Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми севум: Савоби нафақаву бахшиш бар зану фарзандон
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми севум:
Савоби нафақаву бахшиш бар зану фарзандон
سلسلة تربية الأولاد, القسم الثالث:
أجر الإنفاق على الزوجة و الأولاد
< الطاجيكية >
Таҳия: Ҳақназаров Тоҳир
إعداد: حقنظراو طاهر
Силсилаи тарбияи фарзандон, қисми севум:
Савоби нафақаву бахшиш бар зану фарзандон
Чорумин мавзӯи ин фасл савоби нафақа бар ҳамсару авлод мебошад ва табиист, ки нафақаву бахшиш дар кори тарбиявӣ таъсири хубе дорад, хусусан, ҳангоме ки бар асоси дастури шаръ бошад ва бо ҳукми «Бояд касе, ки тавонгар аст, ба қадри тавонгарии хеш (барои зан) нафақа диҳад…»[1], мутобиқат дошта бошад, чун дар ҳукми илоҳӣ на исроф кардан дуруст аст ва на ноумед гардонидану бухл варзидан, балки нафақа ва бахшише дурусту писандида аст, ки дар ҳадди тавоноии шахси нафақакунанда бошад ва дар айни ҳол аз мизони эътидол ва миёнаравӣ берун набошад. Илова бар он, риояи ин амр низ дарвоқеъ барои ояндаи кӯдаке, ки дар ҳоли рушд мебошад, як навъ варзиш аст ҷиҳати нафақа ва бахшиши ӯ дар сурати тавоноӣ ва ба даст овардани таҷрибаест, барои идораи хуби хонаву хонавода дар умури иқтисодӣ.
Дар бораи нафақа кардан ва бахшиш ва соири садақот, ҳамчунин роҷеъ ба аҷру подоши онҳо аҳодис ва ривоятҳои зиёд омадааст, аз он ҷумла Расули Худо (с) фармудаанд:
«Як диноре ки онро дар роҳи Худо нафақа кунӣ, як диноре, ки барои озодии ғуломе харҷ кунӣ ва як диноре, ки онро ба шахси бенавое садақа диҳӣ ва як диноре, ки барои хонаводаи худ нафақа намоӣ (ҳама дорои аҷру подош мебошанд аммо), як диноре, ки барои хонаводаи худ нафақа мекунӣ савобаш аз онҳо бештар мебошад».[2]
Аз Саъд ибни Абиваққос (р) ривоят шуда, ки Пайғамбар (с) фармудаанд:
«Бегумон ҳар андоза бар хонаводаи худ нафақа кунӣ дар баробари он аҷру подоши (нек) меёбӣ, агарчи луқмае бошад, ки онро бардорӣ ва дар даҳони ҳамсарат бигузорӣ».[3]
Ривоят шудааст, рӯзе Абуҳурайра (р) ба Расули Худо (с) гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Кадом садақа беҳтар аст?» Он Ҳазрат (с) дар ҷавоб фармуданд: «Беҳтарин садақа он аст, ки саъй шавад ба шахси тангдасту камдаромад дода шавад ва нахуст онро ба атрофиёни фақиру афроди таҳти сарпарастии худ бидиҳӣ».[4]
Аз Миқдом ибни Маъдикарб (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: Пайғамбари акрам (с) фармуданд:
«Ғизое, ки ба худат, ба фарзандат, ба ҳамсарат ва ба хидматгорат медиҳӣ ва ба онон мехӯронӣ барои ту садақа маҳсуб мешавад».[5]
Ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
«Вақте яке аз шумо (дар роҳи таъмини хароҷоти хонавода ва ба даст овардани нафақаи аҳлаш) бо ҳолати ғамзадагӣ ва андӯҳгинӣ бимирад, назди Худованд бартару писандидатар аст аз ҳазор зарбаи шамшер хӯрдан дар роҳи Худо».[6]
Манзури ҳадис ин аст, ки вақте яке аз шумо бо ҳолати ғамзадагиву андӯҳгинии қалб ба сабаби таъмини хонавода ва дар асари касби моли ҳалоле, ки назди аҳли камол фарзи айн мебошад, бимирад, назди Худованд бартару писандидатар аст аз ҳазор зарбаи шамшер хӯрдан дар роҳи Худо, чаро ки касби моли ҳалол ба хотири таъмини он чизе, ки аёл эҳтиёҷ дорад ва афроде, ки дар таъминоти ӯст, фарзи айн мебошад, аммо таҳаммули ранҷу заҳмат дар роҳи Худо дар бештари аҳвол фарзи кифоя аст.
Қузоъӣ аз Ибни Аббос ва Абунуайм дар «Ал-Ҳиля» ривоят кардааст: «Талаби моли ҳалол ҷиҳод аст». Ва Табаронӣ аз Ибни Масъуд ривоят кардааст: «Талаби моли ҳалол фариза мебошад». Ва Дайламӣ аз Анас ривоят намудааст: «Талаби моли ҳалол бар ҳар фарди мусалмоне воҷиб мебошад». Ва Ибни Асокир аз Анас ривоят кардааст: «Касе, ки бо ҳолати хастагиву афсурдагӣ дар асари талаби ризқу рӯзии ҳалол бимирад, гуноҳонаш бахшида мешавад».[7]
Аз Ибни Умар (р) ривоят шуда, ки гуфтааст: «Расули Худо (с) фармуданд:
«Барои гунаҳкории шахс кофӣ аст, ин ки афроди бар ӯҳдааш бударо ниёзманд ва гурусна бидорад».
Умар ибни Хаттоб (р) писарашро насиҳат ва огоҳ мекард, ки барои фарзандонаш моли ҳалол касб кунад, чунонки Ибни Муборак дар китоби худ «Аз-Зуҳд» дар ривояте, ки онро ба Ҳасан ибни Алӣ (р) истинод намуда, гуфтааст: «Рӯзе Умар ибни Хаттоб (р) дар яке аз кӯчаҳои Мадина роҳ мерафт, ногаҳон духтаракеро дид, ки аз ҷои худ мехезаду менишинад! Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: «Эй бечораи тирабахт! Ин фарзанди кист?» Ибни Умар гуфт: «Эй амирулмӯъминин! Ин яке аз духтарони ту аст». Умар ибни Хаттоб (р) гуфт: «Аз чӣ нороҳат аст?» Ибни Умар гуфт: «Он чиро, ки дар Байтулмоли назди ту аст ва ба вай дода мешуд, аз ӯ дареғ доштӣ». Умар (р) гуфт: «Вақте ман ӯро аз он чи, ки дар назди ман аст, манъ намудам, пас оё ту наметавонистӣ, моли ҳалоле барои ӯ ба даст биёрӣ, ҳамон тавре, ки дигарон барои духтарони худ ба даст меоваранд? Қасам ба Худо! Ту назди ман ҳеҷ ҳаққе надорӣ, магар ба андозаи он чи фарде аз дигар афроди мусалмон дорад, зеро дар миёни ману ту Китоби Худо вуҷуд дорад ва бар мо ҳукм мекунад». Ҳасан ибни Алӣ (р) мегӯяд: «Ба Худо савганд! Дидам, ки Умар ибни Хаттоб аз ӯ хашмгин ва асабонӣ шуд».[8]
Як тазаккури зарурӣ
Дар ин боб баёни ин нукта лозим аст, ки нафақа ва бахшиши зан бар шавҳару фарзандонаш низ савоб аст. Чунонки дар ривояти тӯлоние омадааст: «Расули Худо (с) рӯзе пагоҳӣ, баъд аз адои намоз ба назди заноне, ки дар масҷид буданд, омад ва болои сари онон истод ва зимни панду андарзи зиёд ҳамроҳ бо баёни азоби Худо дар рӯзи қиёмат фармуд:
«… (Эй ҷамоати занон,) то метавонед (ба василаи садақоту тоот ва талаби мағфират) худро ба Худо наздик кунед».[9]
Дар миёни занони ҳозир дар масҷид (Зайнаб) зани Абдуллоҳ ибни Масъуд низ ҳузур дошт ва ба назди Абдуллоҳ ибни Масъуд баргашт ва аз он чи аз Расули Худо (с) шунида буд, ӯро огоҳ намуд. Сипас, зеварҳои худро бардошт. Ибни Масъуд гуфт: «Ин зеварҳоро куҷо мебарӣ?» Ҳамсараш гуфт: «Мехоҳам бо бахшишу садақа додани инҳо худро ба Худованд наздик созам». Ибни Масъуд гуфт: «Вой бар ту! Биё онро бар ман ва фарзандам садақа кун, мо ба он ниёзмандтарем». Ҳамсараш гуфт: «То ба назди Расули Худо (с) рафта, аз Ӯ напурсам, ин корро намекунам». Пас ба назди Расули Худо (с) рафт ва иҷозаи даромадан хост. Расули Худо (с) фармуд: «Кист?». Арз карданд: «Эй Расули Худо (с) Зайнаб аст». Он ҳазрат (с) фармуд: «Кадом Зайнаб?». Яке аз ҳозирин гуфт: «Зайнаб, зани Абдуллоҳ ибни Масъуд аст». Ҳазрат фармуд: «Ба вай иҷоза диҳед, то дарояд». Сипас Зайнаб дохил шуд ва назди Расули Худо (с) рафта, гуфт: «Эй Расули Худо (с)! Ман пас аз гуфтае, ки дар масҷид аз шумо шунидам, фавран ба назди шавҳарам Ибни Масъуд баргаштам ва он фармудаи Туро ба иттилои ӯ расонидам ва зеварҳои худро бардоштам, то онҳоро хайру садақа кунам ва ба василаи он худро ба Худованд ва ба Ту наздик созам, ба умеди он ки Худованд дар рӯзи қиёмат маро аз аҳли ҷаҳаннам нагардонад. Аммо Ибни Масъуд ба ман гуфт, ки зеварҳои худро ба ману фарзандам садақа кун, мо ба он ниёзмандтарем. Расули Худо (с) фармуданд: «Бирав, онро ба ӯ ва писараш садақа кун, онон низ ба монанди дигарон мустаҳиққи онанд».[10]
Дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Худо (с) ба ӯ гуфт: «Шавҳарат Ибни Масъуд рост гуфтааст, ки зеваролоти худро ба ӯ ва фарзандаш садақа диҳӣ».
Боз дар ривояти дигар омадааст, ки Расули Худо (с) дар ҷавоби зани Ибни Масъуд гуфтанд: «Оре, зеваролоти худро ба эшон садақа бидеҳ, чун ин кор ду аҷр дорад: яке аҷри қаробат ва дигаре аҷри садақа».
[1]. Сураи Талоқ, 65: 7.
[2]. Ба ривояти Муслим аз Абуҳурайра (р).
[3]. Ба ривояти Абуяъло дар Муснадаш бо санади саҳеҳ ва ба ривояти Аҳмад.
[4]. Ба ривояти Ҳоким дар «Мустадрак», Заҳабӣ ва Аҳмад низ онро ривоят кардаанд.
[5]. Ба ривояти Аҳмад бо санади хуб.
[6]. Ба ривояти Абуҳанифа дар «Муснад»-аш аз Ибни Аббос (р).
[7]. Нақл аз шарҳи “Муснад»-и Абӯҳанифа (Мулло Алӣ Қорӣ). – С. 62.
[8]. Нақл аз китоби Аззуҳду варрақоиқ».. – С. 275, (Абдуллоҳ ибни Муборак).
[9]. Ба ривояти Муслим аз Абуҳурайра (р).
[10]. Ба ривояти Ибни Хузайма дар «Саҳеҳ».