Аҳком, фарзҳо ва тариқаи таяммум кардан
Дастабандиҳо
Full Description
Аҳком, фарзҳо ва тариқаи таяммум кардан
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
АБДУШАРИФИ БОҚИЗОДА
Масдар: Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафи
2013 - 1434
أحكام وفرائض وطريقة التيمم
«باللغة الطاجيكية»
عبد الشريف باقي زاده
المصدر: كتاب الفقه الإسلامي على المذهب الحنفي
2013 - 1434
ТАЯММУМ
Ҳамон тавре гуфта шуд, Худованд обро асл ва асоси поккунанда барои инсон қарор додааст ва ҳеҷ чизе наметавонад ҷойгузини он гардад, магар ин ки Худованд боз чизеро барои ин амри ҳаётан муҳим таъйин намояд. Худованд дар зимни зарфиятҳо ва густараи қонунгузории худ тамоми ниёзҳои навъи башар ва ҳолатҳои гуногуни ҳаёти инсонро зери пўшиш ва мавриди расидагӣ қарор додааст.
Пас ба хотири ин ки инсон ки гоҳе ба сабаби дар дастрас надоштани об ва ё ба сабаби беморӣ, захмдорӣ ва як силсила иллатҳои дигар, аз истифодаи об маҳрум мегардад, ҳамвора роҳе барои покӣ ва ҳузур дар пешгоҳи бандагии Худованд дошта бошад ва ҳеҷ гоҳ аз лаҳзаҳои гуворои ибодат дар канор намонад, барои вай таяммумро машрўъ ва сатҳи рўи заминро, ки шомили хок, рег, санг, шўрахок ва ғайра аст, пок ва поккунанда гардонидааст. Вақте дар дастраси одамӣ обе вуҷуд надошта бошад ва ё аз сабабҳои беморӣ, захмдорӣ, сардӣ ва…, натавонад аз он истифода намояд, аз сатҳи поки замин барои поксозии худ истифода менамояд.
Худованд дар давоми ояти шашуми сураи Моида, пас аз баёни фарзияти ғусл ва дар бахше аз ояти 43-юми сураи Нисо мефармояд:
﴿وَإِن كُنتُم مَّرۡضَىٰٓ أَوۡ عَلَىٰ سَفَرٍ أَوۡ جَآءَ أَحَدٞ مِّنكُم مِّنَ ٱلۡغَآئِطِ أَوۡ لَٰمَسۡتُمُ ٱلنِّسَآءَ فَلَمۡ تَجِدُواْ مَآءٗ فَتَيَمَّمُواْ صَعِيدٗا طَيِّبٗا فَٱمۡسَحُواْ بِوُجُوهِكُمۡ وَأَيۡدِيكُمۡۗ إِنَّ ٱللَّهَ كَانَ عَفُوًّا غَفُورًا ٤٣﴾ [النساء : ٤٣]
«Ва агар бемор ё мусофир бошед ё касе аз шумо аз қазои ҳоҷат баргардад ва ё бо занони худ наздикӣ (ва омезиш) намоед (ва барои поксозии худ дар ҳеҷ яке аз ин мавридҳо) обе наёбед, пас қасди хоки пок намоед ва чеҳраҳо (рўйҳо) ва дастҳоятонро бо он масҳ кашед. Худованд, ҳатман, афвкунандаи омурзгор аст».
Паёмбари ислом (с) мефармояд: «Хоки поки сатҳи замин поккунандаи мусалмон аст, агар то даҳсолаҳо об наёбад».[1]
Дар ҳолатҳои зерин ба ҷои вузў ва ғусл таяммум карда мешавад:
1. Пайдо накардани об дар масофаи камтар аз як мил (тақрибан ду километр).
2. Ба хотири беморие, ки истифода аз об дар он зараровар аст.
3. Ба хотири сармои сахт.
4. Ба хотири тарс аз душман ва ё чизи дигар, ки хатари ҷонӣ дорад.
5. Ҳангоми хавф аз ташнагӣ.
6. Он ҷое, ки барои ба даст овардани об воситаҳои обкашӣ мавҷуд набошанд.
7. Ҳангоми хавфи аз даст рафтани намозе, ки қазо надорад. Масалан, шахсе ба намози ид ҳозир шавад ва бими он дошта бошад, ки агар ба таҳорат кардан машғул шавад, намози ид фавт мегардад, дар он сурат бояд таяммум карда, намози идро ҳамроҳи имом адо намояд. Ва айни ҳамин ҳолат аст, агар ба намози ҷаноза ҳангоми оғози он ҳозир шуда бошад, вале ин амр дар сурате аст, ки ў валии (соҳиби) ҷаноза набошад. Зеро валӣ метавонад намози ҷанозаро ба таъхир андозад ва вузў намояд. Таяммум дар ин ҳолат низ барои вай ҷоиз нест.
Тариқаи таяммум кардан
Худованд дар ду ояти зикргардида дар зимни баёни машрўъият ва фарзияти таяммум, ба нуқтаҳои зерин ишора намудааст:
1. Дар чӣ ҳолатҳо банда метавонад таяммум намояд:
Беморӣ, пайдо накардани об ва ғайра.
2. Таяммум дар ивази вузў ва ғусл ҳар ду кифоят мекунад.
3. Таяммум бо масҳ кашидани рўй ва дастҳо сурат мегирад.
Вале чӣ гуна таяммум намудан ва аз хоки поки сатҳи замин барои таяммум чӣ тавр истифода бурдан дар иршодоти расули акрам (с) омадааст.
Аммор ибни Ёсир (р) мефармояд: «Ман ҳам дар миёни мардум будам, вақте амр ба таяммум дар ҳолати набудани об нозил гардид. Расули Худо (с) ба мо дастур дод, ки як бор барои масҳи рўйҳо дастҳоямонро бар замин бизанем ва як бори дигар барои масҳи ҳар ду даст бо оринҷҳо дастҳоро бар замин бизанем».[2]
Аз Аммор ибни Ёсир (р) боз ривоят шудааст, ки: «Боре ҷунуб шудам ва обе пайдо накардам. Пас худамро ба рўи замин молидам ва намоз хондам. Пас аз он ҷараёни корро барои паёмбар (с) нақл кардам. Паёмбар (с) фармуд: Кофӣ буд, ки чунин мекардӣ ва паёмбар (с) ду кафи дасташро бар замин зад (ва онҳоро бардошта), дар онҳо пуф кард. Сипас бо онҳо рўй ва кафи ду дасташро масҳ кашид».[3]
Аз Ибни Умар (р) ва аз Ҷобир (р) ривоят шудааст, ки паёмбар (с) фармуд: «Таяммум ду зарба аст. Яке барои (масҳи) рўй ва дигаре барои (масҳи) дастҳо бо оринҷҳо».[4]
Таяммумкунанда аввал ба хотири адои намоз ният мекунад ва сипас ду дасти худро ба рўи ҳар чизи поке, ки аз ҷинси замин бошад, зада, рўи хешро масҳ мекашад.
Баъд аз ин бори дуюм дастҳои худро ба он чизи пок зада, дасти росташро аз сари ангуштон то охири оринҷ бо дасти чап ва баъд дасти чапашро бо дасти рост ҳамин тавр масҳ мекашад.
Аҳкоми таяммум
Таяммум бо ҳар чизи поке, ки аз ҷинси замин аст, анҷом дода мешавад, ба монанди рег, гач, оҳак, сурма ва санг, агарчанде ғубор надошта бошад.
Таяммумкунанда метавонад пеш аз вақти намоз ва низ қабл аз талаби об аз ҳамроҳи худ таяммум намояд. Аз ин рў, воҷиб нест, ки мунтазири фарорасии вақти намоз бошад ва ё обро аз ҳамроҳаш талаб намуда ва баъд таяммум намояд.
Барои касе, ки умед дорад шояд об пайдо кунад, мустаҳаб аст намозашро то охири вақт ба таъхир андозад.
Шахсе, ки гумони зиёд дорад, ки дар наздикиаш об вуҷуд дорад, воҷиб аст дар масофае то 200 метр дунболи об бигардад ва вақте об пайдо накард, он гоҳ таяммум намояд.
Иъода (аз сар хондан)-и намоз барои он касе, ки бо таяммум намозашро хонда, вале баъд аз адои намоз ба ёдаш омад, ки дар байни борҳояш об ҳаст, воҷиб намебошад.
Бо як таяммум ҳар гуна намози фарз ва нафл ва чанд вақт намозро метавонад бихонад. Зеро таяммум бо баромадани вақт намешиканад.
Фарзҳои таяммум
Дар таяммум се фарз аст:
1. Ният;
2. Масҳ кашидани тамоми рўй;
3. Масҳ кашидани ҳар ду даст бо оринҷҳо.
Ҳамон тавре ки мебинем, дар вузў ва ғусл ният суннат аст, на фарз, вале дар таяммум ният яке аз се фарзи он мебошад. Бинобар ин, агар дар натиҷаи афтодани чизе ва ё вазидани боде, чангу ғубор ба ҳаво бархезад ва ба рўй ва дастони касе бархўрад, таяммум барои ў ҳосил намешавад, зеро он кас нияти таяммум надошт.
Аммо баръакс, шахси ҷунуб ва бевузў ба обе биафтад ва ё ғутта занад ва ба тамоми аъзои баданаш, ки шустани онҳо дар ғусл фарз аст, об бирасад, вузў ва ғусл барояш ҳосил мегардад, ҳарчанд нияти вузў ва ғуслро накарда бошад. Ҳамчунин, агар дар зери борон аъзои вузўаш тар шаванд ва сарашро бо дасташ масҳ кашад, барояш вузў ҳосил мешавад.
Суннатҳои таяммум
1. «Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим» гуфтан дар оғози таяммум.
2. Риояи тартиб дар ҳолати таяммум гирифтан: Аввал – масҳи рўй, дуюм – масҳи дасти рост ва сеюм – масҳи дасти чап.
3. Паёпай анҷом додани масҳи рўй ва дастҳо ва фосила наандохтан дар миёни онҳо бо кори дигаре.
4. Ҳар ду дасти худро аз сари панҷаҳо то охири кафҳо ба замин гузоштан.
5. Афшондани дастҳо пас аз бардоштани онҳо аз хок.
6. Боз ва кушода гузоштани ангуштони дастҳо ҳангоми ниҳодани онҳо бар хок.
Шартҳои дуруст гардидани таяммум
Таяммум вақте дуруст мегардад, ки ҳашт шарти зерин барои таяммумкунанда фароҳам оянд:
Шарти якум ният. Дар нияти таяммуме, ки барои раво гардидани намоз сурат мегирад, шарт аст, ки таяммумкунанда яке аз се кори зеринро ният кунад:
а) Покии аз ҳадас (бетаҳоратӣ) ва ё рафъи ҳадасро ният кунад ва муайян сохтани навъи ҳадас зарурат надорад.
б) Раво гардидани намозро барои худ ният кунад.
в) Ибодати мақсуд ва мустақилеро ният кунад, ки бевузў анҷом додани он ҳаргиз дуруст нест, ба монанди намоз ва саҷдаи тиловат.
Пас агар барои нияти ба даст гирифтани Қуръон таяммум намояд, бо ин таяммум хондани намоз дуруст намешавад, зеро ба даст гирифтани Қуръон ба зоти худ, яъне ба таври мустақил ибодат ба шумор намеравад, балки тиловати Қуръон ибодат аст. Ҳамчунин, агар ба нияти гуфтани азон ва иқомат таяммум намояд, бо ин таяммум низ хондани намоз дуруст намешавад, зеро азон ва иқомат ҳеҷ кадом ибодати мустақил ва мақсуди ба зот намебошанд, балки онҳо омодагӣ ва муқаддима барои ибодати дигаре – намоз мебошанд.
Ҳамчунин, агар ба нияти тиловати Қуръон таяммум намояд, дар ҳоле ки бо ҳадаси хурд бевузў бошад, бо ин таяммум низ хондани намоз дуруст намешавад, зеро ҳарчанд тиловати Қуръон ибодати мақсуде аст, вале онро бевузў ҳам анҷом дода мешавад.
Чуноне ки мебинем, дар нияти таяммум муайян сохтани навъи коре, ки таяммумгиранда мехоҳад анҷом диҳад, аҳамият дорад. Агар барои анҷоми коре таяммум намояд, ки ибодати мустақил ва мақсуд ба зоти худ нест ва ё барои корҳое таяммум намояд, ки вузў гирифтан барои онҳо мустаҳаб мебошад, бо ин таяммумҳо наметавонад намоз бихонад. Вале бо таяммуме, ки барои намоз, саҷдаи тиловат, намози ҷаноза ва ғайра анҷом медиҳад, метавонад ҳар гуна намози фарзу нафл ва чанд вақт намозро бо ҳамон таяммум ва тамоми корҳои дигаре, ки бо вузў метавонист анҷом диҳад, ба ҷой оварад. Фарқе миёни вузў ва ин таяммум вуҷуд надорад.
Шарти дуюм. Узре аз узрҳои ҷойнишинкунандаи таяммум ба ҷои ғуслу вузў пеш ояд, ба монанди:
а) Ба андозаи масофаи як мил ё бештар аз он дур будани об аз шахси таяммумкунанда.
б) Бими пайдо шудани беморӣ ё афзоиши бемории феълӣ ва ё ба таъхир афтодани шифои он дар натиҷаи истифодаи об.
в) Хавфи ҳалокат аз истифодаи оби сард дар сурати набудани шароити гармкунанда ва ё ҳаммому гармоба.
г) Бими ҳалокат аз ташнагӣ. Ин вақтест, ки оби каме дар ихтиёр дошта бошад, вале чун онро барои вузў харҷ намояд, хавфи он аст, ки аз ташнагӣ ҳалок гардад.
д) Набудани олату абзорҳои обкашӣ аз чоҳ.
ж) Бим аз душмане, ки дар роҳи расидани ў ба об қарор гирифтааст, чи он одамӣ бошад ва чи ҳайвони даррандае.
з) Бинобар ғолиби гумонаш, агар машғули вузў гардад, дигар намози ид ва ё намози ҷанозаро дарнамеёбад. Ин ҳолат танҳо барои намозҳоест, ки пас аз фавт гардидан дигар ба сурати қазоӣ ба ҷой оварда намешаванд.
Шарти сеюм. Ба чизи поке аз ҷинси замин таяммум кардан, ба монанди: хок, санг, рег ва ғайра. Таяммум бо чўб, ҳезум, нуқра, мис ва ғайра дуруст намешавад.
Шарти чаҳорум. Бо тамоми даст ва ё ба бештари он масҳ кашидан. Агар таяммумкунанда бо ду ангушти худ ба рўй ва дастҳояш масҳ кашад ва тамоми он аъзоро бо ду ангушташ молиш диҳад, таяммумаш дуруст намешавад.
Шарти панҷум. Тамоми рўй ва ҳар ду дастро ҳамроҳи оринҷҳо масҳ бикашад.
Шарти шашум. Ду зарба бо кафи дастҳо зада шаванд ва агар дар як ҷои замин зада шаванд ҳам, боке надорад. Агар хоку ғуборе ба баданаш расида бошад ва онро ба нияти таяммум масҳ кашад, таяммумаш дуруст мегардад.
Шарти ҳафтум. Чизе миёни даст ва пўсти бадани таяммумкунанда дар вақти масҳ ҳоил нашавад, ба монанди мум, чарбӣ ва ғайра. Агар рўй ва дастҳои таяммумкунанда бо чунин чизҳое олуда ва пўшонида шуда бошанд, пеш аз таяммум онҳоро дур созад.
Шарти ҳаштум. Шахси таяммумкунанда дар ҳолате қарор надошта бошад, ки аз дуруст гардидани таяммумаш монеъе ба амал ояд, ба монанди ҳайз ва нифос барои зани таяммумкунанда. Агар зане дар ҳолати ҳайз ва ё нифоси худ таяммум намояд, таяммумаш дуруст намешавад.
Шиканандаҳои таяммум
Шиканандаҳои таяммум иборатанд аз:
1. Ҳар он чизе, ки вузўро мешиканад, мисли бавл (пешоб), хун, ғоит (қазои ҳаҷат) ва ғайра, таяммумро ҳам мешиканад.
2. Ёфтани об барои касе, ки ба сабаби дастрасӣ надоштан ба об таяммум карда буд.
3. Қодир шудан бар истеъмоли об барои касоне, ки ба сабаби беморӣ, захмдорӣ, пиронсолӣ, сардӣ ва ғайра аз истифодаи он оҷиз омада буданд.
Тафсили порае аз масоили таяммум
1. Шахсе дар биёбоне афтад, ки ҳеҷ нишонае аз об маълум набошад ва ҳеҷ кас ҳам дида намешавад, то хабари обро аз ў бипурсад, дар чунин мавқеъе барои намоз таяммум намояд.
Аммо агар нафаре пайдо шавад ва нишони обро дар ҳудуди як мил роҳ ба ў бидиҳад ва гумони ғолиб низ бар ин бошад, ки вай рост мегўяд, ё аз аломатҳои дигаре ба мавҷудияти об дар андозаи ҳамин масофа пай барад, ба шарте дар талаби об барои он шахс ва ё дигар ҳамроҳонаш машаққате пеш наояд, ҷустуҷўи об зарур аст ва пеш аз ҷустуҷўи об таяммум ҷоиз нест. Вале агар ба вуҷуд доштани об дар масофаи ёдшуда яқин дошта бошад, пас овардани об воҷиб аст. Агар ҷои об маълум гардад, вале он аз як мил роҳ дуртар бошад, овардани об воҷиб набуда, балки таяммум ҷоиз мегардад.
2. Агар аз ободӣ ба андозаи як мил роҳ дур бошад ва аз ин масофа наздиктар обе вуҷуд надошта бошад, таяммум ҷоиз мегардад, хоҳ мусофир бошад, хоҳ не.
3. Агар дар роҳ ба чоҳи обе расад, вале сатил ва ресмоне дар даст надошта бошад, ки барои вузў об берун оварад, таяммум барояш ҷоиз мегардад.
4. Дар миёнаи роҳ об пайдо намояд, вале он об ба андозае кам бошад, ки узвҳои чаҳоргонаи вузўро аз як бор бештар наметавонад бишўяд, бо вуҷуди ин таяммум ҷоиз намегардад, бояд узвҳои мазкурро як борӣ бишўяд ва бар сараш масҳ кашад, аммо суннатҳои вузўро тарк намояд. Агар об аз ин ҳам камтар бошад, пас бояд таяммум намояд.
5. Агар дард ё ҷароҳате дошта бошад, ки бо расонидани об зиёдтар мегардад ва ё дар шифо ёфтанаш таъхир ба вуҷуд меояд, таяммум намояд. Агар истеъмоли об ба таври мутлақ, яъне оби сард барояш зараровар бошад, онро гарм намояд. Агар шароити гарм кардани об ба ҳеҷ ваҷҳе мавҷуд набошад ва истеъмоли оби сард ба саломатиаш зарар расонад, дар ин сурат таяммум намояд.
6. Агар об дар масофаи камтар аз як мил мавҷуд бошад, барои зан ба хотири шарм доштанаш аз мардҳо таяммум гирифтан ҷоиз намегардад, балки худро дар ҳадди имкон сатр намуда, об биёварад ва дар ҷои хилват вузў гирифта, намозашро бихонад.
7. Об ёфта мешавад, вале ба баҳое (нархе) хариду фурўш мегардад, дар ин сурат агар илова бар хароҷоти сафараш пул дошта бошад ва баҳои об низ дар бардошти муқаррарии рўз бошад, барои вузў об бихарад ва таяммум ҷоиз намебошад. Агар илова бар бароварди хароҷоти сафари худ пуле надошта бошад ё пул дошта бошад, вале баҳои об зиёдтар аз тақозои рўз аст, таяммум намояд.
8. Агар барои нўшидан об дошта бошад ва бештар аз он оби дигаре набошад, обро барои нўшидан бигзорад ва таяммум намояд.
9. Агар барои шахси ҷунуб ғусл зарар расонад ва вузў зараре надошта бошад, вузў бигирад ва ба ҷои ғусл таяммум намояд.
10. Агар шахсе ба ғуслу вузў ҳар ду эҳтиёҷ дошта бошад, як таяммум барои ҳар ду кифоят мекунад.
11. Ҳамон гуна ки баён гардид, таяммум бар замин ва бар ҳар чизе, ки аз ҷинси он бошад, ҷоиз аст. Ҳар чизе, ки ба оташ насўзад ва боз нашавад, аз ҷинси замин ба шумор меравад ва ҳар чӣ бисўзад ва ё боз шавад, аз ҷинси замин нест. Бар хокистар таяммум намудан ҷоиз нест.
12. Бар зарфҳое, ки аз мис, шиша, биринҷ ва монанди инҳо сохта шудааст, вале бар онҳо ба қадре гард нишастааст, ки бо даст задан он гард ба ҳаво мехезад, таяммум ҷоиз аст. Бар зарфҳои сафолӣ бегард ҳам таяммум ҷоиз аст.
13. Бар санг ва хишти хом гард ҳам набошад, таяммум ҷоиз аст, зеро онҳо аз ҷинси замин мебошанд.
14. Таяммум бар гил (лой) низ ҷоиз аст, лекин чандон муносиб нест. Агар ғайр аз гил чизи дигаре ёфт нашавад, миқдоре аз онро дар ҷое бигзорад то хушк шавад, он гоҳ ба он таяммум намояд.
15. Агар бар замин пешоб ё наҷосати дигаре рехта ва бар асари ҳарорати офтоб хушкида ва бўи он низ аз байн рафта бошад, боз ҳам таяммум бар он замин ҷоиз намешавад, вале дар он намоз хондан ҷоиз аст.
16. Ҳамон гуна ки дар ҳолати узр ба ҷои вузў таяммум ҷоиз аст, ба ҷои ғусл низ ҷоиз мебошад, яъне таяммум метавонад ҷонишини ҳар ду бошад.
17. Агар барои таълими касе таяммум намояд ва худ нияти таяммум надошта бошад, таяммуми вай барои худаш дуруст намегардад, зеро ният дар таяммум фарз аст.
18. Дар вақти таяммум ба ҳамин андоза ният дошта бошад, ки барои касби покӣ ё рафъи нопокӣ ва ё барои хондани намоз таяммум менамоям, барои ният кифоят мекунад.
19. Агар барои мисос кардани Қуръон ё хондани он таяммум намояд, бо он намоз гузошта наметавонад, вале агар барои хондани намоз таяммум намояд, бо он метавонад намози дигаре низ бихонад ва Қуръонро низ мисос ва тиловат намояд.
20. Об агар аз масофаи як мил роҳ камтар дур бошад, бо вуҷуди тангии вақт, ки бо рафтан ба ҷои об вақти намоз фавт мегардад, боз ҳам таяммум ҷоиз намешавад. Бояд ба лаби об равад ва вузў бигирад, агар вақт боқӣ бошад, хушо барояш ва агар не, намозро қазо ба ҷой оварад.
21. Об мавҷуд бошад, вале дар сурати вузў гирифтан бими он дорад, ки аз мошин ё қатора (поезд) дер мемонад, ё дар сари чашмаи об мор ё дигар дарранда ва ё газанда вуҷуд дорад, ки роҳро бар об бастааст, дар ин ҳолатҳо таяммум ҷоиз мегардад.
22. Агар аз ҷиҳати набудани об таяммум намояд ва баъд аз он ранҷур гардад ва расонидани об барояш зараровар гардад, вақте об барояш фароҳам гашт, таяммуми пешинааш ботил (бекор) мегардад ва барои ранҷуриаш бояд аз нав таяммум намояд. Агар барои рафъи ҷанобат ва нопокӣ ғусл кунад ва об барои тамоми баданаш кифоя накунад ва каме аз баданаш хушк бимонад, бояд ба болои он таяммум ҳам намояд ва ҳар гоҳ об пайдо гашт, ҷои хушкмондаро бишўяд.
23. Агар бадан ё либосаш нопок бошад ва вузў ҳам бояд бигирад, вале об барои ҳар ду кифоя намекунад, дар ин сурат бадан ё либосашро бишўяд ва ба ҷои вузў таяммум намояд.
Нуктаи латиф
Мебинем, ки Худованди меҳрубон аз дари банданавозии хеш бандаи мўъминашро ҳамеша ба лутфу инояти хосаи худ парварда ва дар масири шаклгирии пояҳои ақидаву имон ва такомулпазирии ҷавҳари маънояш пайваста дар канори ў будааст.
Аз он ҷо, ки ворастагии маънавӣ, такомули рўҳӣ ва покизагии андешаву ақли ўро дўст дошта, зебоии сайру сулук ва латофати ахлоқу иҷтимоиёти ҳаётро барояш писандидааст, вайро бо паймудани тадриҷии ин роҳ водошта, аз тамошогаҳи роз (донишҳои динӣ) барои дидааш пардаҳо бардоштааст. Аз таҳорати зоҳир (вузў ва ғусл) ўро ба таҳорати ботин (намоз) раҳнамун гашта ва ҳеҷ гоҳ ҷудо гаштани ўро аз навозишҳои бекаронаи худ, ҳарчанд барои як лаҳза бошад ҳам, нахостааст.
Аз ҳамин мунтаҳои лутфи парвардигориаш бархостааст, вақто мебинем, чун банда ба тангное биафтад, дареро бар рўяш боз намудааст ва чун амре барояш мушкил бианҷомад, ки ҳама амрҳои ў осон ва саҳл аст, роҳи борикеро барои иртибот бо ў тадорук дидааст.
Вузў ва ғусл, ки беҳтарин покӣ ва мояи зебоии андоми инсониянд, замоне барои ў сангин тамом шаванд, таяммумро ба ҷонишинии он ду баргузидааст. Обе, ки асоси зиндагонии мавҷудот ва моеъи бемонанди поксоз аст, вақте латофати обиаш бар табъи баргашта ва ҷисми тағйирёфтаи инсон нахўрад, хокро ҷойгузини он намудааст.
Агар банда аз анҷоми рукне аз рукнҳои намоз оҷиз ояд, онро аз боби сабукӣ соқит намуда, дар ҳолати хавф аз душман ва сахтиҳои сафар, намози комилро ба намози хавф ва шикаста (қаср) иваз намудааст, то банда бо иштиёқ ва пайваста бо Парвардигораш дар иртибот буда, лаҳзае эҳсоси ғурбат ва танҳоӣ нашоти рўҳашро накоҳад.
[1]- Сунани Абўдовуд, 332, 333; Сунани Тирмизӣ, 124; Сунани Насоӣ, 321; Муснади имом Аҳмад, 20797, 20798. Ҷ. 6. – С. 179, 180, 20863. Ҷ. 6. – С. 193, 21058. Ҷ. 6. – С. 230.
[2]- Абўбакр Аҳмад ибни Амр ибни Абдулхолиқи Аткӣ маъруф ба Баззор, Муснади Баззор (Албаҳру-з-заххор), 1384. Ҷ. 4. – Бейрут, 1409ҳ. (1989м.). – С. 221. Минбаъд: Муснади Баззор. Ҳофиз Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар «Дироя» овардааст: Баззор онро бо исноди ҳасан ривоят намудааст. Аҳмад ибни Алӣ ибни Ҳаҷари Ас- қалонӣ, Аддироя фӣ тахриҷи аҳодиси-л-Ҳидоя. Ҷ. 1. – Бейрут. – С. 67. Минбаъд: Дироя.
[3]- Саҳеҳи Бухорӣ, 340; Саҳеҳи Муслим, 816; Сунани Абўдовуд, 321, 322; Сунани Насоӣ, 315, 316, 317, 318, 319; Сунани Куброи Насоӣ, 302; Муснади имом Аҳмад, 17865, 17868, 17870. Ҷ. 5. – С. 228, 229. Ҳадис муттафақун алайҳ аст.
Чӣ тавре дар ин ҳадис мебинем, паёмбар (с) дастони худро як бор ба замин задааст. Ҳамин тавр ривоятҳои дигаре низ омадаанд, ки ба як зарба будани таяммум далолат доранд. Аммо дар ривоятҳои баъдӣ хоҳем дид, ки барои ду зарба будани таяммум низ ривоятҳои зиёде ворид шудааст.
[4]- Мустадраки Ҳоким, 634, 635, 636, 637, 638. Ҷ. 1. – С. 287, 288. Ҳоким исноди ҳадиси 637-умро саҳеҳ гуфта, дар бораи ривоятҳои дигар сукут кардааст. Сунани Куброи Байҳақӣ, 1029. Ҷ. 1. – С. 354, 1030. Ҷ. 1. – С. 354; Байҳақӣ низ исноди онро саҳеҳ гуфтааст. 1031, 1032. Ҷ. 1. – С. 354; Сунани Дорақутнӣ, 14, 16. Ҷ. 1. – С. 179, 180; Мўъҷаму-л-кабир, 13366. Ҷ. 12. – С. 281. Аз Аммор ибни Ёсир (р) низ ривояте ба ҳамин маъно ворид шудааст. (Сунани Ибни Моҷа, 571; Муснади имом Аҳмад, 18412. Ҷ. 5. – С. 419).