Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистунуҳум: Бинои ахлоқии кӯдак: Асоси дуюм, хулқу хӯи садоқат ва ростӣ
Дастабандиҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистунуҳум: Бинои ахлоқии кӯдак: Асоси дуюм, хулқу хӯи садоқат ва ростӣ
سلسلة تربية الأولاد، القسم التاسع والعشرون: عن بناء الأخلاقي للأولاد، الصدق والأمانة
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Асоси дуюм, хулқу хӯи садоқат ва ростӣ
Хулқу хӯи садоқат ва ростӣ як асли муҳим аз аслҳои ахлоқи исломӣ аст, ки инсон барои устувории он ниёз ба саъю кӯшиши зиёде дорад. Расули Худо (с) ҳам дар мавриди устувор намудани он дар вуҷуди кӯдак таваҷҷӯҳи зиёд мекарданд. Аз ин хотир рафтори падару модарро бо кӯдаконашон назорат менамуданд, ки мабодо онҳо бо хӯи пасти кизбу дурӯғ бо кӯдаконашон бархӯрд намоянд. Он ҳазрат (с) як қоидаи умумӣ вазъ мекарданд, ки кӯдак низ дар муоширату рафтору кирдори инсонӣ ба монанди дигарон инсон аст ва ҳуқуқи хоси худро дорад, бинобар ин, набояд падару модар ӯро бо ҳар василаи мумкин фиреб кунанд ва дар муошират мавриди бетаваҷҷӯҳиву беаҳамиятӣ қарор диҳанд.
Чунонки дар ривоят омадааст, Абдуллоҳ ибни Омир гуфт: «Рӯзе Паёмбари Худо (с) дар хонаи мо буданд, модарам маро фаро хонда гуфт: «Биё, чизе ба ту бидиҳам». Паёмбари Худо (с) ба модарам гуфтанд: «Чӣ чизеро мехоҳӣ ба ӯ бидиҳӣ?». Модарам гуфт: «Мехоҳам хурмое ба ӯ бидиҳам». Расули Худо (с) ба ӯ фармуданд: «Агар ту (ӯро фиреб диҳӣ ва) чизе ба ӯ надиҳӣ дурӯғе ба зиёни ту навишта хоҳад шуд».[1]
Дар ривояти дигаре Расули Худо (с) фармуданд:
«Касе ба кӯдаке бигӯяд: «биё инро ба ту бидиҳам», аммо ба ӯ надиҳад (ба унвони) дурӯғе барои ӯ навишта мешавад».[2]
Рабеъаи Шайбон гуфтааст: «Ба Ҳусайн ибни Алӣ (р) гуфтам: «Чӣ чизеро аз Расули Худо (с) омӯхта, ҳифз кардаӣ?» Гуфт: «Аз Ӯ ин ҳадисро омӯхта, ҳифз кардаам: «Он чиро, ки (дар хуб ё зишт буданаш ва ё дар ҳалолу ҳаром буданаш аз назари гуфтору кирдор) шакку тардид дорӣ, тарк кун ва он чиро, ки (дар ҳалолу нек буданаш яқин дорӣ) баргир, зеро садоқату дурустӣ (дар ҳар чизе мӯҷиби) итминону оромиши қалб аст ва кизбу дурӯғ боиси ба сутӯҳ омадан ва изтироби хотир мебошад».[3]
Бегумон, гузаштагон дар мавриди устувор сохтани ин хулқу одат, ки садоқату ростӣ дар ваъда додан низ ҷузъи он аст, таваҷҷӯҳи зиёде намудаанд, хоҳ ваъдаи бузургтарҳо барои хурдтарҳо бошад ва ё ваъдаи кӯдакон нисбат ба якдигар.
Чунонки дар ривояте омадааст, Абдуллоҳ гуфт: «Аз нақли ривоятҳои дурӯғин бипарҳезед, чаро ки дурӯғ ба василаи кӯшишу шӯхӣ ислоҳ намешавад ва набояд ҳеҷ як аз шумо ба фарзанди худ ваъдае бидиҳад, сипас онро барояш анҷом надиҳад».[4]
Ҳамчунин омадааст, ки Сулаймон ибни Довуд ба писараш гуфт: «Эй писарам! Вақте ваъда додӣ, хилофи ваъда макун, чун хилофи ваъда муҳаббату дӯстиро ба кинаву душманӣ табдил хоҳад дод».[5]
Асоси сеюм, риояи ҳифзи асрор
Паёмбари Худо (с) ба тарбияву парвариши кӯдакон бар риояи ҳифзу нигоҳдории асрор таваҷҷӯҳи зиёде намудаанд, зеро ҳифзи асрор дарвоқеъ салоҳу дурусткории кӯдакро дар ҳол ва ояндаи ӯ муҷассам мекунад, саломативу устувории хонаводаву ҳаракати дурусти онро равшан месозад ва мӯҷиби ҳифзу ҳаросати сохтори ҷомеа мегардад. Зеро кӯдаке, ки ба ҳифзу нигаҳдории асрор одат мекунад, қатъан нерӯи шуҷоату қудрати контроли забон дар вуҷуди ӯ рушд менамояд. Дар натиҷа, чунин нерӯву қудрате итминону эътимоди иҷтимоӣ ва ҳифзи асрори якдигарро дар миёни мардум фароҳам месозад.
Дар ривоят омадааст, ки Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р) гуфт: «Рӯзе Расули Худо (с) маро бар пушти худ савори чорпое карда, матлаберо ба пинҳонӣ ба ман фармуданд, ки онро ба ҳеҷ кас нагӯям ва беҳтарин чизе, ки барои рафъи ҳоҷат худро дар канори он пинҳон медошт, пушти замини баланд ва ё девори боғи хурмо буд».[6]
Намунаи ҳифзи асрори Пайғамбар (с)-ро қаблан баён намудем он ҷо, ки Анас (р) ба хотири анҷом додани коре барои Расули Худо (с) аз бозгашт ба назди модараш таъхир кард, модараш ба ӯ гуфт: «Чӣ чиз туро нигоҳ дошт, ки таъхир намудӣ?» Анас гуфт: «Расули Худо (с) маро ба дунболи кори зарурӣ ва шахсӣ фиристоданд, то барояшон анҷом диҳам». Модараш гуфт: «Он кор чӣ буд?» Анас гуфт: «Кори сиррию маҳрамонаи Расули Худо (с) аст». Модараш гуфт: «Пас рози Расули Худо (с)-ро нигоҳ дор ва онро маҳфуз бидор».
Ба ростӣ, ин гуфтаи модари мӯъмин ва парҳезкори бисёр огоҳ дарсе аст барои ҳамаи модарон, то ин ки ҳифзи асрорро ба кӯдакони худ биомӯзонад ва ононро роздору амонатдор тарбия кунанд.
Асоси чорум риояи амонатдорӣ
Бояд донист, ки амонатдорӣ ахлоқи асиле аст, ки сарвари мо ҳазрати Муҳаммад (с) аз ҳамон ибтидои кӯдакӣ то даврони рисолаташон дорои ин гуна сифат буданд, ҳатто мушрикон низ ӯро ба «Содиқи амин» таърифу тавсиф менамуданд. Ин худ панду ибрате аст барои кӯдакони мусалмон, то ба Расули Худо (с) иқтидо кунанд ва роҳу равиши ӯро пеш гиранд, то ин ки битавонанд дар оянда бар асоси он даъват ба сӯи Худои поку муназзаҳро ӯҳдадор шаванд.
Расули Худо (с) ҳадду марзи масъулияти фарзандро дар баробари молу дороии падараш таъйин фармудаанд, то ин ки ба унвони фарди амин бидуни исрофу харҷи беҳуда иқдом ба ҳифзу нигаҳбонии он бинамояд. Чунонки фармудаанд:
«…Фарзанд ҳофизу сарпарасти моли падараш аст ва ӯ масъули зердасти худ мебошад».[7]
Чунонки мулоҳиза мешавад, Паёмбари Худо (с) ба хулқи амонатдорӣ ва ба риояву решадор сохтани он дар вуҷуди кӯдак таваҷҷӯҳи зиёд кардаву таъкид намудаанд ва ҳаргиз розӣ набуданд, ки кӯдак дар ин рукни асосӣ дучору лағжиш шавад.
Имом Нававӣ (раҳ) дар «ал-Азкор» дар китоби (Ибни Синнӣ) аз Абуллоҳ ибни Бисри саҳоба ривоят намуда, гуфтааст: «Модарам миқдоре ангури чидашуда ба ман дод, то онҳоро барои Расули Худо (с) бибарам, аммо ман қабл аз он ки онҳоро ба он ҳазрат (с) бирасонам, миқдоре аз онҳоро хӯрдам. Вақте ки он ангурҳоро овардам, он ҳазрат (с) ба хотири амонатдориро риоя накарданам гӯшҳоямро гирифта фармуданд: «Эй хатокор!».
Асоси панҷум, риояи саломатӣ аз кина
Табиист, ки солим мондани сина аз кина як навъ тавозуну баробарии равониро барои инсон ба вуҷуд меорад ва ӯро бар муҳаббати хайру салоҳи ҷомеа одат медиҳад ва роҳи нерӯи хайру баракатро барои ҷомеаи башарӣ ба сӯи болотарин арзишҳои он мекушояд. Чунонки Пайғамбари акрам (с) кӯдаки тарбиятшуда, Анас ибни Молик (р)-ро мавриди хитоб қарор медиҳанд, ки чирку касофати даруни худро дар субҳгоҳу шомгоҳ бишӯяд, нисбат ба бадрафториву беадабие, ки дар мавриди ӯ мешавад, гузашт дошта бошад, қалбашро аз боқимондаҳои васавасаҳои шайтон ва андохтани он дар мағзҳову дарунҳо фориғ созад. Пас, мо низ бо синаи поку нияти соф ба ин нидои азиму шигифтангез гӯш фаро диҳем. Анас ибни Молик (р) мегӯяд: “Расули Худо (с) ба ман фармуданд: «Эй писари азизам! Агар қодирӣ, бидуни ин ки ғиллу ғашше нисбат ба касе дар қалбат бошад, субҳу шаб кунӣ, пас то метавонӣ, ин корро бикун». Сипас фармуданд: «Эй писарам! Он кор аз роҳу равиши ман аст (ва бидон) вакасе, ки роҳу равиши маро зинда гардонад, ба дурустӣ маро дӯст медорад ва касе, ки маро дӯст дорад, бо ман дар биҳишт мебошад».[8]
Табиист, ки биҳишт ва ҳамроҳ шудан бо Расули Худо (с) дар биҳишт барои касе имконпазир аст, ки ин қудрату тавоноиро дошта бошад, ки қалбаш аз ғиллу ғаш, кинаву ҳасад ва аз пастиву разолат солим ва дур бошад.
Намунаи амалӣ аз рафтори Паёмбар (с) бо кӯдакон
Дар поёни ин боб намунае аз рафтори Расули Худо (с), ин роҳбар ва намунаи некӯи ҷаҳони инсониятро барои хонандагони мӯҳтарам баён мекунем, то бидонанд, ки Паёмбари гиромӣ (с) бо кӯдакон чӣ гуна рафтор мекарданду ба онон дастур медоданд ва ё аз чизе наҳй мекарданд. Чӣ гуна бо онон вомехӯрдан, шӯхӣ менамуданд, пушти сарашон меистоданду ба онон лабханд мезаданд, ҳеҷ гоҳ дар баробари онҳо хашмгин намешуданд ва эшонро мавриди итобу сарзаниш қарор намедоданд. Билохира, чӣ гуна ақида ба қазову қадарро амалан дар замири онон собиту устувор мегардониданд.
Инак ҳадиси Анас (р)-ро бо ривоятҳои мухталиф, ки ҳар кадом дорои фоидаи хоссе мебошад, баён мекунем:
1. Дар ривоят омадааст, ки Анас ибни Молик (р) гуфт: “Муддати даҳ сол хидмати Расули Худо (с)-ро намудам. Қасам ба Худо! Дар ин муддат ҳаргиз ба ман уфф нагуфтанд ва ҳеҷ гоҳ намегуфтанд: “Чаро чунину чунон кардӣ?”[9]
2. Дар ривояти дигар омадааст, ки Анас (р) гуфт: «Расули Худо (с) хушхулқтарини инсонҳо буданд. Рӯзе маро барои коре фиристоданд. Бо худ гуфтам: «Меравам барои анҷом додани он чӣ Расули Худо (с) ба ман дастур додаанд». Пас, рафтам ва дар бозор ба чанд нафар кӯдак, ки бозӣ мекарданд, вохӯрдам, ногаҳон дидам, Расули Худо (с) пушти сарам ҳузур доранд. Ба Ӯ нигаристам, дидам, ки механданд ва фармуданд: «Эй Анаси хурдсол! Оё рафтӣ барои анҷоми он чӣ, ки ба ту дастур додам?». Гуфтам: «Оре, эй Расули Худо (с), меравам!»
Анас мегӯяд: «Қасам ба Худо, нӯҳ сол аст барои Расули Худо (с) кор мекунам ва аз ӯ надидаам дар бораи коре, ки анҷом додам, бифармоянд: «Чаро чунину чунон кардӣ?» Ва ё дар бораи он чӣ, ки анҷом надодаам, бифармоянд: «Чаро чунин ва чунон накардӣ?»[10]
3. Дар ривояти дигаре омадааст, ки Анас (р) гуфт: «Даҳ сол Пайғамбари акрам (с)-ро хидмат намудам, анҷом додани ҳар кореро, ки ба ман дастур медоданд ва ман вақте нисбат ба он кор сустиву кӯтоҳӣ меварзидам, ҳаргиз маро маломату сарзаниш намекарданд ва агар аҳёнан яке аз афроди аҳли байташон маро сарзаниш менамуд, он ҳазрат (с) мефармуданд: «Ӯро бигзоред ва аз ӯ даст бардоред, зеро агар бар анҷоми он қодир мебуд ва ё муқаддар мешуд, ки анҷом гирад, ҳатман анҷом мегирифт».[11]
Оре, тамоми ин ривоятҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Паёмбари Худо (с) дар мавриди поягузории ахлоқи некӯ дар замири кӯдакон амалан таваҷҷӯҳу таъкиди бисёре намудаанд, то ин ки бар устувортарини ахлоқ ва собиттарини одат дар баробари зӯрозмоиҳои моддӣ, ки дар ҳаёти иҷтимоӣ ва дар тӯли зиндагии мардум интизори онҳо меравад, парвариш ёбанд. Дар натиҷа, ба василаи ахлоқи исломӣ, дар баробари тӯфони афкори инҳирофӣ, ки дар асри кунунӣ ба воситаи ҷомеаи ноогоҳ дар нафсҳои мӯъминон роҳ меёбанд, дасту панҷа нарм кунанд.
Умед аст, ки Худованд ҳамаи моро ба ахлоқи ҳасана, сабри ҷамил, ҳилми зиёду сахову ҷавонмардӣ муваффақ бигардонад, зеро Худованд шунаво ва иҷобаткунанда мебошад.
[1]. Ба ривояти Абудовуд аз Абдуллоҳ ибни Омир (р).
[2]. Ба ривояти Имом Аҳмад аз Абуҳурайра (р).
[3]. Ба ривояти Тирмизӣ, Аҳмад ва Ибни Ҳиббон.
[4]. Ба ривояти Имом Самъонӣ аз Абуисҳоқ аз Абуаҳвас аз Абдуллоҳ (р).
[5]. Ривоят аз Яҳё.
[6]. Ба ривояти Муслим.
[7]. «Саҳеҳ»-и Бухорӣ.
[8]. Ба ривояти Тирмизӣ аз Анас (р).
[9]. Ба ривояти Имом Аҳмад, Бухорӣ, Муслим ва Абудовуд аз Анас ибни Молик (р).
[10]. Ба ривояти Муслим.
[11]. Ба ривояти Имом Аҳмад аз Анас (р).