×
Фатвои олимон дар бораи васваса дар таҳорат.

    Васваса дар вузуъ ва таҳорат

    الوسوسة في الوضوء

    < الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >

    Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    إعداد: محمد عزيز رجب

    —™

    Васваса дар вузуъ ва таҳорат

    Имом АбдулАзиз Ибни Боз (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд:

    “Баъд аз вузуъ гирифтан (таҳорат кардан) эҳсос мекунам, ки қатраҳое аз бавл (пешоб) хориҷ мешавад. Пас оё бар ман воҷиб аст, ки дубора вузуъ бигирам?

    Ин ҳам ногуфта намонад, ҳар бор ки такроран вузуъ мегирам, ҳамин эҳсос боз пайдо мешавад, чӣ кор кунам?".

    Посух дод:

    “Ин гуна эҳсос баъди вузуъ гирифтан аз васвасаи шайтон ҳисоб мешавад, пас зарурату лозиме надорад, ки такроран вузуъ бигирад. Балки ҳукми шариъат дар ҳаққи ӯ ин аст, ки аз ин гуна эҳсос парвое накунад, ва вузуъи худро саҳеҳ ҳисоб намояд. Зеро ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод)-ро дар мавриди инсоне суол карданд, ки дар намоз чизе эҳсос мекунад, гуфт:

    (لا ينصرف حتى يسمع صوتاً أو يجد ريحا)

    “Аз намоз хориҷ нашавад, то он даме ки садое нашнавад ё ки бӯе эҳсос накунад". (Муттафақанд бар сиҳҳати ин ҳадис).

    Ва зеро инки шайтон ҳарис аст барои фосид кардани ибодатҳои бандаи мусалмон, аз ҷумлаи намозу вузуъ ва ғайра. Пас воҷиб аст, ки бо ӯ биҷангад ва таслими васвасаҳои ӯ машавад. Ҳамроҳ бо паноҳ бурдан ба Аллоҳ таъоло аз найрангҳо ва васвасаҳои ӯ".

    (Фатовои Имом АбдулАзиз ибни Боз, 10/124).

    Ва шайх Муҳаммад Солеҳ Мунаҷҷид мегӯяд:

    “Ва зарур нест, ки муддате дар ҳаммом (ҳоҷатхона) мунтазир бишавӣ, токи чизе (аз пешоб) хориҷ шавад, ва ҳамчунин зарур нест, ки роҳ биравӣ, ё ки ҷаҳидан ё ки фишор додан. Ҳамаи инҳо аз талбиси иблис мебошад. Бо чунин чизҳо мардумро вас-васа мекунад, токи онҳоро аз ибодот мунсариф кунад ва боздорад, ва дар қалби эшон ғаму андуҳро андозад. Пас барҳазар бош, аз ин ки васвасаи ӯро қабул кунӣ!

    Ва танҳо ончӣ ки бар ту лозим аст, ин аст, ки пешоб намоӣ ва сипас истинҷо созӣ, ва сипас ба изор ва фарҷи худ каме об бипошӣ, токи найранги шайтонро радд намоӣ ва аз васвасаи ӯ раҳо шавӣ.

    Ва пешоб табиъатан худ бозмеистад, ҳаргоҳ ки инсон аз пешоб кардан фориғ шавад. Ва агар инсон мунтазири он биистад, ки чизе ҷадид хориҷ нашавад, ё ки онро фишор диҳад, пас тамом нахоҳад шуд, зеро ҳар қадар ки фишор диҳад, нузули пешоб идома хоҳад ёфт!".

    Шайхул Ислом ибни Таймияро дар мавриди истинҷо суол карданд, ки:

    “Оё ниёз (ҳоҷат) аст, ки мард баъди пешоб кардан бархезад ва роҳ равад ва бо санг ва ғайраҳо истиҷмор намудаву сурфа кунад, пас аз ҳар лаҳзае дар рафту омадаш, ба гумони инки чизе аз ӯ хориҷ шудааст?

    Оё салаф (Аллоҳ аз эшон розӣ бувад) чунин коре мекарданд?

    Ё ки бидъат аст, ё ки мубоҳ аст?".

    Дар посух гуфта:

    “Алҳамду лиллоҳ!

    Сурфа кардан баъди бавл, ва роҳ рафтан, ва ба нардбон боло рафтан, ва ба ресмон овеза шудан, ва … ва ғайраҳо, ин ҳама бидъат ҳасту назди аиммаи муслимин на воҷиб мебошаду на мустаҳабб, балки “натр" (яъне кашидан ва фишор овардан) низ бидъат аст, алас-саҳиҳ.

    Ин ҳамаро Паёмбар дастур надодааст, ва пешоб табиатан хориҷ мешавад, ва ҳар гоҳ ки фориғ шуд, табиатан боз меистад. Чӣ тавре ки мегӯянд: Мисли пистон аст, ки агар таркаш намоӣ (ба ҳоли худаш гузоштӣ) қарор мегирад ва меоромад, ва агар душидӣ саршор мешавад ва меояд.

    Ва ҳар боре ки инсон фарҷи худро бикшояд, ҳатман чизе хориҷ мешавад, ва агар таркаш кунад, чизе хориҷ намешавад. Гоҳо ба назараш меояд, ки чизе хориҷ шудааст, ва ин васвос аст, ва гоҳо сардие эҳсос мекунад, ва гумон мекунад ки чизе хориҷ шудааст…

    Пешоб мутаваққиф ва баста мебошад дар олат ва намечакад, ва ҳар гоҳ ки олати мардӣ ва ё фарҷ ва ё сурохӣ (шояд ҷароҳат дар назар аст), бо санг ё ки ангушт ва ё чизи дигаре фишор дода шавад, пас рутубат хориҷ мешавад, ва чунин кор низ бидъат аст. Ва бо иттифоқи уламо он пешоби маҳбус (мутаваққиф) ба берун кардан ниёз надорад, на бо санг ва на бо ангушт ва на чизе дигар. Балки ҳар қадар ки онро берун кард, ҳатман дигараш меояд, зеро ки он доимо метаровад.

    Ва истиҷмор кофӣ ҳасту ниёз ба шустани олат бо об нест, ва мустаҳабб аст, ки баъди истинҷо ба фарҷи хеш об пошад, ва агар рутубати онро эҳсос кард, мегӯяд: Ин асари ҳамон об аст.

    Ва аммо он касе ки ба саласул-бавл мубтало ҳаст, яъне ки пешобаш беихтиёр ҷорӣ мешавад ва қатъ намегардад, пас чунин инсон ҳофизае (матоъе ва монанди онро) мегирад, то ки пешобро боздорад. Ва агар пешобаш ба миқдори вақти таҳорат ва намоз бозистад, хуб аст, ва илло намозашро хондан мегирад, ҳатто дар ҳоле ки пешобаш ҷорӣ шавад ҳам. Мисли мустаҳоза, ки барои ҳар намозе вузуъ мегирад.

    Валлоҳу аълам".

    (Маҷмуъул-фатово, 21/106-107).

    Саласул-бавл бемориест, ки ғолибан мардони солхӯрда ва пирамардон мубтало мешаванд, вале мутаассифона баъзе аз ҷавонон низ гумон мекунанд, ки чунин беморанд, ва аз сабаби онки аҳкоми таҳоратро намедонанд, ва гирифтори васвасаҳои шайтон мешаванд, дар ибодатҳо ва намози ҷамоъат таъхир мекунанд. Ва ҳатто куллан намозро тарк мекунанд. Ҳамаи ин ба сабаби нодонӣ ва гирифторӣ ба найранги шайтон аст.

    Ибни Ҳаҷари Ҳайсамӣ мегӯяд:

    “Васваса танҳо бар касе ғолиб мешавад, ки ба ҷаҳлу нодонӣ ва беақлӣ гирифтор аст. Ва аммо касе ки аз ҳақиқати илму ақл огоҳ бошад, аз иттибоъи шариъат хориҷ намешавад ва ба бидъат рӯй намеорад…

    Имом Молик дар бораи устодаш Рабиъа мегуфт: Рабиъа дар ду чиз аз тамоми мардум зудтар буд, дар истиброъ ва дар вузуъ гирифтан. Ба дараҷае зуд вузуъ мегирифт, ки агар ба ҷойи ӯ дигар кас мебуд, мегуфтам, ки вузуъ нагирифтааст.

    Ва Ибни Ҳурмуз дар истиброъ ва вузуъ гирифтан сустӣ мекард, ва мегуфт: Мубтало ҳастам, ба ман пайравӣ накунед". (Фатовои фиқҳии кубро, 1/149).

    Бо истифода аз фатовои шайх Солеҳ Мунаҷҷид ва изофот.