×
Ҳукми хурдани гуште ки ҳалол ё ҳаром буданаш номаълум аст.

    Ҳукми он гӯште, ки ҳолаш номаълум аст

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Шайх Абдулазиз ибни Боз

    Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2013 - 1435

    حكم اللحم الذي لا يعرف حاله

    «باللغة الطاجيكية»

    الشيخ عبد العزيز بن باز

    إعداد: محمد عزيز رجب

    2013 - 1435

    Ҳукми он гӯште, ки ҳолаш номаълум аст

    Савол:

    Аллоҳ таъоло фармудааст:

    ﴿وَلَا تَأۡكُلُواْ مِمَّا لَمۡ يُذۡكَرِ ٱسۡمُ ٱللَّهِ عَلَيۡهِ وَإِنَّهُۥ لَفِسۡقٞ ١٢١﴾ [الانعام: ١٢١]

    «Ва нахӯред аз он чизе ки номи Аллоҳ бар он зикр нашудааст, ва он фисқ аст».

    Сураи Анъом 121

    Ва суоли ман ин аст, ки агар дар меҳмоние бароям гӯшт тақдим карданд, ва ё гӯште ҳадия шуд, ва ё инки аз бозор харида шудааст, ва ман аз ҳоли чӣ тавр забҳ шудани он хабар надорам, ва оё шахси забҳкарда намозгузор ҳаст ё не, пас оё дар чунин ҳолат кифоя ҳаст, ки бисмиллоҳ гуфтаву бихӯрам?

    Ҷавоб:

    Агар ин ҳолат (яъне меҳмонӣ ва ғайра аз он чизҳое, ки дар суол омадааст) дар байни мусалмонон бошад, пас бихӯред ва алҳамду лиллоҳ. Зеро ки асл ин аст, ки (он гӯшт) забиҳаи мусалмон аст. Пас мушкиле нест.

    Аммо агар кишвар, кишвари куфр бошад, ва забҳу куштани молро кофирон ба ӯҳда доранд, пас дар ин масъала тафсилоте ҳаст:

    Агар онҳо аз аҳли китоб – яъне яҳуду насоро бошанд, пас забиҳаи эшон ҳалол аст, магар ин ки бидонӣ, ва ё шахси дигаре бидонад, ки онҳо он молро барои ғайруллоҳ забҳ кардаанд, ба номи Масиҳ ва ё Узайр ва монанди инҳо, пас дар чунин ҳолат хӯрдан ҷоиз нест. Ва аммо агар хабар надорад, пас алҳамду лиллоҳ, Аллоҳ таъоло таъоми аҳли китобро ҳалол кардааст, Ӯ таъоло мегӯяд:

    ﴿وَطَعَامُ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ حِلّٞ لَّكُمۡ وَطَعَامُكُمۡ حِلّٞ لَّهُمۡۖ ٥﴾ [المائدة: ٥]

    «Ва таъоми аҳли китоб барои шумо ҳалол аст ва таъоми шумо барои онҳо ҳалол аст».

    Сураи Моида 50

    Пас таъоми аҳли китоб барои мо ҳалол аст, ва онҳо яҳуду насоро ҳастанд, магар инки бидонем, ки онҳо забҳи ғайришаръӣ кардаанд: буғӣ кардаанд, бо оҳане чок кардаанд, то ки ҷон додааст, инро хӯрда намешавад. Ҳатто агар мусалмон ҳам чунин забҳ карда бошад, хӯрда намешавад.

    Аммо агар надонем, ки чӣ тавр забҳ кардаанд, пас забиҳаи онҳо бароямон ҳалол аст, мисли забиҳаи мусалмон. То онки бидонем, ки мусалмон ё яҳудӣ ва ё насронӣ забҳи ғайришаръӣ кардааст (дар ин ҳолат хӯрдан ҷоиз нест), аммо агар надонем, пас асл ҳалол аст.

    Ва ҳамчунин забиҳаи мушрике, ки қабрпарастӣ мекунад, ва мурдагонро дуъо мекунад ва аз мурдагон кӯмак металабад, ва ҷинро дуъо мекунад, забиҳаи ӯ хӯрда намешавад.

    Ва ё оне ки намоз намегузорад, забиҳааш хӯрда намешавад, зеро ки тарки намоз дар саҳеҳтарин ривоёти ақволи уламо куфр аст, ҳарчанде ки воҷиб будани (яъне фарзияти онро) онро инкор накунад ҳам. Ва аммо агар фарзияти онро инкор кунад, пас дар назди ҷамиъи аҳли илм кофир аст. Лекин агар намозро тарк кунад, ва гӯяд, ки намоз воҷиб аст (яъне фарзияти онро қабул дошта бошад), пас чунин инсон дар назари ҷамъе аз аҳли илм кофир аст, ва ҳамин қавл саҳеҳтар аст ва зоҳиртар аз ҷиҳати далел аст.

    Ва низ, агар мусалмоне қасдан Бисмиллоҳро тарк кунад ва ҳукми ин масъаларо огоҳ бошад, пас забиҳааш ҳалол нест, вале агар ҷоҳил бошад ва ё фаромӯш кардааст, пас боке надорад.

    Дар вақти забҳ «тасмия» ҳатмӣ ҳаст, мегӯи: Бисмиллоҳ, Аллоҳу акбар.

    Лекин агар мусалмон аз рӯи фаромӯшӣ ва ё нодонӣ онро тарк кунад, забиҳааш ҳалол аст.

    Ва ё сайдеро парронду кушт, вале фаромуш карда ки бисмиллоҳ бигӯяд, ё ки ҳукми ин масъаларо намедонад, пас сайдаш ҳалол аст.

    Аммо агар мусалмон қасдан тасмияро тарк кунад, дар ҳоле ки медонад ки тасмия воҷиб аст, вале саҳлангорӣ ва бепарвоӣ кунад, пас забиҳаи ӯ ғайришаръӣ ҳаст ва хӯрда намешавад.

    Ва агар онҳое ки ба шумо таъом пешниҳод кардаанд, нав мусалмоншудаҳо бошанд ва аз баъзе аҳкоми шаръ бехабар ҳастанд, ва ту шак дошта бошӣ, ки бисмиллоҳ гуфтаанд ё не, пас кифоя ҳаст «Бисмиллоҳ» бигӯӣ.

    Паёмбар дар мавриди инсонҳои навмусалмоншуда суол карда шуд, ки забиҳаи онҳо чӣ ҳукме дорад…

    Паёмбар фармуд:

    "سموا الله أنتم وكلوا" إمام البخاري

    «Шумо худ номи Аллоҳро зикр кардаву бихӯред».

    Саҳеҳи Бухорӣ

    Асл (дар забиҳаи мусалмонон) ҳалол аст, алҳамду лиллоҳ, шумо номи Аллоҳро зикр кардаву бихӯред.

    Пас хулоса ин аст, ки забиҳа (гушти забҳшуда) тафсил дорад, бар асоси ҳоли кишвар. Агар аҳли кишвар мусалмонон бошанд ва ё аҳли китоб бошанд (яҳуду насоро) пас забиҳа ҳалол аст. Асл ҳалол аст, магар инки чизе бидонӣ, ки забиҳаро бароят ҳаром мекунад.

    Аммо агар аҳли кишвар кофирон бошанд ва идораву вилоят аз куффор бошад, ғайри яҳуд ва насоро, пас дар ин сурат забиҳаро махӯр то бидонӣ ки мусалмоне онро забҳ кардааст ё яҳудие ва ё насроние… аммо агар забҳкунандагон маъруф бошанд, ки мушрик ҳастанд, ва қабрпарастон бошанд, ё ки намоз намехонанд, пас забиҳаи онҳоро махӯр, агар ба он авсоф маъруф бошанд.

    http://www.binbaz.org.sa/mat/19801

    Муфтӣ: АбдулАзиз ибни Боз (раҳматуллоҳи алайҳ)

    Таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ