Ҳасад ахлоқи бад аст
Дастабандиҳо
Full Description
Ҳасад ахлоқи бад аст
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Таҳияи: А. Ҳақназарзода
2013 - 1434
الحسد خلق مذموم
«باللغة الطاجيكية»
إعداد: أ. حقنظرزاده
2013 - 1434
Ҳасад ахлоқи бад аст
عن أبي هريرة – رضي الله عنه – قال: قال رسول الله - صلى الله عليه وسلم -: "لا تحاسدوا ولا تناجشوا ولا تباغضوا ولا تدابروا, ولا يبع بعضكم على بيع بعض, وكونوا عباد الله إخوانا. المسلم أخو المسلم لا يظلمه ولا يخذله, ولا يكذبه ولا يحقره, التقوى ههنا – ويشير إلى صدره ثلاث مرات – بحسب امرئ من الشر أن يحقر أخاه المسلم كل المسلم على المسلم حرام: دمه وماله وعرضه"رواه مسلم.
“Аз Абуҳурайра (р.з) ривоят шуда ки гуфт: Расули Худо фармуд: "Нисбати ҳамдигар ҳасад маварзед, ва ба забон ҳамдигарро созиш макунед, ва кинаи ҳамдигарро ба дил нагиред, ва пушт ба ҳамдигар макунед, ва муъомалаи ҳамдигарро бар ҳам мазанед (дар хариду фуруш), бар дасти ҳамдигар мазанед, эй бандагони Худо! Бародари ҳамдигар бошед, мусалмон бародари мусалмон аст, ба бародари худ ситам намекунад, даст аз ёрии ӯ намекашад, ба ӯ дуруғ намегуяд, ӯро хору залил намешуморад, тақво инҷост - яъне дар дил аст ва ба суй сина ишора намуда себор онро такрор кард- дар пасти ва шарорати шахс ҳамин бас ки бародари мусалмонашро хор бидорад. Хун ва молу шарафи мусалмон бар мусалмонон ҳаром аст”.
Ривояти Муслим
Ин ҳадис бо ривояти имом Муслим аст ва ба ҳамин маъно низ дар саҳеҳ Бухорӣ ва дигар китобҳои саҳеҳ ривоят шуда аст, ки дар саҳеҳ будани он шакке вуҷуд надорад.
Дар ин ҳадис ошкоро баён шуда аст, ки ҳасад ҳаром аст зеро ҳасад иборат аст аз орзу кардани заволи неъмати дигаре. Дар ҳолеки соҳиби неъмат дар ҳақи ҳасуд ҳеҷ бади накарда аст ва мувофиқи шариъат бар ҳар кас воҷиб аст, ки дӯст бидорад барои бародараш ончиро ки барои худ дӯст медорад.
Аз ҷиҳати дигар ҳасад иборат аст аз инкори қудрати Худои таъоло ва адами ризоги аз қисмати Худо бар ӯ, ки ин этимоли ба куфр расонидани инсонро дорад.
Худованд дар сураи Нисо, ки маънояш чунин аст мефармояд:
“Балки дар ҳақиқат ба мардум ба хотири ончи Худо аз фазли худ ба онҳо дода аст, ҳасад меварзанд”.
Сураи Нисо, 54
Дар ҳадис омада аст ки:
(الحسد يأكل الحسنات كما تأكل النار الحطب)
“Ҳасад ҳасанотро аз байн мебарад ҳамон тавреки оташ ҳезумро месузонад”.
Гузашта аз ҳаром будани ҳасад ва инки ҳасад ҳасаноти ҳосидро месӯзонад, хатари куфр низ дорад, зеро ҳосид ба қисмати Худованди норози аст, илова бар ин ҳосид ҳамеша нороҳат ва гирифтори дарди ҳасад аст.
Бештар касонеки гирифтори ҳасад мешаванд ҳамсоягон ҳастанд ва аз қадим маъруф аст мегуянд: Душманӣ дар хешовандон ва ҳасад дар ҳамсоягон аст. Ва яке аз сабабҳои аз байн бурдани ҳасади ҳамсоягон эҳсон ва некукори нисбат ба эшон аст.
Бинобарин барои ҳамсоягон ҳуқуқи бисёре муқаррар шуда аст, то эҳсони бештар мояи аз байн бурдани ҳасад бошад.
Ва дар ин ҳадис аз ҳасад манъ шуд, барои ин ки агар ҳасад реша барорад сабаби озурдан ва нороҳати ва азият мешавад, аз инру фармуд:
(ولا تناجشوا)
“Таърифу тавсиф накунед” (Дар вақти фурухтани чизе таърифу тавсифи дуруғ накунед, то инки дигарон фирефтаи он таърифҳо шуда он молро харидори намоянд). Ва наҷаш ҳам сабаби ба вуҷуд омадани кина ва душмани аст.
Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки:
(من غشنا فليس منا)
“Касе ки дар ҳақи мо мусалмонон ғиш(фиреб) ба кор мебарад аз мо мусалмонон нест”, дар ривояти дигар: “Ҳар ки ғиш намуд аз мо нест”.
Аммо агар орзуи заволи дигаре набошад ва қасду кушиш кардан ба соҳиби неъмат ва баробари бо ӯ дар корҳои хайр бошад инро (ғибта) меноманд, ва инро ҳасад намегуянд.
Агар бигуем ки дӯсти ва кина ин як кори маҷбури (берун аз хоҳиш) аст, дар ин ҳол чунин маъно мешавад, ки аз корҳое ки сабаби пайдо шудани кина мешавад дури биҷуед.
Кина иборат аз безори аз чизе аст, бахотири сифати баде, ки дар он аст ва дар ин ҳол кина ва кароҳат муродифи ҳамдигар мешаванд.
Аммо бояд донист, ки кинаварзи бо душманони Худо лозим аст, барои ин ки гуноҳ мояи ғазаби Худост ва шахси гунаҳгор бо Худои таъоло мубориза менамояд, ва кина бо он чизеки ғазаби Худоро пайдо мекунад лозим аст.
Дар ҳадиси саҳеҳ омада аст ки:
(من أحب لله, وأبغض لله , وأعطى لله, فقد استكمل الإيمان)
“Касе ки муҳаббат ва дӯст доштанаш барои Худо ва нафрату бадбиниаш барои Худо бошад, ва ато ва эҳсонаш барои Худо бошад, пас ба ростики ӯ имонашро комил карда аст”.
Ҳаргоҳ ки миёни ду кас бар сари коре ихтилоф бошад, бадбини ва кина гирифтан бар ҳамдигар ҷоиз нест, Аслан кина ҷойз нест магар дар ҳолеки ризои Аллоҳ таъоло бошад. Ихтилофҳое, ки миёни гуруҳҳои уммати исломи аст, набояд мояи кина шавад, магар вақто, ки фикрҳои баъзеҳо мунҳариф ба куфр шавад дар ин ҳол кинаи кофир ва фосиқ лозим аст.
Ва ин бадбини бояд бадбиниии ақида ва амалашон бошад на бадбинии худашон. Чуноне, ки Худованд дар бораи ҳазрати Лут (а) мефармояд:
Ҳазрати Лут (а) ба қавмаш гуфт: Ман аз амали шумо безорам.
Касоне, ки аз гуфторҳои гумроҳ кунанда пайрави мекунанд, агар аз нодони бошад шояд сабаби узрашон шавад, аммо касонеки аҳли илм ҳастанд барояшон ҷуз пайрави аз ҳақ роҳи дигаре нест.
Дар ҳадиси дигаре омада аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:
(والذي نفسي بيده لا تدخلون الجنة حتى تؤمنوا ولا تؤمنوا حتى تحابوا)
صحيح مسلم.
“Қасам ба он Худое, ки нафси ман дар дасти Ӯст, ба биҳишт дохил намешавед, магар инки имон дошта бошед, ва имони шумо ба камол намерасад магар инки ҳамдигарро дӯст доред”.
Ривояти Муслим
Ва ҳар коре ки сабаби ҷудоги ва фитна миёни мусалмонон мешавад дини ислом моро аз он манъ карда аст, дар давоми ҳадиси зикршуда омадааст ки:
(ولا يبع بعضكم على بيع بعض)
“Байъу широ накунад яке аз шумо бар байъу широи дигари”. Яъне: Мусалмон набояд савдои яке дигарро барҳам занад, масалан гуяд ки: Ин бисёр арзон аст ва фурушанда туро фиреб додааст, ё фурушандаро гуяд, ки ман бароят пули зиёдтар медиҳам ин молро аз ӯ гирифта ба ман бифруш.
Чунки ин кор чунонеки дар ҳадис омада аст:
(إنكم إذا فعلتم ذلك قطعتم أرحامكم)
“Барои инки шумо ҳаргоҳ ин корро бикунед ва бар дасти ҳамдигар бизанед, робитаи хешутабори ва дӯстию наздикиро аз байн мебаред”.
Пас ошкор шуд ки мусалмон барои тамоми ҳуқуқи мусалмонон бояд эҳтиром дошта бошад.
Ҳеҷгоҳ шараф ва иззати мусалмонро поймол накунад, моли мусалмонро ноҳақ нагирад, хуни мусалмонро нарезад.
Ва мусалмони ҳақиқи касе аст, ки метавонад намояндаи Худо бар рӯи замин бошад, мусалмони ҳақиқи касе аст, ки метавонад неъматҳоро дар яктопарасти ва ибодати Худованд ба кор бибарад.
Дар ҳадиси зикр шуда мушкилиҳои иҷтимоъи, ва сабабҳои илоҷи онро, ва вазифаи мусалмонон нисбати ҳамдигарро Паёмбари Худо ба мо баён кард, ва инчунин эҳтиром ба ҳуқуқи якдигар, бандаги ва розиги ба қисмати Худованд, бародари ва ҳамдасти бо ҳадигарро барои барпо кардани як муҷтамаъи хушбахт ва босаъодат баён кард. Ҳамаи инҳоро ба таври ошкор баён кард ва метавон гуфт, ки ин ҳадис дарбаргирандаи бисёре аз аҳком ва одоби ислом аст.
Дар охир аз Худованди бузург талаби дуъо мекунем, ки барои мусалмонони ҷаҳон ҳамкори ва дастҷамъиро насиб гардонад. Ва қуввати онҳоро дар муқобили душманони ислом боҳам якҷо кунад, ва робитаи дӯсти ва бародариро миёни онҳо мустаҳкам гардонад.