×
Мақола дар бораи корҳое, ки дар даврони ширхорагӣ то поёни ду сол барои навзод анҷом дода мешавад, мебошад, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми шонздаҳум

    Даврони ширхорагӣ то поёни ду сол

    سلسلة تربية الأولاد, القسم السادس عشر: عن الرضاعة حتى نهاية فترة سنتين

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир

    إعداد: حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми шонздаҳум

    Даврони ширхорагӣ то поёни ду сол

    Табиист, вақте ки Ислом равобити машрӯъи заношӯиро дар миёни зану мард барқарор намуд ва ононро дар як маҳал­ли ба номи муҳити хона ва хонаводагӣ ба ҳам расонида, ҷамъ намуд, бар дӯши ҳар як масъулияти хоссае гузорида, барои ҳар кадом вазифаҳо ва ҳуқуқи хоссе таъйин кардааст, то ин ки нахустин хишти муносибро барои сохтани як ҷомеаи солеҳу исломӣ ҷобаҷо кунанд. Аз ҷумла таъмини хароҷоти хонавода ва фароҳам намудани эҳтиёҷоти зиндагӣ бар ӯҳдаи мард аст. Ширдиҳӣ ва парвариши кӯдак бар ӯҳдаи зан, ширдиҳӣ ба навзоде, ки ниёзманд ба оғӯши модар ва андохтани дастҳояш дар гардани ӯ мебошад, то ин ки бо осоиши ҷисмӣ, рафоҳи моддӣ ва оромиши рӯҳиву отифӣҳамроҳ бо меҳру шафқат аз шири модараш ғизо дода шавад ва бо хаёли осуда ширеро, ки Худованд дар ду пистони модараш омода сохтааст, бимакад. Ду пистоне, ки дар синаи ҳар модари фақиру сарватманде ба унвони манбаи ғизои кӯдак қарор доранд, то кӯдаки хурду навзоде, ки тоза қадам ба ин дунёи аҷибу шигифтангез гузош­тааст, рушду парвариш ёбад. Чун қонуни табиат ва ба таври куллӣ одату сиришти инсоният ин аст, ки навзод қабл аз ҳар чиз аз шири модар ғизо дода шавад, чунончи Қуръон дар дос­тони таваллуди Мӯсо (а) мефармояд:

    ﴿وَحَرَّمۡنَا عَلَيۡهِ ٱلۡمَرَاضِعَ مِن قَبۡلُ فَقَالَتۡ هَلۡ أَدُلُّكُمۡ عَلَىٰٓ أَهۡلِ بَيۡتٖ يَكۡفُلُونَهُۥ لَكُمۡ وَهُمۡ لَهُۥ نَٰصِحُونَ ١٢﴾ [القصص: ١٢]

    «Ва Мо Мусоро (қабл аз ёфтани модараш) манъ наму­дем аз ин ки пистонидоягони дигарро бипазирад, (то ин ки хоҳари Мусо) гуфт: «Оё шуморо бар аҳли хонае роҳнамоӣ кунам, ки сарпарастии ӯро ба ӯҳда гиранд (ва ӯро шир ди­ҳанд ва парвариш кунанд) ва онҳо барои ӯ хайрхоҳу дил­сӯз бошанд?».[1]

    Пайғамбари акрам (с) бар асоси ширхорагӣ аз пистони модар рушду парвариш ёфт. Ҳалимаи хушбахт низ ба ӯ шир дод ва дар асари ширхорагӣ модари разоии ӯ шуд. Худо­ванд барои ин навъ ширхорагӣ чанд аҳкоми шаръӣқарор дода, мефармояд:

    ﴿حُرِّمَتۡ عَلَيۡكُمۡ أُمَّهَٰتُكُمۡ وَبَنَاتُكُمۡ وَأَخَوَٰتُكُمۡ وَعَمَّٰتُكُمۡ وَخَٰلَٰتُكُمۡ وَبَنَاتُ ٱلۡأَخِ وَبَنَاتُ ٱلۡأُخۡتِ وَأُمَّهَٰتُكُمُ ٱلَّٰتِيٓ أَرۡضَعۡنَكُمۡ وَأَخَوَٰتُكُم مِّنَ ٱلرَّضَٰعَةِ ٢٣﴾ [النساء: ٢٣]

    «Бар шумо ҳаром карда шуданд модарони шумо ва духтарони шумо ва хоҳарони шумо ва хоҳарони падарони шумо ва хоҳарони модарони шумо ва духтарони бародар ва духтарони хоҳар ва он модарони шумо, ки ба шумо шир додаанд[2] ва хоҳарони разоъии шумо…».[3]

    Ба ростӣ, фақат дар асри кунунӣ аст, ки ғолибан барои ғизо додани навзодон ва кӯдакон аз шарбату шири сунъӣ ба ҷои шири модар истифода мешавад, асре, ки мардумонаш пайваста бо садои баланд хоҳони бозгашт ба ғизодиҳии ши­ри табиии модар барои кӯдакони худ ҳастанд, дар ҳоле ки мусалмони пойбанд ба шариати Ислом ҳеҷ ниёзе намеби­над, ки ба ҷои шири модар аз шири сунъӣ истифода кунад, чун мӯътақид аст, истифода аз шири табиии модар барои ғизодиҳии кӯдакон дарвоқеъ пайравӣ аз як барномаи ҳик­матомези илоҳӣ аст, ки аз ҳар равише беҳтар ва аз ҳар ғизои дигаре муносибтар мебошад, то он ҷо ки Қуръони маҷид хитоб ба модарони ширдеҳ мегӯяд, ки нисбат ба ғизодиҳӣ ва парвариши кӯдакон дар оғӯши хеш таваҷҷӯҳи комил дошта бошанд ва аз онон мехоҳад, ки дар душвортарин ҳо­латҳо ва бо вуҷуди бадрафтории шавҳаронашон ва носозго­рӣ бо эшон ва ҳатто баъд аз талоқ ва ҷудоӣ аз онон, аз шир додан ба кӯдакони худ кӯтоҳӣ наварзанд ва аз парвариши онон дар канори худ ғофил намонанд. Ва мефармояд:

    ﴿وَٱلۡوَٰلِدَٰتُ يُرۡضِعۡنَ أَوۡلَٰدَهُنَّ حَوۡلَيۡنِ كَامِلَيۡنِۖ لِمَنۡ أَرَادَ أَن يُتِمَّ ٱلرَّضَاعَةَۚ ٢٣٣﴾ [البقرة: ٢٣٣]

    «Модарон ду соли тамом фарзандони худро шир меди­ҳанд, ҳар гоҳ яке аз волидайн ё ҳардуи онҳо хостори такми­ли даврони ширхорагӣ шавад».[4]

    Оре, ин аст аҳамияти лозима додан ба кӯдак ва ин аст муқаррароти раббонӣ ва адли илоҳӣ дар ҳаққи ин неъмати Худододӣ! Зеро ҳатто бар модари талоқдодашуда воҷиб на­мудааст, ки ба кӯдаки ширхори худ таваҷҷӯҳ дошта бошад ҳамчунин Худованд бар ӯ фарз гардонидааст, ки нигаҳбони фарзандаш бошад ва нагузорад, ки ихтилофи хонаводагиву низоъи заношӯӣ ӯро ба фасоди ҷисмиву инҳирофи фикрӣ би­кашонад, ихтилофе, ки натиҷаи шуму товони камаршикани он домангири кӯдаки бегуноҳ мегардад. Аз ин рӯ, Худованд кафолат ва сарпарастии кӯдакро бар зиммаи модари шир­деҳ гузоштааст ва ин ҳақро низ ба модар додааст, ки харо­ҷоти доягиву музди ин корро аз падари кӯдак бигирад, чун Худованд нисбат ба авзоъ ва аҳволи мардум аз худи онон огоҳтар ва аз волидайн нисбат ба кӯдаки хеш меҳрубонтару бораҳмтар мебошад. Ба ҳамин хотир аст, ки бар модар во­ҷиб гардонидааст, ду соли комил ба фарзанди худ шир ди­ҳад ва ӯро мувозибат ва сарпарастӣ кунад, зеро Худованд медонад, ки муддати ду сол шир додан ба кӯдак ва нигоҳу­бини комилу дилсӯзона аз ӯ аз лиҳози тандурустиву ҳолат­ҳои рӯҳиву равонӣ муносибтарин роҳ ва беҳтарин замон аст барои касе, ки мехоҳад замони ширхорагии фарзандаш ко­мил бошад ва хоҳони он аст, ки аз назари ҷисмиву рӯҳӣ ва аз ҷиҳати рушду нумӯи солим ва умури беҳдошти пешраф­таи имрӯзӣ нисбат ба ӯ итминон ҳосил кунад. Бинобар ин, неъмати Худованд бар мусалмонон ба таври ҳамешагӣ ва ҳамаҷониба аст, то ин ки дарёбанд Худованд инсонро баху­сус дар даврони кӯдакӣ, ки оғози захирасозии ояндаи баша­рият аст, пайваста мавриди лутфу марҳамати Худ қарор ме­диҳад, то ин захираи инсонӣ ва орзуи тӯлонии ӯ тӯъмаи ҷаҳ­лу табоҳӣ нагардад ва аз ҳамон овони кӯдакӣ фитрати по­каш ба фасоду инҳироф олуда нашавад. Зеро Худованд нис­бат ба бандагонаш бисёр бораҳму меҳрубон мебошад, баху­сус нисбат ба ширхорагони хурде, ки ниёзманди меҳру шаф­қати зиёд ва нигаҳбонии ниҳоят дилсӯзона мебошанд.

    Илова бар он, бояд донист, ки Ислом танҳо ба риояву нигоҳубини кӯдаки машрӯъи ширхор баъд аз талоқу ҷудо­ии волидайнаш басанда накардааст, балки ҳатто агар кӯдак бар асари омезиши номашрӯъ ба дунё омада бошад, ба хо­тири амали ширдиҳӣ иҷрои ҳукми ҳад (ҷазо) дар бораи ин модари бадкора ба таъхир меафтад, то ин ки навзод аз пис­тони модараш шир хӯрад ва то поёни муддати замони шир­хорагӣ дар оғӯши ӯ парвариш ёбад. Ба ростӣ, ин ниҳояти раҳмату шафқат аст дар ҳаққи кӯдак, ҳатто дар чунин ваз­ъият аз пистони модараш шир хӯрад ва парвариш ёбад, то ин ки бо бадани қавию нерӯманд рушду нумӯ кунад ва аз са­ломатии ҷисмиву равонӣ бархурдор гардад…

    Дар ривоят омадааст, Расули Худо (с) ба зане, ки дар аса­ри омезиши номашрӯъ ҳомила шуда буд, фармуданд:«Бирав то замоне, ки вазъи ҳамл мекунӣ». Пас он зан рафт ва пас аз ин ки вазъи ҳамл намуд, навзоди худро бардошт ва назди Ра­сули Худо (с) бурда, гуфт: Эй Расули Худо (с) ин кӯдак та­валлуд шудааст. Расули Худо (с) фармуданд:«Онро бардош­та бирав ва ба ӯ шир бидеҳ, то замоне, ки даврони ширхо­рагияш поён меёбад ва аз шир гирифта мешавад». Пас он зан навзодро бардошт ва ба шир додан ва парвариш намуданаш пардохт ва баъд аз ин ки даврони он ба итмом расид, ӯро аз шир ҷудо кард ва бардошта назди Расули Худо (с) бурд, дар ҳоле ки тикаи ноне дар дасти кӯдак буд, он зан гуфт: «Эй Расули Худо (с) даврони ширхорагии кӯдак ба поён расидаву акнун ӯро аз шир гирифтаам». Расули Худо (с) дастур до­данд, ки кӯдакро ба дасти марди мусалмоне бисупоранд ва си­пас дастури иҷрои ҳукм бар он зан (тибқи муқаррароти Ис­лом) содир шуд…[5]

    Ибни Сино ин табиби ҳозиқ бар аҳамияти ширхорагии табиӣ бисёр таъкид намуда, мегӯяд: «Навзод бояд ҳаддалим­кон аз шири модараш ғизо дода шавад, зеро ки дар ҳоли ги­рифтани пистони модараш ва макидани он дар дафъи маводи зараррасон бисёр муфиду муассир мебошад».

    Доктор Аҳмад Баладӣ гуфтааст: «Агар шири модар со­лим бошад ва дорои иллати фосидкунанда набошад, беҳтарин ғизо ва муносибтарин ширҳо барои кӯдак мебошад. Ҳамчунин бояд донист, ки холӣ кардани шир аз пистони модар ба васи­лаи маккидани кӯдак илова бар муфид буданаш барои кӯдак, дар саломативу тандурустии модар низ бисёр муфид мебо­шад ва ӯро аз мубтало шудан ба қисмате аз бемориҳо, аз ҷумла бемории саратони пистон, нигоҳ медорад».[6]

    Дар хабар омадааст: «Умар ибни Хаттоб нахуст барои кӯдаконе, ки аз шир гирифта мешуданд, маъоши моҳона таъ­йин мекард, аммо баъдан аз ин кор сарфи назар намуд ва онро аз ҳамон ибтидои таваллуд барои онон дар назар гирифт, то ин ки муддати замони ширдиҳияшон тӯлонӣ шуд. Тағйири ра­виши Умар ибни Хаттоб ба ин иллат буд, ки шабе дар перо­муни намозгоҳ мегашт, дид кӯдаке гиря мекунад, ба модараш гуфт, ки ба кӯдакат шир бидеҳ ва нагузор гиря кунад». Мо­дар гуфт: «Амирул-мӯъминин ба кӯдакони ширхор маъош на­медиҳад, магар замоне, ки аз шир гирифта шуда бошанд ва ман ба хотири ин ки ба ӯ маъош бидиҳад, ба ночор ӯро аз шир гирифтаам». Умар ба худ гуфт: «Бо ин коре, ки кардаам наз­дик аст мӯҷиби марги он кӯдак шавам». Сипас ба ӯ гуфт: «Ба кӯдакат шир бидеҳ, амирул-мӯъминин барои ӯ маъош таъйин хоҳад кард». Пас аз он Умар ибни Хаттоб барои кӯдаконе, ки таваллуд мешуданд, аз ҳамон ибтидои таваллуд маъош му­қаррар менамуд».[7]

    Бартарият ва фоидаҳои шири модар

    Табиист, ки кӯдак дар ҳоли ҷанин аз модараш ғизо ме­гирад ва пас аз таваллуд низ ба муддати ду сол аз шири мо­дари худ ғизо мехӯрад. Шакке нест, ки шири модар аз дигар ғизоҳо бартар буда, фоидаҳои гуногун дорад, аз он ҷумла:

    1. Кӯдак шири пистони модарашро дарвоқеъ ба унвони шири поккардашуда ва постеризатсияшуда мехӯрад.

    2. Шири модар на гарм аст на сард, балки ширест мӯъ­тадил ва муносиб.

    3. Дар тамоми вақтҳо шир дар пистони модар ба таври кофӣ мавҷуд мебошад.

    4. Ба василаи мондан ва захира шудан дар пистон фосид намешавад.

    5. Муносиби меъдаи кӯдаки ширхор аст.

    6. Ғизои комил мебошад ба гунае ки тамоми ниёзман­ди­ҳои бадани кӯдакро таъмин мекунад.

    7. Кӯдакро аз мубтало шудан ба беморӣ маҳфуз медорад ва махсусан зидди микробҳо мебошад.

    8. Ширхорагии кӯдак ба таври мустақим ва ба василаи макидани пистони модар монеъи хушҳолии зиёди кӯдак ва модар мешавад.

    9. Макидани шир аз пистони модар мӯҷиби зиёдшавии меҳру муҳаббат ва тақвияти робитаҳои дӯстӣ дар миёни мо­дару фарзанд мегардад.

    Оре, кори ширдиҳӣ бояд ҳамроҳ бо нияти хуб ва талаби ризои Худо бошад ва ҳар вақт модар онро ба кӯдак мехӯ­ронад, бояд бо изни Худо ва бо номи Худо шурӯъ кунад. Ба ҳамин хотир аст, ки ривоят шудааст: Амр ибни Абдуллоҳ ба ҳамсари худ, ки ба писараш шир медод, гуфт: «Набояд ту ба писарат чунон шир диҳӣ, ки ҳайвонот аз рӯи тараҳҳуму меҳр­варзӣ ба бачаи худ шир медиҳанд, балки ту бояд фақат ба қасди ризои Худо ва ба хотири касби аҷру подоши Ӯ таъоло ба фарзандат шир бидиҳӣ ва бо чунон нияте шир диҳӣ, ки хулқу хӯи Исо (а) дар вуҷудаш зинда гардад, то ин ки танҳо Худои якторо шоистаи ибодат ва парастиш бидонад».[8]

    Яке аз умуре, ки дар аснои шир додан макрӯҳ аст, шир додани зани ҳомила ба кӯдаки ширхори худ мебошад, зеро ки шири чунин зан ба василаи ҳамлаш хосияти худро аз даст дода, зиёновар мегардад, ки дар натиҷа кӯдаки ширхор аз хӯрдани шири солим ва табиӣ маҳрум мегардад ва ин чи­зе аст, ки бояд аз он дурӣҷуст, чунонки аз Ибни Масъуд (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Расули Худо (с) даҳ чизро мак­рӯҳ дошт ва яке аз онҳо фасоди навзод аст ва он иборат аст аз номгузории навзод ба Ғайла ва мурод аз ғайла шир додани модар ба фарзанди худ дар даврони ҳомилагӣ аст, ки ба василаи он шираш фосид шуда ва хосияташро аз даст додааст».[9]

    [1]. Сураи Қасас, 28: 12.

    [2]. Дояҳо.

    [3]. Сураи Нисо, 4: 23.

    [4]. Сураи Бақара, 2: 233.

    [5]. Ба ривояти Аҳмад дар «Муснад».

    [6]. Нақл аз китоби Тадбиру-л-ҳаболо ва-л-атфоли ва-с-сибён, (Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Яҳёи Баладӣ – таҳқиқи доктор Маҳмуд Қосим Муҳаммад). – С. 186.

    [7]. Нақл аз Мусаннафи Абдурраззоқ.

    [8]. Насиҳатул-мулук (Мовардӣ). – С. 166.

    [9]. Ба ривояти Абудовуд ва Насоӣ.