Фарқ байни нифоқ ва риё
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Фарқ байни нифоқ ва риё
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Таҳия ва тарҷума: Мусъабӣ Ҳамза
Сомонаи: Ҷомеъи Фатовои аҳли суннат ва ҷамоъат. IslamPP.Com
2013 - 1434
الفرق بين النفاق والرياء
«باللغة الطاجيكية»
إعداد و ترجمة: مصعب حمزة
موقع جامع فتاوى أهل السنة. IslamPP.Com
2013 - 1434
Фарқ байни нифоқ ва риё
Шумораи фатво 7761
Суол: Фарқ миёни нифоқ ва риё дар чист? Ва кадом яке аз ин ду барои даъваткунанда зиёновартар аст?
Ҷавоб: Ҳамду сано барои Худованд,
Нифоқу риё ҳарду амали бад мебошанд, Аммо нифоқ бадтар ва зишттар аст. Чунки нифоқ зоҳир ва ошкор кардани хайру некӣ ва пинҳон кардани шарру бадӣ мебошад. Дар ин чиз байни нифоқи ақидави ва амали фарқе нест.
Аммо нифоқи ақидави инсонро аз дин хориҷ мекунад (худо паноҳ диҳад) ва нифоқи амали гоҳ инсонро аз дин берун мекунад ва гоҳ хориҷ намекунад.
Аммо риё маънояш ин аст, ки: Инсон амали солеҳеро барои Худо анҷом медиҳад, вале мехоҳад мардум ҳам кори ӯро бубинанд, ё он корро ба зебогӣ ва хубӣ ва бо тамоми тавоноияш анҷом медиҳад, то мардум ӯро таъриф кунанд (яъне он корро бо тамоми хубӣ ва зебогӣ анҷом медиҳад, то мардум гӯянд, ки ӯ бисёр одами худотарс ва амалҳо ё ибодатҳоро ба хубӣ ва пурраги анҷом медиҳад)
Ин шахс қасди нек дорад, вале таърифу ситоиши мардумро низ мавриди мулоҳиза қарор додааст, бинобарин корашро ба хотири ситоиши мардум хуб анҷом медиҳад. Ва бо ин сурат муаян шуд, ки нифоқ аз риё бадтар аст ва инки риё нишонае аз нишонаҳои мунофиқон аст.
Худованд мефармояд:
﴿ يُرَآءُونَ ٱلنَّاسَ وَلَا يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ إِلَّا قَلِيلٗا ١٤٢ ﴾ [النساء : ١٤٢]
"Бо мардум риё мекунанд (дар намоз худнамои мекунанд) ва Худоро камтар ёд мекунанд ва ҷуз андаке ба ибодати Ӯ намепардозанд"
(Нисо 142)
Гирифташуда аз китоби "Қавоид ва роҳнамоиҳои бедории исломӣ"
Аз фатово ва насиҳатҳои шайх Муҳаммад ибни Солеҳ Усаймин.