Рӯзадории узвҳо
Дастабандиҳо
Full Description
Рӯзадории узвҳо
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Таҳия ва тарҷума:
Дорулисломӣ Тоҷикӣ
2013 - 1434
صيام الأعضاء
«باللغة الطاجيكية»
إعداد و ترجمة:
دار الإسلام/ طاجيكي
2013 - 1434
Рӯзадории узвҳо
Ибни Қайим (р.ҳ) мегӯяд:
Рӯзадор касе аст, ки тамоми аъзоҳои ӯ рӯза мегирад, забонаш аз дуруғ, суханҳои фаҳшо, туҳмату ғайбат ва ғайраҳо, ва шикамаш аз таому шароб, ва шармгоҳаш аз ҷимоъ, Чунин шахс агар сухан гӯяд, сухане намегуяд, ки рӯзаашро захмдор созад ва агар коре кунад, коре намекунад, ки рӯзаашро фосид гардонад, Ҳар сухане, ки аз даҳони ӯ мебарояд ва ҳаркоре, ки аз ӯ сар мезанад ҳамаги фоиданоку солеҳона мебошанд, Ингуна шахс ба монанди касе аст, ки дар даст атри хушбуе дорад, ки атрофиёни ӯ аз вуҷудаш лаззат мебаранд.
Инсони рӯзадор ҳам чунин аст, чун ҳарки дар назди ӯ нишинад аз он маҷлисаш истифода мебарад, ва аз ҷавру зулм, дуруғу туҳмат дар амон аст, чунин аст он рӯзае, ки Худованд онро аз мо талаб намудааст. Рӯза танҳо чунин нест, ки инсон аз таому шароб даст бикашад, дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар (с) фармуданд:
"Ҳарки туҳмати дидаву донистаро ва гумроҳиву амал кардан ба онро тарк нанамояд Худованд ба он эҳтиёҷ надорад ки ба хотираш аз таому шароб даст бикашад".
Ва дар ривояти дигаре омадааст ки "Рӯзадороне ҳастанд, ки барояшон аз рӯзадорияшон ҷуз гуруснаги ва ташнаги чизи дигаре насиб намегардад".
Пас рӯзадори, рӯза доштани аъзоҳои бадан аз гуноҳон мебошад, ва чунонеки рӯза доштани шикам дури аз таому шароб аст ва чигунае, ки таому шароб хурдан рӯзаи шикамро фосид месозад, ҳамчунин гуноҳон савоби онро қатъ мегардонад ва самараи онро фосид месозад ва соҳибашро ба монанди касе месозад, ки гуё рӯза надоштааст.
Гирифта шуда аз китоби "Алвобилу сайб"