Шиъаҳои имомия ва масъалаи такфир
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Шиъаҳои имомия ва масъалаи такфир
الشيعة الإمامية و مسألة التكفير
< الطاجيكية >
Абдураҳмони Абдураҳим
عبد الرحم عبد الرحيم
Шиъаҳои имомия ва масъалаи такфир
Гумон накунам дар байни фирқаҳое, ки худро ба ислом нисбат медиҳанд гуруҳе такфиритар аз шиъаи рофиза вуҷуд дошта бошад. Оре дар таърих гуруҳҳое бо номи хавориҷ ва ғайра маъруфанд, ки такфирӣ буданд ва Ҳазрати Алиро бо баъзе саҳоба такфир карда буданд. Вале онҳо бо ин залолату гумроҳияшон Ҳазрати Абубакру Умар ва бақияи асҳобро такфир намекарданд. Аммо шиъаҳои рофиза тамоми асҳоби Паёмбар алайҳиссаломро такфир мекунанд магар ашхоси ангуштшуморе. Боз ин рофизиҳо шарм накарда аҳли суннатро ба такфир муттаҳам мекунанд.
Чанд руз пеш рофизие бо номи Алӣ дар гуруҳи “Анҷумани фалсафа” ба Имом Аҳмад (р) ва мазҳаби у таън зада эшонро такфирӣ хонд ва сабаби такфири будани имом ба андешаи ин рофизии такфирӣ ин будааст, ки ӯ бӯе аз ислом набурдааст. Дар ин навишта мехоҳам аз ривоёти шиъа ва ақволи уламояшон дар масъалаи такфир зикр кунам то барои хонандаи мунсиф равшан шавад, ки дар ҳақиқат такфирӣ киҳо ҳастанд?
Такфири тамоми саҳоба
Кулайнӣ дар “Усули кофӣ” (ба дуруғ) аз Имом Боқир ривоят мекунад, ки эшон гуфтанд:
(ارتد الناس إلا ثلاثة نفر: سلمان وأبو ذر والمقداد. وأناب الناس بعد: كان أول من أناب أبو ساسان وعمار وأبو عروة وشتيرة، فكانوا سبعة فلم يعرف حق أمير المؤمنين إلا هؤلاء السبعة))
[أنظر الكافي: 2/244 وانظر 2/441] و [الطوسي في «رجال الكشي» (1/26)، والمجلسي في «بحار الأنوار» (22/333)
“Мардум ҳама баъди вафоти Паёмбар алайҳиссалом муртадд шуданд (яъне кофир шуданд) магар се нафар: Салмон, Абузар, ва Миқдод..”
Маҷлисӣ дар китоби “Биҳорул анвор” бобе дорад ба унвони:
Боб дар баёни куфри се нафар.
Мақсади ӯ аз ин се нафар Ҳазрати Абубакру Умару Усмон (р) аст.
Дар ҷои дигари ин китобаш мегуяд:
Хулафори рошидин ғосибу золим ва муртадд буданд.
Биҳорул анвор, ҷ. 4 саҳ 385.
Такфири тамоми фирқаҳои исломӣ аз ҷумла аҳли суннат.
Аҳли суннат дар назди шиъаҳои рофизӣ ба шаҳодати уламояшон носибӣ ҳастанд ва носибиҳо назди эшон кофиранд. Соҳиби китоби “Алмаҳосинуннафиса” саҳ. 147 аз уламои шиъа мегуяд:
”Ривоёти аимма далолат мекунад, ки носибӣ ҳамон сунниҳо ҳастанд”.
Неъматуллоҳи ҷазоирӣ ин қавлро тақвият дода мегуяд:
(الأئمة عليهم السلام وخواصهم أطلقوا لفظ الناصبي على أبي حنيفة وأمثاله، مع أن أبا حنيفة لم يكن ينصب العداوة لأهل البيت عليهم السلام بل كان له انقطاع إليهم وكان يظهر لهم التودد)
“Аимма Абуҳанифаро носибӣ мегуфтанд, бо вуҷуде, ки ӯ душмани бо аҳли байт надошт, балки бо онҳо дӯстии худро ошкор мекард.”
Ал анворуннуъмония” ҷ 2 саҳ. 307.
Муфид яке аз уламои шиъа дар китоби “Авоилул мақолот” саҳ 45 мегуяд:
“Шиъаҳои имомӣ иттифоқ кардаанд, ки ҳарки имомат ва тоъати яке аз имомҳоро инкор кунад пас у кофиру гумроҳ ва мустаҳиққи азоби абадии дӯзах аст”.
Маҷлисӣ дар “Биҳорул анвор”, ҷ. 37 саҳ. 34 мегӯяд:
“Китобҳои мо пур аз ривоёти далолаткунанда бар куфри зайдияҳо ва монанди онҳо мебошад.”
Бо вуҷуде, ки зайдияҳо як фирқае аз фирқаҳои шиъа аст, вале рофизиҳо онҳоро такфир кардаанд. Пас чи расад ба аҳли суннат?
Оятуллоҳ Хумайнӣ роҳбари инқилоб ва муддаъии ваҳдат байни шиъаву суннӣ дар китоби “Арбаъин” саҳ 510 мегуяд:
(الإيمان لا يحصل إلا بواسطة ولاية علي وأوصيائه من المعصومين الطاهرين عليهم السلام بل لا يقبل الإيمان بالله ورسوله من دون الولاية، وقال في موضع آخر: ولاية أهل البيت عليهم السلام شرط في قبول الأعمال عند الله سبحانه بل هو شرط في قبول الإيمان بالله والنبي الأكرم)
“Имон фақат ба воситаи вилояти Алӣ ва аиммаи маъсумин ҳосил мешавад, балки имони ба Худову Паёмбар бидуни вилоят қабул нест..” Пас маълум мешавад назди ин рофизӣ имони аҳли суннат қабул нест. Чун онҳо ба ин вилояти бофта имон надоранд.
Рофизиҳо ба такфири мусалмонон иктифо накарда боз онҳоро ба зинозодаву ҳаромзода нисбат додаанд.
Кулайнӣ дар “Кофӣ” аз яке аз имомонашон ривоят мекунад, ки гуфтааст:
(إن الناس كلهم أولاد زنا أو قال بغايا ما خلا شيعتنا) الروضة 8/ 135.
“Мардум ҳама зинозода ва ҳаромӣ ҳастанд магар шиаёни мо.”
Такфири рофизиҳо хосси инсон набуда ҳатто баъзе ҳайвонот ва набототро низ такфир кардаанд.
Маҷлисӣ дар “Биҳорул анвор” ривояте меорад, ки як марде аз Абуабдуллоҳ (яке аз имомони шиъа) аз куштани мормулак (келас) пурсид. Имом дар ҷавоб гуфтанд:
“Он риҷс аст ва ҳаргоҳ уро кушти ғусл кун”.
Баъд аз он Абуадуллоҳ гуфт падарам рӯзе нишаста буд пас ногоҳ овози мормулакро шунид. Сипас гуфт: Оё медонед ӯ чи мегуяд?
Ӯ мегуяд: Агар шумо қавми моро дашном диҳед мо Алӣро дашном медиҳем. Сипас Абуабдуллоҳ гуфт: Мормулак аз масх шудаҳои банӣ Марвон аст, лаънати Худо бар онҳо бод.
Қазоватро ба хонандагон месупорем.
Ин буд мазҳаби шиъаву ин ҳам масъалаи такфир!