×
Мақола дар бораи амалҳое, ки дар ҳафтрӯзагии навзод анҷом мегиранд, мебошад, гирифташуда аз китоби "Тарбияи фарзандон"

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми понздаҳум

    Амалҳое, ки дар ҳафтрӯзагии навзод анҷом мегиранд

    سلسلة تربية الأولاد, القسم الخامس عشر: عن الأعمال التي تقام بها في الأيام السبعة من ولادة الطفل

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир

    إعداد: حقنظراو طاهر

    —™

    Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми понздаҳум

    Амалҳое, ки дар ҳафтрӯзагии навзод анҷом мегиранд

    1. Номгузории кӯдак

    Вақте ки кӯдак таваллуд мешавад, аввалин амале, ки мӯ­ҷиби икром ва некии ӯ мегардад, ин аст, ки падару модараш ӯро бо номи хуб ва лақаби шарифу муборак номгузорӣ на­моянд, зеро номи нек амре аст возеҳ ва илова бар ин, ки фарди соҳиби номро шоду хушҳол мекунад ва мояи сарба­ландиву дилгармии ӯ дар миёни ҳамсолонаш мегардад, ди­гарон низ ҳангоми шунидани он таҳти таъсир қарор меги­ранд. Ба ҳамин хотир аст, ки Худованд ба бандагони худ дастур додааст, ки Ӯро бо беҳтарин номҳо фаро хонанд, чунонки мефармояд:

    «Ва номҳои нек азони Худо аст, (ки бар беҳтарин маъ­ноҳо ва комилтарин сифатҳо далолат менамоянд), пас Ӯро ба он номҳо бихонед ва раҳо кунед касонеро, ки дар ном­ҳои Худо каҷравӣ мекунанд[1] ба онҳо ҷазои он чӣ, ки ме­карданд, дода хоҳад шуд».[2]

    Ҳамчунин Худованд дастур додааст, ки Ӯро бо беҳта­рин ва зеботарин сифатҳо васф кунанд ва мефармояд:

    «Бигӯ: «Аллоҳро бихонед, ё Раҳмонро бихонед, ҳар ка­домеро бихонед, (фарқе намекунад), чун Худоро номҳои некӯ аст».[3]

    Пайғамбари Худо (с) низ беҳтарин номҳоеро барои фар­зандони худ ихтиёру интихоб кардаанд. Муҳаммад ибни Ҳанафия исми худро ба хотири муборак ва эҳтиром ба номи он ҳазрат (с) нисбат дод ва ин корро бо истинод ба ривояте анҷом дод, ки Алӣ ибни Абутолиб (р) аз Пайғамбари акрам (с) иҷозат хоста, гуфт: «Агар баъд аз шумо писаре барои ман ба дунё ояд, оё ӯро бо ном ва кунияи шумо номгузорӣ кунам?» Пайғамбари акрам (с) фармуданд: «Оре». Пас ин амр рухса­те шуд аз ҷониби Расули Худо (с).[4]

    Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Фарзандони худро бо номҳои паёмбарон номгузорӣ кунед (ба хотири табаррук ба номи онон ва фоли нек гирифтан ба ин, ки аз роҳу равиши эшон пайравӣ кунанд) ва маҳбубтарини номҳо назди Худованд «Абдуллоҳ» ва «Абдурраҳмон» аст ва содиқтарини номҳо «Ҳорис» ва «Ҳумом» аст ва зишттарини номҳо «Ҳарб» ва «Мурра» мебошад».[5]

    Абудовуд аз Абудардо (р) ривоят кардааст, ки Пайғам­бар (с) фармуданд: «Бегумон, шумо дар рӯзи Қиёмат бо ном­ҳои худ ва номҳои падаронатон фаро хонда мешавед, пас (то метавонед фарзандону наздикони) худро номҳои зебову нек ниҳед».[6]

    Аз Ибни Умар (р) ривоят шуда, ки Пайғамбари акрам (с) фармуданд:

    «Бегумон, маҳбубтарини номҳои шумо назди Худованди муттаол «Абдуллоҳ» ва «Абдурраҳмон» аст».[7]

    Боз омадааст, ки Расули Худо фармуданд:

    «Беҳтарин номҳои шумо «Абдуллоҳ» ва «Абдурраҳмон» ва «Ҳорис» мебошад».[8]

    Ибни Салоҳ баён намудааст, ки мафҳуми ин ҳадис чу­нон дар миёни саҳоба густариш ёфта ва фарогир шуд, ки теъдоди афроде, ки дар миёни онон «Абдуллоҳ» ном дош­танд ба 220 нафар расиданд. Ироқӣ гуфтааст, ки маҷмӯи ашхоси «Абдуллоҳ» ном дошта ба 300 нафар мерасид.[9]

    Аз ҷумла корҳои латиф ва меҳрангезе, ки Расули Худо (с) анҷом доданд, ин буд: Рӯзе, ки Ибни Аббос (р) таваллуд шуд, ӯро «Абдуллоҳ» номид, чунончи аз худи Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Уммифазл, духтари Ҳорис ба­рои ман таъриф кард ва гуфт: Рӯзе Расули Худо (с) гуф­танд: «Эй Уммифазл!». Гуфтам: «Бифармоед эй Расули Ху­до!» Расули Худо (с) бар гӯшам фармуданд: «Бегумон, ту ҳо­мила бар писаре мебошӣ!». Гуфтам: «Чӣ гуна чунин коре мум­кин аст, дар ҳоле ки Қурайш бо ҳам аҳду паймон бастаанд, ки занон бордор нашаванд?» Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ин чизе аст, ки ман ба ту мегӯям, пас ҳар гоҳ он писарро тавал­луд кардӣ, ӯро пеши ман биёр». Уммифазл мегӯяд: «Билохира чунин шуд ва вақте ки онро таваллуд кардам, назди Пайғам­бар (с) бурдам ва он ҳазрат (с) ӯро «Абдуллоҳ» номиданд, сипас фармуданд: «ӯро бибар, ҳатман писари бисёр зиррак ва ҳушёр хоҳӣ ёфт». Уммифазл мегӯяд: «Назди Аббос омадам ва ҷараёнро ба иттилои ӯ расонидам». Аббос табассуме кар­да, назди Расули Худо (с) рафт. Ӯ марди зебо ва дорои қома­ти баланд буд ва вақте ки Расули Худо (с) ӯро диданд, аз ҷой бархостанд, пешонии ӯро бӯсиданд ва дар тарафи рости худ нишонида, фармуданд: «Ин амаки ман аст, пас ҳар кас мехо­ҳад, бояд ба амакаш биболад». Аббос гуфт: «Эй Расули Худо (с) чунин чизе магӯ». Он ҳазрат (с) фармуданд: «Чаро нагӯ­ям? Дар ҳоле ки ту амаки ман ва ёдгору бозмондаи ниёгони ман ҳастӣ ва амак низ ба манзалаи падар аст».

    Аз Анас (р) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Дишаб писаре барои ман таваллуд шуд ва ӯро ба исми па­дарам «Иброҳим» ном ниҳодам».[10]

    Аз Ҷобир (р) ривоят шуда, ки гуфт: «Барои нафаре аз мо писаре ба дунё омад ва ӯро «Қосим» ном ниҳод. Мо гуфтем: «Мо туро ба кунияи Абулқосим садо намекунем ва чунин чи­зеро аз ту намепазирем. Пас, он мард назди Расули Худо (с) рафт ва мавзӯъро барояшон баён намуд. Он ҳазрат (с) фар­муданд:

    «Исми писаратро Абдурраҳмон бигузор».[11]

    Боз аз Ҷобир (р) ривоят шуда, ки гуфт: «Барои марде аз мо писаре ба дунё омад ва исми ӯро Муҳаммад номид. Пас қавмҳову наздикон ба ӯгуфтанд: «Мо намегузорем, исми пи­саратро ба исми Расули Худо (с) бигузорӣ». Он мард писа­рашро бар дӯш гирифт ва назди Расули Худо (с) омада, гуфт: «Эй Расули Худо (с), писаре барои ман ба дунё омада­аст ва номашро Муҳаммад гузоштаам, акнун қавмҳову наз­диконам ба ман мегӯянд: «Мо намегузорем номи писаратро ба исми Расули Худо (с) бигузорӣ». Расули Худо (с) фарму­данд: «(Монеъе надорад, ки) исми маро (барои фарзандони худ) баргузинед, аммо кунияи ман яъне (Қосим)-ро интихоб накунед, зеро ки ман (ба амри Худованд) қисматкунанда ҳас­там ва дар миёни шумо тақсим мекунам».[12]

    Нақл аст, ки миллатҳои гузашта фарзандони худро ба номҳои пайғамбаронашон ва афроди солеҳу некӯкори қабл аз худ ном мениҳоданд, чунончи аз Муғира ибни Шӯъба (р) ривоят шуда, ки гуфт: «Вақте вориди Наҷрон шудам, мар­думи он ҷо аз ман пурсида, мегуфтанд: «Шумо фалон кас ва фалон касро ба номҳои «Ё ухта Ҳоруна ва Мусо» пеш аз Исо мехонед! Пас ҳангоме, ки ба хидмати Расули Худо (с) раси­дам, аз ӯ пурсидам, фармуданд: «Онон (фарзандони худро) ба номҳои пайғамбарон ва афроди солеҳи пеш аз худ ном мени­ҳоданд».[13]

    Саҳобаи ҷалилулқадр Зубайр ибни Авом номҳои ша­ҳидони саҳобаро барои фарзандони худ бармегузид, ба уме­ди он ки роҳу равиши ононро дар пеш гиранд ва инон низ дар роҳи Худо ба дараҷаи шаҳодат бирасанд.

    Бинобар ин, Зубайр ибни Авом (р) мегӯяд: «Талҳа ибни Убайдуллоҳи Таймӣ писарони худро ба номҳои пайғамбарон номид, чун медонист баъд аз ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ пай­ғамбаре ба вуҷуд нахоҳад омад. Ман низ номҳои шаҳидони саҳобаро барои писарони хеш баргузидам ба умеди он ки онон роҳу равиши шаҳидонро дар пеш гиранд, эшон дар роҳи Худо ва барои бар дигар динҳо бартарӣ ёфтани дини Худо шаҳид шаванд. Аз ин рӯ, номҳои шаҳидони зерро барои онон баргу­зидам: Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш, шаҳиди ҷанги Уҳудро барои яке аз писаронам баргузидам ва ӯро «Абдуллоҳ» номидам. Мунзир ибни Амри Ансорӣ «бани Соида»-ро барои писари дигарам ин­тихоб намудам ва ӯро «Мунзир» номидам. Урва ибни Масъу­ди Сақафиро барои писари сеюмам баргузидам ва ӯро «Урва» ном гузоштам. Ҳамза ибни Абдулмутталиб шаҳиди ҷанги Уҳудро барои писари чоруми худ интихоб кардам ва ӯро «Ҳамза» номидам. Ҷаъфар ибни Абӯтолиб, шаҳиди ғазваи Муътаро баргузидам ва номи яке аз писаронамро «Ҷаъфар» ниҳодам. Мусъаб ибни Умайр, парчамбардор ва шаҳиди ҷанги Уҳудро барои писари дигарам интихоб намудам ва ӯро «Мус­ъаб» ном гузоштам. Убайда ибни Ҳорис, шаҳиди ғазваи Бадр­ро барои писари дигарам баргузидам ва ӯро «Убайда» номи­дам. Холид ибни Саъид, шаҳиди Марҷу-с-сифрро барои яке ди­гар аз писаронам интихоб намудам ва ӯро «Холид» номидам. Билохира, Умар ибни Саъид бародари Холидро, ки дар ҷанги Ярмук кушта шуд, барои дигар писарам интихоб намудам ва ӯро «Умар» ном гузоштам.[14]

    Ва аммо интихоби куния: Маъмулан волидайн баъд аз ин ки нахустин фарзанди онон таваллуд шавад ва ӯро ном гузоранд, кунияи эшон ба номи ӯ интихоб мешавад. Чунон­ки ривоят шудааст, Абушурайҳ ҳангоме ки ҳамроҳи қавми худ назди Пайғамбар (с) рафтанд, Пайғамбар (с) шуниданд, ки ӯро бо кунияи «Абулҳакам» мехонанд! Пайғамбар (с) ба ӯ гуфтанд: «Бегумон, фақат Худост ҳокиме, ки оғозу поёни ҳар ҳукми қатъӣ ва ғайри қобили рад бо Ӯ аст, пас чаро ту ба «Абулҳакам» куниягузорӣ шудаӣ?».[15] Дар ҷавоб гуфт: «Вақте қавму қабилаи ман бар сари чизе ихтилоф кунанд, ба­рои дур кардани низоъ назди ман меоянд ва ман дар миёни эшон ба гунае доварӣ мекунам, ки ҳарду гурӯҳ розиву хушнуд мешаванд». Расули Худо (с) фармуданд: «Чи кори хубе! Пас, оё ту фарзанд дорӣ?». Гуфт: «Оре, писароне ба номҳои Шу­райҳ, Муслим ва Абдуллоҳ дорам». Расули Худо (с) фарму­данд: «Кадомаш аз ҳама бузургтар аст?». Дар ҷавоб гуфт: «Шурайҳ». Расули Худо (с) фармуданд: «Пас кунияи ту Абушурайҳ аст».

    Соҳиби «Шарҳу-с-сунна» гуфтаааст: «Тағйири кунияи Абулҳакам ба Абушурайҳ ба ин хотир аст, ки маънои кали­маи ҳакам иборат аст аз ин ки вақте касе дар мавриди мас­ъалае доварӣ кунад ва ҳукм содир намояд, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳук­ми ӯ рад карда нашавад. Ба ин гуна таъриф ва вижагӣ фақат Худованди мутаъол шоиста аст. Чунонки мефармояд:

    ﴿وَٱللَّهُ يَحۡكُمُ لَا مُعَقِّبَ لِحُكۡمِهِۦۚ ٤١﴾ [الرعد: ٤١]

    «Худованд ҳукм ва фармон меронад ва ҳукми Ӯро ҳеҷ монеъ ва боздорандае нест».[16]

    Бинобар ин, аз ҳадиси боло чунин натиҷагирӣ мешавад, ки кунияи мард ба номи бузургтарин писарони ӯ баргузида мешавад ва агар писар надошта бошад, ба номи бузургта­рин духтаронаш баргузида мешавад. Ҳамчунин кунияи зан ба номи бузургтарин писаронаш интихоб мешавад ва агар писар надошта бошад, ба номи бузургтарин духтаронаш интихоб мегардад.[17]

    Яке дигар аз далелҳои ҷоиз будани куния ба исми фар­занд ин аст, ки Пайғамбари акрам (с) бо кӯдакони хурдсол шӯхӣ мекарданд ва ононро бо куния садо мезаданд, на бо исмашон ва мефармуданд:

    «Эй Абуумайр, ин булбули хурд чӣ кор кард?».[18]

    Бояд донист, ки ҳангоми номгузории кӯдакон шайтон номҳои зишту номашрӯъро дар дили волидайн меандозад, аз ин ҷиҳат, падару модаре хушбахту дилсӯзанд, ки барои фарзандони худ номҳои зишту номашрӯъро интихоб наку­нанд, балки ононро бо беҳтарину зеботарин номҳо номгузо­рӣ намоянд. Зеро номҳои зишту нохуш каромату эҳтироми фарзандонашонро халалдор мекунад ва мӯҷиби таҳқиру ис­теҳзои онон дар ҷомеа ва дар миёни ҳамсинну солони худ мегардад.

    Номгузорӣ бо баъзе аз номҳо кароҳат дорад. Гоҳе баъзе аз волидайн номеро барои фарзанди худ интихоб мекунанд, ки дарвоқеъ агар бо соҳиби ном мутобиқат накунад ва ё ҳангоми садо задан ба он ном ҷавоб манфӣ бошад, навъи тирагии хотир ва эҳсоси бадфолӣ пеш меояд.

    Чунонки дар ривоят омадааст: «Писари худро ба исмҳое ҳамчун: Саҳл, Манфиъат, Муваффақ, Растагор номгузорӣ на­кун, зеро (вақте) мегӯӣ: Растагор ё Муваффақ дар хона аст? Агар ҷавоб манфӣ бошад ва гуфта шавад: «Не, нест» (ал­батта ин худ навъе нохушӣ ва фоли бад ба шар ме­бошад)».[19]

    Ҳамчунин аз Умар ибни Хаттоб (р) ривоят шуда, ки Па­ёмбар (с) фармуданд: «Ман наҳй мекунам аз ном гузоштани фарзанд ба Рофеъ, Баракат ва Ясор».[20]

    Паёмбар (с) исмҳои зишту номуносибро тағйир медо­данд, чунонки Тирмизӣ аз Оиша (р) ривоят намуда, ки гуфт: «Расули Худо (с) исми зишту нописандро тағйир медоданд».[21]

    Чунончи Муслим ва Абудовуд (раҳ) ривоят намудаанд, ки Муҳаммад ибни Амр ибни Ато духтаре ба номи Бурра дошт, аммо Паёмбари Худо (с) номашро тағйир дода, Зай­наб ном ниҳоданд ва фармуданд: «Хештанро поку вораста мапиндоред, чун Худо ба афроди поку вораста аз шумо огоҳ­тар аст».

    Муслим ва Абудовуд (раҳ) ривоят намудаанд, ки Ибни Умар (р) духтаре дошт бо номи Осия,[22] Расули Худо (с) номи ӯро ба Ҷамила тағйир дод.

    Ҳамчунин Абудовуд аз Башир ибни Маймун аз Усома ибни Ахдарӣ ривоят намудааст: Марде, ки номаш Асрам буд, ҳамроҳи гурӯҳе ба назди Расули Худо (с) рафтанд, Расули Худо (с) ба ӯ гуфтанд: «Исми ту чист?». Гуфт: «Асрам». Расули Худо (с) фармуданд: «Балки номи ту Зуръа мебо­шад». Ба ин васила он ҳазрат (с) Асрамро ба Зуръа тағйир дод.

    Барои навзод чӣ гуна номи нек интихоб кунем?

    Падару модар метавонанд барои номгузории навзоди худ номи неку муносибро мутобиқи раҳнамоиҳои зер инти­хоб кунанд:

    а) Метавонанд номи некро аз номҳои аҳли дин, паём­ба­рону расулон ва бандагони солеҳу некӯкори Худо барои номгузории фарзандони худ интихоб кунанд ва бояд қасди волидайн аз интихоби чунин номе изҳори муҳаббат ва зин­да гардонидани номҳои онон бошад, ҳамчунин нияташон наздикӣ ҷустан ба Худо ва пайравӣ намудан аз суннати Па­ёмбар (с) ва анҷом додани дастуроти Худо бошад. Чунонки баъзе аз ин гуна номҳоро дар чанд саҳифаи қабл баён намудем…

    Илова бар он, бояд донист, ки бузургтарин ва муҳимта­рин аҳдофи шаръиву динӣ аз интихоби ин навъи номҳо он аст, ки зикру ёди хостаҳои зарурии инсон ва масоили рӯз­марраи ӯ дохил шавад ва давом ёбад, то ин ки ҳар як аз он номҳо забоне гардад, кӣ пайваста дигаронро ба сӯи ҳақ ва ҳақиқат фаро хонад.

    Аз ҷиҳати дигар, номгузории навзод ба ин гуна номҳо дарвоқеъ намоёнгари тавҳид ва яктопарастӣ аст ва аз замо­не, ки Расули Худо (с) мабъус гардид ва иқдом ба тавсиаи яктопарастӣ ва барпоии маросими динӣ ва иҷрои аҳкоми инсонсози исломӣ намуд, арабу ғайри араб номгузории фарзандони худро бештар ба номи афроде номгузорӣ меку­нанд, ки Худовандро парастиш менамоянд ва бисёр мутта­қиву пойбанд ба аҳкоми исломӣ мебошанд ва пайравӣ аз ин роҳу равишро амри лозим медонанд.

    Ногуфта намонад, ки ду ном, Абдуллоҳ ва Абдурраҳ­мон, ки калимаи абд дар аввали исмҳои Аллоҳ ва Раҳмон қарор гирифта, ба онҳо изофа мешавад аз дигар исмҳои Ху­дованд, ки калимаи абд дар аввали онҳо қарор мегирад, аз ин ҷиҳат маҳбубтаранд ва бештар барои ном ниҳодани фар­зандон аз онҳо истифода мешавад, чун ин ду исм яъне Ал­лоҳ ва Раҳмон аз соири исмҳо машҳуртаранд ва бар ғайри Худо итлоқ намешаванд, аммо дигар исмҳои Худо ин тавр нестанд.

    Пас аз ин тавзеҳот метавон ба рози мустаҳаб доштани номгузории навзодон ба Муҳаммад ва Аҳмад низ пай бурд, зеро тоифаҳо ва қабилаҳое аз мардум бисёр шефтаву алоқа­манд мебошанд ба ин ки навзодони худро ба номҳои гу­заштагоне, ки назди онон муаззам ва бузургвор мебошанд, номгузорӣ кунанд, то ин ки ин кор ҳам ранги таблиғ ва ба­ландовоза гардонидани динро ба худ гирад ва ҳам ба ман­залаи иқрору эътирофе бошад ба ин ки фарзандони эшон пайрави дини Ислом мебошанд…

    б) Исм кӯтоҳ ва равон бошад: Дуюмин тариқаи инти­хоби номи нек ин аст, ки волидайн номеро барои навзоди худ интихоб намоянд, ки дорои ҳуруфи камтар, талаффуз намуданаш саҳлу осон, ҳамчунин ҷаззобу дилнишин бошад.

    в) Дорои маънои зебо ва муносиби ҳоли соҳиби ном бо­шад: Тариқаи сеюм барои интихоби номи нек ва писандида ин аст, ки дорои маънои зебо ва муносиби ҳоли соҳиби ном бошад ба гунае ки дар миёни афроди ҳамсинну соли ӯ ва дар миёни ҷомеаву миллати худ ривоҷёфта, мӯътадил ва дархури мавқеияти худ ва хонаводааш бошад…

    2. Тарошидани мӯи сари навзод ва ҳикмати он

    Дуюмин амале, ки дар ҳафтрӯзагии навзод анҷом ги­рифтанаш мустаҳаб аст, тарошидани мӯи сари тифл мебо­шад ва мустаҳаб аст ҳамвазни мӯи тарошидашуда нуқра ба унвони садақа ба фақирон ва хонаводаҳои ҳақдор ба садақа дода шавад.

    Дар ривоят омадааст, ки Фотима (р) ҳамвазни мӯи та­ро­шидаи сари Ҳасану Ҳусайн ва Уммикулсум нуқра садақа дод.[23]

    Ибни Исҳоқ баён намудааст, ки Фотима (р) гуфт: «Баъд аз ин ки Ҳасанро таваллуд намудам, Расули Худо (с) гуф­танд: «Мӯи сарашро битарош ва ҳамвазни он нуқра садақа бидеҳ». Ман мӯи сарашро вазн намудам, баробари вазни яку­ним дирҳам буд».

    Деҳлавӣ дар шарҳи ин гуна аҳодис ва фалсафаи тароши­дани мӯи сари навзод ва додани садақа гуфтааст: «Ин кор дорои чанд ҳикмат мебошад, аз он ҷумла: Аввал ин ки вақте навзод аз ҳолати ҷанинӣ хориҷшуд ва ба марҳалаи туфулият расид, ин худ неъмате мебошад, ки лозим аст шукри он ба ҷо оварда шавад. Беҳтарин чизе, ки метавонад ба унвони шукр дар баробари ин неъмат қарор гирад, ин аст, ки бо чизи му­шаххас ва маҳсусе, ки ҳамвазни мӯи сари навзод бошад, ба ун­вони садақа ба афроди фақиру бенаво дода шавад (то ба ин васила ҳам дафъи бало аз навзод шуда бошад ва ҳам иддаи фақиру бенаво аз чанголи фақру тангдастӣ раҳоӣ ёбанд). Ду­юм ин ки тарошидани мӯйҳое, ки навзод ҳамроҳи он таваллуд шудааст, илова бар зудудани касофат ва бардоштани маводи зиёдатии давраи ҷанинӣ, мӯҷиби рушду нумӯи навзод дар дав­рони туфулият мегардад».

    Аммо ҳикмати хос шудани нуқра ҷиҳати садақаи ҳам­вазни мӯи навзод ин аст, ки агар ба ҷои нуқра тилло таъйин мешуд, мусалламан ба ҷуз афроди сарватманд касе аз ӯҳдаи таҳияи он барнамеомад ва барои афроди камдаромад амри вазнин ва ғайриимкон мебуд. Таъйини коло ва ҷинси поён­тар аз нуқра низ дар баробари мӯи сари навзод чизи беаҳа­мият ва камарзиш мебошад, пас садақаи нуқра ҳадди ми­ёнаи ин ду мебошад.

    3. Ақиқа ва ҳикмати он

    Сеюмин амале, ки дар ҳафтрӯзагии навзод анҷом ги­рифтанаш мустаҳаб аст, амали ақиқа мебошад. Дар истило­ҳи фиқҳӣ мӯи тифли навзод ва гӯсфанде, ки дар рӯзи ҳаф­туми таваллудаш ҳангоми тарошидани мӯйи сари ӯ ба ин муносибат забҳ мекунанд, ақиқа мегӯянд.

    Ибни Ҳиббон дар Саҳеҳи худ ривоят намудааст, ки Ум­мукурзи Каъбия дар бораи ақиқа аз Расули Худо (с) савол кард. Дар ҷавоб фармуданд:

    «Ақиқаи писар ду гӯсфанд ва барои духтар як гӯсфанд аст, ишколе надорад, ки гӯсфандҳо нар бошанд ё мода».[24]

    Боз Расули Худо (с) фармудаанд: «Ҳар писари навзоде дар гарави ақиқае мебошад, ки дар рӯзи ҳафтуми таваллуди ӯ забҳ мегардад ва дар он рӯз номгузорӣ мешавад ва мӯи са­рашро метарошанд».[25]

    Ҳамчунин мефармоянд: «Ақиқа кори дурусте аст, ки ба­рои писар ду гӯсфанди мусовӣ (дар син ва андоза) ва барои духтар як гӯсфанд мебошад».[26]

    Дар ибораи дигар Пайғамбари Худо (с) фармуданд: «Барои писар забҳи ду гӯсфанд ва барои духтар як гӯсфанд аст».[27]

    Инчунин омадааст: «Ақиқаро метавон рӯзи ҳафтум, ё чордаҳум ва ё бисту якуми вилодат забҳ намуд».[28]

    Салафи солеҳ бар асари эҳтимоми шадид ба амри ақиқа ва забҳи гӯсфанд таваҷҷӯҳи зиёде доштанд. Агар касе аз тангдастӣ тавони забҳи гӯсфандеро намедошт, ба ҷои он гунҷишкеро забҳ мекарданд. Чунонки Иимом Молик дар Муваттаъ аз Муҳаммад ибни Иброҳим ибни Ҳориси Таймӣ ривоят намуда, ки гуфтааст: «Аз падарам шунидам, ки ме­гуфт: «Ақиқа мустаҳаб аст, агарчи бо забҳи гунҷишке бо­шад». Имом Молик ба дунболи гуфтаи Муҳаммад ибни Иб­роҳим мегӯяд: «Назари мо дар робита бо амри ақиқа ин аст, ки касе мехоҳад барои навзоди худ гӯсфанде забҳ кунад, пас барои писар як гӯсфанд ва барои духтар низ як гӯсфанд забҳ кунад ва дар назари мо ақиқа амри воҷиб нест, балки мус­та­ҳаб мебошад ва мардум пайваста онро ба унвони амри муста­ҳаб анҷом додаанд. Бинобар ин, касе, ки барои фарзанди худ гӯсфанде забҳ кунад, ин кори ӯ ба манзалаи ибодат ва забҳи қурбонӣ мебошад, аз ин рӯ, гӯсфанди забҳшуда набояд кӯр, ло­ғар, шикастааъзо ва бемор бошад ва набояд гӯшту пӯсти он фурӯхта шавад ва устухоншикаста низ набошад, хонаво­да­аш метавонанд аз гӯшти он бихӯранд ва аз он садақа диҳанду бибахшанд, аммо набояд хуни онро ба навзод бимоланд».[29]

    Деҳлавӣ гуфтааст: «Касе, ки тавонии молӣ дошта бошад, мустаҳаб аст ду гӯсфанд барои писар забҳ кунад ба хотири ин ки писар барои падару модар, ҳамчунин ҳифзу ҳиросат аз дин ва миллат аз духтар муфидтар ва тавонотар мебошад, пас ин амр мӯҷиби шукргузории бештар ва сазовори баландо­воза гардонидани зиёдтар мегардад».

    Аммо амр ба анҷоми ақиқа ба ин сабаб аст, ки арабҳо (қабл аз Ислом) барои фарзандони худ гӯсфанд забҳ мекар­данд ва назди онон ақиқа амре лозим ва як суннати му­ак­када ба ҳисоб меомад, зеро дар он масолеҳи миллию иҷ­ти­моӣ ва шахсӣ вуҷуд дошт ва мӯҷиби барқарории ҳамёрию ҳамкорӣ ва эҷоди иртиботи ҳасана ва авотифи инсонӣ дар миёни онон мебошад. Бинобар ин, ба хотири вуҷуди чунин манофеъи саршоре буд, ки Расули Худо (с) онро боқӣ гу­зошт ва ба он амал намуда, мардумро низ ба анҷоми он ташвиқ кард. Аммо чизе, ки ҳаст, ин аст ки Расули Худо (с) тақлидҳо ва одобу русуми хосси онҳоро тағйир дод. Чунон­ки аз Бурайда ривоят шудааст, ки гуфт: «Мо, ки дар даврони ҷоҳилият будем, ҳар вақт писаре барои мо таваллуд мешуд, барои ӯ гӯсфанде забҳ мекардем ва хуни онро ба сари навзод мемолидем ва оғӯшта мекардем, аммо акнун ки дар даврони Ислом қарор гирифтаем, ҳар вақт писаре барои мо ба дунё биёяд, барои ӯ гӯсфанде забҳ мекунем ва сарашро метарошем ва ба он заъфарон мезанем».[30]

    Ҳикмати машрӯъияти ақиқа ва фоидаҳои он

    а) Нахустин фоидаи маросими ақиқа улфат ва таваҷҷӯҳ намудан ба ошкор сохтан ва маълум кардани аслу насаби навзод мебошад ва лозим будани чунин коре ба хотири он аст, ки баъдан дар бораи ӯ суханони ношоиста ва масоили номатлуб гуфта нашавад. Аз ҷиҳати дигар, барои волидайн зебанда нест, ки таваллуди фарзанди худро пинҳон бидо­ранд ва хабари онро ниҳонӣ ба самъи дигарон бирасонанд, балки бояд дар эъломи ин неъмати Худододӣ шитоб намо­янд ва сустӣ накунанд…

    б) Дуюмин ҳикмати маросими ақиқи ин аст, ки ин кор дарвоқеъ навъе таблиғу ташвиқ барои пеша сохтани сахо­вату бахшандагӣ ва дурӣҷустан аз бухлу хасисӣ мебошад.

    в) Машрӯъият бахшидан ба амри ақиқа дарвоқеъ мухо­лифат бо одобу русуми масеҳият дар робита бо навзод ме­бошад, зеро вақте ки барои масеҳиён фарзанде таваллуд ме­шуд, тибқи маросими хосси худ навзодро бо оби махсусе ғусл медоданд ва онро «маъмудия» мегуфтанд ва мӯътақид буданд, ки ин кор навзодро масеҳӣ мегардонад, аммо Қур­ъони карим дар ин оят ин ҳаракати нодурустро ботил мехонад:

    «(Худованд моро ба оини тавҳидӣ ва имони ростин зи­нат додааст ва) ин (дин ва) рангу зинати Худост ва чӣ касе аз Худо (метавонад) зеботар биорояд?».[31]

    Бинобар ин, ақиқа ба сурати амри мустаҳаби шаръӣ да­ромад, то ин ки пайравони дини ҳаниф пайваста онро дар баробари амали масеҳиён анҷом диҳанд ва мутақобилан ба василаи ин амали машрӯъи худ нишон диҳанд, ки кӯдаки онон тобеи дини ҳаниф ва пайрави оину миллати Иброҳим (а) ва Исмоил (а) мебошад. Яке аз машҳуртарин аъмоли мансуб ба Иброҳим (а) ва Исмоил (а), ки дар миёни фар­зан­дони бузургвор ба ирс мондааст, ҳамон амали Иброҳим аст, ки барои забҳи писараш анҷом дод, (ба ростӣ ин озмоиши бузург, ки забҳи фарзанд бошад бо дасти падар, озмоише аст, ки баёнгари имони комил ва яқини содиқ ба Худованди ҳастӣ мебошад). Ба ҳамин хотир аст, ки Худованд дар ба­робари он қурбонии бузург ва боарзишро фидои фарзандаш гардонид.[32]

    Ҳамчунин яке аз машҳуртарин шароеъи Иброҳим (а) ва Исмоил (а) маносики ҳаҷ аст, ки дар он тарошидани сар ва забҳи қурбонӣ анҷом мегирад. Бинобар ин, шабеҳ сохтани аъмоли мусалмонон ба кори Иброҳим (а) ва Исмоил (а) дарвоқеъ намоёнгари бузургдошт ва баландовоза гардони­дани ин миллати заиф мебошад ва нидое аст ба амале, ки нисбат ба навзод анҷом шудааст ва дар ҳақиқат ҷузъи аъмо­ли хоссаи ин миллати пок ва пайравони оини Иброҳим (а) ва Исмоил (а) мебошад.

    г) Яке дигар аз ҳикмати ақиқа ин аст, ки забҳи гӯсфанд дар оғози таваллуди кӯдак, ин воқеиятро мерасонад, ки па­дар омодаи фидо кардани писари худ (дар роҳи Худо) ме­бошад, ҳамчуноне ки Иброҳим (а) омодаи чунин коре нис­бат ба писари худ Исмоил (а) шуд ва шакке нест, ки ин кор мӯҷиби идомаёбии эҳсон ва исор ва нишонаи давомнокии фармонбардорӣ аз аҳкоми исломӣ аст.

    ғ) Фоидаҳои дигари ақиқа яке ин аст, ки навзодро аз ҳамон ибтидои ба дунё омаданаш ба Худо наздик месозад. Илова бар он, чун забҳи гӯсфанд ӯро сабаби аз балоҳо ҳифз шудан ва аз осебҳову фиребҳои шайтон дур гаштани ӯ ме­шавад. Аз ин рӯ, ниҳояти фоидаро аз он мебарад. Ҳамчунин аз ҷиҳати дигар, аз дуъои хайри волидайнаш ва ҳозир наму­данаш дар маносики Ҳаҷ ба василаи падар ва бастани эҳром ва ғайра барои ӯ баҳраманд мегардад…

    д) Шашумин фоидаи ақиқа ин аст, ки навзодро аз қарор доштан дар гарав озод месозад, зеро навзод дар гарави забҳи гӯсфанд мебошад (ба ин маъно, ки агар барои навзод қурбонӣ анҷом нагирад, на ӯ аз осеби шайтон маҳфуз мемонад ва на волидайнаш аз шафоати ӯ бархурдор мегарданд), чунонки Имом Аҳмад гуфтааст: «Дар рӯзи Қиёмат шафоати кӯдак барои волидайнаш вобаста ба забҳи гӯсфанд аст барои ӯ». Ато ибни Абурибоҳ гуфтааст: «Кӯдак дар гарави ақиқа мебошад, ба ин маъно, ки агар волидайнаш барои ӯ ақиқа анҷом надиҳанд, аз шафоати ӯ маҳрум мемонанд».

    Дар ривоят омадааст, ки Худованд забҳи гӯсфандро ва­силаи раҳоии навзод аз осеби шайтон қарор додааст, шай­тоне ки мекӯшад ҳангоми ба дунё омадани кӯдак худро ба ӯ бирасонад, то зарбае ба паҳлӯяш бизанад. Пас, забҳи қурбо­нӣ сабаби аз балоҳову чанголи асорати шайтон раҳоӣ ёфта­ни навзод ва нагузотани шайтон ба даргир шудан бо ӯ ме­гардад, ки дар натиҷа метавонад барои охираташ саъю та­лош намояд.

    Бинобар ин, шайтон дар камини таваллуди навзод нишас­тааст, то ба ӯ зарба бизанад, чун барои Парвардигори ҷаҳони­ён савганд хӯрдааст, ки бо корде, ки барои кӯдак ва ҳамнав­ъо­ни кӯдак омода сохтааст, решаи фарзандони Одам (а)-ро биза­над ва ононро мунҳарифу ҳалок созад, магар иддаи ками аз эшонро. Пас шайтон аз ҳамон лаҳзаҳои аввали таваллуд дар камин истодааст, то ин ки ба маҳзи ба дунё омадани фарзанд худро ба ӯ бирасонад ва ба асорати худ дароварад ва ҷузъи дӯстдорону афроди ҳизби худ қарор диҳад ва дар ин кор бисёр ҳарис мебошад, то ба ин васила бештари навзодонро аз зумраи лашкариёни худ гардонад.

    Чунонки Худованд мефармояд:

    ﴿وَشَارِكۡهُمۡ فِي ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَوۡلَٰدِ ٦٤﴾ [الاسراء: ٦٤]

    «…ва дар амволи онон (бо ташвиқу таҳрикашон барои касби он аз ҳаром ва сарфи он дар ҳаром) ва дар авлоди эшон (фиреб кардани авлиё ва раҳнамоии фарзандонашон ба куфру фасод дар асари тарбияи нодурусташон) ширкат биҷӯй…».[33]

    Ва мефармояд:

    ﴿وَلَقَدۡ صَدَّقَ عَلَيۡهِمۡ إِبۡلِيسُ ظَنَّهُۥ فَٱتَّبَعُوهُ إِلَّا فَرِيقٗا مِّنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٢٠﴾ [سبا: ٢٠]

    «Ва ба дурустӣ ки Шайтон дар ҳаққи онҳо андешаи худро рост ёфт. Пас, онҳо ба ҷуз гурӯҳи андаке аз мӯъми­нон, ба ӯ пайравӣ карданд».[34]

    Бинобар ин, чун навзод дар гарав мебошад, Худованд барои волидайн машрӯъ сохтааст, ки ба василаи забҳи гӯс­фанд ӯро аз гаравгонӣ раҳо созанд ва онро фидои фарзанди худ намоянд. Бинобар ин, дар сурати забҳ накардани гӯс­фанд, мусалламан ҳамчунон дар гарав мемонад.

    Чаро барои маросими ақиқа ва номгузории навзод рӯзи ҳафтум ихтисос дода шудааст?

    Устод Деҳлавӣ дар бораи ҳикмати ихтисос додани рӯзи ҳафтум ба баргузории ин маросим чунин ҷавоб додааст: «Ҳикмати ҳафт рӯз ба таъхир андохтани маросими ақиқа ба ин хотир аст, ки хонаводаи навзод дар ин фосила ба ислоҳу парастории модар ва назорати навзод машғул мебошанд. Аз ин рӯ, шариати Ислом намехоҳад, ки машғулияти ононро зи­ёд кунад ва кору заҳмати бештарро ба ӯҳдаи эшон гузорад. Илова бар он, чӣ басо иттифоқ меафтад, ки оғози ин маро­сим ва таҳияи чорво барои забҳ дар рӯзи аввал муяссар наша­вад. Пас агар чунин маросиме дар рӯзи аввали вилодат баргу­зор мешуд, ба таври қатъӣ барои онон душвор ва шояд ғайри мумкин мебуд. Аммо ҳафт рӯз муддати замони муносибе аст барои омода шудан ба ин маросим. Аммо дурӣҷустан аз азия­ту парҳез аз заҳмат, ҳамчунонки гуфта шуд, ба ин хотир аст, ки ин маросим шабеҳ ба маросими ҳоҷиён дар айёми Ҳаҷ мебошад. Ҳамчунин ихтисоси номгузории навзод ба рӯзи ҳаф­тум ба ин хотир аст, ки кӯдак қабл аз рӯзи ҳафтум ниёзе ба номгузорӣ надорад».[35]

    4. Хатнаи навзод

    а) Маънои луғавӣ ва истилоҳии хатна: Хитон дар луғат буридани пӯсти мавҷуд бар сари олати таносулии навзод аст.

    Дар истилоҳи шаръ, қисмати мудаввар ва ҳалқае, ки по­ёни сари олати таносулии навзод қарор дорад ва сари олат дар он фурӯ меравад, маҳалли буридан мебошад ва ин ҳа­мон маҳалле аст, ки иҷрои аҳкоми шаръӣ ба он тааллуқ ме­гирад, чунонки Пайғамбари акрам (с) мефармоянд:

    «Ҳар гоҳ (дар вақти омезиш маҳалли) ду хитони мард ва зан ба ҳам бирасад (хоҳ инзол сурат гирад ва ё нагирад) ғусл бар ҳар ду воҷиб мешавад».[36]

    б) Ҳадисҳои воридшуда бар машрӯъияти хатна

    Дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: «(Воридшудаҳои зер) ҷузъи фитрати (пайғамбарон) буда­аст: … хатнаи кӯдакон».[37]

    Дар Саҳеҳайн омадааст: «Панҷ чиз фитрат ва равиши (пайғамбарон) мебошад: хатнаи кӯдакон…».[38]

    Бинобар ин, дармеёбем, ки Ислом бар хатнаи писар та­ваҷҷӯҳ намуда, онро мавриди таъкид қарор додааст ва ин кор баъд аз рӯзи ҳафтум анҷом мегирад. Он ҳам ба далели ривоя­те аст, ки Байҳақӣ аз Ҷобир нақл намуда, ки Расули Худо (с) барои таваллуди Ҳасану Ҳусейн гӯсфанд забҳ кард ва баъд аз гузашти ҳафт рӯз низ он дуро хатна кард. Ибни Ҷазйӣ гуф­тааст: «Хатна дар рӯзи вилодат ва дар рӯзи ҳафтум макрӯҳ мебошад, зеро ки ин ду рӯз махсуси яҳуд мебошад».

    в) Аввалин касе, ки хатна гардид: Бинобар ривояте ҳаз­рати Иброҳим (а) аввалин касе буд, ки хатна шуд ва он ҳан­гом синнаш ба ҳаштодсолагӣ расида буд.[39]

    Дар ривояти дигар омадааст: «Ҳазрати Иброҳим (а) ав­валин касе буд, ки меҳмондориро расм ниҳод ва ӯ нахустин касест, ки шалвор пӯшид ва аввалин фарде буд, ки хатна шуд ва баъд аз ӯ хатна кардан дар миёни пайғамбарону пайравони онон идома пайдо кард, то замоне, ки ҳазрати Муҳаммад (с) мабъус гардид». Бинобар ин, хатна суннат ва равиши пай­ғамбарону расулон мебошад, ки ҷомеаи башарият низ аз эшон пайравӣ мекунад, то ин ки аз натиҷаи мусбати тиббӣ ва беҳдоштии ин равиши солими инсонӣ бархурдор гардад. Чунонки дар ривоят омадааст: «Расули Худо (с) фармуданд: «Чор чиз аз суннат ва равиши пайғамбарони Худост: хатна, худро муаттар сохтан, мисвок задан ва издивоҷ».[40]

    Дар ривоят омадааст, ки Саъид ибни Ҷубайр (р) гуфта­аст: «Аз Ибни Аббос савол шуд: «Ҳангоме ки Расули Худо (с) фавт карданд, ту чандсола будӣ?» Дар ҷавоб гуфт: «Дар он мавқеъ ман (ба ҳадди булуғ расидаву) хатна шуда будам ва мардон хатна намешуданд то ба ҳадди булуғ мерасиданд».[41]

    Дар ривояти Ҳоким омадааст: «Ибни Аббос ҷавоб дод: «Вақте ки Расули Худо (с) реҳлат намуданд, ман понздаҳ­сола будам ва хатна ҳам шуда будам».[42]

    Барои маросими хатна мардумро ба таом даъват наму­дан мустаҳаб аст.

    Яке аз аломатҳои таъкиди Ислом бар амали хатна ин аст, ки агар марди хатнанашудае ба Ислом гаравид, воҷиб аст, илова бар ғусл намуданаш хатна ҳам бишавад. Чунонки ривоят шудааст: «Марде назди Расули Худо (с) омада гуфт: «Мусалмон шудам». Расули Худо (с) фармуданд: «Мӯи куфр­ро аз худ бардор ва битарош ва хатна кун».[43]

    Дар ривояти дигар омадааст: «Расули Худо (с) фарму­данд: «Касе, ки мусалмон шавад, бояд хатна гардад, агарчи бузургсол ва пир бошад».[44]

    Ҳамчунин нишонаи ба амри хатна аҳамияти зиёд дода­ни Ислом ин аст, ки ҳар шахсе хатна нашуда бошад, на­мо­заш қабул нест. Чунончи ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Касе, ки хатна нашудааст, намозаш қабул на­мешавад ва аз гӯшти қурбонии ӯ низ хӯрда намешавад».[45]

    Яке аз аломатҳои дигари таваҷҷӯҳи бештар додан ба амри хатна таъбире аст, ки Ибни Қутайба (р) дар ин ояти қуръонӣ кардааст: «Сибғаталлоҳи ва ман аҳсану миналлоҳи сибғаҳ».[46]

    Ибни Қутайба гуфтааст: Мурод аз сибға дар ин оят хат­накунӣ аст ва Худованд онро ба сибға ном бурдааст, чун на­соро навзодони худро дар оби махсусе, ки онро «маъмудия» мегуфтанд, фурӯ мебурданд, ғусл медоданд ва мегуфтанд ин амал мояи пок шудан ва насронӣ гардидани кӯдакон мебошад, ҳамчунонки хатнаи навзод аломати пок шудани кӯдакони пайрави дини ҳанифи Иброҳим мебошад. Бинобар ин, мурод аз сибға ин аст, ки дар пок намудани фарзандони худ аз равиши дини Иброҳим пайравӣ кунед, на аз равиши ғусли таъмиди насоро.[47]

    г) Лозим ба ёдоварӣ аст

    Яке аз нукоти фиқҳӣ, ки дар бораи хатна баён шуда, ин аст, ки Хаттобӣ мегӯяд: «Агарчи хатнакунӣ дар ҷумлаи соири суннатҳо зикр шудааст, аммо бояд донист, ки назди бешта­ри уламои фиқҳӣ хатнаи мардон воҷиб мебошад, зеро хатна дарвоқеъ як амалу нишонаи динӣ аст, ки ба василаи он афроди мусалмон дар миёни афроди ғайримусалмон шиносоиву му­шаххас мешаванд. Ба ин маъно, ки ҳар гоҳ дар миёни ҷамоати кушташуда афроде ёфт шаванд, ки хатна шудаанд, нишон медиҳад, ки онон афроди мусалмон мебошанд ва бояд дар гӯ­ристони мусалмонон ва бо шароиту маросими хосси исломӣ дафн гарданд.

    [1]. Абулмасеҳ ва Абулмалоика мегуфтанд.

    [2]. Сураи Аъроф, 7: 180.

    [3]. Сураи Исро, 17: 110.

    [4]. Ба ривояти Абуяъло дар «Муснад» бо санади саҳеҳ аз Муҳаммад ибни Ҳанафия, ба ривояти Абудовуд ва Тирмизӣ, Ибни Саъд дар «Ат-Табақот» ва Ҳоким дар «Мустадрак».

    [5]. Ба ривояти Абудовуд ва Насоӣ аз Абуваҳби Ҷушамӣ

    [6]. Ба ривояти Абудовуд аз Абудардо бо санаде, ки дар он инқитоъ аст.

    [7]. Ба ривояти Муслим, Абудовуд ва Тирмизӣ.

    [8]. Ба ривояти Табаронӣ аз Абубасра ба таври марфӯъ..

    [9]. Нақл аз «Ал-Манҳалу-л-латиф фӣ усули-л-ҳадис, таълифи Муҳаммад ибни Алавии Моликии Ҳасанӣ.. – С. 194.

    [10]. Ба ривояти Муслим ва Абудовуд.

    [11]. Ба ривояти Муслим.

    [12]. Ба ривояти Муслим.

    [13]. Ба ривояти Муслим аз Муғира ибни Шӯъба ва ба ривояти Аҳмад, Тирмизӣ ва Насоӣ.

    [14]. Барои огоҳии бештар ба китоби Тарбияту-н-нашъи фӣ зилли-л-Ислом (Маҳмуд Муҳаммад Аммора). – С. 124 метавон муроҷиат намуд.

    [15]. Ба ривояти Абудовуд ва Насоӣ.

    [16]. Сураи Раъд, 13: 41.

    [17]. Нақл аз китоби Тайсиру-л-азизи-л-ҳамид фи шарҳи китоби-т-тавҳид (Сулаймон ибни Абдуллоҳ). – С. 615.

    [18]. Ба ривояти Муслим.

    [19]. Ба ривояти Муслим.

    [20]. Ба ривояти Тирмизӣ.

    [21]. Силсилаи аҳодиси саҳеҳа, 207.

    [22]. Осия (ба сод) муаннаси осӣ ба маънои гунаҳкор, маъсияткор ва саркаш аст.

    [23]. Ба ривояти Имом Молик.

    [24]. Ба ривояти Имом Аҳмад, Тирмизӣ, Абудовуд ва Насоӣ.

    [25]. Ба ривояти Асҳоби Сунан аз Самура.

    [26]. Ба ривояти Аҳмад аз Асмо духтари Язид ба таври марфӯъ.

    [27]. Ба ривояти Табаронӣ аз Ибни Аббос ба таври марфӯъ.

    [28]. Ба ривояти Байҳақӣ, Табаронӣ ва Зиё аз Бурайда ба таври марфӯъ.

    [29]. Нақл аз китоби Муваттаъ, боби ақиқа.

    [30]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак».

    [31]. Сураи Бақара, 2: 138.

    [32]. Мафҳуми ду ояти 106 ва 107-уми сураи Соффот».

    [33]. Сураи Исро, 17: 64.

    [34]. Сураи Сабаъ, 34: 20.

    [35]. Нақл аз китоби Ҳуҷҷатуллоҳи-л-болиға».

    [36]. Ба ривояти Имом Аҳмад, Тирмизӣ ва Насоӣ.

    [37]. Ба ривояти имом Аҳмад дар «Муснад»-аш аз ҳадиси Аммор ибни Ёсир (р).

    [38]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.

    [39]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим аз Абуҳурайра (р).

    [40]. Ба ривояти Тирмизӣ ва Имом Аҳмад аз Абуайюб (р).

    [41]. Ба ривояти Бухорӣ аз Саъид ибни Ҷубайр (р).

    [42]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак». – Ҷ.3.. – С. 534.

    [43]. Ба ривояти Аҳмад ва Абудовуд аз Атим ибни Кулайб аз падараш аз бобояш.

    [44]. Ба ривояти Ҳарб дар «ал-Масоил» аз Зӯҳрӣ.

    [45]. Ба ривояти Вакеъ аз Солим аз Амр ибни Ҳарам аз Ҷобир аз Язид аз Ибни Аббос.

    [46]. Сураи Бақара, 2: 138.

    [47]. Таъвили Мушкилул-Қуръон. – С. 149.