×
Тавҳид аввалин ва асоситарин шарти растагорӣ ва расидан ба камоли маънавӣ ҳаст. Тавҳид муҳимтарин мавзӯъи матраҳшуда дар ҳамаи китобҳои осмонӣ ва махсусан Қуръони Маҷид аст.

    Тавҳид роҳи наҷот аст

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳияи: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2013 - 1434

    التوحيد سبيل النجاة

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد و ترجمة: محمد عزيز رجب

    2013 - 1434

    Тавҳид роҳи наҷот аст

    Дар зиндагии пурҳаёҳӯи башарӣ ва дар олами ҳастӣ, инсон ҳамвора ба мусибат ва мушкилоти фаровоне мувоҷеҳ аст, ки барои ҳалли ин мушкилот ва таскини дардҳову ранҷҳои худ ҳар лаҳза ба дунболи маъман (эмингоҳ) ва марҷаъе аст, ки ӯро аз ин мушкилот раҳоӣ бахшида ва марҳаме бар захмҳову дардҳояш бигзорад.

    Ҳамчунин инсон барои расидан ба орзӯҳои баланд ва идеалҳои хеш муҳтоҷи як қудрати воло ҳаст, ки ӯро ба он орзӯҳо бирасонад.

    Барои ҳамин аст, ки Худованди мутаъол дар китобҳои осмонӣ ва махсусан Қуръони Карим зоти муқаддас ва боқудрати худро муъаррифӣ кардааст ва ёдовар шудааст, ки он зоти боқудрате, ки метавонад мушкилгушои ҳар ниёзманд (муҳтоҷ) бошад ва бар ҳалли ҳар мушкиле қодиру тавоно бошад, танҳо зоти Аллоҳ ҳаст; Пас бояд ба Ӯ муроҷиъат карда шавад ва аз ӯ кӯмак хоста шавад.

    Таскини тамоми дардҳо яктопарастӣ ҳаст

    Ва танҳо роҳи наҷоти инсон тавҳид аст

    ﴿أَمَّن يُجِيبُ ٱلۡمُضۡطَرَّ إِذَا دَعَاهُ وَيَكۡشِفُ ٱلسُّوٓءَ وَيَجۡعَلُكُمۡ خُلَفَآءَ ٱلۡأَرۡضِۗ أَءِلَٰهٞ مَّعَ ٱللَّهِۚ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ ٦٢﴾ [النمل: 62]

    «(Оё бутҳо беҳтаранд) ё он зоте, ки ба фарёди музтар (дармонда, бечора) мерасад ҳар гоҳе ки Ӯро талаб кунад ва балову гирифториро бартараф мекунад? Ва шумо (инсонҳо)-ро ҷойнишини (якдигар дар) замин месозад. Оё маъбуде дигар (барҳаққ) бо Аллоҳ ҳаст? Воқеъан ҳам, шумо бисёр кам панд мегиред!»

    Сураи Намл 62

    Тавҳид аввалин ва асоситарин шарти растагорӣ ва расидан ба камоли маънавӣ ҳаст. Тавҳид муҳимтарин мавзӯъи матраҳшуда дар ҳамаи китобҳои осмонӣ ва махсусан Қуръони Маҷид аст. Тавҳид асоситарин ва аввалин ҳадафи фиристодани Паёмбарон ва сарлавҳаи даъвати ҳамаи Анбиё будааст.

    Тавҳид яке аз даъватҳои муштараки ҳамаи Паёмбарон ва даъватгарон аст. (яъне бо вуҷуди ин ки бисёре аз Паёмбарон шариъат ва китоби ҷудогона ва мустақиле доштаанд ва дар фуруъ (ҷузиёт) ҳар кадоми онҳо аҳкоми махсуси худро таблиғ мекардаанд, аммо Тавҳид мавзӯъи муштарак дар даъвати ҳамаи онҳо будааст ва ҳама муваззаф ба таблиғи он будаанд). Ин худ нишонгари аҳамияти масъалаи тавҳид ва нақши он дар саъодати башар аст.

    Қуръони Маҷид даъвати паёмбаронро ба тафсил баён кардааст:

    ﴿وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَۖ فَمِنۡهُم مَّنۡ هَدَى ٱللَّهُ وَمِنۡهُم مَّنۡ حَقَّتۡ عَلَيۡهِ ٱلضَّلَٰلَةُۚ فَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُكَذِّبِينَ ٣٦﴾ [النحل: ٣٦]

    «Мо дар миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем (ва муҳтавои даъвати ҳамаи паёмбарон ин будааст), ки Аллоҳро парастиш кунед ва аз тоғут (шайтон, бутҳо, золимон ва ғайра) дурӣ кунед. (Паёмбарон даъват ба тавҳид карданд ва мардумро ба роҳи ҳақ фаро хонданд), пас Худованд гурӯҳе аз онҳоро ҳидоят фармуд ва гурӯҳе аз эшон (бар асари кирдори ношоистаашон) гумроҳӣ бар онҳо воҷиб гардид.

    Пас (агар дар ин бора дар шакку тардид ҳастед, биравед) дар замин гардиш кунед ва (осори гузаштагонро бар сафҳаи рӯзгор) бингаред ва бубинед, ки оқибати кори онҳое, ки (оёти Худовандро) такзиб кардаанд (бовар накардаанд) чӣ шудааст».

    Сураи Наҳл 36

    Ҳамчунин дар бораи даъвати ҳазрати Нуҳ (алайҳис-салом) чунин омадааст:

    ﴿لَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوۡمِهِۦ فَقَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓ إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٖ ٥٩﴾ [الاعراف: ٥9]

    «Мо Нуҳро ба сӯи қавмаш фиристодем, ӯ ба эшон гуфт: Эй қавми ман, бароятон ҷуз Аллоҳ маъбуде нест, пас танҳо Ӯро парастиш кунед. Ман метарсам, ки дучори азоби он рӯзи бузург шавед».

    Сураи Аъроф 59

    Ҳамчунин дар бораи даъвати ҳазрати Ҳуд (алайҳис-салом) мегӯяд:

    ﴿وَإِلَىٰ عَادٍ أَخَاهُمۡ هُودٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥٓۚ أَفَلَا تَتَّقُونَ ٦٥﴾ [الاعراف: ٦5]

    «(Ҳамонгуна, ки Нуҳро барои даъват ба тавҳид ба сӯи қавми худ фиристода будем), ба сӯи қавми Од ҳам бародарашон Ҳудро (ки худи Ҳуд аз онҳо буд), фиристодем. Ҳуд ба онҳо (қавми Од) гуфт: Эй қавми ман! Аллоҳро парастиш кунед (ва бидонед, ки) ҷуз Ӯ маъбуде надоред. Оё парҳезгорӣ намеварзед? (Ва намехоҳед, ки бо яктопарастӣ худро аз шарру фасод дар амон доред?)».

    Сураи Аъроф 65

    Ва дар робита бо даъвати ҳазрати Солеҳ (алайҳис-салом) мефармояд:

    ﴿وَإِلَىٰ ثَمُودَ أَخَاهُمۡ صَٰلِحٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥۖ ٦1﴾ [هود: ٦١]

    «Ва ба сӯи қавми Самуд бародарашон (яке аз худашон) Солеҳро фиристодем. Солеҳ гуфт: Эй қавми ман! Аллоҳро парастиш кунед (ва бидонед, ки) ҷуз Ӯ маъбуде бароятон вуҷуд надорад (ва касе ғайри Ӯ шоистаи парастиш нест)…».

    Сураи Ҳуд 61

    Даъвати ҳазрати Шуъайб (алайҳис-салом)-ро чунин баён мекунад:

    ﴿وَإِلَىٰ مَدۡيَنَ أَخَاهُمۡ شُعَيۡبٗاۚ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ مَا لَكُم مِّنۡ إِلَٰهٍ غَيۡرُهُۥۖ ٨٥﴾ [الاعراف: ٨5]

    «Шуъайбро ҳам ба сӯи аҳли Мадян, ки худ аз онҳо буд фиристодем. Шуъайб гуфт: Эй қавми ман! Аллоҳро парастиш кунед (ва бидонед, ки) ҷуз Ӯ маъбуде бароятон вуҷуд надорад (ва касе ғайри Ӯ шоистаи парастиш нест)…».

    Сураи Аъроф 85

    Агар динро ба “эътиқод”, “ахлоқ” ва “амалҳо” тақсим кунем, бидуни шакк муҳимтарин қисмати он бахши эътиқод аст. Ва муҳимтарин бахши масоили эътиқодӣ ин “Имон ба Худованд” аст ва танҳо ҳамин эътиқод аст, ки инсонро ба ризои илоҳӣ ва биҳишти ҷовидон мерасонад.

    Ва бидуни ин ақида (яъне имон ба Аллоҳ ва яктопарастӣ) агар касе ҳатто ба андозаи тамоми дунё аъмоли солиҳа ва ахлоқи фозила дошта бошад, боз ҳам оқибаташ ҷаҳаннам ва адами ризояти Худованд хоҳад буд:

    ﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ ٤٨﴾ [النساء: ٤٨]

    «Бегумон, Худованд (ҳаргиз) ширк варзидан ба Ӯро намеомурзад, вале гуноҳони ҷуз ширкро ба ҳар касе, ки бихоҳад меомурзад…».

    Сураи Нисо 48

    Инсони муваҳҳид (соҳиби эътиқоди дуруст ва яктопараст)-и гунаҳкор бахшида мешавад, аммо обиде, ки ширк меварзад ҳаргиз бахшида нахоҳад шуд, зеро ки мушрик бо ширк варзидани худ бузургтарин зулмро нисбати Худованд муртакиб шудааст ва золим ҳаргиз растагор намегардад:

    ﴿إِنَّ ٱلشِّرۡكَ لَظُلۡمٌ عَظِيمٞ ١٣﴾ [لقمان: ١٣]

    «Веқеъан ҳам ширк зулму ситами бузурге ҳаст!».

    Сураи Луқмон 13

    Пас тавҳид чист ва муваҳҳид кист?

    Ин ҳама таъкид бар масъалаи тавҳид ва нақше, ки ин ақида дар сарнавишт ва саъодати инсон дорад, нишон медиҳад ки тавҳид танҳо гуфтани (Ло илоҳа иллаАллоҳ) нест. Зеро агар танҳо гуфтани ҳамин ҷумла кифоят мекард, пас умматҳои пешин то ин ҳадд дар мавриди он (яъне муваҳҳид будан) бо мушкилӣ мувоҷеҳ намешуданд.

    Масъалае, ки бисёре аз умматҳои пешинро бо мушкилот мувоҷеҳ кард, беҳтарин инсонҳои оламро барои даъвати хеш ба майдон овард ва онҳоро (паёмбаронро) дар ин роҳ (роҳи даъват ба тавҳид) бо мушкилот ва масоиби фаровон мувоҷеҳ сохта, муъайянкунандаи сарнавишти инсонҳо буда, иддаи зиёдеро роҳии водии ҳалокат ва теъдодеро раҳсипори Биҳишт карда ва хулосаи меҳвари муборизаи ҳақҷӯён ва ботилпарастон дар тули торих буда, – бояд як масъалаи бисёр густурда ва сарнавиштсоз ва дар айни ҳол печида бошад.

    Ҳамчунин дар акси ин маълум мешавад, ки ширк як мушкилии бисёр бузург ва падидаи хатарнок дар ҳамаи ҷавомеъи башарӣ мебошад.

    Барои ҳамин ҳам лозим аст, ки аввалан масъалаи тавҳид ба сурати амиқ мавриди баррасӣ қарор бигирад ва дар канори он ширк ҳам баррасӣ шавад; зеро марзи байни тавҳид ва ширк бисёр дақиқ ва наздик аст. Ва миёни ин дуто, сеюм чизе вуҷуд надорад: (Яъне гузаштан аз тавҳид ва сустиву тазалзул дар он баробар аст бо ворид шудан ба муҳити ширк). Ва ин дуто (яъне ширку тавҳид) ҳаммонанди шабу рӯз дар тазоди комил бо ҳам ҳастанд ва ҳаргиз якҷо ҷамъ намешаванд.

    Сониян, барои ин ки мафҳуми тавҳид бештар мушаххас гардад, бояд зиндагии умматҳои гузашта мавриди баррасӣ қарор гирад ва осебҳое, ки онҳо бадон гирифтор шудаанд, шиносоӣ шавад. Шинохти ин амр аз ин рӯ аҳамият дорад, ки Расули Акрам (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст, ки бисёре аз инҳирофоти умматҳои пешин дар уммати ман такрор хоҳад шуд (маънои ҳадис).

    Аз ҳамин лиҳоз, мо дар ин маврид осебпазир ҳастем, пас баҷост, ки осебҳоро бишносем.

    Яке аз хатарҳое, ки умматҳои пешин ба он рӯбарӯй шудаанд, ин тафаккури эмин будан аз азоби илоҳӣ аст. Яҳуд ва насоро тасаввур мекарданд, ки бо доштани паёмбароне ҳамчун Мусо ва Исо (алайҳимос-салом), аз ҳама хатарҳо ва инҳирофот бима шудаанд (эмин гаштаанд) ва ҳатман вориди Биҳишт мегарданд ва ниёзе (ҳоҷате) ба таҳаммули заҳмат ва ранҷ дар роҳи Аллоҳ нест. Дар ҳоле ки ҳамин худ як навъ инҳироф ва сарчашмаи бисёре аз инҳирофот буд.

    Масъалаи дигар ин аст, ки бисёре аз ин миллатҳои пешин дар ҳоле, ки мудаъии дин ва муътариф ба зоти Худованд буданд, аз сабаби дарки дуруст надоштан аз тавҳиду ширк, ба тадриҷ бидуни инки бихоҳанд ё бидонанд гирифтори ширк шуданд. Зеро ширк ҳеҷгоҳ ба сурати аланӣ (ошкор) ва бо эъломи қаблӣ вориди ҷомеъаҳо нашудааст, балки инҳироф тадриҷан ва гоҳе аз як масъалаи ҷузъӣ оғоз гашта ва ниҳоятан мунҷар ба ширк гардидааст.

    Гоҳе мумкин аст, ки як инҳироф дар асари даъвати Паёмбар ва ё муслиҳе муддатҳо аз байн биравад, аммо кам-кам дар асари каҷфаҳмии он уммат ва дурияшон аз таъолими аввалияи дин, бори дигар дар миёни онҳо ривоҷ ёбад ва ҳатто мумкин аст бо номи дигар зуҳур кунад.

    Масалан ширк дар асари даъвати ҳазрати Исо (алайҳис-салом) дар миёни ҳавориййин комилан аз байн рафта буд ва муваҳҳидоне мисли Асҳоби Каҳф дар байни онҳо зуҳур карданд; вале ширк бори дигар бо номи наве “Ақидаи таслис” ва “ҳулули зоти Аллоҳ дар Масиҳ” роиҷ гашт.

    Ва “ҷашни Хуршед”, ки иди мушрикон ва хуршедпарастон буд, бори дигар бо номи “Иди Милоди Масиҳ” дар миёни онҳо ривоҷ ёфт ва мутаассифона то ба имрӯз низ гиромӣ дошта мешавад.

    Ҳамчунин шинохтани миллатҳои гузашта ба шинохтани сарҳад ва марз миёни тавҳид ва ширк кумак мекунад. Зеро ки Қуръони Маҷид дар мавриди онҳо (яъне миллатҳои пешин) тасвири равшане дар ихтиёри мо қарор додааст. Махсусан мушрикини Макка ва Яҳуду Насоро, ки мухотабони Қуръон будаанд, ва Қуръон онҳоро сароҳатан мушрик хитоб кардааст ва инҳирофоташонро баррасӣ кардааст.

    Инҷо дар ибтидо масъалаи тавҳидро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, ва сипас зиндагии мушрикини гузаштаро баррасӣ мекунем, то бубинем ширк чӣ гуна дар миёни онҳо ривоҷ ёфтааст.

    Таърифи тавҳид ва анвоъи он.

    التوحيد إفراد الله بما يختص به في ألوهيته وربوبيته وأسمائه وصفاته

    Тавҳид яъне –Ифрод (танҳову ягона донистан ва ягона сохтан)-и Аллоҳ субҳонаҳу ба ончӣ, ки махсуси Ӯст, дар улуҳият, рубубият ва ному сифатҳояш.

    Тавҳидро аҳли илм ба се навъ тақсим кардаанд:

    Навъи аввал: Тавҳиди рубубият.

    Ва дар таърифи он чунин гуфтаанд, ки Аллоҳро дар афъолу кирдораш ягона донистан. Яъне, мо мӯътақидем бар он ки Аллоҳ таъоло танҳову ягона аст дар офариниш ва мулку тадбири ҷаҳон. Чӣ тавре ки мефармояд:

    ﴿ٱللَّهُ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖۖ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ وَكِيلٞ ٦٢﴾ [الزمر: ٦2]

    «Аллоҳ холиқи тамоми ашёст ва Ӯ бар ҳама чиз вакил аст».

    Сураи Зумар 62

    Навъи дуввум: Тавҳиди улуҳият.

    Тавҳиди Аллоҳ ҳаст бо афъол ва кирдори бандагон. Яъне, бар бандагон воҷиб аст, ки афъолу кирдори хешро (яъне ибодоти хешро) танҳо барои Аллоҳи ягона сарф намоянд ва танҳо ба сӯйи Ӯ таваҷҷӯҳ дошта бошанд. Ва дар афъолу ибодоти хеш чизеро ба Аллоҳ шарик насозанд.

    Чӣ тавре, ки Ӯ таъоло фармудааст:

    ﴿فَمَن كَانَ يَرۡجُواْ لِقَآءَ رَبِّهِۦ فَلۡيَعۡمَلۡ عَمَلٗا صَٰلِحٗا وَلَا يُشۡرِكۡ بِعِبَادَةِ رَبِّهِۦٓ أَحَدَۢا ١١٠﴾ [الكهف: ١١٠]

    «Пас ҳар касе, ки лиқои парвардигори хешро орзу дорад, амали солеҳ (кирдори шоиста) ба ҷой орад ва дар ибодати парвардигори хеш касеро шарик масозад».

    Сураи Каҳф 110

    Навъи саввум: Тавҳиди асмо ва сифот.

    Ва он исботи он номҳову сифатҳоест, ки Аллоҳ таъоло худ барои хеш исбот кардааст ва ё расулаш онро барои Ӯ исбот кардааст. Бидуни таъвил, таҳриф, тамсил, такйиф ва таътил, ва локин ҳамчуноне, ки худи Ӯ таъоло фармудааст:

    ﴿لَيۡسَ كَمِثۡلِهِۦ شَيۡءٞۖ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡبَصِيرُ ١١﴾ [الشورى: ١١]

    «Ҳеҷ чиз монанди Ӯ нест, ва Ӯ шунавову биност».

    Сураи Шуро 11

    Дар тақсими тавҳид вобаста ба истиқрову иҷтиҳоди аҳли илм тақсимоти мутаъаддид аст.

    Баъзе аз аҳли илм тавҳидро ба ду қисмат тақсим кардаанд:

    Аввал: Тавҳиди маърифат ва исбот.

    Яъне тавҳиди рубубият ва тавҳиди асмо ва сифот. Ва барои он тавҳиди маърифат гуфта шудааст, ки шинохту маърифати Ҳақ таъоло, бо маърифати асмову сифот ва афъолаш имкон дорад.

    Ва тавҳиди исбот барои онки исботи ҳар чизест, ки Аллоҳ таъоло бар худ исбот кардааст, аз асмову сифот ва афъол.

    Дуввум: Тавҳиди қасд ва талаб.

    Мурод аз он, тавҳиди улуҳият аст. Барои он қасду талаб гуфта шудааст, ки бандаи мӯъмин бо қалбу забон ва ҷавориҳи хеш танҳо Аллоҳи ягонаро парастиш хоҳад кард. Дар ин парастиши хеш танҳо қасди ризои Ӯро дорад ва дар талаби хушнудии Ӯст. (ниг. Мадориҷус-Соликин 3-449)

    Ва ҳамчунин баъзеи дигар аз донишмандон тавҳидро ба ин ду қисмат ҷудо кардаанд:

    Қисмати аввал: Тавҳиди илмӣ-хабарӣ.

    Ва мақсуд аз он, тавҳиди асмо ва сифот ва тавҳиди рубубият аст. Тавҳиди илмӣ барои он гуфтаанд, ки ҷониби шинохт ва маърифати Аллоҳро меомӯзад.

    Ва тавҳиди хабарӣ, барои онки мабнӣ аст бар хабар (Қуръону Суннат).

    Қисмати дуввум: Тавҳиди иродӣ-талабӣ.

    Ва мақсуд аз он тавҳиди улуҳият аст. Барои он иродӣ ном гирифтааст, ки бандаи муъмин дар ибодати хеш иродат ва хоҳише дорад. Ва талабӣ гуфтаанд, зеро ки банда бо ибодати хеш ризои Ҳақ таъолоро металабад ва қасди Ӯро дорад. (ниг. Мадориҷус-Соликин 3-450, ва Сафдия 2-228).

    Посух ба як шубҳа!

    Баъзеҳо чунин гумон мекунанд, ки тақсими тавҳид ба қисматҳои сегона бидъате ҳаст ва аз тақсимоти Шайхулислом ибни Таймия ва шайх Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мебошад.

    Барои посух додан ба ин шубҳа меравем ба суроғи гузаштагон (яъне салафи солеҳи ин уммат) ва мин ҷумла олимони ҳанафӣ, ки дар масоили эътиқодӣ таълифоте доранд.

    Яке аз донишмандони мутааххири ҳанафӣ, аллома ва муҳаддиси бузурги ҳанафӣ – Шоҳ Валийюллоҳи Деҳлавӣ дар китоби “Ҳуҷҷатул-лоҳил-болиға” мегӯяд:

    “Тавҳид – ва он бар се мартаба аст:

    Аввал – Тавҳиди ибодат. Пас тоғутҳоро парастиш нахоҳад кард, ва парастиши тоғутро бад хоҳад дид, ҳамчуноне, ки партоб шудан ва фиканда шудани худро бар оташ бад мебинад.

    Дуввум – Ҳеҷ қудрат ва қувваву чорае ҷуз барои Аллоҳ таъоло дар касе набинад. Ва дар ҷаҳони ҳастӣ, муассире набинад, ҷуз қудрати вуҷубия…

    Саввум – Муътақид бар ин бошад, ки Ҳақ таъоло муназзаҳ аст аз монандӣ ва мушобаҳат ба махлуқот. Ва сифоти Ӯ таъоло мисли сифоти махлуқот нест…”. (Ҳуҷҷатуллоҳи болиға 2-248).

    Ва қабл аз аллома Валийюллоҳи Деҳлавӣ, низ ин тақсим вуҷуд доштаву дар кутуби аҳли суннат зикр шудааст:

    Матни аввал:

    Имом Абуҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) дар китоби Фиқҳи Абсат гуфтааст:

    "الله يدعى من أعلى لا من أسفل، لأنَّ الأسفل ليس من وصف الربوبية و الألوهية في شيء".

    ***
    فقوله: (يدعى من أعلى لا من أسفل فيه إثبات العلو لله، وهو من توحيد الأسماء والصفات) وفيه رد على الجهمية والمعتزلة و الأشاعرة والماتريدية وغيرهم من نفاة العلو.

    وقوله: (من وصف الربوبية) فيه إثبات توحيد الربوبية.

    وقوله: (و الألوهية) فيه إثبات توحيد الألوهية.

    “Аллоҳ (субҳонаҳу ва таъоло)-ро аз тарафи Ъулувв (боло ва фавқ) мехонанд ва дуъо мекунанд, на аз тарафи поён ва зеру асфал. Зеро ки “асфал” (зеру поён) аз сифоти рубубият ва улуҳийят нест”.

    Дар ин гуфтаи имом исботи ҳар се қисмати тавҳид аст.

    Дар исботи васфи “Ъулувв ва фавқийят” ки аз тавҳиди асмо ва сифот мебошад, раддест бар ҷаҳмия, муътазила ва ашоъираву мотуридия ва ғайраҳо, ки сифати ъулувро инкор мекунанд.

    Дар ибораи “аз сифоти рубубият” исботи тавҳиди рубубият аст.

    Ва дар ибораи “улуҳийят” исботи тавҳиди улуҳийят.

    Матни дуввум:

    Имом Абуабдуллоҳ Убайдуллоҳ Муҳаммад ибни Батта ал-Ъукбурӣ (ваф. 387 ҳ.) дар китоби худ Ал-Ибона мегӯяд:

    أصل الإيمان بالله الذي يجب على الخلق اعتقاده في إثبات الإيمان به ثلاثة أشياء:

    أحدها: أن يعتقد العبد ربانيته ليكون بذلك مبايناً لمذهب أهل التعطيل الذين لا يثبتون صانعاً.

    والثاني: أن يعتقد وحدانيته ليكون مبايناً بذلك مذاهب أهل الشرك الذين أقروا بالصانع وأشركوا معه في العبادة غيره.

    والثالث: أن يعتقده موصوفاً بالصفات التي لا يجوز إلا أن يكون موصوفاً بها من العلم والقدرة والحكمة وسائر ما وصف به نفسه في كتابه.

    “Асли имон ба Аллоҳ таъоло, ки эътиқод бар он воҷиб аст, то ки имон собит гардад, бар се чиз аст:

    Аввал: Эътиқод кунад раббонияти Ӯро, то ки бо ин эътиқоди худ аз мазҳаби аҳли таътил ҷудо гардад. Аҳли таътил, ки сонеъе (бар ин олам) намедонанд.

    Дуввум: Ваҳдонияти Ӯро муътақид бошад, токи аз мазоҳиби аҳли ширк ҷудо гардад. Онҳое, ки сонеъ ва созандае иқрор карданд, аммо дар парастиш ба Ӯ ширк варзиданд.

    Саввум: Муътақид бошад бар он, ки Ӯ таъоло мавсуф аст ба сифоте, ки ҷоиз нест магар инки муттасиф ба он бошад. Аз илму қудрат ва ҳикмат ва дигар сифатҳое ки хешро дар китоби худ васф кардааст”. Имом ибни Батта, (номи пурраи китоб:الإبانة عن شريعة الفرقة الناجية ومجانبة الفرق المذمومة).

    Матни саввум:

    Имом Абуҷаъфари Таҳовӣ (ваф. 321) дар муқаддимаи матни хеш дар “Ақидаи Таҳовӣ” гуфтааст:

    إن الله واحد لا شريك له، ولا شيء مثله، ولا شيء يعجزه، ولا إله غيره:
    فقوله: (ولا شي مثله) هذا من توحيد الأسماء والصفات.

    وقوله: (ولا شيء يعجزه) هذا من توحيد الربوبية.

    وقوله: (ولا إله غيره) هذا من توحيد الألوهية.

    “Ба дурустӣ, ки Аллоҳ ягона ҳасту шарике надорад, ва ҳеҷ чизе монанди Ӯ нест, ва аз чизе оҷиз нест, ва маъбуде (барҳаққ) ғайри Ӯ нест”.

    Дар ибораи “чизе монанди Ӯ нест”, исботи тавҳиди асмо ва сифот аст.

    Ва дар ибораи “аз чизе оҷиз нест”, исботи тавҳиди рубубият аст.

    Ва дар ибораи “маъбуде (барҳаққ) ғайри Ӯ нест” исботи тавҳиди улуҳийят мебошад.

    Ва ахиран ин посухро бо ояте аз китоби Аллоҳ хотима мебахшам, ки ин оят ҳар се навъ аз анвоъи тавҳидро дар бар гирифтааст:

    ﴿رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا فَٱعۡبُدۡهُ وَٱصۡطَبِرۡ لِعِبَٰدَتِهِۦۚ هَلۡ تَعۡلَمُ لَهُۥ سَمِيّٗا ٦٥﴾ [مريم: ٦٥]


    فقوله: (ربُّ السموات والأرض وما بينهما) فيه إثبات الربوبية.

    وقوله: (فاعبده) فيه إثبات توحيد العبادة.

    وقوله: (هل تعلم له سميَّا) فيه توحيد الأسماء الداله إلى معاني.

    «Парвардигори осмонҳову замин ва ончӣ, ки миёни онҳост. Пас (ҳол онки чунин аст) танҳо Ӯро парастиш кун ва бар ибодату парастиши Ӯ шикебову бардавом бош. Оё шабиҳу ҳамонанде барои Ӯ (ки Холиқу Розиқ ва Олиму Қодир ва Ҳайю Қайюм…аст) пайдо хоҳӣ кард (то дасти ниёз ба сӯйи ӯ дароз кунӣ?)».

    Сураи Марям 65

    Нукоте иҷмолӣ дар баёни аркони тавҳид.

    Барои инки шахс муваҳҳид қарор бигирад, лозим аст ки ба ҳамаи ин маворид эътиқод дошта бошад, ва ҳатто дар як маврид ҳам касеро бо Худованд шарик масозад!

    1. Тавҳид дар рубубият – холиқияти Аллоҳ таъоло: Яъне ки холиқи тамоми махлуқот ва ашёъи олами ҳастӣ, танҳо Худованди мутаъол аст ва ҳеҷ мавҷуде дар ин маврид бо Худованд шарокат ва ҳамкорӣ надорад.

    Худованд ба ҳеҷ як аз махлуқоти хеш ин қудрат ва сифатро ато накардааст, ки тавонад бидуни асбоб ва бо қудрати ғайбӣ чизеро халқ кунад.

    Аллоҳ таъоло дар ин маврид фармудааст:

    ﴿أَلَا لَهُ ٱلۡخَلۡقُ وَٱلۡأَمۡرُۗ ٥٤﴾ [الاعراف: ٥٣]

    «Ҳароина, офариниш ва (ҳамчунин) амру фармон танҳо азони Ӯст».

    Сураи Аъроф 53

    Ва низ фармудааст:

    ﴿قُلِ ٱللَّهُ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖ وَهُوَ ٱلۡوَٰحِدُ ٱلۡقَهَّٰرُ ١٦﴾ [الرعد: ١٦]

    «Бигӯ, Аллоҳ офаринандаи ҳама чизҳост ва Ӯ яктову тавоност».

    Сураи Раъд 16

    Тавҳид дар тасарруф ва тадбир – яъне ин эътиқод, ки гардонанда ва контролкунандаи ин ҷаҳон, Аллоҳ таъоло ҳаст ва ҳеҷ кас бо Аллоҳи мутаъол дар ин сифат шарик нест. Ва ҳатто дар кучактарин масоил, касе ҷуз Аллоҳ тасарруфе надорад.

    На зотан ва на атоан. Яъне на худаш чунон қудрат ва салоҳияте дорад ва на Худованд ба касе чунин фазилатеро ато кардааст, ки битавонад дар феълу инфиъолоти олам таъсире дошта бошад. Масалан дар гардиши замину замон, лайлу наҳор, ободиву вайронӣ, пирӯзиву шикаст, парешониву хушҳолӣ, куштан ва зинда кардан, зарар расонидан ва нафъ додан, додани фарзанд ва ақим кардан, ва хулоса дар ҳеҷ масъалаи кучак ва ё бузурге, касе наметавонад шарики Ӯ бошад, ва танҳо зоти бемислу монанди Аллоҳ ҳаст, ки ҳама корҳои оламро мегардонад ва Ӯст, ки дигаргуниҳоро дар ҷаҳон эҷод мекунад.

    Қуръони маҷид дар ин бора фармудааст:

    ﴿يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَۖ مَا مِن شَفِيعٍ إِلَّا مِنۢ بَعۡدِ إِذۡنِهِۦۚ ٣﴾ [يونس : ٣]

    «Идораи ҷаҳони ҳастӣ ба дасти Ӯст, ва ҳеҷ шафоъатгаре нахоҳад буд, магар пас аз иҷозаи Ӯ».

    Сураи Юнус 3

    Ва ҳамчунин омадааст:

    ﴿ٱللَّهُ ٱلَّذِي رَفَعَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ بِغَيۡرِ عَمَدٖ تَرَوۡنَهَاۖ ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰ عَلَى ٱلۡعَرۡشِۖ وَسَخَّرَ ٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ كُلّٞ يَجۡرِي لِأَجَلٖ مُّسَمّٗىۚ يُدَبِّرُ ٱلۡأَمۡرَ يُفَصِّلُ ٱلۡأٓيَٰتِ لَعَلَّكُم بِلِقَآءِ رَبِّكُمۡ تُوقِنُونَ ٢﴾ [الرعد: ٢]

    «…Худованди мутаъол умури (дунёро) мегардонад ва Ӯ ояҳоро баён мекунад, то инки шумо яқин ҳосил кунед, ки бо парвардигоратон мулоқот мекунед».

    Сураи Раъд 2

    Аллоҳ таъоло тасарруфи дигаронро дар олами ҳастӣ ва тағйироти онро сароҳатан радд кардааст, масалан дар мавриди гардиши айём мегӯяд:

    ﴿قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِن جَعَلَ ٱللَّهُ عَلَيۡكُمُ ٱلَّيۡلَ سَرۡمَدًا إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ مَنۡ إِلَٰهٌ غَيۡرُ ٱللَّهِ يَأۡتِيكُم بِضِيَآءٍۚ أَفَلَا تَسۡمَعُونَ ٧١ قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِن جَعَلَ ٱللَّهُ عَلَيۡكُمُ ٱلنَّهَارَ سَرۡمَدًا إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ مَنۡ إِلَٰهٌ غَيۡرُ ٱللَّهِ يَأۡتِيكُم بِلَيۡلٖ تَسۡكُنُونَ فِيهِۚ أَفَلَا تُبۡصِرُونَ ٧٢﴾ [القصص: ٧١، ٧٢]

    «Бигӯ эй Паёмбар! Ба ман бигӯед, агар Худованд шабро то рӯзи Қиёмат ҳамеша мондагор кунад, ба ҷуз Аллоҳ кадом маъбуд аст, ки битавонад барои шумо рӯшноӣ биёварад? Оё намешунавед?

    Бигӯ, ба ман хабар диҳед, агар Худованд рӯзро то Қиёмат ҷовидона кунад, ба ҷуз Аллоҳ кадом маъбуд аст, ки битавонад барои шумо шаберо биёварад, то дар он биёромед? Магар намебинед?».

    Сураи Қасас 71-72

    Ва дар мавриди борон мефармояд:

    ﴿أَفَرَءَيۡتُمُ ٱلۡمَآءَ ٱلَّذِي تَشۡرَبُونَ ٦٨ ءَأَنتُمۡ أَنزَلۡتُمُوهُ مِنَ ٱلۡمُزۡنِ أَمۡ نَحۡنُ ٱلۡمُنزِلُونَ ٦٩﴾ [الواقعة: ٦٨، ٦٩]

    «Оё ҳеҷ дар мавриди обе, ки менӯшед андеша кардаед? Оё шумо онро аз абр пойин меоваред ё мо онро фурӯ меоварем?».

    Сураи Воқиъа 68-69

    Ва дар мавриди аъзо ва ҷавориҳи инсон фармудааст:

    ﴿قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ إِنۡ أَخَذَ ٱللَّهُ سَمۡعَكُمۡ وَأَبۡصَٰرَكُمۡ وَخَتَمَ عَلَىٰ قُلُوبِكُم مَّنۡ إِلَٰهٌ غَيۡرُ ٱللَّهِ يَأۡتِيكُم بِهِۗ ٤٦﴾ [الانعام: ٤٦]

    «Бигӯ: Ба ман бигӯед, агар Аллоҳ шунавоӣ ва биноиятонро бигирад ва бар дилҳоятон муҳр ниҳад, оё ғайр аз Аллоҳ маъбуде ҳаст, ки онро ба шумо бозгардонад?».

    Сураи Анъом 46

    2. Тавҳид дар Улуҳийят – муҳимтарин бахши тавҳид ин аст, ки дар ибодат ва парастиш касеро ба Аллоҳ шарик қарор дода нашавад, ва ҳама ибодатҳо (аз ҷумла ибодатҳои қавлӣ, амалӣ, молӣ ва махсусан дуъову тазарруъ, ки мағзи ибодат ҳаст) фақат барои зоти Аллоҳ анҷом дода шавад. Ҳама назрҳову ниёзҳо ба номи Ӯ дода шавад. Дар ҳама мушкилот фақат Ӯро фарёд зада ва танҳо аз Ӯ кумак хоста шавад.

    Ҷуз Ӯ, барои ҳеҷ касе саҷда, тавоф, эътикоф нашавад, ва ҳей кас ҷуз Ӯ барои ҳалли мушкиле ва ё ҳусули неъмате хонда нашавад.

    Тавҳид дар Улуҳийят (яъне тавҳиди ибодат ва бандагӣ) муҳимтарин қисми тавҳид аст, ва бештарин оёти Қуръон барои таъкиди он нозил шудааст, зеро бузургтарин инҳироф ва залолати башар дар ҳамин бахши тавҳид будааст.

    Аллома Абул-Ъиззи ҳанафӣ дар шарҳи “Ақидаи Таҳовия” мегӯяд:

    فلو أقر رجل بتوحيد الربوبية الذي يقر به هؤلاء النظار، ويفنى فيه كثير من أهل التصوف، ويجعلونه غاية السالكين، كما ذكره صاحب منازل السائرين وغيره، وهو مع ذلك إن لم يعبد الله وحده ويتبرأ من عبادة ما سواه كان مشركاً من جنس أمثاله من المشركين.

    “Агар касе ба тавҳиди рубубийят иқрор ва эътироф кунад, ҳамон (қисми тавҳиде), ки назарияпардозон (амсоли аҳли калом) ба он иқрор кардаанд ва бисёре аз аҳли тасаввуф дар он фано гаштаанд, ва онро ғоят ва мунтаҳои солик медонанд – чӣ тавре, ки соҳиби Манозилус-соирин (Ҳаравӣ) ва ғайраҳо зикр кардаанд, аммо бо вуҷуди он агар танҳо Аллоҳро ибодат накунад ва аз ибодати ғайруллоҳ безор набошад, ӯ мушрик аст, монанди дигар мушрикон”.

    Тафсили бештар дар мавриди ин бахши тавҳид, дар мақоли ҷудогонае баён хоҳад шуд иншоаллоҳ.

    3. Тавҳиди асмо ва сифот – ин яъне имон овардан ва иқрор кардан ба номҳо ва сифатҳои Аллоҳ таъоло ҳамчуноне, ки худи Ӯ ва расулаш Муҳаммад () барои Ӯ собит кардааст.

    Дар тафсили бештари ин бахши тавҳид низ мақоли ҷудогонае зарур аст, вале ба қадри имкон ва иҷмолан қоъидаи муҳимеро инҷо баён мекунем.

    الكلام في الصفات كالكلام في الذات والقول في بعض الصفات كالقول في البعض الآخر.

    Қоъида ин аст, ки “Сухан кардан дар сифоти Худованд, ин монанди сухан кардан дар бораи зоти Худованд аст ва сухан кардан дар атрофи баъзе аз сифатҳо, монанди сухан кардан дар баъзеи дигар аст”.

    Шарҳи ин қоъида чунин аст, ки: Чӣ тавре, ки ҳақиқати зоти илоҳиро исбот кардаву қабул дорем, бидуни идроки кайфияти он, ҳамин тавр сифоти Аллоҳ таълоро низ бидуни такйиф ва ташбиҳ ва таътилу тамсил бояд қабул кард.

    Ва ҳамчунин исботи баъзе аз сифот мусталзими он аст, ки боқимонда сифотро низ бояд исбот ва иқрор карда шавад. Ҳамчуноне, ки илму ҳаёту қудрат ва самъу басар ва иродаро исбот кардаем, бидуни ташбиҳи он бо сифоти махлуқин, пас бояд сифатҳои дигареро низ, ки дар Қуръону Ҳадис омадааст, бидуни ташбиҳ ва таъвилу тафвиз ва тамсил қабул кардаву имон оварем.

    ***

    Таҳияи :Муҳаммадазиз Раҷабӣ.

    Ин мақола бо истифода аз маводҳои форсӣ ва арабӣ таҳия шудааст.

    Боғи Накӯкорон.

    20 Рамазони 1434.