×
Суол: Барои чи инсон Худовандро дуо мекунад ва дуояш қабул намегардад? дар ҳоле ки Худованд мефармояд: «Манро дуо кунед, дуоятонро иҷобат менамоям» Ҷавоб: Худованд мефармояд: {ادعوني أستجِبْ لكم} [غافر: 60].

    Сабабҳои қабул нагардидани дуо

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Муҳаммад ибни Солиҳ Ал-Усаймин

    Тарҷумаи: Мисбоҳиддини Ҳомид

    2011 - 1432

    ﴿ أسباب عدم إجابة الدعاء ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    الشيخ محمد بن صالح العثيمين

    ترجمة: مصباح الدين حميد

    2011 - 1432

    Сабабҳои қабул нагардидани дуо

    Суол: Барои чи инсон Худовандро дуо мекунад ва дуояш қабул намегардад? дар ҳоле ки Худованд мефармояд: «Манро дуо кунед, дуоятонро иҷобат менамоям»

    Ҷавоб: Худованд мефармояд:

    ﭽوَقَالَ رَبُّكُمُ ٱدۡعُونِيٓ أَسۡتَجِبۡ لَكُمۡۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَسۡتَكۡبِرُونَ عَنۡ عِبَادَتِي سَيَدۡخُلُونَ جَهَنَّمَ دَاخِرِينَ ٦٠ ﭼ [غافر: ٦٠]

    «Парвардигоратон гуфт: «Дуову илтиҷо кунед Маро, то шуморо иҷобат кунам. Онҳое, ки аз парастиши Ман саркашӣ мекунанд, ба зуди дар айни хори ба ҷаҳаннам дароянд!» (Ғофир 60)

    Ва суолкунанда мегуяд, ки у Худовандро дуо мекунад локин дуояш мустаҷоб намегардад, пас мақсад ин аст ки чаро Худованд дар ин оят ваъда кардааст, ки дуои дуокунандаро иҷобат менамояд, ва Худованд яқинан ба ваъдааш вафо мекунад, локин дуои ин суолкунандаро иҷобат накардааст, пас маънои оят чи бошад?

    Ҷавоб ин аст, ки барои онки дуои банда иҷобат гардад чанд шартҳое вуҷуд дорад:

    Шарти аввал: Ихлос намудан дар дуо ба Худованд, яъне ҳаргоҳе ки инсон мехоҳад Худовандро дуо кунад, бояд дар дуояш руй ба суи Худованд биёрад, ва бо дили софу содиқ бидонад ки Худованд қодир аст ки дуои уро иҷобат менамояд, ва танҳо аз Худованд умеди иҷобатро намояд.

    Шарти дувум: Инсони дуогуй бояд ҳангоми дуояш эҳсос намояд ки бениҳоят эҳтиёҷи шадид ва ниёз ба Худованд дорад, ва бидонад ки танҳо Худованд аст ки дуои муҳтоҷонро иҷобат менамояд, ва ҳамаи балоҳоро дур месозад.

    Аммо касе ки ҳангоми дуояш эҳсос намояд ки ба Худованд эҳтиёҷ надорад, ва балки дуояш фақат аз руи одат мебошад, пас ин гуна дуо маълум аст ки иҷобат нахоҳад шуд.

    Шарти чаҳорум: Инсон бояд аз хурдани ҳаром бипарҳезад, чунки хурдани ҳаром пардаест миёни инсон ва иҷобати дуояш, чуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: "Худованд пок аст ва ба ҷуз пок чизеро намепазирад, ва Худованд ба ҳарчи ки паёмбаронро амр намудааст муъминонро низ ба ҳамон амр намудааст" ва Худованд мефармояд:

    ﭽيَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُلُواْ مِن طَيِّبَٰتِ مَا رَزَقۡنَٰكُمۡ وَٱشۡكُرُواْ لِلَّهِ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ ١٧٢ ﭼ [البقرة: ١٧٢]

    «Эй касоне, имон овардаед, аз он чизҳои покизае, ки рӯзии шумо кардаем, бихӯред ва агар Худоро мепарастед, шукрашро ба ҷой оваред» (Бақара 172)

    Ва боз мефармояд:

    ﭽيَٰٓأَيُّهَا ٱلرُّسُلُ كُلُواْ مِنَ ٱلطَّيِّبَٰتِ وَٱعۡمَلُواْ صَٰلِحًاۖ ٥١ﭼ [المؤمنون: ٥١]

    «Эй паёмбарон, аз чизҳои покизаву хуш бихӯред ва корҳои шоиста кунед, ки Ман ба корҳое, ки мекунед, огоҳам» (Муъминун 51)

    Сипас Паёмбар (с) мисоле зад ки "Марде ки сафари дарозмудате дорад, ва сару суяш пур аз ғубори роҳ асту дар у асари машақати роҳ дида мешавад, ва дастонашро ба суи осмон мебардораду мегуяд: эй Парвардигори ман, дар ҳоле ки хурданаш ҳаром аст, пушиданаш аз ҳаром аст, пас чигуна дуои у қабул гардад".

    Агарчи дар ин мард чандин сабабҳои иҷобати дуо зоҳир буд, локин дуояш қабул нагардид.

    Аввал: Ин мард ҳангоми дуо даст ба суи осмон боло кард, ва Паёмбар (с) мефармояд: "Даст боло кардан ба суи Худованд аз сабабҳои иҷобати дуо мебошад", чуноне ки дар ҳадис омадааст Паёмбар (с) мефармояд: "Худованд бо ҳаё ва каримаст, шарм медорад аз ин ки бандааш ба суи у даст дароз кунаду дастони уро холи бозгардонад"

    Дувум: Ин мард Худовандро бо яке аз номҳояш дуо кард ва гуфт: эй Парвардигори ман, ва дуо кардани Худованд бо ин номаш аз сабабҳои иҷобати дуо мебошад, ва аксари дуоҳое ки дар Қурон ворид гаштаанд бо ин исми Худованд шуруъ шудаанд, мисли ин оят ки Худованд мефармояд:

    Пас тавасул бо ин исми Худованд аз сабабҳои иҷобати дуо мебошад.

    Сеюм: Ин мард мусофир буд, ва сафар аз сабабҳои иҷобати дуо мебошад, чунки инсон ҳангоми сафар худро муҳтоҷтар ба Худованд эҳсос менамояд, ва машақати сафару сару руи пур аз ғубор низ аз сабабҳои иҷобати дуо мебошад, чунки ин ҳолат маънои онро дорад, ки ин гуна инсон ба сару руи ва машақати роҳ аҳамаият надода фақат орзуи онро дорад ки Худованд дуои уро бипазирад.

    Бубинед ки ин мард ҳамаи ин сабабҳои иҷобати дуоро амали сохт, локин бо сабаби ин ки хурданаш ҳаром буд ва пушиданаш аз ҳаром буд, аз дуояш ҳеҷ фоидае набурд.

    Аммо инсоне ки ин сабабҳоро амали созад ва хурдану пушиданаш аз ҳалол бошад, локин дуояш иҷобат нагардад, пас бидонад ки Худованд бо сабаби дуояш аз у балоеро дур месозад, ки аз он чи ки дар дуояш талаб намудааст бузургтар аст, ва ё ин ки Худованд дуояшро барояш барои рузи қиёмат захира менамояд, ва савоби уро барояш ду баробар маепардозад, аввал ба хотири дуояш, дувум ба хотири он ки дуояш дар дунё иҷобат нагардид.

    Инчунин бисёр муҳим аст ки инсон вақто ки дуо мекунад ҷавоби дуояшро дар ҳол интизор нашавад, чунки ин амал низ аз сабабҳои иҷобат нагардидани дуо мебошад, Паёмбар (с) мефармояд: "Дуои шумо қабул мегардад агар бетоқати нанамоед" гуфтанд: чигуна бетоқати эй Паёмбари Худо? Гуфт: "мисли ин ки бигуяд: дуо кардам, дуо кардам, ва дуо кардам, локин дуоям иҷобат нагардид"

    Пас лозим нест барои инсон ки як бор ё ду бор дуо кунаду сипас интизори иҷобати онро бикашад, балки бо исрор аз Худованд талаб намояд, ва дуо бигуяад, то ин ки дуояш иҷобат гардад, чунки дуо ибодате аст ки инсонро бо Худованд наздик месозад, пас бародари азизам! дар тамоми корҳоят дуо кун агарчи кори мушкиле бошад ва ё кори осоне, чунки дуо ибодати дустдоштаниест дар назди Худованд.

    Худованд ҳамаи шуморо ба орзуҳои некатон бирасонад.