×
Бародарони мусалмон! чи тавре, ки Худованд баъзе ҷойҳоро бар баъзе дигар фазилату бартари бахшидааст, инчунин баъзе вақтҳоро бар вақтҳои дигар авлавияту бартари додааст, ки дар ин амр ҳикмати бузург аст. Фазилати замон танҳо ба моҳи Рамазон, даҳаи Зилҳиҷҷа, Рӯзи Арафа, рӯзи ҷумъа ва рӯзҳои ид маҳдуд намешавад, балки дар ин моҳи Муҳаррам як рӯзи бузурге ҳаст, ки он рӯзи Ошуро номида мешавад.

    ФАЗОИЛИ МОҲИ МУҲАРРАМ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Солеҳ ибни Фавзон ал-Фавзон

    2012 - 1434

    فضائل شهر المحرم

    «باللغة الطاجيكية»

    صالح بن فوزان الفوزان

    2012 - 1434

    ФАЗОИЛИ МОҲИ МУҲАРРАМ

    Эй мардум, аз Худо битарсед ва бидонед, ки шумо ҳар оина Ӯро хоҳед дид.

    Худованд мефармояд:

    ﴿وَٱتَّقُواْ يَوۡمٗا تُرۡجَعُونَ فِيهِ إِلَى ٱللَّهِۖ ثُمَّ تُوَفَّىٰ كُلُّ نَفۡسٖ مَّا كَسَبَتۡ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ ٢٨١﴾

    سُورَةُ البَقَرَةِ ٢٨١

    “Ва аз он рӯзе битарсед, ки дар он ба сӯи Худо бозгардонида мешавед. Сипас ба ҳар кас подоши аъмолаш пурра дода мешавад, дар ҳоле, ки бар эшон ҳеҷ ситам нахоҳад шуд”

    (Бақара, 281)

    Бародарони мусалмон! чи тавре, ки Худованд баъзе ҷойҳоро бар баъзе дигар фазилату бартари бахшидааст, инчунин баъзе вақтҳоро бар вақтҳои дигар авлавияту бартари додааст, ки дар ин амр ҳикмати бузург аст.

    Фазилати замон танҳо ба моҳи Рамазон, даҳаи Зилҳиҷҷа, Рӯзи Арафа, рӯзи ҷумъа ва рӯзҳои ид маҳдуд намешавад, балки дар ин моҳи Муҳаррам як рӯзи бузурге ҳаст, ки он рӯзи Ошуро номида мешавад. Худи он ҳазрат (с) тамоми ин моҳро ба навъе аз ибодатҳо махсус мегардонд, зеро баъди Рамазон дар моҳи мазкур рӯзаи нафли гирифтанро авло мешумурд.

    Бешак, моҳи Муҳаррам дар таърихи паёмбарони илоҳи шаъну мақоми хос дошт. Ба хотири бузургдошти ин моҳ ва хуб шумурдани ибодат дар он ва иртиботи он ба таърихи анбиё, ба хусус ҳазрати Мӯсо (ъ) панҷ чизро зикр хоҳам кард:

    Аввал: Ин аст, ки моҳи Муҳаррам моҳи пирӯзии мӯъминон ва бартарии имон мебошад. Имом Бухори дар Саҳеҳи худ ҳадиси Ибни Аббос (р)-ро ривоят мекунад, ки гуфт: Расули Худо (с) ба Мадина омаданд ва диданд, яҳудиҳои Мадина рӯзи Ошуроро рӯза мегиранд. Аз ин рӯ, пурсид: Ин чи рӯз аст? Гуфтанд: Ин рӯзи хуҷаста аст, ки Ҳақ таъоло Бани Исроилро аз душманашон раҳонид.

    Дар ривояти Саҳеҳи Муслим омада: Ин рӯзи бузургест, ки Худованд Мӯсо (ъ) ва қавмашро дар ин рӯз наҷот дод ва Фиръавну қавмашро ғарқ кард.

    Балки дар баъзе ривоятҳо омада, ки Насоро ҳам ин рӯз (Ошуро)-ро низ бузург мешумурданд ва эҳтимол меравад, ки Исо (ъ) ба хотири он, ки амали мазкур ба воситаи шариъати Мӯсо (ъ) мансух (бекор) нагардида буд, рӯза мегирифт. Зеро бисёр амалҳову таълимоти Мӯсо (ъ) ба воситаи шариъати Исо (ъ) мансух гардида буд, чи тавре,ки Худованд мефармояд:

    ﴿وَلِأُحِلَّ لَكُم بَعۡضَ ٱلَّذِي حُرِّمَ عَلَيۡكُمۡۚ ٥٠﴾

    سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ٥٠

    “Ва то бароятон баъзе чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром гардонида шудаанд, ҳалол гардонам”

    (Оли Имрон, 50)

    Агарчанде ҷуз бузургдошти ҳазрати Мӯсо ва Муҳаммад (с) нисбати моҳи мазкур чизи дигар собит нашудааст, вале худи ҳамин амр барои азамату бузургии моҳи мазкур кифоят мекунад ва месазад, ки мусалмонон дар ин моҳ аз пирӯзии як гурӯҳ мӯъминон ва нестшавии сипоҳи куфру туғён бо роҳбарии Фиръавн ёдовари намоянд.

    Дуввум: Бо вуҷуди бузургдошти паёмбарони илоҳи Ошурои моҳи Муҳаррамро, мардумони ҷоҳили қабл аз Ислом низ онро эҳтиром менамуданд.

    Дар “Саҳеҳи Бухорӣ” ҳазрати Оиша (р) мегӯяд: “Қурайшиҳо рӯзи Ошуроро дар замони ҷоҳилият рӯза мегирифтанд. Паёмбари Худо (с) ҳам қабл аз Ислом он рӯзро рӯза мегирифтанд. Чун ба Мадина омаданд, худашон рӯзи Ошуроро рӯза гирифта ва ба дигарон рӯза гирифтани онро амр намуданд. Вақте моҳи Рамазон фарз гардид, рӯзи Ошуроро тарк намуданд, аз ин рӯ, ҳар кас мехост, онро рӯза мегирифт ва ҳар ки намехост, рӯза намегирифт”. Рози рӯза гирифтани қурайшиҳои бутпараст, ки аҳли китоб набуданд, дар чист?

    Имом Қуртуби (р) дар ин маврид мегӯяд: Шояд мардуми мушрики Қурайш дар ин амр (рӯзагири) аз шариату равиши ҳазрати Иброҳим (ъ) пайрави мекарданд.

    Вале рӯзагирии он ҳазрат (с) ба маънои мувофиқат намудан бо онҳо дар ин феъли накӯ маҳсуб мегардад.

    Ҳамчунин, Ибни Ҳаҷар, шореҳи Саҳеҳи Бухори мегӯяд: Рӯзаи Ошуро гирифтани қурайшиҳои бутпараст шояд ба хотири он буд, ки онҳо ин амалро аз шаръ ва равиши гузаштагон қабул карданд. Бинобар ин, онҳо барои бузургдошти рӯзи мазкур Хонаи Каъбаро ҷомаи нав мепӯшонданд.

    Аз Икрима (донишманди тобеи) (р) дар ин маврид суол шуд, ӯ чунин ҷавоб дод:

    "Қурайш дар ҷоҳилият гуноҳе содир карданд, ки дар дилашон бузург ҷилвагар шуд. Ба онҳо гуфта шуд: Ошуроро рӯза бигиред, гуноҳи мазкурро каффора хоҳад шуд".

    Бубин, бародари мусалмон, ҳар гоҳ яҳудиён ва қурайшиҳо, ки ҳама кофиру бутпарастанд, рӯзи Ошуроро эҳтиром менамоянд, пас оё ту ба бузургдошти рӯзи мазкур аз онҳо шоистатар нести? Дар ҳоле, ки ту мусалмони ва робитаи имони ва ақидати туро бо мӯъминони растагори асри Фиръавн пайванд медиҳад, зеро мусалмонон дар ҳама асру замон тибқи насси Қуръон як уммат маҳсуб мегарданд.

    Саввум: Ба ҷо овардани шукри Худо ва бузургдошти ин моҳ (Муҳаррам) рӯза гирифтани он, ё ақаллан рӯзагирии Ошурои он мебошад, зеро имом Муслим дар “Саҳеҳ”-аш аз ҳадиси Абуҳурайра ривоят мекунад, ки Расули акрам (с) фармуданд:

    “Беҳтарин рӯза баъди моҳи Рамазон, моҳи Худо, яъне Муҳаррам мебошад ва беҳтарин намоз баъди намозҳои фарзи намози шаб аст”.

    Агар гуфта шавад, ки дар “Саҳеҳи Бухори” Оиша (р) ривоят кардааст, ки он ҳазрат (с) дар моҳи Шаъбон бисёр рӯза мегирифтанд ва дар ривояти дигар тамоми Шаъбонро рӯза мегирифтанд, ки Муҳаррамро чунин рӯза намегирифтанд. Пас чи гуна миёни фазилату бузургии Муҳаррам ва Шаъбон фарқ мегузорем? Имом Навави (р) дар ин бора посухи хубе гуфтааст: Шояд он ҳазрат (с) ба фазилату бузургии Муҳаррам дар охири умри мубораки хеш огоҳии бештар ёфтанд, ки дигар фурсати рӯзагирии зиёд дар он даст надод, ё сафарҳо ва бемориҳое сабаб гардид, ки дар он рӯзаи бисёр гирифта натавонистанд.

    Ба ҳар ҳол рӯзаи бисёр гирифтан дар моҳи Муҳаррам бароят машаққатовар бошад, ақаллан рӯзаи Ошуроро аз даст мадеҳ. Зеро дар фазилати рӯзаи Ошуро ҳадиси зайл омадааст:

    “Рӯзаи Ошуро, умедворам аз Худо, ки он тамоми гуноҳони соли гузаштаро маҳв менамояд”

    (Ривояти Муслим)

    Дар ривояти дигар омада:

    “Рӯзаи Ошуро гуноҳони соли гузаштаро каффорат менамояд”.

    Аз ҷиҳати мухолифати яҳуд дар рӯзаи Ошуро суннат ин аст, рӯзи нуҳумро бо даҳум якҷо рӯза гирифта шавад, чи тавре, дар “Саҳеҳи Муслим” сухани Паёмбари Худо (с) омада:

    “Агар то соли оянд зинда монам, ҳар оина рӯзи нуҳумро рӯза хоҳам гирифт”.

    Комилтарин тарзи рӯзаи Ошуро, рӯзҳои нуҳум, даҳум ва ёздаҳуми Муҳаррам мебошад, зеро уламои дин се мартаба ва се тарзи рӯзаи Ошуроро баён карданд.

    Якум: Фақат рӯзагирифтани рӯзи даҳум.

    Дуввум: Рӯзи “нуҳум ва даҳум”.

    Саввум: Тамоми рӯзҳои нуҳум, даҳум ва ёздаҳумро рӯза гирифтан, ки ин беҳтаринашон ба ҳисоб меравад.

    Дар аснои рӯзаи Ошуро гирифтанат фазилати рӯза, гуноҳони яксоларо каффорат шудани рӯзаи Ошуро, ҳамчунин бузургии рӯзи мазкур ва пирӯзии муъминон бар кофиронро ба ёд биёр ва аз Худованд масъалат намо, ки Ислом ва мусалмононро дар замони мо азиз ва пирӯз бигардонад.

    Ин фоидаи бузург ва беҳтарин мебошад, ки бояд ҳар мусалмон на танҳо дар вақти рӯза, балки дар тамоми ибодатҳо пиромуни он андешаву тааммул намояд.

    Фоидаи мазкур иборат аз ин аст, ки дар анҷоми амалҳои нафли ва мудовимат кардан дар тоату ибодатҳои нафли пайрави аз Расули акрам (с) воҷиб набуда, балки ихтиёрист ва нишони парҳезгории банда маҳсуб мегардад.

    Зеро дар ҳадиси дигар он ҳазрат (с) мефармоянд: “Мувофиқи тоқату тавони хеш амал (корҳои нафл) анҷом диҳед, чунки Худо хаста намегардад, то ин ки шумо хаста нашавед ва дӯстдоштатарин намоз (нафл) дар назди он ҳазрат бардавомтарини онҳост, агарчанде кам бошад. Ва чун он ҳазрат (с) намози нафлиеро мегузорид, бар он мудовимат мекард”.

    Ибни Ҳаҷар (р) дар шарҳи ҳадиси мазкур мегӯяд: “Ин ҳадис ба он ишора мекунад, ки пайрави аз Паёмбар (с) дар тоату ибодати нафли ба тоқату қуввати инсон вобастаги дорад. Агар қуввату тоқати бандаи муъмин кифоят кунад, ҳар чи қадар хоҳад амалҳои нафлиро ба ҷо орад ва агар тавону тоқаташ нарасаду ба ибодатҳои нофила даст занад, шояд, ки ӯ сахт хаставу дилгир гардад ва ин амр боиси на танҳо тарк намудани ибодатҳои нафли, ҳатто шояд амалҳои фарзи гардад. Аз ин рӯ, идомадиҳии ибодати андаки нафли беҳтар аст, аз анҷом додани ибодатҳои нафлии зиёде, ки дар ниҳоят боиси хастаги ва рӯгардонии инсон ҳатто аз фароизи илоҳи мегардад”.

    Эй бандагони Худо, Муҳаррам ва бахусус рӯзи Ошуро аз достони Мӯсо (ъ) ҳеҷ ҷудои надорад. Дар ҳақиқат, бузургтарину дарозтарин достон дар Қуръони карим достони Мӯсо (ъ) буда, дар Бани Исроил низ бузургтарин паёмбар, ки пайравони зиёд дошта бошад, ин Мӯсо (ъ) ба шумор меравад.

    Дар даъват ва барпо намудани дини Худо чунон қуввату тоқат ва ғайрати бузург дошт, ки дигар паёмбарони Бани Исроил надоштанд. Ҳамчунин, замони Мӯсо (ъ) шадидтарин рӯзгори инсоният маҳсуб мегардад. Дар ин ҷо лозим мебинем, ки баъзе фоидаҳои зоҳири ва маънавии достони Мӯсо (ъ)-ро бозгӯ намоем, ки ин навъи панҷум ба шумор меравад.

    Бешакку шубҳа аз ин фавоид, нишонаҳои илоҳи ва панду андарзи умматони пешин муъминони ҳақҷӯ баҳра хоҳанд бурд ва Ҳақ таъоло маҳз барои ибратгири чунин достонҳоро баён менамояд. Чи тавре Ӯ таъоло дар зимни баёни достони Мӯсо (ъ) фармудааст:

    ﴿نَتۡلُواْ عَلَيۡكَ مِن نَّبَإِ مُوسَىٰ وَفِرۡعَوۡنَ بِٱلۡحَقِّ لِقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ ٣﴾

    سُورَةُ القَصَصِ ٣

    “Аз хабари Мӯсо ва Фиръавн барои муъминон ба рости бар ту мехонем”

    (Қасас, 3)

    Яке аз андарзҳои достони Мӯсо (ъ) ин аст, ки уммати мӯъмин ҳарчанд заиф ва маҳкум ҳам бошанд, ҳеҷ гоҳ ба сусти ва хомӯши аз талаби ҳуқуқи хеш тан надиҳад, агарчанд мавриди зулму ситам қарор гирад.

    Дигар фоидаи достони Мӯсо (ъ) ин аст, ки агар уммати муъмин залилу мағлуб бошаду ҳаққи хешро талаб накунад, на динаш обод мегардаду на дунёаш.

    Фоидаи дигар ин, ки куштани кофири аҳдбаста ҷоиз нест, чи тавре, ки Мӯсо (ъ) барои куштани қибтии кофир пушаймон гардида, аз Худованд омӯрзиш талабид.

    Фоидаи дигар ин, ки ҳарчанд банда ба ҳақ будани қазову қадар имон дошта бошад, вале ӯ дар корҳои худ аз асбобу василаҳо бояд кор гирад. Зеро ба кор бастани саъю кӯшиш ва сабабҳои зоҳири низ аз қазову тақдир маҳсуб мегарданд.

    Фоидаи дигар ин, ки барои зан баромадани аз хона ҷиҳати анҷом додани эҳтиёҷоту заруратҳои зиндаги ҷоиз аст, чи тавре хоҳари Мӯсо (ъ) барои ҷустуҷӯи додараш баромад.

    Фоидаи дигар ин ки хабар додан аз шарру бадие эҳтимол дорад, ки ба мухотаб бирасад, на танҳо ҷоиз, балки воҷиб аст, чи тавре дар достон омада, ки марде Мӯсо (ъ)-ро аз нияти бади дигарон нисбати ӯ хабар медиҳад.

    Фоидаи дигар ин, ки чи тавре Аллоҳ таъоло тавассул ҷустани даъватгарро ба номҳо, сифатҳо ва неъматҳояш дӯст медорад, инчунин ба заъфу нотавони ва фақру нодориаш тавассул намуданашро меписандад. Чунончи Мӯсо гуфт:

    ﴿فَسَقَىٰ لَهُمَا ثُمَّ تَوَلَّىٰٓ إِلَى ٱلظِّلِّ فَقَالَ رَبِّ إِنِّي لِمَآ أَنزَلۡتَ إِلَيَّ مِنۡ خَيۡرٖ فَقِيرٞ ٢٤﴾

    سُورَةُ القَصَصِ ٢٤

    “Баъд аз об додан ба онҳо рӯ ба соя овард ва гуфт: Парвардигоро, ҳар хайре, ки нозил фармои, ниёзманд ҳастам”

    (Қасас, 24)

    Фоидаи дигар ин, ки бузургтарин сазо ва иқоб бар банда пешво ва даъваткунандаи шарру бади будани ӯ мебошад, чи тавре пешвои ва роҳнамои хайру неки будан неъмати бузурги Худо бар банда маҳсуб мегардад.

    Ҳақ таъоло дар бораи Фиръавн ва ҳаммаслакони ӯ мефармояд:

    ﴿وَجَعَلۡنَٰهُمۡ أَئِمَّةٗ يَدۡعُونَ إِلَى ٱلنَّارِۖ وَيَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَا يُنصَرُونَ ٤١﴾

    سُورَةُ القَصَصِ٤١

    “Ва эшонро пешвоёне, гардонидем, ки ба сӯи оташ мехонанд ва рӯзи қиёмат нусрат дода намешаванд”

    (Қасас, 41)

    Ва низ аз Бани Исроил чунин қисса менамояд:

    ﴿وَجَعَلۡنَٰهُمۡ أَئِمَّةٗ يَهۡدُونَ بِأَمۡرِنَا ٧٣﴾

    سُورَةُ الأَنبيَاءِ ٧٣

    “Ва гардондем эшонро пешвоёне, ки ба фармони Мо ҳидоят менамоянд”

    (Анбиё, 73)

    Ва аз ин оятҳо фармудаи Худованд аст:

    “Маро парастиш кун ва бо ёди ман намоз барпо дор”

    (Тоҳо, 149)

    Яъне ёд намудани банда Парвардигорашро сабаби асосии офариниш ва салоҳу растагороии ӯ ба шумор меравад ва мақсад аз гузоридани намоз ҳам, ба ҷой овардани ҳамин ҳадафи олист. Агар ҳамин намозҳое, ки дар тӯли як шабонарӯз бар бандагон иҷрои он такрор меёбад, агар тиловати Қуръону зикру дуои эшон бо самимияту фурӯтани намебуд, бешак онҳо аз ҷумлаи ғофилон мегардиданд.

    Худованд мефармояд:

    ﴿وَإِنِّي لَغَفَّارٞ لِّمَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا ثُمَّ ٱهۡتَدَىٰ٨٢﴾

    سُورَةُ طه ٨٢

    “Ман омурзандаи тавбакунандагоне ҳастам, ки имон биёваранд ва амали шоиста анҷом диҳанд ва ҳидоят шаванд”

    (Тоҳо, 82)

    Аз ин рӯ, намозҳо, тиловати Қуръон ва зикру шукри Аллоҳ таъоло неъмати бузурги илоҳи ба шумор мераванд.