×
Замоне меояд, ки имони банда аз ҷониби Парвардигор мавриди қабул намегардад, ва барояш фоидае намеорад.

    Замоне ки Аллоҳ таъоло имонро қабул нахоҳад кард

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Нависанда: Абдураҳмони . А

    2014 - 1435

    يأتي زمان لا ينفع نفسا إيمانها

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: عبد الرحمن . ا.

    2014 - 1435

    Замоне ки Аллоҳ таъоло имонро қабул нахоҳад кард

    Шахси мусалмон ҳамеша бояд аз гуноҳоне, ки аз ӯ сар мезанад басуи Парвардигораш тавба кунад, ва аз раҳмати Парвардигораш ноумед набошад, чун Аллоҳ таъоло ҳаргоҳ ки хост гуноҳони бандаи бо имонашро мебахшад.Пас набояд тавбаи имрузаамонро ба фардо бигузорем то инки замоне наояд, ки Аллоҳ таъоло имон ва тавбаи моро дар он қабул накунад.

    Дар ҳадиси шариф ки ҳазрати Абуҳурайра (р.з) онро ривоят карда аст, Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    عن أبي هريرة – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله – صلى الله عليه وسلم -:" لا تقوم الساعة حتى تطلع الشمس من مغربها, فإذا طلعت ورآها الناس آمنوا أجمعون. وذلك حين لا ينفع نفسا إيمانها". ثم قرأ الآية:

    ﴿يَوۡمَ يَأۡتِي بَعۡضُ ءَايَٰتِ رَبِّكَ لَا يَنفَعُ نَفۡسًا إِيمَٰنُهَا لَمۡ تَكُنۡ ءَامَنَتۡ مِن قَبۡلُ ١٥٨﴾ [الانعام: ١٥٨] . أخرجه البخاري في كتاب التفسير لسورة الأنعام.

    “Ҳазрати Абуҳурайра (р.з) гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуд: “Қиёмат барпо нахоҳад шуд, то инки офтоб аз тарафи мағриб тулуъ кунад, ва вақтоки офтоб аз тарафи мағриб тулуъ кард ва мардум онро мушоҳада карданд, ҳамаги имон меоваранд, вале имон овардан дар он вақт фаоидае нахоҳад дошт”

    Сипас Паёмбари Худо ин оятро хонд:

    “Рузе ки баъзе аз нишонаҳои Парвардигори ту биёяд фоидае намерасонад ҳеҷ касеро имон овардани он агар пеш аз он имон наоварда бошад” Сураи Анъом 158

    (Имом Бухорӣ ин ҳадисро дар китоби тафсири сураи Анъом ривоят карда аст)

    Барои чи дар он рӯз имон овардан барои инсон фоидае надорад?

    Ба сабаби он ки он рӯз таклифи имон овардан бардошта мешавад, зеро он рӯз рӯзе аст, ки ҳамагон ҳақро ба чашм мебинанд, ва ҳамагон маҷбуран ба он имон меёранд, бинобар ин имон овардан дар онрӯз бар касе фоидае намерасонад.

    Дар ҳадиси дигаре ки Абузар (р.з) онро ривоят карда аст Паёмбари Худо (с) мефармояд:

    عن أبي ذر – رضي الله عنه – قال: "دخلت المسجد ورسول الله جالس, فلما غربت الشمس قال:" يا أبا ذر! هل تدري أين تذهب هذه؟ قال: قلت: الله ورسوله أعلم. قال:" فإنها تذهب تستأذن في السجود فيؤذن لها, وكأنها قد قيل لها: ارجعي من حيث جئت, فتطلع من مغربها" ثم قرأ (ذلك مستقر لها). أخرجه البخاري في كتاب التوحيد باب: وكان عرشه على الماء.

    “Аз Абузар (р.з) ривоят аст ки гуфт: “Дохили масҷид шудам дидам, ки Паёмбари Худо (с) нишаста буд, ҳангоме ки офтоб ғуруб кард, Паёмбари Худо (с) фармуд: Эй Абузар! Оё медони ки офтоб куҷо меравад? Гуфтам: Худо ва Паёмбараш донотаранд. Фармуд: Офтоб ҳаракат мекунад (ва ба ҳаракати худ идома медиҳад то замоне ки Худованд барояш муқаддар намуда аст) иҷоза мехоҳад то саҷда кунад, ва мисли инки бар ӯ дастур дода мешавад ки аз роҳе ки баромада аст баргардад, фавран пас аз баҷо овардани саҷда аз тарафи мағриб мебарояд, сипас ин оятро хонд

    :﴿وَٱلشَّمۡسُ تَجۡرِي لِمُسۡتَقَرّٖ لَّهَاۚ ٣٨[يس: ٣٨]

    “Офтоб басуи қароргоҳе ки дорад ҳаракат менамояд” Сураи Ёсин 38