×
Рӯза гирифтани шаш рӯзи шавол пеш аз қазои рамазон.

    Суол: Оё рӯза гирифтани шаш рӯзи шавол пеш аз рӯзаи қазои рамазон ҷоиз аст?

    Ҷавоб: Олимон дар ин масъала ихтилофи назар доранд, Ва дуруст он аст, ки рӯзаи қазоиро пеш аз рӯзаи шаш рӯзи шавол ва дигар рӯзаҳои нафли бигири, зеро паёмбари Худо (с) мефармояд: Касе ки рамазонро рӯза гирифта ва ба таъқиби он шаш рӯзи аз шаволро бо он пайваста кунад, монанди он аст, ки ҳамеша рӯза дошта бошад. (Муслим) Ва касе ки рӯзаи шаш рӯзи шаволро пеш аз қазои гирифтааст, онро бо рамазон пайваст накардааст. Балки ба як қисми рамазон онро пайваст кардааст. Ва зеро инки рӯзаи қазоро гирифтан фарз аст ва рӯзаи шаш рӯзи шаволро гирифтан нафл, Ва бар фарз аҳамият додан беҳтар аст аз аҳамият додан бар нафл.

    Маҷмуъи фатвоҳои Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз 5/273