×
Мақола дар бораи Асоси аввали ақидавӣ, поярезии ақидаи исломӣ ва талқини калимаи тавҳид, мебошад, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистум: Асоси аввали ақидавӣ, поярезии ақидаи исломӣ ва талқини калимаи тавҳид

    سلسلة تربية الأولاد، القسم العشرون: عن الأساس العقدي الأول وهو تلقين الطفل لكلمة التوحيد

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир

    إعداد: حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми бистум: Асоси аввали ақидавӣ, поярезии ақидаи исломӣ ва талқини калимаи тавҳид

    Имом Ғазолӣ (р) ба ақидаи кӯдак таваҷҷӯҳи хоссе наму­да, волидайнро нисбат ба талқини он аз ҳамон ибтидои рушду нумӯяш ташвиқ карда, мегӯяд: «Бидон, ки он чӣ дар бораи маънову мафҳуми ақида баён намудем, лозим аст, ки ақида аз ибтидои рушду нумӯи кӯдак ба ӯ талқин шавад, то ин ки онро ба хубӣҳифз кунад, сипас маънои он батадриҷ ва ба дунболи матлаб баъд аз матлаб барояш кашфу равшан гардад, ба қалбаш нуфуз кунад. (Ва меафзояд:) Волидайн ди­гар ниёзе надоранд ба ин ки онро бо далелу бурҳон собит на­моянд, магар ба андозаи кофӣ ва дархури фаҳм ва лузум аз қа­били нишон додани ашёву шаклҳое, ки шакку шубҳаи ӯро бар­тараф месозанд».[1]

    Бинобар ин, ақидаи дурусту устувор он аст, ки дар дав­рони кӯдакӣ бидуни овардани далелу бурҳон дар қалби кӯ­дак ҳосил шавад. Ин худ як фазлу лутфи Худованд аст нис­бат ба инсон, ки талқини имону ақидаи исломӣ ба фарзан­дон дар ибтидои рушду нумӯи онон ниёзе ба ироаи далелу бурҳон ҷиҳати субути он нест, балки ҳамон муҷарради тал­қин кофӣ аст. Пас барои нуфузи ақида ва мустаҳкам шудани он дар қалб ҳеҷ лузуме надорад, ки инсон барои тақвияту устувории он ба фанни ҷадалу мубоҳиса ва ба равиши муко­ламаву машғулиятҳои дигар рӯй биоварад ва онро бидонад, балки кофӣ аст шахс барои исботи ақидаи исломии худ (дар ҳадди имкон) ба хондани Қуръону тафсири он, ба мутолиаи аҳодису дарки маънии онҳо ва ба баргузории ибодатҳову ба ҷой овардани воҷиботи динии хеш бипардозад, то ба васи­лаи шунидани далелҳову бурҳонҳои қотеъи Қуръон, дар асари шавоҳиду намунаҳои аҳодису натиҷаҳои мусбати он­ҳо, ба воситаи тобиши анвори ибодот ва соири воҷибот ақидаи исломӣ дар қалбу замираш устувору собит гардад…

    Ин ба хотири он аст, ки ҳар кӯдаке, таваллуд мешавад, бар фитрати имон ва пазириши ақидаи исломӣ ба дунё мео­яд. Чӣ гуна ин тавр набошад, дар ҳоле ки Худованд ме­фармояд:

    ﴿وَإِذۡ أَخَذَ رَبُّكَ مِنۢ بَنِيٓ ءَادَمَ مِن ظُهُورِهِمۡ ذُرِّيَّتَهُمۡ وَأَشۡهَدَهُمۡ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ أَلَسۡتُ بِرَبِّكُمۡۖ قَالُواْ بَلَىٰ شَهِدۡنَآۚ أَن تَقُولُواْ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ إِنَّا كُنَّا عَنۡ هَٰذَا غَٰفِلِينَ ١٧٢﴾ [الاعرف: 172]

    «Ва чун Парвардигори Ту фарзандони Одамро аз пуш­ти одамизодагон падидор кард[2] ва онҳоро бар худашон гувоҳ гирифта (ба онҳо хитоб карда гуфт:) «Оё Ман Пар­вардигори шумо нестам?» Гуфтанд: «Оре, ҳастӣ, гувоҳӣ медиҳем», то рӯзи қиёмат нагӯед: «Ҳамоно мо аз ин беха­бар будем…».[3]

    Худованд ояти болоро ба василаи ҳадиси қудсии зер ба гунае возеҳу равшан баён намуда, мефармояд: «Бегумон, Ман бандагонамро поку ҳақгаро офаридам, (аммо) шайтон­ҳо омаданд ва эшонро муҳосира намуданд, аз дину оини худ дур ва мунсариф сохтанд ва он чиро, ки барои эшон ҳалол гар­донида будам, бар онон ҳарому нораво гардониданд».

    Мулло Алӣ Қорӣ дар шарҳе, ки бар «Муснад»-и Абуҳа­нифа навиштааст, дар тавзеҳи ҳадиси: «Куллу мавлудин юла­ду ала-л-фитрати», мегӯяд: «Ҳар кӯдаке, ки таваллуд меша­вад, бар фитрати шинохти тавҳид ва истеъдоди пазириши Ислом ба дунё меояд. Маънои он ин аст, ки агар кӯдак баъд аз ба дунё омаданаш ба ҳамон ҳолати табииву фитрии худ гу­зошта шавад, қатъан ҳеҷ роҳеро ҷуз роҳи имону Ислом ба тариқаи эҳсону некӯкорӣ интихоб нахоҳад кард, ба хотири ин ки бар ҳамин роҳ ва бар истеъдоди пазириши Ислому аҳ­ко­ми исломӣ офарида шудааст. Пас, агар бар он фитрат гузо­рида шавад, ҳатман бар он пойбанду боқӣ мемонад ва ҷуз он чизи дигареро ихтиёр нахоҳад кард».

    Қавли дигаре гуфтааст: «Маънои он ин аст, ҳар кӯдаке, ки таваллуд шавад, бар истеъдоди шинохти Худо ва иқрору эътироф ба яктоии Худованд ба дунё меояд. Бинобар ин, ҳар фарде аз афроди инсон иқроркунандаву эътирофкунанда аст ба ин ки Худованд офаринандаву созандаи ҷаҳони ҳастӣ аст». Ва ин таъбир бо қавли Абуҳанифа мутобиқат дорад, ки мегӯ­яд: «Бар ҳар фарди болиғу мукаллаф воҷиб аст, ки Худованд­ро ба муҷарради ақли худ бишиносад, бо ин ки ба беъсати пай­ғамбарон огоҳӣ надошта бошад».

    Вақте дар саҳифаҳои Қуръон ба диққат тааммул намо­ем, ба хубӣ дармеёбем, ки тамоми пайғамбарон ба солимии ақидаи фарзандонашон бисёр таваҷҷӯҳ намудаву ба дурус­тиву солимии он эҳтимоми зиёде варзидаанд, аз он ҷумла мехонем:

    ﴿وَوَصَّىٰ بِهَآ إِبۡرَٰهِ‍ۧمُ بَنِيهِ وَيَعۡقُوبُ يَٰبَنِيَّ إِنَّ ٱللَّهَ ٱصۡطَفَىٰ لَكُمُ ٱلدِّينَ فَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنتُم مُّسۡلِمُونَ ١٣٢﴾ [البقرة: ١٣٢]

    «Иброҳим писаронашро ва Яъқуб (низ фарзандонаш­ро) ба ин калима тавсия карданд: «Эй фарзандони ман! Ҳамоно Худо барои шумо ин динро баргузидааст, пас, аз ин ҷаҳон намеравед, магар (ин, ки шумо) мусалмон шуда [бошед]!».[4]

    Ва Луқмон низ писарашро зери назар қарор дода, муҳо­физат мекунад ва ӯро супориш карда, мегӯяд:

    ﴿يَٰبُنَيَّ إِنَّهَآ إِن تَكُ مِثۡقَالَ حَبَّةٖ مِّنۡ خَرۡدَلٖ فَتَكُن فِي صَخۡرَةٍ أَوۡ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ أَوۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ يَأۡتِ بِهَا ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَطِيفٌ خَبِيرٞ ١٦﴾ [لقمان: ١٦]

    «Эй писараки ман! Ба дурустӣ, ки агар (кирдоре)ҳамсанги донаи хардале бошад, пас дар миёни санге, ё дар осмонҳо ё дар замин бошад, (ба ҳар ҳол) Худо онро ҳозир мекунад, зеро Ху­дованд бисёр дақиқу огоҳ аст».[5]

    Чунонки мулоҳаза мешавад, сураи «Ихлос» эътиқоди ақлиро муҷассам сохтааст ва ҳамчунин сураи «Кофирун» эътиқоди амалиро низ муҷассам кардааст, ки ҳардуи онҳо аз сураҳои кӯтоҳи Қуръонанд, ки перомуни ақида баҳс ме­кунанд. Ва ин худ намоёнгари лутфи илоҳӣ нисбат ба кӯ­да­кон аст, то ин ки ба осонӣ ин сураҳои кӯтоҳро ҳифз кунанд, кӯдаконе, ки ба воситаи хурдсолӣ ва ибтидои рушди ҷисми­ву зеҳнии худ бо дигарон фарқ доранд…

    Илова бар он, Пайғамбари акрам (с) низ ба кӯдакон таваҷ­ҷӯҳи зиёд доштанд, ба гунае ки пайваста ононро ба сӯи Ислом даъват мекарданд, барои сохтани насли дуруст ва боимон заҳ­мат мекашиданд. Чунонки Алӣ ибни Абутолибро дар канори худ парвариш намуда ва ҳанӯз ба синни даҳсолагӣ нарасида буд, ба даъвати ӯ Ислом овард. Ҳатто ҳангоме, ки ба мулоқоту аёдати кӯдакон мерафтанд, ононро дар ҳузури падаронашон ба сӯи Ислом даъват мекарданд.

    Абдурраззоқ дар китоби Мусаннаф ривоят кардааст: «Як нафар яҳудӣ, ки ҳамсояи Расули Худо (с) ва ҷавоне хуш­рафтор буд, бемор шуд, Расули Худо (с) ҳамроҳи асҳоби худ ба аёдати ӯ рафтанд ва он ҳазрат (с) ба ӯ гуфтанд: «Оё ша­ҳодат медиҳӣ, ки ҳеҷ маъбуди баҳақҷуз Аллоҳ нест ва Му­ҳаммад расули ӯст?». Ин фард нигоҳе ба падараш кард ва худи ӯ ва падараш ҷавоб надоданд. Расули Худо (с) барои бо­ри дуюм ва сеюм он ҷумларо такрор карданд. Саранҷом, пада­раш дар мартабаи сеюм гуфт: «Бигӯ он чиро, ки Расули Худо (с) мегӯяд». Пас он ҷавон гуфтаи Расули Худо (с)-ро ба за­бон ронд ва баъд вафот кард. Яҳуд хостанд ҷасади ӯро бар­до­ранд ва дафн кунанд, аммо Расули Худо (с) фармуданд: «Мо ба ғуслу кафани он аз шумо шоистатарем». Пас, Расули Ху­до (с) ҷасади ҷавони яҳудиро шуста, кафан намуданд ва ӯро хушбӯ сохта бар вай намози ҷаноза хонданд.[6]

    Салафи солеҳ низ ба даъват намудани кӯдакон ба сӯи Ислом эҳтимоми хоссе меварзиданд ва рӯи он таъкид ме­карданд. Мегӯянд: «Умар ибни Хаттоб (р) дар сарзамини Араб намегузошт шахси насронӣ, ё яҳудӣ фарзанди худро насронӣ, ё яҳудӣ гардонад. Чунонки марде аз Бани Тағлиб наз­ди Умар ибни Хаттоб омад ва Умар ба ӯ гуфт: «Дар даврони ҷоҳилият барои шумо баҳрае буд ва акнун низ баҳраи худро аз Ислом даргиред. Пас, Умар ибни Хаттоб бо онон мусолиҳа кард бар сари ин ки бояд ҷизяи бештар бипардозанд ва кӯда­конро насронӣ накунанд».[7]

    Умар ибни Хаттоб ин корро ба пайравӣ ва иқтидо аз ин амали Пайғамбари акрам (с) анҷом дод, ки Алӣ ибни Абу­толиб (р) гуфт: «Ман шоҳид будам, ки Пайғамбари акрам (с) бо як нафар насронӣ аз Бани Тағлиб мусолаҳа карданд бар са­ри ин ки фарзандонашонро насронӣ накунанд ва агар чунин ко­реро бикунанд, бо онон аҳду паймоне нахоҳанд дошт». Алӣ ибни Абутолиб (р) гуфт: «Агар фурсат медоштам бо онон меҷангидам».[8]

    Ва ин Муҷоҳид буд, ки ба ғуломи худ Ҷарир, ки насро­нӣ буд, мегуфт: «Эй Ҷарир! Мусалмон шав!» Сипас Муҷоҳид гуфт: «Ин чизе аст, ки ба қавми яҳуду насоро гуфта мешуд».

    Оре, умед аст зикри ин матолиб раҳнамоие бошад барои наслҳои оянда ва ҳушдоре бошад ба сарпарастон, мурабби­ён, фармонравоён ва уламои онон, ки ба кӯдакону навҷаво­нон ба таври ҷиддӣ таваҷҷӯҳу муроқибати комил бинамо­янд ва ононро ба ҳоли худ раҳо накунанд, то ин ки дар маъ­рази вазиши гирдбоди инҳирофу табоҳӣқарор нагиранд ва дар оғӯши мулҳидону мубаллиғони куфру беимон наафтанд.

    Эй кош, уммати исломӣ ба худ меомад ва афроди он амалан ва бо ҷиддияти комил фарзандони худро аз ҳамон ибтидои кӯдакӣ тарбияи исломӣ мекарданд ва бо Қуръону аҳодис ва ба раҳнамоиҳои инсонсози онҳо ошно месохтанд ва эшонро ба анҷоми ибодатҳо ва адои воҷибот ва ба пар­ҳез аз манҳиёту аъмоли нораво одат медоданд!…

    [1] . «Эҳёул-улум». – Ҷ. 1, боби ақида.

    [2]. Рӯзи мисоқ аз Одам фарзандони ӯро пайдо кард ва аз онҳо зур­рия­ашонро ба тартибе, ки минбаъд ҳаст, амалӣ намуд.

    [3]. Сураи Аъроф, 7: 172.

    [4]. Сураи Бақара, 2: 132.

    [5]. Сураи Луқмон, 31: 16.

    [6]. Ба ривояти Абдурраззоқ дар «Мусаннаф». – Ҷ. 6.. – С. 34.

    [7]. Нақл аз «Мусаннаф»-и Абдурраззоқ. – Ҷ. 6.. – С. 50.

    [8]. Нақл аз «Мусаннаф»-и Абдурраззоқ. – Ҷ. 6.. – С. 123.