×
Фатво дар бораи рӯза гирифтани хурдсолон дар рамазон.

    Ҳукми рӯза гирифтани хурдсолон

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳияи:

    Дорул Ислом\Тоҷикӣ

    “Фатвоҳои олимони ҳарамайн с. 1213"

    2014 - 1435

    حكم صيام الصغار في رمضان

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد: دار الإسلام/ طاجيكي

    "فتاوى علماء الحرمين 1213هـ"

    2013 - 1435

    Ҳукми рӯза гирифтани хурдсолон

    Суол: Кудаки хурдсолам дар рамазон барои гирифтани рӯза исрор дорад ва медонам, ки барои хурдсолияш рӯза барояш зарар дорад, Аммо ӯ исрор дорад, ки рӯза мегирад. Оё иҷозат дорам ӯро маҷбури аз рӯза гирифтан манъ намоям?

    Ҷавоб: Фарзанди шумо агар ба синни таклиф нарасида бошад, рӯза бар ӯ фарз нест. Вале агар тавонад, ки бемашаққат ва сахти рӯза гирад ӯро ба рӯза гирифтан водор намоед, Зеро саҳоба фарзандони хурдсоли худро ба рӯза гирифтан водор месохтанд.

    Бухорӣ 1960, Муслим 1136

    То ҷое ки баъзе аз кудакон дар асари сахтии рӯза гиря мекарданд ва саҳоба ба онҳо бозича медоданд, то бо бозича машғул шуда машкилии рӯзаро эҳсос накунанд.

    Вале агар собит шавад, ки рӯза гирифтан барояш зарар дорад , бояд ӯро аз рӯза гирифтан манъ намуд. Ба далили онки Худованд моро аз супоридани амволи кудакон ба дасти онон манъ намудааст, зеро бими он меравад, ки молашонро беҳуда сарф намоянд.

    Пас диққат диҳед, вақте ки худованд мусулмононро аз супоридани моли кудакон ба онон манъ намудааст, то инки аз зиёну зарари моли дар амон бошанд, пас ба тариқи авло бояд зарарҳои ҷисмиро аз онон дур кард. Вале боз ҳам набояд барои ҷилавгири аз роҳи сахтгирона истифода кард, зеро сахтгири дар тарбияи кудакон кори писандида ва хуб нест.

    Фиқҳи ибодот 225, шайх Муҳаммад ибни Усаймин.

    Гирифташуда аз китоби "Фатвоҳои олимони ҳарамайн с. 1213"

    Нухаи форсии сомонаи дорулислом