Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми чаҳордаҳум: Дар бораи корҳое, ки дар вақти ба дунё омадани навзод анҷом дода мешавад
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми чаҳордаҳум: Дар бораи корҳое, ки дар вақти ба дунё омадани навзод анҷом дода мешавад
سلسلة تربية الأولاد, القسم الرابع عشر: عن الأعمال التي تقام بها عند ولادة الطفل
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми чаҳордаҳум: Дар бораи корҳое, ки дар вақти ба дунё омадани навзод анҷом дода мешавад
1 . Додани закоти фитр: Ба ин маъно, кӣ агар навзод пеш аз ғуруби охирин рӯзи моҳи Рамазон таваллуд шуд, бояд закоти фитри ӯ дода шавад ва бо хости Худованд дар фасли сеюм дар ин бора баҳс хоҳем кард.
2 .Мерос бурдан: Ба ин сурат, кӣ агар кӯдак зинда таваллуд шуд, мерос мебарад ва агар мурда ба дунё омад, мерос намебарад. Чунонки аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расули акрам (с) фармуданд:
«Агар навзод зинда таваллуд шуд (ба гунае ки) садои гиря баланд кунад, мерос мебарад».[1]
Аз Саъид ибни Мусайяб аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) ва Мисвар ибни Махрама (р) ривоят шуда, ки гуфтаанд: Расули Худо (с) ҳукм намуда, ки:
«Навзод мерос намебарад, магар ин ки ҳангоми таваллуд садо баланд кунад ва садо баланд карданаш хоҳ ба сурати фарёд кашидан ё атса задан бошад ва ё ба сурати гиря кардан».[2]
Дар шарҳи «ас-Суннат» омадааст: «Агар шахсе фавт карду вориси ӯ дар раҳми модар буд ва ҳанӯз таваллуд нашуда бошад, мероси ӯ мутаваққиф мегардад, то таваллуд шавад. Пас агар навзод зинда ба дунё омад, мерос мебарад ва агар мурда ба дунё омад, мерос намебарад, балкӣ мерос барои ҳамаи ворисони дараҷаи аввал мебошад. Аммо агар навзод зинда ба дунё омад, ба гунае, ки аломатҳои ҳаёт аз қабили атса задан ё нафаскашӣ ва ё ҳар гуна ҳаракати далолат бар вуҷуди ҳаёт дошту сипас мурд, мерос мебарад. Хоҳ садо баланд кунад ё бо садои баланд гиря кунад ва ё накунад».[3]
Табрику таҳният гуфтан ба муносибати
таваллуди навзод
Коре, ки ҳангоми таваллуди навзод мустаҳаб аст анҷом гирад, гуфтани табрику таҳният аст ба волидайнаш, зеро дар ҷомеаи исломӣ бо доштани вижагии ҳамдилӣ ва ҳамзистии иҷтимоӣ нисбат ба ҳам, пайваста дар муносибатҳои гуногун ва дар маросими фараҳбахш ва ё ғамангези якдигар фаъолона ширкат ва эъломи ҳамбастагӣ ва ҳамдардӣ менамоянд. Ба ин васила робитаҳои бародарии исломӣ ва бунёди иҷтимоии худро устувор ва нерӯманд месозанд. Яке аз ин гуна маросим ба дунё омадани тифли нав ва табрику таҳният гуфтан ба падару модари ин навзод аст.
Бинобар ин, ҷомеаи исломӣ ба сабаби пайвастани як навзоди нав ба афроди эшон шоду масрур мегарданд. Ба пайравӣ аз мужда додан ва таҳният гуфтани фариштагон ба Пайғамбарони бузургвор барои табрик гуфтан ба муносибати ба дунё омадани навзоди нав назди волидайнаш мераванд ва дар шодиву сурури онон шарик мешаванд. Худованд мефармояд:
﴿فَنَادَتۡهُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَهُوَ قَآئِمٞ يُصَلِّي فِي ٱلۡمِحۡرَابِ أَنَّ ٱللَّهَ يُبَشِّرُكَ بِيَحۡيَىٰ مُصَدِّقَۢا بِكَلِمَةٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَسَيِّدٗا وَحَصُورٗا وَنَبِيّٗا مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ ٣٩﴾ [ال عمران: ٣٩]
«Ва (дар ҳоле ки) вай дар ибодатгоҳ истода буд ва намоз мегузорид, фариштагон ӯро нидо карданд: «Худо туро ба Яҳё башорат медиҳад, ки тасдиқкунандаи калимаи Худо[4] (Исо) ва пешво ва барканор аз ҳавасҳо ва пайғамбаре аз накӯкорон аст».[5]
Ва мефармояд:
﴿يَٰزَكَرِيَّآ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَٰمٍ ٱسۡمُهُۥ يَحۡيَىٰ لَمۡ نَجۡعَل لَّهُۥ مِن قَبۡلُ سَمِيّٗا ٧﴾ [مريم: ٧]
«(Гуфтем): «Эй Закарийё! Ҳамоно Мо туро ба тифле башорат медиҳем, ки номи ӯ Яҳё аст ва пеш аз ин касеро ҳамном ӯ накардаем».[6]
Амре аст возеҳ ва равшан, ки шитоб дар расонидани муждаи таваллуди навзод ба волидайнаш ва таҳният гуфтан ба онон ҳам мӯҷиби фузунии шодиву сурур ва равшании чашму дили онон мегардад ва ҳам аз ҷумлаи масоиле аст, ки пайванди афроди ҷомеаи исломиро нисбат ба якдигар маҳкаму устувор месозад.
Гуфтани азон дар гӯши навзод
ва фалсафаи он
Амали чорум, дар гӯши рост навзод азон ва дар гӯши чапаш иқома гуфтан мебошад, зеро дар ривояте омадааст:
«Ҳангоме ки Ҳасан ибни Алӣ (р) таваллуд шуд, Расули Худо (с) дар гӯши ӯ азон гуфтанд».[7]
Ҳикмати азон гуфтан дар гӯши навзод он тавре, ки Деҳлавӣ гуфтааст, ба ин хотир мебошад:
а) Азон яке аз шиорҳои Ислом аст.
б) Гуфтани азон нишонаи эъломи дини Муҳаммад (с) аст.
в) Бояд садои азон бевосита ва ба таври хос дар гӯши навзод гуфта шавад.
г) Машҳур аст, ки дар оғози рушду нумӯи кӯдак шайтон ба ӯ азияту озор мерасонад, аммо бо гуфтани азон дар гӯши ӯ шайтон аз вай мегурезад ва ҳатто омадааст, ки гиря кардану фарёд кашидани навзод ҳангоми таваллуд бар асари азият расонидани шайтон ба ӯ мебошад.[8]
Чунончи дар ривоят омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
Аз фарзанди Одам ҳар касе таваллуд мешавад, ҳангоми ба дунё омаданаш шайтон ба паҳлӯи ӯ зарба мезанад, пас навзод бар асари ин зарба бо садои баланд гиря мекунад, ба ҷуз Марям ва писараш (Исо)».[9]
Сипас Абуҳурайра (р) мегӯяд: «Агар хоҳед ин оятро ҳангоми таваллуди навзод бихонед:
﴿وَإِنِّيٓ أُعِيذُهَا بِكَ وَذُرِّيَّتَهَا مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ ٱلرَّجِيمِ ٣٦﴾ [ال عمران: ٣٦]
«…ва ман ӯ ва фарзандашро аз шайтони раҷим ба Ту паноҳ медиҳам».[10]
д) Ибни Қайим мегӯяд: «Гуфтани азон дар гӯши навзод дорои ҳикматҳои дигаре низ мебошанд, аз он ҷумла, аввалин калимоте, ки барои нахустин бор ба гӯши инсони навзод бархӯрд мекунанд, калимоте ҳастанд, ки шомили кибриёиву азамати Парвардигор ва дарбардорандаи шаҳодате ҳастанд, ки ба василаи онҳо навзод дохили Ислом ва уммати исломӣ мешавад. Ин худ илова бар ин, ки дарвоқеъ афгандани шиори исломӣ аст дар зеҳни кӯдак ҳангоми ба дунё омаданаш ва аз ҷиҳати дигар низ ба манзалаи талқини тавҳид дар гӯшу зеҳни ӯ аст ба вақти хуруҷ аз дунё».
е) Ҷои ҳеҷ гуна дудилагие нест, ки азон гуфтан дар гӯши навзод дар қалбу зеҳни ӯ таъсир мегузорад, агарчи кӯдак аз гар фоидаҳои он бехабар аст ва онҳоро дарк накунад, аз қабили гурехтани шайтон ҳангоми шунидани калимаҳои азон, шайтоне, ки дар камин аст, ҳар гоҳкӯдак ба дунё ояд, талош менамояд, то ба ӯ наздик шавад ва аз ҳамон овони кӯдакӣӯро дучори гумроҳӣ кунад, аммо бо шунидани азон дар аввалин иқдоми худ нокому нотавон мемонад.
ё) Илова бар баёни асрор ва ҳикматҳои боло дар гуфтани азон маънову мафҳуми дигаре ҳаст ва он ин аст, ки гуфтани азон ба ин хотир аст, то ин ки даъвати ӯ ба сӯи Худо, дини Ислом ва ба сӯи ибодату парастиши Худованд бар даъвати шайтон ба сӯи залолату гумроҳӣ пешӣ гирифта бошад. Ҳамон тавре, ки хилқату фитрати навзод, ки Худованд ӯро бар он офаридааст, дар асл ва қабл аз он ки шайтон тағйири ҳолату инҳирофе дар ӯ эҷод кунад, пок будааст.
Бинобар ин, кӯдаки тоза ба дунё омада, чи писар бошад ва чи духтар, дарвоқеъ бахшишу неъмате аст, ки Худованд онро ба бандагони худ ато фармудааст ва ҳар кадом дорои файзу баракати хосси худ мебошад.
Шукргузорӣ дар баробари ин неъмати нав
Аъмоли дигаре, ки мустаҳаб аст, ҳангоми таваллуди навзод анҷом гирад, шукргузорӣ дар баробари неъмати наве аст, ки Худованд ба волидайн ато фармудааст, чунончи аз Анас (р) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармудаанд:
«Худованд неъматеро аз қабили хонавода ва ё фарзанд ба бандае аз бандагони Худ ато фармояд ва банда дар баробари он гӯяд: «Мо шоаллоҳу, ло қуввата илло биллоҳ», ҳеҷ бало ва офатеро ҷуз марг дар он намебинад».[11]
Ширин намудани даҳони навзод
Шашумин амале, ки мустаҳаб аст дар вақти таваллуди навзод анҷом гирад, иборат аст аз молидани шираи хурмои нармшуда ва ё ҳар маводи ширини дигаре ба кому атрофи даҳони навзод, чунонки аз Абумусо (р) ривоят шуда, ки гуфтааст:
«Бароям писаре таваллуд шуд ва ӯро назди Пайғамбар (с) бурдам. Пайғамбар (с) ӯро гирифт ва Иброҳим номида, шираи хурмои нармшудаеро ба даҳонаш молид ва барояш дуои хайру баракат карда, сипас ба ман баргардонид ва ин писари бузургам буд».[12]
Ҳишом ибни Урва аз падараш ривоят намуда, ки Асмо духтари Абӯбакри Сиддиқ (р), ки дар Макка ҳомила ба Абдуллоҳ ибни Зубайр буд, гуфтааст: «Дар ҳоле ки муддати ҳомилагиям дар ҳоли ба поёнрасӣ буд ва замони таваллуд фаро расида буд, аз Макка ба Мадина омадам ва ба маҳзи ин ки вориди Қубо шудам, фарзанд таваллуд кардам, ки Абдуллоҳ ибни Зубайр ба дунё омад. Сипас, навзоди худро бардошта, назди Расули Худо (с) бурдам, он ҳазрат (с) ӯро дар оғӯши худ гирифта, хурмое хостанд ва онро нарм намуда, шираашро дар даҳони навзод гузошт. Ин аввалин чизе буд, ки вориди шиками ӯ шуд. Баъд аз он шарбати хурморо ҳам ба кому атрофи даҳонаш молид ва барояш дуои хайру баракат кард. Абдуллоҳ ибни Зубайр аввалин навзоде буд, ки дар Ислом пас аз ҳиҷрат дар Мадина таваллуд шуд ва мусалмонон бо таваллуди ӯ бисёр хушҳол шуда такбир гуфтанд, зеро ба онон гуфта шуда буд:
«Ҳамоно қавми яҳуд шуморо ҷоду кардаанд, ки барои шумо фарзанде таваллуд нашавад».[13]
Аз Оиша (р) ривоят шуда, ки гуфтааст:
«Пайғамбари акрам (с) кӯдаконеро, ки назди Ӯ меоварданд, бармедоштанд ва барояшон дуои хайр карда, бо шираи хурмо даҳонашонро ширин мекарданд. (Рӯзе) навзодеро назди Расули Худо оварданд ва ӯро бардоштанд, ки навзод низ бар либоси он ҳазрат (с) пешоб кард. Он ҳазрат (с) об хоста, онро рӯи пешоби навзод пошиданд».[14]
Оре, аз ин аҳодис ва ривоятҳо метавон чунин бардошт ва натиҷагирӣ кард:
а) Ширин намудани даҳони навзод ҳангоми таваллуд мустаҳаб мебошад.
б) Дуои хайри аҳли салоҳ ва фазл барои кӯдак амри писандида аст.
в) Бурдани кӯдак назди афроди мутахассис, ботаҷриба ва аҳли фазлу дониш ҷиҳати муоянаву раҳнамоиҳои огоҳонаву хайрхоҳона амри мустаҳаб аст, хоҳ кӯдак дар ҳоли ширхорагӣ бошад ва ё аз шир гирифта шуда ва дусола бошад.
г) Чунин коре мӯҷиби ташвиқ ва барангехтани дигарон барои касби ҳусни ҳамзистӣ ва тавозӯъу шафқат варзидан нисбат ба кӯдакон ва ғайри кӯдакон мегардад…
Тарзи ширинкунии Пайғамбар (с)
даҳони навзодро
Навзодонеро, ки барои ширинкунии даҳони онон назди Расули Худо (с) мебурданд, он ҳазрат (с) хурмоеро нарм карда, сипас шираи онро бар ангушти худ мегузоштанд ва хеле орому оҳиста ангушти худро бар кому атрофи даҳони навзод мемолиданд. Навзод низ онро паёпай мемакиду забони худро ба даҳон ва атрофи даҳони худ ҳаракат медод, чунончи аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Вақте ки Уммисулайм писареро ба дунё овард, ӯро бардошт ва бо ҳам назди Расули Худо (с) бурдем ва миқдоре хурмо ҳам бо худ овардем. Ҳангоме, ки ба хидмати он ҳазрат (с) расидем, Ӯ машғули нигоҳубини шутури худ буд. Навзодро гирифта, фармуданд: «Оё хурмое ҳамроҳи худ дорӣ?». Гуфт: «Оре». Он ҳазрат (с) хурмоҳоро гирифта, яке аз онҳоро комилан нарм намуданд, сипас шираи онро бо ангушт ба оромӣ дар даҳони навзод ниҳоданд ва бисёр оҳиставу бодиққат ба қисматҳои мухталифи даҳони ӯ молиданд. Навзод низ шурӯъ ба макидан кард ва забонро пай дар пай ба даҳону лабҳои худ мемолид. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Хурмо назди Ансор дӯстдоштанӣ аст». Сипас исми кӯдакро «Абдуллоҳ» номид ва баъдан дар миёни Ансор ҷавоне ба монанди Абдуллоҳ фозил кам буд.[15]
[1]. Ба ривояти Абудовуд.
[2]. Ба ривояти Аҳмад ибни Ҳанбал дар ривояти писараш Абдуллоҳ ва Ибни Ҳиббон онро саҳеҳ донистааст. Ба силсилаи аҳодиси саҳеҳа шумораи 152 муроҷиат шавад.
[3]. «ал-Мунтақо мин ахбори-л-Мустафо, таълифи Ибни Таймия, таҳқиқи Муҳаммад Ҳомиди Алфақӣ. – Ҷ. 2.. – С. 467.
[4]. Яъне: Исоро бовар дорад.
[5]. Сураи Оли Имрон, 3: 39.
[6]. Сураи Марям, 19: 7.
[7]. Ба ривояти Имом Аҳмад, Абудовуд ва Тирмизӣ.
[8]. Нақл аз китоби Ҳуҷҷатуллоҳи-л-болиға (Деҳлавӣ).
[9]. Ба ривояти Шайхайн аз Абуҳурайра (р).
[10]. Сураи Оли Имрон, 3: 36.
[11]. Ба ривояти Ҳофиз Абуяълои Мавсилӣ дар «Муснад» аз Анас (р).
[12]. Ба ривояти Шайхайн.
[13]. Ба ривояти Бухорӣ.
[14]. Ба ривояти Муслим.
[15]. Ба ривояти Аҳмад дар «Муснад».