×
Сарнавишти аҳодис аз ҳаёти Паёмбар (с) то хилофати Умар ибни Абдулазиз (р.з)

    Сарнавишти аҳодис то хилофати Умар ибни Абдулазиз (р.з)

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия: Абуумари Ансорӣ

    Таҳия ва тарҷума ба забони тоҷикӣ: Мусъаби Ҳамза

    2014 - 1436

    مصير الأحاديث حتى خلافة عمر بن عبد العزيز رحمه الله

    «باللغة الطاجيكية»

    أبو عمر الأنصاري

    إعداد و ترجمة: مصعب حمزة

    2014 - 1436

    Сарнавишти аҳодис то хилофати Умар ибни Абдулазиз (р.з)

    Феҳрасти матолиб

    Сарнавишти аҳодис аз ҳаёти Паёмбар (с) то хилофати Умар ибни Абдулазиз (р.з)

    Ҳадисҳое ки дар он иҷозат ба навиштан комилан машҳуд аст.

    Намунаҳое аз навиштани суннат ба воситаи саҳоба.

    Ташвиқи шогирдон ба навиштани аҳодис.

    Тадвини ҳадисҳо дар саҳифаҳо.

    Намунаҳое аз саҳифаҳои навишташуда дар замони саҳоба.

    Талоши тобиъин дар ҷамъоварии суннати нурони.

    Намунаҳое аз ташвиқи тобиъин ба навиштани ҳадисҳо.

    Мисолҳое аз ин саҳифаҳо.

    Сарнавишти аҳодис аз ҳаёти Паёмбар (с) то хилофати Умар ибни Абдулазиз (р.з)

    Дар байни баъзеҳо чунин шоеъ аст, ки аҳодиси Расули Худо (с) беш аз сад сол бидуни инки навишта шавад, сина ба сина дар миёни мусулмонон нақл шудааст. То инки замони Умар ибни Абдулазиз ин аҳодис бо дастури ӯ бар рӯйи коғаз навишта шудааст.

    Бинобарин афроде ки мунтазири баҳона барои ворид кардани таън ба дувумин манбаъи асили ислом яъне суннат, фурсатро ғанимат шумурда, аз ин иштибоҳи ғайри илми суд бурда ва барои худ достонҳое сохта то шояд ба гумони ботил дилҳоеро ба бероҳа кашонида ва бигуянд, аз куҷо маълум аст аҳодисе ки пас аз як қарн бидуни навиштан раҳо шуда, сохтаи фикри ҷоъилону дуруғгуён набошад.

    Зеро олимони ислом худ бар ин назар иттифоқ доранд, ки аввалин касе ки суннатро тадвин ва таълиф намуд ибни Шиҳоби Зуҳри аст, ки соли 124 ё 125 ҳиҷри вафот намудааст.

    Ва бо ин сухан ин гумонро ба вуҷуд меоваранд, ки аввалин касе ки аҳодисро навишта ибни Шиҳоби Зуҳри аст.

    Ва дар тақвияти иддиъоҳои худ аҳодисеро мабни бар наҳйи Расули Худо (с) аз навиштани ҳадис ва имтиноъи асҳоб, хусусан шайхайн (Абубакр, ва Умар (р.з))аз ҷамъовари ва навиштани суннат, зикр мекунанд.

    Дар ин миён аз олимони ҳадис, ки ба радди ин шубҳаҳои воҳи пардохта ва исбот намудаанд, ки аҳодиси Расули Худо (с) бидуни инқитоъ ва бо амонатдории комил ба мо расидааст, Хатиби Бағдоди мебошад, ки дар китоби арзишмандаш (Тақйидул-илм) ба ин масъала мепардозад.

    Хатиб дар ин китоб ибтидо ба баррасии аҳодисе мепардозад, ки дар онҳо аз навиштани ҳадис наҳйи шудааст, Ва ин аҳодисро бо ҳам чи саҳеҳ ва чи заъиф ироъа мекунад.

    Вале ин аҳодис ба ҷуз як ҳадис, яъне ҳадиси Абусаъиди Худри (р.з)

    «لاَ تَكْتُبُوا عَنِّي وَمَنْ كَتَبَ عَنِّي غَيْرَ الْقُرْآنِ فَلْيَمْحُهُ». [أخرجه مسلم مرفوعًا].

    “Аз суханони ман чизеро нанависед ва ҳаркас ғайр аз Қуръон чизеро аз (суханони) ман навиштааст онҳоро пок кунад” .(Муслим марфуъ тахриҷаш кардааст)

    Боқии он ҳадисҳо, чуноне ки доктор Муҳаммад Мустафои Аъзами дар китоби "Диросот фи ал-ҳадис ан-набави" ба он мепардозад, дорои заъф мебошад.

    Ва ҳадиси Абусаъиди Худри (р.з) чунончи имом Бухори баён мекунад, мавқуф аст, Яъне :Сухани худи Авусаъид аст, на сухани Расули Худо (с).

    Бо ин вуҷуд агар мо ин ҳадисҳоро саҳеҳ бидонем, аз як тараф бино ба қавли ибни Қутайба, Ромаҳурмузи, Хаттоби ва гуруҳи дигари аз олимони ҳадис, Аҳодиси амр ба навиштан, ки саҳеҳ ва сареҳ мебошанд, носихи аҳодиси наҳйи мебошанд.

    Ва аз тарафи дигар бино ба қавли Хатиби бағдоди ва Хаттоби ва дигар олимон ин наҳйи марбут ба адами навиштани аҳодис дар мусҳафҳое аст, ки Қуръон дар он навишта мешудааст, то нохоста ихтилоте байни оятҳои Қуръон ва аҳодис ба вуҷуд наояд.

    Ҳамчунин гуфташудааст, ки наҳйи барои касоне будааст, ки тарс дар он буд, ки бар навиштани такя карда ва ҳифзро фаромуш кунанд ва рухсат барои касоне аст, ки аз ин мавзӯъ дар амон бошанд.

    Хатиби бағдоди дар идомаи китобаш дар фасли дувум ва севум ривоятҳо ва ахбореро аз саҳобагон ва тобиъин, ки далолат бар кароҳати навиштан аст меоварад, ки ин ривоятҳо дар воқеъ ҳикояткунанда аз иллатҳое аст, ки сабаб мешавад саҳобагон ё тобиъин ба хотири он навиштаҳояшонро аз байн бурда ё бисӯзонанд.

    Ва дар ҳеҷ кадоми аз инҳо нассе бар наҳйи Расули Худо (с) аз навиштани аҳодис ба чашм намехурад.

    Хатиби бағдоди фасли севум, аз қисмати дувуми китобашро бо ин ҷумла оғоз мекунад: "Тарс аз афтодани илм ба дасти ноаҳлон ва касонеки ба ин хотир китобҳои худро қабл аз марг аз байн мебаранд."

    Ва агар биандешем, мебинем, ки ҳақиқат низ ҳамин аст, зеро агар наҳйи сариҳе аз Расули Худо (с)дар ин бора вуҷуд дошт, Абубакри Сиддиқ (р.з) ҳадисҳоро ҷамъовари намекард, ё Умар ибни Хаттоб (р.з) ният ба ҷамъоварии суннат наменамуд.

    Ҳамчунин Хатиб дар фасли дувуми аз ҳамин қисмат, аз касоне ном мебарад, ки дар охири умри худ аз амали маҳви аҳодис пушаймон мешуданд.

    Аз ҷумлаи онҳо "Урва ибни Зубайр" мебошад, ки инчунин мегуяд: Дар ибтидо ҳадисҳоро менавиштам, сипас онҳоро тоза кардам ва ҳоло ҳозирам молу фарзандонамро барои ба даст оварданашон фидо кунам.

    Дар ин миён Суфёни Саври, ки аз мухолифини такя кардан бар навиштан буд, худ эҳтиётан ҳадисҳоро менавишт.

    Пас бо тамоми ин гуфтаҳо возеҳ ва ошкор аст, касоне ки аз навиштани ҳадисҳо худдори мекарданд ё инки баъд масоҳифи худро аз байн мебурданд, бар асоси иҷтиҳоди шахси буд ва як масъалаи умуми набудааст.

    Ва теъдоди дигари аз саҳобагон ва тобиъин вуҷуд доштанд, ки ҳадисҳоро аз тариқи навиштан муҳофизат менамуданд.

    Хатиби бағдоди дар қисмати севуми китоби худ ҳадисҳоеро аз Расули Худо (с) зикр мекунад, ки дар онҳо иҷозат ба навистан комилан машҳуд аст.

    Ҳадисҳое ки дар он иҷозат ба навиштан комилан машҳуд аст.

    Аз ҷумлаи он ҳадисҳои саҳеҳ:

    1- Ҳадиси Абуҳурайра (р.з):

    «ما من أصحاب النبي (ص) أحد أكثر حديثًا عنه مني، إلا ما كان من عبدالله بن عمرو، فإنه كان يكتب ولا أكتب» (البخاری)

    “Ҳеҷ кадом аз асҳоби паёмбар (с) бештар аз ман ҳадис ривоят накардаанд, ба ҷуз Абдуллоҳ ибни Амр (р.з), ки ӯ менавишт вале ман наменавиштам” (Бухоӣ)

    2- Боз ҳам аз Абуҳурайра (р.з) ривоят аст, ки:

    «خطب رسول الله ص في فتح مکة... إلی أن قال: " اکتبوا لأبي شاة» (البخاري)

    “Аз Абуҳурайра (р.з) ривоят аст, ки гуфт Расули Худо (с) рӯзи фатҳи Макка хутба хонд... то ҷое ки гуфт: Барои Абушот (суханони манро) бинависед." (Бухорӣ)

    3- Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (р.з)

    حديث عبدالله بن عمرو بن العاص: «كُنْتُ أَكْتُبُ كُلَّ شَيءٍ أَسْمَعُهُ مِنْ رَسُولِ اللَّهِ ص إلى أن قال: فقال رسول الله ص: اكْتُبْ فَوَ الَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ مَا خَرَجَ مِنِّى إِلاَّ حَقٌّ» (أحمد, الدارمي)

    Ҳадиси Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос (р.з): Ман ҳар чизеро ки аз Расули Худо (с) мешунидам, менавиштам..... то ҷое ки гуфт: Расули Худо фармуд: Бинавис, қасам ба зоте ки ҷонам дар дасти Ӯст ҳарчи аз даҳони ман мебарояд ҳақ аст". (Аҳмад ва Дорими)

    Сипас Хатиб дар фасли дувуми китоби худ ки онро боби "Саҳобагоне ки аз онҳо ривоят шудааст, ки илмро менавиштанд ё ба навиштани амр мекарданд" номгузори кардааст. Ривоятҳои зиёдеро дар инбора зикр мекунад, ки аксари онҳо саҳеҳ ҳастанд.

    Аз ҷумлаи онҳо ривояти Абусаъиди Худри (р.з) аст, ки фармуд: "Мо ғайр аз Қуръон ва ташаҳҳуд чизи дигареро наменавиштем"

    Ва Абусаъид (р.з) касе аст, ки ҳадиси "Аз суханони ман чизеро нанависед ва ҳаркас ғайр аз Қуръон чизеро аз (суханони) ман навиштааст онҳоро пок кунад"

    Хатиб мегуяд: Ӯ ҳамон касе аст, ки хабар аз навиштани Қуръон ва ташаҳҳудро медиҳад ва ин худ далиле аст бар инки наҳйи аз навиштани Қуръон ҳамонтавр ки гуфта шуд, ба хотири парҳез ва дури аз аралаш шудани чизе бо сухани худо ва адами машғулият ба ғайр аз Қуръон будааст. Ва замоне ки ин хатар бартараф шудааст ва ниёз ба навиштан ба вуҷуд омада аст, дигар навиштани ҳадис макруҳ нест. Чунончи саҳоба навиштани ташаҳҳудро макруҳ намедонистанд.

    Ва ҳеҷ фарқе байни ташаҳҳуд ва дигар улум нест, зеро ҳеҷкадом Қуръон намебошанд.

    Ва китобати ҳадис ба воситаи саҳоба ба хотири эҳтиёт буд, чунончи кароҳати китобат низ ба ҳамин далил будааст.

    Хатиб фасли сеюми китобашро ба зикри ривоятҳо аз тобиъин ва иҷозату ташвиқи шогирдонашон нисбат ба навиштани ҳадис ихтисос додааст.

    Аммо сабаби густариши китобати суннат дар асри тобиъин ва баъд аз он ва такя кардан бар китобатро Хатиб ингуна тавзеҳ медиҳад:

    Мардум навиштани илмро густариш доданд ва баъд аз эътиқод ба кароҳият ба он рӯй оварданд, Зеро ривоятҳо мунташир ва санадҳои ҳадис тулони ва исмҳои риҷол (ровиёни ҳадис) ва куняҳо ва насабҳояшон зиёд шуд. Ва алфозу иборатҳо мутафовит гашт, дар натиҷа синаҳо аз ҳифзи он оҷиз монданд, Ва ҳадиси навишташуда дар ин замон эътимодтар аз илми ҳофиз шуд, Ва Расули Худо (с) ба касе ки ҳофизааш заъиф буд иҷозаи навиштанро дода буд, Ва амали саҳоба ва тобиъину пайравони онҳо низ баёнгари ҳамин матлаб буд.

    Намунаҳое аз навиштани суннат ба воситаи саҳоба

    1. Ҷобир ибни Самура баъзе аз ҳадисҳои расули худоро навишт ва онҳоро бино бар талаби Омир ибни Саъд ибни Абиваққос барояш фиристод. (Муслим китоби иморат 10).

    2. Зайд ибни Арқам (р.з) баъзе аз ҳадисҳои набавиро навишта ва барои Анас ибни Молик (р.з) фиристод. (Муснади Аҳмад 4/370-374, Таҳзиб таҳзиб ибни Ҳаҷар3/394)

    3. Навиштаи Зайд ибни Собит (р.з) бинобар дархости Умар ибни Хаттоб (р.з) дар мавзӯъи ҷадд (падарбузург) (Сунани Дориқутни 4/93-94)

    4. Самура ибни Ҷундуб (р.з) ҳадисҳое аз расули худоро ки назди худ дошт барои писараш Сулаймон навишта фиристод, Ва имом Муҳаммад ибни Сирин ин номаро таҳсин карда, мегуяд: Дар номаи Самура ба писараш илми фарвоне нуҳуфта аст. (Таҳзиб таҳзиб, ибни Ҳаҷар 4/236-237, Сунани Абудовуд 1/314-315, ҳ 456)

    5. Абдуллоҳ ибни Абуавфо (р.з) ҳадисҳои расули худоро барои Умар ибни Убайдиллоҳ фиристод. (Саҳеҳ Бухорӣ китоби ҷиҳод, ва саҳеҳ Муслим)

    Ташвиқи шогирдон ба навиштани аҳодис

    1- Анас ибни Молик (р.з) фарзандонашро ба навиштани илм ташвиқ мекард ва мегуфт: Фарзандонам илмро ба василаи навиштан нигоҳдори кунед. Ва мегуфт: Мо илми касеро ки нанавишта буд, илм ба ҳисоб намеоварем.

    2- Хатиби бағдоди аз ададе аз шогирдони Абдуллоҳ ибни Аббос (р.з) ривоят мекунад, ки ибни Аббос гуфтааст: Илмро бо навиштан муҳофизат кунед, зеро беҳтарин муҳофиз барои илм китоб аст.

    3- Ҳамчунин аз Умар ибни Хаттоб (р.з) ривоят мекунад, ки гуфт: Илмро бо навиштан муҳофизат кунед.

    4- Аз Алӣ ибни Абутолиб (р.з) ривоят шудааст, ки гуфт: Чи касе бо пул илмро аз ман мехарад? Абухайсама гуфт: (манзураш ин буд ки) дафтареро бихарад, ки илмро дар он бинависад.

    Тадвини ҳадисҳо дар саҳифаҳо

    Дар ҳақиқат саҳифаҳо маншаъи аслии таснифот, ҷавомеъ, масонид ва сунан дар қарни дуввум ва севуми ҳиҷри мебошад.

    Ҳофиз ибни Раҷаб мегуяд: Ончи дар замони саҳоба навишта мешуд, мураттаб ва мавзӯъбанди нашуда буд ва фақат барои ҳифзу муроҷаъа навишта мешуд. Сипас дар асри тобиъи тобиъин ин ҳадисҳо гирдовари шуданд. Баъзе аз аҳли илм суханони расули худоро гирдовари карданд ва гуруҳи дигар суханони саҳобаро.

    Абдурраззоқ мегуяд: Аввалин касе ки навиштаҳоро гирдовари кард ибни Ҷурайҷ буд. Ва Авзоъӣ вақте ки ба назди Яҳё ибни Касир рафт, китобҳояшро тасниф намуд.

    Намунаҳое аз саҳифаҳои навишташуда дар замони саҳоба

    1- Саҳифаи Абубакри Сиддиқ (р.з), ки дар он садақаҳои воҷиб навишта шудааст.

    2- Саҳифаи Алӣ ибни Абитолиб (р.з).

    3- Саҳифаи Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ъос, маъруф ба саҳифаи содиқа.

    4- Саҳифаи Абдуллоҳ ибни Абиавфо.

    5- Саҳифаи Абумусои Ашъари.

    6- Саҳифаи Ҷобир ибни Абдуллоҳ.

    Ҳамаи ин саҳифаҳо дар зиндагии Расули Худо (с) навишта шудаанд.

    Ҳамчунин метавон аз саҳифаи Ҳумом маъруф ба саҳифаи саҳиҳа ном бурд, ки ҳадисҳояш аз Абуҳурайра (р.з) ривоят шудааст.

    Талоши тобиъин дар ҷамъоварии суннати нурони

    Тобиъин (р) суннати Расули Худо (с) ва балки динро аз саҳоба дарёфт намудаанд ва иблоғи ин рисолаи азиму бузургро уҳдадор шуданд.

    Беҳтарин насл баъди саҳобагон онҳо буданд, ки заҳматҳои зиёде дар хизмати суннати Расули Худо (с) кашиданд.

    Намунаҳое аз ташвиқи тобиъин ба навиштани ҳадисҳо.

    Хатиби бағдоди аз Ҳасани Басри (р) ривоят мекунад, ки ӯ гуфт: Ҳеҷ чиз монанди китоб илмро муҳофизат намекунад, Мо илмро менависем то аз он муҳофизат кунем.

    Ва аз Саъид ибни Ҷубайр ривоят мекунад, ки гуфт: Ман назди ибни Аббос менавиштам то инки дафтарам пур мешуд сипас руйи попушам менавиштам ва сипас дар кафи дастам.

    Ва аз Солеҳ ибни Кайсон ривоят мекунад, ки ӯ гуфт: Ман ва ибни Шиҳоби Зуҳри бо ҳам илм меомухтем. Ба ҳамдигар гуфтем, ки суннатҳоро менависем. Пас ҳар ончи аз Расули Худо (с) омада буд навиштем, Сипас ӯ гуфт: Ончи аз саҳобагон ба мо расидааст, онро низ бинависем, зеро он ҳам суннат аст.

    Гуфтам: Суннат нест ва ман наменависам.

    Ӯ навишт ва ман нанавиштам. Ӯ бурд ва ман бохтам.

    Ва аз ибни Шиҳоби Зуҳрӣ ривоят мекунад, ки мегуфт: Агар ба хотири аҳодиси нописанд ва ношинохтае ки аз машриқ меомаданд набуд, на ҳадисеро менавиштам ва на иҷозат ба навиштан медодам.

    Ва Хатиб аз Муъовия ибни Қурра ривоят мекунад, ки гуфт: Мо илми касеро ки наменавишт ба ҳисоб намеовардем.

    Навиштани аҳодис дар замони тобиъин густариши фаровоне ёфт. Чунончи навиштан амри лоянфакки маҷолис ва дарсҳои илми шуда буд.

    Дар ин аср саҳифаҳои фаровоне навишта шуд, ки доктор Мустафо Аъзами адади бисёри аз онҳоро дар китобаш " Диросот фи –алҳадис-аннабави" овардааст.

    Мисолҳое аз ин саҳифаҳо

    1- Саҳифа ё саҳифаҳои Саъид ибни Ҷубайр шогирди ибни Аббос (р.з)

    2- Саҳифаи Башир ибни Наҳик ки ба нақл аз Абуҳурайра (р.з) ва дигарон навишта шудааст.

    3- Саҳифаҳои Муҷоҳид ибни Ҷубайр шогирди ибни Аббаос (р.з)

    4- Саҳифаи Абузубайр Муҳаммад ибни Муслим ибни Тадруси Макки шогирди Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р.з).

    5- Саҳифаи Зайд ибни Абуқулобаи Руҳовӣ.

    6- Саҳифаи Абуқулоба, ки ҳангоми вафот онро барои Аюби Сухтиёни васият кард.

    7- Саҳифаи Аюб ибни Абутамимаи Сухтиёни.

    8- Саҳифаи Ҳишом ибни Урва ибни Зубайр.

    Аммо дар замони Умар ибни Абдулазиз (р.з) тобиъии бузургвор, машҳуртар аз он аст, ки ниёз ба шарҳу баён дошта бошад.

    Имом Бухори дар саҳеҳаш аз Абдуллоҳ ибни Динор ривоят мекунад, ки Умар ибни Абдулазиз (р.з) барои Абубакр ибни Ҳазм чунин навишт: Ҳар ончи аз аҳодиси расули худо (с), ки вуҷуд дорадро биёб ва бинавис, зеро ман аз нобудии илм ва рафтани олимон метарсам. Ва ба ҷуз ҳадиси Расули Худо (с) чизи дигареро қабул макун. Ва бояд илм ошкор шавад ва маҷолис барпо кунед, то ҳаркасе намедонад, илм биёмӯзад, зеро илм аз байн намеравад, магар замоне ки пинҳони шавад.

    Аз ибни Шиҳоби Зуҳрӣ низ ривоят аст, ки Умар ибни Абдулазиз ба мо дастур дод то ҳадисҳоро ҷамъовари намоем.

    Ва онро дафтар дафтар менавиштем, сипас ӯ ба тамоми қаламрави ҳукумати худ дафтареро фиристод.

    Бале! Инҳо санадҳои таърихи ва устувор аз сарнавишти ҳадисҳои Расули Худо (с) дар қарнҳои аввали ислом буд.

    Ҳақиқатҳое ки барои ҳар толиби ҳақ ҳеҷ ҷои шаккеро боқи намегузорад, ки аҳодиси Расули Худо (с) бо ҳифозати комил аз насле ба насли дигар мунтақил шудааст.

    Албатта ман ин матолибро барои посух ба мункирини суннат ҷамъовари накардаам, балки туҳфае аст барои муъминоне ки бо фаҳми ин ҳақоиқ бар имонашон афзудашуда ва эътиқодашон устувортар мегардад.

    Худованд мефармояд:

    ﴿قُلۡ إِن كُنتُمۡ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِي يُحۡبِبۡكُمُ ٱللَّهُ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ ٣١﴾ [ال عمران: ٣١]

    “Бигу: Агар худоро дӯст медоред, аз ман пайрави кунед то худо шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро бибахшояд ва худованд омурзандаи меҳрубон аст”. (Оли Имрон 31)

    Гирифташуда аз: Китоби Тадвин-ус-суннати-набавия, нашъатуҳу ва татавуруҳу, Таълиф Доктор Муҳаммад ибни Матар Заҳронӣ.

    Ва китоби Тақйидул илм, Таълиф Абубакр Аҳмад ибни Али ибни Собит, Хатиби Бағдодӣ.

    Таҳия: Абуумари Ансорӣ