Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сивупанҷум: Алоқаманд сохтани кӯдак ба некӣ кардан ба падару модар
Дастабандиҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сивупанҷум: Алоқаманд сохтани кӯдак ба некӣ кардан ба падару модар
سلسلة تربية الأولاد، القسم الخامس والثلاثون: عن الترغيب فى بر الوالدين والترهيب من عقوقهما
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Тавсияҳои Қуръон
﴿وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُ وَبِٱلۡوَٰلِدَيۡنِ إِحۡسَٰنًاۚ إِمَّا يَبۡلُغَنَّ عِندَكَ ٱلۡكِبَرَ أَحَدُهُمَآ أَوۡ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَآ أُفّٖ وَلَا تَنۡهَرۡهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوۡلٗا كَرِيمٗا ٢٣ وَٱخۡفِضۡ لَهُمَا جَنَاحَ ٱلذُّلِّ مِنَ ٱلرَّحۡمَةِ وَقُل رَّبِّ ٱرۡحَمۡهُمَا كَمَا رَبَّيَانِي صَغِيرٗا ٢٤﴾ [الاسراء: ٢٣، ٢٤]
«Ва Парвардигори ту фармон додааст, ки ба ҷуз Ӯ (дигаре)-ро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Агар яке аз онҳо, ё ҳар дуяшон назди ту ба синни калонсолӣ бирасанд, пас, ба онҳо «уфф» магӯ ва бар сари онҳо бонг мазан ва ононро (аз пеши худ) марон ва ба онҳо сухани некӯ бигӯ. Ва аз ҷиҳати меҳрубонӣ бозуи тавозӯъро барояшон паст кун ва бигӯ: “Парвардигоро, ба эшон раҳм кун ҳамон гуна ки онон маро дар хурдсолӣ парвариш карданд».[1]
Ва мефармояд:
﴿وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حُسۡنٗاۖ وَإِن جَٰهَدَاكَ لِتُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَآۚ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٨﴾ [العنكبوت: ٨]
«Мо ба инсон тавсия кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад. Ва агар (эй инсон) онҳо саъю талош кунанд, ки барои Ман он чиро, ки ба ҳақиқати он огоҳӣ надорӣ, шарик орӣ, аз онҳо итоъат макун. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст, пас аз он чӣ кардаед, огоҳатон мекунам».[2]
Боз мефармояд:
﴿وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حَمَلَتۡهُ أُمُّهُۥ وَهۡنًا عَلَىٰ وَهۡنٖ وَفِصَٰلُهُۥ فِي عَامَيۡنِ أَنِ ٱشۡكُرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيۡكَ إِلَيَّ ٱلۡمَصِيرُ ١٤ وَإِن جَٰهَدَاكَ عَلَىٰٓ أَن تُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَاۖ وَصَاحِبۡهُمَا فِي ٱلدُّنۡيَا مَعۡرُوفٗاۖ وَٱتَّبِعۡ سَبِيلَ مَنۡ أَنَابَ إِلَيَّۚ ثُمَّ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ١٥﴾ [لقمان: ١٤، ١٥]
«Мо ба инсон нисбат ба падару модараш тавсия кардем, (ки дар ҳаққи эшон некӣ кунад, ба хусус модар, чаро ки) модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар[3] дар шикам бардоштааст ва поёни даврони ширхорагии ӯ ду сол аст, (аз ин рӯ тавсияи Мо ин аст) Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун. Ва (бидон ки саранҷом) бозгашт ба сӯи Ман аст. Ва агар бо ту дар он кӯшиш кунанд, то чизеро, ки туро ба (ҳақиқати) он донише нест, бо Ман шарик муқаррар кунӣ, пас аз онҳо фармонбардорӣ макун ва бо онҳо дар (зиндагии) дунё ба ваҷҳи писандида сӯҳбат дор ва роҳи касонеро пайравӣ кун, ки ба сӯи Ман рӯ овардаанд. Сипас шумо ба сӯи Ман бармегардед, пас шуморо ба он чӣ мекардед, огоҳ мекунам».[4]
Оре, пайванд ва иртибот додани ин фасл ба тарбияи кӯдак аҳамияти онро ошкор месозад, чун ин фасл ба таври мустақим ба ҳар инсон, қатъи назар аз мард ва зан иртибот дорад. Ва он ба ин далел аст, ки аҳодиси зиёде далолаткунанда бар ин воқеият ворид шуда, ки ба ростӣ хубӣ кардан дар ҳаққи волидайн асари бузурге дорад дар нек сохтани фарзандон ба тавре, ки ҳар гоҳ аз фарзандонамон хостем, то ба мо некӣ кунанд, онон ба ин кор иқдом хоҳанд кард. Ин худ аз мо мехоҳад, ки хоҳ муҷаррад бошем ва хоҳ хонадор, ҳамеша барои некӣ кардан ба волидайни худ кӯшиш намоем, ҳамон тавре, ки сарвари ҷаҳониён ҳазрати Муҳаммад (с) ба он тавсия фармудаанд. Чунончи аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Афофу покдомании занони мардумро нигоҳ доред, то занони шумо низ афифу покдоман бошанд. Дар ҳаққи падару модари худ некӣ кунед, то фарзандонатон дар ҳаққи шумо некӣ кунанд. Агар бародари динии яке аз шумо ба умеди пӯзишу гузашт назди ӯ омад, бояд онро бипазирад, хоҳ узрхоҳияш ҳақиқӣ бошад ва ё ба дурӯғ узр хоҳад, агар чунин накунад (фардои Қиёмат) бар ҳавзи Кавсар ворид нахоҳад шуд».[5]
Ва мефармоянд: «Ба падару модари худ некӣ кунед, то фарзандонатон низ ба шумо некӣ кунанд, покдоману дурусткор бошед, то занонатон покдоману дурусткор бошанд».[6]
Бинобар ин, вақте сабаби аслии азияту озор расонидани фарзандон ба волидайни худ барои мо равшан гардид, он ҳам дар марҳалае, ки аз як ҷиҳат тасаллути падару модар ва аз тарафи дигар умқи сиришту табиати даврони туфулият аз ҳам ҷудо мешавад ва фарқкунанда мегардад. Роҳи саҳеҳу солим барои дуруст сохтани кӯдак ва устувор намудани роҳи ӯ бар асоси роҳу равиши некӯкорон ва ҳаракати ӯ ба шакли росту мустақим он аст, ки мо низ дар роҳу равиши худ адолату миёнаравиро пеш гирем ва дилбастагии беш аз ҳадди худро нисбат ба дунёву матои он тағйир дода, бештар ба тарафи некӯкорӣ, адолат, ибодати Худованд ва дурӣ ҷустан аз азияту озор расонидан ба волидайн бо анвоъу ақсоми гуногуну шаклҳои мухталифи он рӯй биёрем...
Шояд ин савол пеш ояд, ки чӣ гуна ва аз чӣ роҳе инсон некӯкор мешавад? Асосу пояи некӯкорӣ кадом аст? Оё некӯкорӣ фақат ҳангоми ҳузури падару модар аст ва ё дар набудани онон низ мебошад? Оё ин некӯкорӣ баъд аз фавти волидайн ҳам идома меёбад?
Дар ҷавоб бояд гуфт, дар рафти баҳсу баррасӣ ва бо тафаккуру андеша дар аҳодиси набавӣ дармеёбем, ки барои некӣ кардан дар ҳаёти волидайн ҳамчунин барои баъд аз фавти онон асос ва қавоиду завобити хоссе вуҷуд доранд, ки ба василаи онҳо ба таври куллӣ дари некӣ кардан дар ҳаққи волидайн чи дар ҳаёт ва чи баъд аз мамоти онон барои фарзандонашон боз мебошад. Муддати замони ин некӯкорӣ, замони истифода аз он, ҳамчунин коҳиши даст задани шахс ба хатову иштибоҳ давом дорад. Дар воқеъ, ин худ намоёнгари раҳмату инояти фаровони Парвардигор аст нисбат ба бандагони худ. Аммо бисёр мояи тааҷҷубу шигифтӣ аст, ки бо вуҷуди ин ҳама сабукиҳову зиёдатии раҳмат ва инояти бедареғи Парвардигор боз дармеёбем, ки азияту озор расонидан ба волидайн бо анвои гуногун ва ба шаклҳои мухталиф, Худо нигоҳ дорад, дар миёни мардум амалӣ мешавад, ки дар воқеъ ин худ айни зулму ситам ба худ ва ба фарзандон мебошад. Зеро касе, ки воқеан ба худ раҳм намекунад ва намехоҳад барои волидайнаш фарзанди некӯкор бошад, пас, лоақал нисбат ба фарзандони хеш бораҳму меҳрубон бошад. Лозим аст пайваста барои некӣ кардан ба волидайни худ бикӯшад, то ин ки Худованд ҳам ба фарзандону кӯдакони ӯ ин тавфиқро иноят фармояд ва онон низ ба ӯ некӣ кунанд, ки дар натиҷа эшонро аз гуноҳи азияту озор расонидан ба волидайн ва аз хашму азоби Худованд бираҳонад.
Худованд ҳамаи моро аз азияту озор расонидан ба волидайн маҳфуз бидорад. Омин!!!
А. Чанд асос дар бораи некӣ дар ҳаққи
волидайн дар ҳоли ҳаёти онон
Асоси аввал, савоби некӣ дар дунё ва охират
Табиист, некӣ кардан ба волидайн дар зиндагии дунявӣ ва ухравии фарзандон асари зиёде дорад. Ба ҳамин хотир аст, ки дармеёбем, Расули Худо (с) ҷонибу нишонаҳои ин некӣ ва асари он дар зиндагии ҳар фарди мусалмоне, ки вақте ислоҳ шуд, ҷомеа низ ислоҳ мешавад, мушаххасу маълум карда, равшан мефармоянд, ки ин некӣ дар ҳаққи волидайн бар инсон амри воҷиб аст, на суннате, ки бихоҳад бидуни чашмдоште онро анҷом диҳад.
Чунончи дар ривоят омадааст, марде ба Пайғамбари акрам (с) гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Чӣ касе бештар сазовори некӣ аст? Он ҳазрат (с) фармуданд:
«Модару падарат, хоҳару бародарат ва онон, ки ба ту наздик мебошанд ва ин гуфтае аст ҳақ ва воҷиб ва қаробате аст, ки барқарории иртиботи он воҷиб ва қатъи он ҳаром мебошад».[7]
Дар ривоят боз омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ҳамоно Худованд эҳтироми модаронатонро ба шумо дастур медиҳад”. Се бор онро такрор карданд,баъд фармуданд: “Бегумон Худованд эҳтироми падару модарро ба шумо тавсия мекунад ва эҳтироми наздиконро ба тартиби қарибтар баъд аз он қарибтарро ба шумо супориш менамояд».[8]
Дар ривояте омадааст, ки марде ба Пайғамбари акрам (с) гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Ҳаққи падару модар бар фарзандонашон чист? Фармуданд:
«Онҳо Биҳишту Дӯзахи ту ҳастанд (яъне агар дар дунё аз онҳо итоат намоӣ ва ба ҳеҷ ваҷҳ эшонро наёзорӣ, мӯҷиби рафтани ту ба биҳишт мешаванд. Агар ононро нофармонӣ кунӣ ва азияту озор диҳӣ, боиси рафтани ту ба оташи дӯзах мегарданд)».[9]
Дар ривоят мадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ризову хушнудии Парвардигор дар ризову хушнудии падару модар аст ва хашму нохушнудии Парвардигор дар хашму нохушнудии падару модар мебошад».[10]
Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Пайваста дар хидмати модарат бош ва эҳтиромашро пос дор, зеро биҳишт зери пои модар аст».[11]
Дар ривоят омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Падару модар миёнаи дарҳои биҳиштанд, пас агар мехоҳӣ вориди он шавӣ, он дарро дидбонӣ кун (яъне ба падару модарат некӣ кун ва ононро нофармонӣ макун) ва ё онро (дар асари озору азият расонидан ба онон) тарк кун ва аз даст бидеҳ».[12]
Бинобар ин, лозим аст мо нисбат ба азамати мақому манзалати падару модар шинохти комил дошта бошем ва ба аҳамияти некӣ кардан дар ҳаққи онон дарк намоем:
1. Асари некӣ дар ҳаққи волидайн дар дунё
Некӣ дар ҳаққи волидайн дар дунё мӯҷиби баракат, зиёдии умр ва фузунии ризқу рӯзӣ мегардад.
Чунонки Пайғамбари акрам (с) мефармоянд:
«Касе, ки хушҳол аст ба ин ки (дар дунё) умри ӯ тӯлониву бобаракат бошад ва ризқу рӯзии ӯ афзун гардад, пас бояд ба падару модари хеш некӣ кунад ва силаи раҳм ба ҷой оварад».[13]
Дар ривояти дигар омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Хушо ба ҳоли касе, ки ба падару модараш некӣ мекунад,Худованд умри ӯро зиёду бобаракат мегардонад».[14]
Дар ривоят омадааст, ки Савбон (р) гуфт: “Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Бегумон шахс ба василаи гуноҳе, ки муртакиби он мешавад, аз ризқу рӯзӣ маҳрум мегардад ва балои муқаддарро ба ҷуз дуъо чизе рад намекунад ва некӣ кардан низ умрро зиёду бобаракат мегардонад».[15]
Дар ривояти дигар омадааст:
«Дуо радди қазо (ва дафъи бало) мекунад ва некӣ кардан низ умрро зиёду бобаракат менамояд».[16]
2. Асари некӣ дар ҳаққи волидайн дар охират
Яке аз асарҳои некӣ кардан ба волидайн ин аст, ки мӯҷиби пӯшонидану бахшидагии гуноҳон мегардад.
Чунонки омадааст, марде назди Пайғамбари акрам (с) омаду гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Ман муртакиби гуноҳи бузурге шудам, оё имкони тавба кардан барои ман ҳаст?” Пайғамбар (с) фармуданд: «Оё модарат дар қайди ҳаёт аст?». Он мард гуфт: “Не”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оё холаат дар қайди ҳаёт аст?». Он мард гуфт: “Оре”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ба ӯ некӣ кун».[17]
Аз Оиша (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Ба биҳишт даромадам ва садои қироатеро шунидаму гуфтам: “Ин кист, ки Қуръон мехонад?” Гуфтанд: “Ҳорис ибни Нӯъмон аст».[18] Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ин бар асари некӣ кардан ба модараш будааст».
Дар ривояти Аҳмад омадааст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Ҳорис ибни Нӯъмон дар мавриди модараш некӯкортарини мардум буд».
Дар ривояти дигар Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«(Расули Худо (с) се бор гуфтанд) димоғаш бо ҳолати пастиву хорӣ бар хок хӯрад... (рӯ бар замин афтад ва сарнагун гардад. Арз карданд: Чӣ касе? Фармуданд:) Касе, ки яке аз падару модарашро ва ё ҳардуи ононро дар синни пириву нотавонӣ дарёфтааст (ва ва бар асари нофармонии онҳо), дохили биҳишт намешавад (яъне, он чӣ шоиста аст дар ҳаққи онон некиву хидматгорӣ намекунад ва дар асари ин кӯтоҳӣ дохили биҳишт намешавад)».[19]
Боз ривояти дигар омадааст: «Касе, ки падару модари худро ва ё яке аз он дуро дар синни пирӣ дарёбад, баъд аз он (ба воситаи азияту озор расонидан ва адами икром ва дастгирии онон) дохили оташи дӯзах мешавад ва Худованд ӯро аз раҳмати Худ дур месозад ва нобуд мекунад».[20]
Урва ибни Мурра (р) гуфтааст: “Марде назди Пайғамбари акрам (с) омад ва гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ маъбуди баҳақ вуҷуд надорад, ҷуз Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки ту фиристодаи Худоӣ. Ман намозҳои панҷгонаро ба ҷой меоварам, закоти моли худро мепардозам ва рӯзаи моҳи Рамазонро мегирам”. Пайғамбар (с) ба ӯ хитоб карда фармуданд: «Касе, ки ба ин ҳолату вижагиҳо бимирад, дар рӯзи қиёмат бо пайғамбарон, сиддиқон ва шаҳидон мебошад». Он ҳазрат (с) ангушти худро баланд карда фармуданд: «Модоме ки падару модарашро азияту озор надода бошад».[21]
Оре, ҳар яки мо ин қоидаи куллиро медонад, ки ҳар амале дар роҳи маъсияту нофармонии Худо анҷом гирад, ба унвони ибодат барои шахс башумор намеояд, балки итоату ибодат он аст, ки дар умури маъруфу машрӯъ анҷом гирад.
Асоси дуюм, муқаддам шуморидани некӣ
дар ҳаққи волидайн бар фарзи кифоя
Бояд донист, некӣ кардан дар ҳаққи волидайн фарзе аст, ки Худованд онро бар ҳар фарди мусалмон фарз кардааст. Аз ин рӯ, некӣ кардан дар ҳаққи волидайн ва фармонбардорӣ аз онон фарзи айн мебошад, он ҳам баробари соири фарзҳои айн, аз қабили намоз, рӯзаи моҳи Рамазон, закот ва ҷиҳоди дар роҳи Аллоҳ, дар ҳолати фарзи айн пайдо карданаш монанди сафарбаркунии умумӣ ва ҳамчунин масоили дигаре, ки ба таври зарурӣ дар дин маълум мегарданд...
Бинобар ин, агар дар чунин ҳолатҳое фарзи айн бо фарзи некӣ кардан дар ҳаққи волидайн бо ҳам зиддият пайдо карданд, лозим аст шахс бикӯшад, алал ақал дар миёни онҳо тавофуқу таодул эҷод кунад. Агар бо вуҷуди саъю талоши зиёд эҷоди ин амр барояш имконпазир нашавад ва натавонад дар миёни он ду фариза тавофуқ фароҳам оварад, бояд дар чунин вақт фарзи айни илоҳиро бар фаризаи некӣ кардан дар ҳаққи волидайн муқаддам бидорад. Дар ин бора имом Муҳаммади Ғаззолӣ баъд аз нақлу баёни аҳодису ривоёти зиёде дар робита бо итоату фармонбардорӣ аз волидайн мегӯяд: “Бештари уламо бар онанд, ки итоату фармонбардорӣ аз волидайн дар шубҳаҳо воҷиб аст, вале дар ҳароми маҳз воҷиб нест”.[22]
Аммо итоату фармонбардорӣ аз волидайн дар фарзи кифояе, ки вақте иддае онро анҷом доданд, фарзи он аз гардани соири мусалмонон соқит мешавад, муқаддам аст. Бояд гуфт, фарзи некӣ кардан дар ҳаққи падару модар ва итоат аз онон бар тамоми фарзҳои кифоя муқаддам мебошад. Бинобар ин, фаризаи некӣ дар ҳаққи волидайн ва фармонбардорӣ аз эшон ба маротиб муқаддамтар бар умури мубоҳу мустаҳаб мебошад. Ба ҳамин хотир аст, ки имом Муҳаммади Ғаззолӣ мегӯяд: “Касе, ки машғул шудан ба суннат ӯро аз анҷоми амри воҷиб боз медорад, фиребхӯрда аст ва касе, ки машғул шудан ба амри воҷиб ӯро аз амри мустаҳаб боз дорад, маъзур аст”. Пас, бояд ҳар фард ин гуфтаи имом Муҳаммади Ғаззолиро ба унвони як қоидаи асилу устувор дар зиндагии худ ба кор гирифта, соири умурро ба василаи он бисанҷад ва ҳангоми бо ҳам зид омадани онҳо мутобиқи ин қоида амал кунад. Инак баёни чанд мисол дар ин бора:
1. Муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи волидайн
бар ҷиҳоди дар роҳи Худо
Мегӯянд Ҷоҳимаи Суламӣ назди Пайғамбари акрам (с) омад ва гуфт: “Эй Расули Худо! Мехоҳам ба майдони ҷангу ҷиҳод биравам ва омадаам, то бо шумо дар ин бора машварат кунам”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оё модарат дар қайди ҳаёт аст?». Гуфт: “Оре”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Бирав дар хидмати модарат бош, зеро биҳишт зери пои модар аст».[23]
Ибни Масъуд (р) мегӯяд: Аз Расули Худо (с) пурсидам: “Кадом амал назди Худованд маҳбубтар аст?” Фармуданд: «Адои намозҳои воҷиб дар вақти худ». Гуфтам: “Баъд аз он чӣ?” Фармуданд: «Некӣ дар ҳаққи падару модар». Гуфтам: “Дигар чӣ чизе?” Фармуданд: «Ҷиход дар роҳи Худо».[24]
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ ин ҳадисро шарҳ дода гуфтааст: “Ибни Тин мегӯяд: “Муқаддам доштани некӣ ба падару модар бар ҷиҳоди дар роҳи Худо ду эҳтимол дорад:
1. Гароиш ба суду манфиати беҳтар.
2. Ҳар кореро, ки инсон анҷом медиҳад, ба ин хотир аст, ки мебинад дар баробари анҷоми он подош меёбад, пас, вақте кори аз он беҳтару судмандтарро бинад, ба анҷом додани он аз худ майлу рағбати бештаре нишон медиҳад ва ин амр ӯро барои касби он фазилату бартарӣ бар анҷоми он кор устувору собитқадам мегардонад”.
Аммо Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар бораи ин таъбиру тафсири Ибни Тин аз ин ҳадис мегӯяд: “Ба назари ман эҳтимоли аввал, ки гароишу тамоюл ба суду манфиати беҳтар бошад, возеҳу равшан нест, зеро эҳтимол меравад, дар ин ҳадис муқаддам будани некӣ дар ҳаққи падару модар бар ҷиҳоди дар роҳи Худо ба ин хотир аст, ки рафтан ба ҷиҳод бастагӣ ба иҷозаи падару модар дорад ва бидуни иҷозати онон анҷом намегирад, чунки яке аз роҳҳои некӣ ба падару модар касби иҷозат аз онон аст барои рафтан ба ҷиҳод. Ба ин далел, ки Пайғамбари акрам (с) рафтан ба ҷиҳодро бидуни иҷозати падару модар наҳй кардаанд”.
Чунонки дар “Саҳеҳайн” ривоят шудааст, марде ба назди Пайғамбари акрам (с) омад ва гуфт: “Эй Расули Худо (с) омадаам аз шумо иҷозати рафтан ба ҷиҳод бигирам, ба хотири касби аҷру подош аз ҷониби Худованд”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оё падару модарат (ва ё яке аз он ду) дар қайди ҳаёт аст?». Он мардгуфт: “Оре, ҳар дуи онон зинда ва дар пеши ман мебошанд”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Аз Худои мутаол аҷру подош мехоҳӣ?» Он мардгуфт: “Оре”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пас, ба назди падару модарат баргарду онҳоро хуб парасторӣ кун ва бо эшон рафтору муоширати нек дошта бош (Худованд аҷру подоши туро медиҳад)».[25]
Дар ривояти дигар омадааст, ки шахсе назди Пайғамбари акрам (с) омада иҷозат гирифт, ки ба ҷиҳод биравад. Пайғамбар (с) фармуданд: «Оё падару модарат зиндаанд?». Он мардгуфт: “Оре, зиндаанд”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пас дар хидмат кардан ба онон бикӯш».
Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар шарҳу тафсири «Пас дар хидмат кардан ба онон бикӯш» дар ҳадиси боло мегӯяд: “Яъне агар падару модарат зинда ва дар қайди ҳаёт бошанд, пас, дар некиву эҳсон кардан дар ҳаққи онон ниҳоят саъю кӯшиш бинамо, зеро бегумон, хидмату эҳсон кардан дар ҳаққи онон барои ту ба манзалаи ҷанг ва ҷиҳод бо душмани кофир мебошад”.
Имом Ғаззолӣ дар бораи корҳое, ки бо некӣ кардан дар ҳаққи падару модар зиддият пайдо мекунанд, маъониву бардоштҳои бисёр муҳиму муфидро баён мекунад ва мефармояд: “Бештари уламо бар онанд, ки итоату фармонбардорӣ аз падару модар дар шубҳаҳо воҷиб мебошад, вале дар ҳароми маҳз воҷиб намебошад. Ҳатто агар онон нахостанд бо ту хӯрок бихӯранд, бар ту лозим аст, ки бо эшон хӯрок бихӯрӣ, зеро тарки шубҳа ҷузъи парҳезгорӣ мебошад ва ба даст овардани ризояту хушнудии падару модар амри воҷиб аст. Ҳамчунин барои ту зебанда нест ва набояд бидуни иҷозати онон ҳатто ба мусофирати мубоҳ биравӣ ва ҳаҷ, ки як фаризаи Ислом мебошад ва мубодират ба он мустаҳаб аст, зеро вуҷуби он бар таъхир мебошад (яъне агар шахс иститоати рафтан ба ҳаҷро пайдо кард, воҷиб нест фавран мубодират ба рафтан кунад). Рафтан ба дунболи касби илму дониш мустаҳаб аст, аммо агар барои омӯхтани умури воҷиб аз қабили намозу рӯза дар маҳалли сукунат олиме дар дастрас набошад, воҷиб аст барои омӯхтани онҳо берун рафт ва ба дунболи омӯзиши онҳо афтод. Ончунон аст, ки касе нахуст дар шаҳре Ислом биоварад, дар он шаҳр олиме набошад, ки аҳкоми Ислом ва умури марбут ба шариатро ба ӯ биомӯзонад, дар ин сурат воҷиб аст барои омӯхтани онҳо ба сафар биравад ва аз шаҳри худ хориҷ гардида, пойбанд ба ҳаққи волидайни худ нашавад”.[26]
Имом Косонӣ дар «Бадоеъус-саноеъ» гуфтааст: “Кӯдак набояд бидуни иҷозати падару модараш ва ё яке аз онон, агар дигаре мурда бошад, ба сафар биравад, зеро некӣ дар ҳаққи падару модар фарзи айн аст, аз ин рӯ фарзи айн муқаддам бар фарзи кифоя мебошад”.[27]
2. Муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи волидайн
бар ҳамсару дӯстон
Аз Алӣ ибни Абутолиб (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Вақте уммати ман дорои понздаҳ хислат шавад, балову мусибат бар онон нозил мешавад». Арз карданд: “Эй Расули Худо (с)! Он понздаҳ хислат кадомҳоанд?” Фармуданд: «...ва мард дар тамоми корҳо мутеъу фармонбардори ҳамсари худ гардад, шахс модари худро озор диҳад ва бо ӯ мухолифат намояд, дар ҳаққи дӯсташ некӣ кунад (некӣ дар ҳаққи дӯстро бар некии дар ҳаққи модараш муқаддам дорад) ва дар ҳаққи падараш зулму ҷафо раво бидорад...».[28]
Абудовуд ва Тирмизӣ ривоят намудаанд, ки Ибни Умар (р) гуфт: “Занеро дар издивоҷи худ доштам ва ӯро дӯст медоштам, аммо падарам Умар (р) ӯро дӯст намедошт. Пас ба ман гуфт: “Ӯро талоқ деҳ”. Ман сараввал напазируфтам, то ин ки падарам назди Пайғамбар (с) рафта, моҷароро баён кард. Пайғамбар (с) низ ба ман фармуданд: «Ӯро талоқ бидеҳ».[29]
Абдуллоҳ ибни Абуавфо (р) гуфтааст: “Мо чанд нафар назди Расули Худо (с) будем. Шахсе фардеро назди он ҳазрат (с) овард ва гуфт: “Ин ҷавон ҷони худро ба хатар меандозад ва ҳозир аст бимирад”. Ба ӯ гуфта шуд: Бигӯ: «Ло илоҳа иллаллоҳ». Гуфта натавонист. Гуфтанд: “Оё намоз мехонад?” Он мард гуфт: “Оре”. Расули Худо (с) аз ҷой бархостанд ва мо низ хестем. Расули Худо (с) бар болини он ҷавон омада гуфтанд: “Бигӯ: “Ло илоҳа иллаллоҳ». Он ҷавон гуфт: “Наметавонам”. Он ҳазрат (с) ба ҳозирон хитоб карда фармуданд: «Чаро наметавонад?». Арз карданд: “Ин ҷавон модарашро азияту озор медод ва бо ӯ мухолифат меварзид”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оё модараш зинда аст?». Гуфтанд: “Оре, модараш дар қайди ҳаёт аст”. Сипас он ҳазрат (с) ба модараш фармуданд: «Назарат чист, агар оташи азимеро барафрӯзам ва ба ту гуфта шавад: “Агар барои ӯ шафоату воситагарӣ намоӣ, аз ӯ даст бармедорем ва ба ҳоли худ мегузорем, вагарна ӯро ба ин оташ хоҳем сӯзонд. Оё дар чунон ҳолат барои ӯ шафоату воситагарӣ менамоӣ?». Модари он писар гуфт: “Оре, эй Расули Худо (с), дар чунин ҳолат барои ӯ шафоату воситагарӣ менамоям”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пас Худо ва маро ба шоҳид бигир, ки бегумон, ту аз ӯ розиву хушнуд шудаӣ». Он зан гуфт: “Худоё! Туро шоҳид мегирам ва Расули Туро низ гувоҳ мегирам, ки ман ба ҳақиқат аз писарам розиву хушнуд шудам”. Пас аз он Расули Худо фармуданд: «Эй ҷавон бигӯ: “Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу, ло шарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу». Он ҷавон фавран онро гуфт. Ва Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳамду сипос Худоеро, сазост, ки он ҷавонро ба воситаи Ман аз оташи Дӯзах наҷот дод».[30]
3. Муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи волидайн
бар ҳаҷ кардан
Дар ривоят омадааст, ки Абуҳрайра (р) гуфт: “Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ғуломи мамлуки некӯкор ду аҷр дорад (як аҷри ихлоси хидмат намудан ба мавлои худ, дигаре хуб ба ҷой овардани ибодати Парвардигораш)». Абуҳурайра (р) мегӯяд: “Қасам ба зоте, ки вуҷуди Абуҳрайра да яди ӯст, агар ҷиҳоди дар роҳи Худо ва ба ҷой овардани ҳаҷ ва некӣ дар ҳаққи модарам намебуд, ба таври қатъӣ дӯст медоштам, ки бимирам, дар ҳоле ки ман ғуломи мамлук мебудам”.[31]
Илова бар ин мегӯянд: “Абуҳурайраро то модараш фавт накард, ба ҳаҷ нарафт, он ҳам ба хотири эҳтироми модар ва хидмат кардани беш аз ҳад ба ӯ”.[32]
4. Муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи волидайн бар зиёрати Расули Худо (с)
Ба ростӣ, ин намунаҳое аст дар ниҳояти ҷамолу зебоӣ, ки дорандаи он ба воситаи фазлу бартарии машғул шуданаш ба некӣ дар ҳаққи модараш ва парасторӣ аз ӯ дар ҳар майдоне гӯё дар мусобиқа пирӯз гаштааст, то он ҷо, ки ин шахс ба хотири ниёзи модараш ба хидмат кардану парасторӣ намудани ӯ (дар замони худ) натавонистааст, ақаллан як бор Пайғамбари акрам (с)-ро зиёрат кунад ва ӯро бубинад. Оре, чунин фард Увайси Қаранӣ (р) будааст, ки Худованд некӯкориву хидматгузории холисонаи ӯро насиби мо ҳам бигардонад.
Достон чунин аст: “Усайр ибни Ҷобир (р) гуфтааст: “Вақте ҷамоате аз сарбозони имдодгар аз аҳли Яман назди Умар ибни Хаттоб (р) омаданд, аз эшон пурсид: “Оё Увайс ибни Омир дар байни шумо ҳаст?” Худи Увайс ҷавоб дод: “Оре, манам”.Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Оё аз Мурод, сипас аз Қаран ҳастӣ?” Гуфт: “Оре”. Умар (р) гуфт: “Оё мубтало ба бемории барас будӣ ва аз он беҳбудӣ ёфтӣ, ба ҷуз ба андозаи ҷои як дирҳам?” Гуфт: “Оре”. Умар (р) гуфт: “Оё модарат дар қайди ҳаёт ҳаст?” Гуфт:” Оре”. Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Увайс ибни Омир ҳамроҳи ҷамоате аз сарбозони имдодгари аҳли Яман аз Мурод баъд аз бани Қаран пеши шумо меояд, ба бемории барас мубтало шуда ва аз он беҳбудӣ ёфтааст, ба ҷуз ба андозаи як дирҳам, модараш дар қайди ҳаёт мебошад. Увайс дар ҳаққи ӯ некӣ мекунад ва ӯро парасторӣ ва хидмат менамояд. Агар аз Худо бихоҳад, ҳатман Худованд ӯро некӯ месозад ва хостаашро иҷобат менамояд, пас агар тавонистӣ, ки аз ӯ бихоҳӣ, барои ту талаби омӯрзиш кунад, чунин кореро бикун». Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: “Акнун барои ман талаби омӯрзиш кун”. Ӯ барояш талаби мағфирату омӯрзиш кард.
Сипас, Умар ибни Хаттоб (р) ба Увайс гуфт: “Ба куҷо рафтан мехоҳӣ?” Гуфт: “Ба Куфа”. Умар (р) гуфт: “Оё номае барои ту ба омили он ҷо бинависам?” Увайс гуфт: “Ман дар байни мардум фарди заифу ночизам ва навиштаи ту барои ман маҳбуб ва матлуб мебошад”.
Усайр ибни Ҷобир (р) мегӯяд: “Дар ҳамон сол марде аз аҳолии Куфа ба ҳаҷ омада, бо Умар ибни Хаттоб (р) бархӯрд кард ва ӯро дид. Умар ибни Хаттоб (р) авзоъ ва аҳволи Увайсро аз ӯ пурсид. Он мард гуфт: “Увайс марди тангдасту фақир мебошад ва камбизоат ва моле надорад”. Умар ибни Хаттоб (р) ҳамон фармудаи Пайғамбари акрам (с)-ро низ барои ӯ бозгӯ карду гуфт: Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Увайс ибни Омир ҳамроҳи ҷамоате аз сарбозони имдодгари аҳли Яман аз Мурод баъд аз бани Қаран пеши шумо меояд, ба бемории барас мубтало шуда ва аз он беҳбудӣ ёфтааст, ба ҷуз ба андозаи як дирҳам, модараш дар қайди ҳаёт мебошад. Увайс дар ҳаққи ӯ некӣ мекунад ва ӯро парасторӣ ва хидмат менамояд. Агар аз Худо бихоҳад, ҳатман Худованд ӯро некӯ месозад ва хостаашро иҷобат менамояд, пас агар тавонистӣ, ки аз ӯ бихоҳӣ барои ту талаби омӯрзиш кунад, чунин кореро бикун».
Бинобар ин, он мард низ назди Увайс рафт ва гуфт: “Бароям талаби мағфирату омӯрзиш бинамо”. Увайс гуфт: “Ту ба василаи сафари неке, ки кардаӣ, аҳду мисоқро таҷдид намудаӣ, пас барои ман талаби омӯрзиш кун”. Он мард гуфт: “Ту барои ман талаби омӯрзиш бинамо”. Боз Увайс ҳамон ҷавобро такрор карду гуфт: “Ту ба василаи сафари неке, ки кардаӣ, аҳду мисоқро таҷдид намудаӣ, пас барои ман талаби омӯрзиш кун”. Ва гуфт: “Оё Умарро дидӣ?” Он мард гуфт: “Оре, ӯро дидам”. Пас Увайс барои ӯ низ талаби омӯрзиш кард ва мардум ҳам ӯро дарк карданд ва мутаваҷҷеҳи ӯ шуданд ва ӯ сарашро поён андохту рафт.
Усайр мегӯяд: “Ман либосе ба ӯ додам ва онро пӯшид. Ҳар кас ӯро, ки медид, мегуфт: “Увайс ин либосро аз куҷо ба даст овардааст?”[33]
5. Муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи волидайн
афзалтар аз муҳаббати фарзандон
Акнун бо мо бошед, то як рӯйдоди шигифтангезро, ки дар навъи худ бас азим ва дар ихлосу покӣҳам бисёр ҷолибу камназир мебошад, баён намоем, ки аз назари маънии он ва наҳваи некӯкорӣ соҳибаш дорои арзиши зиёде аст, ба гунае ки баён намудааст.
Ихлос дар некӣ кардан дар ҳаққи волидайн инсонро аз торикиҳои шадид ва боқӣ мондан дар буҳбуҳаи сахтиҳову душвориҳо наҷот медиҳад. Он ҳам ҳангоме ки ҷонаш ба лаб мерасад ва лаҳзаҳои охиринро мегузаронад, ногаҳон кушоиши раббонӣ ба хотири некӣ карданаш дар ҳаққи волидайн фаро мерасад ва нисбат ба ӯ бас муассиру коргари воқеӣ мешавад. Худованд ҳамаи моро ҷузъи некӯкорон бигардонад! Оре, ин рӯйдоди ҷолибу камназир ва дар воқеъ бисёр омӯзанда чунин аст:
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шуда, ки гуфтааст:
«Шунидаам, ки дар гузаштаи дур қабл аз шумо се нафар (дар биёбоне) роҳ мерафтанд, (ночор) ба шикофи ғоре паноҳ бурда, вориди он шуданд. Ногаҳон санги бузурге аз кӯҳ раҳо шуда, дари ғорро бар рӯи онон баст (ва дар он маҳбус гардида, кӯшиданд, ки роҳе боз кунанд, вале муваффақ нашуданд). Онҳо ба имдодхоҳӣ аз даргоҳи Ҳақ пардохтанд ва ба ҳамдигар гуфтанд: “Ҷиҳати ҳусни иҷобати дуо ҳар як аз мо аъмоли некӯю холисонаи хешро ёд кунад, шояд мояи раҳоии мо гардад”. Яке аз онон гуфт: “Парвардигоро! Замоне, ки падару модарам дар қайди ҳаёт буданд ва даврони нотавониро мегузарониданд, ман барои онон ва таъмини зиндагии аҳли хона кор мекардам. Ҳеҷ гоҳқабл аз падару модарам чизе ба аҳли хонаи хеш намедодам. Рӯзе, ки дар ҷустуҷӯи касби чизе будам, дергоҳ ба хона баргаштам ва (дар вақти муқаррар) муваффақ ба рафтани назди онон нашудам, то ин ки онҳо хобиданд. Ман низ ба расми маъмул аз моддашутур барои онон шир дӯшида, бо косаи пур аз шир ба болини эшон рафтам, дидам дар хоб фурӯ рафтаанд. Ман дӯст надоштам қабл аз эшон ширро ба хонаводаву фарзандонам бинӯшонам ва низ нахостам ононро аз хоб бедор кунам. Аз ин рӯ, бо ҳамон ҳолат, косаи шир дар даст бар болини эшон то субҳдам истода, мунтазир мондам, то бедор шаванд ва ширро бинӯшанд. Субҳ, ки шуд бедор шуданд ва ширро нӯшиданд. Худоё! Агар ин амалро холис ба хотири ризои Ту анҷом додаам, кушоише дар он чи, ки дар он гирифтор шудаем иноят бифармо”. Санг андаке лағжида равзанае пайдо шуд, аммо қодир ба берун омадан аз он набуданд.
Дуюмӣ гуфт: “Худовандо! Амакдухтаре доштам ва сахт ошиқу шефтаи ӯ будам, пеши ман аз ҳар касе маҳбубтар буд. Хоҳони ком баргирифтан аз ӯ шудам, аммо вай аз ин кор худдорӣ намуд. Муддате гузашт, саранҷом пеши ман омад ва аз ман пул хост, ман низ саду бист динор ба ӯ додам, то ин ки худро дар ихтиёри ман бигузорад ва ӯҳам пазируфт. Вақте ки фурсату имкони дастёбӣ комилан бар ӯ фароҳам шуд, дар ин асно гуфт: “Эй ҷавон! Аз Худо битарс, тасарруфи ман ва бардоштани бакоратам ҷуз аз роҳи машрӯъ (издивоҷ) барои ту ҳалол нест. Ман аз он кор пушаймон шудам ва аз ӯ дур гаштам, агарчи аз ҳар касе пеши ман маҳбубтар буд. Аз он маблағи пуле, ки ба ӯ дода будам, сарфи назар намудам ва онро барои ӯ гузоштам. Акнун Худоё! Агар ин амалро холис барои касби ризои Ту анҷом додаам, онро василаи раҳоии мо аз ин тангно қарор деҳ”. Санг аз дари ғор лағжида каме дур шуд, аммо қодир ба хуруҷ аз он набуданд.
Нафари сеюмӣ гуфт: “Худоё! Ман чанд нафар муздгир доштам ва музди ҳар як аз ононро пардохтам ба ҷуз як нафар, ки ӯ муздашро нагирифту рафт. Ман низ музди ӯро ба кор андохтам ва онро мавриди баҳрабардорӣқарор додам, то ин ки аз ин роҳ сарвати зиёде (аз қабили гов, шутур, гӯсфанд ва ...)-ро дар асари он фароҳам овардам. Билохира, пас аз гузашти муддате, он мард баргашту аз ман тақозои музди ақибафтодаашро кард. Ман ҳам галаи шутуру гову гӯсфандро ба ӯ нишон дода, гуфтам, ки ҳамаи инҳоро дар асари музди ту фароҳам овардаам. Он мард гуфт: “Эй бандаи Худо! Бо ман шӯхӣ мекунӣ?” Гуфтам: “Не, бо ту шӯхӣ намекунам (пас ҷараёнро барои ӯ таъриф кардам) ва ӯҳам тамоми галаро бо худ бурд ва чизе аз онро ба ҷой нагузошт. Худоё! Агар ин корро фақат ба хотири ҷалби ризои Ту анҷом додаам, барои мо аз ин тангно, ки дар он қарор гирифтаем, кушоише иноят бифармо”. Ногаҳон санг лағжида дур шуд ва онон берун омаданду рафтанд».[34]
6. Муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи модар бар анҷоми суннатҳо
Аз Абуҳарйра (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Ҷурайҷ марди обиде буд, ибодатгоҳе дошт, ки дар он ибодати Парвардигорашро анҷом медод. Рӯзе, дар ҳоле ки намоз мехонд, модараш пеши ӯ омаду ӯро садо зад. Ҷурайҷ, ки дар ҳоли намоз гузоридан буд, гуфт: “Худоё! Ҷавоби модарамро бидиҳам ё ба намоз идома диҳам! Пас намозашро қатъ накард ва ба он идома дод. Баъд аз паёпай гузаштани се рӯз бори сеюм модараш ӯро садо заду гуфт: “Худоё! Ӯро зинда бидор, то ин ки ба чеҳраи он зани руспӣ (фоҳиша) ва бадкора бингарад!”[35]
Бани Исроил моҷарои Ҷурайҷ ва ибодаташро ин тавр баён кардаанд: “Зани фоҳишаву бадкорае буд, ки дар зебоиву худнамоӣ машҳуру забонзад буд. Рӯзе ба мардум хитоб карда гуфт: “Агар бихоҳед, ман Ҷурайҷро гумроҳу расво месозам”. Пас рӯзе бо чунон вазъе худро ба ӯ намоёнид, аммо Ҷурайҷ ба ӯ таваҷҷӯҳу инояте накард. Зан пеши чӯпоне, ки ба он ибодатгоҳ ворид мешуд, омад ва хештанро дар ихтиёри ӯ гузошт ва чӯпон низ бо ӯ наздикӣ кард. Дар асари ин наздикиву омезиш зан ҳомила шуд. Вақте ки вазъи ҳамл намуд, писаре ба дунё оварду гуфт: “Ин писар аз Ҷурайҷ мебошад”. Мардум ба ибодатгоҳи Ҷурайҷ омаданд, бар сари ӯ рехтанд, ӯро мушткӯбӣ карданд ва ибодатгоҳашро хароб намуданд. Ҷурайҷ гуфт: “Чӣ хабар аст? Чаро инчунин мекунед?” Мардум гуфтанд: “Ту бо ин зани бадкора зино кардаӣ ва дар асари он фарзанде аз ту ба дунё овардааст”. Ҷурайҷ (баъд аз гузоридани намоз) ба роҳ афтода, назди он писари таваллудшуда омад ва даст ба шикамаш заду гуфт: “Эй писар! Падари ту кист?” Кӯдак (ба амри Худо ба гуфтор омаду) гуфт: “Падарам фалон чӯпон аст”. Инро, ки гуфт, мардум ба тарафи Ҷурайҷ рӯй оварданд, ӯро бӯсиданд ва даст (ба унвони муҳаббату табаррук) бар сару рӯи ӯ кашида, гуфтанд: “Эй Ҷурайҷ! Мо ҳозирем ибодатгоҳи туро аз тилло бозсозӣ кунем”. Ҷурайҷ гут: “Не, балки онро ҳамон тавре, ки буд аз хишти хом бисозед”. Мардум ҳамин корро карда, онро аз нав бо хишт сохтанд.[36]
Мегӯянд, рӯзе кӯдаке дар оғӯши модараш шир мехӯрд. Марде савор бар чорпои чобуку зебо аз назди онон гузашт. Модар он савораро, ки дид гуфт: “Худоё! Писари маро ба монанди ӯ бигардон”. Кӯдак пистони модарашро раҳо кард ва бар он мард нигарист. (Ба амри Худованд ба гуфтор омад) ва гуфт: “Худоё! Маро ба монанди ин мард магардон!” Ва аз нав пистони модарашро дар даҳон гирифт. Гӯё ман ба Пайғамбари акрам (с) дар даврони кӯдакиашон менигарам, дар ҳоле ки ангушти сабобаи худро ба унвони пистони шир дар даҳони худ мегузоштанд ва онро мемакиданд.
Сипас, онон ба духтаре гузар карданд, ки мардум ӯро мезаданд ва мегуфтанд: “Ту муртакиби амали зинову дуздӣ шудаӣ ва ӯ ҳам мегуфт: “Худованд барои ман кофӣ аст ва ӯ хуб вакилу сарпарасте аст”. Модари он писар гуфт: “Худоё! Писарамро ба монанди ин духтар магардон”. Кӯдак пистони модарашро раҳо кард ва ба он духтар нигаристу гуфт: “Худоё, маро ба монанди ин духтар бигардон!”
Баъдан он писар моҷарои ин ду рӯйдодро чунин бозгӯ карду гуфт: “Он марде, ки аз Худо хостам маро ба монанди ӯ нагардонад, марди ҷаббору ситамгаре буд. Он духтаре, ки мардум ӯро мезаданду мегуфтанд: «Ту зани фоҳишаву дузд ҳастӣ» ӯ на фоҳиша буду на дузд, балки ӯ зани афифаву покдоман буд, аз ин рӯ ман аз Худо хостам, ки маро ба монанди ӯ бигардон”.[37]
7. Муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи волидайн бар
ҳиҷрати дар роҳи Худо
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: “Марде ба назди Расули Худо (с) омад ва гуфт: “Омадаам, то бо Шумо паймони ҳиҷрат бандам ва падару модарамро, дар ҳоле ки гиря мекунанд, ба ҷой гузоштам”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ба назди он ду баргард ва ононро хушҳолу хандон кун, ҳамон тавре, ки эшонро ба гиря андохтаӣ».[38]
8. Намунаҳое аз некии Пайғамбари акрам (с) дар ҳаққи волидайни разоъияшон ва дар бораи некии Фотима (р) дар ҳаққи Ӯ
Дар ривоят омадааст, ки рӯзе Пайғамбари акрам (с) нишаста буданд, шавҳари модари разоияшон ба тарафашон омад. Он ҳазрат (с) қисмате аз болопӯши худро барояш андохтанд ва рӯи он нишастанд. Сипас, модари разоияшон низ омад ва қисмати дигари онро барои ӯ андохтанд ва рӯи он нишастанд. Баъд аз он, бародари разоияшон омад. Пайғамбари акрам (с) бархоста ӯро дар ҷои худ нишониданд.[39]
Боз ривоят шуда, ки Абутуфайл гуфтааст: “Пайғамбари акрам (с)-ро дидам дар «Ҷеърона» гӯшт тақсим мекарданд. Ман дар он ҳолат навҷавон будам, ки устухони ҳайвоноти забҳшударо (аз қабили гӯсфанду шутур) бармедоштам. Ногаҳон зане ба тарафи Пайғамбари акрам (с) омада, ба он ҳазрат (с) наздик шуд ва он ҳазрат (с) ҳам ридои худро барои ӯ андохтанд ва рӯи он биншаст. Ман гуфтам: “Ин зан кист?” Гуфтанд: “Ин (Ҳалима) модари разоии Пайғамбари акрам (с) аст, ки дар даврони кӯдакияшон ба ӯ шир додааст”.[40]
Дар ривояте омадааст, ки Уммиҳонӣ хоҳари Алӣ ибни Абутолиб (р) гуфтааст: “Дар соли фатҳ пеши Пайғамбари акрам (с) рафтам, дидам худро мешӯянд ва духтарашон Фотима Пайғамбари акрам (с)-ро бо матоъи калоне пӯшонидааст. Ба он ҳазрат (с) салом додам, гуфтанд: «Ин зан кист?». Гуфтам: “Ман Уммиҳонӣ духтари Абутолибам”. Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ба ин ҷо хуш омадӣ...».
Аз Абуҳозим ривоят шуда, ки гуфтааст: “Саҳл ибни Саъд дар бораи захмӣ шудани Пайғамбари акрам (с), шикастани дандонашон ва кулоҳи худсари ӯ савол мекард. Фотима духтари Пайғамбари акрам (с) хуни онро мешуст ва Алӣ ибни Абутолиб бо сипар об бар он мерехт. Вақте Фотима дид, ки об хунро манъ намекунад, балки резиши онро бештар менамояд, пораи бурёеро бардошту онро сӯзонид, то ба сурати хокистар даромад. Сипас онро ба ҷои захм часпонид ва хун банд омад”.[41]
Асоси сеюм, итоат аз падару модар дар маъсияти Худованд ҷоиз нест
Бегумон касе, ки итоату фармонбардорӣ аз волидайнро фарз намудааст, ҳамоно Худованд аст. Пас, ҳар гоҳ волидайн хостанд аз ин фарз дар ғайри он чӣ Худованд дастур фармудааст, баҳрабардорӣ намоянд, мусалламан Худованд дар чунин ҳолат ба фарди мусалмон иҷозат дода, ҳатто аз ӯ хостааст, ки аз волидайн итоат накунад, чун дар ин кор ҳам барои волидайн хуб аст ва ҳам танбеҳу ҳушдоре аст барои баргашт ба сӯи авомири Худованд. Масалан, агар падару модар исрор варзанд бар маъсияту нофармонӣ ва ё ба куфру илҳод, бояд фарзанд ҳамон эҳсону некии худро дар мавриди онҳо давом диҳад, аммо дар маъсияту нофармонӣ аз авомири Худо аз онон итоат нанамояд. Ин худ дарвоқеъ як хулқу сиришти оливу меҳрубононаи исломӣ аст дар эҳсону некӣ кардан ба падару модар ва нигаҳдориву хидмати онон ба сурати машрӯъ ва писандида, бо вуҷуди ин ки онон аз шариати Ислом мунҳариф шудаанд, аммо бидуни ин ки ақидаи Исломро бо ҳар навъ таъна задану айбҷӯӣ ва ишораҳои номатлуб хадшадору маъюб созанд. Зеро ҳар он чи инсонро ба куфру илҳод барад ва ҳар коре, ки дар он маъсияту нофармонӣ аз дастуроти Худованд бошад, аз қабили умури ҳаром ва корҳои номашрӯъу наҳйшуда, ҷоиз нест дар онҳо аз падару модар итоату фармонбардорӣ шавад. Бо ин васф, шариати Ислом дастуроти Худовандро бо нармиву меҳрубонӣ ва бо ҳикмату мантиқ ба онон иблоғ фармудааст, на бо дуруштхӯиву сахтгирӣ ва бо ҳолати хашму такаббур. Илова бар он, мо ин фармудаи Пайғамбар (с)-ро шунидаем, ки мефармоянд: «Итоату фармонбардорӣ барои ҳеҷ инсоне дар маъсияту нофармонии Худованд ҷоиз нест, балки итоату фармонбардорӣ дар умури маъруфу машрӯъ дуруст аст».[42]
Имом Фахри Розӣ дар тафсири худ мегӯяд: “Агар инсон аз касе фармонбардорӣ намояд, лозим аст нахуст аз падару модараш фармонбардорӣ кунад, аммо бо ин васф агар ба ӯ дастур диҳанд, ки Худоро нофармонӣ кунад ва аз дину дастуроти динии ӯ сарпечӣ намояд, набояд аз онон пайравӣ кунад, чӣ расад ба ғайри эшон”.[43]
Имом Фахри Розӣ ҷумлаи болоро шарҳ дода мегӯяд: “Дар миёни саҳобаи бузургвор намунаҳои далолаткунандаи зиёде бар исботи он вуҷуд дорад. Аз он ҷумла Саъд ибни Абуваққос (р) гуфтааст: “Чор оят аз оятҳои Қуръон дар шаъни ман нозил шудаанд ва достон чунин аст: Ҳангоме, ки Саъд ба Ислом гаравид, модараш аз ӯ хост, ки аз Ислом баргардад ва қасам хӯрд, то ӯ аз Ислом барнагардад ва ба он куфр наварзад, на бо ӯ сухан мегӯяд ва на чизе мехӯраду менӯшад. Вай ба писараш Саъд хитоб карда гуфт: “Медонам Худованд ба ту супориш намудааст, ки дар ҳаққи падару модарат некӣ кунӣ, аз онон итоату фармонбардорӣ намоӣ ва ман модари ту буда, ба ту дастур медиҳам, ки аз дини худ баргардӣ ва дастури маро итоат намоӣ”. Пас, модари Саъд се рӯз бо он ҳолат монд, то ин ки дар асари хастагиву гуруснагӣ шадидан хаста шуду аз беқувватӣ аз ҳуш рафт. Писаре бо номи Аммора дошт, ки барои беҳбудии ӯ иқдом кард ва ба вай об нӯшонд. Саранҷом ба ҳуш омаду ба фарохонии Саъд[44] шурӯъ кард. Ин оят нозил шуд:
﴿وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حُسۡنٗاۖ وَإِن جَٰهَدَاكَ لِتُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَآۚ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٨﴾ [العنكبوت: ٨]
«Ва Мо ба инсон тавсия кардем, ки ба падару модари худ некӣ кунад. Ва агар онҳо саъю талош кунанд, ки барои Ман он чиро, ки аз ҳақиқати он камтарин огоҳӣ надорӣ, шарик қарор диҳӣ, аз онҳо итоат макун. Бозгашти шумо ба сӯи Ман аст, пас, аз корҳое, ки мекардед, огоҳатон мекунам».[45]
﴿وَإِن جَٰهَدَاكَ عَلَىٰٓ أَن تُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَاۖ وَصَاحِبۡهُمَا فِي ٱلدُّنۡيَا مَعۡرُوفٗاۖ وَٱتَّبِعۡ سَبِيلَ مَنۡ أَنَابَ إِلَيَّۚ ثُمَّ إِلَيَّ مَرۡجِعُكُمۡ فَأُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ١٥﴾ [لقمان: ١٥]
«Ва агар он ду кӯшиш кунанд, ки ту чизеро шарики Ман қарор диҳӣ, ки аз будани он огоҳӣ надорӣ, пас аз онҳо фармонбардорӣ макун ва бо онҳо дар (зиндагии) дунё ба ваҷҳи писандида рафтор кун ва роҳи касонеро пайравӣ намо, ки ба сӯи Ман рӯ овардаанд. Сипас, шумо ба сӯи Ман бармегардед, Ман шуморо аз он чи мекардед, огоҳ мекунам».[46]
Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салулро фаро хонда фармуданд: «Оё медонӣ, падарат чӣ мегӯяд?». Абдуллоҳ гуфт: “Падару модарам фидоятон, падарам чӣ мегӯяд?” Он ҳазрат фармуданд: «Мегӯяд: “Агар ба Мадина баргаштем, ҳатман афроди бузургвору арҷманд, ашхоси пасту хорро аз он ҷо берун хоҳанд кард». Абдуллоҳ гуфт: “Эй Расули Худо, қасам ба Худо рост аст, ки шумо бузургвору арҷманд ҳастед ва ӯ (падарам, ки ба Ислом нагаравида ва дар сафи куффор аст) пасту хор мебошад. Аммо қасам ба Худо эй Пайғамбар, шумо вориди Мадина шудаед ва дар он ҷо хоҳед монд. Мардуми Мадина медонанд, ки ҳеҷ кас ба монанди ман нисбат ба падараш некӣ накардааст, аммо бо ин васф агар Худо ва Расули Худо розӣ бошанд, ки ӯро кушта сарашро биёрам, албатта ин корро дар ҳаққи ӯ хоҳам кард”. Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Не, чунин кореро макун». Пас вақте ки онон вориди Мадина шуданд, Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Убай шамшере дар даст барои падараш дар дарвозаи шаҳр истод ва ба ӯ хитоб карда гуфт: “Ту гуфтаӣ: “Агар ба Мадина баргардем, албатта бузургони шаҳр афроди хору пастро берун хоҳанд кард?” Вале акнун бояд бидонӣ, ки воқеан иззату бузургворӣ барои туст, ё барои Расули Худо (с)? Қасам ба Худо! Ҳаргиз сояи шаҳр бар сари ту нахоҳад афтод (дохили шаҳр нахоҳӣ шуд), магар бо иҷозати Худо ва Расули Худо (с)”. Падараш гуфт: “Эй қавми Хазраҷ, ба фарёдам бирасед! Писарам намегузорад вориди хонаам шавам!” Се бор ин ҷумларо такрор кард.
Писараш гуфт: “Қасам ба Худо, вориди манзилаш нахоҳад шуд, магар бо иҷозати Расули Худо (с)!” Саранҷом, мардони номдор ҷамъ шуданд ва назди писараш Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ рафта, бо ӯ баҳсу гуфтугӯ карданд. Абдуллоҳ боз таъкид карду гуфт: “Қасам ба Худо, вориди хонааш нахоҳад шуд, магар бо иҷозати Худо ва Расули Худо (с)!” Онҳо ба назди Пайғамбари акрам (с) рафта моҷароро ба арзашон расониданд. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Назди Абдуллоҳ биравед ва ба ӯ бигӯед, ӯро раҳо кунад, то ба хонааш биравад». Пас, онон назди писараш Абдуллоҳ рафтанд ва паёми Пайғамбар (с)-ро ба ӯ расониданд. Абдуллоҳ гуфт: “Акнун ки Пайғамбар (с) дастур фармудаанд, ба чашм, биравад”.[47]
Ҳумайдӣ дар «Муснад»-и худ гуфтааст: Абдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салул ба падараш гуфт: “Қасам ба Худо, дохили шаҳр нахоҳӣ шуд, то ин ки бигӯӣ: “Расули Худо (с) бузургвор аст ва ман пасту хор!”
Омадааст, ки Асмо духтари Абубакри Сиддиқ (р) гуфтааст: “Дар паймони Расули Худо (с) бо мушрикин дар сулҳи Ҳудайбия модарам, ки ба Ислом нагаравида буд, пеши ман омад ва ман аз Расули Худо (с) иҷозат хоста гуфтам: “Эй Расули Худо (с)! Модарам омадаву моил аст, ки ман дар ҳаққи ӯ некӣ кунам. Оё бо ӯ иртибот барқарор намуда, ба ӯ некӣ кунам?” Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, бо ӯ иртибот барқарор намо ва ба ӯ некӣ кун».[48]Ибни Уяйна гуфтааст: “Баъди он ояти зер нозил шуд”.
﴿لَّا يَنۡهَىٰكُمُ ٱللَّهُ عَنِ ٱلَّذِينَ لَمۡ يُقَٰتِلُوكُمۡ فِي ٱلدِّينِ وَلَمۡ يُخۡرِجُوكُم مِّن دِيَٰرِكُمۡ أَن تَبَرُّوهُمۡ وَتُقۡسِطُوٓاْ إِلَيۡهِمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُقۡسِطِينَ ٨﴾ [الممتحنة : ٨]
«Худо шуморо аз некӣ кардан ва инсоф намудан дар ҳаққи касоне, ки бо шумо дар амри дин ҷанг накардаанд ва шуморо аз хонаҳоятон берун нарондаанд, манъ намекунад. Ба дурустӣ ки Худо инсофкунандагонро дӯст медорад».[49]
Ногуфта намонад, ки Ибни Муслим бар Ислом овардани падару модараш ва даъват намудани онон ба сӯи имон бисёр ҳарис будааст ва алоқаи зиёде ба барангехтани онон бар Ислом дошт, он ҳам бо ниҳояти дилсӯзиву муҳаббат ва бо камоли лутфу оромиш, ки ин маслаки пайғамбарону расулон дар роҳи даъват намудани падаронашон будааст. Чунонки Иброҳими Халил (а) барои мо намунаи равшанеро аз шеваи даъват нишон медиҳанд. Қуръон шеваи даъвати Иброҳимро баён намудааст, чунончи мефармояд:
﴿وَٱذۡكُرۡ فِي ٱلۡكِتَٰبِ إِبۡرَٰهِيمَۚ إِنَّهُۥ كَانَ صِدِّيقٗا نَّبِيًّا ٤١ إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ يَٰٓأَبَتِ لِمَ تَعۡبُدُ مَا لَا يَسۡمَعُ وَلَا يُبۡصِرُ وَلَا يُغۡنِي عَنكَ شَيۡٔٗا ٤٢ يَٰٓأَبَتِ إِنِّي قَدۡ جَآءَنِي مِنَ ٱلۡعِلۡمِ مَا لَمۡ يَأۡتِكَ فَٱتَّبِعۡنِيٓ أَهۡدِكَ صِرَٰطٗا سَوِيّٗا ٤٣ يَٰٓأَبَتِ لَا تَعۡبُدِ ٱلشَّيۡطَٰنَۖ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ كَانَ لِلرَّحۡمَٰنِ عَصِيّٗا ٤٤ يَٰٓأَبَتِ إِنِّيٓ أَخَافُ أَن يَمَسَّكَ عَذَابٞ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ فَتَكُونَ لِلشَّيۡطَٰنِ وَلِيّٗا ٤٥ قَالَ أَرَاغِبٌ أَنتَ عَنۡ ءَالِهَتِي يَٰٓإِبۡرَٰهِيمُۖ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ لَأَرۡجُمَنَّكَۖ وَٱهۡجُرۡنِي مَلِيّٗا ٤٦ قَالَ سَلَٰمٌ عَلَيۡكَۖ سَأَسۡتَغۡفِرُ لَكَ رَبِّيٓۖ إِنَّهُۥ كَانَ بِي حَفِيّٗا ٤٧ وَأَعۡتَزِلُكُمۡ وَمَا تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَأَدۡعُواْ رَبِّي عَسَىٰٓ أَلَّآ أَكُونَ بِدُعَآءِ رَبِّي شَقِيّٗا ٤٨ فَلَمَّا ٱعۡتَزَلَهُمۡ وَمَا يَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ وَهَبۡنَا لَهُۥٓ إِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَۖ وَكُلّٗا جَعَلۡنَا نَبِيّٗا ٤٩ وَوَهَبۡنَا لَهُم مِّن رَّحۡمَتِنَا وَجَعَلۡنَا لَهُمۡ لِسَانَ صِدۡقٍ عَلِيّٗا ٥٠﴾ [مريم: ٤١، ٥٠]
«Ва дар Китоб (Қуръон) Иброҳимро ёд кун: Ба дурустӣ ки вай пайғамбаре росткирдор буд, (ёд кун) чун ба падари худ гуфт: “Эй падари ман! Чаро чизеро ибодат мекунӣ, ки намешунавад ва намебинад ва аз ту чизеро дафъ намекунад? Эй падари ман! Ба дурустӣ, ки он чӣ аз илм ба ман омадааст, ки ба ту наомада, пас пайравии маро кун, то туро ба роҳи рост далолат кунам. Эй падари ман! Шайтонро ибодат макун, ба дурустӣ, ки шайтон [Худои] Раҳмонро нофармон аст. Эй падари ман, аз он метарсам, ки аз [Худои] Раҳмон азобе ба ту бирасад, чун қарини шайтон бошӣ». Гуфт: «Эй Иброҳим! Оё ту аз маъбудони ман рӯйгардон ҳастӣ? Агар бознаистӣ, албатта, туро сангсор мекунам ва муддате дароз аз ман дур бош». Гуфт: «Салом бар ту бод! Барои ту аз Парвардигори хеш омӯрзиш хоҳам талабид, ба дурустӣ, ки Вай бар ман Меҳрубон аст. Ва аз шумову аз он чӣ ба ҷуз Худо мепарастед, канора мегирам ва Парвардигори худро ибодат хоҳам кард, ба умеди он ки ба (сабаби) парастиши Парвардигори худ бадбахт набошам».Пас, чун аз онҳову аз он чи ба ҷуз Худо мепарастиданд, канора гирифт, ба вай Исҳоқу Яъқубро ато кардем ва ҳар якеро пайғамбар сохтем. Ва ба онҳо аз бахшиши Худ (чизҳо) ато кардем ва барояшон ба ниҳояти бузургӣ зикри некӯ сохтем».[50]
Аз Абуҳарйра (р) намунаи ҷолиберо дар исрор бар даъвати модараш ироа намудааст. Чунонки Абукасири Тамимӣ гуфтааст: “Аз Абуҳрайра (р) шунидам, ки мегуфт: “Афроди яҳудиву насронӣ маро дӯст медоштанд ва ман ҳам аз модарам мехостам, ки Ислом биоварад, аммо ӯ худдорӣ менамуд. Ман пеши Пайғамбар (с) омада гуфтам: “Дар пешгоҳи Ҳақ Таъоло барои ӯ дуо кунед”. Ва он ҳазрат (с) дуо карданд. Сипас, назди модарам омадам, дарро бар рӯи худ баста буд ва гуфт: “Эй Абуҳурайра! Ман мусалмон шудам”. Ман ҳам хабари мусалмон шуданашро ба арзи Пайғамбари акрам (с) расонида, гуфтам: “Эй Расули Худо (с)! Барои ман ва модарам дуои хайр кунед! Фармуданд: «(Худоё!) Абуҳурайра ва модараш Туро ибодату парастиш кардаанд, эшонро маҳбуби назари Худ ва мардум бигардон».[51]
Намунаи дигар Абубакри Сиддиқ (р) аст, ки баъд аз фатҳи Макка босуръат падарашро назди Пайғамбари акрам (с) мебарад, ба умеди он, ки Ислом биёрад. Чунонки Асмо духтари Абубакри Сиддиқ (р) гуфтааст: “Вақте Макка фатҳ шуд ва Расули Худо (с) вориди «Зи-туво» шуданд, Абуқаҳҳофа ба духтари худ, ки хурдтарин фарзандонаш буд, гуфт: “Эй духтари хурдакакам! Маро бар болои Абуқубайс бибар!” Духтари хурдаш ӯро, ки чашмонаш нобино шуда буданд, бар болои он кӯҳ бурд. Баъд гуфт: “Духтарам чӣ чизеро мебинӣ?” Духтараш гуфт: “Ҷамоати зиёдеро мебинам ва марде низ дар пеши он ҷамоат рӯ ба пеш ҳаракат мекунад”. Падараш гуфт: “Духтарам он ҷамоат савораанд?” Сипас гуфт: “Боз чиро мебинӣ?” Духтараш гуфт: “Теъдодеро мебинам, ки пароканда мешаванд”. Падараш гуфт: “Дар сурате ки ҷамъият пароканда мешавад, фавран маро ба хонаам бибар”. Духтараш мегӯяд: “Ман ӯро зуд бурдам, то ин ки ба «Ибтаҳ» расондам”. Дар гардани он духтар тавқе аз варақе буд, ки як нафар онро аз гарданаш бардошта буд.
Вақте ки Расули Худо (с) вориди масҷид шуданд, Абубакр рафт, то падарашро роҳнамоӣ кунад ва ба хидмати Расули худо (с) биёрад. Пас, вақте ки Расули худо (с) ӯро диданд, фармуданд: «Чаро ин пирамардро дар хонаи худ нагузоштӣ, то ин ки ман пеши ӯ биёям?». Абубакр гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Ҳаққи ӯ аст, ки ба хидмати Шумо биёяд, на ин ки Шумо баназди ӯ ташриф бибаред”. Баъд аз он Расули Худо (с) Абуқаҳҳофаро пеши худ нишониданд, сипас даст бар рӯи синаи ӯ кашида фармуданд: «Мусалмон шав, солиму маҳфуз мемонӣ». Вай мусалмон шуд.[52]
Асоси чорум, барои муошират ва дӯстӣ падару модар шоистатарин афроданд
Чи басо инсонҳо дар интихоби рафиқу дӯст иштибоҳ мекунанд ва наметавонанд дӯсти мухлису бовафоеро биёбанд. Аз ин рӯ, инсон бо талош ва таҳаммули заҳмат ва бо ҷиддияту фаъолияти зиёд аз ин ҷову он ҷо ва дар ҳар ҷо ба ҷустуҷӯ мепардозад ба умеди он, ки дӯсти мухлису бовафое биёбад. Дар натиҷа, аз дур чашм ба дӯстӣ медӯзад ва ӯро дӯсти содиқ мепиндорад, аммо баъд аз ин ки бо шахсе паймони дӯстӣ мебандад, дармеёбад, ки ӯғайр аз он дӯсте аст, ки ба суроғаш мегардад...
Бинобар ин, дар ҳоле ки инсон дар чунин дигаргунӣ мемонаду саргардон мешавад, Пайғамбари акрам (с) ӯро тарк накарда, балки ба тариқи мухтасар ва бисёр кӯтоҳе ӯро ба сӯи дӯсти содиқу бовафое роҳнамоӣ мекунанд, ки он падару модар аст.
Чунонки ривоят мекунанд: “Марде ба назди Расули Худо (с) омада гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Чӣ касе шоистатар аст, ки ӯро дӯсти хубу содиқе барои худ бидонам?» Расули Худо (с) фармуданд:«Модарат». Он мард гуфт: «Баъд аз ӯ чӣ касе?»Расули худо (с) фармуданд:«Модарат». Боз гуфт: «Сипас, чӣ касе?» Фармуданд:«Модарат». Барои бори сеюм он мард гуфт: «Баъд аз модарам чӣ касе?» Расули Худо (с) фармуданд:«Падарат».[53]
Дар ривояти дигар омадааст: “Марде ба назди Расули Худо (с) омада гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Чӣ касе шоистатар аст, ки ӯро дӯсту рафиқи хубе барои худ баргузинам?» Расули худо (с) се бор фармуданд:«Модарат». Баъд фармуданд:«Баъд аз модар падарат ва баъд аз падар низ (бо тартиб) наздиктару наздиктар ба ту».
Шояд касе бигӯяд: “Ман чӣ ниёзе дорам ба ин ки рафиқу дӯсте барои худ баргузинам?” Дар ҷавоб бояд гуфт, агар ту аз интихоби дӯст бениёз ҳастӣ, ҳеҷ монеъе надорад, аммо чизе, ки ҳаст ин аст: “Падару модар аз дӯстиву хидмати ту ва аз мубоҳисаву машварат бо ту бениёз нестанд ва ҳамчунин наметавонанд дар бисёре аз воқеаҳо ва масоиле, ки дар зиндагии онон ва дар зиндагии бародарони ту пеш меоянд, гӯш фаро надиҳанд ва аз раъйу назарияи ту истифода нанамоянд.
Бинобар ин, ҳадиси Пайғамбари акрам (с) ин тасаввури туро рад карда, собит менамояд, ки дӯстӣ бо падару модар ва некӣ кардан дар ҳаққи онон амри лозиму зарурӣ мебошад ва ба унвони дӯсти содиқу бовафо бар дигарон бартарӣ доранд.
Асоси панҷум, муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи модар бар падар
Ҳофиз ибни Ҳаҷар дар шарҳе, ки бар ҳадиси чанд сатр қабл баёншуда намудааст, мегӯяд: “Ибни Баттол гуфтааст: “Матлуби ин ҳадис он аст, ки се намуна аз некӣ дар ҳаққи модар ҳаст, ки барои падар нест. Ин се намуна иборатанд аз сахтии даврони ҳомилагӣ, замони вазъи ҳамл ва даврони нисбатан тӯлонии шир додан ба кӯдак. Инҳо ҳолатҳову намунаҳое ҳастанд, ки хосси модаранд ва танҳо модар аст, ки аз онҳо ранҷ мекашад. Илова бар инҳо дар кори тарбияву парвариши кӯдак низ бо падар саъю талоши падар ба таври баробар шарик аст. Худованд ҳам ишора ба ин мавзӯъ мефармояд:
﴿وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ حَمَلَتۡهُ أُمُّهُۥ وَهۡنًا عَلَىٰ وَهۡنٖ وَفِصَٰلُهُۥ فِي عَامَيۡنِ أَنِ ٱشۡكُرۡ لِي وَلِوَٰلِدَيۡكَ إِلَيَّ ٱلۡمَصِيرُ ١ ﴾ [لقمان: ١٤]
«Ва Мо ба инсон дар бораи падару модараш тавсия фармудем (ки дар ҳаққи эшон некӣ кунад, ба вижа модар, чаро ки) модараш вайро дар ҳоли сустӣ болои сустии дигар[54] дар шикам бардоштааст ва поёни даврони ширхорагии ӯ ду сол аст. (Лизо ба инсон ҳукми Мо ин аст) ки Моро ва падару модари худро шукргузорӣ кун ва (бидон, ки саранҷом) бозгашт ба сӯи Ман аст».[55]
Бинобар ин, чунонки мулоҳиза мешавад, Қуръон дар тавсияҳояш дар байни падару модар мусовот қарор дода ва се кори вижаро ба модар ихтисос додааст (ки ин се кор иборатанд аз даврони ҳомилагӣ, вазъи ҳамл ва ду сол шир додан ба кӯдак).
Қуртубӣ гуфтааст: “Мурод он аст, ки модар нисбат ба падар мустаҳиққи саҳми бештаре аз некӣ ва муҳаббат варзидан дар ҳаққи ӯ мебошад”.
Аёз гуфтааст: “Ҷумҳури уламо бар онанд, ки модар дар некӣ ва муҳаббат варзидан дар ҳаққи ӯ бар падар муқаддамтар мебошад”. Қавли дигаре аз уламо ин аст: “Падару модар дар некӣ ва муҳаббат варзидан нисбат ба онон баробаранд”. Аз имом Молик нақл шуда, ки гуфтааст: “Қавли аввал дурусттару муносибтар мебошад”.
Ибни Ҳаҷар мегӯяд: “Баъзе аз уламои шофеимазҳаб бар қавли дуюм мебошанд (яъне мегӯянд: “падару модар дар муҳаббат варзидан баробаранд). Аммо аз Ҳориси Муҳосибӣ нақл шудааст, ки иҷмоъи уламо бар он аст, ки модар ҳаққи бештар дорад.
Ногуфта намонад, он чи, ки аз Молик дар ин робита нақл шудааст, возеҳу равшан намебошад. Зеро Ибни Баттол онро чунин баён кардааст: “Аз Молик савол шуд: “Падарам маро барои анҷоми коре хост, вале модарам маро аз иҷрои амри ӯ манъ кард”. Молик гуфт: “Падаратро итоату фармонбардорӣ кун ва аз модарат нофармониву мухолифат макун”. Ибни Баттол мегӯяд: “Ибораи боло далолат дорад бар ин, ки некӣ ва итоат аз падару модар мусовӣ мебошад, вале далолат бар он возеҳ ва ба таври равшан намебошад”. Ибни Баттол меафзояд: “Ҳамин масъала айнан аз Лайс савол шуд. Дар ҷавоб гуфт: “Аз модарат итоату фармонбардорӣ кун, зеро ки ду сеюми некӣ аз они модар аст ва ин худ ба шевае ишора мекунад, ки дар воқеъ ду бор модар такрор шудааст”.
Ривоят шудааст, ки Пайғамбари акрам (с) се бор пушти сари ҳам фармуданд: “Ҳамоно Худованд шуморо дастур медиҳад, ки дар ҳаққи модаронатон некӣ кунед ва баъд аз модаронатон ба падаронатон ва сипас (батартиб) ба наздиктару наздиктар некӣ кунед».[56]
Дар ривояти дигар омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: « Дар ҳаққи падару модарат некӣ кун, сипас дар ҳаққи хоҳару бародарат, баъд (батартиб) дар ҳаққи наздиктару наздиктарат».[57]
Дар шарҳу тафсири ин ҳадис Ҳоким ва асҳоби «Сунан», яъне Аҳмад ва Ибни Ҳиббон гуфтаанд: “Мурод аз наздиктар, яъне он кӣ ба шахси некикунанда наздиктар мебошад”. Аёз гуфтааст: “Баъзе аз уламо дар муқаддам доштани падарбузург бар бародар ва ё баръакс тардид доранд, аммо аксари уламо бар онанд, ки бобо бар бародар ҳаққи тақаддум дорад”.
Ибни Ҳаҷар мегӯяд: “Уламои шофеимазҳаб бар ин назаранд, ки некӣ дар ҳаққи падарбузург бар бародар муқаддам мебошад ва баъд аз он ҳар кӣ ба падару модар наздиктар бошад, бар он кӣ ба яке аз он ду наздик аст, муқаддам дошта мешавад. Сипас, дар миёни завиларҳом ва хешовандон афроди маҳрам бар ғайри маҳрам муқаддам мебошанд. Баъд соири асабот бар наздикони сабабӣ ва дӯстон бар ҳамсоягон муқаддам дошта мешаванд”.
Ибни Баттол ишора ба ин мекунад, ки риояи ин тартиб дар он ҷо, ки як мартаба расонидани некӣ имконпазир намебошад, амри возеҳу равшан аст.
Бояд гуфт, он чи бар муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи модар ба таври куллӣ далолат дорад, ҳадисе аст, ки ривоят шудааст. Оиша (р) аз Пайғамбари акрам (с) пурсид: “Чӣ касе ҳаққи бештару бузургтареро бар зан дорад?” Фармуданд: «Шавҳараш». Боз пурсид: “Чӣ касе бештарин ҳақро бар гардани мард дорад? Фармуданд: «Модараш бештарин ҳақро бар гардани ӯ дорад».
Он чӣ бештар муқаддам доштани некӣ дар ҳаққи модарро бар дигарон мавриди таъйиду таъкид қарор медиҳад, ҳадисе аст, ки Амр ибни Шуъайб аз падараш ва аз бобояш ривоят намудааст: “Зане назди Пайғамбар (с) омад ва гуфт: “Эй Расули Худо (с) ин писарам, ки дар даврони ҳомилагӣ шикамам ҷои ӯ буд ва пас аз вазъи ҳамл пистонҳоям манбаи ғизои ӯ ва дар даврони ду соли ширхорагӣ оғӯшам маҳалли тарбияву парвариши ӯ буд, акнун падараш маро талоқ додааст ва мехоҳад писарамро аз ман бигирад!! Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ту аз ӯ шоистатарӣ, модоме ки шавҳар накардаӣ».[58]
Бинобар ин, ба далели се амри боло (шикам, шири пистон, оғӯш) аст, ки модар ба кӯдак ва ҳамчунин кӯдак ба модар хос мешаванд.
Муҳосибӣ нақл намудааст: “Уламо бар он иттифоқ доранд, ки некӣ дар ҳаққи модар муқаддам бар некӣ ба падар мебошад”.[59]
Асоси шашум, фарзанд ва моли ӯ азони падар аст
Ривоят мекунанд, ки марде ба назди Расули Худо (с) омада гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Молу сарвате дорам ва фарзанд ҳам дорам, падарам мехоҳад молу сарватамро аз ман бигирад». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ту ва сарвати ту азони падарат ҳастӣ. Бегумон, фарзандонатон аз поктарин дастовардҳои шумо мебошанд, пас аз касбу дастовардҳои фарзандонатон бихӯред».[60]
Дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Фарзандонатон аз касбу дастовардҳои шумо мебошанд ва як бахшиши илоҳӣ барои шумо ҳастанд, ки Худованд ба ҳар кӣ бихоҳад, духтароне мебахшад ва ба ҳар кас бихоҳад писароне ато мекунад».[61]
Дар ривояти дигаре омадааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: «Поктарин чизе, ки мехӯред, касбу кори шумост ва фарзандонатон ҷузъи касби шумо мебошанд».[62]
Қуртубӣ рӯйдоди миёни пирамарде ва писараш рухдодаро нақл намуда, мегӯяд: “Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) гуфтааст: “Марде назди Расули Худо (с) омада, гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Падарам молу сарватамро гирифта бурдааст”. Расули Худо (с)фармуданд:«Падаратро назди ман биёр». Си-пас, Ҷибриил (а) пеши Пайғамбар (с) омад ва гуфт: “Худованд бар ту дуруд мефиристад ва мефармояд: «Вақте он пирамард назди ту ояд, дар бораи он чи, ки дар пеши худ гуфтаву бо гӯши худ шунидааст, аз ӯ бипурс». Пас вақте он пирамард омад, Пайғамбар (с) ба ӯ фармуданд: «Чаро фарзандат аз ту шикоят мекунад? Оё мехоҳӣ молу сарвати ӯро бардорӣ?». Пирамард гуфт: “Эй Расули Худо (с)! Аз худи ӯ бипурсед, оё ман онро ҷуз бар яке аз аммаҳо ё холаҳояш ва ё бар худам харҷ кардаам?” Пайғамбар (с) ба пирамард фармуданд: «Басанда аст, аз ин бигзар ва дар бораи он чи пеши худ гуфта, ё шунидаӣ ба мо бигӯ». Пирамард гуфт: “Қасам ба Худо, эй Пайғамбар (с)! Пайваста Худованд яқину бовари моро нисбат ба шумо меафзояд, бегумон ман чизеро, ки гуфта ва ё бо гӯши худ шунидаам, гуфтаам. Пайғамбар (с) фармуданд: «Бигӯ ва ман гӯш мекунам».
Пирамард гуфт: “Гуфтаам:
“Туро дар ҳолати кӯдакӣ хӯрондам ва дар даврони ҷавонӣ низ харҷи зиндагиятро таъмин кардам, акнун он чиро, ки касб мекунам ба ту хӯронидаву нӯшонида мешавад.
Нафсам аз бадиву табоҳии ту метарсад, чун ба дурустӣ медонад, ки марг дорои замони мушаххасе аст.
Вақте ки ба синни булуғ ва ба он ғояту ҳадафе, ки умеду орзу доштам, ба он бирасӣ, ноил шудӣ.
(Мутаассифона) тундиву дуруштхӯиро подоши ман гардонидаӣ! Гӯё танҳо ту фазлу неъматдиҳандаи ман бошӣ.
Пас, эй кош, вақте ки ҳаққи падарии маро риоя намекунӣ (ҳадди ақал) он тавр амал мекардӣ, ки ҳамсояи наздик мекунад.
Ва ба монанди як ҳамсоя дар ҳаққи ман дӯстиву сарпарастӣ мекардӣ ва ба василаи моле, ки ғайр аз моли ту аст, бар ман бухл намеварзидӣ ва дареғ намекардӣ!
Дар ин ҳангом, Пайғамбари акрам (с) ба писараш он пирамард фармуданд: «Ту ва молу сарвати ту азони падарат мебошӣ».[63]
Дар гузашта, роҷеъ ба ҳадисе, ки Табаронӣ онро аз ровиёни мавриди итминон нақл намуда буд, баён кардем, ки Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Агар фарзанде аз хона хориҷ шавад, то ин ки барои таъмини заруриёти зиндагии падару модари пиру аз кор афтодааш талош кунад, кори ӯ ба манзалаи ҷиҳод дар роҳи Худо мебошад».
Ҳамчунин падару модар ба таври истисноӣ ин ҳақро доранд, ки метавонанд чизеро, ки ба фарзандони худ бахшидаанд, бозпас бигиранд ва аз амали худ баргарданд.
Чунонки дар ривояте Расули Худо (с) фармуданд:
«Барои касе, ки чизеро мебахшад, ҳалол нест аз он баргардад (ва дубора онро бозпас бигирад), магар падар, ки метавонад он чиро ба фарзанди худ бахшидааст, бозпас бигирад».[64]
Дар ривояте омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Аббос (р) гуфтааст: «Расули Худо (с) мефармоянд: «Ҳалол нест барои касе, ки чизеро мебахшад ва ё ҳадяеро ба касе медиҳад, онро бозгашт намояд ва пас бигирад, магар падар, ки метавонад он чиро ба фарзандаш бахшидааст, бозпас бигирад. Зеро касе чизеро мебахшад ва сипас онро бармегардонад, ба монанди саге аст, ки чизеро мехӯрад ва вақте ки сер шуд, онро қай мекунад ва аз нав дар даҳони худ мегирад».[65]
Муҳаммад ибни Сирин гуфтааст: «Дар замони Усмон ибни Аффон (с) арзиши хурмо ба ҳазор дирҳам расид. Усома ибни Зайд тасмим гирифт, то хурмоҳоеро, ки парвариш намуда буд, нигаҳдорӣ намояд ва мағзу моддаи панирмонанди онҳоро ислоҳ кард. Сипас, хурмоҳоро нафурӯхт, балки онҳоро ба модараш хӯронд. Ба ӯ гуфтанд: «Чӣ чизе туро ба ин амр водор кард, дар ҳоле ки мебинӣ, арзиши хурмо ба ҳазор дирҳам расидааст?» Усома ибни Зайд дар ҷавоб гуфт: «Модарам ин корро аз ман дархост намудааст ва ӯ ҳар чизеро, ки аз ман хоста бошад, модоме ки ба анҷом додани он қодир бошам, бечуну чаро онро фароҳам намуда ва ба ӯ додам».[66]
Асоси ҳафтум, озод намудани волидайн аз моле, ки дар зиммаи онҳо аст
Дарвоқеъ намунае аз намунаҳои бисёр бузургу азими некӣ дар ҳаққи падару модар, ин озод намудани волидайн аз молест, ки дар зиммаи онон мебошад. Зеро дар гузаштаи дур ва дар замонҳои ғуломдорӣ гоҳо писар озод мегардид ва сипас дорои молу сарвате мешуд, вале падар ё модараш ҳамчунон дар ҳоли ғуломӣ мемонданд бидуни ин ки молу сарвате дошта бошанд, ки битавонанд ба василаи он хештанро озод намоянд. Аммо шаклу сурати ғуломӣ дар асри кунунии мо чунон аст, ки масалан падару модар ва ё яке аз эшон ба сабабе дучори қарздории шадиду сангине мешаванд, пас ҷиҳатгирии Пайғамбари акрам (с) дар чунин ҳолатҳо чӣ гуна аст?
Дар робита бо ғуломдории даврони гузашта фармудаанд: «Ҳеҷ фарзанде ба таври комил подоши падару модарашро намедиҳад, магар замоне, ки падару модар ва ё яке аз он дуро ба сурати мамлук ва ғуломи дигаре биёбад ва ӯро бихараду озодаш намояд».[67]
Аммо дар бораи шаклу сурати ғуломӣ дар асри кунунӣ чунин аст, ки падару модар ва ё яке аз он ду ба сабабе зиндонӣ шуда бошанд ва барои кафолати худ сарвату дороӣ надошта бошанд, пас, дар чунин сурат бар фарзанд воҷиб аст, ки бо дарназардошти вазъи молии худ дар хидмат ба падару модари хеш бикӯшад ва дар рафъи ниёзмандиҳову гирифториҳои онон шитоб кунад, зеро ҳамчунонки қаблан гуфта шуд: «Фарзанд ва моли фарзанд азони падару модар аст».
Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Касе, ки ба ҷои падару модари (нотавони) худ ҳаҷ кунад ва ё қарзи ононро ба ҷои эшон бипардозад, дар рӯзи Қиёмат ҳамроҳи некӯкорон барангехта мешавад».[68]
Асоси ҳаштум, табодули дуъо байни падару модар ва фарзандонашон
Дуо як рукни асосии некиву некӯкорӣ, намоёнгари муҳаббату меҳрварзӣ ва далел бар ростиву садоқати қалбӣ мебошад. Аз ин рӯ, қалби пур аз муҳаббат ба дуо исрор меварзад, ки аз умқи қалбу замири инсон бар забон ҷорӣ мегардад, ба гунае ки ҳар андоза муҳаббати қалбӣ, ки дар байни падару модар ва фарзандонашон мубодила мешавад, фузунӣ ёбад, дуо низ ба ҳамон андоза афзоиш пайдо мекунад…
Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Се навъ дуо аст ва ҳеҷ шакке нест дар онҳо, ки дар пешгоҳи Худованди мутаъол мустаҷобанд: Дуои падару модар барои фарзанди худ, дуои мусофир (дар сафари мубоҳ ва машрӯъ) ва дуои шахси мазлуму ситамдида».[69]
Аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) назди Уммисулайм (модари Анас) омаданд ва Уммисулайм низ (ба расми меҳмондорӣ) миқдоре хурмо ва равған барои Пайғамбар (с) овард. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Равғанро ба ҷои худ ва хурморо низ ба зарфи худ баргардонед, зеро ман рӯзадорам».[70]Сипас, Пайғамбар (с) бархостанду дар гӯшае аз хона намози суннат хонданд ва барои Уммисулайму аҳли байташ дуо карданд. Уммисулайм гуфт: «Эй Расули Худо! Ман навкаре дорам». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Бигӯ он кист?». Уммисулайм гуфт: «Хидматгори шумо Анас аст, барояш дуои хайр кунед». Пас барои ӯ дуои хайри дунявию ухравӣ карда фармуданд: «Худоё рӯзии зиёду пок, фарзанди солеҳ ва умри тӯлониву бобаракат ба ӯ ато кун». Анас мегӯяд: «Баъд аз он ман сарватмандтарини ансор шудам. Ва духтарам Омина барои ман таъриф мекард, ки ҳудуди саду бист нафар аз фарзандону насли ман то замоне, ки ҳоҷиёни Басра баргаштанд, дафн гардидаанд.[71]
Абуҳозим мегӯяд: «Абумурра ҳамроҳи Абуҳурайра савор шуд, то ба заминҳои худ дар Ақиқ расид. Вақте ки вориди замини худ шуд, бо садои баланд гуфт: «Эй модар! Салом ва раҳмату баракати Худо бар ту бод!» Модараш низ дар ҷавоб мегуфт: «Салом ва раҳмату баракати Худо бар ту бод!» Боз Абумурра гуфт: «Эй модар! Худованд ба ту раҳм кунад, ки дар даврони кӯдакӣ маро тарбияву парвариш намудӣ». Модараш дар ҷавоб гуфт: «Эй писарам Худованд ба ту ҷазои хайр диҳад ва аз ту розиву хушнуд гардад, ки дар даврони пирӣ дар ҳаққи ман некӣ кардӣ».[72]
Аз Уммисалама (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) ба духтарашон Фотима (р) фармуданд: «Шавҳарат Алӣ ва ҳарду писарат Ҳасану Ҳусайнро ба назди ман биёр». Баъд аз он, ки ононро овард, Пайғамбар (с) абоеро бар рӯи онон андохтанд, сипас дасташонро ба рӯи эшон кашида фармуданд: «Худоё инон аз аҳли хонадони Муҳаммаданд, салавоту баракоти Худро бар Муҳаммаду аҳли хонадони Муҳаммад қарор деҳ! Бегумон Ту ситудаву баландмартабаӣ». Уммисалама (р) мегӯяд: «Аборо бардоштам, то ба онҳо ҳамроҳ шавам, аммо он ҳазрат (с) аборо аз дастам гирифта фармуданд: «Ту низ бар мақому манзалат ва бар хайру некии хосси худ ҳастӣ».[73]
Асоси нуҳум, набояд ба падару модар дашном дод ва бадзабонӣ кард
Бояд донист, яке аз далоили некӣ дар ҳаққи падару модар он аст, ки фарзандонашон эшонро аз дашному бадгӯӣ бо суратҳову шаклҳои мухталифи он маҳфуз бидоранд. Дашном додан ба падару модар мумкин аст ба василаи худи онон бошад, ба ин шакл, ки фарзандонашон аъмолеро анҷом диҳанд, ки онон дар асари он хашмгину асабонӣ шаванд ва ба василаи дашном додан ба худ хашми хешро фурӯ нишонанд. Дар ин сурат худи фарзанд мӯҷиби дашном додани онон ба худ шудааст ва ё ин ки фарзандашон нисбат ба шахсе бадӣ мекунад, ки дар натиҷа он шахс низ дашному фаҳши падариву модарӣ ба ӯ медиҳад. Мумкин аст фарди дигаре ба ӯ бадӣ кунад ва ӯ ба ин фард дашном диҳад, ки дар иваз он фард ҳам дашному фаҳши падариву модарӣ ба ӯ медиҳад.
Ба таври куллӣ, дашном додану бадзабонӣ нисбат ба падару модар ба ҳар шаклу сурате ки бошад ва дар асари ҳар сабабу иллате анҷом гирад, кори хубе нест, балки бояд аз он иҷтиноб карда, бо ҳар василаи мумкин эҳтиромашон ҳифз шавад.
Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) мардеро диданд, ки ҳамроҳи худ писаре дошт ва ба он писар гуфтанд: «Ин мард кист?». Он писар дар ҷавоб гуфт: «Падари ман аст». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пеши ӯ роҳ марав, пеш аз ӯ манишин ва ӯро бо исмаш садо мазан».[74]
Омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Дар шабе, ки ба ман шабравӣ лозим шуд (дар шаби Исро) аз канори марди пӯшида дар нури Арш гузаштам ва гуфтам: «Ин шахс кист? Оё фаришта аст?» Гуфта шуд: «Не». Гуфтам: «Оё набӣ аст?» Гуфта шуд: «Не». Гуфтам: «Пас ӯ кист?» Дар ҷавоб гуфта шуд: «Ин марде аст, ки дар дунё пайваста забонаш машғул ба зикри Худо ва ба қалбаш ба масоҷид баставу дар иртибот будааст ва ба падару модараш дашном надода, бадгӯӣ накардааст…».[75]
Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Худованд нафрин кардааст касеро, ки падару модарашро нафрин мекунад».
Дар ривояти дигар омадааст: «Яке аз гуноҳони кабира дашном додани шахс ба падару модараш аст». Арз карданд: «Эй Расули Худо! Магар шахс ба падару модари худ дашном медиҳад?» Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Оре, (он ба ин сурат аст, ки) ӯ ба падару модари шахсе дашном медиҳад ва он шахс низ мутақобилан ба падару модари ӯ дашном медиҳад».[76]
Асоси даҳум, машҳуртарин насаб ва иззат ба василаи падар аст
Ислом бисёр мекӯшад, ки насаби кӯдак аз нахустин рӯзи таваллудшавиаш машҳуру маъруф гардад. Ба ҳамин хотир аст, ки амри ақиқа ва маросими ҳафтаро барои навзод тавсия намудааст, то ин ки насаби навзод маъруф гардад…
Дар ҷомеаҳои башарӣ чи басо масоили аҷибу ғарибе рух медиҳанд, аз он ҷумла дар ҷомеаи ҷоҳилии қадим кӯдак аз насаби падари воқеии худ дур мешуд ва ба шахси дигаре (ба номи писархондагӣ) нисбат пайдо мекард. Дар ҷомеаи нав низ писари таҳсилкарда ва ба зоҳир рӯшанфикре, ки дар ҷомеаи худ ба мақому манзалати шахсиву иҷтимоӣ даст ёфтааст, мутаассифона, чунин писари дарвоқеъ нодоне хиҷолат мекашад, ки номе аз падарашро ба миён оварад ва худро ба ӯ нисбат диҳад, балки ба унвони раҳгузар ва ба монанди фарди ғарибу ношинохтае аз падараш дидан мекунад ва бо ӯ бархӯрд менамояд ва бо ишколи гуногуни шайтонӣ аз шӯҳрат ва иттисоли худ аз ӯ мегурезад. Паноҳ ба Худо аз ин найранги замона, оре, воқеан ин амре аст бисёр муҳим, зеро табиист, ки инкори насаб ва худро аз аслу насаби хеш дур сохтан кори куфромез мебошад. Далели он ҳадисе аст, ки дар «Саҳеҳайн» аз Саъд ибни Абиваққос (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Касе, ки худро ба шахси ғайр аз падари хеш нисбат диҳад ва бидонад, ки ӯ падараш намебошад, биҳишт бар ӯҳаром мебошад».[77]
Дар ривояте Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«(Ба василаи касби сарвату мақом) аз падарони (фақиру гумноми) худ рӯйгардон нашавед (ва аз интисоби ба онон гурезон набошед) касе, ки (аз ин тариқ) аз интисоб ба падари худ рӯй бигардонад, ӯ амали куфромезеро муртакиб шудааст».[78]
Боз дар «Саҳеҳайн» бо ибораи Муслим омадааст, ки Абузар (р) гуфтааст: «Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Марде, ки худро ба ғайри падари хеш нисбат диҳад, дар ҳоле ки бидонад ӯ падараш намебошад, куфр варзидааст. Касе, ки иддаои чизе кунад ва онро ба худ нисбат диҳад, дар ҳоле ки моли ӯ набошад (чунин шахсе) аз мо ва ба равиши мо намебошад ва бояд ҷойгоҳи худро дар оташи дӯзах омода созад. Касе, ки шахсеро ба куфр хонад ва ё ӯро «душмани Худо» гӯяд, дар ҳоле ки он тавр набошад (ки ӯ мегӯяд) мусалламан кайфари он ба худи ӯ бармегардад)».[79]
Асоси ёздаҳум, анҷом додани ҳаҷ ба ҷои падару модари пиру нотавони худ
Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки субҳи рӯзи ид дар ҳоле ки Фазл ибни Аббос пушти сри Расули Худо (с) буд. Зане аз қабилаи Хасъам омад ва аз Пайғамбар (с) пурсид: «Эй Расули Худо (с)! Бегумон ҳаҷ яке аз фаризаи Худованд бар бандагонаш мебошад ва ин фариза низ бар падари пиру солхӯрдаам фарз шудааст, аммо ӯқодир нест бар василаи нақлия худро нигоҳ дорад, оё метавонам ба ҷои ӯ фаризаи ҳаҷро барояш анҷом диҳам? Ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, ба ҷои ӯҳаҷро анҷом деҳ».[80]
Дар ривояти дигар омадааст, ки Ибни Раззин гуфт: «Эй Расули Худо (с), падарам пиру солхӯрда мебошад ва наметавонад ҳаҷ ва умраро анҷом диҳад ва худро дар каҷова нигоҳ дорад. Ҳазрат (с) фармуданд: «Ба ҷои падарат фаризаи ҳаҷро барояш анҷом деҳ».[81]
Асоси дувоздаҳум, ба ҷой овардани назри падару модар
Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) пирамарди солхӯрдаеро диданд, ки бо кӯмаки ду писараш ҳидоят мешавад ва бар онон такя зада роҳ мерафт. Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ин пирамардро чӣ шудааст?». Писаронаш гуфтанд: «Эй Расули Худо, ин корро бар худ назр кардааст!» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Эй пирамард, савор шав! Худованд аз ту ва аз назри ту бениёз аст».[82]
Асоси сездаҳум, нофармонӣ аз волидайн гуноҳи кабира аст
Нофармонӣ аз падару модар аз гуноҳони кабира аст, ки ҳам дар дунё ва ҳам дар охират кайфар дорад.
Дар Саҳеҳайн омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
«Оё шуморо ба бузургтарин гуноҳони кабира огоҳ созам?». Арз кардем: «Бифармоед, эй Расули Худо (с)!» Фармуданд: «Шарик қоил шудан барои Худо ва азият додани волидайн ва нофармонӣ аз онон». Дар ҳоле ки такя зада буданд, нишаста фармуданд: «Ва аз сухани дурӯғбипарҳезед». Пайваста онро такрор мефармуданд, то ин ки аз рӯи шафқат гуфтем: «Эй кош, бас мекарданд».[83]
Дар ривояти дигар Расули Худо (с) фармуданд:
«Се нафар ҳастанд, ки Худованд дар рӯзи Қиёмат бо назари лутфу раҳмат ба онон наменигарад: Касе, ки падару модари худро озор медиҳад ва аз онон нофармонӣ мекунад; зане, ки худро ба сурати мард дармеоварад ва марди дар мавриди занаш беғайрат. Ва се нафар ба биҳишт дохил намешаванд: Шахси нофармон аз падару модар, шахси ба шаробхорӣ одаткарда ва фарди миннатгузор ба он чӣ мебахшад».[84]
Муъоз (р) мегӯяд: «Пайғамбари акрам (с) даҳ матлабро ба ман тавсия намуда, фармуданд:
«1. Ҳеҷ чизеро бо Худованд шарик қарор мадеҳ, ҳатто агар кушта ва ё дар оташ андохта шавӣ.
2. Аз падару модарат нофармонӣ макун, агарчи ба ту фармон диҳанд, ки аз аҳлу моли хеш бигзар ва канора гир.
3. Намозҳои воҷибро қасдан тарк макун, зеро касе, ки намози воҷиберо қасдан тарк кунад, аҳди (амони) илоҳӣ аз ӯ бардошта мешавад.
4. Шаробхорӣ макун, чунки он сарчашмаи ҳар гуноҳу баде аст.
5. Аз гуноҳ кардан бипарҳез, зеро хашми Худованд ба сабаби иртикоби гуноҳ нозил мегардад.
6. Аз фирор кардан ҳангоми ҷиҳод барҳазар бош, агарчи мардумон ҳалок шаванд.
7. Дар ҳоле ки ту дар миёни мардум ҳастӣ, вақте марги онон фаро расид, ту пойдору собитқадам бош.
8. Ба андозаи тавони худ бар аёлу хонаводаат харҷ кун.
9. Аз тарбия ва таъдиби онон дастбардор мабош ва кӯтоҳӣ макун.
10. Ба хотири ризои Худо ва дар роҳи Худо эшонро битарсон (ва худ низ дар мавриди онон аз Худованд битарс)».[85]
Дар ривояти дигар Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Бузургтарин гуноҳони кабира иборатанд аз шарик қарор додан барои Худо, азияту озор додани волидайн, қатли нафс (қасдан) ва савганди дурӯғ(бо вуҷуди илму огоҳӣ ба он)».[86]
Дар Саҳеҳайн омадааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: «Бегумон, Худованди мутаъол бар шумо ҳаром гардонидааст азияту озор додани модарон, худдории шахс аз додани он чӣ, ки бояд бидиҳад, хоҳон шудани чизе, ки ҳаққи гирифтанашро надорад, зинда ба гӯр кардани духтарон ва барои шумо зишт аст бозгӯ намудани ҳар он чиро шахс мешунавад (масалан, чунин гуфта шуд, фалонӣ чунон гуфт…), исрор варзидан дар бораи чизе, ки зарурӣ ва мавриди ниёз намебошад ва исроф намудан дар молу зоеъ гардонидани он…».[87]
Дар ривоят омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Касе, ки ғуломи мусалмонеро аз банди ғуломӣ озод кунад, мӯҷиби дур сохтани ӯ аз оташи дӯзах мегардад, зеро ҳар устухоне аз устухонҳояш дар баробари ҳар устухоне аз устухонҳои ӯ озод карда мешавад. Ҳар кас яке аз падару модараш дар қайди ҳаёт бошаду нисбат ба ӯ раҳмату бахшиш надошта бошад, Худованди ғолибу тавоно ӯро аз раҳмату мағфирати Худ дур месозад. Касе, ки кӯдаки ятими бозмонда аз падару модари мусалмонро гираду ба ӯ хӯроку нӯшиданӣ бидиҳад, то ин ки бузургу бениёз шавад, Биҳишт барои ӯ воҷибу ҳатмӣ мегардад».[88]
Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Мо иддае ҷамъ шуда будем, Пайғамбари акрам (с) наздамон омада фармуданд: «Эй ҷамоати муслимин! Тақвои Худо ва парҳезкориро пешаи худ созед, ва силаи раҳмро ба ҷой оваред, зеро ҳеҷ савобу подоше аз ба ҷой овардани силаи раҳм зудтар намерасад. Аз нофармонӣ барҳазар бошед, чунки ҳеҷ уқубату кайфаре аз уқубату кайфари нофармонӣ зудтар намерасад. Аз азияту озор расонидан ба падару модар бипарҳезед, чаро ки бӯи биҳишт аз фосилаи ҳазор сол роҳ дар ҳаққи касе, ки падару модарашро озор намедиҳад, ёфт мешавад. Қасам ба Худо! Ҳеҷ як аз озордиҳандаи падару модар, қатъкунандаи силаи раҳм ва ҳамчунин пирамарди зинокунандаву пӯшандаи либоси фахромезе, ки аз рӯи такаббуру худнамоӣ либоси худро мепӯшад, бӯи биҳишт ба машомаш намерасад, чун азамату бузургворӣ фақат шоистаи Парвардигори ҷаҳониён аст».[89]
Яке аз нишонаҳои Қиёмат сурати зиште аз мухолифату озор расонидан аст, ба тавре, ки фарзанд бо падари худ меҷангад ва ӯро мекушад. Чунонки дар ривоят омадааст, Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Қиёмат барпо намешавад, магар замоне, ки шахс бо ҳамсоя, бародар ва падари худ биҷангад».[90]
Кайфари нофармонӣ аз падару модар дар дунё
Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармудаанд: «Худованд (ҷазои) он чи аз гуноҳонро, ки бихоҳад то рӯзи қиёмат ба таъхир меандозад, магар азияту озор расонидан ба волидайн ва нофармонӣ аз ононро, ки Худованд кайфари онро дар дунё ва қабл аз марг ба шахси озордиҳандаву нофармон менамоёнад».[91]
Дар робита бо шеваи азияту озор ва кайфияти нофармонӣ нисбат ба падару модар, бояд донист, меъёри азияту озор расонидан ба падару модар ва ё ба яке аз он ду ҳамон тавре, ки Ибни Ҳаҷари Ҳайтамӣ гуфт, ба ин сурат аст, ки агар нисбат ба падару модар амале анҷом шавад, ҳарчанд дар урфу одат амри тавҳиномезу беэҳтиромона набошад, аммо мӯҷиби ранҷишу озурдагии хотири онон гардад, гуноҳи кабира мебошад, агарчи анҷом доданаш нисбат ба дигарон ҳаром набошад. Масалан, ба ин шакл, ки вақте писар ба падараш рӯ ба рӯ мешавад рӯи худро турш кунад ва чини абру намояд ва ё ин ки агар падараш дар пеши назари мардум ва дар миёни омма бар ӯ гузарад, аз ҷои худ барнахезад ва нисбат ба ӯ арзишу аҳамияте қоил нашавад ва аз ин қабил амалҳои дигар, ки назди шахси оқилу бомурувват ва аз назари урфу одат амали ранҷовару ноҷавонмардона маҳсуб гардад…
Б. Чанд асос дар бораи некӣ дар ҳаққи волидайн баъд аз марги ҳар ду ва ё яке аз он ду
Асоси аввал, анҷом додани тааҳҳудот ва васиятҳои падару модар
Табиист, ҳастанд афроди бузургсоле, ки дар даврони кӯдакии худ яке аз падару модари хешро аз даст додаанд, пас лозим аст ин гуна афрод дар даврони бузургии худ чизеро ба унвони эҳтирому бузургдошти эшон барои онон пеш гиранд ва ё ин ки дар даврони зиндагии худ, ки яке аз падару модарашон мемирад, лозим аст дар ҳаққи ӯ некӣ кунанд…
Бинобар ин, дар бораи некӣ кардан дар ҳаққи падару модар баъд аз фавти яке ва ё ҳар дуи онон асосу қоидаҳое вуҷуд дорад, ки яке аз ин асосу қоидаҳо ба ҷой овардани тааҳҳудоту васиятҳои онон аст. Чунонки дар ривоят омадааст, Шурайд ибни Сувайди Сақафиро модараш ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш ба ӯ тавсия намуд, ки баъд аз маргаш ғуломи мӯъминеро ба ҷои ӯ озод намояд. Сипас Шурайд назди Пайғамбари акрам (с) омад ва гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Модарам васият кардааст, ки баъд аз маргаш ғуломи мӯъминеро ба ҷои ӯ озод намоям ва акнун ман канизи сиёҳпӯсте дорам, оё ӯро озод намоям?» Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ӯро ба ин ҷо даъват кун». Ӯро даъват кард ва омад. Пайғамбари акрам (с) ба он каниз хитоб карда фармуданд: «Парвардигори ту кист?». Гуфт: «Парвардигори ман «Аллоҳ» аст. Фармуданд: «Ман чӣ касе ҳастам?». Дар ҷавоб гуфт: «Ту Расули Худо (с) ҳастӣ». Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Ин канизро озод кун, ба ростӣ, ки ӯ мӯъмин аст».
Аз Молик ибни Рабиъаи Соъидӣ ривоят шуда, ки гуфтааст: «Ҳангоме ки назди Пайғамбари акрам (с) нишаста будем, ногаҳон марде аз бани Салама омад ва гуфт: Эй Расули Худо! Оё чизе аз некӣ дар ҳаққи падару модарам боқӣ мондааст, ки баъд аз фавти онон маъмур ба анҷом доданаш бошам?» Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Оре, намози маййит бар онон ва дуову талаби омӯрзиш барои онон ва ба ҷой овардани паймонҳову васиятҳои эшон баъд аз фавташон, ҳамчунин ба ҷой овардани силаи раҳме, ки ба он ду тааллуқ дорад (аз қабили амакҳову аммаҳо ва тағоҳову холаҳо) ва икрому эҳтиром кардани дӯстону ошноён».[92]
Ногуфта намонад, ин ҳадис аксари аркони некиҳоро шомил мегардад.
Табиист, гоҳо фарзанд дар анҷоми васияти падару модараш дучори мушкилоту душвориҳое мешавад, аммо бояд донист, ки некии дурусту содиқона ва яқини комил ба Худои ғолибу тавоно ва такя ба ин гуфтаи Қуръон: «Мо индакум янфаду ва мо индаллоҳи боқин»[93] аз ҷумлаи авомиле ҳастанд, ки ӯро барои суръат бахшидан ба анҷоми васиятҳои падару модар ёрӣ медиҳанд.
Инак, дар ин робита намунаи ҷолиберо барои хонандагон баён мекунем. Дар ривоят омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) гуфт: «Вақте падарам Зубайр (р) дар воқеаи ҷанги Ҷамал истода буд, маро фаро хонд. Ман дар канори ӯ истодам ва гуфт: «Эй писарам! Имрӯз фақат золим ё мазлум кушта мешавад ва ман яқин дорам мазлумона кушта хоҳам шуд ва бузургтарин ғаму андӯҳи ман ба хотири қарзҳоям мебошад. Оё имкон дорад, ки қарзҳоямон чизе аз амволамонро боқӣ бигузорад?» Баъд гуфт: «Эй писарам! Он чӣ аз амволу амлокро, ки дорем, бифурӯшу қарзҳоямро бипардоз». Сипас нисбат ба сеяки моли худ ва тақсими сеяки изофӣ аз қарзҳоро дар байни фарзандони Абдуллоҳ (р) ва фарзандони худи Зубайр (р) васият карду гуфт: «Агар баъд аз пардохти қарзҳо чизе аз амволамон боқӣ монад, сеяки он барои фарзандони худат бошад».
Абдуллоҳ (р) мегӯяд: «Падарам Зубайр (р) пайваста пардохти қарзҳояшро ба ман тавсия мекарду мегуфт: «Эй писарам! Агар дар пардохти қарзҳоям нотавон мондӣ, барои адои онҳо аз мавлоям кӯмаку ёрӣ биҷӯй». Абдуллоҳ (р) мегӯяд: «Қасам ба Худо! Надонистам манзури ӯ аз ин гуфтор чист? То ин ки аз ӯ пурсидам: «Эй падари меҳрубонам! Мавлои ту кист? Дар ҷавоб гуфт: «Мавлои ман «Аллоҳ» аст». Абдуллоҳ (р) мегӯяд: «Қасам ба Худо ҳар гоҳ дар бораи пардохти қарзҳояш дучори мушкиле мешудам, мегуфтам: «Эй мавлои Зубайр (р), қарзҳои ӯро бипардоз», билофосила Худованд василаи пардохти онҳоро фароҳам месохт. Билохира Зубайр (р) кушта шуд, дар ҳоле ки ҳатто як дирҳам ва ё динор ба ҷой нагузошт, ба ҷуз як порча замини васеъ, боғ, ёздаҳ дар хона дар Мадина, ду дар хона дар Басра, як дар хона дар Куфа ва як дар хона дар Миср. Қарзҳои Зубайр (р) ба ин сурат буданд, ки як нафар моли худро пеши ӯ меовард ва ба унвони амонат назди ӯ мегузошт, Зубайр (р) мегуфт: «Ҳеҷ амонатеро аз шахсе нигоҳ намедорам, магар ин ки соҳибаш ӯҳдадори он гардад, зеро ман метарсам, он мол аз байн биравад ва ман молу сарвати хешро аз роҳи аморату молиёт ва боҷу хироҷ касб нанамудаам, ба ҷуз он чӣ аз ғанимат, ки дар ҷангҳо ҳамроҳи Пайғамбари акрам (с) ва ё бо Абубакр (р), Умар (р) ва Усмон (р) ба даст овардаам».
Абдуллоҳ ибни Зубайр (р)мегӯяд: «Қарзҳоеро, ки назди падарам буд, ҳисоб кардам, ба ду миллиону дусад ҳазор динор мерасид». Сипас, Ҳаким ибни Ҳизом (р) Абдуллоҳ ибни Зубайр (р)-ро дид ва ба ӯ гуфт: «Эй бародарзода! Чӣқадар қарз назди бародарам Зубайр (р) ҳаст? Абдуллоҳ (р) маблағи воқеиро нагуфт ва онро пинҳон дошт ва танҳо гуфт: «Сад ҳазор динор». Ҳаким (р) гуфт: «Қасам ба Худо! Фикр намекунам амволу дороии шумо ғунҷоишу кафофи ин қарзҳоро дошта бошад». Абдуллоҳ (р) гуфт: «Агар ин қарзҳо ду миллиону дусад ҳазор динор мебуд чӣ?» Ҳаким (р) гуфт: «Фикр намекунам аслан тавоноии пардохти онро дошта бошед, пас агар аз пардохти он нотавон мондед, аз ман кӯмаку ёрӣ бихоҳед, то шуморо кӯмак кунам».
Зубайр (р) он боғи васеъро ба маблағи саду ҳафтод ҳазор динор харида буд. Сипас писараш Абдуллоҳ (р) онро ба як миллиону шашсад ҳазор динор фурӯхт ва баъд баланд шуду ба овози баланд гуфт: «Ҳар кас ҳаққе бар падарам Зубайр (р) дорад, биёяд, то онро аз баҳои ин боғ ба ӯ бипардозем». Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ибни Абутолиб, ки чорсад ҳазор динор назди Зубайр (р) дошт омад ва ба Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) гуфт: «Агар хоҳед, то ин маблағро барои шумо бигузорам». Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) гуфт: «Не, лозим нест». Боз Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) гуфт: «Агар хоҳед, онро аз зумраи қарзҳое, ки ба таъхир меандозед, қарор диҳед ва пардохти онро низ ба таъхир биандозед». Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) гуфт: «Не, ниёзе нест». Сипас Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) гуфт: «Пас, як қитъа аз ин боғро бароям ҷудо кунед». Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) ҳамин корро кард ва ба ӯ гуфт: «Ин қитъа аз ин ҷо то он ҷо азони ту» ва онро ба ӯ фурӯхта, ба ин васила тамоми қарзҳои Ибни Ҷаъфар (р)-ро пардохт кард ва чор саҳму ними он боқӣ монд. Сипас, Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) назди Муъовия (р) рафт ва Амр ибни Усмон (р), Мунзир ибни Зубайр (р) ва Ибни Замъа (р) низ пеши ӯ буданд. Муъовия (р) ба Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) гуфт: «Баҳои боғ чӣ қадар шудааст?» Абдуллоҳ (р) гуфт: «Ҳар саҳме сад ҳазор дирҳам мебошад». Муъовия (р) гуфт: «Чӣ қадар боқӣ мондааст?» Абдуллоҳ (р) гуфт: «Чор саҳму ним». Баъд Мунзир ибни Зубайр (р) як саҳм ба маблағи сад ҳазор дирҳам, Амр ибни Усмон (р) ҳам саҳме ба сад ҳазор дирҳам ва Ибни Замъа (р) низ ба сад ҳазор дирҳам ба унвони саҳми худ бардоштанд. Муъовия (р) гуфт: «Акнун чӣ қадар боқӣ монд?» Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) гуфт: «Як саҳму ним». Муъовия (р) гуфт: «Ман он як саҳму нимро низ ба саду панҷоҳ ҳазор дирҳам гирифтам». Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) ҳам саҳми худро ба шаш ҳазор дирҳам ба Муъовия (р) фурӯхт. Бинобар ин, вақте Абдуллоҳ ибни Зубайр (р) аз адои қарзҳои Зубайр (р) фориғ шуд, писарони Зубайр (р) гуфтанд: «Мероси моро дар байнамон тақсим кун». Абдуллоҳ (р) гуфт: «Қасам ба Худо, онро дар байни шумо тақсим нахоҳам кард, то ин ки ба муддати чор сол дар замони муайян нидо мекунам: «Эй мардум! Ҳар кас қарзе пеши Зубайр (р) дорад, пеши мо биёед, то онро ба ӯ пас диҳем». Бинобар ин, ҳар сол дар замони муайяне нидо мекард (то ҳар кас қарзе пеши ӯ дорад, биёяд ва онро пас гирад).
Пас аз гузашти чор сол Абдуллоҳ (р) мероси падарашонро, (ки аз қарзҳояш боқӣ монда буд,) дар байни онон тақсим кард. Зубайр (р) чор зан дошт ва ба ҳар як аз он чор зан як миллиону сад ҳазор дирҳам расид. Абдуллоҳ (р) мегӯяд: «Тамоми сарвати Зубайр (р) панҷоҳ миллиону дусад ҳазор дирҳам буд».
Оре, ба ростӣ ин яке аз бузургтарин некиҳо аст, ки фарзанд дар ҳаққи волидайни худ мекунад, он ҳам ҳамроҳ бо имону эътиқоди комил ва ҳамроҳ бо яқину итминони халалнопазир ба Худои мутаъол дар осон сохтани амри нек ва анҷом додани васиятҳои онон…
Худованд ҳамаи моро аз зумраи некӯкорон бигардонад. Омин!
Асоси дуюм, дуъо ва талаби омӯрзиш барои падару модар
Муҳаммад ибни Сирин гуфтааст: «Назди Абуҳурайра (р) будем мегуфт: «Худоё, Абуҳурайраву модараш ва ҳар касеро, ки барои онон талаби омӯрзиш мекунад, бибахш!» Муҳаммад ибни Сирин мегӯяд: «Мо низ барои онон талаби омӯрзиш кардем, то ин ки ба дуои Абуҳурайра дохил шавем ва шомили он гардем».[94]
Қаблан ҳадисеро дар бораи «дуо ва талаби истиғфор барои падару модар…» ва ҳамчунин ҳадиси: «…ва фарзанди солеҳ барои падару модараш дуои хайр ва талаби мағфират мекунад..»-ро зикр кардем.
Дар ривояте Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Ҳамоно Худованди ғолибу тавоно дараҷаи бандаи некӯкорро дар биҳишт боло мебарад ва мегӯяд: «Парвардигоро! Чунин мақому дараҷае аз куҷо насиби ман шудааст?» Дар ҷавоб гуфта мешавад: «Ба василаи талаби омӯрзиши фарзандат барои ту ҳосил шудааст».[95]
Асоси сеюм, ба ҷо овардани силаи раҳми падару модар ва некӣ дар ҳаққи дӯстони онҳо
Дар ривоят омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Умар (р) ҳар вақте ба тарафи Макка мерафт ва аз савор шудан бар шутур дилгиру нороҳат мешуд, дарозгӯше дошт, бар он савор мешуд ва имомае низ бар сари худ мебаст. Рӯзе, дар ҳоле ки савор бар он дарозгӯш шудаву имомаашро ба даври сари худ баста буд, ба як нафар аъробие бархӯрд карду аз ӯ пурсид: «Оё ту писари фалон шахс ҳастӣ?» Аъробӣ гуфт: «Чаро на? Ҳастам». Абдуллоҳ ибни Умар (р) чаҳорпоро ба ӯ доду гуфт: «Савори он шав». Имомаашро низ ба ӯ доду гуфт: «Онро ба даври сари худ бибанд». Яке аз ёронаш гуфт: «Худованд туро биомӯрзад, чаҳорпое, ки бар он савор мешудӣ ва имомаеро, ки ба даври сари худ мебастӣ, ба ин аъробӣ додӣ?» Абдуллоҳ ибни Умар (р) дар ҷавоби дӯсташ гуфт: «Ман аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Беҳтарин некӣ дар ҳаққи падар ҳамон барқарор намудани иртиботи дӯстӣ ва некӣ намудани ӯ аст дар ҳаққи дӯстону ошноёни падараш баъд аз фавти ӯ».[96] Сипас гуфт: «Ман аз ин назар ба ин шахс некиву муҳаббат намудам, чун падараш падарам Умар ибни Хуттоб (р)-ро бисёр дӯст медошт».
Қаблан ҳадисеро дар робита бо барқарории дӯстӣ ва иртибот бо дӯстону ошноёни падару модар ва икрому бузургдошти онон баён намудем…
Ибни Ҳиббон дар «Саҳеҳ»-и худ аз Абубурда ривоят намуда, ки гуфтааст: «Вақте вориди Мадина шудам, Абдуллоҳ ибни Умар (р) назди ман омад ва гуфт: «Оё медонӣ, чаро пеши ту омадаам?» Гуфтам: «Не». Абдуллоҳ ибни Умар (р) гуфт: «Шунидам, ки Расули Худо (с) мефармуданд: «Касе, ки дӯст дорад бо падари худ дар қабраш иртибот дошта бошад, пас бояд бо бародарону дӯстони падараш баъд аз фавти ӯ робита дошта бошад (ва он пайванди дӯстиро қатъ накунад)».[97]Абдуллоҳ ибни Умар (р) гуфт: «Ман ба ин хотир пеши ту омадам, чун байни падарам Умар ва байни падари ту робитаи бародариву дӯстӣ буд ва ман дӯст доштам онро барқарор созам».
Боз аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Дӯстиву муҳаббати падаратро ҳифз кун ва онро қатъ макун (вагарна), Худованд нури (қалби) туро хомӯш менамояд».[98]
Асоси чорум, садақа додан барои падару модар
Абдуллоҳ ибни Аббос (р) гуфтааст: «Марде ба Пайғамбари акрам (с) гуфт: «Модарам фавт кардааст, агар барои ӯ садақа диҳам, ба ӯ суде мерасонад?» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, ба ӯ суд мерасонад». Он мард гуфт: «Пас, ман шуморо гувоҳ мегирам, ки моли ҳалоле дорам, онро садақаи ӯ кардам».[99]
Дар ривояти дигар омадааст: «Марде ба Пайғамбари акрам (с) гуфт: «Модарам сакта карда (забонаш баста) аст ва ман гумон мекунам агар ҳарф мезад, барояш садақа мекардам, агар барояш садақа кунам, аҷру подоше дорад?» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, аҷру савоб дорад».[100]
Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Вақте фарде бихоҳад садақае диҳад ва савоби онро барои падару модари мусалмонаш қарор диҳад, аҷру савоби он барои падару модараш мебошад ва худи ӯ низ ҳамонанди аҷру савоби ононро меёбад, бидуни ин ки чизе аз аҷру савоби онҳо кам гардад».[101]
Дар ривояте омадааст, ки Саъд ибни Убода (р) ҳамроҳи Пайғамбари акрам (с) дар яке аз ҷангҳо ширкат кард ва аз Мадина хориҷ шуда ба ҷиҳод рафт. Сипас, модараш дар Мадина дар ҳоли марг қарор гирифт ва ба ӯ гуфтанд: «Васияте кун». Модараш гуфт: «Дар бораи чӣ чизе васият кунам? Молу сарват азони Саъд мебошад». Билохира, пеш аз он ки Саъд ба Мадина баргардад, модараш фавт кард ва вақте ки Саъд баргашт, моҷароро ба огоҳии ӯ расониданд. Саъд гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Агар садақае барои модарам бикунам, ба ӯ суде мерасонад ва подоше меёбад?» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, ба ӯ суде мерасонад». Сипас Саъд гуфт: «Инак, боғеро бо чунину чунон мушаххасот садақаи ӯ гардонидам».[102]
Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки марде ба Пайғамбари акрам (с) гуфт: «Падарам фавт кардааст ва молу сарвате аз худ ба ҷо гузошта, аммо васият накардааст. Акнун агар барои ӯ садақа диҳам, ба ӯ суде мерасонад ва мӯҷиби бахшиши гуноҳонаш мешавад? Он ҳазрат (с) фармуданд: «Оре, ба ӯ суд мерасонад».[103]
Беҳтарин садақаи ҷория оби чоҳ ва ҷӯй мебошад
Дар ривоят омадааст, ки Саъд ибни Убода (р) гуфтааст: «Гуфтам: «Эй Расули Худо (с)! Модарам фавт кардааст, чӣ садақае барои ӯ анҷом диҳам, (аз назари савоб) беҳтар аст? Он ҳазрат (с) фармуданд: «Об». Пас Саъд ибни Убода чоҳи обе канду гуфт: «Ин чоҳи об садақаи модари Саъд аст».[104]
Боз аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд:«Касе, ки чоҳи обе биканад ва аз он андаруни шиками озодае аз ҷинну инс ва парранда сероб шавад, Худованд дар рӯзи қиёмат аҷру подоши неки ӯро хоҳад дод. Касе, ки масҷиде бисозад, агарчи хурдтар аз ошёнаи мурғи сангхора (бисёр хурд) бошад, Худованд хонае барои ӯ дар биҳишт месозад».[105]
Асоси панҷум, анҷом додани ҳаҷ ба ҷои падару модар
Дар ривоят мадааст, ки Абуразини Уқайлӣ назди Пайғамбари акрам (с) омад гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Падарам пиру солхӯрда аст, қодир ба сафар ва анҷоми маросими ҳаҷҷу умра намебошад, наметавонад худро бар василаи нақлия нигоҳ дорад». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ба ҷои падарат ҳаҷ ва умраро барои ӯ анҷом деҳ».[106]
Аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Марде назди Расули Худо (с) омад ва гуфт: «Падарам вафот кардааст ва ҳаҷ, ки воҷиби исломӣ аст, анҷом надодааст». Расули Худо (с) фармуданд: «Агар қарзе бар гардани падарат мебуд (баъд аз фавти ӯ) онро намепардохтӣ?». Он мард гуфт: «Оре, онро мепардохтам». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пас, ҳаҷ низ дайне аст бар гардани вай ва бояд ту онро (ба ҷои ӯ) анҷом диҳӣ».[107]
Аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки фалонии Ҷуҳанӣ гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Падарам вафот кардааст ва пирмарду солхӯрда буд ва ҳаҷро анҷом надодаву қодир ба сафару анҷоми он набуд. Расули Худо (с) фармуданд: «Ба ҷои падарат ҳаҷро анҷом деҳ».[108]
Дар ривоят омадааст, ки Зубайр ибни Арқам (р) гуфт: «Пайғамбари акрам (с) фармуданд:«Ҳар гоҳ шахс ба ҷои падару модараш маросими ҳаҷро анҷом диҳад, Худованд онро аз ӯ ва аз падару модараш қабул мекунад ва дар осмон ба арвоҳи онон муждаи қабули онҳо дода мешавад, (ин шахс) дар назди Худованд ба унвони фарди некӯкор навишта мешавад».[109]
Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) гуфтааст: «Расули Худо (с) фармуданд: «Касе, ки ба ҷои падару модараш маросими ҳаҷро анҷом диҳад, ба албатта ҳуҷҷаташро анҷом дода, савоби даҳ ҳаҷро меёбад».[110]
Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Марде назди Расули Худо (с) омад ва гуфт: «Падарам вафот кардааст ва фаризаи ҳаҷҷи исломӣ бар ӯ мебошад. Оё ба ҷои ӯ фаризаи ҳаҷро анҷом диҳам? Он ҳазрат (с) фармуданд: «Агар падарат қарздор мебуд ва мемурд, намебояд қарзи ӯро бипардозӣ?». Он мард гуфт: «Чаро не, бояд онро бипардозам». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Фаризаи ҳаҷ низ ҳамин тавр аст ва бояд онро ба ҷои ӯ анҷом диҳӣ».[111]
Асоси шашум, шитоб ва ҷиддият ба харҷ додан барои некӯкорӣ ба хотири хушҳол намудани падару модар
Худованд дар Қуръон мефармояд:
«Бигӯ: «амал кунед, пас ба зудӣ Худо ва Пайғамбараш ва мӯъминон (натиҷаи) амали шуморо мебинанд…».[112]
Ҳофиз Ибни Касир (р) дар бораи ин оят мегӯяд: «Дар аҳодис ва ривоёт омадааст: «Бегумон, аъмоли зинда ва дар ҳоли ҳаёт дар дунё бар мурдагони хешованду наздики онон дар олами барзах нишон дода мешавад». Сипас, ҳадисе аз Абудовуди Таёлисӣ бо санади худ аз Ҷобир (р) ривоят намуда, ки гуфтааст: Расули Худо (с) фармуданд: «Бегумон, аъмоли шумо бар хешовандону наздикони (фавткардаи) шумо нишон дода мешавад, пас, агар хубу некӯ бошанд, онҳо шоду хушҳол мешаванд ва агар хуб набошанд, мегӯянд: «Худовандо! Ба онон илҳом бифармо, то он чиро шоистаи тоату ибодати Ту аст, анҷом диҳанд».[113]
Сипас Ҳофиз ибни Касир ба дунболи ҳадиси боло ин ҳадиси Имом Аҳмадро бо санади худ аз Анас (р) оварда, ки гуфтааст: «Бегумон, аъмоли шумо бар хешовандону наздиконатон аз мурдагон нишон дода мешавад, пас агар хайру нек бошанд, онҳо шоду хушҳол мегарданд ва агар хуб набошанд, мегӯянд: «Худоё! Эшонро дар дунё мамирон, то ин ки ҳидояташон мекунӣ, ҳамчунонки моро ҳидоят кардаӣ».[114]
Омадааст, ки Абудардо (р) мегуфт: «Бегумон, аъмоли шумо бар амвотатон намоён мегардад, ҳам хушҳол мешаванд ва ҳам бадҳол». Сипас Абудардо (р) мегуфт: «Худоё! Ман ба Ту паноҳ мебарам аз ин ки кореро анҷом диҳам, ки дар назди тағоям Абдуллоҳ ибни Равоҳа хору беқадр гардам ва ӯро низ нохушнуд гардонам».[115]
Дар ривояти дигар омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Аъмоли мардум дар рӯзи душанбеву панҷшанбе бар Худои Мутаъол нишон дода мешаванд ва дар рӯзи ҷумъа бар пайғамбарону падарону модарон нишон дода мешаванд ва ба василаи некиҳои онон хушҳол мегарданд ва чеҳраҳояшон нурониву равшантар мешавад, пас тақвои Худоро пеша кунед ва мурдагони худро (ба василаи аъмоли ношоиста) маёзоред».[116]
Дар ривоят омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Аз ҷумлаи аъмолу ҳасаноти шахси мӯъмин, ки баъд аз маргаш ба ӯ мерасад, иборатанд аз илме, ки онро ба дигарон омӯхтаву густариш додааст, ё фарзанди солеҳе, ки аз худ ба ҷой гузоштааст, ё масҷиде, ки онро (холис барои ибодати Парвардигор) бино намудааст, ё хонае, ки (ба унвони паноҳгоҳу маҳалли истироҳати) роҳгузарону дар роҳ мондагон сохтааст, ё чоҳи обе канда ё қанотеро барои истифодаи умуми мардум ихтисос додааст ва ё садақаву закоте аст, ки (барои рафъи ниёзмандиҳои ниёзмандон) онро аз молу дороии худ дар вақти дар қайди ҳаёт буданаш ва дар ҳолати сиҳату тандурустӣ баровардааст, баъд аз маргаш ба ӯ мерасад».[117]
Оре, ин мафҳуми ҳамон ҳадиси саҳеҳе аст, ки қаблан баён намудем, ки Пайғамбари акрам (с) мефармоянд: «Вақте инсон фавт кард, амали ӯ дар дунё қатъ мегардад, ҷуз се чизе, (ки дар дунё аз худ ба ҷо гузоштааст): 1. Садақаи ҷория, 2. Илме, ки мавриди истифода (-и машрӯъ) қарор гирад, 3. Фарзанди солеҳе, ки барои ӯ дуои хайр кунад».[118]
Умед аст Худованд ин се хислати писандидаро рӯзии тамоми мусалмонон гардонад ва ҳамаи моро ба иҷро намудани амру фармонҳояш ва розӣ кардани Зоти покаш муваффақ созад.
Асоси ҳафтум, зиёрати қабри падару модар
Аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) қабри модарашонро зиёрат карда, гиристанд ва касоне, ки перомуни он ҳазрат (с) буданд, низ гиря карданд. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Аз Парвардигорам иҷозат хостам, то барои модарам талаби омӯрзиш кунам, ба ман иҷозат дода нашуд ва аз ӯ иҷозат хостам, то ин ки қабри модарамро зиёрат кунам, ба ман иҷозати ин кор дода шуд. Пас шумо низ қабрҳоро зиёрат кунед, зеро зиёрати қабрҳо маргро ба ёди инсон меандозад ва ба фикри он меафтад».[119]
Абубурайда (р) аз падараш нақл намудааст, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Шуморо аз зиёрати қабрҳо манъ карда будам (аммо баъдан) ба Муҳаммад (с) иҷозат дода шуд, ки қабри модарашро зиёрат кунад. Пас, шумо ҳам қабрҳоро зиёрат кунед, чаро ки зиёрати қабрҳо инсонро ба ёди (марг ва ҳисобу китоб) охират меандозад».[120]
Дар ривояте омадааст, ки Пайғамбари акрам (с) дар миёни ҳазор нафар, ки дар либоси ҷиҳод буданд, қабри модарашонро зиёрат карда, чунон гиря карданд, ки ҳеҷ рӯзе бештар аз он рӯз дар ҳолати гиря кардан дида нашуда буд.[121]
Асоси ҳаштум, ба ҷой овардани амри мавриди қасами волидайн ва адои қарзҳои онон
Яке дигар аз роҳҳои некӣ кардани фарзандон дар ҳаққи падару модар ба ҷой овардани умури мавриди қасам ва адои қарзҳои эшон аст, то дашному бадномӣ барои онон фароҳам нагардад. Чунонки Абдурраҳмон ибни Самура (р) гуфтааст: «Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Касе, ки амри мавриди қасами падару модарашро ба ҷо биоварад, қарзҳояшонро бипардозад ва дашному бадзабонӣ барои онон фароҳам насозад, ба унвони фарди некӯкор маҳсуб мешавад, агарчи дар зиндагияш (нисбат ба онон) озордиҳанда буда бошад. Касе, ки амри мавриди қасами падару модарашро ба ҷо наоварад, қарзҳояшонро адо нанамояд ва василаи дашному бадзабониро барои онон фароҳам кунад, ба унвони фарди озордиҳанда маҳсуб мегардад, агарчи дар зиндагияш (дар ҳаққи онон) некӯкорбуда бошад».[122]
Асоси нуҳум, рӯза гирифтан ба ҷои падару модар
Аз Абдуллоҳ ибни Бурайда (р) ривоят шудааст ва ӯ аз падараш нақл намуда, ки гуфтааст: «Зане назди Пайғамбари акрам (с) омад ва гуфт: «Модарам фавтидааст ва рӯзаи ду моҳ бар ӯқарз мебошад». Он ҳазрат (с)фармуданд: «Ба ҷои ӯ рӯза бигир». Он зан гуфт: «Бар ӯ ҳаҷҷи воҷиб низ ҳаст». Он ҳазрат (с)фармуданд: «Ба ивази ӯ барояш ҳаҷ кун». Он зан гуфт: «Ман як садақаи ҷория барои ӯ анҷом додам». Он ҳазрат (с)фармуданд: «Худованд ба ту аҷру подоши нек дода ва мероси ӯро барои ту баргардонидааст».[123]
[1]. Сураи Исро, 17: 23-24.
[2]. Сураи Анкабут, 29: 8.
[3].Яъне: ҳар вақт сусттар мешавад.
[4]. Сураи Луқмон, 31: 14-15.
[5]. Ба ривояти Ҳоким аз Абуҳрайра (р). Ва гуфтааст: Санади он саҳеҳ мебошад. Ва Заҳабӣ дар «Ал-Мустадрак». – Ҷ. 4.. – С. 154 онро саҳеҳ донистааст.
[6]. Ба ривояти Табаронӣ аз Ибни Умар (р).
[7]. Ба ривояти Кулайб ибни Минфаъа аз бобояш.
[8]. Ба ривояти Аҳмад аз Миқдом ибни Маъдиякриб. Ва ба ривояти Бухорӣ дар «Ал-Адаб». Ва ба ривояти Табаронӣ ва Ҳоким.
[9]. Ба ривояти Ибни Моҷа аз Абуумома (р).
[10]. Ба ривояти Тирмизӣ аз Ибни Умар (р) ва Ибни Ос (р).
[11]. Ба ривояти Имом Аҳмад ва Насоӣ аз Ҷоҳима (р) ба таври марфӯъ. Ва ба ривояти Бухорӣ дар «Ал-Адаб» ва ба ривояти Табаронӣ ва Ҳоким.
[12]. Ба ривояти Абудардо ва ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 4.. – С. 152 ва гуфтааст: Саҳеҳу-л-иснод мебошад.
[13]. Ба ривояти Имом Аҳмад аз Анас (р).
[14]. Ба ривояти Абуяъло, Табаронӣ, Ҳоким ва Асбаҳонӣ аз Муоз ибни Анас (р).
[15]. Ба ривояти Ибни Моҷа ва Ибни Ҳиббон дар «Саҳеҳ».
[16]. Ба ривояти Тирмизӣ аз Салмон (р).
[17]. Ба ривояти Тирмизӣ аз Ибни Умар (р).
[18]. Ба ривояти Насоӣ аз Оиша (р).
[19]. Ба ривояти Муслим аз Абуҳрайра (р).
[20]. Ба ривояти Имом Аҳмад бо санади саҳеҳ.
[21]. Ба ривояти Имом Аҳмад ва Табаронӣ бо ду санад, ки санади Табаронӣ саҳеҳтар аст. Ҳамон тавре, ки Ҳайсамӣ дар «Ал-Маҷмаъ». – Ҷ. 8.. – С. 147 баён намудааст.
[22]. Нақл аз «Эҳёу улуми-д-дин». – Ҷ. 2.. – С. 238.
[23]. Ба ривояти Насоӣ.
[24]. Дар «Саҳеҳайн» аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р).
[25]. Дар «Саҳеҳайн» ибора аз Муслим, аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р).
[26]. Нақл аз «Эҳёу улумид-дин». – Ҷ. 2.. – С. 238.
[27]. Нақл аз китоби Бадоеъус-саноеъ». – Ҷ. 7.. – С. 98.
[28]. Ба ривояти Тирмизӣ аз Алӣ ибни Абутолиб (р). Таваҷҷӯҳ барои иттилоъ бар тамоми ҳадис ба «Тоҷул-усул». – Ҷ. 5.. – С. 339 руҷӯъ шавад.
[29]. Имом Аҳмад дар ин бора мегӯяд: «Падару фарзандеро ҳамчун Умар (р) ва фарзандаш барои ман биёбед, ки падар ба писараш дастур диҳад, ки занашро талоқ диҳад ва писар низ дастури ӯро иҷро намояд».
[30]. Ба ривояти Имом Аҳмад ба таври мухтасар ва ба ривояти Табаронӣ бо иборае махсус ба худи аз Абдуллоҳ ибни Абуавфо (р).
[31]. Ба ривояти Шайхайн дар Саҳеҳайни худ аз Абуҳрайра (р).
[32]. Ба ривояти Тирмизӣ.
[33]. Ба ривояти Муслим.
[34]. Дар «Саҳеҳайн» аз Ибни Умар (р). «Фатҳу-л-борӣ». – Ҷ. 5.. – С. 209, ҳадиси 2272.
[35]. Ҳофиз ибни Ҳаҷар мегӯяд: Ибни Баттол гуфтааст: Сабаби дуои модари Ҷурайҷ барои фарзандаш ин буд, ки дар шариати онон сухан гуфтан дар намоз мубоҳ мебошад ва намозро ботил намекунад. Пас вақте ки истимрори намозу муноҷоти Ҷурайҷ бар адами иҷобати садо задани модараш асар гузошт, модараш низ ба хотири ин ки фарзандаш ҳаққи ӯро ба таъхир андохт, аз ин рӯ барои ӯ дуо кард.
Боз Ибни Ҳаҷар гуфтааст: Он чи, ки дар тардид ва дудилии Ҷурайҷ дар ин гуфтаи ӯ, ки мегӯяд: «Модарам, ё намозам!» намоёнгари ин аст, ки дар эътиқоди ӯ дар вақти намоз хондан, сухан гуфтан намозро ботил мекунад, аз ин рӯ ҷавоби модарашро надод. Чунонки Ҳасан ибни Суфён аз тариқи Лайс аз Язид ибни Ҳавшаб, аз падараш ривоят намуда, ки гуфтааст: Аз Расули Худо (с) шунидам, ки мефармуданд: «Агар Ҷурайҷ олиму огоҳ мебуд, мусалламан медонист, ки ҷавоб додан ба модараш аз ибодати Парвардигораш беҳтар буд».«Фатҳул-борӣ». – Ҷ. 3.. – С. 321.
[36]. Ба ривояти Муслим.
[37]. Нақл аз «Саҳеҳ»-и Муслим. – Ҷ. 8.. – С. 87 дунболи ҳадиси 8 (ҷузъи дуюм, ҳадиси 8).
[38]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 4.. – С. 152 ва гуфтааст «саҳеҳул-иснод» мебошад.
[39]. Ба ривояти Абудовуд аз Умар ибни Соиб (р).
[40]. Ба ривояти Абудовуд аз Абутафайл (р).
[41]. Ба ривояти Шайхон аз Абуҳозим (р).
[42]. Ба ривояти Аҳмад, Бухорӣ, Муслим, Абудовуд, Насоӣ ва Таёлисӣ.
[43]. Тафсири Фахри Розӣ. – Ҷ. 25.. – С. 35.
[44]. Дар «Тафсири Қуртубӣ». – Ҷ. 13.. – С. 327 дар тафсири ҳамин ояти 8 достони Саъд ва модараш бо ибораи дигаре омадааст.
[45]. Сураи Анкабут, 29: 8.
[46]. Сураи Луқмон, 31: 15.
[47]. Ба ривояти Ибни Ҷарир бо санади худ аз Ибни Зиёд ва ба ривояти Муҳаммад ибни Исҳоқ ибни Ясор. Ҳамчунин дар «Мухтасари Ибни Касир, (Собунӣ) нақл шудааст.
[48]. Ба ривояти Шайхайн.
[49]. Сураи Мумтаҳана, 60: 8.
[50]. Сураи Марям, 19: 41-50.
[51]. Ба ривояти Бухорӣ дар «Адабул-муфрад» аз Абукасири Тамимӣ.
[52]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 3.. – С. 46.
[53]. «Саҳеҳайн» аз Абуҳурайра (р).
[54]. Яъне: ҳар вақт сусттар мешавад.
[55]. Сураи Луқмон, 31: 14.
[56]. Ба ривояти Бухорӣ дар «Адабул-муфрад» ва ба ривояти Аҳмад, Ибни Моҷа ва Ҳоким низ онро бо ибораи худ саҳеҳ донистааст.
[57]. Нақл аз «Саҳеҳу-л-ҷомеъ, шумораи ҳадиси 1400 ва Абуяъло низ онро дар «Сунан»-и худ аз Саъсаъаи Маҷошӣ ривоят намудааст ва ба ривояти Табаронӣ аз Усома ибни Шарик.
[58]. Ба ривояти Ҳоким ва Абудовуд.
[59]. Ба ривояти Ҳоким ва Абудовуд.
[60]. Ба ривояти Аҳмад, Абудовуд ва Ибни Моҷа аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р).
[61]. Ба ривояти Абуҳанифа дар «Муснад»-и худ аз Оиша (р).
[62]. Ба ривояти Бухорӣ, Тирмизӣ ва Насоӣ.
[63]. Ин буд он чӣ, ки Қуртубӣ дар тафсири худ дар бораи пирамарду писараш баён намудааст. (ҷ. 10.. – С. 246).
[64]. Ба ривояти Ибни Моҷа ва Байҳақӣ.
[65]. Ба ривояти Тирмизӣ, Насоӣ, Ибни Моҷа, Байҳақӣ ва Абудовуд аз Ибни Умар (р).
[66]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 3.. – С. 597.
[67]. Ба ривояти ровиёни панҷгона, ба ҷуз Бухорӣ.
[68]. Ба ривояти Дорақутнӣ.
[69]. Ба ривояти Абудовуд, Аҳмад, Тирмизӣ ва ба ривояти Бухорӣ дар «Адабул-муфрад» аз Абуҳурайра (р) ва ба ривояти Ибни Моҷа, Таёлисӣ ва Табаронӣ.
[70]. Ба ривояти Бухорӣ аз Анас (р).
[71]. Яъне аз фавти аввалин фарзанд то замоне, ки ҳоҷиёни Басра баргаштанд ба ҳудуди саду бист нафар расиданд. Баргаштани ҳоҷиёни Басра дар соли 75 ҳиҷрӣ рух дод, ки дар он мавқеъ Анас ҳудуди ҳаштоду чанд сол син дошт, ки баъд аз он се сол ва бинобар қавли дигар ду сол зиндагӣ кард. Бинобар қавле Анас навадуяк сол ва бинобар қавлҳои дигар наздик ба сад сол зиндагӣ кард. Нақл аз «Фатҳул-борӣ». – Ҷ. 4.. – С. 751 шарҳи ҳадиси 1982.
[72]. Ба ривояти Бухорӣ дар «Адабул-муфрад» аз Абӯҳозим (р).
[73]. Ба ривояти Имом Аҳмад.
[74]. Ба ривояти Абдурраззоқ дар «Мусаннаф». – Ҷ. 11.. – С. 138 ва ба ривояти Ибни Синнӣ аз Абуҳурайра (р).
[75]. Ба ривояти Ибни Абудунё ба таври мурсал аз Абулмахориқ.
[76]. «Саҳеҳайн» аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р).
[77]. Ба ривояти Абуяъло дар «Муснад». – Ҷ. 2.. – С. 59 бо санади саҳеҳва ба ривояти Аҳмад дар «Муснад». – Ҷ. 1.. – С. 169.
[78]. Дар «Саҳеҳайн» ба ривоят аз Абуҳурайра (р).
[79]. Ба ривояти Муслим.
[80]. Ба ривояти Ибни Хузайма дар Саҳеҳи худ. – Ҷ. 4.. – С. 342 бо санади саҳеҳ.
[81]. Ба ривояти Ибни Хузайма аз ҳамон марҷаъ.
[82]. Ба ривояти Ибни Хузайма дар Саҳеҳи худ. – Ҷ. 4.. – С. 347 ба ривояти Муслим.
[83]. Дар Саҳеҳайн аз Абубакраи Нуфайъ.
[84]. Ба ривояти Насоӣ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р).
[85]. Ин даҳ тавсия ба ривояти Имом Аҳмад, Ибни Моҷа ва Бухорӣ дар «Адабул-муфрад» аз Муъоз (р).
[86]. Ба ривояти Бухорӣ аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (р).
[87]. Дар Саҳеҳайн ба ривоят аз Муғира ибни Шӯъба (р).
[88]. Ба ривояти Имом Аҳмад аз Молик ибни Амр ва Қушайрӣ.
[89]. Ба ривояти Табаронӣ дар «Ал-Авсат» аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р).
[90]. Ба ривояти Бухорӣ дар «Адабул-муфрад». – Ҷ. 1.. – С. 203 аз Абумӯсо (р) ба таври марфӯъ.
[91]. Ба ривояти Ҳоким ва Исбаҳонӣ аз Абубакра (р).
[92]. Ба ривояти Абудовуд.
[93].«Он чӣ назди шумо аст нопойдору фонӣ аст ва он чӣ назди Худо аст ҳамешаву боқӣ аст».Сураи Наҳл, 16: 94.
[94]. Ба ривояти Бухорӣ дар «Адабул-муфрад» аз Муҳаммад ибни Сирин (р).
[95]. Ба ривояти Имом Аҳмад ва Табаронӣ дар «Ал-Авсат» бо ровиёни мавриди итминон.
[96]. Ба ривояти Муслим, Имом Аҳмад, Бухорӣ дар «Адабул-муфрад, Абудовуд ва Тирмизӣ.
[97]. Ба ривояти Абуяъло, ба силсилаи Ал-Аҳодисус-Саҳеҳа, ҳадиси шумораи 1432 руҷӯъ шавад.
[98]. Ба ривояти Табаронӣ дар «Ал-Авсат» санади он хуб мебошад ва Ҳайсамӣ онро дар «Ал-Маҷмаъ». – Ҷ. 8.. – С. 147 баён намудааст.
[99]. Ба ривояти Шайхайн, Насоӣ ва Абудовуд аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р).
[100]. Ба ривояти ҷамоате аз ровиён ба ҷуз Тирмизӣ аз Оиша (р) ва ба ривояти Ибни Хузайма дар «Саҳеҳ». – Ҷ.4.. – С. 124.
[101]. Ба ривояти Табаронӣ дар «Ал-Авсат».
[102]. Ба ривояти Молик ва Насоӣ аз Саъд ибни Амр ибни Шураҳбил (р).
[103]. Ба ривояти Ибни Хузайма дар «Саҳеҳ». – Ҷ. 4.. – С. 123 бо санади саҳеҳ.
[104]. Ба ривояти Абудовуд ва Насоӣ аз Саъд ибни Убода (р).
[105]. Ба ривояти Ибни Хузайма дар «Саҳеҳ». – Ҷ. 2.. – С. 269 ва ба ривояти Ибни Моҷа. Мустафои Аъзамӣ гуфтааст: Санади он саҳеҳ мебошад.
[106]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 1.. – С. 481.
[107]. Ба ривояти Баззор ва Табаронӣ дар «Ал-Авсат» ва «Ал-Кабир» бо санади хуб ва Ҳайсамӣ низ онро дар «Ал-Маҷмаъ». – Ҷ. 3.. – С. 282 зикр кардааст.
[108]. Ба ривояти Ибни Хузайма дар «Саҳеҳ». – Ҷ. 4.. – С. 343 ва санади он саҳеҳ мебошад.
[109]. Ба ривояти Дорақутнӣ. Азизӣ дар «Шарҳул-ҷомеъус-сағир» гуфтааст: Ин ҳадис саҳеҳ аст.
[110]. Ба ривояти Дорақутнӣ – 2/260.
[111]. Ба ривояти Дорақутнӣ.
[112]. Сураи Тавба, 9: 105.
[113].Ҳадиси Абудовуди Таёлисӣ аз Ҷобир (р).
[114]. Ба ривояти Имом Аҳмад аз Анас (р).
[115]. Ба ривояти Имом Ибни Муборак бо санади худ аз Абудардо (р).
[116]. Дар «Ал-Ҷомеъус-сағир» ва ба ривояти Ҳаким Тирмизӣ аз падари Абдулазиз. Ва устод Абдуллоҳ Сироҷ онро дар китоби худ «Ал-Имону биавомилил-охира».. – С. 96 нақл кардааст.
[117]. Ба ривояти Ибни Хузайма дар «Саҳеҳ». – Ҷ. 4.. – С. 121 аз Абуҳурайра (р).
[118]. Ба ривояти Муслим ва Ибни Хузайма дар «Саҳеҳ»-и худ ва ба ривояти Имом Аҳмад дар «Муснад». – Ҷ. 2.. – С. 372.
[119]. Ба ривояти Муслим, Абудовуд ва Насоӣ.
[120]. Ба ривояти Тирмизӣ ва онро саҳеҳ донистааст.
[121]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 1.. – С. 375 ва онро ба шарти ривояти Шайхайн саҳеҳ донистааст. Заҳабӣ низ ба он ишора кардааст.
[122]. Ба ривояти Табаронӣ дар «Ал-Авсат» ва Ҳайсамӣ дар «Ал-Маҷмаъ». – Ҷ. 8.. – С. 148 санади онро баён накардааст.
[123]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 4.. – С. 347 ва санади онро саҳеҳ донистааст.