Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми ҳафтум: Рақобат ва зӯрозмоии шайтон бо инсон бар сари фарзандон
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми ҳафтум: Рақобат ва зӯрозмоии шайтон бо инсон бар сари фарзандон
سلسلة تربية الأولاد, القسم السابع: الرقابة والمنافسة بين الانسان والشيطان على الأولاد
< الطاجيكية >
Ҳақназаров Тоҳир
حقنظراو طاهر
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми ҳафтум: Рақобат ва зӯрозмоии шайтон бо инсон бар сари фарзандон
Гумоне нест, ки дар миёни инсону шайтон бар сари фарзандон ва насли башар як навъ рақобату зӯрозмоӣ вуҷуд дорад, ба гунае ки шайтон дар пешгоҳи Худованди ягона қасам ёд кардааст, то он ҷо ки дар тавон дорад, бикӯшад фарзандони Одам (а)-ро аз масири ҳақ мунҳариф, аз хат ва барномаи Худованд дур созад ва эшонро аз итоату фармонбардории Ӯ таъоло баргардонад. Ва ин ҳамон чизе аст, ки Худованд моро аз он барҳазар доштааст, то ин ки дар тамоми корҳо, ҳаракатҳо ва оромиданҳои худ ҳушёр бошем. Аз ин рӯ, даврони кӯдакӣ низ фурсате аст, ки Худованд онро ба инсонҳо арзонӣ фармудааст, то ин ки волидайн аз он ба сурати некӯ истифода кунанд ва фарзандони худро ба шеваи асосӣ ва устувор мутобиқи барномаи инсонсози исломӣ тарбия кунанд ва натиҷаи дилхоҳ ба даст оранд. Агар аз ин фурсати боарзиш ҷиҳати тарбияву парвариши саҳеҳи кӯдакони худ истифода накунанд ва онро аз даст бидиҳанд, бегумон дар оянда барои ислоҳи фарзандони худ маҷбур мешаванд кӯшиши бештар ва кори пурзаҳмату пурмашаққаттар анҷом диҳанд .
Худованд мефармояд:
﴿قَالَ أَرَءَيۡتَكَ هَٰذَا ٱلَّذِي كَرَّمۡتَ عَلَيَّ لَئِنۡ أَخَّرۡتَنِ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَأَحۡتَنِكَنَّ ذُرِّيَّتَهُۥٓ إِلَّا قَلِيلٗا ٦٢ قَالَ ٱذۡهَبۡ فَمَن تَبِعَكَ مِنۡهُمۡ فَإِنَّ جَهَنَّمَ جَزَآؤُكُمۡ جَزَآءٗ مَّوۡفُورٗا ٦٣ وَٱسۡتَفۡزِزۡ مَنِ ٱسۡتَطَعۡتَ مِنۡهُم بِصَوۡتِكَ وَأَجۡلِبۡ عَلَيۡهِم بِخَيۡلِكَ وَرَجِلِكَ وَشَارِكۡهُمۡ فِي ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَوۡلَٰدِ وَعِدۡهُمۡۚ وَمَا يَعِدُهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ إِلَّا غُرُورًا ٦٤﴾ [الاسراء: ٦٢، ٦٤]
«Шайтон гуфт: «Ба ман бигӯ, оё ин ҳамон касе аст, ки ӯро бар ман бартарӣ додаӣ? Агар маро то рӯзи қиёмат зинда бидорӣ, албатта, фарзандони ӯро ҳамагӣ, ба ҷуз андаке, (бо гумроҳӣ) нобуд мегардонам». (Худованд) фармуд: «Бирав (то рӯзи қиёмат ба ту мӯҳлат дода мешавад) ва аз онҳо касоне, ки пайравии туро кунанд, дӯзах сазои ҳамаи шумо аст, сазои комил ва бенуқсон. Ва аз онҳо ҳар киро тавонӣ, ба овози худ аз ҷой биҷунбон ва саворони худ ва пиёдагони худро бар (ҳалоки) онҳо садо кун ва бо онҳо дар амволу фарзандон шарик шав ва ба эшон ваъда деҳ». Ва Шайтон ба онҳо ба ҷуз фиреб ваъдае намедиҳад».[1]
Дар ривояте омадааст, ки Паёмбари Худо (с) фармуд:
«Худованд фармудааст: «Ман бандагони худро бар покӣ ва эътиқоди саҳеҳ офаридаам. Шайтонҳо омаданд ва ононро аз ақидаашон баргардонданд».[2]
Худованд ба хотири ҳикмате, ки худаш онро муносиб медонад, иддае аз мардумро ба воситаи маҳрум сохтан аз неъмати фарзанд ва ё бар асари аз даст додани фарзандони худ мавриди имтиҳон ва озмоиш қарор медиҳад. Дар натиҷа мебинем, ки ин гуна афрод ба хотири он, ки қалбҳояшон мутаваҷҷеҳи онҳо гардад, бо зориву тазаррӯъ даст ба дуо мебардоранд ва аз даргоҳи Худованди бахшандаву меҳрубон хоҳони фарзанд, ба хусус фарзанди солеҳу некӯкор, мешаванд.
Худованд мефармояд:
﴿لِّلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ يَهَبُ لِمَن يَشَآءُ إِنَٰثٗا وَيَهَبُ لِمَن يَشَآءُ ٱلذُّكُورَ ٤٩ أَوۡ يُزَوِّجُهُمۡ ذُكۡرَانٗا وَإِنَٰثٗاۖ وَيَجۡعَلُ مَن يَشَآءُ عَقِيمًاۚ إِنَّهُۥ عَلِيمٞ قَدِيرٞ ٥٠﴾ [الشورى: ٤٩، ٥٠]
«Подшоҳии осмонҳову замин аз они Худо аст, ҳар чи хоҳад, меофаринад ба ҳар кас, ки бихоҳад, духтароне ато мекунад ва ба ҳар кас, ки бихоҳад, писароне ато мекунад ва ё ин ки барояшон писарону духтаронро ҷамъ мекунад ва ҳар киро бихоҳад, нозо мегардонад, ба дурустӣ, ки Ӯ доно ва тавоно аст».[3]
Аммо бо вуҷуди ин, баъзе аз ҷомеаҳои асри кунунӣ аз рӯи ноогоҳӣ ба ҳикмати илоҳӣ дар масъалаи нозоӣ ба як амали маснӯиву илмӣ мутавассил мешаванд, ба ин тариқ, ки ба гузоштани нутфаи марди бегона ба ҷои нутфаи шавҳари машрӯъ аз роҳи ғайритабиӣ дар раҳми зан ҷойгузин месозанд ва баъд аз таваллуди фарзанд онро, ки як фарзанди ғайривоқеии эшон аст, ба номи фарзанди худ қаламдод мекунанд ва онро ба худ нисбат дода, тарбияву парвариш мекунанд, дар сурате ки оятҳои қуръонӣ далел бар ботил будани ин гуна афкору нодурустии ин амалҳо омадаанд ва ҷараёни умурро ба масиру мабнои аслии худ боз мегардонанд, то ин ки фарзанд ба номи фарзанди ҳақиқӣ ва шаръии падар ба ҳисоб ояд.
Худованд мефармояд:
﴿مَّا جَعَلَ ٱللَّهُ لِرَجُلٖ مِّن قَلۡبَيۡنِ فِي جَوۡفِهِۦۚ وَمَا جَعَلَ أَزۡوَٰجَكُمُ ٱلَّٰٓـِٔي تُظَٰهِرُونَ مِنۡهُنَّ أُمَّهَٰتِكُمۡۚ وَمَا جَعَلَ أَدۡعِيَآءَكُمۡ أَبۡنَآءَكُمۡۚ ذَٰلِكُمۡ قَوۡلُكُم بِأَفۡوَٰهِكُمۡۖ وَٱللَّهُ يَقُولُ ٱلۡحَقَّ وَهُوَ يَهۡدِي ٱلسَّبِيلَ ٤ ٱدۡعُوهُمۡ لِأٓبَآئِهِمۡ هُوَ أَقۡسَطُ عِندَ ٱللَّهِۚ فَإِن لَّمۡ تَعۡلَمُوٓاْ ءَابَآءَهُمۡ فَإِخۡوَٰنُكُمۡ فِي ٱلدِّينِ وَمَوَٰلِيكُمۡۚ وَلَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ جُنَاحٞ فِيمَآ أَخۡطَأۡتُم بِهِۦ وَلَٰكِن مَّا تَعَمَّدَتۡ قُلُوبُكُمۡۚ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورٗا رَّحِيمًا ٥﴾ [الاحزاب : ٤، ٥]
«Худо барои ҳеҷ марде ду дилро дар дохили бадани ӯ наофаридааст ва он занонатонро, ки ба онҳо зиҳор мекунед,[4] модарони шумо нагардонидааст ва писархондагонатонро писарони шумо насохтааст. Ин сухани шумо аст, ки ба даҳони хеш мегӯед ва Худо сухани рост мегӯяд ва ӯ ба роҳ(-и ҳақ)далолат мекунад. Писархондагонро ба падаронашон нисбат кунед, ин назди Худо росттар аст, пас, агар падаронашонро надонед, он гоҳ онҳо бародарони шумо дар дин ва озодкардагони шумоанд.[5] Ва бар шумо дар он (лафзе), ки ба (гуфтани) он хато карда бошед, гуноҳе нест, валекин (гуноҳ он аст, ки) дилҳои шумо қасд карда бошад. Ва Худо Омурзандаи Меҳрубон аст».[6]