Байни рӯзҳои рамазон ва ғайри рамазон фарқ бигзор
Дастабандиҳо
Full Description
Байни рӯзҳои рамазон ва ғайри рамазон фарқ бигзор
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Таҳия ва тарҷума: Абдураҳмони Абдусаттор
2013 - 1434
فرِّق بين رمضان وغير رمضان
«باللغة الطاجيكية»
إعداد وترجمة: عبد الرحمن عبد الستار
2013 - 1434
Байни рӯзҳои рамазон ва ғайри рамазон фарқ бигзор
"Вақтоки аз ҳалол худро боздошти ва рӯза гирифти, пас аз ҳаром ҳам худро нигоҳдор" .
Ҳазрати Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) мегуяд:
(إذا صمت فليصم سمعك, وبصرك, ولسانك عن الكذب والمحارم, ودع أذى الجار, وليكن عليك وقار وسكينة يوم صومك, ولا تجعل يوم صومك و يوم فطرك سواء)
"Агар рӯза гирифти, пас бигзор гуши ту ҳам рӯза бигирад, ва чашмонат ҳам рӯза бигиранд, ва забонат ҳам аз дуруғгуи ва чизҳои ҳарому нопок рӯза бигирад, ва аз озор додани ҳамсоя дури кун ва дар рӯзҳои рӯзадорият барои худ оромиш ва эҳтироме бигузор, ва нагузор ки рӯзҳои рӯзадорият ба монанди рӯзҳои ғайри рӯзадорият бигзарад".
Чигунае, ки либосатро пок нигоҳ медори кушиш кун то рӯзаатро аз суханони бад, ғайбат, дуруғ ва ахлоқу рафтори бад, пок нигоҳдори. То инки аз ҷумлаи касонеки Паёмбари Худо (с) дар васфи онҳо чунин мефармояд набоши:
(رب صائم حظه من صيامه الجوع والعطش, ورب قائم حظه من قيامه السهر) الطبراني، كما في صحيح الترغيب
Паёмбари Худо дар ин ҳадиси шариф мефармояд: "Рӯзадоре аст, ки насибаш аз рӯзааш танҳо гуруснаги ва ташнагист, ва шаб намозхоне аст, ки насибаш танҳо дар шаб бедорист на чизи дигаре". (Табарони дар Саҳеҳ ат-Тарғиб)
Бародари гироми! Он шахс касе аст, ки рӯза мегирад ва худро аз хуроку шароб манъ мекунад, аммо аз ҳаром ва ботил дури намеҷуяд, Он шахсе аст, ки шикамашро аз ҳалол нигоҳ медорад аммо дасту пой ва дигар аъзои баданашро аз ҳаром нигоҳ намедорад.
Чашмонашро аз нигоҳ кардан дар ҳаром - хоҳ дар кӯчаҳо бошад ё дар филмҳо – гушҳояшро аз шунидани ҳаром ва забонашро аз гуфтани ҳаром – ғайбат, дуруғ, шаҳодати дуруғ, суханони қабеҳ – боз намедорад.
Ингуна одам аз рӯза ва шабхезияш ба ҷуз гуруснаги ва шаб бедори чизи дигаре фоида намебинад, Яъне аз савоби рӯзадори ва шабнамозхони бенасиб мемонад.
Шоире мегуяд:
إذا لم يكن في السمع مني تصاون وفي بصري غض وفي منطقي صمت
فحظي إذا من صومي الجوع والظما فإن قلت إني صمت يومي فما صمت
Шоир мегуяд: Агар гуши худро бо чашму забонам аз ҳаром нигоҳ надорам, пас насиби ман аз рӯзаам ба ҷуз гуруснаги ва ташнаги чизи дигаре нест ва агар бигуям, ки рӯзадорам дар ҳақиқат рӯзадор ҳам нестам.
Бародари гироми! Бигзор рӯзҳои рӯзадорият аз рӯзҳои одият фарқ кунад, рӯзҳои рӯзадориятро бо нуру хушбахти барои ҳаёти ояндаат беҳтар бигардон.
Ҳасани Басри (р) мегуяд:
(إن الله جعل رمضان مضمارًا لخلقه.. يستبِقون فيه بطاعته إلى مرضاته, فسبق قوم ففازوا, وتخلف آخرون فخابوا ...)
"Худованд моҳи шарифи рамазонро барои бандагонаш мизмор (майдони мусобиқа ва қуваозмои) гардонида аст, ки дар он миёни худ дар тоъату ибодат барои ба даст овардани ризогии парвардигорашон мусобиқа мекунанд, Пас гуруҳе аз онон пешдасти карданд ва комёб шуданд. Ва гуруҳи дувуми қафонишини карданд ва ноком шуданд.
Пас дар ин майдони қуваозмои кушиш кун, ки аз ҷумлаи комёбшудагон боши. Ва ин рӯзҳои рамазонро бо тоъату ибодати худованд ва анҷом додани корҳои хайр ва дур будан аз ҳама корҳои бад бигзарон. Тақво ва худотарсиро дар ин моҳи шариф зиёд кун, то дар охири рамазон эҳсоси онро дошта боши, ки моҳи рамазон аз дигар моҳҳо фарқ дошт. Ва аз ҷумлаи касоне боши, ки дар ҳақиқат аз рӯза гирифтанашон ва аз моҳи шарифи рамазон баҳра бурдаанд, ки он ҳосил намудани аҷру савоби зиёд ва халоси аз оташи дузах аст.
Зеро хушбахт касе аст, ки ин моҳи шарифро бо гуноҳони бахшида, ва ба даст овардани раҳмати Худо ба поён расонад. Ва ин мақсади асоси аз рӯза гирифтани моҳи шарифи рамазон аст.