Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сенздаҳум: Пешгуфторе дар бораи душвории вилодат
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сенздаҳум: Пешгуфторе дар бораи душвории вилодат
سلسلة تربية الأولاد, القسم الثالث عشر: مقدمة عن الصعوبات الولادة
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми сенздаҳум: Пешгуфторе дар бораи душвории вилодат
Табиист, ки вилодати кӯдак дарду машаққати ҷисмӣ ва рӯҳии хоссе дорад. Дарвоқеъ, лаҳзаи хуруҷи навзод барои зану мард яке аз лаҳзаҳои ҳассос ва мушкиле аст, ки бояд ба он таваҷҷӯҳи хоссае шавад. Қуръони карим ҳолат ва вазъияти Марям (а)-ро дар чунин лаҳзаҳое тасвир намуда, мефармояд:
﴿فَحَمَلَتۡهُ فَٱنتَبَذَتۡ بِهِۦ مَكَانٗا قَصِيّٗا ٢٢ فَأَجَآءَهَا ٱلۡمَخَاضُ إِلَىٰ جِذۡعِ ٱلنَّخۡلَةِ قَالَتۡ يَٰلَيۡتَنِي مِتُّ قَبۡلَ هَٰذَا وَكُنتُ نَسۡيٗا مَّنسِيّٗا ٢٣﴾ [مريم: ٢٢، ٢٣]
«Пас (машияти Худованд таҳаққуқ ёфт ва Марям) ба он бордор шуд ва бо ҷанини (худ Исо) дар макони дурдасте узлат гузид. Пас, дарди вилодат ӯро ба сӯи танаи дарахти хурмое овард. (Марям) гуфт: «Эй кош, пеш аз ин мемурдам ва чизи фаромӯшшудае будам!».[1]
Аз ҷумла масоил ва матолибе, ки мустаҳаб аст дар аснои вазъи ҳамл гуфта шавад, ҳамон матлабе аст, ки Расули Худо (с) ҳангоми таваллуди Фотима (р) баён фармуданд. Чунонки Ибни Санӣ бо санади заъиф ривоят намудааст: «Вақте ки таваллуди Фотима наздик шуд, Расули Худо (с) ба Уммисалама ва Зайнаб духтари Ҷаҳш дастур доданд, ки биёянд, то ҳам «Ояталкурсӣ» ва ҳам ояти зерро бихонанд».
﴿إِنَّ رَبَّكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ يُغۡشِي ٱلَّيۡلَ ٱلنَّهَارَ يَطۡلُبُهُۥ حَثِيثٗا وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ وَٱلنُّجُومَ مُسَخَّرَٰتِۢ بِأَمۡرِهِۦٓۗ أَلَا لَهُ ٱلۡخَلۡقُ وَٱلۡأَمۡرُۗ تَبَارَكَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٥٤﴾ [الاعراف: ٥٣]
«Ба дурустӣ, Парвардигори шумо Он Худой аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид, сипас ба идораи ҷаҳони ҳастӣ пардохт. Ва бо (пардаи торики) шаб рӯзро мепӯшонад ва шаб шитобон ба дунболи рӯз равон аст. Ва офтобу моҳу ситорагонро офаридааст, ки ҳама мутеъи фармони Ӯянд. Огоҳ бошед, танҳо Худованд аст, ки меофаринад ва фармон медиҳад. Ва фақат Ӯст бузургвор ва ҷовидон ва Парвардигори ҷаҳониён».[2]
Ҳамчунин ин оятро хонданд:
﴿إِنَّ رَبَّكُمُ ٱللَّهُ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَۖ مَا مِن شَفِيعٍ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ إِذۡنِهِۦۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمۡ فَٱعۡبُدُوهُۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ ٣﴾ [يونس : ٣]
«Ҳамоно Парвардигори шумо Худованде аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид, сипас ба идораи ҷаҳони ҳастӣ пардохт, зимоми идораи ҷаҳони ҳастӣ ба дасти Ӯ аст, касе наметавонад, ки восита шавад, магар баъди дастурии Вай. Ин аст Худо – Парвардигори шумо. Пас, (фақат) Ӯро бипарастед. Оё панду ибрат намегиред?».[3]
Баъди оятҳои боло ду сураи: «Қул аъузу бирабби-л-фалақ» ва «Қул аъузу бирабби-н-нос»-ро хонданд.
Табиист, ки зан дар соатҳои таваллудкунӣ ва лаҳзаҳои душвори асабӣ ниёзманд аст ба ин ки ба ӯ таваҷҷӯҳ ва нигаҳбонии комил карда шавад ва бо ихлоси қалбу садоқати амал барои осон шудани вазъи ҳамл ва беҳбудиву саломатии ӯ дуои хайр шавад ва бояд васоили асбоби оромиш ва осоиши ӯро фароҳам намуд.
Ибни Зафари Маккӣ мегӯяд: Омадааст, ки модари Абусарӣ Мансур ибни Аммор ҳангоми таваллуди фарзанд дучори дарди шадиде шуд ва момодояаш низ дар канори ӯ буд. Дар ин асно модар ба Мансур, ки кӯдаки хурдсол буд, гуфт: «Эй Мансур, бирав, ба падарат бигӯ, биёяд, кӯмак кунад!» Мансур гуфт: «Нахуст аз Худои ғолибу тавоно кӯмаку ёрӣ биҷӯй ва аз Ӯ талаби коҳиши дард ва зудтар таваллуд кардан бинамо!» Модараш гуфт: «Дорам аз шиддати дард мемирам». Мансур гуфт: «Бигӯ! Худоё, ба додам бирас ва маро аз ин дарду нороҳатӣ бираҳон!» Модараш чун онро гуфт, дарҳол кӯдак таваллуд шуд.[4]
Мавзӯъ рӯшан аст, ки риоя ва инояти Худованд барои инсон пайваста давом дошта, як лаҳза лутфу раҳмати Ӯ аз инсон ҷудо намегардад ва таваҷҷӯҳу осонгирии Ӯ нисбат ба бандагони Худ аз ҳамон лаҳзаҳои нахустин ошкор мебошад ва ин чизе аст, ки ояти шарифаи зер ба он ишора кардааст: «Сипас роҳ (шинохти хубӣ ва бадӣ)-ро барои ӯ осон кунад (то роҳи ҳидоятро дар пеш гирад ва роҳи залолатро тарк гӯяд)».[5]
Бинобар ин, кӯдак аз муҳити тангу торики батни модараш берун меояд, даврони зиндагии ҷанинӣ поён меёбад, зиндагии кӯдакӣ шурӯъ мешавад ва аз ҳамон лаҳза низ ҳуқуқи ӯ бар валӣ ва сарпарасти кӯдак оғоз мегардад.