×
Паёмбари Худо мефармояд "Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро омухта ва онро барои дигарон таълим медиҳад" (Бухорӣ)

    Фазилати Қуръон хондан

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Абдурраҳмон. А.

    2014 - 1436

    فضل قراءة القرآن الكريم

    «باللغة الطاجيكية»

    عبد الرحمن. أ

    2014 - 1436

    Фазилати Қуръон хондан

    Аллоҳ таъоло Паёмбарашро барои ҳидояти бандагонаш фиристод ва ба воситаи Ҷибраил (ъ) барояш аз ҷониби худ китобе нозил кард, ки иборат аз дастурҳои илоҳи буд ва Паёмбарашро мукаллаф сохт то ин дарстурҳояшро ба бандагонаш расонад.

    Аз ҷониби Аллоҳ таъоло ва Паёмбараш барои касоне, ки ин дастурҳои илоҳиро қабул карда ва ба он амал мекунанд муждаҳои зиёде дода шуда аст, Инчунин барои касоне ки ин китоби бузургро мехонанд ва маънояшро мефаҳманд ва барои таълими он кушиш мекунанд.

    Таълим гирифтан ва таълим доданашро Паёмбари Худо (с) аз беҳтарин аъмоли дунё шуморида аст.

    Ҳазрати Усмон (р.з) дар ҳадисе ривоят карда аст, ки Паёмбари Худо (с) дар он мефармояд:

    عن عثمان بن عفان – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم -:" خيركم من تعلم القرآن وعلمه" رواه البخاري.

    “Беҳтарини шумо касе аст, ки Қуръонро омухта ва онро барои дигарон таълим медиҳад”. (Бухорӣ)

    Яъне беҳтарин кори дунё ин таълим гирифтани Қуръон ва таълим додани он барои дигарон аст, чун агар бандагони Худо ин дастурҳои илоҳиро бихонанд ва маънои онро бифаҳманд ва ба он амал кунанд, хушбахтии дунё ва охиратро аз худ хоҳанд кард.

    Китобест ки ҳалкунандаи ҳамагуна мушкилоти дунёист ва инчунин сабаби пирӯзи ва сарбаландии инсон дар рузи қиёмат аст.

    Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    عن أبي أمامة – رضي الله عنه – قال: سمعت رسول الله – صلى الله عليه وسلم – يقول: "اقرؤوا القرآن, فإنه يأتي يوم القيامة شفيعا لأصحابه" رواه مسلم.

    Абуумома (р.з) мегуяд: Паёмбари Худоро шунидам, ки мегуфт: "Қуръонро бихонед, зеро Қуръон дар рӯзи қиёмат омада ва барои ёронаш шафоъат мекунад". (Муслим)

    Ин аст подоши касе ки Қуръони каримро бихонад ва ба он амал кунад.

    Рӯзи қиёмат, ки рӯзест ҳама саргардон ба ғаму тарси худ ҳастанд ва касе ба касе кор надорад, ва ёри расоне дар он рӯз нест, ба ҷуз аъмоле ки инсон дар ин дунё карда аст, ки шафоъат кунанда ва халос кунандаи ӯ аз азобу тарси рӯзи қиёмат мегардад. Ва аз беҳтарини он амалҳо хондани Қуръон ва амал кардан ба он мебошад.

    Китобест, ки аз соҳибаш дар рӯзи қиёмат дифоъ карда ӯро аз оташи ҷаҳаннам халос месозад.

    Нувос ибни Самъон (р) аз Паёмбари Худо (с) ривоят мекунад, ки фармуд:

    عن النواس بن سمعان – رضي الله عنه – قال: سمعت رسول الله – صلى الله عليه وسلم –يقول: "يؤتى يوم القيامة بالقرآن وأهله الذين كانوا يعملون به في الدنيا تقدمه سورة البقرة وآل عمران تحاجان عن صاحبهما" رواه مسلم.

    “Дар рӯзи қиёмат Қуръон ва аҳлаш ва касоне ки дар дунё ба он амал мекарданд оварда мешаванд, ки дар пешо пеши он сураи Бақара ва Оли Имрон қарор дорад ва аз ёронашон дифоъ мекунанд” (Муслим)

    Савоби хондани Қуръон бар чанд мартаба мебошад, касе ки Қуръонро бо фаҳмидани маънояш бихонад савобаш бузургтар мебошад, Инчунин касе ки онро бо таҷвид ва бидуни хатои луғави бихонад савобаш бузургтар аст аз касе ки дар хонданаш хато мекунад.

    Касе ки бо мушкили бихонад ва дар хонданаш заҳмат бикашад албатта Аллоҳ таъоло барояш савоби бузурге ваъда карда аст.

    Ҳазрати Оиша (р.з) ҳадисеро ривоят карда аст, ки дар он Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    عن عائشة – رضي الله عنها- قالت: قال رسول الله - صلى الله عليه وسلم -: "الذي يقرأ القرآن وهو ماهر به مع السفرة الكرام البررة, والذي يقرأ القرآن ويتعتع فيه وهو عليه شاق له أجران" متفق عليه.

    “Касе ки Қуръонро мехонад, дар ҳоле ки дар он маҳорат дорад (онро ба осони мехонад) ҳамроҳи фариштагонест, ки сафирони Худо ба сӯи Паёмбаронаш буда, бузургвор ва фармонбардоранд, ва касе ки Қуръонро мехонад, ва дар хондани он мушкили мекашад ва канда канда онро тиловат мекунад, барои ӯ ду савоб аст (яъне савоби хондан ва савоби машаққате ки дар хондани он таҳаммул мекунад). (Муттафақун алайҳ)

    Инчунин мусалмонон дар хондан ва тарк кардани Қуръон дар назди Аллоҳ таъоло ба чанд мартаба мебошанд.

    Паёмбари Худо дар ҳадиси шариф мусалмонеро ки ҳамеша Қуръон мехонад аз мусалмонеки Қуръонро тарк карда аст ва ба он даст намезанад миёнашон фарқ гузошта мефармояд:

    عن أبي موسى الأشعري – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله - صلى الله عليه وسلم – قال: "مثل المؤمن الذي يقرأ القرآن مثل الأترجة: ريحها طيب وطعمها طيب, ومثل المؤمن الذي لا يقرأ القرآن كمثل التمرة: لا ريح لها وطعمها حلو, ومثل المنافق الذي يقرأ القرآن كمثل الريحانة: ريحها طيب وطعمها مر, ومثل المنافق الذي لا يقرأ القرآن كمثل الحنظلة: ليس لها ريح وطعمها مر" متفق عليه.

    Абумусои Ашъари (р.з) ривоят карда аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуд: "Мисол ва сифати мусалмоне ки Қуръонро тиловат мекунад монанди турунҷест, ки бӯи он хуш аст ва маззаи ширин дорад, ва мисоли мусалмоне ки Қуръонро намехонад ба мисоли хурмо аст, ки бӯе надорад вале мазаи он ширин аст, ва мисоли мунофиқе ки Қуръон мехонад ба мисоли райҳон аст, ки бӯи он хуш аст, вале маззаи он талх аст, ва мисоли мунофиқе ки Қуръонро намехонад ба мисоли ҳанзал аст, ки бӯе надорад ва маззаи онҳам талх аст". Муттафақун ъалайҳи.

    Мунофиқ агар чи Қуръонро ҳам бихонад аз савоби он маҳрум ва бенасиб аст, чун мунофиқ барои Аллоҳ таъоло намехонад, балки барои худро нишон додан дар пеши мардум мехонад.

    Касе ки Қуръонро бо ихлос бихонад Аллоҳ таъоло барояш дар баробари ҳар як ҳарфе ки мехонад савоб медиҳад.

    Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    عن ابن مسعود – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله - صلى الله عليه وسلم -: "من قرأ حرفا من كتاب الله فله حسنة, والحسنة بعشر أمثالها, لا أقول: آلم حرف, بل ألف حرف, ولام حرف, وميم حرف" رواه الترمذي وقال: حديث حسن صحيح.

    Ибни Масъуд (р) ин ҳадисро ривоят карда аст, ки Паёмбари Худо (с) мефармояд: "Касе ки як ҳарф аз китоби Худоро бихонад ӯро савоб аст ва он савоб баробар ба даҳ савоб аст, намегуям ки "Алиф, лом, мим" як ҳарф аст, балки алиф як ҳарф аст ва лом як ҳарф аст ва мим як ҳарф" (Тирмизи, ҳадиси ҳасани саҳеҳ аст гуфтааст).

    Яъне: Фақат дар хондани калимаи (الم) Аллоҳ таъоло барои бандаш сӣ савоб медиҳад, пас инсоне ки як саҳифа ё як сураи дароз бихонад, албатта дар баробари ҳар як ҳарфи он савоб мегирад ва савоби як ҳарф баробар ба даҳ савоб аст.

    Ҳамаи ин мужда барои банда аз лутфу меҳрубонии Аллоҳ таъоло барои бандагонаш аст, то инки умри худро дар итоъат ва фармонбардории Парвадигорашон гузаронанд.

    Пас вой бар ҳоли касе ки худро аз ин раҳмати Парвардигораш маҳрум карда аст, ки рӯзҳо ва солҳо мегузарад аммо Қуръонро боре дар дасташ намегирад ва ҳарфе аз онро намехонад.

    Ибни Аббос (р.з) дар ҳадисе ривоят карда аст, ки Паёмбари Худо (с) дар он мефармояд:

    عن ابن عباس – رضي الله عنهما – قال: قال رسول الله - صلى الله عليه وسلم : "إن الذي ليس في جوفه شيء من القرآن كالبيت الخرب" رواه الترمذي وقال حديث حسن صحيح.

    “Касе, ки дар дилаш чизе аз Қуръон нест (яъне чизе аз Қуръон ҳифз накарда аст) монанди хонаи вайрона аст”. (Тирмизӣ, ҳадиси ҳасани саҳеҳ аст гуфтааст)

    Дар ҳадиси дигар Паёмбари Худо (с) хонаеро ки дар он Қуръон хонда намешавад он хонаро қабристон номида аст. Чуноне мефармояд:

    عن أبي هريرة – رضي الله عنه – أن رسول الله - صلى الله عليه وسلم – قال: "لا تجعلوا بيوتكم كمقابر, إن الشيطان ينفر من البيت الذي تقرأ فيه سورة البقرة" رواه مسلم.

    “Хонаҳои худро мисли қабристон насозед ҳамоно шайтон аз хонае ки дар он сураи Бақара хонда мешавад мегурезад”. (Муслим)

    Хушо бар ҳоли касе ки Қуръон ҳамеша рафиқи роҳи ӯст, ҳар куҷо ки бошад хонданашро тарк намекунад. Барои ингуна инсон дар рӯзи қиёмат чунин гуфта мешавад:

    عن عبد الله بن عمرو بن العاص – رضي الله عنهما – عن النبي – صلى الله عليه وسلم – قال: "يقال لصاحب القرآن: اقرأ وارتق ورتل كما كنت ترتل في الدنيا, فإن منزلتك عند آخر آية تقرؤها) رواه أبوداود وقال: حديث حسن صحيح.

    Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (р.з) ривоят карда аст, ки Паёмбари Худо мефармояд:

    “Барои соҳиби Қуръон гуфта мешавад: Бихон ва ба палаҳои биҳишт боло рав ва тиловат кун чуноне ки дар дунё тиловат мекардӣ, зеро мақоми ту дар назди охирин оятест, ки онро дар дунё мехонди”. (Абудовуд, гуфта аст, ки ҳадиси ҳасани саҳеҳ аст)

    Бор Худоё Қуръони каримро дар рӯзи қиёмат ёри расон ва шафоъат кунандаи мо бигардон ва моро ба хондани оятҳояш ва амал кардан ба дастурҳояш муваффақ бигардон.