Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми нуздаҳум: Поярезии шахсияти кӯдак баъд аз дусолаги то синни булуғ
Дастабандиҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми нуздаҳум: Поярезии шахсияти кӯдак баъд аз дусолаги то синни булуғ
سلسلة تربية الأولاد، القسم التاسع عشر: عن تربية الطفل بعد السنتين إلى سن البلوغ
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми нуздаҳум: Поярезии шахсияти кӯдак баъд аз дусолаги то синни булуғ
Пешгуфтор
Дар робита бо поярезии шахсияти кӯдак бояд донист, ки доштани шахсияти мӯътадил ва санҷида дар зиндагии афрод ва ҷомеаҳои башарӣ бисёр муассир ва даркорӣ мебошад. Чунин шахсият ба ҳадди рушду такомули худ намерасад, магар замоне, ки аз тамоми ҷонибҳои тарбиявӣ, мавридҳои таҳзибу тазкия ва соири тарафҳои ситуда ба он таваҷҷӯҳи комил шавад, зеро ки ҳар гоҳ ба ҳаракати таърих назаре бияфканем ва ба диққат дар он тааммул намоем, ба аҳамияти асоси сохтору пояҳои саҳеҳи шахсияти нерӯманд пай мебарем ва ба дурустӣ дармеёбем, ки шахси каҷрав ва дур аз барномаи Худованд ҳаргиз бидуни доштани қудрату тавоноӣ наметавонад тағйири равиш диҳад ва қудрату тавоноӣ низ бидуни поярезии саҳеҳи шахсият ҳосил намешавад ва поярезии саҳеҳу устувор ҳам бидуни омода сохтан, таквини асосӣ ва таълиму тарбияи дурусту мураттаб имконпазир намебошад.
Бинобар ин, шакке нест, ки беҳтарин ва муносибтарин фурсат барои поярезӣ ва таквини тарбияву парвариши саҳеҳи шахсият ҳамон марҳалаи кӯдакӣ аст, марҳалае, ки тӯлонитарин муддати замон аст барои мавҷудоти зинда. Аз ҷиҳати дигар, даврони кӯдакии инсон бар асари таквин ба василаи сафову покии фитрӣ мушаххас мебошад ва ин даврон низ муддати зиёде давом меёбад ба гунае ки шахси мураббӣ дар аснои ин муддати нисбатан тӯлонӣ метавонад ҳар он чиро, ки бихоҳад, дар вуҷуди кӯдак кишт кунад ва ӯро мутаваҷҷеҳи он гуна хатти машйе созад, ки барои ӯ нақша мекунад ва ӯро ба имконоти худ ошно созад ва ҳамчунин дар ҳадди тавон ӯро нисбат ба ояндааш огоҳу бедор намояд.
Табиист, ки ҳар андоза бинои шахсияти даврони кӯдакӣ ба василаи назорати дақиқ ва назароти огоҳона дорои такягоҳи муҳкаме бошад, мусалламан дар баробари таҳаввулоту дигаргуниҳое, ки дар оянда ва дар даврони ҷавонияш бо онҳо рӯ ба рӯ мегардад, собитқадамтар ва устувортар хоҳад буд. Ба ҳамин хотир аст, ки падари фаъолу оянданигар амали поярезии шахсияти фарзанди худро аз ибтидои дусолагӣ ба баъд шурӯъ мекунад ва дар муқобили ҳар андешаву амале намунаи равшану мисоли маҳсусе меоварад, то ин ки ҳам захираву раҳнамоие шавад барои соири мураббиён ва ҳам тағзияе гардад ҷиҳати кӯдакони дигар ва то метавонад аз фалсафа, гуфтори зиёд ва ҷумлаҳои бемаънӣ дурӣҷӯяд, то ин ки мисолҳои зинда ва намунаҳои маҳсусе, ки ироа медиҳад, беҳтарин василае шаванд барои ибрату пандпазирӣ ва содиқтарин намунаи зиндагии шарофатмандона гарданд.
Бинобар ин, иқдом кардан ба ин гуна равишҳову хусусиятҳои созанда ва ҳусни ироаи онҳо барои кӯдакон натиҷаҳои хуберо ба бор хоҳанд овард. Иншоаллоҳу таъоло…
Ибни Сино дар китоби худ ба номи Ас-сиёсат, дар робита бо беҳтарин муддати замон барои шурӯъ ба тарбияи кӯдакон мегӯяд: «Вақте ки кӯдак аз шир гирифта шуд, бояд волидайнаш шурӯъ ба таъдибу таълими ахлоқи писандидаи ӯ кунанд, пеш аз он ки мавриди таҳоҷуми ахлоқи паст, тарбияи фосид ва кирдору рафтори нописанд гардад».
Пас, дар натиҷа бояд гуфт, ин тасаввур, ки кӯдаки хурдсол омодагии пазириши чунин тавҷеҳ ва таълиму тарбиятеро надорад, дарвоқеъ фикри ботил ва тасаввури беҷо мебошад, зеро ҳеҷ шакке дар ин нест, ки бояд кори тавҷеҳу таълим, иршоду тазкия, амру наҳй, тарғибу тарҳиб, дӯст доштану бад дидан ва соири масоили ақидавию ахлоқӣ аз ҳамон ибтидои гирифтани кӯдак аз шир шурӯъ шавад. Аз ин рӯ, мо бо хости Худованд шурӯъ ба муаррифию ироаи усул ва асоси поярезии саҳеҳи шахсияти кӯдак мекунем ва нахуст ба асоситарини онҳо, ки поярезии ақидаи исломӣ аст, мепардозем.
Аммо қабл аз ҳар чиз, зикри ин нукта зарурӣ аст, ки ақидаи исломӣ аз соири ақоиди ғайри исломӣ ба василаи имони ба Худо, ба фариштагон, ба китобҳои осмонӣ, ба пайғамбарони Худо, имон ба рӯзи Қиёмат, ба қазову қадар ва хайру шарр аз ҷониби Худованд, ҷудо аст. Табиист, ки чун тамоми умури мазкур ҷузъи масоили ғайбӣ мебошад, аз ин рӯ шахси мураббӣ дучори таҳайюр ва саргардонӣ мешавад, ки чӣ гуна онҳоро ба кӯдак фаҳмонида, инкишоф диҳад ва кӯдак низ чӣ гуна бо онҳо рафтор хоҳад кард? Ҳамчунин чӣ гуна бо барномаи дуруст ва равиши мантиқӣ ҳар як аз онҳоро ироа намояд?
Пас ин саволҳо ва амсоли онҳо низ волидайнро шигифтзада мекунад ва эшонро ночор месозад ба ин ки бояд нахуст ҳар як аз онҳоро кашф кунанд ва ба хубӣ бишиносанд, баъд бо роҳу равиши муносибу мантиқӣ равшан созанду баён намоянд. Аммо бояд донист, ки муносибтарин роҳи чора ва беҳтарин интихоби равиш пайравӣ аз кирдору рафтори Расули Худо (с) аст, ки бо кӯдакон анҷом медоданд, пас метавон онро дар панҷ рукни асосӣ дар собиту устуворсозии ақидаи исломӣ баён намуд: