×
Барои чӣ «Бисмиллоҳ»-ро дар оғози Фотиҳа (дар намоз) баланд намехонем?

    Барои чӣ «Бисмиллоҳ»-ро дар оғози Фотиҳа (дар намоз) баланд намехонем?

    لماذا لا نجهر بـ البسملة في الصلاة؟

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    محمد عزيز رجب

    —™

    Барои чӣ «Бисмиллоҳ»-ро дар оғози Фотиҳа (дар намоз) баланд намехонем?

    Пурсиш:

    Барои чӣ «Бисмиллоҳ»-ро дар оғози Фотиҳа (дар намоз) баланд намехонем?

    Посух:

    Бисмиллоҳ, вал-ҳамду лиллоҳ, вас-салоту вас-салому ала Расуллилоҳ, аммо баъд:

    Мазҳаби Аҳноф ва имом Молик ва Аҳмад бар ин аст, ки «басмала»-ро (Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим) сирран мехонад ва дар назди имом Шофеъӣ «басмала» ҷаҳран хонда мешавад.

    Ибни Қудома дар Муғнӣ меорад:

    «قال الترمذي: وعليه العمل عند أكثر أهل العلم من أصحاب النبي صلى الله عليه وسلم، ومن بعدهم من التابعين، منهم أبو بكر، وعمر، وعثمان، وعليّ. وذكره ابن المنذر عن ابن مسعود، وابن الزبير، وعمار، وبه يقول الحكم، وحماد، والأوزاعي، والثوري، وابن المبارك، وأصحاب الرأي. ويروى عن عطاء، وطاووس، ومجاهد، وسعيد بن جبير: الجهر بها وهو مذهب الشافعي.. إلخ». انظر المغني (1\521).

    “Тирмизӣ гуфта: Аксари аҳли илм аз ҷумлаи ёрони Паёмбар ва баъди эшон аз тобиъин, мисли АбуБакру Умар ва Усмону Алӣ бар ҳаминанд (ки ҷаҳр суннат нест). Ва Ибни Мунзир ҳаминро зикр кардааст, аз Ибни Масъуд ва Ибни Зубайр ва Ъаммор, ва ин қавли Ҳакам ва Ҳаммод ва Авзоъӣ ва Саврӣ ва Ибни Муборак ва асҳоби раъй аст.

    Ва ривоят мешавад аз Ъато ва Товус ва Муҷоҳид ва Саъид ибни Ҷубайр, ки ҷаҳр мегӯянд, ва ин мазҳаби Шофеъист…". (Муғнӣ 1/521.)

    Ва сабаби ин хилоф дар ду чиз аст:

    Аввалан:

    Аз Паёмбар (салому дуруди Худованд бар ӯ бод) дар чӣ тавр хондани «басмала» аҳодисе ривоят шуда, ки баъзе далолат ба сиррӣ будан мекунад ва баъзе ба ҷаҳрӣ.

    Анас ибни Молик (разияллоҳу анҳу) мегӯяд:

    صليت مع رسول الله صلى الله عليه وسلم وأبي بكر، وعمر، وعثمان فلم أسمع أحداً منهم يقرأ بسم الله الرحمن الرحيم.

    “Ҳамроҳи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва АбуБакр ва Умар ва Усмон намоз хондаам, ва ҳеҷ якеяшонро нашнидаам, ки «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим»-ро хонад".

    (Саҳеҳи Муслим, 605)

    Ва дар ривояте дигар, равшантар омада, ки мегӯяд:

    صليت خلف النبي صلى الله عليه وسلم وخلف أبي بكر، وعمر، وعثمان فكانوا لا يجهـرون ببسم الله الرحمن الرحيم. (رواه أحمد والنسائي بإسناد على شرط الصحيح).

    “Аз паси Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва АбуБакр ва Умар ва Усмон намоз хондаам, ва онҳо «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим»-ро ҷаҳрӣ намехонданд".

    (Муснади Аҳмад ва Сунани Насоӣ"

    Вале ҳадисе аз АбуҲурайра ривоят шуда, ки басмаларо ҷаҳр хонда ва сипас баъди намоз гуфта:

    "Намози ман аз намози шумо дида, ба намози Паёмбар монандтар аст"

    Ва хулосаи ҷамъи ин ривоёт он аст, ки аҳодиси далолаткунанда ба ҷаҳрӣ заъиф аст, ё ки сареҳ нест. Ба ҳамин хотир қавли дурусттар он аст, ки суннати Паёмбар аксари вақт сиррӣ хондани басмала буда, ва гоҳо ҷаҳрӣ низ хондааст. Ва сиррӣ хондан беҳтар асту ҷаҳрӣ хондан ҷоиз аст, чӣ тавре ки имом Абдулазиз ибни Боз ихтиёр карда.

    (Барои тафсили бештар, нигар Маҷмуъул-фатово 22/275 ва 22/344.)

    Ва сониян:

    Сабаби дуввум ин аст, ки дар мавриди «басмала» миёни уламо хилоф аст, ки ояти аввали сураи Фотиҳа ба ҳисоб меравад ё не.

    Ва ин масъалаи васеътарест, ки тафсилоти онро ҷойи дигаре посух бояд дод. (ниг. Фатвои аллома Ибни Усаймин ва низ фатвои Шайх Машҳур Салмон ва ихтиёри аллома Албонӣ.)

    Ва ҳатто агар «басмала»-ро ояти аввали сураи Фотиҳа бипазирем ҳам, сиррӣ хондани он дурусттар ва мувофиқ ба суннат аст, тибқи мазҳаби ҷумҳур. Ва сиррӣ хондани он ағлаби ҳоли Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) буда.