×
Маънои суннати муаккада ва суннати ротиба, фазилати адои он, мазаммат ва хатари тарки он, ҳукми тарки он ва фаҳми саҳеҳи ин ҳукм.

    Нукоте чанд дар мавриди суннатҳои муаккада ва ротиба ва ҳукми тарки он

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Тарҷума ва таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2014 - 1435

    السنن المؤكدة والراتبة وحكم تركها

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد وترجمة: محمد عزيز رجب

    2014 - 1435

    Нукоте чанд дар мавриди суннатҳои муаккада ва ротиба ва ҳукми тарки он.

    Дар баррасии ин мавзуъ ва баёни тафосили ин масъала якчанд нуктаро баҳс кардаам:

    Маънои суннати муаккада ва суннати ротиба, фазилати адои он, мазаммат ва хатари тарки он, ҳукми тарки он ва фаҳми саҳеҳи ин ҳукм.

    Суннати ротиба ва суннати муаккада.

    Суннати ротиба он суннате ҳаст, ки тобеъ ҳаст ва ё ба маънои вобаста ба чизе дигар ҳаст, мисли суннатҳои қаблӣ ва баъдии намозҳои фарзӣ.

    Ва баъзеҳо ин номро ба он намозҳое гуфтаанд, ки мабут ба вақти муъайян аст, ғайр аз намозҳои фариза, ва дар ин ворид мешавад намозҳои идайн ва намози зуҳо.

    Хатиби Шарбинӣ дар «Муғнил-муҳтоҷ» гӯяд:

    (فمنه الرواتب، وهي على المشهور التي مع الفرائض، وقيل: ما له وقت)

    «…ва аз ҷумлаи сунан, суннатҳои ротиба ҳаст, ва он бар қавли машҳур ҳамон намозҳое ҳаст, ки ҳамроҳи фарзҳо мебошад, ва гӯянд: он намозҳое ҳаст, ки вақти муъайян дорад».

    Ва ҳукми намозҳои ротиба мустаҳаб ҳаст дар назди ҷумҳури фуқаҳо, ва ҳанобила гӯянд: Бе узр тарк кардани он макруҳ ҳаст.

    Ва аммо суннати муаккада, чӣ тавре ки Ибни Обидин бо нақл аз «Баҳр» гуфтааст:

    (ما واظب عليه النبي صلى الله عليه وسلم. لكن إن كانت لا مع الترك، فهي دليل السنة المؤكدة، وإن كانت مع الترك أحياناً، فهي دليل غير المؤكدة). انظر رد المحتار 1/221

    «Ончӣ, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бар он мувозабат дошт. Лекин агар ин мувозабати Паёмбар (бар ҳамон амал) бидуни тарк бошад, пас ин далели суннати муаккада ҳаст, ва аммо агар бо тарк бошад аҳёнан, пас далели суннати ғайримуаккада мебошад». (ниг. Раддул-муҳтор 1/221).

    Ва ин суннатҳои муаккадаро ҳанафиҳо сунанул-ҳудо ном мебаранд.

    Ибни Обидин (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:

    (سنة الهدى، وهي من السنن المؤكدة القريبة من الواجب).

    «Сунани ҳудо, ва он аз суннатҳои муаккадае ҳаст, ки наздик аст ба воҷиб».

    Ва ҳукми он (яъне суннатҳои муаккада) ин аст, ки ба амалкунанда ба он савоб дода мешавад, ва тарккунандаи он иқоб карда намешавад, лекин маломат ва сарзаниш карда мешавад. Ва баъзе аз аҳли илм бар ин назаранд, ки ҳар касе ки бар тарки он мувозиб бошад, пас адолати ӯ соқит аст (яъне шоҳидии ин гуна инсон мардуд будаву қабул нахоҳад шуд).

    Ва хулоса ин аст, ки зобити (қоъида барои фаҳму дарки) суннати муаккада чунин аст: Ончӣ, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бар он мудовамат ва мувозабат доштааст, ва онро тарк накардааст.

    Ва зобити суннати ротиба ин гуна ҳаст: Ончӣ, ки тобеъи ғайраш ҳаст дар вақти муъайян.

    Пас дар асоси ончӣ, ки гуфтем, дониста мешавад ки суннат дар як вақт ҳам ротиба ва ҳам муаккада метавонад бошад, мисли суннатҳои қаблӣ ва баъдии намозҳои фарзӣ. Ин суннатҳо ротиба ҳаст, зеро ки тобеъи фарзҳо ҳастанд, ва ҳамчунин муаккада ҳастанд, зеро ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бар он мудовамат ва мувозабат дошт, ва онро тарк накардааст.

    Ва он (яъне сунани равотиб) даҳ ракаъат аст, чӣ тавре ки дар ҳадиси Ибни Умар (разияллоҳу анҳу) омадааст:

    حفظت عن رسول الله صلى الله عليه وسلم عشر ركعات: ركعتين قبل الظهر، وركعتين بعدها، وركعتين بعد المغرب في بيته، وركعتين بعد العشاء في بيته، وركعتين قبل الصبح (البخاري 1180, 1181, مسلم 729)

    «Аз Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) даҳ ракаъат ҳифз кардам (медонам): Ду ракаъат қабл аз Зуҳр (яъне Пешин) ва ду ракаъат баъди он, ва ду ракаъат баъди Мағриб (яъне Шом) дар хонааш, ва ду ракаъат баъди Ъишо (яъне Хуфтан) дар хонааш, ва ду ракаъат қабл аз Субҳ (яъне Бомдод) он соъате ки ҳеҷ кас ба назди Паёмбар ворид намешуд (яъне ӯ дар хонааш буд), Ҳафса (завҷаи Паёмбар, модари муъминон, хоҳари Абдуллоҳ ибни Умар — разияллоҳу анҳумо) ба ман гуфт, ки агар азон гуфта мешуд ва субҳ тулӯъ мекард, Паёмбар ду ракаъат намоз мехонад». Бухорӣ 1180 ва 1181 ва Муслим 729.

    Ва дар ривояти дигар омадааст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гуфт: «Ҳар бандаи мусалмоне, ки ҳар рӯз барои Аллоҳ таъоло дувоздаҳ ракаъат намоз мехонад, Аллоҳ барояш хонае дар Биҳишт бино хоҳад кард». Имом Муслим аз ҳадиси Умми Ҳабиба (разияллоҳу анҳо) – 728.

    Ва дар ҳадиси модари мӯъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) омадааст, ки:

    «Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) чаҳор ракаъати қабл аз Зуҳрро тарк намекард».

    Пас бо он ҳадиси Ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ва ҳамчунин бо ривоятҳои дигар маълум мешавад, ки 12 ракаъат аст ва қабл аз Зуҳр чаҳор ракъат мебошад.

    Ва муаккадтарини ин равотиб суннати намози Бомдод аст ва баъди он суннати намози Шом ва ҳамчунин намози Витр мебошад.

    Ва аҳёнан суннат метавонад ротиба бошад, вале муаккада нест, мисли чаҳор ракаъат қабл аз намози Аср, ин суннат ротиба ҳаст, зеро ки тобеъи фарзи намози Аср аст, вале муаккада нест, зеро ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бар он мувозабат ва мудовамат накардааст. Аз ибни Умар (разияллоҳу анҳумо) ривоят шуда, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуд:

    "رحم الله امرأ صلى أربعاً قبل العصر" ( أحمد و أبو داود)

    «Аллоҳ раҳмат кунад шахсеро ки қабл аз намози Аср чаҳор ракаъат намоз бигзорад». (ривояти имом Аҳмад ва АбуДовуд).

    Фазилати адои суннатҳои ротиба ва мазаммат ва хатари тарки он.

    Дар баёни фазли ин сунан ва мазаммати тарки он ва хатари тарки ин суннатҳо ба диёнат ва тақвову салоҳи шахс ақволи зиёд аст ва аҳодиси Паёмбар дар фазли адои ин суннатҳо ва фавоиди он машҳур мебошад.

    Ва мо инҷо чанд намунае меорем, токи нигоҳи аҳли илм ба ин масъала баён карда шавад:

    Имом Нававӣ мегӯяд:

    من ترك السنن الراتبة وتسبيحات الركوع والسجود أحياناً لا ترد شهادته, ومن اعتاد تركها ردت شهادته؛ لتهاونه بالدين هذا بقلة مبالاته بالمهمات ( روضة الطالبين)

    «Ҳар кас, ки сунани ротибаро ва тасбиҳоти рукуъ ва суҷудро аҳёнан тарк мекунад, шаҳодати ӯ радд карда намешавад (мақбул аст), ва аммо он касе ки тарки онро одат кардааст, пас шаҳодаташ мардуд аст, ба хотири бепарво буданаш нисбати ин умури муҳим ва саҳлангорияш дар дин». (Равзатут-Толибин 11/233).

    Ва шайхул Ислом Ибни Таймия мегӯяд:

    من أصر على تركها ـ أي: السنن الرواتب ـ دل ذلك على قلة دينه, ورُدّتْ شهادته في مذهب أحمد والشافعي وغيرهما ( مجموع الفتاوى 23/127, 253)

    «Ҳар касе ки бар тарки он (яъне суннатҳои ротиба) мусирр бошад (яъне одат кардаву мувозиб бошад), ин далели қиллат ва камбуди динаш мебошад ва дар мазҳаби имом Аҳмад ва Шофеъи ва ғайраашон шаҳодати ин гуна шахс (яъне шоҳидияш) мардуд аст». (Маҷмуъул фатово 23/127, 253).

    Ва аллома Алӣ Қорӣ дар Мирқотул-мафотиҳ мегӯяд:

    "ألا ترى أن ترك سنة أي سنة تكاسلا يوجب اللوم والعتاب وتركها استخفافا يثبت العصيان والعقاب وإنكارها يجعل صاحبه مبتدعا بلا ارتياب".

    «Магар намебинӣ (намедонӣ), ки тарки суннат, ҳар гуна суннате ки бошад, аз рӯйи танбалӣ муҷиби сарзаниш ва маломат аст, ва тарки он аз рӯйи саҳлангорӣ ва ночиз шуморидан мусбити исёну иқоб аст, ва инкор кардани он, соҳиби инкорро мубтадиъ месозад бидуни шак…».

    Шайх Муҳаммад Солиҳи Усаймин гӯяд:

    «Бидон, ки аз раҳмати Аллоҳ мебошад, ки ӯ барои фарзҳо мисли худаш навофилаеро қарор додааст. (Ва Аллоҳ таъоло ин навофилро машруъ кардааст) аз ду ҷиҳат: Яке (ба сабаби ин навофил) бартараф кардани халал ва нуқсонҳое ки дар фарзҳо ҳосил мешавад ва дуввумӣ зиёдат дар аҷру савоби амалкунанда ба ин навофил.

    Зеро ки агар ин навофил машруъ намебуд (аз ҷониби худи шаръ), пас амал кардан ба он бидъат ва залолат буд.

    Ва дар ҳадис омадааст, ки: Бо навофил фароизро комил хоҳанд кард рӯзи қиёмат (АбуДовуд 864, Тирмизӣ 413, Ибни Моҷа 1425)». (Шарҳи мумтиъ, маҷлиси шашум, бобу сиёмит-татаввуъ, саҳ. 457).

    Ва шайх Абдулазиз Ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:

    «Ва мустаҳаб аст барои ҳар мусалмон, ки қабл аз Зуҳр чаҳор ракаъат ва баъдаш ду ракаъат ва баъди Мағриб ду ракаъат ва баъди Ъишо ду ракаъат ва қабл аз Фаҷр ду ракаъат намоз бихонад ва ҷамъан 12 ракаъат хоҳад буд.

    Ва ин 12 ракаъат равотиб номида мешаванд. Зеро ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бар он мувозиб буд дар ҳоли иқомат ва ғайри сафар, ва аммо дар ҳоли сафар таркаш мекард, магар суннати Бомдод ва намози Витрро. Ӯ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ин ду намозро (яъне суннати Бомдод ва витрро) ҳам дар сафар ва ҳам дар ҳазар мувозиб буд. Ва дар Расулуллоҳ барои мо намунаи некӯ ҳаст, чӣ тавре ки Аллоҳ таъоло фармудааст:

    «Барои шумо дар Расулуллоҳ усваи (намунаи) некӯ ҳаст».

    Сураи Аҳзоб 21

    Ва Паёмбар фармудааст: «Намоз бихонед, ҳамчуноне ки маро дидаед мехонам». (Ривояти имом Бухорӣ)». (Ибни Боз, Се рисола дар салот).

    Ва ҳамчунин шайх Абдулазиз ибни Боз мегӯяд:

    «Ва дар адои ин равотиб фоидаҳои азим аст ва муҳофазат ва мувозабат бар он аз асбоби дохил гаштан ба Биҳишт ва наҷот ёфтан аз оташ мебошад, ҳамроҳ бо адои фароиз ва тарки муҳаррамот.

    Ва ин суннатҳои равотиб татаввуъ ва нофила ҳаст ва фарз нест, лекин фароизро комилу пурра мекунад, чӣ тавре ки дар ҳадис омадааст.

    Ва ин равотиб аз асбоби муҳаббати Аллоҳ ба бандааш аст ва дар мувозабат ба ин равотиб пайравӣ ва иқтидо ба Паёмбар аст (алайҳис-салоту вас-салом). Пас муъминро зарур аст, ки бар адои ин равотиб мувозиб бошад ва ба он аҳамият диҳад, чӣ тавре ки Паёмбар ба он аҳамият медод, ҳамчунин суннати Зуҳо ва низ Таҳаҷҷуд дар шабонгоҳ ва Витр, ва муъмин ба ҳамаи ин суннатҳо аҳамият медиҳад.

    Ва локин, агар суннати намози Зуҳр (яъне Пешин) фавт (қазо) шавад, пас қавли савоб ин аст, ки баъди гузаштани вақташ қазоӣ хонда намешавад. Зеро ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) вақте ки суннати баъд аз Пешинро баъди Аср қазоӣ кард, Умми Салама аз ӯ дар ин маврид суол кард: Оё суннатҳои пешинро қазоӣ бихонем, агар қазо шавад?, Паёмбар гуфт: Не.

    Пас ин (яъне қазо хондани суннатҳои пешин баъди Аср) аз хусусиятҳои Паёмбар аст (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод).

    Аммо суннати намози Бомдод агар қабл аз фарзаш хонда нашавад ва фавт шавад, баъди намози фарз, ва ё баъди тулуъи хуршед қазо карда мешавад. Зеро ки дар аҳодис омадааст, ончӣ ки далолат мекунад ба қазо хондани он баъди фарз ва баъди тулуъи офтоб ва баланд шудани он…

    Ва аммо қавли баъзе аз аҳли илм бар инки тарки суннатҳои ротиба фисқ бошад, қавли хубе нест, балки қавли иштибоҳ ҳаст. Зеро ки суннатҳои ротиба нафл аст. Ва ҳар касе ки бар адои фарзҳо муҳофазат кунад ва аз маъсият (муҳаррамот) иҷтиноб варзад, пас фосиқ нест, балки муъмин ва салимул-адолат аст (яъне шоҳидияш мақбул аст)..». (Ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ), Маҷмуъ фатово ва расоил, ҷузъи 11).

    تعليق لسماحته على كلمة ألقيت في مسجد الإفتاء يوم الأربعاء 26/7/1415 هـ عن السنن الرواتب.

    من مجموع فتاوى ومقالات الجزء الحادي عشر

    Шайх Солеҳ ибни Фавзон (ҳафизаҳуллоҳ) дар посухи суоле мегӯяд:

    «Суол: Мусалмоне ҳаст, ки фарзҳоро адо мекунад, ва лекин суннатҳои ротибаро тарк мекунад. Ба назари шумо ҳукми шаръ дар ин марвид чист?

    Посух: Мусалмон набояд суннатҳои ротибаро тарк кунад, балки бар он муҳофазат бояд дошта бошад, ҳамчуноне ки Паёмбар бар он мувозабат дошт, магар дар ҳолати он гуна сафаре, ки намозро қаср мехонад. Зеро ки дар он (яъне сафар) суннатҳои ротиба хонда намешаванд, яъне ҳамроҳи намозҳои қаср суннатҳои ротибаро намехонад, магар суннати Бомдод, ки қабл аз фариза хонда мешавад, хоҳ дар сафар бошад ва хоҳ дар ҳазар (яъне ҳолати ғайри сафар) ва ҳамчунин намози Витр, ки ҳам дар сафар ва ҳам дар ҳазар адо карда мешавад.

    Аммо дар ғайри ҳолати сафар набояд мусалмон суннатҳои ротибаро тарк кунад, ва ҳамчунин Витрро.

    Балки агар ӯ бар тарки ин суннатҳои ротиба ва намози Витр мудовамат кунад, адолати ӯ соқит гаштаву шоҳидияш қабул намешавад. Зеро ки ин (яъне тарки суннатҳои ротиба карданаш) далолат мекунад ба саҳлангорияш ва бепарвоияш дар дин. Ва агар дар дини худ саҳлангорӣ кунад, пас ҳатмист, ки дар шоҳидияш низ саҳлангорӣ хоҳад кард».

    http://ar.islamway.net/fatwa/7033

    Ҳукми тарки суннатҳои ротиба ва фаҳми саҳеҳи ин ҳукм

    Баъд аз баёни фазилати суннатҳои ротиба ва ақволи аҳли илм дар мавриди адои он ва ташвиқ ба адои он ва мазаммати тарки он, ва хатари саҳлангорӣ нисбати он, ба нуктаи дигари мавзӯъ низ ишорае мекунем, ки дар баёни ҳукми тарки ин суннатҳо ҳаст, ва оё тарккунандаи ин суннатҳои ротиба аз рӯйи танбалӣ, гунаҳкор мешавад ё не, ва сабаби ин гуна баён чист. Ва фаҳми дурусти ин ҳукм чӣ тавр хоҳад буд.

    Дар фатовои шабакаи ИсломВеб (таҳти ишрофи шайх Абдуллоҳ ал-Фақиҳ) омадааст:

    «Суол: Ҳукми тарки суннатҳои муаккада чист? Ва оё торики он гунаҳкор аст?

    Ҷавоб: Алҳамду лиллоҳ вас-салоту вас-салому ала Расулиллоҳ ва олиҳи ва саҳбиҳи, аммо баъд:

    Суннатҳои муаакадаро тарккунандааш гунаҳкор нест, вале чунин инсон он кореро тарк кардааст, ки Паёмбар бар он мувозабат дошт. Ва чунин инсоне ки дар адои суннатҳо саҳлангорӣ (бепарвоӣ) мекунад, наздик аст, ки дар адои воҷибот низ саҳлангорӣ кунад.

    Ва бидон бародари гиромие, ки суол кардаӣ! Ин суннатҳо ҳифз мекунанд воҷибот ва фароизро аз нуқсону камбудиҳо, ҳамчуноне ки пӯст муҳофизат мекунад мағзро аз фосид шудан. Зеро он инсоне ки дар адои суннатҳо мувозиб бошад, баъид аст ва одатан имкон надорад, ки дар адои воҷибот бепарвоӣ кунад.

    Ва ҳамчунин ин суннатҳо камбуди фароизро ҷуброн мекунанд, чӣ тавре ки дар ҳадис омадааст:

    «Аввалин чизе ки дар рӯзи Қиёмат ҳисоб карда мешавад намоз аст…»

    Ва дар идомаи ин ҳадис меояд:

    فيقول الرب عز وجل : انظروا هل لعبدي من تطوع ..

    «Он гоҳ Парвардигор (азза ва ҷалла) мегӯяд: Бубинед, ки оё бандаи ман нофилае дорад… (то камбуди фароизашро ҷуброн кунад)»

    Пас мусалмонро ҷоиз нест, ки дар адои суннатҳо бепарвоӣ кунад.

    Валлоҳу аълам».

    Ва ҳамчунин дар фатвои дигаре аз ҳамин шабака (Исломвеб) омадааст:

    «Суннат ё ки мустаҳаб, таркунандааш гунаҳкор нест ва амалкунанда ба он аҷру савоб дорад, лекин маънои ин (яъне ин ҳукм) чунин нест, ки қадру манзалати мустаҳаббот паст карда шавад ва аз тамассук ва пойбанд будан ба онҳо даст бикашанд, балки мусалмонро зарур аст, ки ба пайравӣ аз суннати Паёмбар ҳарис бошад дар гуфтору кирдор.

    Ва муҳофазату пойбандӣ бар суннатҳо ба муҳофазат бар фароиз мебарад. Ва амал кардан ба суннатҳо ҳиҷобе ҳаст миёни банда ва тарки воҷибот, ҳамчуноне ки тарк кардани макруҳот ва шубҳаҳо ҳиҷобе ҳаст миёни банда ва афтодан ба ҳаромҳо.

    Ва тарки суннат аз рӯйи саҳлангорӣ ва бепарвоӣ, далел аст, ки ин шахс хубиву некӯиҳо ва аҷру савобро намехоҳад ва ба аҷру савоб рағбат надорад. Барои ҳамин ҳам, баъзе аз аҳли илм бар ин назаранд, ки таркунандаи суннат аз рӯйи саҳлангорӣ, мустаҳиққи уқубат аст.

    Ва ин сухан, гарчанде ки хилофи қавли ҷумҳур аст, лекин далолат мекунад ба ончӣ, ки гуфтем, аз аҳамият додан ба суннатҳо ва адами саҳлангорӣ нисбати он.

    Ибни Раҷаби Ҳанбалӣ дар шарҳи Бухорӣ гуфтааст: «Қозӣ АбуЯъло гуфта: Ҳар касе, ки бар тарки суннатҳои ротиба мудовамат кунад, гунаҳкор аст ва ин қавли Исҳоқ ибни Роҳавия мебошад…»».

    Ва ҳамчунин омадааст:

    «Ин ҳама (ончӣ, ки дар ҳукми тарки суннатҳо гуфта шуд) дар мавриди он касе ҳаст аз рӯйи танбалӣ ва монанди он суннатро тарк кардааст, аммо тарк кардани он аз рӯйи таҳовун (ночиз донистан) ва адами рағбат ба он, баъзе аз аҳли илм гуфтаанд, ки фисқ мебошад.

    Ҳофиз Ибни Ҳаҷар дар Фатҳулборӣ дар шарҳи ҳадиси аъробӣ, ки аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар бораи фарзҳо суол кард ва чун Паёмбар ба ӯ посух дод, гуфт: «Қасам ба он зоте ки ҷонам ба дасти ӯст, аз ин (ончӣ, ки Паёмбар ба ман дар мавриди фарзҳо гуфт) зиёда нахоҳам кард»; дар шарҳи ин ҳадис Ибни Ҳаҷар чунин меорад: «Қуртубӣ гуфтааст: Дар ин ҳадис –ва низ ҳадиси Талҳа дар қиссаи аъробӣ ва ғайра аз инҳо- далолат аст бар ҷоиз будани тарки татаввуъот (навофил). Лекин агар касе бар тарки суннатҳо мудовамат кард, нуқсон дар динаш ҳаст. Ва аммо агар таркаш аз рӯйи таҳовун (ночизу ҳақир донистан) ва рағбат надоштан ба он бошад, пас фисқ ҳаст. Ба сабаби он ваъиде ки дар ҳадис омадааст: «Ҳар кас, ки ба суннати ман рағбат надорад, аз ман нест».

    Ва Саҳоба ва тобиъин бар адои суннатҳо мувозиб будаву ба он аҳамият медоданд, ҳамчуноне ки бар фароиз мувозиб буданд, ва дар истифода аз савоби ин амалҳо байни фароиз ва суннатҳо фарқе намегузоштанд.

    Валекин фуқаҳо ба хотири умуре мисли вуҷуби иъода ва ё тарк, ва вуҷуби иқоб бар тарки он ва ё адами он (яъне набудани иқоб), муҳтоҷ будаанд, ки байни инҳо тафриқа кунанд…». (Фатҳулборӣ шарҳи Саҳеҳи Бухорӣ 3/312).».

    http://fatwa.islamweb.net/fatwa/index.php?page=showfatwa&Option=FatwaId&Id=175987

    http://fatwa.islamweb.net/fatwa/index.php?page=showfatwa&Option=FatwaId&lang=A&Id=4545

    http://fatwa.islamweb.net/fatwa/index.php?page=showfatwa&Option=FatwaId&Id=154719