ҲУКМИ ВОБАСТАГӢ БА МАЗҲАБЕ ЧИСТ?
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
ҲУКМИ ВОБАСТАГӢ БА МАЗҲАБЕ ЧИСТ?
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Имом Абдулазиз ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ)
Тарҷума: Муҳаммадазиз Раҷабӣ
Сомонаи Боғи Накӯкорон
2013 - 1435
حكم إتباع مذهب معين
«باللغة الطاجيكية»
الشيخ عبد العزيز بن باز
ترجمة: محمد عزيز رجب
موقع رياض الصالحين
2013 - 1435
ҲУКМИ ВОБАСТАГӢ БА МАЗҲАБЕ ЧИСТ?
ҲУКМИ ВОБАСТАГӢ БА МАЗҲАБЕ ЧИСТ, ВА ДАР МАСОИЛИ ИХТИЛОФӢ ЧӢ ТАВР БОЯД АМАЛ КАРД?
Савол: Масъалаи мазҳабҳо бароям мушкил омадааст, ва мардум доимо суол мекунанд, ки дар кадом мазҳаб ҳастӣ?
Ва суолам (аз шумо ин аст, ки): Оё воҷиб аст, ки мусалмон ба мазҳабе пойбанд бошад?
Медонам, ки дар мазҳабҳо ихтилоф аст, масалан дар ҳукми разоъат. Дар мазҳаби АбуҲанифа ва Молик бо муҷарради як ширнӯшӣ, разоъат ҳисобида мешавад, аммо дар назди Шофеъӣ ва Аҳмад бо панҷ маротиба разоъат аст. Пас чӣ тавр мусалмон дар ин ихтилофот амал кунад, агар ҷавоне хоҳад ки бо духтаре издивоҷ намояд, ки аз модараш як маротиба шир нӯшидааст?
Ҷавоб: Ин мазоҳиби маъруф – мазҳабҳои ҳақ ҳастанд: Шофеъӣ ва Молик ва АбуҲанифа ва Аҳмад, кулли ин мазоҳиб ба сӯи ҳақ давъат мекунанд ва пойбанди ҳақ ҳастанд. Ва инҳо мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоъат мебошанд. Локин, гоҳо мешавад ки олиме аз ҷумлаи аиммаи арбаъа ва ғайри онҳо, дар баъзе масоил ғалат ва иштибоҳе мекунад, ва касе аз онҳо маъсум аз хато нест. Мешавад ки баъзе аз суннатҳо аз ӯ пӯшида мемонад ва ё ҳадиси саҳеҳе ба ӯ аз тариқи саҳеҳ (дар назди ӯ) намерасад, з-ин сабаб баъзе иштибоҳот ва хатоҳо дар ин мазоҳиб воқеъ мешавад.
Пас агар дар мазоҳиб ихтилоф кардӣ, воҷиб аст ки далелро ҳоким созӣ. Аҳли илм дар масоили ихтилофӣ ба далелҳо рӯй меоваранд ва баъдан муқтазои он далелро тарҷиҳ медиҳанд.
Ва толибилме, ки ба ин ҳол (яъне қодир будан ба тарҷиҳ) нарасидааст, аз аҳли илм суол мекунад, ва ҳамчунин шахси оммӣ аз аҳли илм суол мекунад, ончӣ ки муқтазои шаръи мутаҳҳар аст.
Агар шахсе вуҷуд дорад, ки аз модари шумо як ё ду маротиба шир нӯшидааст, пас шумо аз аҳли илм суол кунед.
Ва қавли савоб дар ин масъала, панҷ маротиба нӯшидан аст. Зеро ки ҳадиси саҳеҳ аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба ин далолат мекунад ва аммо ояти разоъат, ки мутлақ омадааст ва ҳамчунин аҳодиси мутлақ дар ин масъала, баргардонида мешаванд ба далелҳои муқайяд. Чӣ тавре, ки қоъидаи усулӣ ҳаст – нусуси мутлақ баргардонида мешавад ба нусуси муқайяд.
Ва аз модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) собит аст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ба Саҳла бинти Суҳайл гуфт: “Панҷ маротиба ба Солим шир бинӯшон, бар ӯ ҳаром хоҳӣ шуд".
Ва ҳамчунин аз Оиша (разияллоҳу анҳо) собит аст, ки гуфт: “Ончӣ аз Қуръон нозил гашта, ин буд: “Даҳ разаъоти маълумот ҳаром месозанд" ва баъдан бо “панҷ маълумот" насх гашт. Вафот кард Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод), дар ҳоле ки амр бар он панҷ боқӣ буд". Ривояти Муслим аст дар саҳеҳи худ…
Ин аст ҳоким дар вақти низоъ; Суннат ҳоким аст. Пас агар дар масъалае суннати саҳеҳ вуҷуд дошта бошад, воҷиб аст ки аз он пайравӣ карда шавад ва қавли мувофиқ бо суннат тарҷиҳ дода шавад. Ва дар ин масъала, ҳар касе ки панҷ маротибаро ихтиёр кардааст, қавли ӯ мувофиқ бо суннат аст, ва аммо оне ки як ё ду ва ё се маротибаро кифоя гуфтааст, қавлаш марҷуҳ мебошад.
Ин тавр дар масоили ихтилофӣ (амал бояд кард), зеро ки Аллоҳ таъоло фармудааст: “Ҳар гоҳ, ки дар амри чизе низоъ кардед, пас онро ба Аллоҳ ва Расул бозгардонед". (Сураи Нисо 59).
Ва ҳамчунин гуфтааст: “Дар ҳар чизе, ки ихтилоф дошта бошед, доварии он ба Аллоҳ бозмегардад…". (Сураи Шуро 10).
Пас агар мардум дар чизе ихтилоф карданд, бар онҳо воҷиб аст, ки онро ба Китобу Суннат бозгардонанд. Ва аҳли илм ҳастанд, ки чунин корро мекунанд ва онҳо ҳастанд бозгардонанда ба сӯи Китобу Суннат. Агар ба далелҳо бозгаштанд, пас воҷиб аст, ки муқтазои далелро тарҷеҳ диҳанд ва аммо оммӣ аз аҳли илм суол мекунад, ва ҳамчунин толибилме, ки ба дараҷаи муҷтаҳидон ва донандагони дараҷоти суннат нарасидааст, аз аҳли илм суол мекунад. Ва дар суол кардани хеш, он олимеро ҷустуҷӯй мекунад, ки ба илм ва фазоили он наздиктар бошад ва оне, ки ба аҳли суннат наздиктар аст. Зеро ки ҳамин аст воҷиб барояш ва ин аст саъю талошаш.
Ва дар масоили ихтилофӣ шарт нест, ки инсон мултазим ба мазҳабе бошад, балки ҳақро талаб кардаву суол мекунад, ва чун ҳақро пайдо кард пайравӣ мекунад, хоҳ бо Молик бошад ва хоҳ инки бо Шофеъӣ ҳаст ё АбуҲанифа ё Аҳмад ва ё инки ғайри эшон аз аҳли илм.
http://www.binbaz.org.sa/mat/10579
Имом Абдулазиз ибни Боз (раҳимаҳуллоҳ)
Мутарҷим: Муҳаммадазиз Раҷабӣ
Боғи Накӯкорон.