

    Паёмбари Худо дар ҳадиси дигаре мефармояд:

    وقال النبي – صلى الله عليه و سلم- : «كل سُلامي من الناس عليه صدقة، كل يوم تطلع فيه الشمس تعدل بين الاثنين صدقة، وتُعين الرجل في دابته، فتحمله عليها، أو ترفع له عليها متاعه صدقة، والكلمة الطيبة صدقة، وبكل خطوة تمشيها إلى الصلاة صدقة، وتميط الأذى عن الطريق صدقة» [متفق عليه]، ومعنى «تعدل بينهما» تصلح بينهما بالعدل.

    Аз Абўҳурайра, разия-л-Лоҳу анҳу, ривоят аст, ки гуфт: пайғамбари Худо, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, гуфт: «Аз мардум бар ҳар як банду буғуми баданашон ҳар рўз, ки дар он офтоб мебарояд, садақа лозим аст: чун дар миёни ду нафар адл кунӣ, садақа аст; ва чун ба марде барои савор шудан ба ҳайвони савориаш ёрӣ расонӣ ё бар он ҳайвон бору бандашро бор кунӣ ё бардорӣ, садақа аст; ва сухани хуш садақа аст; ва ҳар як қадаме, ки барои рафтан ба намоз гузорӣ, садақа аст; ва чун чизи озордиҳандаро аз сари роҳ бартараф кунӣ, садақа аст».

    Муттафақун алайҳи

    Ин аст ахлоқҳои бузурги рузадорон. Ва хушо бар ҳоли касонеки ин моҳро ғанимат медонанд дар анҷом додани ин ахлоқҳо, ва пушаймони бар касонеки дар ин моҳи муборак аз анҷом додани ин ахлоқҳо дар ғафлат мондаанд, ва ин моҳро дар хоб ва бепарвоги мегузаронанд.