×
Лозим аст, ки байни азон ва иқома фосила вуҷуд дошта бошад, ба андозае ки шахс битавонад худро барои намоз ва ҳузур дар он омода кунад.

    Фосила байни азон ва иқома чӣ қадр аст?

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2014 - 1435

    الوقت المقدر بين الأذان و الإقامة

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: محمد عزيز رجب

    2014 - 1435

    Фосила байни азон ва иқома чӣ қадр аст?


    Алҳамду лиллоҳ вассалоту вассалому ала Расулиллоҳ ва ала олиҳи ва саҳбиҳи ва ман волоҳ.

    Аммо баъд:

    Лозим аст, ки байни азон ва иқома фосила вуҷуд дошта бошад, ба андозае ки шахс битавонад худро барои намоз ва ҳузур дар он омода кунад; зеро ки дар ғайри ин сурат ғараз аз гуфтани азон (ки ҳамон омода шудан барои намоз аст) аз байн меравад.

    Ибни Баттол гуфтааст: «Ҳеҷ ҳадду андозаи муъайяне барои ин фосила таъйин нашудааст, барои ҳамин ҳам фосила байни азон ва иқома ба андозае бошад, ки намозгузорон битавонанд ба ҷамоъат бирасанд». (Фатҳул-борӣ, Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ 2/106).

    Ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармудааст:

    "يا بلال إذا أذنت فترسل في أذانك، وإذا أقمت فاحدر في إقامتك، واجعل بين أذانك وإقامتك قدر ما يفرغ الآكل من أكله، والشارب من شربه، والمعتصر إذا دخل لقضاء حاجته، ولا تقوموا حتى تروني".

    “Эй Билол! Ҳар гоҳ ки азон гуфтӣ онро тулонӣ ва оҳиста бигӯй, ва ҳар гоҳ, ки иқомат гуфтӣ, онро зудтар ва бо шитоб бихон. Ва байни азон ва иқомаат қадре гузор, ки шахси ғизохӯрдаистода аз хӯрдани хеш фориғ шавад ва нушидаистода аз нушиданаш, ва шахсе ки дар қазои ҳоҷат аст аз кори худ фориғ гардад…”.

    (ривояти имом Тирмизӣ бо санади заъиф, рақами 195, ва имом Аҳмад низ дар муснади хеш ҳадисро ривоят кардааст, рақами 21610, ва имом Носируддини Албонӣ дар силсилаи хеш ин ҳадисро бо назардошти таъаддуди роҳҳои ривояти он ҳасан гуфта, рақами 887).

    Ва дигар тарафи мавзуъ ин аст, ки баъзе аз имомҳо дар вақти иқомаи намоз зиёд таъхир кардаву сабаби азият ва озори қавм мегарданд.

    Дар ҳоле ки ривоят шудааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ҳолат ва имконоти қавмро ба эътибор мегирифтааст. Чӣ тавре ки Ҷобир ибни Абдуллоҳ (разияллоҳу анҳу) мегӯяд:

    كان إذا رآهم اجتمعوا عجل، وإذا رآهم أبطئوا أخر

    (Дар намози Хуфтан) Паёмбар агар медид, ки мардум ҷамъ омадаанд зудтар намозро оғоз мекард ва агар медид, ки мардум таъхир кардаанд (ва ҳозир нашудаанд) иқомаи намозро ба таъхир меандохт”. (Бухорӣ ва Муслим).

    Ва ҳамчунин дар ин мавзуъ ҳадиси зайл бисёр ба маврид аст, ки Паёмбар фармудааст:

    عن ابن عباس رضي الله عنهما عن النبي صلى الله عليه وسلم قال: ثلاثة لا ترفع صلاتهم فوق رؤوسهم شبرا: رجل أم قوما وهم له كارهون

    قال الحافظ العراقي: إسناده حسن

    “Се даста аз мардуманд, ки намозашон аз сарашон як ваҷаб боло нахоҳад шуд: Марде ки қавмеро имоматӣ кунад, дар ҳоле ки эшон ӯро намеписанданд…”. (Сунани ибни Моҷа).