Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми даҳум: Кӯдак мавҷуде аст, ки Худованд аз нестӣ ба ҳастӣ овардааст
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми даҳум: Кӯдак мавҷуде аст, ки Худованд аз нестӣ ба ҳастӣ овардааст
سلسلة تربية الأولاد, القسم العاشر: الطفل موجود خلقه الله من العدم
< الطاجيكية >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми даҳум: Кӯдак мавҷуде аст, ки Худованд аз нестӣ ба ҳастӣ овардааст
Баъд аз он, ки амали издивоҷ ва пайванди заношӯӣ анҷом гирифт, марду зан аз Худованд мехоҳанд, ки ба онон насли пок ва фарзанди солеҳу некӯкор ато фармояд. Вақте атои чунин неъмате ба таъхир афтод ва хостаи онон бароварда нашуд, марду зан хостаи худро бо зорию тазаррӯи ҳарчи бештар дар пешгоҳи Ҳақ таъоло такрор мекунанд ва аз ин ҷост, ки инсон оятҳои Қуръонро ба ёд меоварад. Он ҷо ки мефармояд: Муддати замони тӯлонӣ инсон вуҷуд надоштаву Худованд бо иродаву машияти Худ ӯро аз нестӣ ба олами ҳастӣ овардааст. Аз ин рӯ, бар инсон воҷиб мегардад, ки убудият ва бандагии худро барои Худое, ки ӯро аз нестӣ ба арзи ҳастӣ овардааст, бар ҳар чизе муқаддам бишуморад ва бештар ба он таваҷҷӯҳ кунад. Худованд мефармояд:
﴿هَلۡ أَتَىٰ عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ حِينٞ مِّنَ ٱلدَّهۡرِ لَمۡ يَكُن شَيۡٔٗا مَّذۡكُورًا ١﴾ [الانسان: ١]
«Оё (ҷуз ин аст, ки) муддатзамони тӯлоние бар инсон гузашт, ки ӯ чизи қобили зикр ва шоистаи таваҷҷӯҳ набуд».[1]
Хилқати кӯдак
Оятҳои қуръонӣ инсонро водор месозанд ба ин ки дар асли хилқати хеш ва дар маводе, ки аз онҳо таркиб шудааст ба хубӣ биандешад, сипас дар рушду такомули худ диққату тааммул бинамояд, то ин ки ба неъмате, ки Худованд ба ӯ арзонӣ бахшидааст, пай бубарад, то аз ибодату парастиши ӯ худдорӣ нанамояд ва ҳеҷгоҳ такаббуру таъаддӣ наварзад.
﴿فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ مِمَّ خُلِقَ ٥ خُلِقَ مِن مَّآءٖ دَافِقٖ ٦ يَخۡرُجُ مِنۢ بَيۡنِ ٱلصُّلۡبِ وَٱلتَّرَآئِبِ ٧﴾ [الطارق: ٥، ٧]
«Пас, инсон бояд бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст: Аз оби ҷаҳандае офарида шудааст, ки аз миёни устухони пушт [2] ва устухонҳои сина [3] берун меояд».[4]
﴿قُتِلَ ٱلۡإِنسَٰنُ مَآ أَكۡفَرَهُۥ ١٧ مِنۡ أَيِّ شَيۡءٍ خَلَقَهُۥ ١٨ مِن نُّطۡفَةٍ خَلَقَهُۥ فَقَدَّرَهُۥ ١٩﴾ [عبس : ١٧، ١٩]
«Марг бар ин инсон, аҷаб носипос аст! (Андеша намекунад, ки Худо) ӯро аз чӣ чизе офарида аст?! Аз нутфае ночизе ӯро офарид ва мавзун кард».[5]
﴿أَفَرَءَيۡتُم مَّا تُمۡنُونَ ٥٨ ءَأَنتُمۡ تَخۡلُقُونَهُۥٓ أَمۡ نَحۡنُ ٱلۡخَٰلِقُونَ ٥٩﴾ [الواقعة: ٥8، ٥٩]
«Оё дидаед он чиро, ки [ба раҳми занон] мерезед? Оё шумо онро меофаринед ё Мо Офарандаем[6]?».[7]
Ва боз мефармояд:
﴿إِنَّا خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن نُّطۡفَةٍ أَمۡشَاجٖ نَّبۡتَلِيهِ فَجَعَلۡنَٰهُ سَمِيعَۢا بَصِيرًا ٢﴾ [الانسان: ٢]
«Ба дурустӣ ки Мо инсонро аз мании дарҳамомехта[8] офаридем, то ӯро биозмоем ва ӯро шунаво ва бино сохтем».[9]
Нигоҳе ба тасвири ҷанин ва марҳалаҳои
такомули тадриҷии он дар раҳм
Баъд аз ин ки спермаи мард ва тухмаки зан дар раҳм дарҳам омехта шуд ва ҷойгузин гардид, нахустин шакл гирифтани ҷанин шурӯъ мешавад ва Худованд низ муқаддар мефармояд, ки ҷанин музаккар бошад ё муаннас, сипас амали шакл додан ба он ба тадриҷ идома меёбад.
﴿هُوَ ٱلَّذِي يُصَوِّرُكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡحَامِ كَيۡفَ يَشَآءُۚ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ ٦﴾ [ال عمران: ٦]
«Ӯ (Худованд) аст, ки шуморо дар раҳмҳои (модарон) чунонки хоҳад, сурат мебахшад. Ҳеҷ маъбуде нест, ба ҷуз Ӯ – шикастнопазири фарзона».[10]
﴿إِنَّ ٱللَّهَ عِندَهُۥ عِلۡمُ ٱلسَّاعَةِ وَيُنَزِّلُ ٱلۡغَيۡثَ وَيَعۡلَمُ مَا فِي ٱلۡأَرۡحَامِۖ وَمَا تَدۡرِي نَفۡسٞ مَّاذَا تَكۡسِبُ غَدٗاۖ وَمَا تَدۡرِي نَفۡسُۢ بِأَيِّ أَرۡضٖ تَمُوتُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرُۢ ٣٤﴾ [لقمان: ٣٤]
«Бегумон огоҳӣ аз фаро расидани қиёмат назди Худованд аст, ва Ӯст, ки боронро фурӯ мефиристад ва он чиро медонад, ки дар раҳмҳои (модарон) аст. Ва ҳеҷ шахсе намедонад, ки фардо чӣ кор хоҳад кард ва ҳеҷ шахсе намедонад, дар кадом сарзамин хоҳад мурд. Ба ростӣ, Худо донои бохабар аст».[11]
Ва боз мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِن كُنتُمۡ فِي رَيۡبٖ مِّنَ ٱلۡبَعۡثِ فَإِنَّا خَلَقۡنَٰكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ ثُمَّ مِنۡ عَلَقَةٖ ثُمَّ مِن مُّضۡغَةٖ مُّخَلَّقَةٖ وَغَيۡرِ مُخَلَّقَةٖ لِّنُبَيِّنَ لَكُمۡۚ وَنُقِرُّ فِي ٱلۡأَرۡحَامِ مَا نَشَآءُ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى ثُمَّ نُخۡرِجُكُمۡ طِفۡلٗا ثُمَّ لِتَبۡلُغُوٓاْ أَشُدَّكُمۡۖ وَمِنكُم مَّن يُتَوَفَّىٰ وَمِنكُم مَّن يُرَدُّ إِلَىٰٓ أَرۡذَلِ ٱلۡعُمُرِ لِكَيۡلَا يَعۡلَمَ مِنۢ بَعۡدِ عِلۡمٖ شَيۡٔٗاۚ وَتَرَى ٱلۡأَرۡضَ هَامِدَةٗ فَإِذَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡهَا ٱلۡمَآءَ ٱهۡتَزَّتۡ وَرَبَتۡ وَأَنۢبَتَتۡ مِن كُلِّ زَوۡجِۢ بَهِيجٖ ٥﴾ [الحج : ٥]
«Эй мардум, агар дар бораи растохез дар шаккед, пас (бидонаед ки), ба дурустӣ ки Мо шуморо аз хок, сипас аз нутфа, сипас аз хуни баста, сипас аз гӯштпораи суратдода ва ғайри суратдода офаридем, то (инро) барои шумо возеҳ созем ва чизеро, ки хоҳем, то вақти муайян, дар раҳмҳо қарор медиҳем, сипас, шуморо, ки кӯдаке шудаед, берун меорем, сипас (тарбия мекунем), то ба ниҳояти ҷавонии худ бирасед ва аз шумо касе бувад, ки миронда шавад ва аз шумо касе бувад, ки ба бадтарини умр бозгардонида шавад, то чизеро надонад баъд аз он ки медонист. Ва заминро хушкшуда мебинӣ, пас, вақте ки бар он обро фурӯ фиристем, ҷунбиш кунаду биафзояд ва аз ҳар қисм (набототи) равнақдор бирӯёнад».[12]
Ва боз мефармояд:
﴿وَٱللَّهُ خَلَقَكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ ثُمَّ جَعَلَكُمۡ أَزۡوَٰجٗاۚ وَمَا تَحۡمِلُ مِنۡ أُنثَىٰ وَلَا تَضَعُ إِلَّا بِعِلۡمِهِۦۚ وَمَا يُعَمَّرُ مِن مُّعَمَّرٖ وَلَا يُنقَصُ مِنۡ عُمُرِهِۦٓ إِلَّا فِي كِتَٰبٍۚ إِنَّ ذَٰلِكَ عَلَى ٱللَّهِ يَسِيرٞ ١١﴾ [فاطر: ١١]
«Ва Худо шуморо аз хок офарид, сипас аз нутфа, сипас шуморо ҷуфти марду зан гардонид ва ҳеҷ зане дар шикам барнамедорад ва намезояд, магар ба илми Худо ва ҳеҷ дарозумреро зиндагонӣ дода намешавад ва аз умри вай кам карда намешавад, магар он ки дар китоб сабт аст. Ба ростӣ ки ин кор бар Худо осон аст».[13]
Ва боз мефармояд:
﴿يَخۡلُقُكُمۡ فِي بُطُونِ أُمَّهَٰتِكُمۡ خَلۡقٗا مِّنۢ بَعۡدِ خَلۡقٖ فِي ظُلُمَٰتٖ ثَلَٰثٖۚ ٦﴾ [الزمر: ٦]
«… Ӯ шуморо дар шиками модаронатон ба як навъ офаридан баъд аз офаридани дигар, дар торикиҳои сегона[14] меофаринад…».[15]
Дар ин ҷост, ки даврони ҳамл ва инояти Парвардигор нисбат ба ҷанини ҷадид шурӯъ мешавад, аммо худи модари ҳомила мутаҳаммили ранҷу алами шадиде мешавад, ки қаблан бо он мувоҷеҳ нашудааст ва Қуръони карим низ онро чунин баён мекунад:
﴿وَوَصَّيۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ بِوَٰلِدَيۡهِ إِحۡسَٰنًاۖ حَمَلَتۡهُ أُمُّهُۥ كُرۡهٗا وَوَضَعَتۡهُ كُرۡهٗاۖ وَحَمۡلُهُۥ وَفِصَٰلُهُۥ ثَلَٰثُونَ شَهۡرًاۚ ١٥﴾ [الاحقاف: ١٥]
«Мо ба инсон дастур додем, ки ба падару модари худ некӣ кунад, чаро ки модараш ӯро бо ранҷу машаққат ҳамл мекунад ва бо ранҷу машаққат ба дунё меоварад».[16]
Бояд донист камтарин муддати ҳамл шаш моҳ аст, вале «даврони ҳамл ва аз шир бозгирифтани кӯдак сӣ моҳ тӯл мекашад»[17] онгоҳ даврони сахти нигаҳбонӣ ва посухгӯӣ ба нозҳову ниёзҳои кӯдаконаву ҷавонона, сипас замони махориҷи издивоҷ ва таҳияи кору маскан ва ғайра фаро мерасад.
Расули Худо (с), ки гуфтору кирдораш содиқ ва мавриди таъйиди Худову тамоми мусалмонон мебошад, дар як ҳадиси нисбатан тӯлонӣ ба таври куллӣ ва ба сурати ҷомеъ тағйиру дигаргунӣ дар такомули тадриҷӣ ҷанинро дар раҳми модар чунин баён кардааст:
«Асоси хилқат (ва такомули тадриҷии) ҳар яки шумо дар шиками модараш чунин аст: ба муддати чиҳил рӯз ба сурати нутфа мебошад, сипас дар муддати чиҳил рӯз ба сурати як тика хуни баста дармеояд, пас аз он ба муддати ҳамин замон ба сурати як пора гӯшт табдил мешавад ва баъд аз он ба амри Худованд рӯҳ дар он дамида мешавад, сипас дастур дода мешавад, ки чаҳор амр навишта шавад: навиштани миқдори ризқу рӯзияш, муддати умраш дар дунё, мушаххас шудани амалаш дар ҳар коре ва ин ки ӯ хушбахт мебошад ё бадбахт…».[18]
[1]. Сураи Инсон, 76: 1.
[2]. Пушти мард.
[3]. Устухонҳои синаи зан.
[4]. Сураи Ториқ, 86: 5-7.
[5]. Сураи Абаса, 80: 17-19.
[6]. Маниро аз ҳоле ба ҳоле мегардонем, то аз он одамӣ пайдо мешавад.
[7]. Сураи Воқеъа, 56: 58-59.
[8]. Мании якҷояи марду зан.
[9]. Сураи Инсон, 76: 2.
[10]. Сураи Оли Имрон, 3: 6.
[11]. Сураи Луқмон, 31: 34.
[12]. Сураи Ҳаҷ, 22: 5.
[13]. Сураи Фотир, 35: 11.
[14]. Машима ва раҳм ва батн.
[15]. Сураи Зумар, 39: 6.
[16]. Сураи Аҳқоф, 46: 15.
[17]. Давоми сураи Аҳқоф, 46: 15.
[18]. Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р).