×
Мақола дар бораи Бинои иҷтимоии кӯдак, Асосҳои сеюм, чаҳорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум, мебошад, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистуҳафтум: Бинои иҷтимоии кӯдак, Асосҳои сеюм, чаҳорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум

    سلسلة تربية الأولاد، القسم السابع والعشرون: بناء الاجتماعي للطفل

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир

    إعداد: حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистуҳафтум: Бинои иҷтимоии кӯдак, Асосҳои сеюм, чаҳорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум.

    Асоси сеюм, одат додани кӯдак ба салом кардан

    Салом кардан ва дуруд фиристодан иборат аст аз таҳия­ту саломи исломӣ дар миёни мусулмонон ва вақте ки кӯдак хоҳони рӯ ба рӯ шудан бо мардум, бинобар ихтилофи син ва сатҳи ҳолати иҷтимоии онон, мешавад, барои муаррифӣ на­мудани худ ба эшон ниёзманд ба калиди гуфтор ва бархӯрд бо онон мебошад ва ин калид ҳамон салом кардану ибрози эҳтиром ва тавозӯъ аст.

    Дар аҳодис ва ривоёти зиёде роҳу равиши зебову латиф барои салом кардан ва дуруд фиристодан аз Пайғамбари акрам (с) ва саҳобаи гиромияшон дида мешавад, ба тавре, ки ҳар гоҳ Расули Худо (с) бо кӯдакон бархӯрд мекарданд ва ё аз назди онон мегузаштанд, бар эшон салом мекарданд ва ибрози муҳаббат менамуданд. Чунонки дар саҳифаи қабл баён намудем, ки Анас гуфт: «Расули Худо (с) назди кӯда­ко­не, ки бозӣ мекарданд, омаданд ва бар онон салом карданд…»

    Дар ривоят омадааст: «Расули Худо (с) ба дидани Ансор мерафтанд ва бар кӯдаконашон салом мекарданд, бар сари эшон даст мекашиданд ва барои онон дуои хайр мекарданд».[1]

    Пас, ин амал дарвоқеъ аз он гувоҳи медиҳад, ки Расули Худо (с) борҳову борҳо ва ба муносибатҳои гуногун чунин кореро мекардаанд.

    Ибни Баттол мегӯяд: «Салом кардани бузургон бар кӯда­кон мӯҷиб мешавад, ки онон низ бар одобу русуми шариати Ислом огоҳӣ ёбанд, ба роҳу равиши он одат кунанд ва аз ҷи­ҳати дигар боис мешавад, ки кибру ғурур ва либосҳои фохира­ро дур андозанд ва тариқаи фурӯтаниву мулоиматро дар пеш гиранд…

    Аммо салом кардани кӯдак бар падару модараш ва ё ба афроди бузургтар аз худ мӯҷиб мешавад, ки одат кунад ба ин ки пайваста дар салом кардан пешқадам шавад, махсусан ҳангоми ворид шудан ба хона. Чунонки Пайғамбар (с) фар­мудаанд:

    «Савора бар пиёда, раванда бар нишаста, афроди кам ба афроди бисёр, ва ба ривояти Бухорӣ, хурд бар бузург салом кунад».[2]

    Анас (р) гуфтааст: «Паёмбари акрам (с) хитобан ба ман фармуданд: «Эй писарам! Ҳар гоҳ вориди хона ва хонаводаи худ шудӣ, салом кун, чунки салом кардан мӯҷиби хайру бара­кат барои ту ва аҳли хонаводаат мешавад».[3]

    Асоси чаҳорум, аёдати кӯдак ҳангоми беморияш

    Он чӣ, ки кӯдаконро бар асоси равобити иҷтимоӣ кӯмак мекунад, ин аст, ки ҳангоми бемор шуданашон аз онон аёдат ба амал ояд, зеро вақте кӯдак мебинад дар марҳалаи фитрату покии даврони кӯдакиву хурдсолӣ афроди бузург­сол пайваста назди ӯ меоянду аз ӯ аёдат мекунанд, бешубҳа илова бар сабук сохтани дардҳои пайдошаванда аз бемори­яш, ӯ низ ба ин равиши неку писандида одат мекунад. Агар ин аёдату хабаргирӣ бо даъвату иршоди кӯдак ба сӯи Ислом ва аҳкоми исломӣ ва собит намудани ӯ ба имони росих ҳамроҳ гардад, ҳамчунин ҳамроҳ бо тавбаю мағфират дар пешгоҳи Ҳақ таоло бошад, ҳатман натиҷаи беҳтар, фоидаи комилтар ва аҷру подоши бештареро ба бор меорад. Ин ҳа­мон коре аст, ки пайваста Пайғамбари акрам (с) онро анҷом медоданд. Чунонки Анас (р) мегӯяд: «Як писарбачаи яҳудӣ, ки корҳоеро барои Пайғамбар (с) анҷом медод, бемор шуд. Пайғамбар (с) ба аёдати ӯ рафта, бар болинаш нишастанд ва гуфтанд: «Мусалмон шав». Писар нигоҳе ба падари худ, ки дар канораш нишаста буд кард ва падараш ба ӯ гуфт: «Аз Абулқосим итоат кун». Пас он писар мусалмон шуд ва гуфт: «Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммада-р-расулуллоҳ», сипас, Пайғамбар (с) берун рафтанд, дар ҳоле ки мефармуданд: «Ҳамду сипос Худоеро, ки он писарро (ба василаи ман) аз оташи дӯзах наҷот дод».[4]

    Оре, Расули Худо (с) аз ҳар фурсате истифода мекар­данд, то ин ки чизеро дар замири кӯдак кишт кунанд ва дар ҳар бархӯрд бо кӯдак дониши муфидеро ба ӯ меомӯхтанд ва дар ҳар ҳоле ӯро бар амри хайре роҳнамоӣ мекарданду ба он одат медоданд…

    Асоси панҷум, интихоби дӯсти содиқ

    аз байни кӯдакон

    Яке аз одоби собити иҷтимоӣ дар миёни мардум дӯсти­ву садоқат бо якдигар аст, зеро табиату сиришти башарӣ иҷоб мекунад, ки инсонҳо боҳам даромезанду муошират дошта бошанд, то ин ки якдигарро ба хубӣ бишносанд ва дар миёни худ иддаеро ба унвони ёру ёвари хеш баргузи­нанд, ба онон наздик шаванд ва бо муҳаббату ухуввати со­диқона бо ҳам зиндагӣ кунанд.

    Табиист, ҳар гоҳ падару модар дӯсти содиқ ва рафиқи боодоберо барои фарзанди худ баргузинанд, албатта яке аз дарҳои тарбиявиро дар ислоҳу парвариши дуруст бар рӯи ӯ боз кардаанд. Вақте донистем, ки кӯдак фитратан хоҳу но­хоҳ кӯдаки дигареро ба унвони дӯст интихоб хоҳад кард, аз ин рӯ, мо наметавонем дар баробари фитрату сиришти ӯ ак­суламал нишон диҳем. Пас, беҳтар он аст, ки кӯдакро дар кори интихоби дӯсти содиқу шоистае, ки ӯро бар тоату ибо­дати Худованд ва бар зиёдии роҳҳои саҳеҳи исломӣ кӯмак мекунад, ёрӣ диҳем. Ба ҳамин хотир аст, ки дармеёбем Расу­ли Худо (с) дар даврони кӯдакиашон бо кӯдакони дигар бо­зӣ мекарданд. Ҳамчунин баъд аз он ки ба пайғамбарӣ ва роҳбарии ҷаҳони башарият мабъус гардиданд, ҳар гоҳ аз канори кӯдакони дигаре, ки бозӣ мекарданд, мегузаштанд, бар онон салом мекарданд, дар ҳоле ки ононро медиданд, ки ба шакли дастаҷамъӣ бозӣ мекарданд, ҳеҷ гуна дуруштӣ ва ё мамониате нисбат ба онон нишон намедоданд, балки аз Худованди мутаъол мехостанд, ки ононро саломату танду­руст бидорад ва мавриди раҳмати Худ қарор диҳад. Чунон­ки қаблан баён намудем, Анас гуфт: «Дар ҳоле ки гурӯҳе аз кӯдакон бозӣ мекарданд, Расули Худо (с) омаданд ва бар онон салом карданд…». Ин худ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Расули Худо (с) бисёр эҳтимому таъкид намудаанд бар ин ки кӯдак дар фазои иҷтимоии солим парвариш ёбад, дар миёни кӯда­кон ва бо дӯстони содиқу шоиста, дур аз гӯшагириву узлат­нишинӣ ба сар барад…

    Асоси шашум, одат додани кӯдак

    ба кори хариду фурӯш

    Дар аҳамияти зиёд додани Расули Худо (с) ба ташаккул­ёбии кӯдак аз назари иҷтимоию иқтисодӣ равшан мегардад, ки манзури Расули Худо (с) мутаваҷҷеҳ сохтани кӯдак ба та­моми саҳнаҳои зиндагӣ, фаъол намудани ӯ дар рӯйдодҳову иҷтимооти ҷомеаи ҷадиде, ки дар он зиндагӣ мекунаду руш­ду нумӯ меёбад, мебошад. Бинобар ин, амали хариду фурӯш дарвоқеъ як ҳаракати муаассир ва фаъолияти нерӯманди иҷ­тимоиро барои ӯ фароҳам месозад, зеро ӯ бо кӯдаконе ҳам­сони худ муомила мекунад ва аз ин роҳ тарзи тараққиву пешрафти башариятро дар зиндагии дунявӣ ба хубӣ меомӯ­зад, ба он одат меварзад. Аз ҷиҳати дигар вақти худро дар кори фоиданок сипарӣ намуда, аз он ба таври дуруст исти­фода мекунад. Дар натиҷа итминону эътимоди шахсиву иҷ­тимоиро ба даст меоварад, ба як инсони дурусту такякунан­да ба худ табдил мешавад, шеваи саъю талошро дар зиндагӣ ба тадриҷ ва қадам ба қадам таҷриба мекунад, аз ҳар гуна сустиву дармондагӣ дур мемонад, гирифтану ато карданро меомӯзад, зиндагии бисёр саҳеҳу солимеро дарк мекунаду ба он одат менамояд, ба гунае ки аз воситагаре зиёдарав ва муқтадире, ки кӯдаконро дар ҳар ҷое ба фасоду нобудӣ ме­кашонад, муҳофизат мекунад. Ҳатто Расули Худо (с) барои чунин кӯдаке дуо мекунанд, ки Худованд таҷрибаи ӯро му­борак гардонад ва муомилаашро пурхайру баракат намояд. Чунонки ривоят мекунанд, Расули Худо (с) аз назди Абдул­лоҳ ибни Ҷаъфар, ки бо дигар кӯдакон муомила мекард, гу­зар карда, фармуданд:

    «Худованд муомилаи ӯро муборак ва пурхайру баракат гардонад».[5]

    Оре, ин кӯдаки шариф писари шахси наҷибу шариф, амакзодаи Расули Худо (с) буд, ки хариду фурӯш мекард ва Расули Худо (с) аз амали ӯ бадашон наомад, балки барои ӯ дуои хайр карданд. Эй кош, ҳамаи мусалмонон чунин рави­шеро дар пеш мегиритфанд!

    Асоси ҳафтум, ҳузури кӯдакон

    дар ҷамъомадҳои машрӯъ ва маҷолиси хайр

    Ҷашнҳову маросими арӯсӣ яке аз ҷойҳои ҷамъшавии мардум аст, ки кӯдакон ба он ҷо мераванд, то дар он маҳал­ҳои машрӯъ ва ҷамъомадҳои бузург якдигарро бишносанд, ҷойҳое, ки худи кӯдакон дар оянда яке аз аъзои асосии онҳо хоҳанд шуд. Табиист, кӯдакон дар он ҷо афроди бузургу хурдро мебинанд ва ба суханони гуногун ва гуфтаҳои зебо­ву фараҳбахши эшон гӯш фаро медиҳанд, рӯҳу замирашон шоду хуррам мегардад, эҳсосоташон ба ҳаракату ҳаяҷон ме­ояд, дар натиҷа ҳисси иҷтимоии онон равшану тақвият мешавад.

    Расули Худо (с) кӯдаконро дар ҷашни арӯсӣ, ки меди­данд, ононро дар ҷои махсуси худ қарор медоданд ва аз омадани онон хушҳол мешуданд, амали онҳоро зишту нопи­санд намедонистанд, барои тамоми ҳозирин дуои хайр мекарданд ва мусалламан дуои он ҳазрат (с) шомили ин кӯ­дакони ҳозир дар маҷлис мешуд.

    Дар ривоят омадааст, ки Анас ибни Молик (р) гуфт: «Пайғамбари акрам (с) кӯдакону занони Ансорро диданд, ки ба маҷлиси арӯсӣ омаданд, фавран ва қотеона ба по бархос­та, се бор пушти сари ҳам фармуданд: «Худо гувоҳ аст, шу­мо назди ман аз ҷумлаи маҳбубтарини мардум ҳастед!».[6]

    Аз ин маълум мешавад, ки Расули Худо (с) то чӣ андоза дар таквини кӯдак аз назари иҷтимоӣ ва бурдани ӯ ба ҷам­ъомадҳо ва маҷлисҳову маконҳои фараҳбахш таваҷҷӯҳ дош­тааст. Ҳамчунин бурдани кӯдак ба маҷолиси азо иҷозат аст ва ҳеҷ ишколе надорад.

    Асоси ҳаштум, хобидани кӯдак дар хонаи хешовандони некӯкораш

    Табиист, ки хориҷ шудани кӯдак аз хонаи худ ва раф­та­ни ӯ ба манзили яке аз наздикону хешовандони некӯкораш, инчунин хобидани ӯ дар пеши эшон, дарвоқеъ машқе аст ба­рои ӯ ҷиҳати дидани одобу русуми хонаводаи дуюмӣ ва одат варзидан ба муоширату ҳамзистӣ бо онон. Ҳамчунин илова бар одат намудан ба риояи силаи раҳм, зиёдшавии дӯстиву муҳаббат бо хешовандони худ аз назри илм, фаҳм, ибодат ва дурусткорӣ аз онон баҳраманд мешавад. Дар дав­рони баъд аз булуғ ва бузургияш низ ҳангоме, ки замони кӯдакӣ, дидан намудану хобидани худро дар хонаи назди­ко­наш ба ёд меоварад, ҳатман да руҳу равони вай асари неке мегузорад ва ба василаи он эҳсоси иззату сарбаландӣ меку­над ва ҳисси алоқаи иҷтимоӣ дар вуҷуди ӯ тақвияту устувор мегардад.

    Гумоне нест, ки ҳангоми рафтани кӯдак ба хонаи хешо­вандони некӯкораш ва хобидани ӯ дар он ҷо, агар волидай­наш ӯро водор созанд ба ин ки аз илму тақво ва аз парҳез­кориву сафои онон истифода кунад, фурсатро ғанимат шу­морад, қатъан ин кор барои ӯ бисёр неку судманд мебошад.

    Дар ривоят омадааст, ки Ибни Аббос (р) гуфт: «Шабе дар хонаи холаам Маймуна духтари Ҳорис, ҳамсари Расули акрам (с) хобидам. Расули акрам (с) аз хоб бархоста, даст ба рӯи худ кашиданд, сипас даҳ оят аз охири сураи «Оли Им­рон»-ро хонданд ва баъд ба тарафи машки об рафта, вузӯ ги­рифтанд ва шурӯъ ба намоз хондан карданд. Ман низ аз хоб хестам, то бо Ӯ намоз бихонам ва дар тарафи чапашон ис­тодам, аммо Расули Худо (с) даст рӯи сарам гузоштанд ва маро бурда, дар тарафи рости худ қарор доданд».[7]

    Дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Худо (с) ду рак­ъат намоз хонданд ва баъди он боз ду ракъати сабуки дигар хонданд, сипас барои намози субҳ аз хона хориҷ шуданд.

    Хотима, намунаи амали иҷтимоии Расули Худо (с)

    бо кӯдакон

    Дар поёни ин фасл намунаи амалӣ ва улгӯи неки иҷти­моии Расули Худо (с)-ро бо кӯдакон барои хонандагони мӯҳтарам ба унвони ҳусни хотимаи ин фасл баён мекунем:

    Дар ривоят омадааст, ки Анас (р) гуфт: «Расули Худо (с) хушхулқтарин мардум буданд ва бародари нав аз шир ҷу­до кардашудае доштам, ки ӯро Абуумайр мегуфтанд. Ҳар гоҳ Расули Худо (с) назди мо меомаданд, ба бародари хурдиам Абу­умайр, ки бо паррандаи хурде бозӣ мекард, мефармуданд: «Эй Абуумайр ин паррандаи хурд чӣ кор мекунад?».[8]Ва чи басо Расули Худо (с), дар ҳоле ки дар хонаи мо буданд, ҳанго­ми фа­ро расидани вақти намоз дастур медоданд, то гилеме, ки дар зери ӯ буд, пок шавад, сипас меистоданд, намоз мехон­данд ва мо низ пушти сари Расули Худо (с) намози ҷамоат мехондем…»[9]

    Муҳаддиси олиқадр Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ шарҳи бис­ёр ҷолибу боарзише ба таври васеъ бар ҳадиси боло навиш­тааст. Инак мухтасаре аз онро баён мекунем, то ин ки хо­нандагони мӯҳтарам дарёбанд, ки метавон аз равиши тар­бияи набавӣ чизҳои шигифтангезеро барои кӯдакон баргу­зид. Миллати мусалмон низ дар роҳу равиши тарбиявӣ ме­тавонанд ба он баргарданданд ва онро аслу асоси тарбияи кӯдакони худ қарор диҳанд. Чун равшан аст, ки агар умма­ти мусалмон тарбияи кӯдакони худро бар асоси усули тар­биявии афроде ҳамчун «Ҷорҷ» ва «Интвен» шурӯъ кунанд, ҳатман аз равиши Муҳаммад (с) дур мешаванд.

    Сипас Ҳофиз ибни Ҳаҷар мегӯяд: «Дар ин ҳадис чанд фо­идаҳое вуҷуд дорад, ки Абулос Аҳмад ибни Абуаҳмади Табарӣ маъруф ба «Ибни Қос», фақеҳ ва олими шофеъимазҳаб, ки до­рои таълифу таснифҳои зиёде мебошад, он фоидаҳоро дар як китоб ҷамъоварӣ кардааст ва дар аввали ин китоб баён наму­дааст, ки баъзе аз мардум бар аҳли ҳадис эрод мегиранд, ки онон аҳодис ва ривоётеро нақл мекунанд, ки зоҳиран он қадар фоидае надоранд. Аз ҷумла ҳадиси боло (машҳур ба ҳадиси Абуумайр) дигар бехабар аз ин ки дар ин ҳадис аз назари фиқ­ҳӣ, фанҳои адабӣ ва масоили дигар қариб шаст нукта дар он мавҷуд мебошад. Сипас, ин шаст нуктаро ба таври муфассал баён намудааст ва ман ин фоидаҳоро хулоса намуда, баъд ча­кидае аз онҳоро фақат дар робита бо умури тарбиявӣ ба шарҳи зер баён намудам:

    1. Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки оғӯшгирӣ ва дастфи­шорӣ ҷоиз аст, аммо мард бо мард, на бо зан. Анас ибни Молик (р) мегӯяд: «Расули Худо (с) бо ман мусофаҳа наму­данд ва ман ҳаргиз кафи дасте нармтару латифтар аз кафи дасти Расули Худо (с)-ро ламс накардаам».

    2. Шӯхию такрори он мубоҳ мебошад, ҳамчунин мера­сонад, ки боздид, шӯхӣ ва мазоҳ кардан бо кӯдаке, ки ба ҳадди тамиз нарасидааст, ҷоиз мебошад.

    3. Ин ҳадис паём медиҳад, ки шахс бояд такаббуру худ­биниро канор бигузорад, ҳамчунин ин тасаввурро тарк ку­над, ки чун шахси бузургест, пас бояд берун аз хона худро сангину бовиқор нишон диҳад, вале дар хона шӯхиву мазоҳ кунад, балки набояд дар ин маврид фарқе гузорад.

    4. Ҳамчунин паём медиҳад, ки лозим аст инсон нисбат ба дӯсти хеш, хоҳ хурдсол бошад ва хоҳ бузургсол, лутфу мурув­ват ва эҳтирому фурӯтанӣ нмояд ва ӯро аҳволпурсӣ кунад. Ин ҳадис инчунин ишора мекунад, ривояте, ки дар бораи кӯдакро аз гиристан манъ кардан ва тарк намудани ӯ нақл шудааст, ҳамл бар кӯдаке мешавад, ки ҳар гоҳқасдан дар бораи сабабе ва аз азияту озор расонидан ба ноҳақ гиря кунад.

    5. Ин ҳадис инчунин ишора бар он дорад, ки шахси ҳа­нӯз бачадор нашударо куния додан ҷоиз мебошад.[10]

    6. Ҷоиз аст кӯдак бо парранда бозӣ кунад (ба шарти он ки ба он азияту озор нарасонад).

    7. Ҷоиз аст падару модар фарзанди хурди худро озод бигзоранд, то бо ҳар чизе, ки бозӣ кардан бо он мубоҳ аст, бозӣ кунад ва худро саргарм созад.

    8. Ҷоиз аст молро дар чизҳои мубоҳе, ки кӯдак худро бо онҳо машғулу саргарм месозад, харҷ намуд.

    9. Бар хилофи касе, ки гуфтааст: «Инсони ҳакиму доно фақат шахсеро мавриди хитоб қарор медиҳад, ки дорои ақлу фаҳм бошад», ҷоиз аст кӯдаки хурдсолро мавриди хитоб қа­рор дод ва бо ӯ сӯҳбат кард.

    10. Лозим аст инсон бо ҳар гурӯҳу ҷамоате ба таносуби ақлу фаҳми онҳо рафтору муошират намояд.

    11. Аз рӯи меҳрубонӣ ба сиғаи тасғир табдил додани ном ҷоиз аст, агарчи номи ҳайвон ҳам бошад[11], аммо дар он қас­ди меҳру лутф шуда бошад, на ба манзури таҳқиру иҳонат.

    12. Вақте шахси бузурге аз гурӯҳе дидан кард, лозим аст дар миёни онон баробарӣ барқарор намояд ва фарқе миёни онон нагузорад, чунончи Расули Худо (с) ба хонаи Анас, ки рафтанд ба унвони муҳаббату улфат бо кӯдаке ҳамчун Абу­умайр, ки рӯи фарши Уммисулайм қарор дошт, мусофаҳаву шӯхӣ карданд. Сипас дар хонаи эшон бо онон намози ҷа­мо­ат гузориданд, то ин ки лутфу баракати он ҳазрат (с) ҳамаи ононро фаро гирад.

    13. Дасти худро ба унвони изҳори меҳру муҳаббат бар сари кӯдак кашидан ҷоиз аст.

    14. Ҷоиз аст шахсеро бо тасғири исм садо кард, модоме ки дар ин тасғир кардан қасди таҳқир намудану озор расо­нидан ба соҳиби исм набошад.

    15. Билохира, ин ҳадис ишора менамояд, ки дар бораи чизе савол кардан, ки худи саволкунанда онро медонад, ҷо­из аст. Чунонки Расули Худо (с) бо вуҷуди ин ки медонис­танд Абуумайр бо парранда бозӣ мекунад, аз ӯ пурсиданд: «Ин паррандаи хурдчӣ кор мекунад?».

    Ногуфта намонад, дар далел гирифтани Ибни Қос ба ин ҳадис, ки ҷоиз аст кӯдак бо парранда бозӣ кунад, мухоли­фат шудааст ва Абуабдулмалик гуфтааст: «Ҷоиз аст ин ҳук­ми роҷеъ ба нигоҳдории ҳайвонот ва таъзибу озор расонидан ба онҳо ботил шуда бошад». Қуртубӣ низ гуфтааст: «Воқе­и­ят он аст, ки ин ҳукм ботил нашуда, балки он чӣ, ки барои кӯдак мубоҳ гардида ин аст, ки ҷоиз аст барои кӯдак парран­да нигоҳдорӣ шавад, то худро ба он саргарму машғул созад, аммо азобу озор расонидан ба он, махсусан агар ба марги он парранда бианҷомад, ба ҳеҷ ваҷҳҷоизу саҳеҳ намебошад».

    Дигар аз фоидаҳое, ки Ибни Қос ва дигарон дар досто­ни Абуумайр ба он ишора накардаанд, ин аст, ки Имом Аҳмад дар ривояти Аммор ибни Зозон аз Собит, аз Анас (р) намуда, ки Абуумайр ба бемории шадиде мубтало шуд ва аз олам даргузашт. Достони марги ӯ ва он чиро, ки барои Ум­мисулайм рух дод, чунин баён намудааст: «Абуталҳа писаре дошт, бемор шуда, аз дунё гузашт. Уммисулайм он шаб мур­дани писарро аз ҳамсари худ Абуталҳа махфӣ дошт (ва гуфт: «Писар хобидаву дар ҳоли истироҳат ва оромиши мутлақ мебошад»), то ин ки Абуталҳа низ дар он шаб ором хобид ва бо Уммисулайм ҳамбистар шуд, аммо ҳангоме, ки субҳ шуд, Уммисулайм хабари марги писарашро ба ӯ дод ва Абуталҳа (аз ин саҳнасозӣ сахт нороҳату хашмгин шуд) ва сурати воқеаро ба арзи Расули Худо (с) расонд. Расули Худо (с) барои Абуталҳа ва ҳамсараш дуои хайр карданд. Умми­су­лайм бар асари ҳамхобии ҳамон шаб бо ӯҳомила шуд ва сипас писаре ба дунё оварду он навзодро назди Паёмбари Худо (с) бурд ва (он ҳазрат (с) бо амали таҳник) даҳони ӯро ширин намуда, исмашро «Абдуллоҳ» ниҳоданд.

    Бинобар ин, дармеёбем, ки бинои иҷтимоии кӯдак рук­ни бисёр муҳим ва қобили таваҷҷӯҳе аст дар сохтори шахси­ят, дар тақвияту истиқомат ва дар таҳзибу таъдиби ӯ ба тав­ре, ки маҷмӯаи ин авсоф мӯҷиби таҳаққуқ бахшидани эъти­мод ба нафси иҷтимоии кӯдак мебошанд…

    [1]. Ба ривояти Насоӣ аз тариқи Ҷаъфар ибни Сулаймон аз Собит.

    [2]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим аз Абуҳурайра (р).

    [3]. Ба ривояти Тирмизӣ аз Анас (р) бо санади ҳасан.

    [4]. Ба ривояти Бухорӣ аз Анас (р).

    [5]. Ба ривояти Абуяъло ва Табаронӣ аз Амр ибни Ҳурайс (р).

    [6]. Ба ривояти Бухорӣ аз Абдулазиз ибни Суҳайб аз Анас (р).

    [7]. Ба ривояти ровиёни панҷгона.

    [8]. Нуғайр тасғири нағр, ки номи паррандаи хурде ба монанди гунҷишк аст.

    [9]. Ба ривояти Бухорӣ, Муслим, Тирмизӣ ва Абудовуд аз Анас (р).

    [10]. Чунонки дар ҳадиси боло «Абуумайр» бо вуҷуди ин ки кӯдак буд, аммо Расули акрам (с) ӯро бо куня хитоб карданд.

    [11]. Чунонки дар ҳадиси мавриди назар калимаи нағр, ки ба маънои парранда» мебошад, ба «нуғайр» тасғир шудааст.