×
Ман чанд рӯз пас рӯзи таваллудам ҳаст, аммо намехоҳам ҷашни таваллуд бигирам, чунки ҷоиз нест, аммо агар дӯстонам ва хонаводаам ба ман табрик бигӯянд ё ҳадя бидиҳанд, оё ҷоиз аст?

    Ҳукми табрик гуфтан ва ҳадя гирифтан ба муносибати рӯзи таваллуд

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2013 - 1434

    حكم التهنئة بيوم الميلاد

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: محمد عزيز رجبي

    2013 - 1434

    Ҳукми табрик гуфтан ва ҳадя гирифтан ба муносибати рӯзи таваллуд

    Матни суол: Ман чанд рӯз пас рӯзи таваллудам ҳаст, аммо намехоҳам ҷашни таваллуд бигирам, чунки ҷоиз нест, аммо агар дӯстонам ва хонаводаам ба ман табрик бигӯянд ё ҳадя бидиҳанд, оё ҷоиз аст?

    Ҷавоб: Алҳамду лиллоҳ,

    Дар шариъати ислом бузургдошт ва ё баргузории маросими ҷашн ҷуз дар ду рӯз (иди Рамазон ва Қурбон) ҷоиз нест. Ва мусалмон танҳо дар он ду рӯз ҷашн баргузор мекунад ва ба дигарон табрик мегӯяд, аммо дар соири аъёд ширкат намекунад (зеро ки мутаъаллиқ ба аҳли суннат ва ё мусалмонон нестанд), аз қабили ҷашни мавлуд, меъроҷ, иди наврӯз, шаби ялдо, сездаҳ бадр ва маросими ҷашни таваллуд (ки ин ҷашни таваллуд аз расму оини куффор аст, ки вориди мусалмонон шудааст).

    امام ذهبي رحمه الله درکتاب “التمسك بالسنن والتحذير من البدع" گفته است: "أما مشابهة الذِّمي في الميلاد، و الخميس، والنيروز، فبدعة وحشة".

    Имом Заҳабӣ (раҳимаҳуллоҳ) дар китоби “Ат-тамассук бис-сунан ват-таҳзир минал-бидаъ" гуфтааст: (Аммо шабоҳат (монанд шудан) бо куффор дар иди милод, панҷшанбе (яке аз идҳои насоро) ва иди наврӯз аз ҷумлаи бидъатҳои дур аз ислом мебошад).

    Ва ҳар чизе ки ҳаром бошад, мушоракат дар он ва ё ҳадя додан ба он муносибат низ ҷоиз нест. Бинобарин ҷоиз нест, ки касе маросими таваллуд бигирад ва дигаронро даъват намояд ва ба ҳамдигар ҳадя тақдим кунанд.

    Ҳатто табрик гуфтан ба танҳоӣ низ ҷоиз нест, зеро муборакбодӣ танҳо барои идҳои Қурбон ва Рамазон машрӯъ ва ҷоиз аст…

    Ва инчунин бояд мутаваҷҷеҳи ин нукта бошем, ки: Табрик гуфтан ва тақдими ҳадя ба муносибати таваллуд, навъе аз бузургдошт ва ёдбуди рӯзи таваллуд аст ва танҳо тафовути он аз ҷашнгирӣ он аст, ки “Торти Таваллуд" вуҷуд надорад…!

    Барои ҳамин ҳам, лозим аст, ки ба пуррагӣ ин маросимро тарк гуфт ва рӯзи таваллудро монанди бақияи рӯзҳо гузаронид. Яъне ҳамчун бақияи рӯзҳо, ки касе ба шумо чизеро ёдоварӣ намекунад ва табрик намегӯяд.

    Ва шумо, ки алҳамду лиллоҳ, машмули ҳидояти Худованд гаштаед ва тасмим гирифтаед, ки ҷашни таваллуд баргузор намекунед, пас дар ҳангоми тақдими ҳадя ва ё табрик гуфтан аз сӯи волидайн ва ё хоҳару бародар ва дӯстон, бояд масъаларо аз диди шариъат барои онҳо – бо ҳикмат ва некуӣ – фаҳмонед. Ва боке надорад, ки дар он ҳангом ҳадяро бигиред то муҷиби бадбинӣ ва кудурат нашавад, вале масъаларо барояшон тавзеҳ бидиҳед, то ки соли оянда ҳадя наёваранд ва табрик нагӯянд.

    Валлоҳу аълам.

    Ва салому дуруди Худованд бар Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ, ва пайравони онҳо то рӯзи Қиёмат, ки аз онҳо бо хубӣ пайравӣ кардаанд.

    Сомонаи Ҷомеъи Фатовои аҳли Суннат ва Ҷамоъат.

    IslamPP.Com