Агар шахсе салом надода суханашро оғоз кунад, ба ӯ ҷавоб дода шавад ё не?
Дастабандиҳо
Full Description
Агар шахсе салом надода суханашро оғоз кунад, ба ӯ ҷавоб дода шавад ё не?
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ
2014 - 1435
هل يرد على من بدأ بالحديث قبل السلام؟
«باللغة الطاجيكية»
إعداد: محمد عزيز رجب
2014 - 1435
Агар шахсе салом надода суханашро оғоз кунад, ба ӯ ҷавоб дода шавад ё не?
Посухи суол: Агар шахсе салом надода суханашро оғоз кунад, ба ӯ ҷавоб диҳем ё не?!
Посух: Бисмиллоҳ, ва-л-ҳамду лиллоҳ вас-салоту вас-салому ала Расулиллоҳ.
Ҷавоб ба ин пурсиш дар чанд нуктаи ҷудогона хоҳад буд иншоаллоҳ, аввал аз ҷиҳати санад ва баъдан аз ҷиҳати матн ва маънову фиқҳи ин ҳадис.
Аввал инки: Ҳадисе, ки дар ин мавзуъ ривоят шудааст, аксари муҳаддисон (алал-хусус мутақаддимин) заъифаш медонанд, зеро ки дар санади он ровиҳои заъиф ва иллатҳое вуҷуд дорад. Ва албатта барои толибилмон ин мавзуъ равшан аст.
Вале баъзе аз муъосирин ин ҳадисро (хоссатан ривояти аз тариқи Ибни Умар бударо) ҳасан медонанд.
Ибни Суннӣ дар “Амалул-явми вал-лайла” ин ҳадисро бо чунин лафз ривоят кардааст:
»من بدأ بالكلام قبل السلام فلا تجيبوه «.
“Ҳар касе, ки суханро қабл аз салом оғоз кард, пас ба ӯ посух надиҳед”.
Имом Носируддини Албонӣ дар Силсилаи саҳеҳа таҳти рақами 816 ва ҳамчунин дар тахриҷи Мушкот ва Саҳеҳи Ҷомеъус-сағир 6122, ин ривоятро ҳасан гуфтааст.
Ва сониян: Ғайр аз имом Албонӣ баъзеи дигар аз аиммаи ҳадис низ санади ин ривоятро пазируфтаанд, мисли Имом Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (Шореҳи Саҳеҳи Бухорӣ).
وثانيهما عن ابن عمر أخرجه ابن عدي في الكامل وإسناده لا بأس به.
“… ва дуввум тариқи ин ривоят аз Ибни Умар аст, ки Ибни Адий онро дар “Комил” овардааст, ва санади он “ло баъса биҳи””.
Пас ба ин сурат санади ин ривоят чунин хоҳад буд (Чӣ тавре, ки толибилме бо номи أبو المنذر وسام بن محمد آل ميهوبي ифода кардааст):
أبي التّقي هشام بن عبد الملك [حسن الحديث] (حدثني) بقيّة (حدثني) عبد العزيز بن أبي رواد [حسن الحديث] عن نافع عن ابن عمر ( به) وتابع أبا التّقي كثير بن عبيد [ثقة] قال ( حدثنا ) بقية ( به) ومتابعة كثير جاءت من طريق العبّاس بن أحمد الحمصي، [لا بأس به في المتابعات والشواهد، أي يعتبر به]
Ва аммо аз ҷиҳати матн ва маънои ҳадис ва фиқҳи ривоят инро бояд гуфт:
Аввал инки, феълу суннати набавӣ дар ин маврид (яъне дар одоби гуфтугу ва муъошират ва салому пазироӣ) чӣ гуна буд?! Ва сониян, шарҳу тавзеҳи аҳли илм ва аиммаи аҳли суннат бар ин ривоёт чигуна мебошад.
Одати Паёмбар ва одоби Ӯ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар ин маврид (дар мавриди “Салом додан ва ифшои салом ва таъкид бар риъоят кардани ин амр”) чӣ аз лиҳози феълӣ (яъне феълу амали худи Ӯ) ва чӣ аз лиҳози таълимӣ (таълимаш ба дигарон) собиту машҳур аст. Ва дар ин мавзуъ кофист, ки “Боби салом”-ро дар “Китоби адаб”-и чанд девони суннат варақ зад, то бароят маълум гардад, ки “Салом додан” чӣ мақому манзалате дорад.
Ва аммо дар мавриди фиқҳи ин ривоят қавли аҳли илм чунин аст:
Имом Ибни Қаййими Ҷавзӣ дар “Зодул-маъод” баъд аз онки чанде аз ин ҳадисҳоро дар мавзуъи “салом гуфтан қабл аз гуфтор” меорад, чунин гуфта:
وَهَذَا وَإِنْ كَانَ إِسْنَادُهُ وَمَا قَبْلَهُ ضَعِيفًا، فَالْعَمَلُ عَلَيْهِ.
“Ҳамин тавр, ва агарчанде ки исноди ин ривоят ва ривояти қаблӣ заъиф бошад ҳам, вале амал бар он аст (яъне амал бар ҳамин суннат аст, ки бояд қабл аз чизе гуфтан салом бояд дод)”.
Ва дар интиҳои ин фасл Имом Ибни Қаййим ҳадиси Килда ибни Ҳанбалро зикр кардаву онро беҳтарин ривоят дар ин мавзуъ медонад:
فَدَخَلْتُ عَلَيْهِ، وَلَمْ أُسَلِّمْ، وَلَمْ أَسْتَأْذِنْ، فَقَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: ارْجِعْ، فَقُلِ: السَّلَامُ عَلَيْكُمْ، أَأَدْخُلُ؟
“(Сафвон ибни Умайя маро бо чизҳое ба назди Расулуллоҳ фиристод,…) Ба назди Паёмбар ворид шудам ва салом надодаму иҷоза ҳам напурсидам, пас Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гуфт: Баргард ва бигӯй: Ассалому алайкум, оё ворид шавам” (ривояти имом Тирмизӣ)”. (ЗодулМаъод фи ҳадйи Хайрил-ъибод, 2/379).
Амир Санъонӣ – соҳиби “Субулус-салом дар шарҳи Булуғул-маром” (ваф. 1182 ҳ.) гуфтааст:
فلا تجيبوه) لأنه لا يستحق الجواب لإعراضه عن السنة فيعرض عنه.
“(… ба ӯ ҷавоб надиҳед) зеро ки ӯ шоистаи ҷавоб гуфтан нест ба хотири онки ӯ аз суннат рӯй гардонидааст, пас бояд аз ӯ рӯй гардонида шавад”. (ат-Танвир шарҳи Ҷомиъус-сағир, шарҳи ҳадиси 4828).
Ва ҳамчунин дар шарҳи ҳадиси 8537 гуфтааст:
(من بدأ بالكلام) لمن لقيه أو دخل عليه (قبل السلام فلا تجيبوه) عن كلامه بل اهملوه لإهماله آداب الله التي أدب بها عباده وهذا فيما عدا الاستئذان فإنه إذا أراد الدخول على أحد إلى منزله قدم طلب الإذن أولا فإن أذن له سلم لقوله تعالى: {حَتَّى تَسْتَأْنِسُوا وَتُسَلِّمُوا عَلَى أَهْلِهَا} [النور: 27]
“(Ҳар касе, ки суханро) бо касе ки мулоқӣ гашт ва ё бар ӯ ворид шуд (қабл аз салом оғоз кард, пас ба ӯ посух надиҳед) дар мавриди он суханаш, балки онро нодида гирифтаву аҳамият надиҳед, ба хотири нодида гирифтанаш одоби Худовандиро ки бандагонашро ба он адаб кардааст. Ва ин (ҳукм) дар ғайри ҳолати истеъзон (иҷоза хостан барои вуруд) аст (зеро ки дар ҳолати истеъзон ҳукм дигар аст ва иҷоза пурсидан қабл аз салом додан аст). Агар ба назди касе ба хонааш ворид шудан хост, пас иҷоза пурсиданро аввал мегузорад, ва чун ба ӯ иҷозаи вуруд дода шавад салом медиҳад, ба далели ин фармудаи Худованди мутаъол: (Эй касоне ки имон овардаед! Ба хонае ғайр аз хонаи худ бе онки иҷозат талабида ва бар сокинонаш салом дода бошед, надароед…), Сураи Нур 27.”. (ат-Танвир шарҳи Ҷомиъус-сағир).
Муновӣ дар Файзул-Қадир чунин гӯяд:
فمن أهمله وبدأ بالكلام فقد ترك الحق والحرمة فحقيق أن لا يجاب وجدير بأن يهان ولا يهاب
“Ҳар кас, ки салом доданро риъоят накард ва нодида гирифт ва суханро бидуни он оғоз кард, пас ҳаққу ҳурматро тарк кардааст, (дар ин сурат) шоиставу лозим аст, ки ин гуна инсонро посух надиҳанд ва сазовору лоиқ аст, ки нисбаташ беҳурматӣ ва тавҳин карда шавад ва тавқиру эҳтироме набинад”. (Файзул-қадир шарҳи ҳадиси 8556).
Шайх, фақиҳи мураббӣ, Аҳмад Ҳутайба (ҳафизаҳуллоҳ), дар шарҳи Риёзус-солиҳин чунин гӯяд:
بل وحذر من عدم إلقاء السلام، وقال: (من بدأكم بالكلام قبل السلام فلا تجيبوه) أي: من أتى إنساناً وطلب منه أموراً بدون سلام فهذا يعلمه النبي صلى الله عليه وسلم الأدب، أنك لا تستحق أن يرد عليك؛ لأنك ما دخلت البيت من بابه، (من بدأكم بالكلام قبل السلام فلا تجيبوه) حتى يتعلم من مر بالمسلمين أن يسلم عليهم، وإذا طلب طلباً قدم بين يديه التسليم.
“Балки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) уммати хешро аз “салом надодан” барҳазар доштааст ва фармуда: “Ҳар касе, ки бо шумо суханро қабл аз салом оғоз кард, пас ба ӯ посух надиҳед”. Яъне: Ҳар шахсе, ки ба назди инсоне рафтаву бидуни салом додан аз ӯ чизе хост, Паёмбар ин гуна шахсро адаб меомӯзад, ки ту лоиқ нестӣ ки посухат диҳанд; зеро ки ту ба хона аз дараш ворид нагаштаӣ.
“Ҳар касе, ки суханро қабл аз салом оғоз кард, пас ба ӯ посух надиҳед”, то ки таълим бигирад ва адаб омӯзад ҳар он шахсе ки аз назди мусалмонон убур мекунад, инки салом диҳад бар мусалмонон, ва агар чизе хост ва талаб карданӣ шуд, қабл аз талаби хеш салом бидиҳад”.