×
Бояд бидонед, ки роҳи дуруст ва он роҳе ки шуморо ба мақсуд мерасонад, ҳамон роҳест (ва ҳамон чизест) ки Паёмбар оварда буд,

    Роҳи ҳақ кадом аст?

    ما هو الطريق الحق؟

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    محمد عزيز رجب

    —™

    Роҳи ҳақ кадом аст?

    Хоҳаре пурсидааст, ки роҳи ҳақ кадом асту аз байни ин ҳама ихтилофҳо чӣ тавр роҳи дурустро пайдо кунем?

    Роҳи дуруст куҷост?

    «Ман барои худ қарор кардам. Мазҳаберо қабул кардан мехоҳам, ки ҳамзамонони Пайғамбарамон доштанд».

    Посух:

    Бисмиллоҳ, вал-ҳамду лиллоҳ, вас-салоту вас-салому ала Расулиллоҳ.

    Аллоҳ шуморо баракат диҳад хоҳари азиз, ва қалби шуморо устувор дар динаш намояд!

    Аввалан:

    Бояд бидонед, ки роҳи дуруст ва он роҳе ки шуморо ба мақсуд мерасонад, ҳамон роҳест (ва ҳамон чизест) ки Паёмбар оварда буд.

    Аллоҳ таъоло, анбиё ва расулонро маҳз барои ҳамин фиристодааст, ки роҳи наҷотро ва роҳи расидан ба ризои Худовандро баён созанд. Ончӣ ки барои салоҳи инсон аст, дар ин дунё ва охират баён мекунанд.

    Ин вазифаи анбиё будааст, ва китобҳои осмонӣ барои ҳамин нозил гаштаанд:

    ﴿يَٰمَعۡشَرَ ٱلۡجِنِّ وَٱلۡإِنسِ أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ رُسُلٞ مِّنكُمۡ يَقُصُّونَ عَلَيۡكُمۡ ءَايَٰتِي وَيُنذِرُونَكُمۡ لِقَآءَ يَوۡمِكُمۡ هَٰذَاۚ قَالُواْ شَهِدۡنَا عَلَىٰٓ أَنفُسِنَاۖ وَغَرَّتۡهُمُ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا وَشَهِدُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ أَنَّهُمۡ كَانُواْ كَٰفِرِينَ ١٣٠﴾ [الانعام: ١٣٠]

    «Эй ҷинниён ва эй инсонҳо! Оё паёмбароне аз худатон ба сӯйи шумо наёмаданд, ва оёти (китобҳои осмонии) моро бароятон бозгӯ накарданд? Ва шуморо аз расидан бад-ин рӯз (рӯзи мулоқот бо Худованд) бим надоданд?!…».

    Сураи Анъом, 130

    Ҳамчунин мефармояд:

    ﴿رُّسُلٗا مُّبَشِّرِينَ وَمُنذِرِينَ لِئَلَّا يَكُونَ لِلنَّاسِ عَلَى ٱللَّهِ حُجَّةُۢ بَعۡدَ ٱلرُّسُلِۚ ١٦٥﴾ [النساء : ١٦٥]

    «Мо паёмбаронро фиристодем, то (муъминонро) муждарасон ва (кофиронро) бимдиҳанда бошанд, ва баъд аз омадани паёмбарон ҳуҷҷату далеле бар Худованд барои мардумон боқӣ намонад (ва нагӯянд, ки агар паёмбаре мефиристодӣ, имон меовардем ва роҳи ростро мепаймудем)…».

    Сураи Нисо, 165

    Ва низ дар бораи Мусо (алайҳиссалом) фармудааст:

    ﴿وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا مُوسَىٰ بِ‍َٔايَٰتِنَآ أَنۡ أَخۡرِجۡ قَوۡمَكَ مِنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِ ٥﴾ [ابراهيم: ٥]

    «Мусоро ҳамроҳ бо оёт (ва муъҷизоти) худ фиристодем, ки қавми хешро аз торикиҳои (куфру ҷаҳлу залолат) берун биёвар, ба сӯйи нури (имон ва донишу ҳидоят)…».

    Сураи Иброҳим, 5

    Ва низ фармудааст:

    ﴿فَإِمَّا يَأۡتِيَنَّكُم مِّنِّي هُدٗى فَمَنِ ٱتَّبَعَ هُدَايَ فَلَا يَضِلُّ وَلَا يَشۡقَىٰ ١٢٣ وَمَنۡ أَعۡرَضَ عَن ذِكۡرِي فَإِنَّ لَهُۥ مَعِيشَةٗ ضَنكٗا وَنَحۡشُرُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ أَعۡمَىٰ ١٢٤﴾ [طه: ١٢٣، ١٢٤]

    «Ва ҳар гоҳ ҳидояту раҳнамоии ман барои шумо омад, ҳаркӣ аз ҳидояту раҳнамудам пайравӣ кунад, гумроҳу бадбахт нахоҳад шуд.

    Ва ҳарки аз ёди ман рӯй гардонад (ва аз аҳкоми китоби ман дӯрӣ гузинад) зиндагии тангу сахте хоҳад дошт ва рӯзи растохез ӯро нобино ҳашр мекунем».

    Сураи Тоҳо, 123-124

    Ва ҳеҷ набиву расуле дар адои ин паёмбарии хеш тақсиру камбуде накардааст!

    Аллоҳ таъоло мефармояд:

    ‏ ﴿ٱلَّذِينَ يُبَلِّغُونَ رِسَٰلَٰتِ ٱللَّهِ وَيَخۡشَوۡنَهُۥ وَلَا يَخۡشَوۡنَ أَحَدًا إِلَّا ٱللَّهَۗ ٣٩﴾ [الاحزاب : ٣٩]

    «(Паёмбарони пешин) касоне ки рисолатҳои Худовандро ба мардум мерасонанд, ва аз ӯ метарсанд, ва аз касе ҷуз Худованд наметарсанд (дар таблиғи фармудҳои Худованд)».

    Сураи Аҳзоб, 39

    Ва паёмбари мо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) низ дар беҳтарин сурат ин рисолати хешро адо намуд!

    Мисли дигар паёмбарон, ҳар хайру салоҳе ки буд, барои умматаш баён кард, ва ҳар шарру фасоде ки бошад, умматашро барҳазар доштааст.

    "إنه لم يكن نبي قبلي إلا كان حقاً عليه أن يدلّ أمته على خير ما يعلمه لهم وينذرهم شر ما يعلمه لهم".

    «Ҳеҷ паёмбаре қабл аз ман набуд, магар инки ҳатман уммати хешро ба хайре ки барояшон медонист далолат мекард, ва аз шарре ки барояшон медонист бим медод (барҳазар медошт)». (Саҳеҳи Муслим, 1844).

    Ва уммати хешро дар «Маҳаҷҷатул-байзо» — роҳи сафеде гузоштаву рафтааст.

    "تركتكم على البيضاء ليلها كنهارها، لا يزيغ عنها بعدي إلا هالك".

    «Ман шуморо дар роҳи сафеде гузошта меравам, ки шаби он мисли рӯзаш ҳаст. Баъд аз рафтани ман, аз ин роҳ мунҳариф намешавад, магар инсони ҳалокшуда». (Ибни Моҷа, муқаддима 44 ва Муснади Аҳмад 4/126).

    Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) мегӯяд:

    قام فينا رسول الله صلى الله عليه وسلم مقاما، فذكر به بدء الخلق، حتى دخل أهل الجنة منازلهم، وأهل النار منازلهم؛ حفظ ذلك من حفظه، ونسيه من نسيه.

    «Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) рӯзе барои мо хутба кард, ва аз ҳамон оғози офариниш, то ба ворид шудани аҳли ҷаннат ба манзилҳояшон ва аҳли оташ ба манзилҳояшон сухан кард, онро (яъне он хутба ва ахбори гуфтаи Паёмбарро) баъзеҳо дар ёд доранду баъзеҳо фаромуш карданд». (Саҳеҳи Бухорӣ, 5699).

    Ва ҳамин қисса дар ривояти Ҳузайфа омадааст, ки:

    «Ҳарчӣ ки то рӯзи қиёмат мешуд, ҳамаро хабар дод…» (Бухорӣ 6603, ва Муслим 2891).

    Дар баёни роҳи ҳақ ва асбоби наҷот ҳеҷ камбуду тақсире накардааст.

    Аз ин дунё дар ҳоле рафтааст, ки Худованд аз ӯ розӣ буд, ва динашро барои ӯ комилу тамом карда буд!

    Ва қиссаи Паёмбар дар Ҳаҷҷатул-вадоъ машҳур аст, ки сӯйи осмон нигаристу гуфт: «Худовандо! Шоҳид бош ки расонидам (вазифаи хеш адо кардам)

    Сониян:

    Ҳирсу талоши Паёмбар барои таълиму тарбияти умматаш.

    Мо мебинем, ки Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар таълими аҳкоми шариъат чӣ тавр талош кардааст, то умматаш биёмӯзад ва иштибоҳе накунад.

    Ӯ дар мавриди намоз мефармояд:

    "صَلُّوا كَمَا رَأَيْتُمُونِي أُصَلِّي".

    «Шумо намозро бихонед, ҳамон тавре ки маро мебинед мехонам». (Муттафақун алайҳӣ, аз ҳадиси Молик ибни Ҳувайрис).

    Дар мавриди маносики ҳаҷ мефармояд:

    "لِتَأْخُذُوا مَنَاسِكَكُمْ، فَإِنِّي لَا أَدْرِي لَعَلِّي لَا أَحُجُّ بَعْدَ حَجَّتِي هَذِه".

    «Шумо маносики ҳаҷро (аз ман) бигиред (биёмӯзед), зеро намедонам ки баъди ин ҳаҷҷам шояд ҳаҷ намекунам». (Муслим, аз ҳадиси Ҷобир, 1297).

    Ва ҳамин тавр дар тамоми аҳкоми шариъат, чӣ эътиқодӣ ва чӣ амалӣ ҳарис ба таълиму тарбияти уммати хеш буда:

    "...فَمَنْ رَغِبَ عَنْ سُنَّتِي فَلَيْسَ مِنِّي!".

    «…пас ҳар касе ки аз равиши ман рӯй гардонад, аз ман нест!». (Бухорӣ, китоби никоҳ 4776, ва Муслим, китоби никоҳ 1401).

    Ва ҳеҷ мумкин нест, ки дину оини Паёмбар ва 23-сол даъвату тарбияти ӯ танҳо дар таълими истинҷо ва таҳорату намозу рӯза бошад, ва баёну тавзеҳи масоили эътиқодиро барои касе гузоштааст!

    Балки Паёмбар ҳамаи динро ба тамоми масоили он, ба таври шомилу комил баён кардааст.

    Чӣ тавре ки истинҷову ғуслу таҳоратро таълим медод, ҳамин тавр усули имону эътиқодро ба ёронаш омӯхтааст.

    Усули одобу ахлоқ ва арзишҳои имонӣ ва анвоъи муъомалотро барояшон омӯхтааст.

    Имом Молик мегӯяд:

    مُحالٌ أن يُظَنَّ بالنبيِّ صلَّى الله عليه وسلَّم أنه علَّم أمَّتَه الاستنجاءَ ولم يعلِّمْهم التوحيدَ.

    «Маҳол аст нисбати Паёмбар чунин гумон кунем, ки умматашро истинҷо омӯхта бошад, вале тавҳидро таълим надодааст…». (Заммул-калом, АбулФазл Абдураҳмони Розӣ, 250).

    Солисан:

    Чӣ тавре ки гуфтем, Паёмбар уммати хешро ба роҳи росту тариқи наҷот фаро хондааст, ва ончӣ ки барои расидан ба салоҳи ин дунё ва охират зарур аст, баён кардааст. Ва барои ҳеҷ кас маҷоле нагузоштааст барои изофа кардан ё ки тағйиру беҳбуд бахшидан ба ин роҳ!

    Ва ончӣ ки барои уммат воҷиб аст, ин чанг задан аст ба ҳамин роҳу равиши Паёмбар ва адами хуруҷ аз хатти кашидаи ӯ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод).

    Абдуллоҳ ибни Масъуд мегӯяд:

    خط رسول الله صلى الله عليه وسلم خطا بيده ، ثم قال: «هذا سبيل الله مستقيما» و خط على يمينه وشماله ، ثم قال: «هذه السبل ليس منها سبيل إلا عليه شيطان يدعو إليه», ثم قرأ: (وأن هذا صراطي مستقيما فاتبعوه ولا تتبعوا السبل فتفرق بكم عن سبيله).

    «Расулуллоҳ бо дасташ хатте кашид, сипас гуфт: «Ин роҳи рости Худованд аст», ва дар чапу рости он, хатҳои дигар кашид, сипас гуфт: «Ин роҳҳо, дар сари ҳар кадомеаш шайтонест (ки мардумро) фаро мехонад», ва сипас Паёмбар ин оятро тиловат кард:

    (Ин роҳ (ки ман бароятон баён намудам) роҳи мустақими ман аст (ва мунтаҳо ба саъодати ҳарду ҷаҳон мебарад), аз он пайравӣ кунед ва аз роҳҳои (ботиле ки наҳй кардаам) пайравӣ накунед, ки шуморо аз роҳи Худованд (мунҳариф ва) пароканда месозад…)». (Муснади имом Аҳмад).

    Вале қазову қадари Худованд бар ин рафтааст, ки ин дунё дорои имтиҳону санҷиш аст, ва Худованд мардумро ихтиёр додааст, токи роҳи худро интихоб кунанд.

    Иддае аз мардум аз паси паёмбарон раҳсипоранду ба ресмони Худованд чанг задаанд, ва иддае роҳи анбиёро тарк кардаву мунҳариф гаштаанд.

    Ва ҳар навъ гумроҳӣ ва тариқаи ҷадиде, ки дар ин уммат ба вуҷуд омад, баъди ҳаёти Паёмбар шудааст ва инҳирофу хуруҷ аз тариқаи Паёмбар будааст.

    Ва ҳар касе ки роҳу равиши Паёмбарро дуруст шинохтааст, ҳатман барояш маълум мешавад тариқаи ҷадид ва инҳирофот.

    Масалан, яке аз аввалин инҳирофот дар уммат, ин инкори тақдир (қазову қадар) буд.

    Мардумоне пайдо шуданд дар авохири аҳди саҳоба, ки дар мавриди қазову қадар мунҳариф гаштанд, ва ҷавоби Абдуллоҳ ибни Умар ба эшон чунин буд:

    فإذا لقيت أولئك فأخبرهم أني بريء منهم وأنهم براء مني، والذي يحلف به ‏عبد الله بن عمر لو أن لأحدهم مثل أحد ذهباً فأنفقه ما قبل الله منه حتى يؤمن ‏بالقدر.

    «… агар бо онҳо рӯбарӯ шудӣ, хабарашон кун, ки ман безорам аз онҳо ва онҳо низ аз ман ҷудоянд (ман ҳамчун ёри Паёмбар ба ин гуна қавми гумроҳ ҳеҷ рабте надорам).

    Қасам ба ҳамон зоте ки Абдуллоҳ ибни Умар бо номи Ӯ савганд мехӯрад, агар яке аз онҳо мисли куҳи Уҳуд тилло садақа кунад, пазируфта намешавад, то инки ба қадар имон наёварад (имонашро дуруст накунад)». (Саҳеҳи Муслим, 8).

    Ва сипас фирқаи равофиз (шиъа) ба вуҷуд омад, ки масъалаи хилофати Алиро ба миён кашид. Ва сипас ба таъну мазаммат ва такфири ёрони Паёмбар даст ёзиданд.

    Ба ҳадде расиданд, ки имомат ва вилояти Алӣ ва фарзандонашро аз аркони имон ва усули дин қарор доданд ва дар асоси он муслиминро такфир карданд.

    Ва сипас ин фирқа ба тадриҷ ба як дину оини алоҳидае мубаддал гашт, ки аҳкоме мисли тақия ва хумс ва никоҳи муваққат ва дигар аз масоилро аз усули худ қарор доданд ва бо соири муслимин мухолифат карданд.

    Ҳамчун тоифаи хавориҷ зуҳур кард, ки ба такфиру қатли муслимин даст заданд. Ва қиссаи пайдоиши ин фирқа ва муноқашаи афкори ин фирқаро дар рисолаи алоҳидае нашр карда будем, ки лутфан дастрас кардаву мутолаъа кунед.

    Ва ҳамин тавр паси ҳамдигар афкори гуногуне зуҳур мекарданд, ки тоифаи «ҷаҳмия» ба вуҷуд омад, ки дар масъалаи сифоти Худованд мунҳариф гаштанду сифоти илоҳиро таътил (бекор) карданд.

    Гуфта буданд: «Худованд бо Мусо сухан нагуфтааст ва Иброҳимро дӯст нагирифтааст!»

    Ва ҳамчунин фирқаи «мурҷиа» зуҳур кард, ки имонро танҳо дар тасдиқи қалбӣ хулоса карданд.

    Восил ибни Ато яке аз шогирдони Ҳасани Басрӣ буд, ки ҳалқаи дарсии устодашро тарк кардаву рафт, ва дар натиҷа фирқаи муътазиларо ба вуҷуд овардааст.

    Ва сипас баъди солҳои 300-и ҳиҷрӣ мазҳабҳои каломии ашъариву мотуридӣ зуҳур карданд.

    Ва хулоса инки дар тули торих гуруҳе аз мардум ва ё шахсиятҳое алоҳида аз манҳаҷи Расулуллоҳ хориҷ гаштанд, ба тадриҷ афкору андешаҳои эшон ба мазҳабу фирқаҳое мубаддал гаштааст. Баъзе аз афкору андешаҳо аз байн рафтаасту баъзеи он то ҳол боқист.

    Пас хоҳари гиромӣ, ҳар фикру андеша ва тасаввуру эътиқоде ки имрӯз рӯбарӯ мешавед, бо ончӣ Паёмбар оварда буд, қиёс кунед.

    Роҳи ҳақ ҳамон роҳе ҳаст, ки Расулуллоҳ (алайҳис-салом) ва ёронаш ва гузаштагони солеҳи уммат бар он буданд.

    Муваффақу муайяд бошед.