×
Мақола дар бораи Ҳукми пешоби кӯдаки ширхор ва тарзи пок намудани он, мебошад, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми ҳафтдаҳум: ҳукмҳои алоқаманд ба кӯдаки ширхор, Ҳукми пешоби кӯдаки ширхор ва тарзи пок намудани он

    سلسلة تربية الأولاد, القسم السابع عشر: عن حكم بول الرضيع و طريقة تطهيره

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир

    إعداد: حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми ҳафтдаҳум: ҳукмҳои алоқаманд ба кӯдаки ширхор, Ҳукми пешоби кӯдаки ширхор ва тарзи пок намудани он

    Дар «Саҳеҳ»-и Муслим чанд ҳадис аз аҳодиси набавӣ дар бораи чигунагии шустани пешоби кӯдаки ширхор риво­ят шудааст, аз он ҷумла:

    1. Аз Оиша (р) ривоят шуда, ки: «Аъроб навзодони худро назди Пайғамбар (с) меоварданд, то ин ки даҳони ононро ши­рин кунанд. Рӯзе навзоде бар либоси он ҳазрат (с) пешоб кард, он ҳазрат (с) об хоста, онро бар пешоби кӯдак рехтанд ва дигар онро нашустанд».

    2. Дар ривояти дигар аз Оиша (р) омадааст: «Кӯдаки ширхореро назди он ҳазрат (с) оварданд ва дар оғӯши он ҳаз­рат (с) пешоб кард. Билофосила он ҳазрат (с) об хостанд ва бар он рехтанд».

    3. Дар ривоят омадааст: «Уммиқайс, духтари Муҳсин, писари ширхори худро, ки ҳанӯз ғизои маъмулӣ намехӯрд, наз­ди Пайғамбар (с) овард. Он ҳазрат (с) ӯро рӯи рони худ гу­зоштанд ва кӯдак бар либоси он ҳазрат (с) пешоб кард, аммо он ҳазрат (с) фақат об бар рӯи он рехтанд». Дар ривояти дигар омадааст: «Он ҳазрат (с) об хостанд ва бар он поши­данд». Ва дар ривояте дигар низ омадааст: «Он ҳазрат (с) об хоста, онро бар либоси худ пошиданд ва дигар онро на­шустанд».

    Назари имом Шофеъӣ дар бораи пешоби кӯдаки шир­хор ин аст, ки бар он об пошида шавад, аммо Абуҳанифа ва Молик бар онанд, ки бояд шуста шавад.

    Аммо ҳамаи ин пешвоён иттифоқи назар доранд бар ин ки худи пешоб наҷас аст, ҳамчунонки Имом Нававӣ чунин мавзӯеро нақл кардааст.[1]

    [1]. Шарҳи Саҳеҳи Муслим, боби Ҳукму бавли-т-тифли-р-разиъ ва кайфияту ғаслиҳи».