Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми чаҳорум: Қабр (Тарсу ҳарос ва азобу фитнаи қабр)
Дастабандиҳо
Full Description
Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми чаҳорум: Қабр (Тарсу ҳарос ва азобу фитнаи қабр)
القيامة الصغرى وعلامات القيامة الكبرى، القسم الرابع: القبر (هول القبر وفظاعته)
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таълиф: Д. Умар Сулаймон Ашқар
تأليف: عمر سليمان الأشقر
Таҳия: Мусъаб Ҳамза
إعداد: مصعب حمزة
Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми чаҳорум: Қабр (Тарсу ҳарос ва азобу фитнаи қабр)
Ҳонӣ ғуломи ҳазрати Усмон ибни Аффон (р) ривоят мекунад, ки ҳаргоҳ ҳазрати Усмон дар канори қабре меистод, онқадар гиря мекард, ки руи муборакаш тар мешуд. Аз ӯ пурсиданд: Шумо вақте аз биҳишту дӯзах суҳбат мекуни ашк намерези ва ба гиря намеафти, вале чаро ҳангоме аз қабр ёд мекуни ба гиря меафти? Фармуд: Аз Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки фармуданд:
"إِنَّ الْقَبْرَ أَوَّلُ مَنْزِلٍ مِنْ مَنَازِلِ الْآخِرَةِ فَإِنْ نَجَا مِنْهُ فَمَا بَعْدَهُ أَيْسَرُ مِنْهُ وَإِنْ لَمْ يَنْجُ مِنْهُ فَمَا بَعْدَهُ أَشَدُّ مِنْهُ قَالَ وَقَالَ رسول الله صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مَا رَأَيْتُ مَنْظَرًا قَطُّ إِلَّا الْقَبْرُ أَفْظَعُ مِنْهُ"
(الترمذي وابن ماجه، وقال الترمذي: حديث غريب)
“Қабр аввалин манзил аз манзилҳои охират аст, ҳар кас аз (азоби) он наҷот ёбад марҳилаҳои баъди нисбат ба он осонтар ҳастанд ва агар аз он наҷот пайдо накунад марҳилаҳои баъди барояш мушкилтар хоҳад буд” Ва мегуфт (ҳазрати Усмон): Аз Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидаам, ки мефармуданд: “Ҳеҷ манзар ва саҳнаеро тарсноктар аз манзар ва саҳнаи қабр надидаам”. (Тирмизӣ ва ибни Моҷаҳ, Тирмизи ҳадисро ғариб гуфтааст)
Чунки марҳилаҳои баъдии қабр, барои касе ки аз он наҷот пайдо кунад бисёр осон ва лаззатофарин аст, бандаи муъмин вақте дар қабр мебинад, ки Худованд чи неъматҳоеро барояш тадорук додааст, мегӯяд: Парвардигоро! Қиёматро зудтар барпо кун, то ман ба аҳлу моли худ баргардам, Вале бандаи кофир бо дидани азобу нороҳатии қабр, ҳарчанд хеле сахту душвор аст, мегӯяд: Парвардигоро! қиёматро барпо макун. Чун азоби ояндаро бисёр ваҳшатноктар ва дардноктар аз ин азоб мебинад ва медонад.
Торикии Қабр
Дар даврони ҳазрати Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) зане ки ходими масҷид буд ва масҷидро рубучин мекард, дори фониро видоъ гуфт, Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ӯро дар масҷид надид, пас дар бораи ӯ суол кард, саҳобагон хабари вафоташро ба Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расонданд ва чун намехостанд Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) – ро аз хоб бедор намоянд бехабар аз Ӯ он занро дафн карданд. Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хост то қабрашро ба ӯ нишон диҳанд. Ва Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар сари қабри он зан омада бар ӯ намоз (ҷаноза) хонд ва сипас фармуд:
"إِنَّ هَذِهِ الْقُبُورَ مَمْلُوءَةٌ ظُلْمَةً عَلَى أَهْلِهَا وَإِنَّ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ يُنَوِّرُهَا لَهُمْ بِصَلَاتِي عَلَيْهِمْ". (البخاري، مسلم، أبوداود، ابن ماجه، والبيهقي)
“Бешак ин қабрҳо пур аз зулумот ва торики ҳастанд ва Худованд ба воситаи намоз ва дуои ман онҳоро мунаввар ва равшан месозад”. (Бухорӣ, Муслим, Абудовуд, ибни Моҷаҳ ва Байҳақӣ)
Мабҳаси дуввум: Фишурдани қабр
Вақте майит дар қабр гузошта мешавад, қабр уро фишор медиҳад ва касе аз фишурдани қабр наҷот пайдо намекунад, хоҳ нек бошад ё бад, солеҳ бошад ё носолеҳ, хурд бошад ё бузург.
Дар ривоятҳо омадааст, ки қабр ҳазрати Маъоз (р) – ро ба шиддат фишурд, дар ҳоле ки Арши бузурги Худованд дар асари марги ӯ ба ларза даромад ва дарҳои осмон барояш боз шуданд ва ҳафтод ҳазор фаришта дар ҷанозаи ӯ ширкат варзиданд.
Дар сунани Насои (р) аз ҳазрати ибни Умар (р) ривоят шадааст, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи ӯ фармуд:
"هَذَا الَّذِي تَحَرَّكَ لَهُ الْعَرْشُ وَفُتِحَتْ لَهُ أَبْوَابُ السَّمَاءِ وَشَهِدَهُ سَبْعُونَ أَلْفًا مِنْ الْمَلَائِكَةِ لَقَدْ ضُمَّ ضَمَّةً ثُمَّ فُرِّجَ عَنْهُ". (النسائي، كتاب الجنائز)
“Ин касе аст, ки Арш барояш ба ларза даромад ва дарҳои осмон барояш кушода шуданд ва ҳафтод ҳазор фаришта дар ҷанозаи ӯ ширкат варзиданд, дучори фишори қабр шуд, сипас раҳо гашт”. (Насои китоби Ҷаноиз)
Ва дар Муснади кабир ва авсати Табарони аз ибни Аббос (р) чунин ривоят шудааст, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
"لَوْ نَجَا أَحَدٌ مِنْ فِتْنَةِ الْقَبْرِ لَنَجَا سَعْدُ بن مُعَاذٍ، وَلَقَدْ ضُمَّ ضَمَّةً ثُمَّ رُخِّيَ عَنْهُ". (في صحيح الجامع، اسناده صحيح)
“Агар касе аз фишурдани қабр наҷот меёфт, Саъд ибни Маъоз (р) наҷот меёфт, вале қабр ӯро бо шиддат фишурд ва баъд раҳо сохт”. (Дар Саҳеҳ -алҷомеъ исноди он саҳеҳ қарор дода шудааст)
Аз ҷумла далелҳое ки бар дуруст будани фишурдани қабр барои ҳамагон далолат доранд ва ҳатто кудакон низ аз он истисно намешаванд, ҳадисе аст дар Муснади авсат аз Абу Аюб (р), ва дар Комил аз ибни Адӣ, аз Анас (р) ба ин шарҳ ривоят шудааст, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
"لَوْ أَفْلَتَ أَحَدٌ مِنْ ضَمَّةِ الْقَبْرِ لأَفْلَتَ هَذَا الصَّبِيُّ". (صحيح الجامع 5/65)
“Агар қарор бошад, касе аз фишурдани қабр наҷот ёбад, ин кӯдак наҷот меёфт”. (Саҳеҳ –ал ҷомеъ 5/65)
Мабҳаси севум: Азоби қабр
Матлаби аввал: Чигунагии азоби қабр
Вақте инсон дар қабр гузошта мешавад, фариштагон дар шакл ва сурати ношиносе назди ӯ меоянд.
Дар Сунани Тирмизӣ чунин омадааст:
"إِذَا قُبِرَ الْمَيِّتُ أَوْ قَالَ أَحَدُكُمْ أَتَاهُ مَلَكَانِ أَسْوَدَانِ أَزْرَقَانِ يُقَالُ لِأَحَدِهِمَا الْمُنْكَرُ وَالْآخَرُ النَّكِيرُ فَيَقُولَانِ مَا كُنْتَ تَقُولُ فِي هَذَا الرَّجُلِ فَيَقُولُ مَا كَانَ يَقُولُ هُوَ عَبْدُ اللَّهِ وَرَسُولُهُ أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ وَأَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ. ... وَإِنْ كَانَ مُنَافِقًا قَالَ سَمِعْتُ النَّاسَ يَقُولُونَ فَقُلْتُ مِثْلَهُ لَا أَدْرِي". (الترمذي، كتاب الجنائز، باب ما جاء في عذاب القبر)
“Ҳаргоҳ майит ё яке аз шумо ба хок супурда мешавад, ду фариштаи сиёҳранг ва сурхчашм назди ӯ меоянд, якеро Мункар ва дигариро Накир мегӯянд. Аз ӯ дар бораи Расули Худо суол мекунанд ва мегуянд: Дар бораи ин мард (Расули Худо) чи мегуии? Ӯ дар ҷавоб бар асоси ҳамон бовари ва эътиқоде, ки дар дунё доштааст ба фариштагон ҷавоб медиҳад. Яъне мегӯяд: Гувоҳи медиҳам, ки ҷуз Аллоҳ маъбуде вуҷуд надорад ва Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯ аст, Агар майит мунофиқ бошад, мегӯяд: Аз мардум шунидам, ки дар бораи ӯ чизе мегуфтанд, ман низ ҳамонро гуфтам ва беш аз ин чизе намедонам”. (Тирмизӣ , китоби Ҷаноза, боби, Мо ҷоа фи азоби-л-қабр)
Дар ҳадиси Бароъ ибни Озиб (р) аз Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чунин омадааст, ки ду фариштаи бисёр хашмнок назди ӯ меоянд ва бар ӯ хашмгин мешаванд ва ӯро шинонда аз ӯ мепурсанд. Парвардигори ту кист? Динат чист? Ва паёмбарат ки аст? Ин пурсидан охирин озмоише аст, ки аз инсони муъмин ба амал меояд.
Дар бораи ҳамин матлаб Қуръони карим мефармояд:
﴿يُثَبِّتُ ٱللَّهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱلۡقَوۡلِ ٱلثَّابِتِ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَفِي ٱلۡأٓخِرَةِۖ وَيُضِلُّ ٱللَّهُ ٱلظَّٰلِمِينَۚ وَيَفۡعَلُ ٱللَّهُ مَا يَشَآءُ ٢٧﴾ [ابراهيم: ٢٧]
“Худованд мӯъминонро ба сабаби эътиқоди устуворашон дар дунёву охират пойдор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад ва ҳар чӣ хоҳад, Худо ҳамонро мекунад”. (Сураи Иброҳим ояти 27)
Ӯ дар ҷавоб мегӯяд: Парвардигори ман Аллоҳ аст, Дини ман Ислом аст, Паёмбари ман Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст.
Дар бораи бандаи кофиру фоҷир фармуд: Ду фариштаи бисёр хашмнок меоянд, бар ӯ хашм мегиранд ва ӯро мешинонанд ва аз ӯ мепурсанд: Парвардигори ту кист? Мегӯяд: Вой вой намедонам, Мепурсанд: Дини ту чист? Мегӯяд: Вой вой намедонам, Мепурсанд: Дар бораи ин марде ки ба тарафи шумо фиристода шудааст, чи мегуи? Наметавонад номи паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)- ро бар забон биёрад. Ба ӯ гуфта мешавад: Муҳаммад, Онгоҳ мегӯяд: Вой вой намедонам, аз мардум шунидам, ки чунин мегуфтанд. Онгоҳ ин ду фаришта ба ӯ хитоб намуда мегӯянд: На медонисти ва на аз мардум пайравӣ мекарди. Мунодие нидо мекунад, ки бандаи ман дуруғ гуфтааст.
Аз ҳазрати Анас (р) ривоят шудааст, ки паёмбари Худо фармуд:
"الْعَبْدُ إِذَا وُضِعَ فِي قَبْرِهِ وَتُوُلِّيَ وَذَهَبَ أَصْحَابُهُ حَتَّى إِنَّهُ لَيَسْمَعُ قَرْعَ نِعَالِهِمْ أَتَاهُ مَلَكَانِ فَأَقْعَدَاهُ فَيَقُولَانِ لَهُ مَا كُنْتَ تَقُولُ فِي هَذَا الرَّجُلِ مُحَمَّدٍ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَيَقُولُ أَشْهَدُ أَنَّهُ عَبْدُ اللَّهِ وَرَسُولُهُ فَيُقَالُ انْظُرْ إِلَى مَقْعَدِكَ مِنْ النَّارِ أَبْدَلَكَ اللَّهُ بِهِ مَقْعَدًا مِنْ الْجَنَّةِ قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَيَرَاهُمَا جَمِيعًا وَأَمَّا الْكَافِرُ أَوْ الْمُنَافِقُ فَيَقُولُ لَا أَدْرِي كُنْتُ أَقُولُ مَا يَقُولُ النَّاسُ فَيُقَالُ لَا دَرَيْتَ وَلَا تَلَيْتَ". (البخاري، مسلم، أبوداود، والنسائي)
“Ҳаргоҳ инсон дар қабр гузошта шавад ва дӯстонаш баргарданд, ӯ садои роҳ рафтани онҳоро мешунавад, дуто фаришта назди ӯ меоянд ва ӯро аз ҷой хезонда мешинонанд, аз ӯ мепурсанд: Дар бораи ҳазрати Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) чи мегуи? Инсони муъмин мегӯяд: Гувоҳи медиҳам, ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бандаи Худо ва расули Ӯ аст. Аммо кофир ва мунофиқ мегӯянд: Намедонам, мардум суханоне мегуфтанд ва ман ҳам такрор менамудам. Ба ӯ гуфта мешавад: На худат чизе фаҳмиди ва на аз дигарон пайравӣ карди”. (Бухорӣ, Муслим, Абудовуд ва Насои)
Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар аввали амр намедонист, ки ин уммат дар қабр азоб дода мешаванд. Баъд аз муддате Худованд ӯро аз ин матлаб огоҳ кард. Урва ибни Зубайр (р) аз холааш ҳазрати Оиша (р) чунин ривоят мекунад:
"دَخَلَ عَلَيَّ رسول الله صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَعِنْدِي امْرَأَةٌ مِنْ الْيَهُودِ وَهِيَ تَقُولُ هَلْ شَعَرْتِ أَنَّكُمْ تُفْتَنُونَ فِي الْقُبُورِ قَالَتْ فَارْتَاعَ رسول الله صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ وَقَالَ إِنَّمَا تُفْتَنُ يَهُودُ قَالَتْ عَائِشَةُ فَلَبِثْنَا لَيَالِيَ ثُمَّ قَالَ رسول الله صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ هَلْ شَعَرْتِ أَنَّهُ أُوحِيَ إِلَيَّ أَنَّكُمْ تُفْتَنُونَ فِي الْقُبُورِ قَالَتْ عَائِشَةُ فَسَمِعْتُ رسول الله صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بَعْدُ يَسْتَعِيذُ مِنْ عَذَابِ الْقَبْرِ ) ( صحيح مسلم, كتاب المساجد و مواضع الصلاة)
“Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) назди ман омад ва зане аз яҳудиҳои Мадина назди ман буд ва ӯ ба ман гуфт: Оё медони, ки шумо дар қабр азоб дода мешавед? Ҳазрати Оиша (р) мегӯяд Расули Худо аз сухани зани яҳуди таъаҷҷуб кард ва гуфт: Албатта яҳудиҳо дар қабр азоб дода мешаванд, Оиша (р) мегӯяд: чанд рӯз гузашт ва баъд Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Эй Оиша медони бар ман ваҳйи нозил шуд, ки мусулмонон дар қабр азоб дода мешаванд. Ҳазрати Оиша (р) мефармояд: Баъд аз ин воқеъа доимо Расули Худоро (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мешунидам, ки аз азоби қабр ба Худо паноҳ мехост”. (Саҳеҳ Муслим, китоби ал-Масоҷид ва мавозеъ ас-салот)
Матлаби дуввум: Оё кофир дар қабр азоб дода мешавад?
Ҳадисҳое ки дар боло баён гардид ҳикоят аз он доранд, ки кофирон дар қабр азоб дода намешаванд, вале ҳаким Тирмизӣ, ибни Абдулбарр ва Суюти бо ин мавзӯъ мухолифанд.
Ҳаким Тирмизӣ ингуна истидлол мекунад, ки умматҳои гузашта агар ба даъвати паёмбарон лаббайк намегуфтанд дар дунё дучори азоб мешуданд, аммо дар бораи уммати исломӣ чунин нест, азоб надоранд, чун ҷиҳод барои Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) машруъ аст, ҳаркас аз тарси ҷони худ исломро бипазирад ва нифоқро пеша кунад, дучори сазои қабр мешавад.
Албатта дидгоҳи ҳаким Тирмизӣ мушкиле дорад, чунки Худованд баъд аз нузули таврот азоби дуняви ва фавриро бар мункирон ва такзиб кунандагони даъвати паёмбарон нозил нафармудааст. (Лавомеъ анвор ал-баҳия, Сафорини 6/10)
Ибни Абдулбарр дар бораи адами азоби кофирон дар қабр аз ҳадиси саҳеҳи паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) истидлол гирифтааст, ки мефармояд:
"إِنَّ هَذِهِ الْأُمَّةَ لا تُبْتَلَى فِي قُبُورِهَا".
“Ин уммат дар қабр азоб дода намешаванд”.
Аммо ҳадисҳои саҳеҳ ин истидлолро рад мекунанд ва ҳикоят аз он доранд, ки азоби қабр хос барои муъмин нест ва ихтисос ба уммати исломӣ надорад.
Абдулҳаққи Ишбили, ибни Қайим, Қуртубӣ, Сафорини ва дигарон бар ин боваранд, ки азоби қабр шомили ҳама инсонҳо (муъмин, кофир, мунофиқ...) аст. (Лавомеъ анвор ал-баҳия, Сафорини 6/10, Тазкира, Қуртубӣ 147.)
Матлаби севум: Оё инсонҳои ғайри мукаллаф азоб дода мешаванд?
Фитна ё азоби қабр ба ғайр аз анбиё, шаҳидон, марздорону муробитин, домангири ҳама мешавад, чунки дар бораи наҷоти ин гуруҳ насси сареҳу равшан ривоят шудааст.
Албатта дар бораи азоби кӯдакон ва девонагон, ки мукаллаф нестанд ихтилофи назар вуҷуд дорад. Иддае аз олимон, монанди қози Абуяъло ва ибни Ақил бар ин ақида ҳастанд, ки кӯдакон ва девонагон дар қабр дучори азоб ва фитнаи қабр намешаванд.
Ин гуруҳ мегуянд: Имтиҳони азоб ва озмоиш барои касоне аст, ки мукаллаф ҳастанд, аммо касоне ки кирдори онҳо сабт ва забт намешавад дучори меҳнат ва мусибати қабр намешаванд. Чун муҳосаба барои чунин ашхос маъное надорад.
Гуруҳи дигаре аз олимон, монанди Абуҳакими Ҳамадони, Абулҳасан ибни Абдус ва гурҳе аз Шофиъиён бар ин ақида ҳастанд, ки кӯдакон ва девонагон низ дар қабр бо фитна ва азобу имтиҳони қабр рубару хоҳанд шуд.
Имом Молик ва баъзе аз дигарон аз Абуҳурайра (р) нақл кардаанд, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бар тифле намози ҷаноза хонд ва фармуд:
"اللَّهُمَّ قِه عَذَابَ الْقَبْرِ وَفِتْنَةَ الْقَبْرِ".
“Парвардигоро ин навзодро аз азоб ва фитнаи қабр наҷот деҳ”.
Ин ҳадис сухани касонеро таъйид мекунад, ки қоил ба имтиҳони кӯдакону девонагон дар охират ҳастанд ва онҳоро дар қиёмат мукаллаф медонанд. Ақидаи ағлаби олимони аҳли суннат, аз муҳаддисон ва мутакаллимон ҳамин аст.
Имом Абулҳасани Ашъарӣ, аз аҳли суннат ҳаминро нақл карда ва тарҷеҳ додааст ва мафҳуми суханони имом Аҳмад ҳам ҳамин аст. (Маҷмуъаи фатовои ибни Таймия 4/257, 277)