Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сивудуюм: Бинои илми ва фикрии кӯдак
Дастабандиҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сивудуюм: Бинои илми ва фикрии кӯдак
سلسلة تربية الأولاد، القسم الثاني والثلاثون: عن البناء العلمي والفكري للأولاد
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Пешгуфтор
Дар тӯли таърих ҳеҷ дине ба монанди Ислом бар таълими фарзандонаш ҳарис намебошад. Дар олам ҳеҷ андешае ҳамчун андешаи исломӣ пайдо намешавад, ки бар омӯзиши пайравонаш таъкид кунад ва ба он алоқаманд бошад. Ин чизе аст, ки душманони Ислом пеш аз ҳар касе ба он эътироф кардаанд. Чунонки доктор Арсар Раорбрӣ, устоди таҳқиқ ва баррасиҳои исломӣ дар Донишгоҳи Кембриҷ мегӯяд: “Ислом дорои осори ба ҷо мондании неке аст, ки ҷинси башарро ба тааҷубу шигифтӣ меандозад ва ӯро ба шукру сипосгузорӣ водор месозад. Ҳамчунин, навиштаҷоти зиёде дар ихтиёри мо ҳастанд ва чизҳоеро таърифу тавсиф мекунанд, ки мусалмонон дар тараққии фанҳо, одоб ва дар пешрафти улум ва сиёсат саҳми босазое доштаанд ва ин амре аст возеҳ, ки агар мусалмонон ҳирсу алоқаи беш аз ҳад ба амри таълиму тааллум намедоштанд, ҳеҷ гоҳ ба он ҳадафҳои олии илмӣ намерасиданд. Табиист, уммати исломӣ дар тӯли таърих ба василаи чунин ҳирсу алоқае мушаххасу мумтоз будаанд ва мардону занони мусулмон ба ин даъвати Пайғамбари акрам (с) лаббайк гуфта, бо ҷону дил онро пазируфтаанд, ки мефармоянд: «(Пайваста) дар пайи илму дониш бошед, агарчи дар Чин (маҳалли дуре) бошад».[1]
Дар бораи таҳаққуқ бахшидан ба сохтори бинои илмиву фикрии кӯдак тавзеҳи аркону пояҳое, ки бояд волидайн бар асоси онҳо амал кунанд, лозим ва зарурӣ мебошанд, то ин ки онон бинои солим, илму огоҳии вофир ва афкори саҳеҳеро барои фарзандони худ ӯҳдадор шаванд, чун ин бино дарвоқеъ бино ва пояи ақлу огоҳӣ аст. Аз ин рӯ, яке аз масоили бисёр муҳиме ба ҳисоб меояд, ки ба кӯдак таквину шахсияти воқеӣ мебахшад. Пас, агар кӯдак фарди солиму солеҳе бошад, ҳатман хайру башорат аст барои волидайнаш. Агар ғайр аз ин бошад, албатта душманеро барои худ баргузидаанд, ки аз дохил бо онон меҷангад ва эшонро (паноҳ бар Худо) ба чоҳи ҷаҳаннам мекашонад.
Бояд донист, асос ва пояҳое, ки дар бораи бинои илмиву фикрии кӯдак мебошанд ва бо хости Худованд ба зудӣ ҳар як аз онҳоро баён хоҳем кард, дар ҳақиқат асосҳое ҳастанд, ки кӯдакро аз дохил муолиҷа мекунанд ва ӯро мутаваҷҷеҳ ба илму илмомӯзӣ ва алоқаманд ба муаллимону мударрисон менамоянд ва фарди солиму дурусткор месозанд. Ҳамчунин аҳамияти нақши волидайнро дар робита бо ихтиёру интихоби муаллими муваффақу некӯкор баён мекунанд, муаллиме, ки дарвоқеъ оинае аст барои қалбу ақли кӯдак, чун он чиро, ки муаллим дӯст медорад, кӯдак низ онро дӯст медорад. Бинобар ин, волидайн сахт ниёзманд ба шинохти ин асосҳову пояҳо мебошанд.
Ҷой додани муҳаббати илм ва одоби он
дар дилу ҷони кӯдак
Пайғамбари акрам (с) қоидаи асливу асилеро барои касби илму донишандӯзӣ дар даврони кӯдакиву наврасӣ вазъ намудаанд, ки насле баъд аз насл онро сина ба сина барои якдигар нақл намудаанд, ки дар натиҷа ба сурати омода шудан ва аҳамият варзидани падарон ҷиҳати барангехтану тарғиб намудани фарзандонашон бар илмҷӯиву илмдӯстӣ даромадааст ва мефармоянд:
«Талаби илм ва огоҳӣ бар ҳар фарди мусалмон фарз аст (хоҳ хурд бошад, ё бузург, мард бошад ё зан, писар бошад ё духтар)».[2]
Аз ин ҷиҳат, талаби илму огоҳӣ бар аҳкоми илоҳӣ яке аз бузургтарин ибодате аст, ки банда бар асари он ба Парвардигораш наздик мешавад. Ба ҳамин хотир аст, ки даврони кӯдакию навҷавонӣ пурбортарин даврон дар бинои илмиву фикрии кӯдак мебошад. Чунончи Пайғамбари акрам (с) мефармоянд:
«Масали касе, ки илму донишро дар даврони кӯдакию навҷавонияш меомӯзад ба монанди нақшкашӣ бар рӯи санг аст ва масали касе, ки дар даврони пириву бузургсолӣ илм меомӯзад ба монанди касе аст, ки бар рӯи об менависад».[3]
Нифтавайҳ дар бораи худ мегӯяд:[4]
Маро дидӣ, он чиро, ки дар даврони пирӣ омӯхта будам, фаромӯш кардаам. (Аммо) фаромӯш накардаам он чиро, ки дар кӯдакӣ ёд гирифтаам.
Ва (он ба ин хотир аст, ки) илму дониш дар даврони кӯдакию навҷавонӣ омӯхта мешавад ва ҳилму бурдборӣ бошад дар даврони бузургсолию пирӣ ҳосил мегардад.
(Касби) илму дониш дар пирӣ ва замоне, ки қалбу гӯшу чашм хаставу нотавон шудаанд, дигар коре аст насанҷидаву бекора.
(Чун) агар муаллим қалби кӯдакро бишикофад, илмро дар он ба монанди кашидани нақш дар санг мебинад.
Саховӣ дар китоби «ал-Мақосиду-л-ҳасана» чанд ҳадисеро, ки маънои болоро таъйид мекунанд, овардааст, аз он ҷумла, Пайғамбари акрам (с) мефармояд: «Касе, ки Қуръонро дар даврони наврасию ҷавонӣ биомӯзад, Қуръон ба гӯшту хуни ӯ омехта мешавад ва касе, ки онро дар даврони пирӣ биомӯзад, Қуръон аз зеҳни ӯ дур мешаваду фаромӯшаш менамояд, аммо ӯ онро тарк намекунад, пас ин шахс ду аҷр дорад: яке аҷри хондани Қуръон ва дигаре аҷри тарк накардани он».[5]
Боз омадааст, Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Касе, ки пеш аз расидан ба синни булуғҚуръонро бихонад, ӯ аз ҷумлаи касоне аст, ки дар ҳоли кӯдакӣҳикмату дониш ба ӯ дода шудааст».[6]
Саҳоба, тобеъин ва асҳоби ҳадис ин воқеиятро пазируфта, дар бораи он диққату тафаккур намудаанд, ки омӯзиши кӯдакон дар рушди илмиву фикрии онон асари зиёде дорад ва низ бар ин боваранд, ки он чиро инсон дар даврони кӯдакӣ меомӯзад, қавитар ва дар ҳофизааш устувортару монданитар аст аз он чи, ки дар даврони бузургсолӣ меомӯзад.
Хатиби Бағдодӣ як сирри матолибро дар робита бо зиндагии салафи солеҳ ва эҳтимом варзиданашон нисбат ба кӯдакон нақл намудааст. Аз он ҷумла Ҳасан (р) мегӯяд: “Кӯдакону навҷавонони худро (ҷиҳати таълиму тарбияи қуръонӣ ва исломӣ) назди мо бифиристед, чун қалби онон барои он чи, ки мешунаванд, фароғтару ҳофизаашон омодатар мебошад”.[7]
Саъид ибни Раҳмати Асбаҳӣ мегӯяд: “Дар шаб, ки наздикону афроди ҳамсинну солам бо ман буданд, ба маҷлиси Абдуллоҳ Ибни Муборак мерафтам ва касе барои рафтан ба он ҷо аз ман сабқат намегирифт ва зудтар ба он ҷо намерафт. Абдуллоҳ Ибни Муборак ҳамроҳи бузургону афроди пир ба он ҷо меомад. Яке аз онон ба ӯ хитоб карда гуфт: “Ин кӯдакон барои омадан ба маҷлиси ту бар мо сабқат гирифтанду ғолиб шуданд!” Абдуллоҳ Ибни Муборак гуфт: “Ин кӯдакон дар назди ман бештар аз шумо мояи умед мебошанд, зеро шумо муддате аст, ки зиндагӣ мекунед ва синну соле аз шумо мегузарад, аммо умед ҳаст, ки Худованд ба ин кӯдакон умри тӯлонӣ ато бифармояд ва эшонро ба мақоме бирасонад”.
Саъид ибни Раҳмат мегӯяд: “ Аз эшон ҷуз ман касе боқӣ намонд”.
Аъмаш ривоят карда мегӯяд: “Исмоил ибни Раҷоро дидам, ки кӯдакони босаводро меоварду бо онон сӯҳбат мекард ва эшон низ сӯҳбатҳои ӯро ёддошт мекарданд, то онро фаромӯш нанамоянд”.
Яҳё ибни Ҳамиди Тавил мегӯяд: “Назди Ҳаммод ибни Салама рафтем, дидем чанд кӯдак пеши ӯҳузӯр доранд ва барои эшон сӯҳбат мекунад. Мо низ назди ӯ нишастем, то ин ки сӯҳбаташро бо онон тамом кард, сипас ба ӯ гуфтем: “Эй Абусалама, мо афроди бузургсолу пир, ки муносиб бо ту ва маҷлиси ту мебошем, пеши ту омадем, аммо ту моро тарк намудиву таваҷҷӯҳе накардӣ, балки таваҷҷӯҳи худро бештар ба ин кӯдакон намудӣ?” Абусалама гуфт: “Дар хоб дидам, ки бар канори рӯде қарор гирифтаам ва ҳамроҳи худ зарфе доштам, ки дар миёни он об менӯшидаму дигаронро сероб мекардам, пас онро ба ин кӯдакон нӯшонидам”.
Мегӯянд: “Ҳар гоҳ писари навҷавоне назди Яҳё ибни Ямон меомад, аз он писар мехост ҳафт оят аз аввали сураи Аъроф, ҳафт оят аз аввали сураи Юсуфро ва чанд ҳадис низ бихонад. Пас, агар он писар онҳоро мехонд, Яҳё ибни Ямон бо ӯ сӯҳбат мекард ва агар наметавонист онҳоро бихонад, бо ӯ сухан намегуфт”.[8]
Омадааст, ки Ато ибни Абурибоҳ ба кӯдаконе, ки назди ӯ мерафтанд, мегуфт: “Он чиро ба шумо мегӯем, бинависед, пас агар кӯдаке наметавонист хуб бинависад, барояш менавиштем ва касоне, ки қаламу қоғаз надоштанд, ба онон медодем, то он матолибро ёддошт кунанд”.[9]
Нақл аст, ки Ҳасан ибни Алӣ (р) ба писарони худ ва хоҳарзодагонаш мегуфт: “Илму дониш биомӯзед, шумо имрӯза хурдони қавм ҳастед, аммо дар оянда бузургони онон хоҳед буд. Пас, агар касе аз шумо чизеро, ки ҳифз намекунад, бояд онро ёддошт кунад”.[10]
Мегӯянд Бадеъуззамон Ҳамадонӣ номае ба хоҳарзодаи худ навишта, ӯро бар саъю талош дар роҳи касби илму дониш ташвиқ намуд ва гуфт: “Эй фарзандам! То замоне, ки зинда ҳастӣ, бояд сару корат бо илму дониш бошад. Мадраса маҳалли ту ва дафтару китоб ҳампаймони ту бошад, пас агар дар ин роҳ кӯтоҳиву саҳлангорӣ намоӣ, дигар ман тағои ту нестам, балки тағои ту каси дигар аст”.[11]
Мегӯянд Луқмон ба писараш гуфт: “Эй писарам! Аз ҳикмату дониши худ чӣ чизеро таблиғ намудаӣ?” Гуфт: “Дар он чи, ки мақсуду ҳадафи ман нест, худро ба ранҷу заҳмат намеандозам”. Луқмон гуфт: “Эй писарам, чизи дигаре мондааст, ки бояд онро анҷом диҳӣ, он ин аст, ки пайваста ҳамнишини уламову донишмандон шавӣ, бар зонуи адаб дар маҳзари онон бинишинӣ. Зеро Худованд қалбҳои мурдаро ба василаи ҳикмату дониш зинда мегардонад, ҳамчунонки замини мурда ба василаи бориши борони паёпай аз осмон зинда мегардад. Эй писарам, ҳушёр бош! Илмро ба хотири се чиз наомӯзӣ ва онро низ ба сабаби се чиз тарк накунӣ.
а) Илмро ба хотири муҷодалаву мунозара бо дигарон ва барои фахрфурӯшиву зоҳирсозӣ ба он наомӯзӣ.
б) Илмро ба иллати дурӣҷустан аз он, ба хотири ҳаёву шарм ва ба сабаби хушнудиву розӣ шудан ба ҷаҳолату нодонӣ тарк макун ва аз он рӯй магардон.
Эй писарам, бо уламо муҷодалаву муноқашаи бефоида макун, ба гунае ки нисбат ба онон иҳонату беэҳтиромӣ кунӣ ва онон низ туро тарк карда, аз худ биронанд. Ҳамчунин бо афроди нодон ҷадалу ситеза макун, то туро дашном надиҳанд ва нисбат ба ту нодониву беэҳтиромӣ накунанд. Аммо бикӯш дар илму дониш нисбат ба афроди мувофиқи худ фурӯтану бурдбор бош ва бо афроди поёнтар аз худ меҳрубону сабур, чун касе ба уламову донишмандон ҳамроҳ мешавад ва мулозиму ҳамнишини онон мегардад, ки нисбат ба онон сабуру шикебо буда, дар ниҳояти нармиву алоқамандӣ аз илму огоҳии эшон иқтибосу истинбот намояд ва аз он баҳра баргирад. Эй писарам бидон, ки ҳикмату дониш афроди мискину бенаворо ҳамнишини шоҳон мегардонад!” [12]
Яҳё ибни Холид ба писараш гуфт: “Лозим аст ба ҳар навъ аз анвоъи илму дониш таваҷҷӯҳ дошта бошӣ ва аз он баҳрае баргирӣ, чун шахс душмани чизе аст, ки онро намедонад ва ман дӯст намедорам, ки ту душмани чизе аз илм шавӣ, сипас шеърро хонд, ки маънояш ин аст:
Дар улуми гуногун огоҳӣ дошта бош ва аз ҳар як аз онҳо баҳрае баргир, чун тафаввуқу бартарии шахс дар ҳар фанне бастагӣ ба мизони огоҳии ӯ нисбат ба он мебошад.
Ту душмани он чизе ҳастӣ, ки онро намедонӣ ва вақте ки ту онро маҳкаму устувор гардонидӣ, барои ҳамеша дар саломативу амон мемонӣ”.
Абдулмалик ибни Марвон ба писаронаш гуфт: “Эй фарзандони ман, илму донишро биомӯзед! Зеро агар илму огоҳӣ дошта бошед, афроди миёна, дорои мавқеияти устувор ва гуфторе дуруст хоҳед буд ва агар раъият ва зердаст бошед, заифу нотавон хоҳед шуд”.
Адибону нависандагон ва ҳакимону донишмандон ба таври куллӣ кӯдаконро насиҳату роҳнамоӣ мекарданд ва кӯдакону навҷавононро ба василаи илму огоҳӣ мутаваҷҷеҳи даврони кӯдакӣ ва истифода аз он менамуданд.
Аҳмад Шавқӣ мураббиёну муслиҳони умматро ба эҳтимом варзидан ба таълиму тарбияи саҳеҳи кӯдакону навҷавонон ва таваҷҷӯҳи комил намудан ба эшон фаро мехонданд, ба умеди он, ки дар оянда насле ба вуҷуд ояд, ки шигифтиҳоро биафзоянд ва мардумро аз хоби ғафлат бедор созанд.
Ва мегӯяд:
Чӣ басо хурди қавм, ки ӯро таълиму огоҳ намудаанд, ба мақоми волое расид ва ононро сарпарастӣ намуду аз арзишу кароматашон ҳимоят кард.
Барои қавми худ манфиату ифтихоре шуд ва агар ӯро ба ҳоли худ мегузоштанд, азияту озоре ва нуқсу айбе мешуд барои онон.
Бинобар ин, то метавонӣ (кӯдаконро) таълиму омӯзиш деҳ, шояд дар оянда насле шаванд, ки шигифтиҳо биофаранд.
Аз ин рӯ, ҳар гоҳ муҳаббати илму доништалабӣ дар замиру ақли кӯдак устувору решадор гардид, худ бидуни исрору пофишории падару модараш бо камоли майл ба дунболи илму дониш меравад ва тамоми душвориҳо, машаққатҳо, шаббедориҳо ва саъю талоши хастанашавандаро дар роҳи таҳсили он таҳаммул карда, бо тамоми вуҷуд онро мепазирад...
Асоси дуюми илмӣ, ҳифз кардани кӯдак
қисмате аз Қуръон ва ҳадисҳоро
Қаблан дар бинои ақидатӣ барои кӯдак маънои аҳамияти Қуръону суннат дар ташаккули ақли ӯ баён гардид. Шакке нест, ки Қуръону суннат ду манбаи аслии партавафкани улум мебошанд, ки ақлу замирро равшан карда, онро қавию нерӯманд месозанд. Бинобар ин, лозим аст, ки кӯдак аз Қуръони карим ҳадди ақал ҷузъи 30-юм (Амма)-ро ҳифз кунад ва аз аҳодиси набавӣ низ чил ҳадис азбар намояд. Чунонки дар хотимаи ин китоб чил ҳадис дар робита бо тарбияву парвариши дурусти кӯдак зикр кардаем, ҳеҷ монеае надорад, ки ба кӯдакон дар паҳлӯи Қуръони карим аҳодис низ омӯзонда шавад. Чунонки кори саҳобаи бузургвор ва салафи солеҳ ин буд, ки қабл аз ҳар чиз Қуръону суннатро ба кӯдакони худ меомӯхтанд, ба хотири ин ки Қуръону суннат аз лиҳози илмӣ ду рукни асосӣ дар бинои кӯдак мебошанд. Ба ҳамин сабаб аст, ки Ибни Сино дар китоби худ (Ас-Сиёсат) гуфтааст: “Вақте кӯдак омодагии омӯзишро пайдо кард ва гӯшҳояш пазирои шунидан шуданд, шурӯъ ба ёдгирии Қуръон кунад ва лозим аст ҳуруфи алифбо барои ӯ мусаввару муҷассам шаванд ва нишонаҳову мафоҳими дин ба ӯ омӯхта шаванд...”
Инак зикри намунаҳое аз ҳифз кардани ҳадис ва аҳамият додану эҳтимом варзидан ба он, то ин ки кӯдакон ба унвони як асоси илмӣ пазирои он гарданд ва бо тамоми вуҷуд ба он рӯй биоваранд.
Бухорӣ мегӯяд[13]: “Хондану ҳифз кардан, замоне ба ман илҳом шуд, ки дар мактаб будам”. Ба ӯ гуфтанд: “Дар он ҳолат чанд сол доштӣ?” Дар ҷавоб гуфт: “Даҳ ё камтар аз даҳ сол доштам. Сипас, аз мактаб берун омадам ва барои хондану ҷустуҷӯ намудани аҳодис ба ҷойҳои мухталифе ба омаду рафт пардохтам. Рӯзе Суфён дар бораи он чи, ки барои мардум мехонд, гуфт: «Ан Абизубайр ан Иброҳим (аз Абизубайр ва ӯ аз Иброҳим ривоят кардааст)».Ман гуфтам: “Абузубайр аз Иброҳим ривоят накардааст”. Суфён бар сарам дод зад. Ман низ ба ӯ гуфтам: “Агар асли ҳадис назди ту ҳаст, ба он муроҷиат кун ва хуб бингар”. Баъд аз он ӯ рафт ва ба асли ҳадис нигоҳ карду сипас баргашт ва гуфт: “Эй писар! Он чӣ гуна аст?” Гуфтам: “Ба ҷои Зубайр «Ибну Адй ан Иброҳим» мебошад. Суфён низ фавран қалам ба даст гирифту он чиро, ки навишта буд, ислоҳ кард ва ба ман гуфт: “Ту рост мегӯӣ”. Бухорӣ дар он ҳол ёздаҳ сол дошт. Вақте ба синни шонздаҳсолагӣ расид, китоби Ибни Муборак ва Вакеъро хонду ҳифз кард ва ду сол баъд аз он китоби «Қазоя-с-саҳоба ва-т-тобеъин»- ро таълиф намуд. Баъд дар Мадина ва дар назди қабри Пайғамбари акрам (с) таърихро таълиф намуд.
Ҳошид ибни Исмоил гуфтааст: “Бухорӣҳамроҳи мо пеши бузургони Басра меомад. Вай дар он вақт навҷавоне буд, чизеро наменавишт. Замоне гузашту мо ба муддати шонздаҳ рӯз ӯро сарзаниш намудем ва саранҷом гуфт:” Бисёр бар ман гуфтед, пас он чиро, ки навиштед, бар ман нишон бидиҳед!” Мо ҳам понздаҳ ҳазор ҳадис, ки дар он муддат ёддошт карда будем, ба ӯ нишон додем. ӯ низ тамоми онҳоро аз бар хонд, то он ҷое ки моро бар он дошт, ки эътироф кунем, ки тамоми навиштаҳои моро аз ёд медонад.
Асоси сеюми илмӣ, интихоби муаллими
шоиста барои кӯдакон
Саҳобаи бузургвор ва салафи солеҳ дарвоқеъ бисёр кӯшиш ба харҷ медоданд, то барои таълиму тарбияи фарзандони худ мударрисони ботақвову парҳезгор ва муаллимони некӯкорро баргузинанд. Ба хотири ин ки муаллим ба манзалаи оинае аст, ки шогирди ӯро дар он мебинанд саҳоба ва салафи солеҳ дар ин маврид таваҷҷӯҳи хосе доштанд ва бисёр шефтаву алоқаманд ба иҷрои он буданд. Аз ҷиҳати дигар, муаллим аслу маншаи омӯзиш барои кӯдак мебошад. Яке аз аломатҳои шиддати эҳтимом варзидани онон ба ёфтани муаллими некӯкор ин буд, ки онон фарзандони худро насиҳату роҳнамоӣ мекарданд ба ин ки қабл аз таҳсили илму дониш ба касби адабу ахлоқи нек аз муаллим бипардозанд. Ин матлабро дар “Бинои хулқии кӯдак” дар боби “Асоси адаб бо уламо” баён намудем.
Табиист, ки барои дастёбӣ ба як мударриси парҳезгор ва муаллими шоиставу некӯкор бархе аз бузургон ҷустуҷӯи зиёд мекарданд ва ҳатто ба ҷои дигар мекӯчиданд ё сафар мекарданд. Ин худ баёнгари ин воқеият аст, ки чунин коре маҳбуби дилҳои онон будаву заҳмату машаққати онро аз самими қалб пазируфта, ҳар навъ сахтию душвориро дар роҳи ёфтани он бар худ саҳлу осон шуморидаанд, то аз ин гуна муаллимону мударрисони матлуб ва мавриди назар баҳраманд гарданд.
Маълум аст, ки кӯчидану сафар кардан барои падару модар заҳматҳову ранҷҳои рӯҳиву ҷисмӣ дорад ва молу сарват сарф мешавад, аммо чун дар роҳи сохтори бинои илмии кӯдак ба шакли саҳеҳу солим мебошад, аз ин рӯ таҳаммули ҳар гуна фишори рӯҳи, сарфи нерӯи ҷисмӣ ва ҳар навъ хароҷоти моли ва сипарӣ намудани вақти гаронбаҳоро барои касби он қабул карда, бар худ осон мегиранд. Ба хотири аҳамият додан ба чунин амре аст, ки Ибни Сино дар китоби (Ас-Сиёсат) боби сиёсати мард нисбат ба фарзандаш бо таъкид изҳор медорад: “Лозим аст, ки кӯдак дорои як мураббии оқилу мутадайин, муаллими муҷаррабу басир ва огоҳ ба масоили тарбиявию ахлоқӣ бошад, ба гунае ки дар кори таълиму тарбияи кӯдакон бисёр моҳир ва устод бошад, матину бовиқор ва дур аз хашму ғазаб бошад, дар ҳузури кӯдакон пурҳарфиву матолиби бемаврид зикр накунад, камҳарф ҳам набошад, балки фарди ширинзабон, оқил фарзона, бовиҷдон, ҷавонмард, пок ва покдоман бошад”.
Ногуфта намонад, ки амирону бузургони муслимин барои дастёбӣ ба муаллими некӯкору дилсӯз ва мударрисони ботақвову огоҳҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони худ ҳамин хусусиятҳои зикршударо дар назар мегирифтанд. Чунонки Абубакр ибни Ҷобир (р) хидматгори Абудовуд гуфтааст: “Дар Бағдод будам, баъд аз он ки намози шомро хондем, ногаҳон дарро заданд. Ман низ дарро боз кардам, дидам хидматгоре аст, ки пушти дар истода мегӯяд: “Ин фармонравои Басра Амир Абуаҳмади Муваффақ аст, иҷозаи вуруд мехоҳад”. Ман ба утоқи хусусии Абудовуд рафта, мавзӯъро ба иттилои ӯ расонидам. Абудовуд ба вай иҷозаи вуруд дод ва ӯ ҳам ворид шуду нишаст. Сипас, Абудовуд рӯй ба сӯи ӯ карду гуфт: “Чӣ чизе мӯҷиб шуд, ки дар чунин вақте ин ҷо биёӣ?” Амир гуфт: “Ба хотири се чиз”. Абудовуд гуфт: “Он се чист?” Гуфт: “Ба Басра биё ва дар он ҷо иқомат гузин, то ин ки толибони илму дониш аз гӯшаву канори олам ҷиҳати касби файз ба хидмати шумо биёянд”. Абудовуд гуфт: “Ин хостаи аввалӣ, пас, дуввумиро бигӯ!” Он амир гуфт: “Китоби «Сунан»-и худро ба фарзандонам биомӯз ва онро барои эшон ривоят кун”. Абудовуд гуфт: “Бисёр хуб, хостаи сеюмиро бигӯ!” Амир гуфт: Китоби «Сунан»-и худро фақат барои фарзандони ман ривоят кун ва ба онон биомӯз, чун фарзандони хулафо бо оммаи мардум нишасту бархост намекунанд”. Абудовуд гуфт: “Ин яке қобили қабул нест, ба хотири ин ки тамоми мардум, новобаста аз амиру раъият, бузургу хурд, ғанию гадо дар касби илму дониш бробаранд”. Ҷобир мегӯяд: “Баъд аз он воқеа фарзандони хулафову амирон дар маҳзари Абудовуд ҳозир мешуданду менишастанд ва миёни эшон ва соири мардум пардае мезаданд ва ҳамаи онон бо ҳам ба гуфтаҳову баёноташ гӯш медоданд”.[14]
Дар ривоят омадааст, ки Утба писари Абусуфён ба мураббию муаллими фарзандонаш гуфт: “Эй Абдуссамад! Бояд нахустин чизе, ки ба он шурӯъ мекунӣ, ислоҳи нафси худат бошад, зеро ки онон чашмонашонро ба ту баста, туро менигаранд, пас он чи назди ту неку писандида бошад, ҳатман назди эшон неку писандида аст ва он чи дар назари ту зишту нописанд бошад, дар назари эшон ҳам зишту нописанд аст. Китоби Худо (Қуръон)-ро ба эшон биомӯз ва барои омӯхтани он эшонро таҳти фишору исрор қарор мадеҳ, чун нисбат ба он хаставу малол мешаванд. Эшонро ҳам нисбат ба он тарк макун ва ба ҳоли худ магузор, зеро аз он дур мешаванд. Поктарин шеъру муборактарин ҳадисро барои эшон нақл кун. Ҳушёр бош, то аз матлабе, ё илме огоҳиву маҳорат пайдо накунанд, эшонро ба сӯи матлабе ё илми дигаре интиқол мадеҳ, зеро анбоштани матолиб дар самъу мағз дарку фаҳмро омехта ва мӯҷиби инҳирофу гумроҳии шахс мешаванд. Эшонро ба василаи ман битарсон, аммо бо ғайри ман муаддаб кун. Бикӯш то барои онон ба монанди пизишк меҳрубону дилсӯз бошӣ, ки то дардро муайян накунад, доруро иҷоза намедиҳад. Ҳамчунин ҳаракат ва роҳу равиши подшоҳону фармонравоёнро барои эшон нақл кун ва эшонро аз гуфтугӯ бо занон барҳазар дор. Набояд ба узру баҳонае даст ба домани ман зананд, чун ман ба шоистагиву кордонии ту басанда мекунам, барои пешрафти кори худ ҷиҳати таълиму тарбияи онон аз ман кӯмаку ёрӣ биталаб, ман низ бо хости Худованд туро кӯмак хоҳам кард”.[15]
Сипас, Мовардӣ ба дунболи нақли ривояти боло бар зарурату аҳамияти ихтиёри муаллиму мураббӣ роҷеъ ба тарбияи кӯдакон таъкид мекунад ва мегӯяд: “Дар канори кӯшиш ҷиҳати интихоби муаллиму мураббии хуб лозим аст, ки барои ихтиёри модар ва дояи огоҳу дилсӯз дар сатҳи васеътаре саъйу талош ба амал ояд. Чун табиист, ки кӯдак ахлоқ ва одобу одатҳоро пештар аз мураббиву парваришдиҳандаи худ фаро мегирад, зеро равшан аст, ки ҳамнишинӣ ва баҳсу гуфтугӯи кӯдак бо мураббии хеш зиёдтару тӯлонитар аз баҳсу гуфтугӯ бо падар мебошад. Аз ин ҷиҳат, вақте мураббӣ кореро ба манфиъати кӯдак бидонад ва дар ҳар ҷо саломативу муваффақияти ӯро эҳсос кунад, билофосила ӯро ба анҷоми он амр водор месозад ва ӯ низ дастури мураббии худро фавран мепазираду онро иҷро мекунад. Аз ин рӯ, вақте ки чунин аст, пас, дигар набояд дар интихоби муаллиму мураббӣ иктифо шавад ба ин ки ӯ фарди қуръонхону забондон ва ровии ашъор бошаду бас, балки лозим аст дар канори онҳо ботақво, аҳли вараъ, покдоман, диндор, дорои ахлоқи фозил, нияти пок ва ихлоси комил ҳам бошад. Ҳамчунин бояд аз ахлоқу одоб, кирдору рафтори фармонравоёну бузургон огоҳ ва ба тамоми усули дин ва фиқҳ низ пойбанд буда, ба онҳо амал кунад. Агар яке аз ин вижагиҳоро аз даст дод, набояд ба ҳеҷ ваҷҳ чизе аз тақвову парҳезгорӣ ва дину фиқҳро аз даст бидиҳад ва онро надошта бошад”.[16]
Аммо бояд донист, ки душманони имрӯзаи Ислом ҳамлаи кинатӯзонаи салибиро оғоз намудаанд ва парчами бединиву таҳқиромезеро ҷиҳати инҳирофу нобудии кӯдакони муслимин барафроштаанд, ба тавре, ки муаллимони бехудову фосиқро барои онон баргузида, чунон мадорису омӯзишгоҳҳои асри ҷадидро барои онон таҳия намудаанд, ки аз барномаву шариати илоҳӣ дурашон месозад ва аз он бегона мешаванд. Ин амр реша дар бехабариву ноогоҳии муслимин дорад ва далели возеҳу бурҳони қотеъе аст бар ғафлати эшон...
Оре, он чи мегӯем, сухани газоф нест, балки воқеияте аст, ки имрӯз ҳама бо он гирифторем ва беҳтарин далелу бурҳони мо ҳамон чизе аст, ки ховаршиносони бедин ва таблиғгарони масеҳӣ онро ошкоро баён мекунанд. Ва яке аз нақшаҳои шуму фиребандаи онон ҳамин гуфтаи Самуэл Зоймер аст, ки дар китоби худ «Маҳду-л-Ислом» фиребу найранги ӯ барои кӯдакони муслимин мунташир мешавад. Вай мегӯяд: “Омӯзиши дарсӣ ва тарбияи ахлоқии ғарбӣ натиҷаҳои бисёр ва самароти судмандеро дар вуҷуди кӯдакон, навҷавонону ҷавонон ба таври яксон ба бор овардааст ва ман тавонистаам як бор донишомӯзони мусалмонро ҷамъ кунам ва як курраи шабеҳ ба курраи заминро дар болои дасти онон бигузорам, сипас нури қавӣ бар он битобонам ва ба ин васила эшонро қонеъ кунам ба ин ки дастури рӯза гирифтан дар моҳи Рамазон аз ҷониби Худованд наомадааст, зеро адои фаризаи Рамазон дар баъзе аз сарзаминҳо душвор мебошад”.[17]
Илова бар он, ин фарди муҷрими пасту кинаҷӯй танҳо ба он иктифо накардааст, балки ӯ дар соли 1935 дар «Ҷабалу-з-зайтун» як гирдиҳамоӣ барои гурӯҳе аз мубаллиғоне, ки дар кишварҳои исломӣ ва дар шаҳри Қудс гумошта шуда буданд, ташкил дод. Баъд аз ин ки ба баёни мушкилоте, ки онон дар кишварҳои исломӣ ба он дастбагиребонанд, гӯш дода, корҳои душвореро, ки дар баробари ақидаи исломӣ ба он рӯ ба рӯ мебошанд, шунид, ҳадафҳои бади худро барои эшон дар мавриди ба инҳироф кашонидани ақлу фикри кӯдакони мусалмон баён намуда, гуфт: “Шумо, ки ба зиндагӣ кардан дар сарзаминҳои мусулмонон омода шудаед, ҳеҷ як аз шумо робита бо Худоро намешиносад ва намехоҳад онро бишиносад. Шумо фарди мусалмонро аз Ислом хориҷ намудаед, аммо ӯро дохил дар оини масеҳият накардаед. Дар натиҷа, рушду нумӯи исломӣ ба сурате даромадааст, ки истеъмор онро хостааст истеъморе, ки таваҷҷӯҳе ба бузургиҳову иззату кароматҳо намекунад, балки роҳативу танпарварӣ ва сустиву танбалиро дӯст медорад, ба гунае ки дар дунё ҳиммату омӯзиши худро дар роҳи шаҳавоту хостаҳои дунявӣ сарф мекунад. Сарват ва андӯхтаҳои молию моддиро ва ҳар гуна ҷойгоҳу мақому шӯҳратеро дар роҳи касби шаҳавоту орзуҳои нафсонӣ мехоҳад. Ба таври куллӣҳар чизеро ба хотири дастёбӣ ба орзуҳои моддиву хостаҳои нафсонӣ металабад”. Пас, ту эй хонандаи мӯҳтарам ва эй падарону модарони гиромӣ! Вақте ба гуфтори ин коҳини яҳудӣ ё масеҳӣ, яъне Самуэл, ки онро дар соли 1935 гуфтааст, пай мебаред, ки инчунин гуфтааст, пас бояд акнун, ки ҳудуди ҳаштод сол аз он мегузарад, вазъ чӣ гуна бошад?[18]
Яке аз масоили шигифтангез дар порае аз кишварҳои исломии дар хоби ғафлату ноогоҳӣ фурӯрафта ин аст, ки як нафар ховаршиноси кинаҷӯй ба номи «Ҷиб», ки яке аз аъзои маҷмаъи забони арабӣ дар Қоҳира аст, дар муқаддимаи китоб «Ила айна ясиру-л-Ислом» мегӯяд: “Бегумон, ҳаракати омӯзишиву фаъолияти фарҳангӣ аз тариқи мактабҳо ва матбуоти имрӯза тавонистааст, ки дар миёни мусалмонон бидуни ин ки хабар дошта бошанд, чунон асаре бигузорад, ки ононро аз дидгоҳи умум то ҳадди зиёди бедин ҷилва диҳад. Тардиде нест, ки ин кор мағзи натиҷаву хулосаи фаъолияту талоши Ғарб мебошад ва ба он манзур аст, ки ҷаҳони Исломро бар пайравӣ аз тамаддуну осори Ғарб водор созад ва аз Ислому ҳаракати саодатофарини исломӣ дур намояд. Аммо воқеият ин аст, ки Ислом ақидае аст, агарчи миқдори каме аз аҳамияту қудрати худро аз даст додааст, вале ҳамчунон қудрате аст мусаллат бар зиндагии иҷтимоӣ ва қодир ба боз гардонидани мақому манзалати хеш”.[19]
Устод Аллома Муҳаммад Хизр Ҳусайн, устоди собиқи донишгоҳи «Ал-Азҳар» мардумро аз вуҷуди порае аз омӯзишгоҳҳо барҳазар дошта, насиҳат мекунад ва хатари ин мадорису омӯзишгоҳҳоро дар як фасл, таҳти унвони «Абноу-л-муслимин фи мадориси-т-табшир» барои падарон ба таври равшан баён мекунад, инак онро ба таври возеҳ барои шумо хонандагони мӯҳтарам баён менамоем, ба умеди он, ки:
﴿إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَذِكۡرَىٰ لِمَن كَانَ لَهُۥ قَلۡبٌ أَوۡ أَلۡقَى ٱلسَّمۡعَ وَهُوَ شَهِيدٞ ٣٧﴾ [ق: ٣٧]
«Ба дурустӣ, дар ин сухан барои касе, ки диле дорад ё мутаваҷҷеҳ шуда гӯш ниҳад, панде ҳаст».[20]
Ин устод изҳор медорад: “Касе, ки метавонад зиндагии матлуб ва идеалеро барои фарзандаш омода сохта, ӯро ба равиши неку писандидае парвариш кунад, албатта чунин кӯдаке бо қалби солиму огоҳ ва забони поку зокир бор меояд, ки дар оянда ҳам барои волидайну хонаводааш фарди содиқу дурусткор мешавад ва ҳам метавонад барои пешрафту сарбаландии миллаташ дар сатҳи болое кор кунад. Аммо чунин фарде ҳозир намешавад ин гуна насиҳатҳову раҳнамоиҳоро нисбат ба фарзандаш анҷом диҳад, то аз натоиҷи ситудаву шоёни таваҷҷӯҳи он бархӯрдор гардад ва ба он такя занад, балки ин кӯдаки покфитратро ба муҳите месупорад, ки дар он ҷо афроде ӯро сарпарастӣ менамоянд, ки фақат ҳадафҳои худро дунбол мекунанду пойбанд ба ҳеҷ гуна аҳду паймоне намебошанд. Аз ин рӯ, пайваста ин кӯдакро ба таври тақаллуб омӯзиш медиҳанду тухми шарру табоҳиро дар вуҷуди ӯ мекоранд. Табиъист:
«Ва замине, ки бад (шӯразор) бошад аз он ҷуз гиёҳи ночиз ва камсуд намерӯяд».[21]
Ин достони мусалмоне аст, ки Худованд фарзанде ба ӯ ато мефармояд, то ин ки ӯро ба роҳи дурусту Худописандона тарбияву иршод намояд ва ӯро фарде парвариш кунад, ки ба саодату тарақии қавми худ хушҳол бошад ва ба шақовату ранҷи онон низ нороҳат шавад. Пас, амри возеҳ аст агар чунин шахсе фарзанди худро ба мактабҳо ва омӯзишгоҳҳое бифиристад, ки барои зиддияту ситез бо дини поки Ислом бино шудаанд. Мусалламан отифаи исломӣ дар ниҳоди чунин кӯдаке нобуд мешавад, чун онҳо мактабҳое мебошанд, ки ба василаи ҷамоате ба номи «Мубаллиғони дини масеҳӣ» бино шудаанд.
Бегумон, касе, ки фарзанди худро ба миёни чордевори ин гуна мактабҳову омӯзишгоҳҳо мефиристад, ҷурму гуноҳаш аз ҷурму гуноҳи касоне, ки фарзандони худро аз тарси фақру тангдастӣ мекӯшанд, камтар нест. Зеро далеле болои далел далолат бар ин доранд, ки касони дар чунон мактабҳо ба кори таълиму тарбия пардозанда ба фарзандони муслимин ҳатман эътиқоди ғайриисломӣ меомӯзанд ва ононро бар пайравӣ аз он адёну эътиқодоти ғайриисломӣ водор месозанд. Аз роҳҳое зарба ба шариати Ислом мезананд ва монеъи пешрафти он мешаванд, ки дар вуҷуди кӯдакон асар мегузорад. Пас, ба ҷуз волидайн чӣ касе метавонад ба ҷои ин кӯдаконе, ки ба ҳақоиқи дин ошно нестанд, ин гуна инҳирофу гумроҳиро дарк кунад ва ононро аз шарри он маҳфуз бидорад?
Бояд донист, касе, ки фарзанди худро ба ин гуна омӯзишгоҳҳо мефиристад, танҳо ба фарде зарба намезанад ва ӯро ба нобудӣ намекашонад, балки мардумони бисёреро ба фасоду нобудӣ мекашонад ва дар оянда низ ба ҳамаи мардум ҷиноят мекунад. Ман инро ба сурати муболиға намегӯям, зеро корест рӯшан, ки вақте ин кӯдак ба мақоми муаллимиву устодӣ мерасад, шакке нест, ки ҳамчунон мубаллиғону мударрисони ғайриисломие, ки дину миллати ӯро ба фасод кашондаанд, ӯ низ дину миллати ҷамоати зиёде аз фарзандони муслиминро ба фасод хоҳад кашонд.
Гоҳе донишомӯз аз мактабҳои ғайриисломӣ ба илму донише даст меёбад, ки аз ноҳияи динӣ зиёне ба ӯ намерасонад ва чизе аз ихлосро, ки барои умматаш боарзиш мебошад, аз даст намедиҳад, аммо орзуҳои нафсонӣ, ки қалбҳоро фаро мегиранд, шахсро водор ба он месозанд, ки дасти фарзанди худро, ки намунаи покиву некӯӣ аст, бигирад ва ӯро ба ҷое бибарад, ки худи ӯ шоҳиди таҳқир намудани қавм ва зарба задан ба шахсияту ҷавонмардияш мебошад ва тӯле намекашад, ки он покиву некӯии фарзандаш ба наҷасиву палидӣ табдил мешавад ва оқибати шуми он чунон хоҳад шуд, ки дар бораи бисёре аз афроди фориғуттаҳсил аз ин гуна мактабҳову омӯзишгоҳҳо мешунавему мебинем.
Замоне, ки дар Димишқ будам, дидам як нафар, ки дар артиш дорои мақому мансаби болое буд, писарашро пеши мудири мактаби таҳзиби исломӣ овард ва барои ӯ баён намуд, ки писарашро ба яке аз мактабҳои бегона гузоштааст. Дар он ҷо ӯро мунҳариф намудаанд ва ақидааш нисбат ба Ислом фосид шудааст, ҳатто вазъи ӯ ба ҷое расидааст, ки ману модарашро ба пазириши дини насоро фаро мехонад.
Сипас ин шахс, дар ҳоле ки бисёр андӯҳгин ва аз кардаи худ пушаймон буд, аз мудири мадраса хост барои беҳбудии ақидаи писараш чорае биандешад ва маҳосини Исломро барояш баён намояд, шояд қалбаш аз инҳирофи ақидаи ғайриисломӣ пок гардида, ба роҳи рост ояд...
Оре, инак дар таъйиди гуфтаи худ мегӯем: “Имрӯз хонандагон дар рӯзномае, ки дар ин моҳи Рамазон мунташир шудааст, хабари он кашиши масеҳиро хонданд, ки лабрез аз эътирозу инкор бо он чизе буд, ки ин кашиш дар яке аз дарсҳояш ба унвони айбҷӯӣ аз Ислом ва таъна задан ба он дар яке аз мактабҳо баён намуда буд. Ба ин маъно, ки гуфтори ӯ пур аз айбҷӯӣ аз Ислом буд, бидуни ин ки ба донишомӯзони мусалмоне, ки дар он ҷо ҳозир шудаву дар пеши рӯи ӯ нишаста буданд, эҳтироме ба дарку шуури онон бигузорад ва ба эҳсосоташон эътиное бикунад! Аммо яке аз донишомӯзоне, ки дар миёни онон имони қавӣ дошту пайваста ба эътиқодоташ пойбанд буд, ғайраташ ба ҷӯш омад ва ба инкори гуфтаи он кашиш пардохта, ҳаракати ғалату ғаразолуди ӯро расвою бармало сохт. Ба ростӣ, дар ин кор панду ибрате аст барои мӯъминони воқеӣ”.
Ногуфта намонад, мо бар амали он кашиш ва бар касоне, ки ба идораи ин гуна мактабҳо мепардозанд, зиёд инкор намекунем, чун онон кори хешро анҷом дода, нақшае, ки барои эшон таъйину тарҳрезӣ шудааст, иҷро мекунанд, балки мо инкор ва ҳатто панду андарзи худро мутаваҷҷеҳи бародарони мусалмоне мекунем, ки фарзандони худро дар муҳите қарор медиҳанд, ки аз он ҷо фориғуттаҳсил шуда берун меоянд ва инҳирофу гумроҳӣ бар фарози инҳирофу гумроҳии дигар тамоми вуҷуди ононро мепӯшонад ва чунон олуда ба ахлоқи баду пасте мешаванд, ки торикиҳову гумроҳиҳои паёпайро дар сатҳи ҷомеа ба вуҷуд меоваранд. Албатта торикиҳои охират сахттару монданитаранд”.[22]
Бо камоли маъзарат, дар ҳузури хонандагони мӯҳтарам, гарчи дар асри кунунии мо ин масъала шикофи азим ва ҳолати хатарноке аст, аммо ба ночор ба ҳамин миқдор баҳсу баррасӣ дар бораи он басанда мекунем ва ба боби дигар мепардозем.
Асоси чоруми илмӣ, устувор гардонидани
забони арабӣ дар кӯдак
Забони арабӣ калиди ҳамаи улуми арабӣ мебошад ва табиист, ки ҳар андоза кӯдак дар забону забоншиносӣқавию моҳир бошад, албатта баъдҳо сабаби қудрату тавоноии ӯ дар улум мешавад ва мӯҷиби алоқаву рағбати ӯ дар омӯхтану ба даст овардани онҳо мегардад, зеро забони арабӣ забони Қуръони карим ва аҳодиси шариф мебошад, ки Пайғамбари акрам (с) мардумро бар таълиму омӯзиши он бисёр ташвиқу тарғиб намуда, ба парвариши кӯдакон бар омӯхтану устувор гардониданаш ба он таваҷҷӯҳи зиёде фармудаанд. Яке аз аломатҳои шиддати таваҷҷӯҳ намудани он ҳазрат (с) ба он ин буд, ки асирони ҷанги Бадрро водор ба ин менамуданд, ки хондану навиштанро ба кӯдакони мусалмон биомӯзанд, то дар ивази он озод гарданд. Бинобар ин, ҳар асири босавод баҳои озод намудани худро ба василаи ёд додани хондану навиштани забони арабӣ ба даҳ нафар аз кӯдакони саҳоба мепардохт. Чунонки аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст: “Иддае аз асирони ҷанги Бадр баҳои озод намудани худро надоштанд. Пас, Расули Худо (с) бо онон бар ин қарор бастанд, ки хондану навиштанро ба фарзандони ансор биомӯзанд, то дар ивази он озод гарданд. Дар он ҳол яке аз фарзандони ансор пеши падараш омаду гуфт: “Муаллимам маро зад”. Падараш гуфт: “Он шахси нопок кинаи шикасти ҷанги Бадрро дар дили худ дорад ва мехоҳад интиқоми онро аз ту бигирад. Қасам ба Худо дигар назди ӯ нахоҳӣ рафт!” [23]
Бинобар ин, вақте кӯдаке дучори хатову иштибоҳе шавад ва ё амали норавое бар ӯ таҳмил гардад, ҳатман дар вуҷуди ӯ асар гузошта, ӯро бармеангезад.
Мегӯянд рӯзе гузари Умар ибни Хаттоб (р) ба кӯдаконе афтод, ки бо тиру камон тирандозӣ мекарданд. Яке аз онон дар сухан гуфтанаш иштибоҳ намуда, калимаҳоро ғалат талаффуз мекард. Он писар рафъро бо насб мехонд ва мегуфт: «Ё амира-л-мӯъминина, иннано қавмун мутааллимина» ба ҷои «Иннано қавмун мутааллимуна». Умар ибни Хаттоб (р) аз иштибоҳи ин кӯдак хашмгин шуда, гуфт: “Ба Худо қасам, ба хато рафтани тири шумо назди ман беҳтар аз он аст, ки дар забони худ иштибоҳ кунед ва калимаҳоро ғалат талаффуз намоед”.
Вақте ки хатову иштибоҳи талаффузи кӯдакони мусалмон дар баёни қоидаҳои забони арабӣ зиёд шуд, Алӣ ибни Абутолиб (р) мутаваҷҷеҳи оқибатҳои шуми он шуд. Аз ин рӯ, уламо ва афроди огоҳи он замонро ба ҳифзи қоидаҳову усули забони арабӣ ва омӯхтани он ба кӯдакон водор намуд. Чунончи дар ривоят омадааст: “Рӯзе духтари Абуасвади Дуалӣ ба падараш гуфт: «Мо аҳсанус-самоу?» (охири калимаи “аҳсан” ва “само”-ро ба ҳарфи “у” талаффуз кард). Дуалӣ ба хотири комил кардани ҷумлаи ӯ гуфт: «Нуҷумуҳо». Духтараш гуфт: “Манзури ман он нест (яъне муроди ман он нест, ки бигӯям ситорагони осмон зебо нестанд), балки манзури ман тааҷҷуб аз азамати осмон аст. Пас мутобиқи қоидаҳои сарфу наҳви арабӣ сурати талаффузи дурусти калимаҳо он буд, ки бигӯяд: «Мо аҳсанас-самоа!»[24], яъне бояд дар охири ҳарду калима ҳарф “а” талаффуз мешуд. Абуасвад ин ғалати талаффузиро, ки шунид, назди Алӣ ибни Абутолиб (р) рафта, моҷароро ба ӯ гуфт. Алӣ ибни Абутолиб (р) авроқеро ба вай дод ва аз ӯ хост қоидаҳои наҳвиро дар онҳо бинависад”.[25]
Салафи солеҳ кӯдакони худро, ки машғули таҳсили илму дониш буданд, панду андарз медоданд, ба ин ки ба забони арабӣ бисёр таваҷҷӯҳ кунанд, чун забони арабӣ калиди соири улум мебошад. Чунонки Ибни Абдулбир аз қавли Абдулмалик ибни Абдулазиз ибни Абусаламаи Моҷишун нақл намуда, ки гуфтааст: “Ман дар ҳоле ки навҷавон будам, назди Мунзир ибни Абдуллоҳи Хиромӣ омадам, пас вақте ки дар ҳузури ӯ ба сухан гуфтан пардохтам, дид, ки дар гуфторам фасоҳату балоғатро риоя менамоям, хушҳол шуд ва маро бар дигарон тарҷеҳ доду гуфт: “Ту кистӣ?” Дар ҷавоб гуфтам: “Ман Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ибни Абусалама ҳастам”. Мунзир гуфт: “Илму дониш биҷӯй, ба ростӣ тавоноиву истеъдоди илмомӯзиро дорӣ”.[26]
Имом Шофеъӣ (р), дар ҳоле ки дар синни кӯдакию навҷавонӣ буд, назди донишмандону олимони араби замони худ мерафт ва дар ҳузури онҳо ба илму донишандӯзӣ мепардохт ва бо онон ҳамнишину ҳамсӯҳбат мешуд. Ба ҳамин хотир буд, ки дар миёни уламои асри худ дар баён фасоҳату балоғат дошт ва сутуни забони арабӣ буд.
Ибни Сино дар китоби худ «Ас-Сиёсат» дар боби «Сиёсату-р-раҷули валадаҳу» ба онҳо ин гуна супориш мекунад: “Лозим аст кӯдак аввал хондани суруди соддаро ёд бигирад, баъд ба омӯхтани масоили мушкили ақидавӣ бипардозад, зеро нақли суруду ёд гирифтану ҳифз кардани он барои ӯ осонтар мебошад. Ба хотири ин ки байтҳояш аз соири ашъор кӯтоҳтару сабуктар мебошанд ва бояд суруде интихоб шавад, ки байтҳояш дар бораи фазл, бартарии адаб, роҷеъ ба ситоиши илму накӯҳиши ҷаҳл, ҳамчунин дар бораи ташвиқи кӯдак бар некӣ кардан ба волидайн, анҷом додани амри ба маъруф ва эҳтиром гузоштан ба меҳмон суруда шуда бошанд. Аз ин рӯ, баъд аз ин ки кӯдак аз хондани Қуръон фориғ шуду ба усулу қавоиди забони арабӣ ошноӣ пайдо кард, лозим аст, волидайн ба он чи, ки ба табиату сиришти кӯдак таносуб дорад ва бо истеъдоду тавоноияш созгор мебошад, бингаранд, сипас, онро ба ӯ биомӯзанд”.
Абулҳасани Мовардӣ дар мавриди аҳамияти омӯхтани забони арабӣ ва хуб ошно шудан ба он мегӯяд: “Вақте ки кӯдак ба ҳадди таъдибу таълим расид, беҳтар он аст, ки таълими Қуръонро ҳамроҳи забони арабӣ шурӯъ кунад, зеро забони арабӣ забоне аст, ки Худованд Қуръонро ба он нозил намудааст ва ба василаи он аҳкому қавонини дини хеш ва фароизи миллати мусалмонро муқаррар фармудааст. Ҳамчунин Расули Худо (с) низ суннати худро ба василаи он баён намудаанд ва тамоми китобҳо, ҳукмҳо, дастуроти динӣ, масоили ҷиддиву ғайри ҷиддӣ ба забони арабӣ таълифу тадвин шудаанд. Ҳамаи ёддоштҳо ва асноду мадорике, ки Худованд ба хотири эътимоду итминон дар миёни мардум таъйин фармудааст, ба забони арабӣ навишта мешаванд. Бинобар ин, кӯдаконе, ки дар миёни миллати мусалмон ба дунё меоянд ва рушду нумӯ мекунанд, бояд забони арабӣ ба онон омӯхта шавад, вагарна нисбат ба дину аҳкоми дини худ ноогоҳ мебошанд ва дар миёни соири миллатҳо сарбаланд нахоҳанд шуд.
Илова бар он, забони арабӣ дорои чунон фазилату бартарӣ ва фасоҳату балоғати баён мебошад, ки соири забонҳо онро надоранд, зеро талаффуз намуданаш нарму зебо ва шунидану гӯш додан ба он ширину дилчасп мебошад. Ҳамчунин дорои густариши калимаҳову харфҳои на зиёду на кам мебошад. Табиист, ки агар ин хусусиятҳову амсоли онҳо ба сурати зебое омӯхта шаванд ва ба шакли шоистае мавриди истифода қарор гиранд, бидуни тардид мақому шахсияти фардро боло мебаранд ва ӯро мумтоз мегардонанд. Ба ҳамин хотир буд, ки подшоҳону фармонравоёни Аҷам ғолибан забони арабиро меомӯхтанд ва бисёре аз онон ин забонро дар ҷашнҳову маҷолис ва гирдиҳамоиҳои хусусӣ ба кор мебаранд.
Аз ҷиҳати дигар Мовардӣ ин раъю назарияи Ибни Синоро пазируфта, бар он таъкид менамояд, ки дар омӯхтани забон ба кӯдак бояд аз матолиби соддаву сабуктар шурӯъ шавад ва мегӯяд: “Роҳи дурусту мантиқӣ барои муаллиму мураббӣ дар омӯзиши забон равиши қадам ба қадам аст, ки аз навиштаҳои сабуку зудфаҳм ва аз муаллафоту мусаннафоти соддаву осон шурӯъ кунад ва кӯдаконро бо омӯзиши калимаҳову ҷумлаҳои ғариб ва бо матолиби нодиру бегона машғул насозад. Ҳамчунин, набояд дақоиқу резакориҳои наҳвӣ, румуз ва фанҳои арӯзро барои онон баён кунад, чун ин кор аз ҷумлаи масоиле аст, ки кӯдакро аз дарки маъноҳо бозмедорад дар ҳоле ки омӯзиши калимаҳову ҷумлаҳо ба хотири шинохти маъноҳои онҳо аст. Аз ин рӯ, вақте шахс умри худро дар роҳи омӯхтани калимаҳо сарф намояд, қатъан маъониву мафоҳимро аз даст медиҳад, магар замоне ки ин кор аз ҷониби афроде, ҳамчун адибон, мураббиён ва муаллимони илми наҳв анҷом гирад ва онро ба хотири фанне аз фунун ва ё санъате аз саноеъи шеърӣ ба кор баранд, ки ин кор худ дар кӯмак гирифтан бар омӯхтани забон ниёзманд ба нақли ашъори араб, баёни ҳаводиси рӯзгору ахбори онҳо мебошад.
Роҳи дурусту тадбири саҳеҳу санҷида дар ин робита ин аст: Ҷумлаҳову ашъоре, ки барои кӯдак нақл мешаванд, то онҳоро бидонад ва ҳифз кунад, бояд ҷумлаҳову ашъоре бошанд, ки дарбардорандаи ҳикмат, тавҳид, дин, мӯҷиби барангехтан бар илм, зӯҳд, шуҷоат, саховат ва макорими ахлоқӣ бошанд, то ин ки кӯдак бар асоси шинохти фазоил, муҳаббати дастёбӣ ба хубиҳову ситуданиҳо рушду парвариш ёбад ва бар онҳо одат варзад. Ҳамчунин аз ҷумла калимаҳову ашъоре бошанд, ки фавоиди фасоҳати баён ва балоғати каломро барои ӯ фароҳам намоянд, ба гунае ки ӯро ба шинохти суханони беарзишу пеши по афтода ва ба бисёре аз калимаҳои ғарибу номафҳум ошно сохта, ба калимаҳои беҳтар ва интихоби маъонии бартар огоҳ кунанд...” [27]
Асоси панҷуми илмӣ, омӯхтани забони хориҷӣ
ба кӯдак
Бояд донист, баъд аз ин ки кӯдак забони арабиро ба шакли бисёр хуб омӯхта ва дар он маҳорат пайдо кард ва ҳамчунин миқдоре аз Қуръону аҳодисро ёд гирифту ҳифз кард, ҳеҷ монеъае надорад, ки забонҳои машҳури бегонаро низ биомӯзад, то ин ки насли мусалмон пешрафт намояд ва битавонад нақшаи душманонро кашф карда, аз найранги онон дар амон бошад. Ҳамчунин то битавонад улуми моддии нобу холисро аз онон барои мусалмонон интиқол диҳад. Ин ҳамон чизе аст, ки Расули Худо (с) вақте аз Макка ҳиҷрат фармуданду вориди Мадинаи мунаввара гардиданд, онро анҷом доданд. Чунонки ривоят шуда, Зайд ибни Собит гуфтааст: “Вақте ки Пайғамбари акрам (с) вориди Мадина шуданд, маро назди ӯ бурда гуфтанд: “Эй Расули Худо (с), ин навҷавон яке аз писарони Бани Наҷҷор мебошад ва аз Қуръоне, ки аз тарафи Худованд бар шумо нозил шудааст ҳабдаҳ сура аз онро хондаву ҳифз кардааст!” (Зайд ибни Собит мегӯяд): Ман низ он чиро, ки аз Қуръон хонда будам, барои он ҳазрат (с) хондам ва он ҳазрат (с) низ аз он тааҷҷуб карданду бисёр хушҳол шуда, фармуданд: «Эй Зайд хондану навиштани забони яҳудро биомӯз, зеро ман нисбат ба навиштаҳоямон аз яҳуд дар амон нестам».[28]
Зайд мегӯяд: “Ман дар муддати понздаҳ рӯз забони яҳудӣ ва хондану навиштани онро ба хубӣ ёд гирифтам. Аз он баъд, ҳар гоҳ Расули Худо (с) мехостанд номае барои онон бинависанд, ман барояшон менавиштам. Ҳар вақт онон номае барои он ҳазрат (с) менавиштанд, ман онро барояшон мехондам”.
Дар ривояти дигар омадааст, Зайд ибни Собит (р) гуфт: “Расули Худо (с) ба ман фармуданд: «Оё забони сурёниро хуб медонӣ? Чун аз ҷониби онҳо навиштаҳое ба ман мерасад». Гуфтам: “Не, намедонам”. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Пас, онро ёд бигир!». Ман низ онро дар муддати ҳабдаҳ рӯз ёд гирифтам”.[29]
Бинобар ин, салафи солеҳ ва гузаштагони мо мусалмонон дар таълиму омӯзиши фарзандонашон ҳамин роҳро пеш мегирифтанд ва илова бар забони арабӣ забонҳои дигари ғайри арабиро ба онон меомӯхтанд. Чунонки нақл аст, Умар ибни Қайс гуфтааст: “Ибни Зубайр чандин ғулом дошт, ки ҳар як аз онон бо забони алоҳидае сӯҳбат мекарданд ва худи Ибни Зубайр бо ҳар кадом аз эшон бо забони худи ӯ сӯҳбат мекард ва ман вақте дар амри дунявии ӯ менигаристам, бо худ мегуфтам: “Ибни Зубайр шахсе аст, ки ҳатто дар муддати як чашм ба ҳам задан рӯ ба ҷониби Худо намеравад”. Вақте ки дар амри охирати ӯ нигоҳ мекардам, ба худ мегуфтам: “Ибни Зубайр касе аст, ки ҳатто ба миқдори як чашм ба ҳам задан ба дунё таваҷҷӯҳ намекунад”.[30]
Асоси шашуми илмӣ, ташвиқ намудани кӯдак мувофиқи хостаи илмии ӯ
Дар чанд сатри боло баён гардид, ки Зайд ибни Собит забони сурёниро дар муддати кӯтоҳе омӯхт, саҳобаи бузургвор ӯро баргузиданд ва ба Пайғамбари акрам (с) муаррифӣ карданд. Он ҳам ба хотири тавоноии ӯ ва омодагияш дар иҷрои хостаҳои Пайғамбари акрам (с) роҷеъ ба омӯхтани забони сурёнӣ, ҷиҳати анҷом додани умури марбут ба мукотаботи байни Пайғамбари акрам (с) ва яҳудиён буд, ки дар вуҷуди Зайд суроғ доштанд. Ин далеле аст бар роҳнамоии кӯдак бар ҳасби хостаи илмӣ ва алоқаи шахсияш, чун ӯ хоҳони он аст, ки тавоноии илмӣ дошта бошад ва ба василаи он бар рафиқону ҳамсолони худ бартарии комил ёбад. Ин чизе аст, ки уламову донишмандони гузашта низ бар он таъкид намудаанд. Ибни Сино дар ин робита гуфтааст: “Ҳар пеша ва шуғле, ки кӯдак бихоҳад онро анҷом диҳад, барояш имконпазир нест ва дар оянда ҳам натиҷабахш нахоҳад буд, балки лозим аст дар садади анҷоми коре барояд, ки бо сиришт ва табиати ӯ муносибу созгор бошад ва дархури қудрату тавоноияш хоҳад буд”.
Дар ривоят омадааст, ки Юнус ибни Ҳабиб назди Халил ибни Аҳмади Фароҳидӣ мерафт, то аз ӯ арӯзу илми шеър ва фанҳои шоириро биомӯзад, аммо ин кор барои ӯ мушкилу душвор буд. Дар ниҳоят, рӯзе Халил ибни Аҳмад аз ӯ пурсид: “Шеъри зер аз кадом баҳр аст?
Вақте қудрату тавоноии анҷоми кореро надорӣ, онро раҳо кун ва ба ҷои он ба коре бипардоз, ки тавоноии анҷом доданашро дорӣ”.
Вақте Юнус ибни Ҳабиб аз посух додан ба саволи ӯ оҷизу нотавон монд, Халил ибни Аҳмад аз ӯ хост, ки мутобиқи мафҳуми нимаи дуюми шеъри зикршуда амал кунад, (яъне, ба кори дигаре, ки муносиб бо қудрату тавоноии ӯ аст, бипардозад).
Имом Бухорӣ дар ибтидои амр кӯшид, ки илми фиқҳро биомӯзад ва дар он маҳорат пайдо кунад. Аммо вақте Муҳаммад ибни Ҳасан дид, ки илми ҳадис барои ӯ муносибтару шоистатар аст ва ба қудрату тавоноияш мувофиқ аст, ба ӯ гуфт: “Бирав дунболи илми ҳадисро бигир ва ба шинохти он машғул шав”. Имом Бухорӣ низ пешниҳоди ӯро пазируфта, аз ҳамин ҷо буд, ки ӯ сарвари аҳли ҳадис, балки пешвои тамоми онон гардид”.[31]
Асоси ҳафтуми илмӣ, хона ва хонаводаи некӯкор мадрасае аст, ки дар бинои илмии кӯдак асари босазое дорад
Бидон, барои ин ки кӯдак битавонад ба хубӣҚуръону ҳадис ва забонро биомӯзад, бояд муҳити хонаву хонавода барои ӯ як мадрасаи илмии исломӣ бошад, то бар мабнои он парвариш ёбад ва аз сарчашмаи зулоли он сероб гардад.
Аз Абдуллоҳ ибни Салама (р), аз падараш Салама (р) ривоят намуда, ки гуфтааст: “Падарам Будайл ибни Варқо навиштаеро ба ман доду гуфт: “Эй писарам, ин навиштае аст аз ҷониби Расули Худо (с), пас онро ба ҳамдигар супориш кунед ва модоме, ки он дар миёни шумо бошад, ҳаргиз хайру баракат аз шумо бардошта намешавад”. Дар ривояте, ки нақл намуд, баён шуда буд: “Ин навишта ба хати Алӣ ибни Абутолиб (р) навишта шудааст”.[32]
Сулаймон писари Самура ибни Ҷундаб (р) бисёре аз аҳодисро, ки аз падараш ривоят намуда, дар як нусха ҷамъоварӣ кардааст ва ин нусха он тавре, ки гумон бурда мешавад, ҳамон рисолае аст, ки Самура барои писаронаш фиристодааст. Ва Ибни Сирин дар бораи он мегӯяд: “Рисолае, ки Самура барои писаронаш фиристодааст, шомили илму дониши зиёде мебошад. Ин худ ишорае аст ба аҳамияти муҳити хонаву хонавода ба унвони мадрасаи самарабахши илмӣ барои бинои шахсияти кӯдак бар пояи илми қавию устувор. Ба ҳамин хотир аст, ки Ҳофиз гуфтааст: “Вақте шахси адибу бофарҳанг нисбат ба дигарон бартарӣ дорад ва он чӣ аз ӯ боқӣ мемонад, осор, китобҳои муфид, одоби писандида ва ҷомеъе мебошад. Пас шоиста аст фарзанд низ омӯхтани илму одобро вазифаи худ бидонад ва хештанро нисбат ба таълими он сазовортар пиндорад. Ҳамчунин лозим аст тарки онро кори ғалат ва иштибоҳи бузург бидонад, балки бояд бикӯшад бар роҳе, ки барои ӯ равшану ошкор гардида, мутобиқи барномаву нақшаи саҳеҳе, ки ба хотири ӯ тарҳрезиву муҳайё шудааст, ҳаракат кунад ва паймудани он роҳу равишро ба худ ихтисос диҳад, то аз киштаи хеш баҳраманд ва аз дастранҷи худ серу сероб гардад. Ва беҳтар он аст барои касбу кори дунявӣ ба қадри лузум ва ба мизони рафъи ниёзмандиҳои зиндагӣ ва таъмини хостаҳои машрӯъи худ бикӯшад. Бақияи вақтҳои хешро ба мутолиаи китобҳои созандав ва талош дар роҳи ба даст овардани илму дониш сарф намояд”.
Имом Шаҳид дар рисолаи худ нақши китобхонаро дар манзил мавриди таъкид қарор дода, онро хеле муассир хондааст: “Китоб барои тарбияи поку холиси исломӣ муфидтарин василаи тарбиявӣ ва беҳтарин абзори парваришӣ аст. Аз ин рӯ, доштани як китобхона ба ҳар шакли мумкин дар муҳити хона зарурӣ мебошад. Аммо бояд донист ва низ бисёр ҳушёр буд, китобҳое, ки барои он интихоб мешаванд, ғолибан китобҳое бошанд аз қабили китобҳои таърихи исломӣ, шарҳи ҳоли салафи солеҳ, навиштаҳои ахлоқиву ҳикматомез ва дарбаргирандаи матолибе дар заминаҳои кӯчидан, ҳиҷрат, футуҳот, пирӯзиҳои исломӣ ва амсоли онҳо”.
Равшану возеҳ аст, ки агар дар манзил вуҷуди дорухонае барои табобати бадан ва аъзои он лозиму зарурӣ аст, ҳатман китобхонаи исломӣ низ барои ислоҳи ақлу равон зарурӣ мебошад. Аз ин рӯ, бояд волидайн бикӯшанд ин китобхона холӣ аз китобҳои масхараомезу бемӯҳтаво ва дур аз навиштаҳои беарзиш ва мухолиф бо иффату исмати исломӣ бошад ва набояд чунин китобҳову навиштаҳои инҳирофию гумроҳкунандаро дар ихтиёри фарзандони худ бигзоранд. Албатта манъи онҳо бояд бо роҳнамоии дуруст ва ҳамроҳ бо далелу бурҳони мантиқӣ бошад, на бо иҷбору таҳдид ва якравӣ кардан, чун ин кор аз ҷумлаи масоиле аст, ки кӯдакро шефтаи он гуна китобҳову навиштаҳо мекунад ва ӯро барои рӯй овардан ба онҳо ҳаристар менамояд. Аммо огоҳ намудани кӯдак ба китобҳои муфиду омӯзанда ва алоқаманд сохтани ӯ ба навиштаҳое, ки хостаҳои саҳеҳу машрӯъро бармеангезанд, амре аст, ки хайри дину дунёи ӯро таъмин менамояд.
Асоси ҳаштуми илмӣ, баёни даврони кӯдакии уламои гузашта дар ҷустуҷӯи илму дониш
Табиист, ки баёни достони зиндагиву саргузашти даврони кӯдакию навҷавонии уламову донишмандон дар бедории кӯдак, ба ҳаракат овардани нерӯи идрок, барангехтани нерӯи фикрӣ дар ақлу андешаи ӯ нақши муассиреро бозӣ мекунад. Ҳамчунин, чун зикри қиссаҳову баёни зиндагии гузаштагон аз услубу васоили набавӣ дар тарбияи кӯдакон будааст. Аз ин рӯ, дар шиддат бахшидан ба иродаву огоҳии онон нисбат ба пешрафти илмии ояндаи худ бисёр муассир мебошад ва яке аз аркони устувору нерӯманди он ба ҳисоб меравад, ки бо хости Худованд дар фасли сенздаҳум дар ин бора ба таври муфассал баҳс хоҳем кард.
Акнун порае аз қиссаҳову саргузаштҳои уламову донишмандонро барои хонандагони мӯҳтарам баён мекунем, то ин ки намунаи хубу муассире бошад барои ранамоии кӯдакон ва бедор сохтани ҳиммат ва иродаи қавии онон:
Дар асоси дуюми ин фасл маънову мафҳуми даврони шигифтангези кӯдаконро дар ҳифзу ёдгирии Қуръону ҳадис баён намудем ва ҳамчунин чигунагиву воқеаи Ибни Аббос (р) ва хоҳони илму дониш буданашро зикр кардем. Инак, барои огоҳии бештар ба достонҳову саргузаштҳои зер мепардозем:
1. Даврони кӯдакии Суфён ибни Уяйна дар талаби илм
Хатиби Бағдодӣ аз Аҳмад ибни Насри Ҳилолӣ нақл намуда, ки гуфт: “Аз падарам шунидам, ки мегуфт: “Дар маҷлиси Суфён ибни Уяйна будам, ба кӯдаке, ки вориди масҷид шуд, нигарист ва ҳозирон дар маҷлис низ ӯро ба хотири хурдсолияш масхара карданд ва ҳақиру сабук шумориданд. Суфён барои онон ин оятро хонд:
﴿كَذَٰلِكَ كُنتُم مِّن قَبۡلُ فَمَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡكُمۡ فَتَبَيَّنُوٓاْۚ ٩٤﴾ [النساء : ٩٤]
«Шумо пеш аз ин чунин будед ва Худованд бар шумо миннат ниҳод».[33]
Сипас, гуфт: “Эй Назр! Агар маро медидӣ, дар ҳоле ки даҳсола будам, панҷ ваҷаб қад доштам, рӯям ба монанди сиккаи динор ва шӯълаи оташ буд, либосам хурду остинам кӯтоҳ, доманам кашол ва кафшам ба монанди ду гӯши муш буд, назди уламои шаҳрҳо, мисли Зӯҳрӣ, Амр ибни Динор омаду рафт доштам ва миёни эшон ба монанди мехи оҳанӣ менишастам. Давотам монанди чормағз, қаламдонам мисли мавз, қаламам монанди бодом буд. Вақте ки вориди маҷлиси онон мешудам, мегуфтанд: “Барои устоди хурд ҷой диҳед”. Сипас, Ибни Уяйна лабханде заду хандид. Аҳмад гуфт: “Падарам лабханде заду хандид”.[34]
2. Даврони кӯдакии Молик ибни Анас дар талаби илм
Митраф гуфтааст: “Молик мегӯяд: “Ба модарам гуфтам: “Оё биравам, то илму дониш биомӯзам?” Модарам дар ҷавоб гуфт: “Биё, либоси толибилмиро бипӯш”. Сипас, ӯ либоси махсуси толибилмиро бар танам пӯшонида, риштаву дасторе бар сарам ниҳод ва баъд гуфт: “Акнун бирав, илму дониш биомӯз!” Ва ба ман гуфт: “Ба назди Рабиъа бирав, аввал ахлоқу одоб аз ӯ биомӯз баъд илму донишро”.[35]
3. Даврони кӯдакии Имом Шофеъӣ дар талаби илм
Имом Шофеъӣ мегӯяд: “Дар ибтидои зиндагӣ ва дар даврони навҷавониям, ки илму донишро меомӯхтам, мушкили бебизоатӣ доштам ва қодир ба харидани қоғазу ғайра надоштам. Аз ин рӯ, ба дари идораҳои давлатӣ ва муҳити дафтархонаҳо мерафтам, қоғазпораҳои сафед ва авроқе, ки фақат як рӯи онҳо навишта шуда буд, ҷамъоварӣ намуда матолиби дарсиро бар рӯи онҳо ёддошт мекардам”.[36]
Бувайтӣ аз имом Шофеъӣ нақл намуда, ки дар маҷлиси имом Молик нишаста буд, марде назди имом Молик омад ва (дар бораи талоқе, ки бар сари муомилаи як қумрӣ андохта буд) аз ӯ пурсид ва гуфт: “Ман ба се талоқ савганд хӯрдаам, ки ин қумрӣ аз субҳ то ба ҳол аз хондан ором намегирад ва сокит намемонад”. Имом Молик гуфт: “Талоқат воқеъ шудааст”. Он мард рафт. Имом Шофеъӣ, ки дар он ҳолат сездаҳ сол дошт, рӯ ба яке аз ёрони имом Молик карду гуфт: “Ин фатвои имом Молик иштибоҳ аст ва талоқи он мард воқеъ намешавад”. Ин изҳори назари Шофеъӣ ба имом Молик расид. Имом Молик марди боҳайбат ва бузурги маҷлис буд, касе ҷуръат намекард сухани ӯро рад кунад ва чӣ басо дар маҷлиси худ, ки менишаст, раиси интизомот меомаду дар паҳлӯи вай бо ҳолати эҳтиром меистод. Баъд мардум ба имом Молик гуфтанд: “Ин навҷавон гумон мебарад, ки фатво иштибоҳ мебошад”. Имом Молик ба Шофеъӣ гуфт: “Аз рӯи кадом далел фатвои воқеъ нашудани ин талоқро додӣ?” Шофеъӣ гуфт: “Далели ман ҳадисе аст, ки ту аз Пайғамбар (с) ривоят намудаӣ! Магар ту набудӣ, ки дар бораи достони Фотима духтари Қайс ҳадисе аз Пайғамбар (с) ривоят намудӣ, ки Фотима духтари Қайс назди Расули Худо (с) рафт ва ба (мақсади машварат) гуфт: “Эй Расули Худо (с) Абуҷаҳам ва Муъовия (р) ҳарду аз ман хостгорӣ кардаанд, ман бо кадом як аз он ду издивоҷ кунам?” Он ҳазрат (с) ҷавоб доданд, ки Абуҷаҳм асояшро аз шонаи худ поён намеоварад (аз талош барои таъмини маъош кӯтоҳӣ намекунад), аммо Муъовия марди фақиру камбизоат аст”. Бинобар ин манзури Пайғамбари акрам (с) дар ин ҳадис он нест, ки асои Абуҷаҳм ҳамеша бар рӯи шонааш мебошад, балки манзури он ҳазрат (с) он аст, ки ғолибан асо рӯи шонааш мебошад. (Пас бино бар гуфтаи он шахс, чун хондани қумрӣ бештар аз сукуташ мебошад, аз ин рӯ бо истинод ба мазмуни ин ҳадис талоқ воқеъ намешавад).[37]Имом Молик истидлол ва ҳушу зиракии Шофеъиро ситоиш кард. Шофеъӣ мегӯяд: “Вақте ки хостам аз шаҳри Мадина берун шавам, назди имом Молик рафтам, то бо ӯ худоҳофизӣ кунам ва ҳангоми худоҳофизиву ҷудоӣ ӯ хитоб ба ман гуфт: “Эй ҷавон! Ҳамеша тақвои Худоро дошта бош ва ин нури илмеро, ки Худованд ба ту ато фармудааст, ба василаи гуноҳ хомӯш магардон!”
Мурод аз нур илм аст, ки дар ин фармудаи Худованд ба он ишора шудааст:
﴿وَمَن لَّمۡ يَجۡعَلِ ٱللَّهُ لَهُۥ نُورٗا فَمَا لَهُۥ مِن نُّورٍ ٤٠﴾ [النور : ٤٠]
«Ва касе, ки Худованд нуреро баҳраи ӯ накарда бошад, ӯ нуре надорад (то вайро ба роҳи рост раҳнамоӣ кунад)».[38]
4. Даврони кӯдакии Имом Аҳмад ибни Ҳанбал дар талаби илм
Аҳмад ибни Ҳанбал дар даврони кӯдакияш ба хондану ҳифз кардани Қуръон пардохт ва хондану навиштанро омӯхт, сипас мутаваҷҷеҳи доираҳои давлатӣ шуд ва ба навиштану кори идорӣ машғул гардид. Вай бо худ мегуфт: «Ман дар ҳоле ки кӯдаку навҷавон будам, барои ҳузур дар маҷолиси устодону донишмандон омаду рафт мекардам ва дар синни чордаҳсолагӣ ба доираҳои давлатӣ рафту омад доштам».
Дарвоқеъ, осори нобиғагӣ ва ҳушёрии имом Аҳмад дар синни чордаҳсолагӣ ошкор гардид, ҳатто яке аз донишмандон гуфтааст: «Ман хароҷоти фарзандонамро мепардозам ва ононро пеши мураббиёну мударрисон мебарам, аммо эшонро муваффақ намебинам, дар сурате ки ман аз пешрафти рӯзафзун, ҳусни рафтор ва ҳирсу алоқаи Аҳмад ибни Ҳанбал дар шигифтам, ки ӯ дар ҳоле ки навҷавони ятим буд, чӣ гуна ба илму одоб алоқа дошт ва дар ин роҳ низ пешрафт кард?[39]
5. Даврони кӯдакии Абуюсуф, ёри Абуҳанифа дар талаби илм
Абуюсуф мегӯяд: «Дар ҳоле ки ман фарди тиҳидасту камбизоат будам ва вазъи парешону либоси кӯҳнаву номураттабе доштам, ба омӯхтани ҳадису фиқҳ пардохтам. Рӯзе дар ҳоле ки ман барои касби илму дониш назди Абуҳанифа рафта, дар ҳалқаи дарси ӯ нишаста будам, ногаҳон падарам омад ва ман ҷаласаро тарк намуда, бо падарам баргаштам. Падарам ба ман гуфт: «Эй писарам, ту бо Абуҳанифа бо хаёли роҳат манишин, зеро Абуҳанифа нону таомаш омодаву пухта шудааст, аммо ту ниёзманд ба ин ҳастӣ, ки дунболи таҳияи маблағи маъош бошӣ».
Абуюсуф мегӯяд: «Ман дастури падарамро пазируфтам ва аз рафтан ба назди Абуҳанифа барои касби дониш костам. Абуҳанифа маро дар ҷаласаи дарси худ надид, аз ин рӯ сабаби ғоиб будану адами ҳузури маро ҷӯё шуд. Ман мекӯшидам, ки ба ҳалқаи дарси ӯ биравам. Баъд аз муддате таъхир, аввали рӯзе, ки пеши ӯ рафтам, ба ман гуфт: «Чӣ чизе монеъи омаданат ба назди мо шуд?» Дар ҷавоб гуфтам:» Машғул шудан ба талош дар роҳи таъмини маблағи маъош ва итоат аз падарам». Сипас, ман дар ҳалқаи дарси ӯ нишастам ва баъд аз итмоми дарс, ҳангоме, ки ҳозирони маҷлис рафтанд, як киса пул ба ман доду гуфт: «Аз ин миқдор пул истифода кун». Ман низ кисаро боз кардам, дидам сад дирҳам дар он мебошад. Баъд Абуҳанифа ба ман гуфт: «Ҳалқаи дарсро тарк макун ва вақте ин пулро тамом кардӣ, ба ман бигӯ». (Абӯюсуф мегӯяд): «Ман низ ба таври давомнок дар ҳалқаи дарси ӯҳозир мешудам. Баъд аз гузашти муддати начандон зиёд сад динори дигар ба ман дод. Сипас, аз ман аҳд гирифт, ки ҳалқаи дарси ӯро тарк накунам ва ғоиб нашавам. Ман низ ҳеҷ гоҳ тамом шудани дирҳамҳо ва ё чизи дигареро ба ӯ намегуфтам ва Абуҳанифа низ фикр мекард, ки тамом шудани дирҳамҳо ба ӯ хабар дода шуд. Вазъ ба ин минвол гузашт, то ин ки ман кам-кам аз ӯ бениёз шудам ва молу дороӣ ба даст овардам…»
Ногуфта намонад, дар бораи рушду парвариши Абуюсуф ривояти дигаре ҳаст ва он ин аст, ки Алӣ ибни Ҷаъд гуфтааст: «Абуюсуф ба ман гуфт: «Падарам Абуиброҳим ибни Ҳабиб фавт кард ва ман дар кӯдакӣ дар тарбияи модарам мондам. Саранҷом, модарам маро ба унвони хидматгор ба як нафар рахтшӯе супурд. Аммо ман гоҳ-гоҳе рахтшӯиро тарк мекардам ва ба ҳалқаи дарси Абуҳанифа мерафтаму менишастам ва ба дарси ӯ гӯш медодам. Модарам низ дунболи ман омада, дастамро мегирифт ва дубора ба рахтшӯӣ мебурд. Вақте ки Абуҳанифа медид, ки ман дар ҳалқаи дарси ӯҳозир мешавам ва бисёр алоқаманд ба омӯхтани илму дониш мебошад, аз ин рӯ, ба ман таваҷҷӯҳи хоссе менамуд. Аммо чун модарам бисёр дунболи ман меомад ва рафтани ман ба он ҷо низ тӯл кашид ва давом ёфт, рӯзе ночор ба Абуҳанифа гуфт: «Аз ин кӯдак чӣ мехоҳӣ, ки ӯро ба фасоду инҳироф кашондаӣ? Ин кӯдаке аст ятим, ҳеҷ чизе надорад, ман аз роҳи ресандагӣ зиндагии ӯро таъмин менамоям, луқмаи ноне барояш таҳия мекунам ва орзуи ман он аст, ки ҳадди ақал як шашуми хароҷоти худро ба даст биовараду худро ба он идора кунад». Абуҳанифа ба модари Абуюсуф гуфт: «Эй модари азиз! Бирав, ин писари ту хӯрдани фолудаи сохташуда ба равғани пистаро ёд хоҳад гирифт!» Модари Абуюсуф инро, ки шунид рафт ва (бо ҳолати хашм) ба Абуҳанифа гуфт: «Ту пирамарди харифе ҳастӣ, ки ақли худро аз даст додаӣ!»
Абуюсуф мегӯяд: «Аз он баъд, дар ҳалқаи дарси Абуҳанифа ҳозир мешудам ва ӯ низ аз молу сарвати худ хароҷоти зиндагии маро ӯҳдадор мешуд. Тӯле накашид, Худованд маро аз илму дониш бархурдор намуд ва то ба он ҷо расидам, ки ба кори қазоиву доварӣ мепардохтам, дар маҷолиси Ҳоруноррашид ҳозир мешудам ва бо ӯ бар сари як сурфа хӯрок мехӯрдам. Дар яке аз рӯзҳо фолуда барои Ҳорунаррашид оварданд ва Ҳорун ба ман гуфт: «Аз ин фолуда бихӯр, чун ҳар рӯз чунин чизеро бароямон дуруст намекунанд». Ман низ гуфтам: «Эй амирилмӯъминин! Ин чӣ навъи хӯрок аст?» Ҳорун гуфт: «Ин фолуда аст, бо равғани писта дуруст мешавад». Маро ханда гирифт. Ҳорун гуфт: «Аз чӣ механдӣ?» Гуфтам: «Худованд амирулмӯъмининро ба саломат бидорад, иншоаллоҳ хайр аст!» Ҳорун бисёр исрор намуд, ки бояд бигӯям, аз чӣ механдам. Оқибат, ман ҳам ҳамон достони худамро бо Абуҳанифа аз аввал то охир бозгӯ намудам. Ҳорун (махсусан аз он қисмати саргузашт, ки Абуҳанифа ба модарам гуфт: «Эй модари азиз, бирав ин писари ту дар оянда дар асари илму дониш хӯрдани фолудаи сохташуда ба равғани пистаро ёд мегирад», тааҷҷуб карду гуфт: «Ба ҷонам қасам, илму дониш мақому манзалати инсонро боло мебараду ба ӯ суди динию дунявӣ мерасонад!» Сипас, ба таърифу тавсифи Абуҳанифа пардохту гуфт: «Абуҳанифа он чиро, ки бо чашми сар намебинад, бо чашми ақл онро ба хубӣ мебинад».[40]
6. Даврони кӯдакии Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ дар талаби илм
Хатиб ривоят намуда, ки Муҷошиъ ибни Юсуф гуфтааст: «Дар Мадина назди имом Молик, ки муфтии мардум буд, нишаста будам. Муҳаммад ибни Ҳасан, ёри Абуҳанифа омад ва ӯ дар он ҳолат навҷавон буд. Ва ин омаданаш ба назди имом Молик вақте сурат гирифт, ки ҳанӯз барои хондани «Муваттаъ» пеши ӯ наомада буд. Сипас, Муҳаммад ибни Ҳасан ба имом Молик гуфт: «Раъйи ту дар бораи касе, ки дар ҳоли ҷанобат мебошад ва ҷуз дар масҷид об намеёбад, то ғусл намояд, чист?» Имом Молик дар ҷавоб гуфт: «Шахси ҷунуб набояд вориди масҷид шавад». Муҳаммад ибни Ҳасан гуфт: «Дар ҳоле ки вақти адои намоз фаро расидааст ва ӯ обро дар масҷид мебинад, чӣ кор кунад?» Молик ҳамон ҷавобро такрор намуд, ки «шахси ҷунуб набояд вориди масҷид шавад». Чун Муҳаммад ибни Ҳасан ин саволро такрор мекард, Молик ба ӯ гуфт: «Ту дар ин бора чӣ назар дорӣ?» Муҳаммад ибни Ҳасан дар ҷавоб гуфт: «Шахси ҷунуб таяммум карда, ба масҷид дарояд ва оби мавриди ниёзро аз дохили масҷид бардошта хориҷ шавад ва ғусл намояд». Имом Молик гуфт: «Ту аҳли куҷоӣ?» Дар ҷавоб гуфт «Ман аҳли ин ҳастам, дар ҳоле ки ишора ба замин мекард». Сипас, бархосту рафт ва афроди ҳозир дар он ҷо гуфтанд: «Ин Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбонӣ, ёри Абуҳанифа аст». Молик гуфт: «Муҳаммад ибни Ҳасан чӣ гуна дурӯғ мегӯяд, ки баён намуд: «Ман аҳли ин шаҳр ҳастам?» Мардум гуфтанд: «Вақте ки гуфт, ман аҳли ин ҳастам, ишора ба замин кард (ва манзураш хок буд на худи шаҳри Мадина)». Молик гуфт: «Ин гуфтаи ӯ аз он гуфтаи қаблӣ бар ман нохушояндатар буд».[41]
7. Даврони кӯдакии Ибни Ҷавзӣ дар талаби илм
Ибни Ҷавзӣ дар бораи душвориҳову сахтиҳое, ки дар ибтидои талабу ҷустуҷӯяш барои илму дониш дучори онҳо шудааст, ҳамчунин роҷеъ ба сабру шикебоияш дар баробари онҳо чунин мегӯяд: «Дар буҳбуҳаи таҳсили илму дониш ва дар вақти чашидани ҳаловати он будам. Ба хотири он чи, ки ба дунболаш мегаштам ва умеди ба даст оварданашро доштам, бо мушкилоту душвориҳое рӯ ба рӯ шудам, ки дар назари ман аз асал ширинтар буд. Ба ин маъно, ки дар даврони кӯдакӣ чанд қурс нони хушки сахт бо худ бармедоштам ва ба дунболи касби ҳадис мерафтам. Чун наметавонистам он қурси нони хушкро бидуни об бихӯрам, аз ин рӯ дар Бағдод дар канори «рӯди Исо» менишастам ва ҳар бор луқмаеро, ки ба даҳон мегузоштам, фавран миқдоре об ба дунболи он менӯшидам. Чашми ҳиммат ва иродаи устувори ман ҷуз таҳсили илму дониш чизи дигареро намедид. Беҳтарин натиҷае, ки дар ин кор насиби ман шуд ин буд, ки ба бисёре аз аҳодиси Пайғамбар (с) ва ба одобу равиши он ҳазрат (с), ҳамчунин ба авзоъу аҳволи саҳобаи бузургвор ва тобеини мукаррам огоҳӣ ёфтам».
Ибни Ҷавзӣ боз мегӯяд: «Ман ҳангоми таҳсили илму дониш танҳо ба касби як фан қонеъ намешудам, балки ба касби фиқҳу ҳадис низ мепардохтам ва дунболи афроди зоҳиду порсо меафтодам. Сипас, ба омӯхтани забон машғул мешудам, ҳар касе, ки ривоятеро нақл мекард ва ба ваъзу таблиғе мепардохт ва ҳар фарди ғарибу ноошное, ки ворид мешуд, фавран ба ҳузури ӯ мерафтаму аз илму фазоили ӯ баҳра мегирифтам. Пайваста барои шунидану фаро гирифтани ҳадис назди устодони он фан мерафтам ва бо онон рафту омад доштам. Пайваста худро аз душман ва аз порае масоил мебуридаму канора мегирифтам, ки мабодо ба ман дастбурде ё осебе бирасонанд ва аз кори мавриди алоқаам ақиб бимонам. Гоҳе субҳ, ки бедор мешудам ва шаб, ки фаро мерасид, чизе барои субҳона ё шом надоштам, ки бихӯрам ва ҳамди Худованд, ниёзманди касе нашудам ва ба сӯи ҳеҷ кас дасти тамаъ дароз накардам.
Агар чунончи авзоъу аҳволи худро шарҳ диҳам, бисёр тӯлонӣ мешавад ва ба ҳамин миқдор басанда мекунам».[42]
8. Даврони кӯдакии Ибни Сино дар талаби илм
Вақте Ибни Сино ба синни даҳсолагӣ расид, Қуръони каримро ба хубӣ омӯхт ва дар адабиёт, масоиле аз усули дин, ҳисоб ва муқобала маҳорат пайдо кард. Сипас назди Абуабдуллоҳи Нотулӣ мантиқ, ҳандасаи Уқлидус, нуҷум ва ҳайъати Маҷастӣ омӯхт. Бар устодаш бартарии зиёде пайдо кард ва бо вуҷуди он барои ошноӣ дар илми фиқҳ назди Исмоили Зоҳид мерафт. Ба мутолиаву таҳсили соири улум аз қабили табииёт, илоҳиёт ва ғайра пардохт. Худованд дари мавқеияту муваффақияти улумро бар рӯи ӯ кушод. Баъд аз он ба илми тиб алоқа пайдо кард ва ба китобҳое, ки дар ин фан таълифу тасниф шуда буданд, муроҷиат намуда, дар онҳо ба мутолиаву диққат ва тааммул пардохт ва аз рӯи омӯзишу таълим, на аз рӯи касбу таҷриба ба муолиҷа машғул шуд. Аз ин рӯ, илми тибро низ ёд гирифт, то он ҷое ки дар ин фан ба муддати кӯтоҳе бар афроди гузаштаву ашхоси замони худ бартарӣ ёфт, ба гунае ки дар ин илм назиру монанд надошт ва бисёре аз фозилону бузургони ин фан барои касби файз ба ҳузури ӯ мерасиданду анвоъи илми тиб ва бисёре аз таҷрибаҳоро дар бораи муолиҷаҳои иқтибосшуда барои ӯ мехонданд ва нуқсҳову камбудиҳоро бартараф менамуданд. Дар он ҳолат Ибни Сино шонздаҳ сол син дошт ва дар муддати машғул шуданаш ба касби илмҳо ҳеҷ гоҳ як шаби комил намехобид ва дар рӯз ба ҷуз мутолиа ба чизи дигар машғул намешуд. Ҳар гоҳ дар масъалае дучори мушкиле мешуд, таҳорат карда, ба масҷиди ҷомеъ мерафт ва чанд ракъат намоз хонда, аз Худованди мутаол мехост, ки он масъаларо бар ӯ саҳлу осон гардонад ва роҳи расидан ба ҳақиқати онро барояш боз кунад.
Оре, Ибни Сино дар илм заковат, тезҳушӣ ва дар таълифоту таснифот яке аз афроди нодиру камназири замони худ буд. Дар ҳудуди таснифу таснифи муфассалу мухтасар, рисолаҳои зиёде дар фанҳову риштаҳои мухталиф аз худ ба ҷой гузошт.[43]
9. Намунаҳое аз фарзандони саҳоба, ки дар даврони кӯдакӣ ба фарогирии илм, Қуръон, ба амали ҷиҳод ва хидматгории Расули Худо (с) мепардохтанд
Ривоят шуда, ки Зайд ибни Собит (р) гуфтааст: «Дар ҳоле ки шашсола будам воқеаи «Буъос»[44] панҷ сол пеш аз ҳиҷрат рух дод. Вақте ки Расули Худо (с) аз Макка ба Мадина ҳиҷрат фармуданд, ман ёздаҳсола будам ва маро назди Расули Худо (с) оварда гуфтанд: «Ин писар аз қавми Хазраҷ аст, шонздаҳ сура аз Қуръонро хонда дар ҳифз дорад…» [45]
Зайд ибни Собит (р) ба сабаби хурдсолӣ иҷозат наёфт, ки дар ҷангҳои Бадр ва Уҳуд ширкат кунад, аммо дар ҷанги Хандақ ширкат кард. Ибни Умар (р) гуфтааст: «Зайд ибни Собит (р) ба ду забон, арабӣ ва ибронӣ ба таври комил китобат мекард ва дар аввалин ҷанге, ки ҳамроҳ ба Расули Худо (с) дар он ширкат намуд, ҷанги Хандақ буд ва дар он ҳолат понздаҳ сол син дошт. Дар он рӯз ҷузъи мусулмононе буд, ки дар кандани хандақ ҳамроҳи онон хокбардорӣ мекард. Расули Худо (с) фармуданд: «Ин писари хубе аст». Дар он рӯз хоб бар ӯ ғалаба кард ва хобид. Дар ин ҳангом Аммора ибни Ҳазм омад, дар ҳоле ки Зайд ибни Собит хобида буд (бо мақсади шӯхӣ) силоҳи ӯро бардошт. Расули Худо (с) фармуданд: «Эй Абуриқод (хоболуд)!Хобидӣ, то ин ки силоҳи ту рафт». Сипас фармуданд: «Кӣ медонад, ки силоҳи ин писар назди кист?». Аммора ибни Ҳазм гуфт: «Эй Расули Худо! Ман онро бардоштам» ва онро ба ӯ пас дод. Он ҳазрат (с) наҳй фармуданд, аз ин ки шахси мӯъмин тарсонида шавад ва ё васоилу колояш бардошта шавад, хоҳ аз тариқи шӯхӣ бошад ва хоҳ ҷиддӣ.[46]
[1]. Нақл аз муқаддимаи китоби Таъриху-т-тарбияти-л-ислом, Аҳмад Шиблӣ.
[2]. Ба ривояти Ибни Моҷа аз Анас (р) ба таври марфӯъ. Ба «ал-Мақосидул-ҳасана» шумораи 660 муроҷиат шавад.
[3]. Ба ривояти Табаронӣ аз Абудардо (р). Саховӣ дар «ал-Мақосидул-ҳасана» гуфтааст: Санади он заиф мебошад.
[4]. «ал-Мақосидул-ҳасана».. – С. 461.
[5]. Баривояти Абуҳурайра (р) ба таври марфӯъ.
[6]. Ривоят аз Ибни Аббос (р).
[7]. Нақл аз китоби ал-Ҷомеъ лиахлоқи-р-ровӣ ва одоби-с-сомеъ». – Ҷ. 1.. – С. 245. Таҳқиқи доктор Муҳаммад Риъфат Саъид.
[8]. Нақл аз «ал-Ҷомеъ лиахлоқи-р-ровӣ ва одоби-с-сомеъ». – Ҷ. 1.. – С. 42.
[9]. Нақл аз «ал-Муҳаддису-л-фосил».. – С. 3.
[10]. Нақл аз «Ал-Кифояту фи илми-р-ривоя, Хатиби Бағдодӣ.. – С. 29.
[11]. Нақл аз «Ал-Ҳидояту-л-исломия, Муҳаммад Хизр Ҳусайн.. – С. 228.
[12]. Нақл аз «ал-Луббу фи-л-исломи ва-т-тиб, Шавкат Шутӣ.. – С. 38.
[13]. Дар «Файзу-л-борӣ шарҳу Саҳеҳу-л-Бухорӣ, Муҳаммад Анвари Кашмирӣ. – Ҷ. 1.. – С. 33.
[14]. Нақл аз китоби Имом Абӯдовуд ва маконати китобати Сунан, Тақиюддини Надвӣ.
[15]. Нақл аз «Насиҳату-л-мулук».. – С. 170, Мовардӣ.
[16]. Нақл аз «Насиҳатул-мулук».. – С. 172.
[17]. Нақл аз китоби ал-Ғорату ала-л-олами-л-исломӣ».
[18]. Бояд донист, иддае аз падарону модарон аз ҳар кас муҷримтару муқассиртаранд, ки фарзандони худро назди чунин афроди фосиқу фиребанда мефиристанд ва ба онон эътимод мекунанд.
[19]. Нақл аз китоби Таҷрибату-т-тарбияти-л-исломия, Саид Рамазон Бутӣ.
[20]. Сураи Қоф, 50: 37.
[21]. Сураи Аъроф, 7: 58.
[22]. Нақл аз «ал-Ҳидояту-л-исломия».. – С. 151.
[23]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 2.. – С. 140.
[24]. Чун «мо аҳсана» феъли тааҷҷуб ва бар вазни мо афъала» мебошад ва «ас-самоа» низ мутааҷҷбун минҳу ва мансуб аст.
[25]. Нақл аз шарҳи Зайнӣ Даҳлон бар матни Аҷрумия.
[26]. Нақл аз «Ҷомеъу баёни-л-илми ва фазлиҳи». – Ҷ. 1.. – С. 86.
[27]. Нақл аз «Насиҳатул-мулук».. – С. 168.
[28]. Ба ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Ҳоким, метавон ба силсилаи ал-Аҳодису-с-саҳеҳа, шумораи ҳадиси 187 муроҷиат намуд.
[29]. Ба ривояти Абуяъло ва Ибни Асокир аз Зайд ибни Собит (р).
[30]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак»-и худ ва низ ба ривояти Абунуъайм дар «ал-Ҳиля» аз Умар ибни Қайс (р).
[31]. Нақл аз маҷаллаи ал-Ваъюл-арабӣ, шумораи 1 соли 1357 ҳ. саҳ. 33.
[32]. Нақл аз «ал-Исобату фи тамйизи-с-саҳобати, Ибни Ҳаҷар, шарҳи ҳоли Будайл ибни Варқо.
[33]. Сураи Нисо, 4: 94.
[34]. Нақл аз китоби ал-Кифояту фи илмир-ривоя».. – С.11 2.
[35]. Нақл аз муқаддимаи китоби ад-Дебоҷу-л-музаҳҳаб, Ибни Фарҳун.
[36]. Нақл аз китоби Сафаҳотун мин сабри-л-уламо».. – С.55.
[37]. Барои иттилоъ ёфтан бар тамоми ҳадис ва тавзеҳи бештари он ба китоби Нуру-л-абсор».. – С. 215 ва ё ба китоби Ҳаёту-л-ҳайвон». – Ҷ. 1.. – С. 156 муроҷиат шавад.
[38]. Сураи Нур, 24: 40.
[39]. Нақл аз «Риҷолу-л-фикри вад-даъвати, Абулҳасани Надвӣ.. – С. 105.
[40]. Нақл аз китоби Сафаҳотун мин сабри-л-уламо».
[41]. Нақл аз «Булуғу-л-амонӣ фи сирати-л-имом Муҳаммад ибни-л-Ҳасани-ш-Шайбонӣ, Зоҳиди Кавсарӣ.. – С. 12.
[42]. Нақл аз китоби Сафаҳотун мин сабри-л-уламо».. – С.76.
[43]. Нақл аз китоби Сафаҳотун мин сабрил-уламо».. – С.42.
[44]. Дар солҳои наздик ба ҳиҷрат низои сахт байни ду қабилаи Авс ва Хазраҷ даргирифт. Он ҷанг ба «Явму буъос» маъруф аст. Нақл аз «Таъриху таҳлили Ислом».. – С. 55.
[45]. Дар «Канзу-л-уммол» омадааст: Ҳабдаҳ сура аз Қуръон хонда онҳоро барои Расули Худо (с) хондааст. Тавҷеҳи ин ҳадис дар ду ҷои дигари аз ин китоб ба таври муфассалтар баён шудааст, аммо бо ибораи ин ҷо миқдоре ихтилоф доранд. Валлоҳу аъламу би-с-савоб.
[46]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ. 3.. – С. 421.