×
Рӯза гирифтани се рӯз аз рӯзҳои ҳар моҳ аз ҷумлаи суннатҳои Паёмбар (с) аст, ки амалкунандаи бар ин суннат соҳиби аҷру савоби зиёде мегардад.

    Савоби рӯза гирифтани се рӯз аз ҳар моҳ

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Абдураҳмони. А

    2015 - 1436

    أجر صيام ثلاثة أيام من كل شهر

    «باللغة الطاجيكية»

    أ. عبد الرحمن

    2015 - 1436

    Савоби рӯза гирифтани се рӯз аз ҳар моҳ

    أجر صيام ثلاثة أيام من كل شهر

    Аз лутфу меҳрубонии Аллоҳ таъоло барои уммати Паёмбараш Муҳаммад (с) ин аст, ки барояшон ибодатҳои муайянеро машруъ намуд, ки бо анҷом додани он манзилат ва мартабаашонро дар назди Парвардигорашон баланд намуда ва ризогии Аллоҳ таъолоро ба воситаи он ибодатҳо ба даст меоранд.

    Паёмбари Худо (с) умматашро ба ғайр аз ибодатҳои фарзи ба ибодатҳои нафлие роҳнамои намуд то инки мусалмонон миёни ҳамдигар дар ин ибодатҳо сабқат кунанд ва барои ба даст овардани ризогии Парвардигорашон кушиш ва саъй намоянд.

    Аллоҳ таъоло бандагони мусалмонашро барои ба даст овардани зиндагиии ҷовидонаи охират дар ҷаннат амр ба сабқат намуда мефармояд:

    ﴿سَابِقُوٓاْ إِلَىٰ مَغۡفِرَةٖ مِّن رَّبِّكُمۡ وَجَنَّةٍ عَرۡضُهَا كَعَرۡضِ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ أُعِدَّتۡ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ بِٱللَّهِ وَرُسُلِهِۦۚ ذَٰلِكَ فَضۡلُ ٱللَّهِ يُؤۡتِيهِ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ ذُو ٱلۡفَضۡلِ ٱلۡعَظِيمِ ٢١﴾ [الحديد: ٢١]

    “Сабқат кунед (бидавед) басуи омурзиши Парвардигори хеш, ва биҳиште, ки паҳноии он монанди паҳноии осмон ва замин аст, омода шуда аст барои касоне, ки ба Худо ва Паёмбаронаш имон оварданд, ин аст фазли Аллоҳ таъоло ки медиҳад ба касе, ки бихоҳад ва Аллоҳ таъоло соҳиби фазли бузург аст".

    (Сураи Ҳадид 21)

    Аллоҳ таъоло дар ин ояти карима бандагонашро амр ба сабқат кардан дар корҳои хайр мекунад, ки сабаби ба даст овардани ризогии Аллоҳ таъоло ва дохил шудани биҳишт мегарданд.

    Паёмбари Худо дар бисёри ҳадисҳо умматашро ба ингуна корҳои хайре, ки сабаби пирӯзии инсон ва баланд шудани мартабааш дар назди Аллоҳ таъоло мегардад тарғиб менамояд, Аз он ҷумла рӯза гирифтани се рӯзӣ аз ҳар моҳ ки Паёмбари Худо дар бисёри ҳадисҳо савоб ва самараи онро баён карда аст.

    Абдуллоҳ бини Амр ибни Ъос (р) дар ҳадисе ривоят карда аст, ки Паёмбари Худо (с) дар он мефармояд:

    عن عبد الله بن عمرو بن العاص – رضي الله عنهما – قال: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم: "صوم ثلاثة أيام من كل شهر صوم الدهر كله" متفق عليه.

    “Рӯзаи се рӯзи аз ҳар моҳ, монанди рӯзаи доими аст". (Муттафақун ъалайҳ).

    Яъне касе, ки се рӯз аз ҳар моҳро рӯза бигирад гуё ки ҳамеша рӯза гирифта аст.

    Паёмбари Худо (с) аз ҷумлаи ҳаристарин мардум дар анҷом додани ин ибодат буданд ва ҳамеша се рӯз аз ҳар моҳро рӯза мегирифтанд. Дар ҳадисе аз ҳазрати Ойша (р) ривоят шуда аст, ки Паёмбари Худо (с) ҳамеша се рӯз аз ҳар моҳро рӯза мегирифтанд.

    عن معاذة العدوية أنها سألت عائشة – رضي الله عنها -: أ كان رسول الله – صلى الله عليه وسلم – يصوم من كل شهر ثلاثة أيام؟ قالت: نعم. فقلت: من أي الشهر كان يصوم؟ قالت: لم يكن يبالي من أي الشهر يصوم. رواه مسلم.

    Муъозатул Ъадавия мегуяд: Аз ҳазрати Ойша (р) пурсидам ки оё Паёмбари Худо аз ҳар моҳ се рӯзро рӯза мегирифт? Гуфт: Бале. Гуфтам: аз кадом қисмати моҳ рӯза мегирифт? Гуфт: боке надошт, ки аз кадом қисмати моҳ рӯза мегирифт. (Муслим).

    Дар ҳадисҳои дигар он се рӯзро ба асҳобаш баён карда фармуданд :

    عن أبي ذر – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم -: "إذا صمت من الشهر ثلاثا, فصم ثلاث عشرة, وأربع عشرة, وخمس عشرة" رواه الترمذي.

    Абузар (р) ривоят мекунад ки Паёмбари Худо фармуд: "Вақте аз ҳар моҳ се рӯзро рӯза мегиред, пас сенздаҳум, чаҳордаҳум, ва понздаҳумро рӯза гиред" (Муслим).

    Паёмбари Худо ҳеҷ кори хайреро намегузошт магар инки асҳоби киромашро барои анҷом додани он васият менамуд, инчуни асҳобашро барои рӯза гирифтани се рӯз аз ҳар моҳ васият намуда буд, чуноне, ки ҳазрати Абуҳурайра (р) дар ҳадисе ривоят карда мефармояд:

    عن أبي هريرة – رضي الله عنه – قال: أوصاني حبيبي – صلى الله عليه وسلم- بثلاث: صيام ثلاثة أيام من كل شهر, وركعتي الضحى, وأن أوتر قبل أن أنام" متفق عليه.

    Абуҳурайра (р) мегуяд: Дӯстам Паёмбари Худо манро ба се чиз васият кард: рӯза гирифтани се рӯз аз ҳар моҳ, ва хондани ду ракаъати намози зуҳо (ҳангоми офтоб баромадан), ва инки пеш аз хоб кардан витрро бихонам" (Муттафақун ъалайҳ).

    Дар ин ҳадис Паёмбари Худо дӯсташ Абуҳурайра (р)-ро ба се кори хайр васият намуд, ки аввали онҳо рӯза гирифтани се рӯз аз ҳар моҳ буд. Албатта васияташ ҳамаи асҳоби киром ва умматашро дарбар мегирад, чун дар ҳадисҳои дигар омада аст, ки дигар ёронашро низ чунин васият намуда буд.

    Асҳоби Паёмбари Худо ҳар кори хайре ё васиятеро, ки аз Паёмбари Худо (с) мешуниданд бо беҳтарин сурат ва пурратарин ваҷҳ ба он амал мекарданд ва миёни ҳамдигар дар анҷоми он сабқат менамуданд. Дар ҳадиси дигар Абудардо (р) ки яке аз ёрони Паёмбари Худо (с) буд ривоят карда мефармояд:

    عن أبي الدرداء – رضي الله عنه – قال: أوصاني حبيب – صلى الله عليه وسلم – بثلاث لن أدعهن ما عشت: بصيام ثلاثة أيام من كل شهر, وصلاة الضحى, وبأن لا أنام حتى أوتر" رواه مسلم.

    Абудардо (р) мегуяд: Дӯстам Паёмбари Худо (с) манро ба се чиз васият кард, ки то охири умрам аз амал кардан ба он се васият даст накашидам: Рӯза гирифтани се рӯз аз ҳар моҳ, хондани намози зуҳо, ва хондани намози витр пеш аз хобидан. (Муслим).

    Мебинем, ки Паёмбари Худо дар ин ҳадис ҳамон се васиятеро, ки ба Абуҳурайра (р) дар ҳадиси гузашта карда буд низ Абудардо (р)-ро ба он васият карда аст, Инчунин аз ин ҳадис ишора ба чигуна ҳарис будани асҳоби киром дар анҷом додани корҳои хайр мебошад. Абудардо (р) аз вақто, ки ин се васиятро аз Паёмбари Худо (с) шунид то охири умраш ба ин се васият амал мекард, дар ҳоле, ки ин се васият аз ҷумлаи корҳи нафли ба ҳисоб мераванд, ки ба амал кардани он инсон соҳиби савоби бузург ва мартабаи баланд дар назди Парвадигораш мегардад ва ба тарк карданаш гунаҳгор намешавад.

    Ингуна буд сабқати асҳоби киром миёни ҳамдигар дар корҳои хайр. Ба ҳамин хотир буд ки Аллоҳ таъоло ризогияшро аз эшон дар зиндагияшон баён карда буд. Ва Паёмбари Худо бисёри онҳоро дар зиндагияшон башорат ба ҷаннат дода буд.

    Аммо агар бар ҳоли мо мусалмонони имрӯза бинигарем мебинем, ки ингуна суннатҳои Паёмбари Худо (с) аз ёдамон баромада ва ҳатто инки рӯзаи фарзи ва дигар ибодатҳои фарзиро бо мушкили ва танбали анҷом медиҳем.

    Аз даргоҳи Аллоҳ таъоло талаби дуъо мекунем, ки ҳамаи моро барои анҷом додани ҳамагуна корҳои хайр муваффақ гардонад.