×
Мақола дар бораи Асоси сеюми ақидавӣ, собиту устувор сохтани муҳаббати Паёмбар (с) дар қалбҳои кӯдакон, мебошад, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистусеюм: Асоси сеюми ақидавӣ, собиту устувор сохтани муҳаббати Паёмбар (с) дар қалбҳои кӯдакон

    سلسلة تربية الأولاد, القسم الثالث و العشرون: عن الأساس الثالث و هو تثبيت محبة النبي صلى الله عليه و سلم في قلوب الأولاد

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир

    إعداد: حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистусеюм:

    Асоси сеюми ақидавӣ, собиту устувор сохтани муҳаббати Паёмбар (с) дар қалбҳои кӯдакон

    Бояд донист, қисмати аввали шаҳодат, яъне «Ло илоҳа иллаллоҳ» ба василаи қисмати дуюми он, яъне «анна Му­ҳаммада-р-расулуллоҳ» таҳаққуқ мепазирад. Аз ин рӯ, сала­фи солеҳ ва халафи содиқи онон пайваста барои собиту ус­тувор сохтани он дар қалбҳои кӯдакон мекӯшиданд, зеро ба василаи ин ду калимаи шаҳодат аст, ки эҳсосот ва ҳавоси зоҳиру ботини кӯдак ба ҳаракат дармеоянд ва ҳарорати шу­уру идроки исломӣ дар дарунаш фузунӣ меёбад ва ӯро ба сӯи тамоми некиҳо мекашонад ва ҳамаи мушкилоташро ҳал мекунад ва мусибатҳоро саҳлу осон месозад…

    Табиист, ба таври куллӣ нафси башарият дар марҳалаи сохтори иҷтимоии худ мекӯшад, то хештанро ба нерӯманд­тарин шахсияти перомуни худ ҳаммонанд созад, то ин ки аз ӯ пайравӣ намояд, бар мабнои раҳнамоиҳояш ҳаракат ку­над ва дар тамоми ҳаракату саканот аз ӯ тақлид намояд. Дар ин сурат, тарбияи исломӣ хоҳони он аст, ки кӯдакони хурдсол, афроди навҷавон, ҷавонон ва ашхоси бузургсол худро тобеъ ва муқаллиди Расули Худо (с) созанд ва бо та­моми вуҷуд аз гуфтору кирдору рафтори инсонсози Ӯ пай­равӣ кунанд, чун тардиде нест, ки Расули Худо (с) намунаи шахсияти собит ва улгӯи ҷомеасози тағйиру табдилнопазир мебошад, ба ин хотир, ки Ӯ ба таври куллӣ комилтарини инсонҳо ва фозилтарини пайғамбарони Худо мебошад. Бе­гумон, азобе, ки нафси башарият ба он гирифтор шудаву бе­мориҳои равонию асабӣ, ки дар гӯшаву канори ҷаҳон мун­ташир гардидааст, ҳама ва ҳама натиҷаи дурӣ аз пешвои муслиҳу муқтадои дурусту содиқ ва дар асари адами тамас­сук ба Расули Худо (с) ва пайравӣ нанамудан аз суннати по­ки ӯ мебошад. Ҳамчунин наслҳои саргардонеро мебинем, ки дар вартаи инҳирофу табоҳии шахсият зиндагӣ мекунанд, ба ин хотир аст, ки дар фаслҳои мухталифи сол нафасзанон дунболи мавзӯоти мутағайиру масоили нопойдор меафтанд ва кӯр-кӯронаву ноогоҳона пушти сари афроди мунҳарифу гумроҳе ҳаракат мекунанд, ки ба таври куллӣ аз барномаи илоҳӣ дур мебошанд ва худро мутамаддину бофарҳанг ме­номанд, афроде, ки шайтон дар мағзи онон дамида ва гумон мебаранд, ки равшанфикри замони худ ҳастанд.

    Бинобар ин, кӯдакону навҷавонон ниёзманд ба як шах­сияти воқеӣҳастанд, ки ба ӯ иқтидо кунанд ва аз барномаи инсонсозу саодатофарини ӯ пайравӣ намоянд. Дар ин сурат, кист бузургтар ва бофазилаттар аз Паёмбари Худо (с), ки бояд аз ӯ ва барномаи дурусти ӯ пайравӣ шавад?

    1. Зикри чанд ҳадис ва ривоятҳо дар бораи пайравӣ аз Паёмбари Худо (с) ва барномаи дурусти Ӯ

    Дар бораи устувор намудани муҳаббати

    Расули Худо (с) дар дилҳо

    Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Фарзандони худро бар асоси се хислат тарбия кунед: бар ус­тувор намудани муҳаббати пайғамбаратон, муҳаббати оли байташ ва бар тиловати Қуръон».[1]

    Ривоят аст, ки марде аз Паёмбари Худо (с) пурсид: «Ка­дом вақт рӯзи Растохез меояд?» Расули Худо (с) фармуданд: «Чӣ чизе барои он омода сохтаӣ?». Гуфт: «Намозу рӯза ва садақаи зиёде наандӯхтаам, аммо Худо ва Расули Худо (с)-ро дӯст медорам». Расули Худо (с) фармуданд: «Ту (дар рӯ­зи Қиёмат)ҳамроҳи касе мебошӣ, ки дӯсташ медорӣ».[2]

    Анас (р) гуфтааст: «Ман Расули акрам (с), Абубакр ва Умар (р)-ро дӯст медорам ба умеди он, ки ба василаи ин му­ҳаббате, ки (дар дунё) нисбат ба онон дорам, (фардои қиё­мат) бо эшон бошам».

    Амре аст возеҳ ва мушаххас, ки Анас (р) дар ҳоле ки кӯ­даки хурдсол буд, муддати даҳ сол барои Пайғамбар (с) хидмат кард.

    2. Муҳаббати Расули Худо (с) дар дили кӯдакону навҷавонони саҳоба чӣ гуна собиту устувор гардид?

    Вақте дар зиндагии кӯдакони саҳобаи бузургвор (р) хуб диққат ва тааммул намоем, ки чӣ гуна муҳаббати Расули Худо (с)-ро касб мекарданд ва чӣ гуна дар зиндагии хеш ӯро аз ҳар чизи дигаре муқаддамтару боарзиштар медонистанд, ба равшанӣ дармеёбем, ин ба он сабаб будааст, ки онон до­рои хусусиятҳои зер будаанд:

    а) Даъвати Расули Худо (с)-ро зуд мепазируфтанд ва амру фармонҳояшро иҷро менамуданд ва зуд пазируфтани даъват илова бар фузунии муҳаббат худ, далел бар вуҷуди устувории ин муҳаббат мебошад. Чунончи Алӣ ибни Абуто­либ дар синни то даҳ солагӣ бидуни машваратхоҳӣ бо касе даъвати Паёмбари Худо (с)-ро ба сӯи Ислом «лаббайк» гуфт ва фавран онро пазируфт, зеро кор кори ақида аст ва ҳар коре далели хосси худро дорад ва ҳар кас пайрави ақи­дае мебошад, ки худ онро ихтиёр намудааст.

    Бинобар ин, Алӣ ибни Абутолиб дар синни ҳаштсолагӣ ба баъд, чи дар марҳалаи аввали Ислом ва чи баъд аз ошкор шудани он, бидуни ин ки тарсу хавфе дошта бошад, мутоби­қи дастуроти исломӣ зист ва дар оғози Ислом Расули Худо (с) ва ҳамсарашон Хадиҷа (р), ки дар Макка пинҳонӣ намоз мехонданд, Алӣ ибни Абутолиб низ бо онон намоз мехонд ва рӯзе падараш Абутолиб дид, ки писараш Алӣ бидуни тарсу хавфе бо Расули Худо (с) намоз мехонад.

    Дар ривоят омадааст, ки Анас ибни Молик (р) дар дав­рони кӯдакӣ назди Расули Худо (с) мерафт ва аз маҳбубта­рин чизе, ки бозӣ кардан бо дигар кӯдакон мебошад, даст мекашид ва барои Расули Худо (с) кор мекард, ҳатто агар дар вақти бозӣ кардан Расули Худо (с) ӯро садо мезаданд, фавран бозиашро тарк мекард ва даъвати Расули Худо (с)-ро лаббайк мегуфт ва бо шитоб барои иҷрои дастуроти Ӯ ҳозир мешуд ва муддати даҳ сол ҳамин тавр барои Расули Худо (с) кор кард. Чунончи худи ӯ мегӯяд: «Рӯзе, дар ҳоле ки ман бо дигар кӯдакон бозӣ мекардам, Алӣ ибни Абутолиб наз­ди Расули Худо (с) омад ва салом кард, Расули Худо (с) аз ҳамон ҳол маро ба дунболи коре фиристод…[3]

    Ҳатто кӯдакону навҷавонони саҳобаи киром ба василаи расидани фармонҳои маҳбуби худро интизорӣ кашидан ба дараҷае аз муҳаббати содиқона расида буданд, ки бидуни ин ки касе ба онон бигӯяд ва ё дастуре бидиҳад, барои ра­сидан ба ҳузури Расули Худо (с) аз якдигар сабқат меҷус­танд ва корҳояшонро анҷом медоданд. Чунончи дар ривоят омадааст: «Ибни Аббос мегӯяд: «Вақте ки Расули Худо (с) мехостанд вузӯ бигиранд, бидуни ин ки Ӯ бидонад зарфи обро барояшон мегузоштам, сипас Паёмбари Худо (с) мефарму­данд: «Кӣ ин зарфи обро гузоштаву ҳозир кардааст?». Ме­гуфтанд: «Ибни Аббос. Паёмбари акрам (с) мефармуданд: «Худоё ӯро дар дину дастуроти динӣ огоҳ кун!…».[4]

    Сабқат ҷустан барои расидан ба ҳузури Расули Худо (с) ва дар иҷрои амру фармонҳои Ӯ шитоб кардан ба шаклҳои гуногун сурат мегирифт. Аз ҷумла, байъат намудани кӯда­кону навҷавонони саҳобаи киром бо Расули акрам (с), чу­нончи омадааст: «Асмо духтари Абубакри Сиддиқҳангоме, ки аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карданд, ҳомила буд, ки аз он ҳамл Абдуллоҳ ибни Зубайр ба дунё омад ва вақте ба Қубо расид, кӯдак таваллуд кард ва баъд аз ин ки Абдуллоҳ ба дунё омад, ӯро барои амали таҳник назди Расули Худо (с)бурд. Расули акрам (с) ӯро аз дасти Асмо гирифта, дар оғӯши худ гузоштанд, сипас хурмое хоста, онро ба сурати хамире даро­варданд ва шираи онро бо ангушт ба даҳон ва атрофи лабҳои Абдуллоҳ молиданд. Абдуллоҳ низ шурӯъ ба маккидани он на­муд ва ин нахустин ғизое буд, ки вориди шикамаш шуд, сипас Расули акрам (с) даст бар сари Абдуллоҳ кашиданд».

    Асмо мегӯяд: «Баъд аз он ки Абдуллоҳ ба синни ҳафт, ё ҳаштсолагӣ расид, барои байъат назди Расули Худо (с) омад ва вақте Паёмбари Худо (с) ӯро диданд, лабханде заданд, си­пас Абдуллоҳ бо Расули Худо (с) байъат кард.[5]

    Саҳобаи киром кӯдакони худро бар асоси муҳаббати Пайғамбар (с) тарбияву парвариш мекарданд ва табиист, касе, ки бар асоси ҳар чизе тарбия шавад, бар хӯю одати он чиз парвариш меёбад ва рушд мекунад.

    Имом Нававӣ дар тавзеҳи ҳадиси боло мегӯяд: «Байъа­ти кӯдакону навҷавонон байъати табрику ташриф будааст, на байъати таклиф. Чун ин байъат дар поёнтар аз синни таклиф анҷом гирифтааст».[6]

    Омадааст, кӯдакону навҷавононе, ки бо Расули Худо (с) байъат намуданд, иборат буданд аз Ҳасану Ҳусайн, Абдул­лоҳ ибни Аббос ва Абдуллоҳ ибни Зубайр (разияллоҳу анҳум).[7]

    б) Ҷангидани навҷавонон бо касе, ки Паёмбари
    Худо (с)-ро озор медод

    Дар замони саҳобаи киром навҷавонон илова бар ин ки барои хидмат кардан ба Расули Худо (с) аз якдигар сабқат меҷустанд, барои ҷангидан ва интиқом гирифтан бо касоне, ки Расули Худо (с)-ро озору азият медоданд, бесаброна, аз ҳамдигар пешӣ мегирифтанд ва бо онон меҷангиданд. Чу­нончи омадааст: «Абдурраҳмон ибни Авф (р) гуфтааст: «Дар ҳоле ки дар миёнаи ҷанги Бадр қарор гирифта будам, ди­дам писарбачае дар тарафи ростам истода, аз ман мепурсад: «Эй амак! Абуҷаҳл кадом аст, ӯро ба ман нишон деҳ?» Ба ӯ гуфтам: «Эй писарам, ба Абуҷаҳл чӣ кор дорӣ?» Он писар гуфт: «Қасам ба Худо, агар ӯро бинам, намегузорам ҷони со­лим бадар барад, чун ӯ Паёмбари Худо (с)-ро озор медиҳад». Сипас, дидам писари дигаре дар канори чапам истода, ҳамон саволро аз ман мепурсад! Баъд ҷанг шиддат гирифт ва аз ҳар ҷиҳат шӯълавар шуд. Дар ин асно Абуҷаҳл дар майдони кор­зор намоён гардид ва ман ба он ду писар гуфтам: «Он аст марде, ки ӯро мехоҳед, оре ӯ Абуҷаҳл аст. Пас ҳар ду писар бо шамшери хурди худ шитобон ба сӯи ӯ давиданд ва ҳар як мехост бар дигаре пешӣ гирад ва зудтар ба он душмани Худо ва Расули Худо (с) бирасад ва ба ӯ зарба бизанад. Сипас, ҳар дуи онон бо шамшерҳои худ зарбаи шадиде ба Абуҷаҳл заданд ва дарҳол нақши бар замин шуд. Ҳар як аз эшон мекӯшид муждаи кушта шудани Абуҷаҳлро зудтар ба Расули Худо (с) бирасонад. Баъд аз он ки ба ҳузури Расули Худо (с) раси­данд, ҳар кадом мегуфт: «Ман ӯро куштам». Расули Худо (с) фармуданд: «Шамшерҳоятонро ба ман нишон диҳед». Ра­сули Худо (с) осори хунро бар бадани ҳар як аз онҳо дида, фармуданд: «Ҳар дуи шумо ӯро куштаед».[8]

    Ҳамчунин, навҷавонони салафи солеҳ бо касоне, ки ба ишора ва ё ба кор бурдани калимаҳо ва ибораҳо иҳонатомез ба шахсияти муқаддаси Паёмбари Худо (с) беадабӣ менаму­данд, фавран меҷангиданд ва ба хотири гирифтани интиқом бар онон ҳамлавар мешуданд. Чунончи Шаҳҳобиддини Аб­шаҳӣ дар китоби худ «Ал-Мустатраф фи кулли фаннин мустазраф» дар ин робита ва бар ҳамин маънову мафҳум достони зебоеро баён намудааст ва мегӯяд: «Гурӯҳе аз писа­рони Баҳрайнӣ чавгонбозӣ[9] мекарданд ва Усқуфи Баҳрайн низ нишаста буд. Ногоҳ тӯб ба синаи Усқуф зад ва Усқуф он­ро гирифта ба бозингарон пас надод. Онон низ аз ӯ мехос­танд, ки тӯбро боз диҳад, аммо ӯ намедод. Яке аз эшон гуфт: «Туро савганд ба Худои Муҳаммад (с) медиҳам, тӯбро пас бидеҳ». Боз он марди палид аз додани тӯб худдорӣ намуд ва Расули Худо (с)-ро низ носазо гуфт. Дар ин ҳол, писарони бо­зингари баҳрайнӣ билофосила бо чавгони[10] худ бар ӯҳамлавар шуданд ва он қадар ӯро заданду озор доданд, то ин ки ҷон дод. Хабари ин воқеа ба Умар ибни Хаттоб (р) расид. Умар ибни Хаттоб гуфт: «Қасам ба Худо, хабари кушта шудани Усқуф ба дасти навҷавонону ҷавонони Баҳрайнӣ аз ҳар фатҳу пирӯ­зӣ ва аз ба даст овардани ҳар гуна ғаниматҳои ҷангӣ шоди­овартар буд, зеро акнун мутмаинам, ки Ислом иззату сарфа­розӣ ёфтааст! Чун вақте ки ба Паёмбари акрам (с) ва ба мӯътақадоти динии ҷавонону навҷавонон беҳурматӣ шавад, фавран онон хашмгин мешаванд ва барои интиқомҷӯӣ ба по мехезанд, ҳамон тавре ки Усқуфро кушта хунашро рехтанд ва Худованд аз ҳар кас ва аз ҳар чизе огоҳтар аст».

    Агар чунончи, кӯдакону навҷавонони мусалмон намета­вонистанд аз касоне, ки нисбат ба Расули Худо (с) бадгӯиву носазо мегуфтанд, интиқом бигиранд, фавран гуфтору кир­дори ин гуна афроди фосиқу мунофиқро ба иттилои Расули Худо (с) ва ё ба афроди мӯъмини баъд аз ӯ мерасониданд.

    Қуръон мефармояд:

    ﴿يَقُولُونَ لَئِن رَّجَعۡنَآ إِلَى ٱلۡمَدِينَةِ لَيُخۡرِجَنَّ ٱلۡأَعَزُّ مِنۡهَا ٱلۡأَذَلَّۚ وَلِلَّهِ ٱلۡعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِۦ وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ وَلَٰكِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَا يَعۡلَمُونَ ٨﴾ [المنافقون: ٨]

    «Мегӯянд: Агар (аз ғазваи Бани Мусталиқ) ба Мадина бозрасем, албатта, соҳибиззат хоршударо аз Мадина бе­рун мекунад,[11]дар ҳоле ки иззат азони Худо ва пайғам­ба­ри Ӯ ва мӯъминон аст, валекин мунофиқон наме­донанд».[12]

    Муфассирон дар сабаби нузули ин оят гуфтаанд: Баъд аз ғазваи Бани Мусталиқ Расули акрам (с) ҳамроҳи муҳоҷирин омодаи баргаштан ба Мадина шуданд ва бар обе, ки ба он «Ал-Мурайсиъ» мегуфтанд, расиданд. Ҳамроҳи Умар ибни Хаттоб марде буд, ӯро Ҷаҳҷоҳ мегуфтанд, мардикори Умар буд ва лаҷоми маркабашро мекашид. Фарди дигаре, ки ӯро Си­нон мегуфтанд, ҳамроҳи Абдуллоҳ ибни Убай буд. Ҳардуи онон бар он об қарор доштанд. Ҷаҳҷоҳ бо садои баланд муҳо­ҷиронро нидо мезад ва Санон низ ансорро. Ногаҳон миёни он ду ҷангу низоъ даргирифт ва Абдуллоҳ ибни Убай, ки гурӯҳе аз қавмҳояш назди ӯ буданд ва Ибни Салул ва Зайд ибни Ар­қам низ ҷузъи онон буданд, хашмгин шуда гуфт: «Оё мехоҳед, муҳоҷирини Макка, яъне мусалмонон, вориди шаҳру сарзами­ни шумо шаванд? Қасам ба Худо, ин амали шумо нисбат ба онон чунон аст, ки мегӯянд: «Саги худро фарбеҳу чусту чо­лок гардон, то туро бихӯрад». Аммо бидонед, қасам ба Худо, агар ба Мадина баргардем, бояд дар он ҷо афроди боиззату қудрат афроди залилу хорро, яъне Муҳаммад ва қавми ӯро, берун мекунанд». Сипас, ба афроде, ки дар атрофи ӯ буданд ва ҷузъи қавмҳои худ ва аҳли Мадина буданд, рӯ оварду гуфт: «Вуруди онон ба Мадина ба зиёни шумо аст, пас монеъи ву­руди эшон шавед, аз додани ғизо ба Муҳаммад худдорӣ кунед ва бар афроде, ки ҳамроҳи ӯҳастанд, инфоқ накунед, то ин ки Муҳаммадро тарк кунанду аз атрофи ӯ пароканда шаванд». Зайд ибни Арқам, ки ҷузъи гурӯҳи Абдуллоҳ буд, ин гуфтаи Абдуллоҳро шунид, гуфт: «Қасам ба Худо, ки ту эй Абдуллоҳ ҷузъи залилону хоршудагон ҳастӣ! Муҳаммад аз ҷониби Худо дорои иззату қудрат ва дар миёни мусалмонон низ бисёр маҳ­буб ва мавриди эҳтиром мебошад. Ба сабаби ин гуфтаи ношо­истае, ки баён намудӣ, минбаъд аслан туро дӯст нахоҳам дошт». Абдуллоҳ дар ҷавоб гуфт: «Хомӯш бош, ман шӯхӣ кардам!» Зайд ибни Арқам ин моҷароро ба иттилои Расули акрам (с) расонид. Пас ин оят дар тасдиқи ростгӯии Зайд ва дурӯғгӯии Абдуллоҳ нозил шуд. Сипас ба Абдуллоҳ гуфта шуд: «Бегумон, ояти бисёр шадиде дар бораи ту нозил шуда­аст, ба назди Расули Худо (с) бирав ва аз Ӯ бихоҳ, то барои ту талаби омӯрзиш кунанд, аммо ӯ напазируфт...»

    3. Дар дили кӯдакону навҷавонони саҳоба устувор намудани муҳаббати он чи, ки Расули Худо (с) дӯст медоштанд

    Дар ривоят омадааст: «Анас ибни Молик (р) гуфт: «Ҳамроҳи Расули акрам (с) назди навҷавони дӯзандае раф­тем. Навҷавон барои Расули Худо (с) косае, ки сарид (як навъ таоми арабӣ) дар он буд, ҳамроҳи каду овард ва ин ама­ли навҷавон назари Расули Худо (с)-ро ҷалб намуд. Пайғам­бар (с)пай дар пай кадуро мехӯрданд». Анас мегӯяд: «Ман ҳам кадуҳоро пеши дасти Расули акрам (с) мегузоштам. Баъдан ман низ кадуро ҳамеша дӯст дотам».[13]

    4. Кӯдакону навҷавонони саҳоба ва салафи солеҳ гуфтору кирдори Паёмбар (с)-ро дар хотирашон нигоҳ медоштанд

    Дар ривоят омадааст, ки Маҳмуд ибни Рабеъ гуфт: «Дар ҳоле ки панҷсола будам, ба хотир дорам, ки Расули Худо (с) об аз сатил гирифта (ба унвони шӯхию бозӣ) ба рӯям мепо­шиданд».[14]

    Нақл аст, ки Абуҳавро Саъдии Рабеъа ибни Шайбон гуфта: «Ба Ҳасан ибни Алӣ гуфтам: «Аз Паёмбари Худо (с) чиро дар хотир нигаҳ доштаву ҳифз кардаӣ?» Гуфт: «Аз Ра­сули Худо (с) ба ёд дорам, ки фармуданд:

    «Тарк кун он чиро, ки дар ҳалолу ҳаром буданаш шакку тардид дорӣ ва баргир он чиро, ки дар ҳалолу хуб буданаш яқин дорӣ, чун ростиву дурустӣ дар ҳар чизе мояи оромиши хотир ва итминони қалб аст ва дурӯғу нодурустӣ мӯҷиби па­решониву изтироб».[15]

    Самура ибни Ҷундуб мегӯяд: «Дар замони Расули акрам (с) кӯдаку навҷавоне беш набудам, гуфтору кирдори Расули Худо (с)-ро ҳифз мекардаму ба хотир медоштам ва маро низ аз гуфтану ҳарф задан манъ намефармуданд, магар вақте ки мардони калонсолтару бузургтаре аз ман он ҷо ҳузур медош­танд».[16]

    Дар ривоят омадааст: «Ибни Аббос (р) гуфт: «Шабе дар хонаи холаам Маймуна хобидам ва субҳ, ки муаззин азон гуфт, Расули Худо (с) барои намоз бархостанд, дар ҳоле ки мефармуданд: «Худоё! Қалб, забон, гӯш, чашм, пушти сар, пеши по, болои сар ва зери поямро равшан ва нуронӣ бигардон! Худоё! Нури зиёде ба ман ато кун!».[17]

    Дар ривоят омадааст: «Абуҷуҳайфа, ки яке аз саҳоба­го­ни хурдсол буд, вақте Паёмбари Худо (с) аз олам даргузаш­танд, ҳанӯз ба ҳадди булуғ нарасида буд, гуфтааст: «Дар Макка ба хидмати Расули акрам (с) расидам, дар ҳоле ки дар Абтаҳ дар хаймаи сурхи чармие ҳузур доштанд. Билол ва Па­ёмбари акрам (с) аз он хайма берун омаданд, таҳорат кар­данд ва Билол ба азон гуфтан шурӯъ кард, дар ҳоле ки ҳанго­ми гуфтани «Ҳайя алас-салоҳ ва ҳайя алал-фалоҳ» рӯи худро ба тарафи росту чап мегардонид. Сипас асо ё чӯбдастеро бардошт ва дар пеши маҳалли намоз гузоридани Расули Худо (с) (ба унвони ҳоил) бар замин ниҳод. Баъд Паёмбари акрам (с) бархоста намози асрро (ба сурати қаср) хонданд ва мар­думу ҳайвонот аз пушти он чӯбдаст убур мекарданд. Баъд Расули акрам (с) то ба Мадина баргаштан ҳамин тавр ду ракъат- ду ракъат намоз мехонданд».[18]

    Инак достони шигифтангез ва хотираи бисёр муҳимеро роҷеъ ба навҷавони олиқадре баён мекунем, ки Худованд ҳушу заковати фавқулодаеро ба ӯ бахшида буд. Ин навҷа­вон бисёр огоҳ, тезҳуш ва муҷоҳиди бузург Аҳмаб ибни Таймия аст, ки Ҳофиз Муҳаммад ибни Аҳмад Абдулҳодӣ дар китоби «Ал-Уқудуд-дуррия мин маноқиби шайхул-ис­лом Ибни Таймия» мегӯяд: «Аҳмад ибни Таймия бар асари зиракии фавқулодда, ҳуши саршор, ҳофизаи қавӣ ва суръати идроки беназире, ки дошт, саромади аҳли Димишқ буд, марду­мони он ҷо бо иттифоқи назар мегӯянд: «Яке аз уламои бисёр огоҳ аз шаҳри Ҳалаб ба Димишқ омад ва гуфт: «Шунидам дар ин шаҳр навҷавоне ба номи Аҳмад ибни Таймия ҳаст, ки дорои ҳушу ҳофизаи бисёр қавӣ мебошад. Ман ба ин ҷо ома­дам, то ин ки шояд ӯро бинам». Як нафар дӯзанда ба ӯ гуфт: «Ҳар рӯз аз ин ҷо мегузарад ва ба маҳалли кораш меравад. Имрӯз то кунун наомадааст ва аз ин ҷо нагузаштааст. Пас ту чанд лаҳзае ин чо биншин, ҳозир меояд ва аз ин ҷо мегу­зарад». Он олими Ҳалабӣ андаке дар он ҷо нишаст. Дар ин асно кӯдаке гузашт ва лавҳаи бузурге ҳамроҳ дошт. Дӯзанда гуфт: «Он навҷавоне, ки лавҳаи бузурге бо худ дорад, Аҳмад ибни Таймия аст». Олими Ҳалабӣӯро садо зад ва лавҳаро аз ӯ гирифта, дар он нигарист, сипас ба вай гуфт: «Эй писарам! Иҷоза бидеҳ, то чизе ба ту бигӯям ва бинависӣ, то онро бо худ дошта бошӣ!» Пас, матни ёздаҳ, ё сенздаҳҳадисро ба су­рати имло ба ӯ бигуфт ва навишт. Баъд ба Ибни Таймия гуфт: «Бароям бихон». Ибни Таймия низ фақат як бор дар он навишта нигарист, сипас онро ба ӯ доду гуфт: «Ба он назар кун, бароят бихонам». Сипас он ҳадисҳоро барои ӯ, ки гӯш дода буд, бисёр хуб азёд хонд. Баъд аз он олими Ҳалабӣ гуфт: «Иҷоза бидеҳ, санади чанд ҳадисро, ки баргузидаам, бароят бинависам». Пас онҳоро навишта ба ӯ дод, ки бихонад. Ибни Таймия ба монанди дафъаи аввал фақат як бор онҳоро хонд ва навиштаро ба ӯ пас дода, онҳоро низ барои ӯ азёд хонд. Баъд аз ин ду озмоиш олим гуфт: «Агар ин навҷавон бимонад ва умре дошта бошад, албатта ба мақоми олии илму дониш хоҳад расид, зеро то кунун назири чунин фарди зирраку боҳу­ше дида нашудааст».[19]

    5. Салафи солеҳ кӯдакони худро ба ҳифзи аҳодиси набавӣ ташвиқ мекарданд

    а) Додани подош ба кӯдакон дар баробари ҳифз кардани аҳодиси набавӣ: Доктор Хатиби Бағдодӣ нақл намуда, ки Назр ибни Ҳорис гуфтааст: «Аз Иброҳими Адҳам шунидам, ки мегуфт: «Падарам ба ман гуфт: «Эй писарам, дар ҷус­ту­ҷӯи ёфтан ва ёд гирифтани аҳодис бош! Ҳар ҳадисеро, ки биё­бӣ ва онро ҳифз кунӣ, дар баробари он як дирҳам ба ту меди­ҳам». Пас ман аз он ба баъд бар асоси ин қарордод ба ҷусту­ҷӯи аҳодиси набавӣ пардохтам».[20]

    б) Хидмат кардани кӯдакони салафи солеҳ ба уламо ба хотири ёд гирифтани аҳодис аз эшон: Суфён ибни Уяйна гуфтааст: «Падарам дар Куфа ба саррофӣ машғул буд ва пул­ро радду бадал мекард. Саранҷом қарздор шуд ва мо ночор ба Макка омадем ва барои адои намози пешин ба масҷид раф­тем. Ман ба дари масҷид баргаштам, ногаҳон пирамарде, ки савор бар хар он ҷо буд, ба ман гуфт: «Эй писар! Назди ин хар биист ва онро нигоҳ дор, то ба масҷид биравам, намоз бихонам». Гуфтам: «Ба шарте ин корро мекунам, ки чанд ҳа­дис бароям бигӯӣ ва ба ман биомӯзӣ». Он мард, ки маро хурду камаҳамият мепиндошт, гуфт: «Ту ба ҳадис чӣ кор дорӣ?» Гуфтам: «Ту ба ман бигӯ (кор надошта бош)!» Пас ӯ аз Ҷо­бир (р), аз Абдуллоҳ (р) ва Ибни Аббос (р) дар ҳудуди ҳашт ҳадис ба ман гуфт ва ман низ назди хари ӯ истода, онро нигоҳ доштам ва шурӯъ кардам ба такрор ва ҳифз кардани аҳодисе, ки ба ман гуфта буд. Баъд аз ин ки намозашро хонд, берун омада, гуфт: «Дар ин муддат, ки ман дар масҷид будам, бо он аҳодисе, ки ба ту гуфтам чӣ кор кардӣ, оё аз онҳо баҳрае бурдӣ?» Гуфтам: «Оре, дар бораи фалон чиз ва фалон кор ма­ро огоҳ сохтӣ». Ва ман тамоми он чиро, ки бароям гуфта буд, такрор намудам ва ӯ низ гуфт: «Худованд туро дар ин роҳ муваффақ гардонад». Баъд маълум шуд, ки он мард Амр ибни Динор будааст.[21]

    в) Навҷавонони салафи солеҳ барои ёфтану омӯхтани аҳодис ба минтақаҳои дигар мерафтанд: Хатиби Бағдодӣ ме­гӯяд: «Алӣ ибни Осим гуфтааст: «Падарам сад ҳазор дирҳам ба ман доду гуфт: «Писарам! Дар баробари ин сад ҳазор дир­ҳам чизе аз ту намехоҳам, ҷуз ин ки сад ҳазор ҳадис би­омӯзӣ».[22]

    Алӣ ибни Осим рафтани худро барои талабу омӯхтани аҳодис чунин шарҳ намудааст: «Ман ҳамроҳи Ҳушайм аз Во­сит ба тарафи Куфа роҳсипор шудем, то бо ҳам дар он ҷо ба хидмати Мансур бирасем ва аз маҳзари ӯҳадис биомӯзем. Аммо ман вақте аз Восит хориҷ ва чанд фарсах аз он дур шу­дам, ба фарди ошное расидам. Ба ӯ гуфтам: «Куҷо меравӣ?» Гуфт: «Қарздорам ва мехоҳам бикӯшам то онро бипардо­зам». Гуфтам: «Бо ман ба Восит баргард, чун ман чаҳор ҳа­зор дирҳам дорам, маблағе аз онро ба ту медиҳам, то қар­затро бипардозӣ». Ӯ низ таклифи маро пазируфт ва ба Во­сит баргашт. Ман низ ду ҳазор дирҳам ба ӯ додам ва аз нав ба қасди Куфа ба роҳ афтодам. Аммо Ҳушайм субҳ зуд вори­ди Куфа шуда, ҳамон рӯз ба хидмати Мансур расид ва чил ҳа­дис низ аз ӯ ёддошт карду омӯхт, вале ман шаб ба Куфа раси­дам, сипас, ба ҳаммом рафтам. Субҳ, ки шуд роҳ афтодам ва ба дари Мансур, ки расидам, ногаҳон ҷанозаеро дидам! Гуф­там: «Ин ҷанозаи кист?» Гуфтанд: «Ҷанозаи Мансур аст». Ман он ҷо нишастам ва ба гиря афтодам. Пирамарде, ки он ҷо буд, гуфт: «Эй навҷавон, чаро гиря мекунӣ?» Гуфтам: «Ман аз Восит ба Куфа омадам, то аз ин устод ҳадис би­омӯзам, аммо инак ӯ мурдааст!» Пирамард гуфт: «Оё туро роҳнамоӣ кунам бар касе, ки ҳатто дар маросими арӯсии мо­дари Мансур ҳозир будааст?» Гуфтам: «Оре, бифармо!» Он мард гуфт: «Пас бинавис! Икрима аз Ибни Аббос бароям нақл намуд…»

    Ҳамин тавр ман муддати як моҳ дар хидмати ӯ ба на­виштану омӯхтани аҳодис пардохтам ва баъд аз як моҳ ба ӯ гуфтам: «Худованд туро машмули раҳмату мағфирати хеш қарор диҳад, ту кистӣ?» Он пирамард гуфт: «Ту муддати як моҳ аст, ки назди ман аҳодис ёддошт мекунӣ ва ба омӯхтани он мепардозӣ,ҳанӯз маро нашинохтаӣ? Ман Ҳусайн ибни Аб­дурраҳмон ҳастам, фосилаи ман бо Ибни Аббос чандон зиёд нест. Аз ин рӯ Икрима ҳар рӯз аз ӯ (яъне Ибни Аббос) аҳо­дисро ёддошт мекард ва меомӯхт, сипас, назди ман меомад ва онҳоро барои ман бозгӯ мекард ва ман низ онҳоро ёддошт ме­кардам…»

    Оре, эй хонандаи мӯҳтарам ва эй пайрави роҳи набавӣ! Ба талошу ҷонфидоии навҷавоне ҳамчун Алӣ ибни Осим бингар ва аз он панд бигир, навҷавоне, ки чӣ гуна нисфи пули худро ба он шахси қарздор бахшид ва ба хотири пар­дохти қарзи ӯ ва осуда сохтани хотираш миқдоре аз вақти худро талаф кард. Ва зодгоҳи худро тарк намуд ва дар аса­ри таъхире, ки барояш пеш омад, аз расидан ба хидмати Мансур маҳрум гашт! Чӣ гуна Худованд дар баробари заҳ­матҳояш устодеро, ки устоди устодон буд, барои ӯ фароҳам сохт, то дар назди ӯҳадис биомӯзад ва ин устод Ҳусайн ибни Абдурраҳмон буд. Агар хуб диққат кунем, ин мавқеият да­лели ихлоси амал ва покии ният дар роҳи талаби аҳодис ва касби илму дониш мебошад ва натиҷаи садоқату дурустии муҳаббат аст нисбат ба Расули Худо (с)

    г) Таваҷҷӯҳ ва алоқаи духтарон ба омӯхтани аҳодиси на­бавӣ Зубайдӣ гуфтааст: «Молик ибни Анас духтаре дошт, ки ба ҳадису фиқҳ бисёр алоқаманд буд. Аз ин рӯ, ҳар гоҳ пада­раш «Муваттаъ»-ро ба шогирдонаш дарс медод, ӯ пушти дар меистод ва агар шогирде иштибоҳ мекард, фавран дарро ме­зад ва Имом Молик ба он иштибоҳ пай мебурд ва онро так­ро­ру ислоҳ мекард».[23]

    д) Кӯдакон ва навҷавонони салафи солеҳ ба ривояти аҳо­дис ва умури фиқҳӣ таваҷҷӯҳ мекарданд

    Хатиби Бағдодӣ мегӯяд[24]: «Уммул-мӯъминин Оиша (р) ба хоҳарзодаи худ Урва ибни Зубайр гуфт: «Эй писарам! Ба ман хабар расидааст, ки ту аҳодисеро, ки аз ман ёддошт ме­кунӣ ва онҳоро меомӯзӣ, дубора онҳоро дар хона ёддошт ме­намоӣ!» Урва гуфт: «Оре, аҳодисеро, ки аз ту мешунаваму ёддошт мекунам, сипас онҳоро назди касоне, ки ин гуна аҳо­дисро пеши худ доранд, мутобиқат мекунам». Ҳазрати Оиша (р) гуфт: «Дар ин кор ҳеҷ ишколе нест».[25]

    6. Хондан ва мутолиа намудани сирати набавӣ

    ва мизони таъсири он дар кӯдакону навҷавонон

    Саҳоба ва салафи солеҳ (р) бар хондану мутолиа наму­дани сирати Пайғамбар (с) ва омӯзиши он ба кӯдакони худ бисёр ҳарису алоқаманд буданд, то он ҷое ки кӯдакону нав­ҷавонон аҳодисро ҳамроҳ бо таълими Қуръон мехонданд, чунки аҳодис дарвоқеъ тарҷумону равшангари маъноҳои Қуръон мебошанд. Илова бар ин, аҳодис эҳсосоти эшонро дар мавриди рӯйдодҳои воқеии исломӣ бармеангезанд ва дар рӯҳу равони эшон таъсири босазое мегузоранд ва му­ҳаббати Худо ва Расули Худо (с)-ро афзун менамоянд ва му­ҳаррики ҷиҳод дар роҳи наҷоти башарият мебошанд. Ҷоме­аи башариятро аз гумроҳиву инҳироф ба сӯи ҳидоят ва аз масири ботилу залолат ба ҷодаи ҳаққу ҳақиқат раҳнамоӣ мекунад ва ононро аз водии зулумоти ҷоҳилият ба майдони нуру маърифати исломӣ мекашонанд…

    Аз Исмоил ибни Муҳаммад ибни Саъд ибни Абиваққос (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Падарам ҷангҳои Пайғамбар (с), лашкаркашиҳои саҳобаи мукаррам ва диловариҳои пай­коргарону размоварони садри Ислом ва фазоилу маноқиби ононро ба мо меомӯхту мегуфт: «Эй писарам! Ин ҷангҳову ҷиҳодҳо шарафу ифтихори падарону гузаштагони шумоанд! Пас, онҳоро фаромӯш накунед ва заҳмати эшонро низ зоеъ нагардонед».

    Зайнулобидин ибни Ҳусайн ибни Алӣ (р) гуфтааст: «Ҳа­мон тавре ки сураҳои Қуръонро меомӯхтем, ҷангҳову фазо­или Паёмбари Худо (с) ва диловариҳои ёрони Ӯро дар майдон­ҳои ҷангу ҷиҳод низ меомӯхтем».[26]

    Даъватгари хоксор ва таблиғгари олиқадри исломӣ Абул­ҳасан Алии Надвӣ дар китоби худ «Ат-тариқу илал-Мади­на» бобе зери унвони «Китобе, ки ҳеҷ гоҳ фазлу бартарии онро фаромӯш намекунам» овардааст. Дар ин боб даврони кӯдакиву навҷавонии фардеро баён мекунад, ки ҳаводису номулоимоти зиндагияш қалби поку беолоиши ин олими бузургро такон медиҳад ва ба ҷунбиш дармеовард. Ҳамчу­нин мутолиаи китобе, ки дар бораи сирати набавӣ аст, ин даъватгари муҷоҳидро месозад ва мукаммал мекунад. Ин олими вораста дар китоби худ чунин нақл мекунад:

    «Имрӯз дар бораи китобе баҳс мекунам, ки матни пур­мӯҳтавову омӯзандаи он пайваста бар ман сангинӣ мекунад ва барои муаллифи бузургвори он ҳамеша эҳсоси тараҳҳум ва шафқат мекунам. Муаллифе, ки аз тариқи ин китоб меҳ­натҳо (ва машаққатҳое)-ро ба ман карда, ки ба назари ман аз ҳар чизе ба ҷуз имон боарзиштар аст ва ҳатто мӯҳтавои он китоб ҷузъе аз аҷзои имону эътиқод мебошад. Оре, ин китоб «Сирати раҳмату-л-оламин» аст, таълифи Қозӣ Му­ҳаммад Сулаймон Алмансурии Фурӣ. Дар ин китоб достони шигифтангезу такондиҳандае аст ба ин ибора: «Ман ба син­ни нӯҳсолагӣ, ки расидам, падарам фавт кард ва бародари бу­зургтарам сарпарастии таълиму тарбияи маро бар ӯҳда ги­рифт ва бо камоли муваффақият ҳар китоби муносиберо, ки дӯст медошт, ман онро дар даврони навҷавониям мутолиа ку­нам, бароям интихоб ва таҳия мекард. Нахустин китобе, ки бароям таҳия намуд ва онро дар ихтиёрам гузошт китоби «Сирати хайрул-башар», таълифи як нафар ҳиндӣ буд.

    Оре, бародарам бисёр ҳарису алоқаманд буд бар ин ки ху­ди ӯ ва ман бештар китобҳои сирати набавиро мутолиа ку­нем, чаро ки ӯ хуб медонист, китобҳои сират дар зиндагонӣ, ҷангҳову гуфтору рафтори Пайғамбари акрам (с), дар усту­вор намудани ақидаву хулқу хӯи нек ва нишондани ниҳоли имони росих бисёр муассир мебошад. Аз ин рӯ, ман бар асоси дӯст доштани китобҳои сират ва ҳарис будан бар мутолиаи онҳо парвариш ёфтам. Бинобар ин, ман ба феҳрастҳову эъло­ноти китобҳо бисёр менигаристам. Дар натиҷа, рӯзе чашмам ба китоби «Сирати раҳмату-л-оламин» афтод, ки ҷилди аввал ва дуввуми он ба чоп расида буд ва ман дар он замон ба синни даҳ ва ё ёздаҳсолагӣ расида будам. Хоҳони харидани он шудам, аммо буҷҷаи молиям заиф буд ва тавони пардохти қи­мати онро надоштам. Албатта афроди навҷавон ва камсинну сол, махсусан дар он замоне, ки ман дар борааш баҳс мекунам, чандон таваҷҷӯҳе ба масоили молию иқтисодӣ надоштанд ва дар баробари он тавозӯу фурӯтанӣ аз худ нишон медоданд, балки бештар дар ғароизу авотиф нисбат ба якдигар ба рақо­бат мепардохтанд ва дунболи онҳо меафтоданд.

    Ниҳоятан, рӯзе номарасон ба деҳаи хурди мо омад ва ин китобро дар миёни номаҳо оварда буд ва онро мефурӯхт, ам­мо ман пул надоштам, ки онро бихарам. Модарам низ бо ву­ҷуди ин ки бисёр ҳарису алоқаманд буд, ки фарзанди ятими худро розиву хушнуд созад, аммо ӯҳам дар он ҳолат бар аса­ри бепулӣ тавоноии харидани онро надошт ва маъзарат хост.

    Дар ин ҳол, ман аз ҳар ҷиҳат умедамро кандам ва ҳеҷ кӯ­маку василаеро барои дастёбӣ ба ин амри муҳим (яъне хари­дани он китоби мавриди алоқаам) наёфтам, ҷуз он василае, ки Ибни Абиваққос дар даврони кӯдакӣ ва навҷавонияш дар за­мони Расули Худо (с) ба он васила ҷуст, то ин ки дар ҷанг бо куффор ширкат кунад ва ин васила низ мавриди қабули он ҳаз­рат (с) қарор гирифт. Дар натиҷа, ба ӯ иҷозат доданд, ки дар ҷанги Бадр ширкат кунад. Оре, ин васила ҳамон гириста­ну ашк рехтани пок ва аз рӯи ихлос буд, ки ин амр пайваста дар пешгоҳи Худованд мақоме дорад ва назди бандагони холи­су некӯкораш низ дорои манзалату таъсири хоссе мебошад.

    Саранҷом, ин васила (яъне гиря кардан ва ашк рехтани холисона) дар ҳаққи ман ҳам кор дод, ба гунае ки қалби мода­ри меҳрубонамро нарм кард ва бо тамоми вуҷуд барои хари­дани он китоб ба талошу такопӯ афтод, то ин ки баҳои онро фароҳам намуда, харид.

    Баъд аз ин ки модарам бароям китобро харид, шурӯъ ба хондани он намудам. Ибтидои ин китоб қалбамро такон ме­дод ва онро ба ҳаракату ҷунбиш меовард, на ҳаракати хашин ва дардисарзо, балки ҳаракати нарму шафқатангезе, ки қал­бам нисбат ба он ба ҳаяҷону шодмонӣ меафтод. Ҳамон тавре ки шохаҳои тару тозаи дарахтон дар асари насими хунук ба ҳаракат дармеоянд ва ин ҳамон фарқу ваҷҳи бартарияте аст байни китобҳое, ки дар бораи зиндагии қаҳрамонону фотеҳо­ни майдонҳои ҷангу мубориза таълиф шудаанд ва дар қалби инсон асаре гузорида, онро таҳти фишор қарор медиҳанд. Ҳамчунин нисбат ба китобҳое, ки дар бораи сирати Расули Худо (р) таълиф шудаву бар нафсу замири инсон асар меку­нанд ва онро ба ҳаракату шодмонӣ дармеоваранд, бартарии хоссе дошт.

    Оре, дар вақти хондани китоб бо худ ба гуфтугӯ пардох­там, нафсу рӯҳам онро китоби бомӯҳтавои гуворо ва хушо­янд меёфт, гӯё нафсам аз он ваъдаҳое гирифта, бо ҳам пай­моне бастаанд. Бинобар ин, дар аснои хонданаш эҳсоси лазза­ти аҷибу ғарибе мекардам, лаззате, ки бо ҳамаи лаззатҳое, ки дар даврони кӯдакиву навҷавониям дарк кардаам, тафовут дорад. Пайваста эҳсосро тезу бурро, идрокро қавию нерӯманд месозад. Ба таври хулоса бояд гуфт, лаззате, ки аз ин китоб ба даст меояд, на ба монанди лаззати ғизои дилхоҳе аст, ки ҳангоми гуруснагии шадид ҳосил мешавад ва на ба монанди лаззати таътиливу фароғатии баъд аз дарс хондани зиёду машғулияти бисёр сахту хастакунанда, ҳамчунин на ба мо­нанди лаззати пӯшидани либоси тоза аст дар рӯзи ид ва на мисли лаззат бурдан аз бозии мавриди ишқу алоқа ва билохира на лаззате аст ба монанди лаззати интизор кашидан баъд муваффақ шудан дар дуриву ҷудоӣ ва на ба монанди лаззати дидори дӯсти қадиме ва ё зиёрати шахси кариму бузургвор. Ба таври куллӣ бо ҳеҷ як аз ин лаззатҳо монандӣ надорад, балки он лаззате аст, ки маззаи онро дарк мекунам, аммо қо­дир ба таърифу тавсифи он нестам. Ба ростӣ, иқрору эъти­роф мекунам, ки ман то кунун ба таври дақиқ ва ба сурати ҷомеъ қодир ба таърифу тавсифи он набудаву нестам ва на­метавонам онро дар қолаби калимаҳову ҷумлаҳо таъбиру баён кунам. Танҳо чизе, ки метавонам бигӯям ин аст, ки: «Дар ҳақиқат он лаззати рӯҳ аст». Пас, бо ин васф оё кӯда­кон олами рӯъё ва тасаввуротро надоранд ва аслан дарки лаз­зати рӯҳиро намекунанд? Ҳаргиз ин тавр нест, балки онон дорои рӯҳи шаффофтару идроки дурусттаранд, агарчи аз таъбиру баёни он оҷизу нотавонанд.

    Дар ин китоби шигифтангезу нишотовар достони фарде аз афроди Қурайшро мехондам, дар ҳоле ки Ислом меовард аз тарафи ақвоми худ анвоъи озорҳову бадгӯиҳо бар сари ӯ рех­та мешуд, аммо ӯ тамоми онҳоро бо сабру пойдорӣ ва дар ни­ҳояти эҳсоси лаззату сурур таҳаммул мекард. Ва ман ҳис мекардам, ки дар он ҳол лаззате ҳаст, ки бисёре аз сарват­мандону афроди қудратманд онро дарк намекунанд, зеро та­биист, ки бисёре аз мардум вақте худро дар зиндагӣ хушбахт медонанд, ки дар роҳи ҳаққу ҳақиқат мавриди зарбу лат во­қеъ мешаванд ва ба хотири ибрози ақидаи пок ва таблиғ дар роҳи он гирифтори ситаму иҳонат қарор гиранд. Ва шакке нест, ки дар ин ҳангом лаззати қудрату пирӯзӣ наметавонад бо он баробарӣ кунад ва ман дар чунин ҳолате бо худ ме­гуф­там: «Эй кош, ман низ дар тӯли умрам, агарчи як бор ҳам бо­шад, ба ин гуна лаззату каромате ноил мешудам ва таъми онро мечашидам…»

    Ба дунболи достони боло достони ҳиҷрати Паёмбари ак­рам (с)-ро хондам, достоне, ки фикр намекунам дар тӯли ум­рам достони муассиртару аз назари тасвир зеботар аз онро хонда бошам, ки муаллифи мӯҳтарам онро дар ниҳояти садо­қат ва вусъат ин гуна бозгӯ мекунад: «Паёмбари акрам (с) вориди Мадина мешаванд, қалбҳо ба Ӯ мепайванданд ва чашм­ҳо ба Вай дӯхта мешаванд ва мардум гурӯҳ-гурӯҳ, қабила-қабила ба пешвозаш меоянд ва ҳар кадом бо садоқату ихлоси комил мегӯянд: Эй Расули Худо (с)! Хуш омадед! Биёед ба сӯи мо, биёед ба сӯи ҷамъияту нерӯи мо! Расули Худо (с) мефар­муданд: «Иттиҳод ва нерӯи худро, ки як маъмури илоҳӣ аст, дар роҳи ғолиб гардондани Ислом ба кор гиред». Сипас, Расу­ли Худо (с) дар ҷое ки имрӯза масҷиди ӯ мебошад, истоданд ва атрофи худро нигариста, хостанд худ ва ёронашон дар он маҳал шабро гузаронанд. Аммо Ансор розӣ нашуданд ба ин ки дар он маҳал бимонанд, балки ононро ба хонаҳои худ даъ­ват карданд ва аз эшон пазироӣ намуданд. Худованд ин шара­фу кароматро, ки ҳеҷ шарофату каромате болотару воло­тар аз он нест, насиби Абуаюби Ансорӣ намуд, ки Расули акрам (с)-ро ба манзили худ бурд ва бо ихлоси комил аз ӯ пазироӣ ба амал овард. Вақте ин моҷароро ба диққат хондам, фикру зеҳ­нам мутаваҷҷеҳи ҳаракати шутуре шуд, ки Расули Худо (с) ҳангоми вуруд ба Мадина савори он буданд, гӯё шахсан шоҳи­ду нозири тамоми ин ҷараёнам ва бо чашми худ онро ме­бинам.

    Ҳамчунин дар рафти мутолиаи китоб дарёфтам, ки под­шоҳон, фотеҳони ҷангҳо, сарон, бузургони тоифаҳо ва сар­ватмандони қавм, дар ҳоле ки проканда шуда буданд, чӣ гуна вориди Ислом мешуданд ва ба мусалмонон мепайвастанд. Ва тамоми он чи аз муҳаббат ва ихлоси фарде нисбат ба фарди дигаре ва соири ҳаводис ва рӯйдодҳоеро, ки дарк кардаам, манзара ва осори онҳо комилан дар зеҳну ҳофизаам муҷасса­му мусаввар шудааст».

    Ба дунболи мутолиаи воқеаҳои боло достони ҷанги Уҳуд­ро хондам ва дар ҳақиқат метавон гуфт: «Таърих ҳеҷ гоҳ дар вафо ва ихлос, дар қаҳрамониву ҷонфидоӣ, дар имону яқин ва дар хулқу хӯи шарофатмандона воқеае азимтар, шигифт­ангезтар ва зеботар аз онро надидааст. Зеро ба ростӣ, вақте ин гуфтаи яке аз афроди душманро хондам, ки бо садои ба­ланд гуфт: «Муҳаммад кушта шуд», баданам ба ларза аф­тод, ҳамчунин ҳангоме, ки он саҳнаи захмӣ шудани он ҳазрат (с) ва паҳн шудани хабари кушта шудани Ӯро дар миёни са­ҳоба хондам, ба сахтӣ такон хӯрдам, махсусан он ҷо, ки Анас ибни Назр баъд аз паҳншавии ин хабар дид, ки бақияи мусалмонон бо ҳолати маъюсӣ нишастаанд, дар ин асно бо садои баланд гуфт: «Баъд аз Муҳаммад (с) мехоҳед бо ҳаё­ту зиндагии худ чӣ кор кунед? Пас шумо низ бикӯшед бар ҳа­мон ақида ва масире, ки Муҳаммад (с) фавт кард, ба ҳаёту зиндагии худ хотима диҳед (ва биҷангед то бимиред)».

    Ва боз матлаби дигаре, ки бисёр маро таҳти таъсир қа­рор дод, гуфтаи фарди дигаре буд, ки мегуфт: «Бӯи биҳишт аз ҷониби Уҳуд ба машомам мерасад».

    Матлаби муҳими дигари ҷанги Уҳуд ин буд: Вақте ки Ра­сули Худо (с) бо ҳолати захмӣ шудан дар нисбатан пасти майдони ҷанг қарор дошт, иддае аз саҳоба, аз ҷумла Алӣ ибни Абутолиб, Умар ибни Хаттоб, Анас ибни Назр ва Абудуҷона (р) бо рашодат ва фидокорӣ шигифтангезе маъмури ҳифоза­ти Муҳаммад (с) гардиданд ва бидуни лаҳзае таваққуф дар муқобили душман шамшер мезаданд ва ҳаргиз аз захмҳое, ки бар бадани онҳо ворид мешуд, наменолиданд ва ҳангоме, ки Абудуҷона дасташ аз шамшер задан аз кор афтод, дар рӯба­рӯи Паёмбари Ислом (с) истод, то ин ки сипари ҷони ӯ ша­вад. Саранҷом, бар асари захмҳои зиёд бар замин афтод ва пас аз чанд дақиқа ҷон ба ҷонофарин супурд ва баъд аз ӯ Анас ибни Назр низ ба шаҳодат расид…»

    Оре, ҳамин тавр матолиби бисёр такондиҳандаи дигаре­ро аз ин китоб хондам, ки бар асари он гоҳе ҳузну андӯҳ бар ман ғолиб мешуд ва гиря мекардам ва замоне низ хушҳолӣ ба ман даст медод ва ба шодиву сурур мепардохтам…[27]

    7. Кӯдакон ва навҷавонони саҳоба авсофи

    Расули Худо (с)-ро ба хотир нигоҳ медоштанд

    Абуҷуҳайфа яке аз саҳобаи ҷавон буд. Вақте ки Паёмба­ри Худо (с) аз олам даргузаштанд, ӯҳанӯз ба синни булуғ нарасида ва ҳамсинну соли Ибни Аббос буд. Як нафар аз тобеин бо номи Солеҳ ибни Масъуд мегӯяд: «Ба Абуҷуҳай­фа гуфтам: «Дар бораи авсофи Расули Худо (с) чӣ медонӣ, бароям таъриф кун!» Абуҷуҳайфа гуфт: «Паёмбари Худо (с) марде буданд дорои чеҳраи сафеду нуронӣ ва мӯи чеҳраи мубо­ракашон сиёҳу сафед буд».[28]

    Боз ҳамин Абуҷуҳайфа дар таърифу тавсифи Расули Ху­до (с) мегӯяд: «Ман Паёмбари Худо (с)-ро дидам, мӯи мобай­ни лаби зерин ва манаҳашон сиёҳу сафед буд». Як нафар ба ӯ гуфт: «Ту дар он ҳолат чандсола ва дар синну соли кӣ будӣ?» Абуҷуҳайфа дар ҷавоб гуфт: «Ман дар он вақт ба синни бу­луғ нарасида будам ва метавонистам пари тир бисозам».[29]

    Қозӣ Абулфазл Аёз бо санаде, ки ба Ҳасан ибни Алӣ (р) мерасад, ривоят намуда, ки Ҳинд ибни Ҳола дар васфи Пай­ғамбари акрам (с) гуфтааст: «Расули Худо (с) шахси бузург­вор ва воломақом буданд. Рухсораашон ба монанди моҳи шаби чаҳордаҳ медурахшид. Қомати мӯътадил доштанду мӯи са­рашон на росту овезон буд ва на ҷингила. Вақте баланд ме­шуд, аз нармии ду гӯшашон зиёдатӣ намекард ва рангаш са­фед ва моил ба сурхӣ буд. Дорои пешонии васеъ ва абрӯи борик буданд. Бинияшон барҷаста буд ва шаклу симои нуронӣ дош­танд. Риши ғафс, чеҳраи паҳн ва даҳону дандони зебои сафе­ди каме кушод доштанд. Мӯи синаашон то рӯи шикам нарму каммӯй буд ва гардани зебои сафеду дурахшон доштанд. До­рои хулқу хӯи нек ва бадани мӯътадил, на фарбеҳу на лоғар буданд. Дорои қомати на кӯтоҳу на баланд, дар айни ҳол бис­ёр нерӯманд буданд. Шикаму синаашон баробар ва дар як сатҳ буданд, синаи паҳну ду китфи паҳновар ва устухони маҳкам доштанд. Бисёр боғайрат, ботадбир ва дурандеш бу­данд. Пӯсти баданашон нуронӣ ва дорои як хати мӯи сиёҳ ка­шида то болои ноф буданд. Атрофи пистонашон холӣ аз мӯй буданд, рӯи банди ду дасту китфашон мӯй дошту синаашон барҷаста буд. Кафи ду дасту пояшон нарм ва дорои камари борик буданд. Бовиқор ва бо қадамҳои муносибу устувор, би­дуни кибру такаббурӣ роҳ мерафтанд. Ҳар гоҳ нигоҳ мекар­данд, ба тамоми атрофиёнашон менигаристанд. Ҳангоми роҳ рафтан бештар пеши пои худро нигоҳ мекарданд. Бисёр ба­ландназар буданду дар салом кардан пешқадам мешуданд…»

    Илова бар ин, Ҳинд ибни Ҳола дар таърифу тавсифи гуфтору кирдори Расули Худо (с) мегӯяд: «Ғолибан бо ҳузну андӯҳ ҳамроҳ буда, бештар дар фикру андеша фурӯ мераф­танд. Камтар эҳсоси роҳатӣ мекарданд. Бидуни ниёзу ҷуз ба вақти зарурат сухан намегуфтанд ва бештар сокит мемон­данд. Сухан гуфтанро фасеҳу балиғ ва бидуни тарсу воҳима шурӯъ мекарданду бо сароҳати баён ба итмом мерасониданд. Барои баёни ҳаққу ҳақиқат калимаҳову ҷумлаҳои кӯтоҳ ва пурмаъно ба кор мебурданд. Аз изофагӯӣ иҷтиноб мекарданд. Ҳар гоҳ барои исботи ҳақ бо хилофе мувоҷеҳ мешуданд, му­салламан на барои пирӯзии он хашмгин мешуданд ва на ба хо­тири масоили шахсӣ. Вақте ки ба матлабе, ё чизе ишора ме­карданд, бо тамоми кафи даст ба он ишора мекарданд ва замоне, ки аз чизе тааҷҷуб мекарданд, бо ангушти бузурги дасти рост бар панҷаи дасти чап мезаданд. Вақте дар баро­бари коре асабонӣ мешуданд, рӯй аз он бармегардонданд ва аз анҷом доданаш парҳез мекарданд. Вақте ки хушҳол мешу­данд, чашмонашонро фурӯ меоварданд ва табассуму лабханди зебое мекарданд…»[30]

    [1]. Ба ривояти Табаронӣ, Ибни Наҷҷор ва Дайламӣ аз Алӣ ибни Абутолиб. Мановӣ ин ҳадисро заиф гуфтааст.

    [2]. Ба ривояти Имом Аҳмад ва Шайхон аз Анас (р).

    [3]. Ба ривояти Аҳмад, Бухорӣ ва Муслим аз Собит аз Анас (р).

    [4]. Ба ривояти Бухорӣ аз Ибни Аббос (р).

    [5]. Ба ривояти Муслим аз Урва ибни Зубайр ва Фотима духтари Мунзир ибни Зубайр.

    [6]. Шарҳи Муслим боби истиҳбоби таҳники навзод дар вақти вилодаташ.

    [7]. Нақл аз китоби Анбоу нуҷабоил-абно (Ибни Зафари Маккӣ). – С. 81.

    [8]. Ба ривояти Бухорӣ.

    [9]. Бозиест, ки бозингарон дар болои асп бо чавгон тӯбро мезананд.

    [10]. Чӯбдасти махсус.

    [11]. Мунофиқони тавонгар мусулмонони фақирро.

    [12]. Сураи Мунофиқун, 63: 8.

    [13]. Ба ривояти Бухорӣ, Муслим, Тирмизӣ, Насоӣ ва Абудовуд.

    [14]. Ба ривояти Бухорӣ.

    [15]. Ба ривояти Тирмизӣ, Аҳмад, Ибни Ҳиббон ва Насоӣ.

    [16]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.

    [17]. Ба ривояти Ибни Хузайма дар «Саҳеҳ». – Ҷ.1.. – С. 229 бо ду санад, ки яке аз онҳо саҳеҳ мебошад.

    [18]. Ба ривояти Абӯяъло дар «Муснад». – Ҷ. 2.. – С. 188 бо санади саҳеҳ, ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.

    [19]. Нақл аз муқаддимаи китоби Иқтизоу-с-сироти-л-мустақим, таълифи Ибни Таймия, таҳқиқ аз Муҳаммад Ҳомид Алфақӣ.

    [20]. Нақл аз китоби Шарафу асҳоби-л-ҳадис, таълифи Доктор Хатиби Бағдодӣ.. – С. 10.

    [21]. Нақл аз «Усулу-л-ҳадис, таълифи Уҷҷоҷи Хатиб.. – С. 16.

    [22]. Нақл аз китоби Ар-Реҳлату фи талаби-л-ҳадис» бо таҳқиқи Доктор Нуриддин.

    [23]. Нақл аз китоби Аддебоҷу-л-музаҳҳаб (Ибни Фараҳуни Моликӣ, таҳқиқи Доктор Маҳмуди Аҳмадӣ).

    [24]. Дар китоби Ал-Кифояту фи илми-р-ривоя». – С. 205.

    [25]. Усулул-ҳадис (Аҷҷоҷ Алхатиб). – С. 162.

    [26]. Нақл аз китоби Муҳаммад расулуллоҳ (Шайх Муҳаммад Ризо). – С. 151.

    [27]. Ин буд гуфтаҳои Абулҳасани Надвӣ, ки дар як боби хос дар китоби Сиратун-набавия» нақл намуда буд.

    [28]. Ба ривояти Бухорӣ ва Тирмизӣ. Абуяъло низ онро дар «Муснад» 2/183 бо санади саҳеҳ ривоят намудааст.

    [29]. Ба ривояти Абуяъло дар «Муснад» бо санади саҳеҳ ва ба ривояти Аҳмад, Муслим ва Бухорӣ.

    [30]. Нақл аз китоби Аш-Шифо битаърифи ҳуқуқи-л-Мустафо». – С. 152 дар фасли Қад атайнока».