×
Мавзӯъҳое ки мақола дар бар гирифтааст: Фазилати дар масҷид намоз хондан, бар намози ҷамоъат мудовимат кардан, дар масҷид дар интизори намози оянда нишастан...

Бародар!!! масҷид муштоқи туст

[Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

Абулҳасан писари Муҳаммад Фақиҳ

Тарҷума: Абдураҳмони Абдусаттор

2013 - 1435

أخي ! المسجد حنَّ إليك

«باللغة الطاجيكية»

أبو الحسن بن محمد الفقيه

ترجمة: عبد الرحمن عبد الستار

2013 - 1435

Феҳрасти мавзӯъҳо

Пешгуфтор...................................................................

4

Фазилати рафтан ба сӯи масҷид

1-

Манзилгоҳҳои биҳишти насибаш мегардад..

7

2-

Пӯшондани гуноҳон.............................................

9

3-

Ба даст овардани савоб........................................

14

4-

Мужда барои роҳ равандагон басӯи масҷид.

15

Фазилати намоз дар масҷид

1-

Савоби интизор кашидан барои намоз дар масҷид..................................................................

17

2-

Савоби намози ҷамоъат......................................

21

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

Пешгуфтор

Сипос аз он Худост ва дуруду салом бар Паёмбари Худо ва хонадон ва ёрону дӯстони он ҳазрат бод... ва баъд:

Сипос аз он зоте аст, ки масҷидро барои ибодат... оромиш барои ҷонҳо... сакина барои дилҳо... таҷаммуъгоҳ барои мусалмонон... минбаре барои ҳидоят ва роҳнамои... ва ҷое барои саркуби фасод ва гумроҳи қарор дод. Худованди бузург мефармояд:

﴿فِي بُيُوتٍ أَذِنَ ٱللَّهُ أَن تُرۡفَعَ وَيُذۡكَرَ فِيهَا ٱسۡمُهُۥ يُسَبِّحُ لَهُۥ فِيهَا بِٱلۡغُدُوِّ وَٱلۡأٓصَالِ ٣٦ رِجَالٞ لَّا تُلۡهِيهِمۡ تِجَٰرَةٞ وَلَا بَيۡعٌ عَن ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَإِقَامِ ٱلصَّلَوٰةِ وَإِيتَآءِ ٱلزَّكَوٰةِ يَخَافُونَ يَوۡمٗا تَتَقَلَّبُ فِيهِ ٱلۡقُلُوبُ وَٱلۡأَبۡصَٰرُ ٣٧ لِيَجۡزِيَهُمُ ٱللَّهُ أَحۡسَنَ مَا عَمِلُواْ وَيَزِيدَهُم مِّن فَضۡلِهِۦۗ وَٱللَّهُ يَرۡزُقُ مَن يَشَآءُ بِغَيۡرِ حِسَابٖ ٣٨﴾ [النور : ٣٦، ٣٨]

“Дар хонаҳое Худо дастур дода аст, ки баланд карда шавад ва дар онҷо номи Ӯ ба поки ёд карда шавад дар онҷо Худоро субҳ ва шом ёд мекунанд, мардоне ки эшонро ҳеҷ тиҷорат ва на хариду фуруш аз ёди Худо ва барпо доштани намоз ва додани закот ва метарсанд аз он рӯзеки дилҳо ва дидаҳо дар он рӯз нигарон шаванд”.

Сураи Нур 36-38

Бародари гироми!

Эй бандаи Худо, ки масҷидро пушти сар кардаи... ва ҳаргоҳ, ки азонро мешунави рӯй мегардони ва таваҷҷуҳ намедиҳи... ва нидои азонро танҳо барои пандгирандагон медони!!

Масҷид муштоқт туст ва орзуи ҳузури туро дорад то ободаш куни... то мояи хайри худ гарди... ҳамчунон туро панҷ маротиба дар як рӯз даъват мекунад, бо садои хайр ва баракат... то шояд даъваташро иҷобат куни... ва хилваташро бо ҳузури некат обод сози.

Худованд мефармояд:

﴿يَٰقَوۡمَنَآ أَجِيبُواْ دَاعِيَ ٱللَّهِ وَءَامِنُواْ بِهِۦ يَغۡفِرۡ لَكُم مِّن ذُنُوبِكُمۡ وَيُجِرۡكُم مِّنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ ٣١ وَمَن لَّا يُجِبۡ دَاعِيَ ٱللَّهِ فَلَيۡسَ بِمُعۡجِزٖ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَيۡسَ لَهُۥ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءُۚ أُوْلَٰٓئِكَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ ٣٢﴾ [الاحقاف: ٣١، ٣٢]

“Эй қавми мо сухани даъват кунанда басуи Худоро қабул кунед, ба ӯ имон биёваред то Худо барои шумо баъзе гуноҳони шуморо бибахшад ва шуморо аз азоби дарднок паноҳ диҳад, ва ҳар ки гуфтаи даъват кунандаро қабул накунад, пас дар замин оҷиз кунанда нест ва уро ҷуз Худо дӯстоне нест, он ҷамоъат дар гумроҳии зоҳиранд”.

Сураи Аҳқоф 31,32

Бародари гироми! Садояшро иҷобат кун ва ҳавасро пушти сар бигузор ва ба сӯи Парвардигорат баргард.

Сафои дилҳо дар рӯй овардан ва обод кардан аст, ва ҳеч синае дар нишасти масҷид танг намешавад.

Ҳеч касе дар он малол ва дил озурда намешавад, гулистони масҷид ба нури ҳидояти дурахшон аст ва ҳар бандаи яктопарастро шомили раҳмати худ мегардонад.

Фазилати рафтан ба сӯи масҷид

Бародари гироми! Агар бидони, вақтоки ба масҷид намерави, чи фазиалтеро аз даст медиҳи, аз таассуф ва ҳасрат ангушт бар даҳон мегири.

Касе барои ёди Худо бар хонаи Ӯ меравад, бубин чи меваҳои тозае аз он бармечинад.

Манзилгоҳҳои биҳишти насибаш мегардад

Агар ба ту бигуянд, ки ҳаргоҳ ба фалонҷо бираси ҷойзаи дуняви насибат мегардад, агарчи дур ҳам бошад ба сӯи онҷо мешитоби ва талоши бисёре мекуни то ба онҷо бираси. Худатро ба заҳмат меандози бар нотавониат ғалаба мекуни... ва ҳамчун муборизе, ки ба майдони ҷанг мешитобад. Басуй онҷо шитоб мекуни, ҳоло ки рафтани ту ба масҷид осонтар ва аҷру савобаш бузургтар ва фаровонтар аст, пас чи кор мекуни?

Пас беҳтар он нест, ки доман ба камар бизани ва омода ва ҳозир ба силоҳ боши?

Аз Абуҳурайра (р.з) ривоят аст, ки расули худо фармуд:

عن أبي هريرة قال: قال رسول الله) :من غدا إلى المسجد أو راح، أعدّ الله له في الجنة نزلاً كلما غدا أو راح (رواه البخاري ومسلم.

“Ҳар ки ба масҷид рафту омад кунад, ба ҳамон андозаеки рафту омад мекунад барои ӯ дар биҳишт манзилгоҳ фароҳам мекунанд”.

(Бухорӣ ва Муслим)

Ин подоше аст, ки аз он болотар нест... ва савобе аст, ки сазовори таҳсин аст! Манзилгоҳи ҷовидона дар биҳишт, агар дар зебогияш андеша куни... ва зиннаташро ба чашм бубини... ва манзараи онро назар куни... ва ба атрофи он ба тамошо биншини... ва аз васоили ва асбобу ҷамол ва некии он огоҳ шави... сахт ҳайрон ва саргардон хоҳи шуд! Ва гаронбаҳотарин сармояҳои худро барои расидан бар он сарф хоҳи кард...

Расидан бар он душвор нест, балки як рафту ва як омад аст, пиёдарави ва гардиш аст, овозҳои собите аст, барои ободсозии хонаи Худо, ва барои дархости закоти ҷон ва сафои он, вақтоки муаззин азон мегуяд: Биштобед басуй намоз... биштобед басуй растагори... ҳатто агар растагори ҳамон манзилгоҳи неку дар биҳишт бошад, бозҳам рафтан ба масҷид қобили таваҷҷуҳ ва иҳтимом хоҳад буд, чаро ки на? Дар ҳолеки фазоили он фаровон ва фавоидаш бешумор аст!

Бародар! Агар бихоҳи воқеан замонро ғанимат бишумори, беҳтарин замон он вақте аст, ки дар он басуй растагори мешитоби.

Намози субҳро бихон, Худоро садо бизан ва дар торики шабзиндадориро ғанимат бишумор. То подош ва савоби ҳақиқиро насибат гардони ва дар биҳишти Парвардигорат соҳиби манзиле шави.

Пӯшондани гуноҳон

Ҳар қадаме ки басӯи масҷид мегузори Худованд ба василаи он гуноҳонатро мерезад, ва туро бар дараҷоти боло хоҳад бурд.

Расули Худо (с) дар ин замина мефармояд:

عن أبي هريرة رضي الله عنه أن رسول الله صلى الله عليه وسلم قال: "إذا توضأ العبد المسلم أو المؤمن فغسل وجهه خرج من وجهه كل خطيئة نظر إليها بعينيه مع الماء أو مع آخر قطر الماء، فإذا غسل يديه خرج من يديه كل خطيئة كان بطشتها يداه مع الماء أو مع آخر قطر الماء، فإذا غسل رجليه خرجت كل خطيئة مشتها رجلاه مع الماء أو مع آخر قطر الماء حتى يخرج نقياً من الذنوب". رواه مسلم .

“Ҳаргоҳ бандаи мусалмон таҳорат бигирад ва рӯяшро бишуяд, пас ҳар гуноҳе, ки бо чашмони худ гирифтори он шуда бошад, бо об ё бо охирин қатраи оби таҳораташ он гуноҳ аз чашмонаш дур мешавад, ва ҳаргоҳ дастонашро бишуяд ҳар гуноҳеро, ки бо дастонаш анҷом дода бошад, бо об ё бо охирин қатраи оби таҳораташ он гуноҳ аз дастонаш берун мешавад, ва ҳаргоҳ пойҳояшро бишуяд ҳар гуноҳе, ки бо пойҳояш анҷом дода бошад, бо об ё бо охирин қатраи оби таҳораташ он гуноҳ аз пойҳояш берун мешавад, то инки аз гуноҳон пок берун ояд”.

(Муслим)

Басӯи масҷид қадам бармедори, дар ҳолеки мояи тақарруби ту ба Худост ва ҷойгоҳи туро ба дараҷаҳои худотарси ва биҳишт боло мебарад.

Бародар! ба ёд дошта бош, ки ҳама мардум қадам мебардоранд вале қадами ту басӯи масҷид назди Худованд ҷойгоҳи волое дорад, ва қадаме аст, ки барои ёди Худост, қадаме барои ҷавоби нидои Ӯ... ва барои иҷобати амрҳои Ӯ..... рағбат ба фазли Ӯ... тарсидан аз азоби Ӯ... ва алоқа ба зоту сифоти Ӯст.

Аз инҷо мефаҳмем, ки подош аз ҷинси амал аст... ва ҳарчи қадам бардори ба фазлу саховати Худо умедвор хоҳи шуд, чунки Худованд қадамҳои туро сабаби пушонидани гуноҳонат қарор медиҳад, то бо омурзиши онҳо ба умеди худ даст ёби ва аз ҷумлаи растагорон боши.

Паёмбари ислом (с) барои баҷо овардани ибодати Худо бо рафтан басуй масҷид ташвиқ карда мефармояд:

قال صلى الله عليه وسلم أيضاً: "ألا أنبئكم بما يكفر الله به الخطايا ويرفع به الدرجات: إسباغ الوضوء على المكاره, ونقل الأقدام إلى المساجد, وانتظار الصلاة بعد الصلاة, فذلكم الرباط, ثلاث مرات" . أخرجه مسلم عن أبي هريرة

“Шуморо хабар надиҳам аз ончики Худованд ба сабаби он гуноҳонро мерезад ва шуморо ба дараҷоти баланд мерасонад? Гуфтанд:Бале эй расули Худо! Фармуд: "Таҳорат гирифтан ҳангоми анҷоми корҳои нописанд, рафту омади бисёр ба масҷидҳо, ва интизор кашидани намози дигар пас аз ҳар намоз. Ба ин ресмон чанг бизанед, се бор такрор кард”.

(Муслим)

Ва алабатта сабаби хасорату бепарвоги, ва пушаймони бузургест, ки мусалмон садои азонро (ки нидо басӯи комёбист) бишнавад, ва аз савоби бузурге ки Худованд барои иҷобати он ваъда дода аст, бохабар бошад сипас аз он рӯй бигардонад ва дунболи ҳаво ва ҳавасаш шавад ва иҷобати онро накунад.

Ин ибодати ошкорест ки дар чанд лаҳзаи каме анҷом дода мешавад ки на сабаби зараре дар корҳои дунё мешавад ва на лаззатеро аз байн мебарад, балки чанд лаҳзаест, ки пур аз лаззат ва хушбахтист.

Ва зиёнкори ҳақиқи касе аст, ки ин лаҳзаҳоро ба матоъи андаки дунё бифурушад. Ва аз он руйгардон шавад, ва дар хонаи худ ва бо корҳои худ машғул шаваду аз ин ибодати бузург дар ғафлат монда ин лаҳазотро дар корҳои ҳаром ва нописанд, ва ба дунболи тамошои филмҳо ва ё рақсу мусиқиҳо бошад.

Ва хушбахту комёб касе аст, ки ин лаҳазотро бар корҳои дигараш бартари диҳад, ва бо оромиш ва сакина басӯи масҷид қадам бизанад, то розигии Худо ва хушбахтии ҳарду дунёро ба даст биёрад.

Ва вақто ки бар хонаи Худо мерасад ҷуз итмиънон ва оромиш дар дилаш нест, ки ӯро барои хоксори дар баробари холиқи ҳасти омода гардонда аст.

Аз Паёмбари Худо ривоят аст, ки фармуданд:

عن أبي هريرة رضي الله عنه، أن النبي صلى الله عليه وسلم قال: "من تطهر في بيته ثم مشى إلى بيت من بيوت الله ليقضي فريضة من فرائض الله، كانت خطواته إحداهما تحط خطيئة، والأخرى ترفع درجة". رواه مسلم

“Ҳар ки дар хонааш худро пок кунад (таҳорат кунад) сипас ба яке аз хонаҳои Худо раҳсипор шавад, то яке аз воҷиботи Худоро баҷой оварад, қадамҳояш яке гуноҳро пок мекунад ва дигаре мақом ва дараҷоти уро боло мебарад”

(Муслим)

Ба даст овардани савоб

 Бародари гироми! Медони вақто ки басӯи масҷид мерави муроди ту чист? Ту қасди хонаи Худоро дори.. ва фазилати қасд ба хотири фазилате аст, ки мақсуд дорад, ту басӯи Худо қадам ба хонааш мегузори.. ки агар талаби омурзиш куни туро меомурзад ва агар дархост куни, дархостатро медиҳад, ва туро дар рафту омадат ва дар намозгузорият шомили раҳматаш мегардонад.

Аз раҳмати бешумори Худованд ин аст, ки ҳасанотро насиби ту мекунад ва пеш аз инки ба Ӯ рубару шави мақом ва дараҷоти туро баланд мекунад, то соҳиби мақоми бузурге дар наздаш боши.

Уқба писари Омири Ҷуҳани (р.з) аз Паёмбари Худо ривоят мекунад ки фармуд:

عن عقبة بن عامر الجهني عن النبي قال: "لمن خرج من بيته إلى المسجد كتب له الملكان بكل خطوة يخطوها عشر حسنات.. والقاعد في المسجد ينتظر الصلاة كالقانت ويكتب من المصلين حتى يرجع إلى بيته".

“Ҳар ки аз хонаи худ басуй масҷид берун биёяд, ду фаришта ба ҳар қадамеки мегузорад барояш даҳ савоб менависад, ва касе дар масҷид нишаста мунтазири намоз аст, монанди касе аст, ки бар қунут истодааст (дар ҳолати намозхони) ва то замоне ки ба хонааш баргардад аз ҷумлаи намозгузорон башумор меравад”.

Абуҳурайра (р.з) аз Паёмбари Худо ривоят мекунад ки фармуд:

وعن أبي هريرة عن النبي قال: "الكلمة الطيبة صدقة، وكل خطوة تخطوها إلى الصلاة صدقة" رواه البخاري ومسلم.

“Сухани неку садақа аст, ва ҳар қадаме ки басуй намоз бармедори садақа ба ҳисоб меояд”.

(Бухорӣ ва Муслим)

Мужда барои роҳ равандагон басӯи масҷид

Аз Бурайда (р.з) нақл аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуд:

فعن بريدة عن النبي قال: "بشّروا المشائين في الظلم إلى المساجد بالنور التام يوم القيامة". رواه أبو داود والترمذي وهو صحيح.

“Ба касоне, ки дар торикиҳо роҳ мераванд, то ба масҷидҳо бирасанд, муждаи нур ва равшании комилро, дар рӯзи қиёмат диҳед”.

(Абудовуд ва Тирмизӣ)

Ва аз Абӯҳурайра (р.з) ривоят аст, ки расули Худо (с) гуфт: “Ба касоне, ки дар торикии шабҳо ба масҷидҳо мераванд, башорат бидеҳ, ки дар рӯзи қиёмат аз нури комил бархурдоранд”. (Абӯдовуд, Ибни Моҷаҳ, Тирмизӣ), (мақсад аз торикии шабҳо – вақте ки инсон ба намози бомдод дар торикӣ меравад, ва Аллоҳ аълам).

Ин мужда барои ҷинси амали касе аст, ки дар торики басӯи масҷид қадам бар медорад муносиб аст. Аз онҷо ки бо рафтан ба хонаи Худо торикиро пушти сар мегузорад. То бо имом намози субҳ бихонад, Худованд дар рӯзи қиёмат, ки ҳама халқ гирд меоянд нур ва равшании комил дар иваз ба ӯ ато хоҳад кард.

Фазилати намоз дар масҷид

Ба хотир дошта бош, ки масҷид бозори фоидаоваре барои охират аст, Чаро ки қадам бардоштан басӯи он ҳукми ҳасана, ва қадам мондан дар он ҳукми раҳмат, ва интизор кашидан барои намоз ҳукми як намозро дорад.

Савоби интизор кашидан барои намоз дар масҷид

Аз ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривояти аст, ки Паёмабри худо фармуд:

فعن أبي هريرة رضي الله عنه، أن رسول الله قال: "لا يزال أحدكم في صلاة ما دامت الصلاة تحبسه، لا يمنعه أن ينقلب إلى أهله إلا الصلاة ". متفق عليه

“Ҳар яки аз шумо пайваста то замоне, ки мунтазири намози дигар аст, дар намоз ба сар мебарад, ва танҳо ончи монеъи он мешавад ки басӯи хонавадааш биравад намоз аст”.

(Муттафақун алайҳи)

Пас эй бародар! Дар ин фазли бузурги Парвардигорат тааммул кун, нишастан дар гушае аз хонаи Худо савобаш баробари савоби намоз хондан аст, ки албатта он нишастан сабаби итмиънон, оромиш, роҳат ва хушуъ, сакина ва шодии руҳ мегардад.

Куҷоянд касоне, ки ба дунболи ободсозии хонаҳои Худо нестанд, ва бекор дар хонаи худ менишинанд, то замоне ки имоми масҷид намозро тамом кунад ва ӯ бо сангини ва сусти дохили масҷид мешавад. Пас куҷост ин инсон аз ин фазл ва савоби бузург.

Балки мусалмон ҳаргоҳ ки дар масҷид менишинад ва интизори намозро мекашад фариштагони Худо ба ӯ дуруд мефиристанд ва баҷои ӯ барояш талаби раҳмат ва мағфират мекунанд. Чунонеки расули Худо дар инбора мефармояд:

كما أخبر بذلك رسول الله فقال: "الملائكة تصلي على أحدكم ما دام في مصلاه الذي صلى فيه، ما لم يحدث. تقول اللهم اغفر له، اللهم ارحمه".

“Вақте намозро хонд ва то вақте, ки дар намозгоҳаш аст, фариштагон бар ӯ дуруд мефиристанд, агар таҳорати худро нашиканад”.

Ва фариштагон мегўянд: “Бор Илоҳо ӯро раҳмат кун, Бор Илоҳо ӯро мағфират кун”.

(Бухорӣ ва Муслим)

Маъоз писари Ҷабал (р.з) мегуяд:

قال معاذ بن جبل: من رأى أن من في المسجد ليس في الصلاة إلا من كان قائماً, فإنه لم يفقه.

“Ҳар ки тасаввур кунад, ки танҳо он касе ки дар масҷид ба намоз истода дар намоз басар мебарад ба дарки лозим нарасида аст”. (Ин сухан маънои онро дорад, ки касе дар масҷид нишаста бошад (дар интизори намози оянда) гуё инки дар намоз аст)

Саъид писари Мусайиб мегуяд:

وقال سعيد بن المسيب: من جلس في المسجد فإنما يجالس ربه. وهل من يجالس ربه في بيته بالذكر، وتدبر القرآن، وتعلم العلم وتعليمه والدعاء.. كمن يجلس أمام تفاهات التمثيل وسفاسف اللهو واللعب!!

“Ҳар ки дар масҷид бинишинад бо Парвардигораш ҳамнишини мекунад, оё касеки дар хонаи худ бо ёди Худо, тадаббури Қуръону илм омузи ва дуъо бо Парвардигораш ҳамнишини мекунад... монанди касе аст ки дар баробари намойшҳои музахраф ва саргармиҳо беарзиш мешинад”.

Расули Худо намози хуфтанро то нисфи шаб ба таъхир меандохт, он ҳам ба хотири ташвиқи дигарон ба подоше, ки интизор кашидан барои намоз дорад.

Аз ҳазрати Анас (р.з) нақл аст, ки расули Худо шабе намози хуфтанро то ниме аз шаб ба таъхир андохт сипас баъд аз онки намозро хонд рӯй басӯи мо карда фармуд:

عن أنس رضي الله عنه، أن رسول الله أخّر ليلة صلاة العشاء إلى شطر الليل ثم أقبل علينا بوجهه بعدما صلى فقال: "صلى الناس ورقدوا ولم تزالوا في صلاة من انتظرتموها" رواه البخاري.

“Мардум намоз хонданд ва дар ҷояшон нишастанд вале то замоне ки ба интизори намоз нишастанд дар он басар мебаранд (дар намоз).

(Бухорӣ)

Пас бародари гироми кушиш кун басӯи масҷид зуд бирави то дар сафи аввал ва дар пушти сари имом ва ё дар наздиктарин ҷой худро ҷойгир куни, чун намоз дар наздикии имом подоши бузург ва асари шугуфтае бар намозгузорон дорад.

Аз ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривоят аст, ки расули Худо фармуд:

فعن أبي هريرة أن رسول الله قال: "لو يعلم الناس ما في النداء, والصف الأول ثم لم يجدوا إلا أن يستهموا عليه, لاستهموا". متفق عليه.

“Агар мардум медонистанд, ки дар нидо ва сафи аввал (азон ва сафи аввали намоз) чиқадар фазилат аст, сипас барои ба даст овардани он фазилат ҷуз қуръа андохтан миёнашон дигар роҳе набошад, бешак миёнашон қуръа меандохтанд”.

(Муттафақун алайҳи)

Савоби намози ҷамоъат

Савоби намози ҷамоъат бар ҳеҷ кас пушида нест, расули Худо мефармояд:

فقد قال :"صلاة الجماعة أفضل من صلاة الفذّ بسبع وعشرين درجة". رواه البخاري ومسلم.

“Намози ҷамоъат бисту ҳафт мартаба аз намози фарди бартари дорад”.

(Бухорӣ ва Муслим)

Намедонам чигуна мусалмон дар ин савоб ва хайри бузург кутоҳи мекунад ва хонаашро аз масҷид бартари медиҳад, ва дар хонааш намоз мехонад, гуё ки ин инсон барои халоси аз оташ ва дохил шудани биҳишт замонат гирифта бошад.

Пас эй бародар! Мабодо худро ба иштибоҳ биандози ва аз ин подоши бузург маҳрум ва бе насиб бимони ва нашавад, ки зери тасири касе қарор бигири, ки имонаш заъиф ва диндориаш суст бошад ва хонаи худ ва хоҳишоти нафсашро бар хонаи Худо ва амрҳои Парвардигораш бартари бидиҳад.

Аз ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривоят аст, ки расули Худо фармуд:

فعن أبي هريرة قال: قال رسول الله: "ليس صلاة أثقل على المنافقين من صلاة الفجر والعشاء، ولو يعلمون ما فيهما لأتوهما ولو حبوا". رواه البخاري ومسلم.

“Ҳеҷ намозе барои мунофиқон сангинтар аз намози субҳ ва хуфтан нест, агар медонистанд, ки ин ду чиқадар фазилат доранд, синахез (бо дасту пой) басуй онҳо меомаданд”.

(Бухорӣ ва Муслим)

Дар сифоти мунофиқин андеша кун, аз нишонаҳои онҳо ин аст, ки ба адои намози субҳ ва хуфтан сангин ҳастанд. Пас мусалмон чигуна барои худ рози мешавад, ки яке аз сифоти нифоқро ба даст биёрад ва худро аз подоши бузург бенасиб созад.

Расули Худо мефармояд:

قد قال: "من شهد العشاء في جماعة كان له قيام نصف ليلة، ومن صلى العشاء والفجر في جماعة، كان له قيام ليلة". رواه الترمذي وقال: حديث حسن صحيح.

“Ҳар ки намози хуфтанро бо ҷамоъат бихонад,ҳукми бедорхобии нимшабро хоҳад дошт, Ва ҳар ки намози хуфтан ва намози субҳро бо ҷамоъат бихонад, ҳукми бедорхоби як шаби комилро хоҳад дошт”.

(Тирмизӣ ва гуфт ҳадис ҳасану саҳеҳ аст)

Бисёри аз ҷавонон аз рафтан ба масҷид ба хотири нотавони ё дурии масҷид ва ба ин баҳонаҳо узр меоранд, дар ҳоле ки агар ба як мусобиқаи варзиши ё хушгузарони дар биёбон даъват шаванд, ба монанди савора басӯи он ҳаракат хоҳанд кард.

Ибни Мактум, ки яке аз ёрони Паёмбари Худо буд ва чашмонаш кур буд, ба хотири сахтии роҳи масҷид аз расули Худо савол мекунад ва аз ӯ мехоҳад ки ӯро маъзур дорад ва мегуяд:

يا رسول الله إن المدينة كثيرة الهوّام والسباع، فقال رسول الله: "تسمع حيّ على الصلاة، حيّ على الفلاح، فحيّهلا".

Эй расули Худо! Роҳи мадина пур аз ҳашароти зарар расон ва ҷондорони газанда аст. Расули Худо фармуд: "Ҳаргоҳ азонро шуниди биштоб басуй намоз, бишитоб басуй растакори" Басӯи масҷид раҳсипор шав.

Дигар инки ҳозир шудан дар намозҳои ҷамоъат яке аз сабабҳои тақвияти имон ва саркубии шайтон аст. Аз Абудардо нақл аст, ки гуфт: расули Худоро шунидам ки фармуд:

فعن أبي الدرداء قال: سمعت رسول الله يقول: "ما من ثلاثة في قرية, ولا بدو, لا تقام فيهم الصلاة إلا قد استحوذ عليهم الشيطان، فعليكم بالجماعة, فإنما يأكل الذئب من الغنم القاصية".

“Ҳеҷ се нафаре дар русто ё дар биёбоне вуҷуд надорад, ки дар миёни онҳо намоз қоим нашавад, ҷуз онки шайтон бар онҳо ғолиб шуда аст, пас бо ҷамоъат бошед зеро гург танҳо гусфандони дур афтодаро шикор мекунад”.

Аз Абусаъиди Худри (р.з) ривоят аст, ки расули Худо фармуд:

وعن أبي سعيد الخدري عن النبي قال: "إذا رأيتم الرجل يعتاد المساجد فاشهدوا له بالإيمان، قال الله عز وجل ﴿إِنَّمَا يَعۡمُرُ مَسَٰجِدَ ٱللَّهِ مَنۡ ءَامَنَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ١٨﴾ [التوبة: 18]

"Ҳаргоҳ дидед ки касе ба масҷидҳо одат карда аст, пас шоҳид бар имони ӯ бошед".

Худованди бузург мефармояд: “Танҳо касоне ба Худо ва рӯзи бозгашт имон доранд ки масҷидҳои Худоро обод мекунанд”.

Сураи Тавба 18

Пас хушо ба ҳоли касе, ки дилашро ба масҷидҳо пайванд карда аст, ва онҳоро нури чашми худ қарор дода аз онҳо оромиш талаб мекунад ва албатта ҳама оромиш ва осойш дар масҷидҳо мебошад, ва аз фитнаҳо ва хоҳишоти дуняви ба он паноҳ мебарад, ба хондани қуръон машғул мешавад, аз азоби Худо метарсад, ва аз ҳисобу китоби рӯзи қиёмат ҳам метарсад, ва аз раҳмати Парвардигораш умедвор аст.

Аз ҳазрати Абуҳурайра (р.з) ривоят аст, ки расули Худо фармуд:

فعن أبي هريرة عن النبي قال: "سبعة يظلهم الله في ظله يوم لا ظل إلا ظله: إمام عادل، وشاب نشأ في عبادة الله عز وجل، ورجل قلبه معلق بالمساجد، ورجلان تحابّا في الله اجتمعا عليه، وتفرقا عليه، ورجل دعته امرأة ذات حسن وجمال، فقال إني أخاف الله، ورجل تصدق بصدقة، فأخفاها حتى لا تعلم شماله ما تنفق يمينه ورجل ذكر الله خالياً ففاضت عيناه".

“Ҳафт нафарро Худованд дар рузи қиёмат зери сояи худ мегирад, ки дар он руз ҷуз сояи Ӯ сояе нест: Имоми одил (ҳокими одил), ҷавоне ки дар ибодат ва парастиши Худованд парвариш ёфта бошад, касе ки дилаш ба масҷидҳо пайваста аст, ду нафаре ки ба хотири Худо бо якдигар дӯсти мекунанд ва гирд омадану ҷудо шуданашон ба хотири Ӯст, марде ки зане бо ҳусну ҷамол ӯро ба зино даъват кунад ва он мард бигуяд: Ман аз Худо метарсам, касе ки садақа диҳад ва онро пинҳон кунад то ҷоеки дасти чапаш аз он чизеки дасти росташ садақа карда аст хабар надорад, ва марде ки дар танҳоги Худоро ёд карда ва чашмонаш пур аз ашк шуда аст”.

(Бухорӣ ва Муслим)

Мусалмон набояд худро ба иштибоҳ биандозад ва бо баҳонаҳои ночиз худро фиреб диҳад, чаро ки ӯ ба танҳои дар баробари Худо хоҳад истод, ва ба атрофи худ нигоҳ мекунад вале ҷуз ончиро ки аз пеш фиристода намеёбад!!.

Пас бародари бузургвор! Огоҳ бош ки марг туро ғалфатгир мекунад, ва ҳамачиз аз дастат меравад, дар ҳоле ки ту аз масҷид руйгардон буди, ба саргармиҳо руй меоварди, дар намозҳо кутоҳи мекарди, гоҳе намоз мехонди ва гоҳе гумроҳ мешуди,

Худованд мо ва шуморо бар ҳар ончизеки сабаби муҳаббат ва хушнудии Ӯст муваффақ гардонад ва моро аз ободгарони хонаи худ гардонад.