×
Чаро мо ба Худои худ дуъо менамоем,вале ин ҳама дуъову тазаррӯъи мо пеши Парвардигори оламиён пазируфта намешавад? Дар ҳоле, ки Худованд мефармояд “Парвардигоратон гуфт: “Дуъову илтиҷо кунед Маро, то (дуъои) шуморо иҷобат кунам”

    Барои он, ки дуъо қабул шавад

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Абдулҳанони Абдурраҳмон

    2013 - 1435

    حتى يُقبل الدعاء

    «باللغة الطاجيكية»

    عبد الحنان عبد الرحمن

    2013 - 1435

    Барои он, ки дуъо қабул шавад

    Чаро мо ба Худои худ дуъо менамоем, вале ин ҳама дуъову тазаррӯъи мо пеши Парвардигори оламиён пазируфта намешавад? Дар ҳоле,ки Ӯ - Худованди бузургу тавоно ба мо амр намудааст, ки дуъои бандаи мухлисашро ҳамеша мешунавад ва онро муҳақақан мустаҷоб менамояд. Аз Иброҳими Адҳам дар маҷлисе шахсе суол намуд, ки Худованд дар Қуръони азимушшаън чунин фармудааст: «Эй бандагони ман!

    ﴿وَقَالَ رَبُّكُمُ ٱدۡعُونِيٓ أَسۡتَجِبۡ لَكُمۡۚ ٦٠﴾ [غافر: ٦٠]

    “Парвардигоратон гуфт: «Дуъову илтиҷо кунед Маро, то (дуъои) шуморо иҷобат кунам.”

    Сураи Ғофир 60

    Шахси суолкунанда гуфт ман вақти зиёд аст, ки дар казои хоҷатҳои хеш Худовандро дуъо мегӯям, аммо бароям иҷобат нест. Он ҳазрат дар посух чунин гуфт: «Дилҳои шумо аз бардошти даҳ чиз мурдааст". Эй ҷавонмард бидон, ки ҳар ойина дуъои бандагон ва мардум ба даргоҳи Субҳонаҳу таъоло бинобар асбобу василаи зерин мавриди иҷобати Худованди иҷобаткунанда қарор намегирад:

    1. Шумо ба вуҷуди он зоти пок ва ягонагии Ӯ эътироф кардаед, аммо он тавре, ки Ӯ шуморо амр фармуда ҳақашро ба ҷой наовардаед.
    2. Китоби нуронии муқаддаси Куръонро мутолиа фармудаед, аммо ба он чӣ, ки аз ҷониби Худову Куръон амр шуда, амал накардаед.
    3. Дар забон ба Иблис лаънат гуфтаед, аммо дар амал итоати ӯро намудаед.
    4. Даъвои дӯстдории биҳишти баринро намудаед, аммо барои дарёфту расидан ба он амалу талош ба харҷ надодаед.
    5. Аз дӯзах паноҳ талабидаед, аммо аз иртикоби гуноҳ даст набардошта ва сидқан тавба накардаед.
    6. Даъвои мурдан хақ аст гуфтед, лекин тӯшаи он сафари тӯлониро бо худ таҳия накардаед ва ба истиқболи аҷал омодагие надоред.
    7. Айбҳои худро фаромӯш сохтаед ва дар иваз ба айбҷӯии дигарон пардохтаед.
    8. Аз неъматҳои беинтиҳои Аллоҳ мехӯред, аммо шукри ин ҳама неъматҳои иллоҳиро нодида мегиред ва шукри онҳоро ба таври лозиму дуруст ба ҷой намеоред.
    9. Мурдаҳоятонро дафн месозед, аммо аз онҳо ибрат барои худ намегиред.

    Муттаассифона дар ҷомеаи имрӯзаи мо чунин вазъ ба вузӯҳ ба мушоҳида мерасад. Афроди зиёдеро мебинем, ки аз иҷобат нашудани дуъоҳои хеш ба навъе гила мекунанд ва Худовандро миннат мегузоранд, ки бо вуҷуди тоату ибодоти зиёд хоставу талабашонро мустаҷоб намекунад. Аммо фориғ аз ин нуктаи бисёр муҳиманд, ки агар дуъову хостаашон бароварда намешавад, набояд аз Худованди раҳиму меҳрубон дид, зеро Ӯ дар ваъдаи худ ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ хилоф намекунад. Ин мо ҳастем, ки дар мақтаъи амал ба он чӣ моро Қуръону Худованд раҳнамоӣ фармудаанд, сидқан муқайяд намемонем. Он гуна, ки фармудаи маъруфи мардумӣ низ мегӯяд, танҳо «аз мост, ки бар мост».

    Пас мо бояд аз мавориде, ки зикраш дар боло рафт бикушем, ки иҷтиноб намоем. Бештар талош ба харҷ диҳем, ки асбоби хақиқӣ ва саҳеҳи иҷобати дуъоро пайдо намоем, то дуъову хостаҳоямон аз Худованд мавриди иҷобат карор бигиранд. Бо қалбҳои пок ва ниёти холис рӯ ба сӯи маъбуди ягона биоварем, то талабу хостаҳоямон мавриди пазириши Ӯ қарор бигирад.