×
Рӯза беҳтарин ва бузургтарин ибодате аст, ки нафсҳои моро барои холисона амал карданамон тарбия мекунад.

    Ихлос дар моҳи рамазон

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия ва тарҷума: Абдураҳмони Абдусаттор

    2014 - 1435

    الإخلاص في رمضان

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد وترجمة: عبد الرحمان عبد الستار

    2014 - 1435

    Ихлос дар моҳи рамазон

    Худованди бузург дар сураи Байина, ояти панҷум мефармояд:

    ﴿وَمَآ أُمِرُوٓاْ إِلَّا لِيَعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مُخۡلِصِينَ ٥﴾ [البينة: ٥]

    “Ва амр нашуданд бандагон, магар инки ибодат кунанд Худои якторо бо ихлос ...”

    Байина 5

    Дар ҳадиси шариф бо ривояти ҳазрати Абуҳурайра (р.з) омада аст:

    عن أبي هريرة – رضي الله عنه - أن رسول الله – صل الله عليه وسلم – قال: يقول الله تعالى: (كل عمل بني آدم له إلا الصوم فإنه لي وأنا أجزي به, يترك طعامه وشرابه وشهوته من أجلي) رواه البخاري.

    Ҳазрати Абуҳурайра ривоят мекунад ки Паёмбари Худо мефармояд: “Ҳамаи амалҳои бани одам барои ӯст, магар рӯза ки аз ман аст ва ман ҷазои уро медиҳам, бандаам тарк мекунад барои ман хурок, шароб, ва шаҳваташро..”

    Бухорӣ

    Бародари гироми! Албатта рӯза беҳтарин ва бузургтарин ибодате аст, ки нафсҳои моро тарбия мекунад, барои холис намудани ниятҳоямон дар розигии Худованд, ва инчунин моро тарбия мекунад барои рӯй овардан ба пурраги ба суи Худованди якто ва ягона.

    Пас албатта беҳтарин рӯза ҳамон рӯзае аст, ки нафсҳои моро барои холисона баҷой овардани амалҳоямон тарбия кунад, чунонеки беҳтарини ибодатҳо ҳамоне аст, ки танҳо барои ба даст овардани ризогии Худо иҷро шавад.

    Имом Сулаймони Дорими (р) мегуяд:

    (إذا أخلص العبد .. انقطعت عنه كثرة الوساوس والرياء)

    “Агар банда нияташро холис барои парвардигораш кунад, васвасаҳои шайтони ва риё (худ нишондиҳи) аз ӯ дур мешаванд”.

    Бародари гиромӣ! Ихлос ин сирри комёбӣ ва сарбаландист, ва унвони муваффақияти ва пешравист. Чунки ихлос ин ба пурраги рӯй овардан ба сӯи Худованд, ва дури кардан аз нигоҳи мардум аст.

    АбулҚосими Қушайри дар таърифи истилоҳии ихлос мегуяд:

    (الإخلاص: إفراد الحق سبحانه في الطاعة بالقصد.. وهو: أنه يريد بطاعته التقرب إلى الله سبحانه دون شيء آخر ..أو اكتساب محمدة عند الناس, أو محبة مدح من الخلق.. ويصح أن يقال: الإخلاص: تصفية الفعل من ملاحظة المخلوقين".

    Ихлос: Якто донистани Худованд дар тоъат ва ибодатҳо, ва инки банда аз ибодаташ баҷуз наздикии Худованд ва ба даст овардани ризогии ӯ чизи дигаре нахоҳад, на ҳамду сано дар назди мардум ва на таъриферо аз бандагон мунтазир бошад, Инчунин гуфта мешавад, ки ихлос: Пок намудани амалҳо аз дидору назари мардум аст" .

    Бале ин аст ихлосе ки бисёри мо онро дар амалҳоямон гум кардаем. Ихлос сирре миёни банда ва парвардигораш аст, ки на малоикае аз он огоҳ аст, то уро бинависад, ва на шайтоне аз он бо хабар аст, то уро фосид кунад, ва на шаҳвате уро метавонад дур кунад, балки сирре миёни банда ва парвардигораш аст.

    Пас огоҳ бош то шайтон туро фиреб надиҳад ва дар ин моҳи шарифу муборак дар ихлосат халал ворид созад ва туро аз ҷумлаи гумроҳон ва нокомон гардонад.

    Ибни Қайим (р) дар бораи ихлос мегуяд:

    يقول ابن القيم – رحمه الله - : (العمل بغير إخلاص ولا اقتداء.. كالمسافر يملأ جرابه رملا يثقله ولا ينفعه)!!

    "Амале ки бидуни ихлос ва пайрави бошад, монанди мусофире аст, ки халтаи худро пур аз рег карда вазбин мекунад ва барояш фоидае надорад".

    Амале ки дар он ихлос набошад соҳибаш аз он на дар дунё ва на дар охират фоидае намебинад ва Худованд ӯро барои давом додани амалаш муваффақ намегардонад.

    Бародари гиромӣ! Инчунин аз ширки пинҳони, ки уро (риё) меноманд, дури кун, яъне: Аз худнишондиҳи дар корҳоят, чун Худованд дар охири сураи Каҳф мефармояд:

    ﴿فَمَن كَانَ يَرۡجُواْ لِقَآءَ رَبِّهِۦ فَلۡيَعۡمَلۡ عَمَلٗا صَٰلِحٗا وَلَا يُشۡرِكۡ بِعِبَادَةِ رَبِّهِۦٓ أَحَدَۢا ١١٠﴾ [الكهف: ١١٠]

    “Пас ҳар кас ки мулоқоти парвардигори худро таваққуъ дорад, бояд кори писандида бикунад ва дар ибодати парвардигори хеш касеро шарик наёрад”.

    Каҳф 110

    Уламо мегуянд ин ояти дар бораи касоне нозил шуда аст, ки ибодати Худовандро баҷо меоранд ва мақсадашон аз ибодат розигии Худо ва таърифи мардум аст. Яъне инсон набояд дар ибодаташ розигии Худоро бо таърифу тавсифи мардум якҷо кунад, балки нияташро аз ибодат холисона барои Худованд бигардонад.

    Ва огоҳ бош, ки ширк агарчи камҳам бошад амалро аз байн мебарад ва сабаби гирифтори ғазаби Худованд мегардад.

    Баъзе ширкҳое аст, ки инсон бидуни инки эҳсос кунад гирифтори он мешавад, пас шахсе худро аз мухлисин ва некукорон меҳисобад, дар ҳолеки ӯ аз ҷумлаи фосиқон ва мушрикон аст.

    Барои ҳамин Паёмбари Худо ҳамеша дар дуъояш мегуфт:

    (اللهم إني أعوذ بك أن أشرك بك وأنا أعلم.. وأستغفرك لما لا أعلم)

    “Парвардигоро ман паноҳ мебарам бар ту аз инки шарик бисозам бо ту касеро бо илму маърифатам, ва талаби бахшоиши гуноҳон мекунам аз ту аз он чики намедонам”.

    Дар охир аз Худованди бузург талаби дуъо мекунам ки моро аз ширки хурду калон ва хафӣ нигоҳ бидорад, ва бароямон ихлосро дар гуфтору кирдору амалҳоямон насиб гардонад.