Ҷазои касе ки Худовандро дашном медиҳад
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Ҷазои касе ки Худовандро дашном медиҳад
عقاب من يسب الله تعالى
<الطاجيكية>
Мусъаб Ҳамза
مصعب حمزة
Ҷазои касе ки Худовандро дашном медиҳад
Олимон иттифоқ намудаанд, ки ҳар касе Худовандро дашном бидиҳад ҳамчун кофир кушта мешавад, ва баъди мурданаш ҳукми мусулмонро намегирад, мисли ҷаноза хондани ӯ ё шустану кафан кардан ва гуронданаш дар мақбараи мусулмонон ва дуъо намудан дар ҳақаш, чунки ӯ дигар мусулмон ба ҳисоб намеравад.
Магар ин ки олимон дар тавбаи чунин шахс ихтилофи назар доранд, Оё агар чунин шахс пеш аз мурданаш тавба кунад, Худованд тавбаи ӯро мепазирад ё на? Ва оё пеш аз ин, ки ҳукми Худованд дар ҳақаш ҷори шавад, тавба доронда мешавад ё на? Ва ё ин ки агар тавба ҳам намояд тавбаашро дар ин дунё напазируфта, кушта мешавад ва ҳаволаи тавбаи ботиниашро бар Худо гузошта мешавад, агар бихоҳад ӯро дар охират мебахшад ва агар нахоҳад намебахшад?
Дар ин масъала олимон бар ду қавл ихтилоф намудаанд:
Қавли аввал:
Тавбаи ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва воҷиб аст, ки ӯро бидуни ин, ки тавба бидоронанд кушта шавад ва ҳаволаи тавбаи ботинияш бар Худованд, агар бихоҳад онро мепазирад ва агар нахоҳад намепазирад. Ин қавли Умар ибни Хаттоб ва ибни Аббос (р) ва дигарон мебошад ва зоҳиран имом Аҳмад ибни Ҳанбал низ бо ин қавл ҳамфикр аст.
Ва сабаб дар он аст, ки тавба гуноҳи зоҳирро соқит намекунад ва натиҷаи амали бади дашноми Худованд ва масхара кардани ӯро намепушонад, Чунки қабули тавба ва осонгири дар ин масъала дар назари мардум сабук ва беаҳамият будани ин амалро менамоёнад, ва танқиси дар ҳақи Худованд мегардад.
Ва ҳар гоҳ, касеро бо чунин ҷиноят назди ҳоким баранд бо осони метавонад тавбаашро эълон намояду худашро аз ҷазо раҳо намояд ва дар натиҷа ҳайбату бузургии Худованд назди мардум коста мегардад, Ва ин гуна беаҳамияти нисбати дашномдиҳанда сабаби интишори чунин амали бад миёни мардум мегардад.
Ин гуна ҷазоҳо ба хотири адаб додани ҷинояткор ва пок намудан аз ин гуноҳ мебошад, Ва дар айни ҳол огоҳи барои дигарон аз он ки дучори чунин ҷинояти сангин нагарданд, ба ҳамин хотир қабули тавба дар ин масъала он ду мақсади болоиро исқот мекунад.
Қавли дуввум:
Уро тавба доронда мешавад ва агар тавба намуд тавбаи ӯ пазируфта хоҳад шуд ва ба он шарт, ки чунин шахс изҳори пушаймони намуда аҳд намояд, ки дубора ба чунин амали бад даст назанад, Ин қавли ҷумҳури фақиҳон мебошад.
Ва сабаби ин ки тавбаашонро қабул мекунанд дар он аст ки мегуянд: Дашном куфр аст ва тавбаи кофир аз куфр мақбул аст, мисли мушрикон ва мулҳидон ва бутпарастон, ки тавба мекунанду дохили ислом мешаванд ва тавбаи онҳо гуноҳони гузаштаи онҳоро маҳв месозад ва Худованд тавбаи ҳаркасро мепазирад ва аз гуноҳони ӯ гузариш мекунад, Ва таҷовуз дар ҳаққи Худованд бо дашном доданаш поймол намудани ҳаққи Ӯст ва агар ӯ бихоҳад аз он гунаҳкор гузариш мекунад ва ӯро мебахшад чуноне ки тавбаи мушриконро қабул мекунаду гуноҳони онҳоро мебахшад.
Ва ин ҳукм танҳо барои дашномдиҳандаи Худованд аст, аммо дашномдиҳандаи Паёмбар (с)-ро бошад ҷазои амалашро мебинад, чунки Паёмбар (с) дар ҳаёташ аз ҳақаш гузариш накарда буд.
Асл дар ин масъала онаст, ки бояд ҳаққи Паёмбар (с) ситонида шавад, чунки дашноми Паёмбар (с) куфр аст ва ҳарки ин корро мекунад бояд кушта шавад.
Чунки дашноми Паёмбар (с) дар манзилати ӯ миёни мардум таъсир мерасонад ва маконати ӯро дар дилҳои мардум коста мегардонад, бар хилофи дашноми Худованд ки дашномдиҳанда ба ҷуз нафси худ ба касе зарар расонида наметавонад.
Хулоса: Ҳарки Худовандро дашном медиҳад куштанаш воҷиб аст ва тавбаи зоҳири доронда намешавад ва аммо тавбаи ботинияшро дар он дунё вақто бо Худованд мулоқот намуд агар бихоҳад онро мепазирад ва агар нахоҳад ҷазояшро мебинад.
Ва ҳарки Худовандро дашном медиҳад ва тавба мекунад ва тавбаашро зоҳир мекунад, пеш аз он ки аз тарафи ҳукумати исломи дастгир шавад, тавбааш пазируфта мешавад ба хотири он ки содиқ буданашро пеш аз дастгир шуданаш маълум кардааст, ва ҳукми ӯ ба монанди ҳукми кофироне аст, ки ихтиёрӣ исломро пазируфтаанд агар чи иқрор намоянд ки дар замони мусулмон буданашон Худовандро дашном дода буданд.
Ва дашноми Худованд бар ду қисм мебошад:
Аввал дашноми мубошир:
Мисли лаънат гуфтан ва бадгуи намудан ва масхара намудан ва ба ноқиси васф намудани зоти Ӯ. Ва ҳамаи ин дашномҳо ҳукми яксон доранд ва мақсади олимон аз дашноми Худованд ин гуна лафзҳо мебошанд.
Дуввум дашноми ғайри мубошир:
Мисли он корҳое ки таҳти иродаи Худованд мебошанд ва инсоният ихтиёри онро дар даст надоранд, мисли дашном додани замон ва рӯзҳо ва соатҳо ва лаҳзаҳо ва моҳҳову солҳо ва гаштугарди ситораҳо, Ва ҳукми ин гуна дашномҳо аз ҳукми дашномҳои боло зикр шуда, ки ҳукми куштанро доранд фарқ мекунад, магар ин ки дашномдиҳанда мақсадашро баён созад, ки мақсадаш он зотеро дар назар дорад, ки гаштугарду тағироти ин сайёраро дар ихтиёр дорад.
Дар саҳеҳ Бухорӣ ва Муслим омадааст ки «Абуҳурайра аз Паёмбар (с) ривоят мекунад ки гуфт: Худованд гуфт: Фарзандони Одам манро азият мекунанд, замонро дашном медиҳанд, дар ҳоле ки ман (соҳиби) замонам, тамоми ирода дар дасти ман аст, ман ҳастам, ки шабро рӯз мекунам ва рӯзро шаб мекунам». Ривояти Бухорӣ ва Муслим
Ситорагон ба монанди офтобу моҳтоб ва ончи ки мутаъалиқ ба онҳост ба монанди рӯзу шаб ва гузариши замон ихтиёри нестанд, балки бо иродаи Худованд ҳаракат мекунанд, Ончи ки аз ҷониби Худованд барояшон амр мешавад ҳамон анҷом хоҳад ёфт, чизе аз инҳо бо ихтиёри худ кореро карда наметавонанд, пас дашноми онҳо бармегардад бар он зотеки фармонравои онҳост, ва дашномашон эътироз бар ирода ва ҳикмати Худванд ҳисоб мешавад.
Ба ҳамин хотир аст, ки Худованд дашноми замонро дашноми худ медонад.
Ва Худованд дашноми инсонро, дашном ба зоти худ намедонад бо вуҷуди ин ки инсонро низ Ӯ худ офаридааст, ва сабабаш дар он аст инсон соҳиб ирода аст ва Худованд ӯро дар бисёри корҳояш ихтиёр дода аст. Чуноне ки мефармояд:
﴿وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٢٩﴾ [التكوير: ٢٩]
«Ва шумо намехоҳед, ғайри он чиро, ки Парвардигори ҷаҳониён хоста бошад»
Сураи Таквир 29
Ва аммо ситорагон ба монанди офтобу моҳтоб бошанд, Худованд мефармояд:
﴿لَا ٱلشَّمۡسُ يَنۢبَغِي لَهَآ أَن تُدۡرِكَ ٱلۡقَمَرَ وَلَا ٱلَّيۡلُ سَابِقُ ٱلنَّهَارِۚ وَكُلّٞ فِي فَلَكٖ يَسۡبَحُونَ ٤٠﴾ [يس: ٤٠]
«Офтобро сазовортар нест, ки ба моҳ расад ва шабро сазовор нест, ки бар рӯз пешӣ гирад ва ҳама дар фалаке шиноваранд»
Сураи Ёсин 40
Ва бузургу муъаззам донистани Худованд дар сифатҳояш воҷибу лозим аст:
Аз ҷумлай таъзими Худованд, таъзиму эҳтиром намудани ирода ва амрҳову манъ намудаҳояш мебошад, ҳарчи ки мефармояд дар ҳол амал намудан ба он ва аз ҳар чи ки манъ менамояд боз истодан аз кардани он ва таъаммуқ накардан дар чизҳое ки ақли инсоният бардошти онро надорад.
Аз ҷумлай таъзими Худованд, зикри Ӯ ва дуъои Ӯ ва ҳар чи ки дар осмону замин руй медиҳад аз ҷониби Худованд ва ба иродаи Ӯ донистани он мебошад, Чун Ӯст ки ҳамаи онҳоро ба танҳои офаридааст ва ҳар чи ки дар онҳо руй медиҳад аз иродаи Ӯ берун нест, Чуноне ки мефармояд:
﴿وَمَا قَدَرُواْ ٱللَّهَ حَقَّ قَدۡرِهِۦ وَٱلۡأَرۡضُ جَمِيعٗا قَبۡضَتُهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَٱلسَّمَٰوَٰتُ مَطۡوِيَّٰتُۢ بِيَمِينِهِۦۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ ٦٧﴾ [الزمر: ٦7]
«Худоро нашинохтанд, ончунон ки лоиқи шинохти Ӯст. Ва дар рӯзи қиёмат замин якҷо дар қабзаи Ӯст ва осмонҳо дар ҳам печида дар яди Ӯ. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики Ӯ мепиндоранд»
Сураи Зумар 67
Гирифташуда аз китоби "Таъзиму бузургдонии Худованд ва ҳукми дашномдиҳандаи Ӯ"
Муъаллиф: Д. Абдулазиз Турайфӣ