Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми аввал: Қиёмати суғро
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми аввал: Қиёмати суғро
القيامة الصغرى و علامات القيامة الكبرى, القسم الأول: القيامة الصغرى
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таълиф: Д. Умар Сулаймон Ашқар
تأليف: عمر سليمان الأشقر
Таҳия: Мусъаб Ҳамза
إعداد: مصعب حمزة
Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми аввал: Қиёмати суғро
Пешгуфтор
Дуруд ва раҳмати бепоёни худо бар паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва аҳли пок ва асҳоби бузургвори ишон ва пайравони некуи салафи солеҳ, онҳое ки бо дилҳои алоқаманд ба қиёмат зиндаги мекарданд ва барои он хонаи абади дар талошу такопу буданд ва барои расидан ба он хонаи абади ҳама чизро тақдим менамуданд, то охирин лаҳзаи ҳаёт бар ин чиз собиту устувор боқи монданд, раҳмату ризвони худо бар онҳо бод.
Мо бо ирода ва хоҳиши бахшанда ва офаринандаи зиндаги ба ин ҷаҳон по гузоштаем, ҳар вақт, ки бахшандаи зиндаги ин амонатро аз мо гирифт, ба сӯи сарои абади раҳсипор хоҳем шуд.
Гуруҳе по ба арсае мениҳанд ва гуруҳе бори сафар бар душ мегузоранд. Монанди мавҷҳои дарё, ҳар мавҷ дунболи мавҷи дигари меоянд, ва мисли ҷори шудани рӯдхона доимо дар ҳаракат ва тағйир ҳастанд.
Обе ки дар ин лаҳза ба ҷараён меафтад, обе нест ки чанд лаҳза пеш дар ҷараён буд, Ё монанди бешаи сарсабзе мебошад, ки бо хушк шудани дарахте яки дигар ба ҷои у сабзу хуррам мегардад. Ё ҳамчун майдоне мемонад, ки бо ҳазорон шамъ фӯрӯзон гашта аст ва нуру рӯшноияш ҳамеша фӯрӯзон аст, бо нигоҳ кардан ва таъамуқ ба сирри рӯшноии доими пай мебарем. Чун ҳар шамъе бо сӯхтан ва об шудан нобуд мешавад, яки дигарро ба ҷои худ месозад, ҳатто бозмондагон аз нобудшудагон бештару мунаввартар ҳастанд.
Вале рӯзе ҳаракати инсони мутаваққиф мешавад. Рӯзе мерасад, ки ҳаёти инсони ба охир мерасад, ҳатто ҳама ҷаҳони ҳасти нобуд хоҳад гашт, ситорагон хомуш мегарданд, амвоҷи дарёҳо мутаваққиф мешаванд, наботот хушк ва оби чашмаҳо ва ҷуйборҳо дигар берун намеоянд.
Аммо ин нобуди ва фано ниҳояти сарнавишти ҷаҳон ва ҷаҳониён нест, балки марҳилае аст, ки бояд онро тай кунанд, рӯзе мерасад, ки дубора зинда мешавем ва ба арсаи ҳаёт пой мениҳем ва бар кирдору пешфиристодаҳои худ муҳосаба мегардем.
Имон ба зиндагии дубора ва ҳаёти абадӣ барои барпоии зиндагии инсони зарурати асоси аст. Инсон ба гунае офарида шудааст, ки фитраташ хостори хулуд (абади боқи мондан) ва бақо аст.
Аз ҳамин роҳгузари буд, ки иблис одамро фиреб дод то аз дарахте ки мамнуъ буд бичашад. Чунки иблис ба ӯ гуфт: Агар онро бичаши ҳамроҳи ҳамсарат ба ҳаёт ва зиндагии абади даст хоҳед ёфт.
Худованд мефармояд:
﴿فَوَسۡوَسَ إِلَيۡهِ ٱلشَّيۡطَٰنُ قَالَ يَٰٓـَٔادَمُ هَلۡ أَدُلُّكَ عَلَىٰ شَجَرَةِ ٱلۡخُلۡدِ وَمُلۡكٖ لَّا يَبۡلَىٰ ١٢٠﴾ [طه: ١٢٠]
“Сипас шайтон (ба найрангу ҳила нишаст ва) одамро васваса кард (ва ба ӯ) гуфт: Оё туро ба дарахти ҷовидони ва мулки фанонопазир роҳнамои кунам?”.
Сураи Тоҳо, ояти 120
Куфр варзидан ба қиёмат ва зинда шудани баъд аз марг сабаби гумроҳии нуфуси башари ва инҳироф аз масири воқеъии инсони мегардад.
Афроде ки зиндагии дубораро намепазиранд бар зиндагии гузашта ва ҳаёте ки доимо дар ҳоли коҳишу нобуди аст, ашки ҳузну андуҳ мерезанд. Чунин ҳузну андуҳе онҳоро то дами марг ба инзивои хлвату нороҳатии ҳамешаги мекашонад, ҳарчанд, ки дар либоси шоъир ё нависандае бошанд, боз ҳам ҳузну андуҳи худро дар навиштаҳо ва ашъори худ ба тасвир мекашонанд, то ба худ ва ҳаммасиронашон тасаллие дода бошанд.
Аммо дар ҳақиқат ин чиз тасалли нест, балки дарде аст ки бар дардҳои дигар афзуда мешавад, бемориро бештар ва музминтар мегардонад ва шифо ва илоҷеро ба бор намеоварад.
Гуруҳи дигар аз мункирини зиндагии дубора ба шикори лаззат ва шаҳватҳо мераванд, мисли инки бо замону зиндаги дар ҷангу такопу ҳастанд. Аз ин ҳарос доранд, ки зиндаги ба поён бирасад ва ба лаззату саргармиҳои дунё даст пайдо накарда бошанд.
Давраи кутоҳи зиндаги дар ин дунё барои масири зиндагии ҳаёти абади дорои арзиш ва эътибори фаровоне аст. Роҳи расидан ба саъодати ҳамешаги ва даст ёфтан ба зиндагии абади дар ҷаҳони бақо дар гарави таҳақуқи мақом ва арзиши ҳақиқи дар вуҷуди худ ва дигарон аст. Мақом ва арзише, ки руҳро зулол ва кирдорро побарҷо ва рост мегардонад ва ахлоқро пок месозад, дорои равиши асил ва равшану возеҳ аст, ки дар каломи ҳаётбахши Илоҳи ва сунану сирати паёмбарони Худо нуҳуфта аст.
Иртиботи амиқ ва танготанге миёни зиндагии дунё ва ҳаёти уқбо вуҷуд дорад. Чун зиндагии дунё ба масобаи киштукори зироъат аст ва зиндагии вопасин дар ҳукми дарав ва бардошту ҷамъоварии маҳсул мебошад. Бинобар ин иртибот лозим аст инсон ба ҳаёти қиёмат ва василаҳои зарури барои он илму огоҳи пайдо кунад ва ба гунае зиндагии дунёро сарусомон бахшад, ки дар ростои таъмини неки ва саъодати охират қадам бардорад.
Аммо чун зиндагии қиёмат сирре аз асрори ғайбу ниҳон аст, ки соҳибони ақли тезбин ва равшанзамирони олам – чи расад ба мардумони бидуни ақл ва дили фаъол – бадон илм пайдо намекунанд ва дар доми маърифати онҳо намеуфтад. Худованди маннони доно бар асоаи раҳмату ҳикматаш уҳдадори баёни ахбор ва аҳволи қиёмат ва сарнавишти инсонҳо дар он рӯз шудааст. Ахбори қиёмат ва зиндагии вопасинро ба гунае ба ахбору аҳволи ин дунё гиреҳ додааст, ки гуё як ҳастанд ва достони ба ҳам пайвастае беш нестанд. То дар оламе ки махлуқоти фаровоне аз инсу ҷин дар масири гумроҳ кардани бандагон ва инҳирофашон аз роҳи рост қадам бармедоранд ва талош мекунанд, ислоҳ ва таҳзиби нафси инсони таҳаққуқ ёбад ва сурат гирад.
Илмҳое ки Худованд бо онҳо аҳволу ахбори рӯзи ниҳон ва пушидаро баён мефармояд. Забон рамзу ишора дар он мумкин нест, балки бояд дар авҷи тафсилу равшангари бошанд, инсонро ба яқин бирасонанд ва мардумро аз шак, ваҳму гумон бираҳонанд.
Агар хонанда бо нигоҳи амиқ ва тафаккури дақиқ ба ин асар нигоҳ кунад, нусуси саҳеҳи фаровонеро аз китоби Худо ва суннати расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хоҳад дид, ки тасвири муфассал ва дақиқе аз ҳама лаҳазот ва рӯйдодҳои қиёмат аз рӯзи фаро расидани марг то сарои абадии биҳашт ва ҷаҳаннамро ба намоиш хоҳад гузошт.
Қиёмат ниҳон аст, аммо ниҳони росту дуруст, Рости ва дурустии ниҳони қиёмат ба сиҳат ва сидқи хабари мансуб ба Худо ва расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) вобастаги дорад, Ҳарчи ахбор саҳеҳтар бошанд, тасвири қиёмат содиқтар аст, Бинобарин ман дар ин китоб саъй мекунам танҳо аҳодиси саҳеҳи мансуб ба расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро нақл намоям. Ҳарчанд равиши мункирини эҳтиҷоҷ ба ҳадиси саҳеҳи оҳодро раҳо кардаам ва аз аҳодиси саҳеҳи оҳод ҳам далил зикр мекунам. Ҳамонгуна ки равиши таъвилгарони мунҳарифро ҳам намепазирам ва дунбол намекунам, Чун онҳо аз ақли худ қози ва довариро месозанд ва ба он ба муҳокамаи нусус мепардозанд, мизонҳоро иваз менамоянд, ҳокимро маҳкум ва маҳкумро ҳоким қарор медиҳанд, Ҳам худ гумроҳ мешаванд ва ҳам дигаронро гумроҳ месозанд. Ниҳоят корашон ба ҷое мерасад, ки бисёре аз аҳодиси иаҳеҳро такзиб менамоянд. Асоси гумроҳии онҳо дар қарор додани миқёсҳои ақлони аст, ки бо нигоҳи дақиқ , фасоду бебунёнии он равшан мешавад. Агар бо басират ба улуми охират нигоҳ кунанд мутаваҷиҳ мешаванд, ки дунё қиёмат нест ва мизону миқёсҳои қиёмат бо мизону миқёсҳои дунё мухолиф ва мутаноқиз ҳастанд.
Чун баҳс аз ин асли муҳими эътиқоди ба дарозо кашида шуд, матолиби онро ба се фасли ҷудогонаи зайл тақсим намудам.
Қисми аввал: Қиёмати суғро ва нишонаҳои қиёмати кубро
Қисми дувум: Қиёмати кубро
Қисми севум: Биҳишту дузах
Китоби аввал аз ду боб ташкил шудааст. Боби аввал баҳси марг ва аҳволу сакароти марг ва қабру неъмату неқматҳои даруни он ва дар ниҳоят руҳ ва масираш дар олами барзах, баҳс мекунад.
Боби дувум аломот ва нишонаҳои наздик шудани вуқуъи қиёматро ба миён меоварад, Бархе аз онҳо аломатҳои бузург ва бархе дигар нишонаҳои кучак ҳастанд. Бархе аз аломоти кучаки қиёмат ба вуқуъ пайвастааанд ё дар ояндаи наздик ба вуқуъ хоҳанд пайваст. Аммо аломоти бузурги қиёмат то ҳоло воқеъ нашудаанд. Ин боб танҳо ба баҳси аломоти бузурги қиёмат ихтисос гирифта аст.
Дар поён аз Худованди маннон масъалат дорвм, ки ин китоби муфид бошад ва барои соликони роҳи ҳақиқат чароғи фурузон воқеъ гардад ва ин талошро аз ҳаргуна ширку риё пок гардонад. Раҳмат ва дуруди фаровон бар паёмбари хотам Муҳаммад ва олу ёрони вафодори он ҳазрат.
Д. Умар Сулаймон Ашқар
Кувайт: Шашуми рамазон, соли 1406 ҳиҷри, 14/05/1986 милодӣ.
Боби аввал: Қиёмати суғро
Фасли аввал
Таъриф ва тавзеҳ
Номҳои ҳамчун: қиёмати суғро, барзах ва марг бар марҳалае, ки инсон баъд аз зиндагии дунё онро пушти сар мегузорад, итлоқ мегардад.
Дар мабоҳиси зер ба тафсил дар бораи ин се мақула сухан ба миён хоҳад омад.
Мабҳаси аввал: Таърифи қиёмати суғро
Қиёмати суғро (хурд, кучак) ҳамон марг ва вафоти инсонҳо аст. Қиёмати ҳар инсоне бо марг оғоз мешавад ва фаро мерасад.
Дар сеҳеҳи Бухори ва Муслим аз ҳазрати Оиша (р.з) ривоят шуда, ки мефармояд:
(كَانَ رِجَالٌ مِنْ الْأَعْرَابِ جُفَاةً يَأْتُونَ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَيَسْأَلُونَهُ مَتَى السَّاعَةُ فَكَانَ يَنْظُرُ إِلَى أَصْغَرِهِمْ فَيَقُولُ إِنْ يَعِشْ هَذَا لَا يُدْرِكْهُ الْهَرَمُ حَتَّى تَقُومَ عَلَيْكُمْ سَاعَتُكُمْ) مشكاة المصابيح (3/48)
“Чанд тане аз аъроби бодиянишин назди Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омаданд ва пиромуни қиёмат аз вай суол мекарданд. Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба кучактарини онҳо нигоҳе андохт ва фармуд: Агар ин бача бо ҷаҳон видоъ нагуяд, қабл аз расидан ба даврони куҳулат (пири), қиёмат барпо хоҳад шуд”.
(Мишкотул-масобеҳ 3/48
Ибни Касир мефармояд: Ҳадафи паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мунқариз (аз байн рафтани) шудани замони зиндаги ва дохил шудани онон дар олами охират аст. Чун марги ҳар инсоне қиёмати ӯ маҳсуб мегардад. Бино бар ҳамин тавҷеҳ бархе мегуянд: Фаро расидани қиёмат бо марг сурат мегирад. (Руҳ, ибни Қайим 103)
Сипас Ибни Касир мегуяд: Ҳарчанд фалосифа ин таъбирро ба кор мебаранд вале ҳадафи фосиду ғалате аз он дунбол мекунанд, Чун мехоҳанд бигуянд, ки: Марг қиёмати ниҳои аст ва баъд аз марг қиёмати дигаре вуҷуд надорад.
Ибни Касир дар давоми калом мегуяд: бархе аз малоҳида ин таъбирро бар забон ҷори месозанд, вале ҳадафи фосидеро аз ин таъбир дунбол мекунанд, Чун илму огоҳи бар қиёмати кубро, ки тамоми инсонҳо аз азал то абад дар майдоне барои муҳосаба гирдовари мешаванд, танҳо махсуси худованди доно аст ва фақат Ӯ аз ин сирри ғайби бохабар аст.
Ба қиёмати суғро, миъоди аввал ва барзах низ гуфта мешавад.
Ибни Қайим мефармояд: Марг, зинда шудан ва қиёмати аввал аст. Чун худованд барои ҳар инсоне ду баъс ва миъодро муқаррар фармудааст, то бадкорон ва некукорон мувофиқи аъмолашон дар он муҷозот шаванд.
Баъси аввал ҷудоии руҳ аз бадан аст ва ба миъоди аввал мунтаҳи мегардад.[1]
Мабҳаси дуввум: Олами барзах
Барзах дар луғати араби ба маънои монеъ миёни ду чиз аст.
Худованд мефармояд:
﴿وَجَعَلَ بَيۡنَهُمَا بَرۡزَخٗا وَحِجۡرٗا مَّحۡجُورٗا ٥٣﴾ [الفرقان: ٥٣]
“Худованд дар миёни он ду ҳоҷиз ва мониъе эҷод кардааст, ки онҳоро комилан аз ҳам ҷудо сохтааст”.
Сураи Фурқон, ояти 53
Боз Худованд мефармояд:
﴿وَمِن وَرَآئِهِم بَرۡزَخٌ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ ١٠٠﴾ [المؤمنون : ١٠٠]
“Дар пеши рӯи эшон барзах аст, то рӯзе ки барангехта мешаванд”.
Сураи Муъминун, ояти 100
Муҷоҳид (р) мегӯяд: Барзах бар фосилаи миёни марг ва зинда шудан итлоқ мегардад. Касе ба Шаъби (р) гуфт: Фалони мурдааст. Гуфт: Ӯ на дар дунё аст ва на дар охират.[2]
Ибни Қайим мефармояд: Неъмат ва неқмати қабр ҳамон неъмат ва неқмати дӯзах аст ва барзах миёни дунё ва охират қарор дорад.
﴿وَمِن وَرَآئِهِم بَرۡزَخٌ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ ١٠٠﴾ [المؤمنون : ١٠٠]
“Дар пеши рӯи эшон барзах аст, то рӯзе ки барангехта мешаванд”.
Сураи Муъминун, ояти 100
Барзахиён бар дунё ва охират ишроф доранд.
Мабҳаси севум: Марг
Матлаби аввал: Маънои марг дар луғат ва истилоҳ.
Марг ва ҳаёт монанди нур ва зулмат, сарди ва гарми нақиз ва зидди ҳамдигар ҳастанд.
Ба ҳамин хотир дар фарҳангҳои забони арабӣ марг ва ҳаёт бар зид ва нақизи ҳамдигар муаррифи мешаванд. Масалан дар таърифи вожаи ҳаёт мегуянд: Ҳаёт зидди марг аст ва зиндагии ҳар чизе мухолифи марг аст ва ҷамъи он " Аҳё" мебошад.[3]
Дар таърифи марг чунин гуфта мешавад: Марг зидди ҳаёт аст.[4]
Ва маънои аслии калимаи марг "сукун ва оромиш" аст. Мегуянд:
كل ما سكن فقط مات (لسان العرب3/547)
Яъне : Ҳар чизе ки сокин (ва ором) шуд мурда аст.[5]
Масалан арабҳо замоне ки оташ хомуш шавад ва хокистари он сард гардад, мегӯянд:"ماتت النار موتا"
Сарди тамом шуда ва аз оташ чизе намондааст.
Ё ҳангоми итмоми сарди ва гарми мегӯянд: مات الحر яъне гарми тамом шудааст.
Ё мегуянд: "Шароб мурд" Яъне ҷушиши шароб ва ғалаёни он поин омадааст, Пас марг бар чизе итлоқ мешавад, ки руҳ надошта бошад.[6]
Агар дар забони арабасли марг сукун бошад, пас бояд асоси ҳаёт ҳаракату ҷунбуҷуш бошад. Ибни Манзур дар "Лисони араб" мегӯяд: Лафзи зинда бар ҳар гапзанандаи нотиқ итлоқ мегардад, ва дар миёни гиёҳон ҳар буттаи сабзро зинда меноманд.[7]
Ҳаёти инсон бо дамидани руҳи маънавӣ дар ҷасад ва колбади физикӣ дар шиками модар, таҳқиқ меёбад. Ва марги инсони бо ҷудо шудани руҳ аз ҷасад ва қатъи иртибот миёни онҳо сурат мегирад, Ба гунае ки бо ҷудоии руҳ аз ин олам раҳсипори олами дигар мешавад.
Матлаби дувум: марги бузург ва хурд
Хоб монанди марг аст, ба ҳамин сабаб бузургони илму адаб хобро қиёмати суғро (хурд) меноманд. Бинобарин хоб марг ва бархостан аз хоб баъсу нушур (барангехтан ва зинда шудан) мебошад.
Худованд мефармояд:
﴿وَهُوَ ٱلَّذِي يَتَوَفَّىٰكُم بِٱلَّيۡلِ وَيَعۡلَمُ مَا جَرَحۡتُم بِٱلنَّهَارِ ثُمَّ يَبۡعَثُكُمۡ فِيهِ لِيُقۡضَىٰٓ أَجَلٞ مُّسَمّٗىۖ ثُمَّ إِلَيۡهِ مَرۡجِعُكُمۡ ثُمَّ يُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٦٠﴾ [الانعام: ٦٠]
“Худо аст, ки дар шаб шуморо мемиронад ва дар рӯз шуморо бармеангезонад ва Ӯ медонад, ки дар рӯз ( ки замони ҷунбуҷушу талошу кушиш аст) чи мекунед”.
Сураи Анъом, ояти 60
Дар ҳолати хоб арвоҳи инсонҳо гирифта мешаванд, Агар Худованд ирода кунад руҳи касеро дар хоб бигирад, руҳи ӯро ба ҷисм бар намегардонад, Вале агар иродаи Худованд ба марги касе таллуқ нагирад, руҳро дубора ба ҷисм бар мегардонад ва ҳаёти тозае дар у медамад. Дар ояти дигар Худованд мефармояд:
﴿ٱللَّهُ يَتَوَفَّى ٱلۡأَنفُسَ حِينَ مَوۡتِهَا وَٱلَّتِي لَمۡ تَمُتۡ فِي مَنَامِهَاۖ فَيُمۡسِكُ ٱلَّتِي قَضَىٰ عَلَيۡهَا ٱلۡمَوۡتَ وَيُرۡسِلُ ٱلۡأُخۡرَىٰٓ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمًّىۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ ٤٢﴾ [الزمر: ٤2]
“Худованд арвоҳро ба ҳангоми марги инсонҳо ва дар вақти хоби инсонҳо бармегирад, арвоҳи касонеро ки фармони марги ононро содир кардааст нигоҳ медорад ва арвоҳи дигарро (ки ҳануз соҳибонашон аҷалашон фаро нарасидааст ба тан) боз мегардонад то саромади муайяне”.
Сураи Зумар, ояти 42
Худованд дар ин оят хабар дода аст, ки ҳар кадом аз руҳи мумсика (руҳе ки бар ҷисм барнагаштааст) ё мурсала (руҳе ки бар ҷисм баъди хоб баргаштааст) марге аз навъи хоб ё марги кучакро чашидаанд, Аммо касе ки марги аслиро мулоқот мекунад, ҳамон вафоте аст, ки Худованд дар ояти зер бадон ишора намудааст.
Худованд дар ин оят ду навъ марг: хоб ва вафотро баён мефармояд ва барои дувуми баргардондан ва имсоки руҳ ва барои аввали марг ва вафотро зикр мекунад.
Равшану возеҳ аст ки Худованд руҳи ҳама мурдаҳоро – онҳое ки дар хоб мемиранд ё дар ҳолати бедори вафот мекунанд – нигоҳ медорад, Вале руҳи касе ки ҳанӯз аҷалаш фаро нарасидааст баъд аз бедори ба ҷасад боз мегардад.
Ояти боло шомили ҳарду навъи марг: бедори ва хоб, мешавад, Вале вақто ду вафотро зикр кард, ёдовар мешавад, ки нафс ва руҳро дар яке аз ин ду вафоти мазкур нигоҳ медорад, Яъне руҳи инсони маҳкум ба маргро бори дигар бар нмегардонад, Вале руҳи инсони бедоршударо дубора ба бадан бар мегардонад. Албатта мақсад бе камтарин мушкили аз зоҳири лафзҳо фаҳмида мешавад.[8]
Матлаби сеюм: Марг гурезнопазир аст.
Марг ҳатми ва зарури аст ва ҳеҷ мавҷуди зиндае наметавонад аз он фирор кунад ва наҷот ёбад, Ҳамонгуна ки Худованд дар оятҳои зер мефармояд:
﴿كُلُّ شَيۡءٍ هَالِكٌ إِلَّا وَجۡهَهُۥۚ لَهُ ٱلۡحُكۡمُ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ٨٨﴾ [القصص: ٨٨]
“Ҳама чиз ҷуз зоти Ӯ фони ва нобуд мешавад, фармондиҳи аз они Ӯ аст ва бас, ва ҳамагӣ шумо ба суи Ӯ баргардонида мешавед”.
Сураи Қасас, ояти 88
﴿كُلُّ مَنۡ عَلَيۡهَا فَانٖ ٢٦﴾ [الرحمن: ٢٦]
“Ҳама чизҳо ва ҳама касоне ки бар рӯйи замин ҳастанд фано мегарданд, ва танҳо зоти парвардигори бо азамат ва арҷманди ту мемонад”.
Сураи Арраҳмон, оятҳои 26, 27
﴿كُلُّ نَفۡسٖ ذَآئِقَةُ ٱلۡمَوۡتِۗ وَإِنَّمَا تُوَفَّوۡنَ أُجُورَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۖ فَمَن زُحۡزِحَ عَنِ ٱلنَّارِ وَأُدۡخِلَ ٱلۡجَنَّةَ فَقَدۡ فَازَۗ وَمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَآ إِلَّا مَتَٰعُ ٱلۡغُرُورِ ١٨٥﴾ [ال عمران: ١٨٥]
“Ҳама кас маргро мечашад ва дар ҳақиқат дар рӯзи қиёмат музди аъмоли шуморо ба камол хоҳанд дод. Ва ҳар касро аз оташ дур созанд ва ба биҳишт дароваранд, ба пирӯзӣ расидааст. Ва ин зиндагии дунё ҷуз матоъе фиребанда нест”.
Сураи Оли Имрон, ояти 185
Агар касе аз он наҷот меёфт бояд ҳазрати Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) зинда мемонд. Вале Худованд дар мавриди эшон мефармояд:
﴿إِنَّكَ مَيِّتٞ وَإِنَّهُم مَّيِّتُونَ ٣٠﴾ [الزمر: ٣٠]
“Ту ҳам мемири ва ҳамаи онон мемиранд”.
Сураи Зумар, ояти 30
﴿وَمَا جَعَلۡنَا لِبَشَرٖ مِّن قَبۡلِكَ ٱلۡخُلۡدَۖ أَفَإِيْن مِّتَّ فَهُمُ ٱلۡخَٰلِدُونَ ٣٤﴾ [الانبياء: ٣٤]
“Мо барои ҳеҷ инсоне пеш аз ту зиндагии ҷовидон қарор надодаем (то барои ту ҷовидонаги қарор диҳем, балки ҳар касе мурда ва мемирад ва ту ҳам мемири, Ва он гоҳе ки онон интизории марги туро доранд ва бо марги ту исломро хотима ёфта медонанд) магар агар ту бимири эшон ҷовидон мемонанд?”.
Сураи Анбиё, ояти 34
Марг падидаи ҳақ ва воқеъи барои инсонҳо ва ҷинҳо аст , Дар саҳеҳ бухори аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р.з) ривоят шуда, ки Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(أَعُوذُ بِعِزَّتِكَ الَّذِي لَا إِلَهَ إِلَّا أَنْتَ الَّذِي لَا يَمُوتُ وَالْجِنُّ وَالْإِنْسُ يَمُوتُونَ )
“Худовандо ба иззати Ту паноҳ мебарам, Ту ҳасти ва ғайри Ту маъбуде вуҷуд надорад, Ва Туи ки намемири, инсонҳо ва ҷинҳо мемиранд”.
Матлаби чаҳорум: Марг замони муайян дорад.
Марг замони муайян дорад ва касе наметавонад аз замони муайян ва муқарраршудаи парвардигор таҷовуз ва тахаттӣ кунад, Худованд аҷалҳои инсонҳоро муқаддар карда ва дар лавҳи маҳфуз сабт намудааст ва фариштагони гироми онро дар ҳоле ки дар шиками модар қарор дорад, менависанд. На соъате пас меафтад ва на лаҳзае пеш мегирад, Агар касе дар асари ҳар ҳолате ва ҳодисае аз қабили қатл, ғарқ, афтидани ҳавопаймо, тасодуф, сухтор ва ғайра бимирад, бо ҳамон аҷале хоҳад мурд, ки дар азал муқаррар гаштааст.
Оятҳо ва насҳои зиёде аз Қуръон ин аслро ба исбот мерасонад:
﴿وَمَا كَانَ لِنَفۡسٍ أَن تَمُوتَ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِ كِتَٰبٗا مُّؤَجَّلٗاۗ وَمَن يُرِدۡ ثَوَابَ ٱلدُّنۡيَا نُؤۡتِهِۦ مِنۡهَا وَمَن يُرِدۡ ثَوَابَ ٱلۡأٓخِرَةِ نُؤۡتِهِۦ مِنۡهَاۚ وَسَنَجۡزِي ٱلشَّٰكِرِينَ ١٤٥﴾ [ال عمران: ١٤٥]
“Ва ҳеҷ касеро насазад, ки бимирад, магар ба фармони Худо, ва Худованд вақти онро дақиқан дар муддати мушаххас ва маҳдуде сабт ва забт кардааст”.
Сураи Оли Имрон, ояти 145
﴿أَيۡنَمَا تَكُونُواْ يُدۡرِككُّمُ ٱلۡمَوۡتُ وَلَوۡ كُنتُمۡ فِي بُرُوجٖ مُّشَيَّدَةٖۗ ٧٨﴾ [النساء : ٧٨]
“Ҳар куҷо бошед, марг шуморо дармеёбад, агарчи дар бурҷҳои муҳкам ва устувор ҷоёгузин бошед”.
Сураи Нисо, ояти 78
﴿وَلِكُلِّ أُمَّةٍ أَجَلٞۖ فَإِذَا جَآءَ أَجَلُهُمۡ لَا يَسۡتَأۡخِرُونَ سَاعَةٗ وَلَا يَسۡتَقۡدِمُونَ ٣٤﴾ [الاعراف: ٣٤]
“Ҳар гуруҳе дорои муддат, замони (мушаххас муайян) аст, ва ҳангоме ки вақти (муҳадад шудаи) онон ба сар расид, на лаҳзае аз он таъхир хоҳанд кард ва на лаҳзае (бар он) пеши мегиранд”.
Сураи Аъроф, ояти 34
﴿قُلۡ إِنَّ ٱلۡمَوۡتَ ٱلَّذِي تَفِرُّونَ مِنۡهُ فَإِنَّهُۥ مُلَٰقِيكُمۡۖ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَٰلِمِ ٱلۡغَيۡبِ وَٱلشَّهَٰدَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٨﴾ [الجمعة: ٨]
“Бигу! Қатъан марге ки аз он мегурезед, саранҷом бо шумо рубарӯй мегардад ва шуморо дармеёбад”.
Сураи Ҷумъа, ояти 8
﴿نَحۡنُ قَدَّرۡنَا بَيۡنَكُمُ ٱلۡمَوۡتَ وَمَا نَحۡنُ بِمَسۡبُوقِينَ ٦٠﴾ [الواقعة: ٦٠]
“Мо дар миёни шумо маргро муқаддар ва муайян сохтаем ва ҳаргиз бар мо пеши гирифта намешавад”.
Сураи Воқиъа ояти 60.
Дар саҳеҳ муслим аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (р.з) ривоят шуда, ки мефармояд: Умми Ҳабиба (р.з) ҳамсари гиромии Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: парвардигоро то ман зинда ҳастам, ҳамсарам Расули Худо ва падарам Абусуфён ва бародарам Муъовияро зинда нигоҳ дор, то аз вуҷуди онон баҳра барам. Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(قَدْ سَأَلْتِ اللَّهَ لِآجَالٍ مَضْرُوبَةٍ وَأَيَّامٍ مَعْدُودَةٍ وَأَرْزَاقٍ مَقْسُومَةٍ لَنْ يُعَجِّلَ شَيْئًا قَبْلَ حِلِّهِ أَوْ يُؤَخِّرَ شَيْئًا عَنْ حِلِّهِ وَلَوْ كُنْتِ سَأَلْتِ اللَّهَ أَنْ يُعِيذَكِ مِنْ عَذَابٍ فِي النَّارِ أَوْ عَذَابٍ فِي الْقَبْرِ كَانَ خَيْرًا وَأَفْضَلَ) ( مسلم في كتاب القدر, و أحمد في المسند 1/390, 413, 445)
“Рӯзҳои муайян ва шуморида шуда ва ризқи тақсим гаштаро аз Худованд мехоҳӣ? Ҳаргиз чизе пеш аз аҷал сурат намегирад ва Худованд ҳеҷ чизро аз замони таъйиншудааш ба таъхир намеандозад. Агар аз Худованд мехости, ки туро аз азоби қабр ва оташи дӯзах наҷот диҳад, хеле беҳтар буд”.
Ривояти Муслим дар китоби Қадар, Ва Аҳмад дар Муснад 1/390, 413, 445.
Матлаби панҷум: Вақти фарорасии марг барои мо муайян нест.
Бандагон ҳеҷ хабаре аз фарорасии аҷали худ надоранд, Касе ҷуз Худованди ягона вақти мурданро намедонад, Вақти мурдан аз ҷумлаи калидҳои пинҳон ва ғайбие аст, илми он хоссаи парвардигор аст. Худованд мефармояд:
﴿وَعِندَهُۥ مَفَاتِحُ ٱلۡغَيۡبِ لَا يَعۡلَمُهَآ إِلَّا هُوَۚ ٥٩﴾ [الانعام: ٥٩]
“Ганҷинаҳои ғайб ва калиди онҳо дар дасти Худо аст, ва касе ҷуз Ӯ аз онҳо огоҳ нест”.
Сураи Анъом ояти 59.
“Огоҳи аз фарорасидани қиёмат хоссаи Худо аст, Ва Ӯ аст ки боронро меборонад ва аз ончики дар раҳмҳои (модарон) аст бохабар аст, ва ҳеҷ касе намедонад фардо чӣ чиз ба даст хоҳад овард ва касе намедонад, ки дар кадом замин хоҳад мурд. Ҳаройна, Худо донову огоҳ аст!”.
Сураи Луқмон ояти 34.
Имом Бухорӣ дар саҳеҳи худ аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар (р.з) чунин ривоят мекунад, ки Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: “Ғайри Худованд касе дигар ғайбҳои панҷгонаро намедонад”.
Имом Аҳмад ва Тирмизӣ ва ғайри онҳо аз гуруҳи зиёде аз саҳоба ривоят кардаанд, ки Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:
(إِذَا أَرَادَ قَبْضَ رُوحِ عَبْدٍ بِأَرْضٍ جَعَلَ لَهُ فِيهَا أَوْ قَالَ بِهَا حَاجَةً )
“Ҳаргоҳ Худованд хоҳад, ки руҳи бандаро дар сарзамини дигаре қабз кунад, ба далиле уро ниёзманди он сарзамин мегардонад, то барои таъмини ниёзаш ба онҷо биравад ва марг ба суроғаш ояд”.