×
Пайравони мазҳаби шиъа муътақид ҳастанд, ки саҳобагон ва хусусан онҳое, ки номи онҳо вирди забон аст, ҳама тавтиагар ва хоину сиёсатбоз будаанд. Нависандаи мақола ин шубҳаи онҳоро бо зикри ривоятҳои ҳадис ва далелҳои луғати арабӣ ва ақлӣ рад намудааст.

    Қиссаи “Қоғаз ва давот (ранг) ва тӯҳмат ба ҳазрати Умар (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод)

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Муҳамадазиз Раҷабӣ

    Таҳия: Мусъабӣ Ҳамза

    2013 - 1434

    الرد على شبهة امتناع عمر ومن معه من إحضار كتاب للنبي ﷺ في مرضه

    «باللغة الطاجيكية»

    محمد عزيز رجبي

    مراجعة: مصعب حمزة

    2013 - 1434

    Қиссаи “Қоғаз ва давот (ранг) ва тӯҳмат ба ҳазрати Умар (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод).

    Бисмиллоҳ, вал-ҳамду лиллоҳ, вас-салоту вас-салому ала Расулиллоҳ!

    Аммо баъд: Салому дуруд ва ташаккур ба бародари гиромӣ, ки суол карда буд ва сабаби таҳсили илм ва ифодаи хонандагон гашт.

    Суол чунин буд:

    Саламун алайкум як суол дорам бародар як шахсе ки эҳтимолан шиъа буд, аз ман пурсид, ки чаро хазрати Умар разияллоҳу анҳу ба Расулуллоҳ нисбати ҳазён гуфтан дод, ҳангомеки Расулуллоҳ каламу когаз хост барои навиштани чизеки уммат баъд аз ӯ гумроҳ, нашавад? посухро интизорам худо нигаҳдоратон бод.

    Дар ҷавоби ин пурсиш, бояд ҷанбаҳо ва масъалаҳои зиёде баррасӣ шавад, ва банда бо кумаки Худованд ҷавобро бо ҷудо кардани (нуқтагузории) ҳар масъала баён хоҳам кард.

    1. Якумин чизе, ки хонандаи (мутаассифона бехабари) тоҷик бояд бидонад ин аст, ки пайравони шиъа (имомия, исноашарӣ, рофизӣ) дар бораи Умар ва умуман саҳобагон чӣ эътиқод доранд.

    Пайравони мазҳаби шиъа муътақид ҳастанд, ки саҳобагон ва хусусан онҳое, ки номи онҳо вирди забон аст, ҳама тавтиагар ва хоину сиёсатбоз будаанд.

    Донишмандони маъруфу машҳури шиъа дар кутуби худ садҳову ҳазорҳо (ва шояд миллионҳо) ривояту хабари дурӯғро нақл кардаанд, ки хулосаи ҳамаи он таъна бар ихлос ва садоқати Саҳобагон мебошад. Ва то имрӯз ҳеҷ кадоме аз олимони мазҳаби шиъа ин ривоят ва хабарҳоро инкор накардааст, балки сад солаҳо инҷониб ин ривоятҳоро дар китобҳои худ нақл мекунанд.

    Ҳатто кор ба ҷое расида, ки саҳобагонро кофир мегӯянд.

    Ва худи Оятуллоҳҳои Эрон ва Ироқ эътироф мекунанд, ки чунин ривоятҳо ва фатвоҳо дар мазҳаби шиъа ҳаст.

    Ҳамчунин китоби “Он гоҳ ҳидоят шудам”, ки пур аз тавҳин ва дашном бар Саҳобагон ва Оишаву дигар бузургони аҳли суннат аст, ҳазорҳо тираж дар Тоҷикистон паҳн шудааст. Муаллифи ин китоб бо исми “Тиҷонӣ” маъруф аст.

    Хонандаи оқилу зирак метавонад ҳатто ба воситаи “гугл дар Интернет” мушоҳида кунад, ки дар сомонаҳои интернетии пайравони мазҳаби шиъа чӣ қадар дашному ҳақоратҳо нисбати Саҳобагон ва занони Паёмбар мешавад.

    2. Дуввум масъала: Ҳадиси “Қоғаз ва давот (ранг).

    Пайравони мазҳаби шиъа даъво доранд, ки гӯё ҳазрати Умар бар Паёмбар ҳазён гуфтанро нисбат дода бошад. Ва барои ин даъвои худ ҳодисаи машҳури пеш аз вафоти Паёмбарро далел меоранд.

    Пеш аз овардани матни ҳадис ҳатман инро бояд донист, ки ин ҳадис бо ривоятҳои гуногун ва алфози мухталиф нақл шудаааст. Яке аз шартҳои дуруст ва бо инсоф баррасӣ кардани масъала ин аст, ки бояд тамоми ривоят ва ақволи мавҷударо якҷоя баррасӣ намоем. На инки мисли шиъа ривояти мутобиқ ба ҳавову ҳаваси худро интихоб карда боқимонда ривоятҳоро нодида гирем. Чӣ тавре, ки ба ҳама маълум аст, агар донишманде бо иктифо ба як далел ҳукм содир кунад, ҳатман иштибоҳ хоҳад кард. Аммо пайравони шиъа танҳо як ривояти ин қиссаро “қайчӣ” карда фитна меандозанд. Ва ҷолиб ин аст, ки аслан дар ҳеҷ ривояте номи ҳазрати Умар сароҳатан зикр нашудааст, ки ӯ ин суханро гуфта бошад.

    Ин ҳодиса дар ҳолати бемории охирини Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) рӯй додааст. Бар асари беморӣ Паёмбар чандин бор беҳуш мешуданд ва ҳатто ба намози ҷамоъат баромада натавонистанд. Чӣ тавре, ки ибни Аббос мегӯяд, ин ҳодиса дар рӯзи Панҷшанбе буд. Ва рӯзи душанбе (баъд аз чаҳор рӯз) Паёмбар вафот карданд (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод).

    Ин ҳодисаро асосан ибни Аббос нақл кардааст, ки дар ҳуҷраи Паёмбар ҳамроҳи дигар саҳобагон ҳозир буд. Ҳамчунин худи Алӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ин ҳодисаро нақл кардааст, ки дар Муснади Аҳмад омадааст. (аммо шиъа онро ба назар намегирад)!!!

    Хуб мо дар инҷо матни ҳадисро аввал аз ривояти Бухорӣ ва Муслим меорем: (ва ҷумлаи маҳалли хилоф ва баррасиро бо ранги сиёҳ ва хат дар тагаш нишона хоҳам кард)

    Муҳаммад аз Ъуяйна аз Сулаймони Аҳвал ривоят мекунад, ки мегӯяд: аз Саъид ибни Ҷубайр шунидам, ки мегӯяд: Аз ибни Аббос (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) шунидам, ки мегуфт:

    “Рӯзи панҷшанбе… Рӯзи панҷшанбе чист? Сипас ба гиря афтод то инки ашкҳои ӯ сангрезаҳоро тар кард.

    Гуфтам эй ибни Аббос рӯзи панҷшанбе чист?

    Ибни Аббос гуфт: Бемории Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шиддат гирифт ва фармуд коғазро бароям биёваред то китобе бароятон бинависам, ки баъд аз он ҳаргиз гумроҳ нахоҳед шуд. Пас ҳозирин ба низоъ бархостанд, дар ҳоле, ки дар ҳузури Паёмбар (салавотуллоҳи алайҳ) набояд ҳеҷ низоъе сурат бигирад ва гуфтанд: Ӯро чӣ шудааст *** А-ҳаҷара أهجر(оё ҳазён гуфт) *** аз Ӯ бипурсед. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Маро раҳо кунед! Ончӣ, ки дар он ба сар мебарам, беҳтар аст аз ончӣ, ки маро ба он даъват мекунед. Пас онҳоро ба се чиз дастур доду гуфт: Мушриконро аз ҷазиратул-араб берун кунед ва ба ҳайатҳое, ки ба инҷо меоянд, ҷавоизе ҳамонанди ончӣ, ки ман ба онҳо медодам, бидиҳед. (Ровӣ мегӯяд): Саввумин супориши Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) низ хайр аст. Ё Паёмбар аз он сукут кард ва ё инки онро гуфту ман онро фаромӯш кардаам. Суфён мегӯяд: Ин (ҷумлаи охир) гуфтори Сулаймон (ровии ҳадис) ҳаст”.

    (Саҳеҳи Бухорӣ ҷ.3 с.1155)

    Дар ривояти дигар омадааст:

    “Пас гуфтанд: Ӯро чӣ шудааст *** А-ҳаҷара أهجر (оё ҳазён гуфт) *** аз Ӯ бипурсед.

    Пас рафтанд то ба Ӯ посух диҳанд. Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Маро раҳо кунед! Ончӣ, ки дар он ба сар мебарам, беҳтар аст аз ончӣ, ки маро ба он даъват мекунед. Пас онҳоро ба се чиз дастур дод”. Бухорӣ рақами ҳадис 4168.

    Дар ривояти дигар (шумораи 4169) омадааст: “Бархе аз ҳозирон гуфтанд, ки бемории Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шиддат гирифтааст ва назди шумо Қуръон вуҷуд дорад ва китоби Аллоҳ моро бас аст.

    Ҳозирин бо ҳам ихтилоф карданд ва ба муноқаша пардохтанд. Пас бархе аз эшон гуфт, ки коғазро биёваред то китоберо барои шумо бинависад, ки баъд аз он гумроҳ намешавед. Ва бархе ҳам чизи дигаре гуфтанд. Вақте, ки сару садо ва ихтилофи онҳо боло гирифт, Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Бархезед”.

    (Саҳеҳи Бухорӣ шумораи 4169)

    Дар ривояти дигар, дар саҳеҳи Муслим (шумораи 1637) чунин омада аст:

    “Ибни Аббос (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) мегӯяд:

    Замоне, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар шарафи марг буд ва дар хона мардоне аз ҷумла Умар ибни Хаттоб ҳузур доштанд, Паёмбар фармуд: Биёед то китоберо бароятон бинависам, ки баъд аз он гумроҳ нашавед.

    Умар (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) гуфт: Бемории Паёмбар шиддат гирифтааст ва назди шумо Қуръон вуҷуд дорад ва китоби Аллоҳ моро кофӣ ҳаст.

    Пас ҳозирон бо ҳам ихтилоф карданд ва ба низоъ бархостанд. Бархе аз онҳо гуфтанд: (Биёред) то Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) китоберо барои шумо нависад, ки баъд аз он гумроҳ нашавед. Ва бархе аз онҳо сухани Умарро такрор карданд. Пас вақте, ки сару садо ва ихтилоф дар маҳзари Паёмбар боло гирифт, Паёмбар фармуд: Бархезед!”. Убайдуллоҳ ровии ҳадис мегӯяд: Ибни Аббос мегуфт: “Мусибати аслӣ ҳамон чизе буд, ки монеъи навиштани он китоб тавассути Паёмбар шуд, ба хотири сару садо ва ихтилофи ҳозирин”.

    (Дар ин ривоят шахсан Умар зикр шудааст, аммо калимаи “А-ҳаҷара?” зикр нашудааст).

    Инчунин дар ривояти дигар саҳеҳи Муслим омадааст: “Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: Коғаз ва давотро ва ё лавҳ ва давотро бароям биёваред, то китобе бароятон бинависам, ки ҳаргиз баъд аз он гумроҳ нашавед.

    Пас ҳозирон гуфтанд: Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) “яҳҷуру” (ҳаҷр мегӯяд).

    3. Саввум. Таҳлилу баррасии ин ҳодиса.

    а). Собит шуд, ки ибораи “А-ҳаҷара?” – ро ҳазрати Умар нагуфтааст. Балки онро ҷамъе аз саҳоба, ки дар ҳуҷраи Паёмбар будаанд, гуфтаанд.

    б). Ва инчунин ҳамин ибораи “А-ҳаҷара” ҳеҷ далолате ба айбу камбудии саҳобагон надорад. Зеро саҳоба ин суханро ба Паёмбар нагуфтаанд, балки он ба шакли савол омадааст, ва манзурашон онҳое, ҳастанд ки мухолифат карданд.

    в). Аммо лафзи “Яҳҷуру”, ки дар баъзе аз ривоятҳо омадааст, ба маънои ҳазён ва таҳқири Паёмбар нест. Ҳеҷ мусалмони оқиле чунин гумони бадро нисбати шогирдони мактаби нубувват намекунад.

    Аз худи бародарони шиъа ривоят аст, ки ибораи “ҳаҷр” – ро дар ҳаққи имоми худ истифода кардаанд.

    Ибни Товус – “шарафул-итра, рукнул-ислом” мегӯяд:

    Алӣ ибни Ҳусайнро марг фаро расид. Ба писараш гуфт: Эй Муҳаммад, ин кадом шаб аст?

    … Пас оби вузӯъ талаб карду барояш ҳозир карданд.

    Гуфт: Дар он муше ҳаст (яъне дар зарф).

    Баъзе аз қавм (ҳозирин) гуфтанд: Ӯ ҳаҷр мегӯяд.

    Пас чароғро оварданд…

    Китоби “Фараҷул-Маҳмум” саҳ. 228

    Магар мешавад гуфт, ки шиъаён “имоми маъсум”-и худро таъна заданд ва нисбати ҳазён гуфтан барояш додаанд?!

    Албатта чунин нест. Балки маънои “ҳаҷр” – суханест, ки инсон дар ҳоли бемориву таб мегӯяд ва ё суханест, ки аз сабаби хушкии забон, заъфи садо ва инқитоъ дуруст фаҳмида намешавад.

    г). Фарз кардем, ки шиъа рост мегӯяд ва ибораи “ҳаҷр” дар ин ҳодиса ба маънои ҳазён омадааст, пас чаро Паёмбар чунин беадабиро таҳаммул кард?! Магар беадабӣ нисбати Паёмбар куфр нест?! Магар Паёмбар нисбати куфр бепарво ҳаст?! Ва ё чаро ҳеҷ касе аз саҳобагони ба истилоҳ “мухолиф” чунин куфрро радд накардааст?!

    Ё ки шиъа дурӯғ мегӯяд ва фитна барпо карданӣ ҳаст?!

    Мехоҳад саҳобагонро бадном кунад…

    д). Сухани Умар (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод): “Моро китоби Аллоҳ баст аст”, эътироз бар Паёмбар нест, балки бар мухолифин аст, ки мехостанд коғаз оваранд. Ҳазрати Умар намехост, ки Паёмбар машаққат кашад.

    Ҳамчунин Умар намедонист, ки Паёмбар вафот мекунад ё не. Иҷтиҳоди Умар ин буд, ки ин навиштан як амри воҷиб нест. Пас Паёмбар ҳар гоҳ беҳтар шавад онро баён хоҳад кард. Ин иҷтиҳоди Умарро воқеъият ҳам исбот кард, зеро Паёмбар чаҳор рӯзи дигар ҳаёт диданд, вале ягон китобе нанавиштанд.

    е). Ҷолиб ин аст, ки шиъа аз ин ҳодиса як амри бисёр муҳим метарошад. Пас суол пайдо мешавад, ки магар Паёмбар аз мову шумо дида ғамхортар ба ислому таблиғ набуд?! Чаро дар муддати чаҳор рӯз баъди ин беморӣ ҳеҷ чизе нагуфт?!

    ж). Аммо гиряи Ибни Аббос ва мусибат хондани ин ҳодиса ҳеҷ рабте ба шиъа надорад. Зеро ибни Аббос дар тули умри худ ҳеҷ гоҳ ин ҳодисаро мисли шиъа барои таън бар Саҳоба истифода накардааст.

    Дар охир бо таъкид мегӯям, ки асли ин ҳама баҳсу талоши шиъаҳо дар атрофи ин ҳодиса, танҳо як чиз аст: Аз байн бурдани обрӯйи саҳоба ва шогирдони мактаби набавӣ.

    Аллома АбулҲасани Надавӣ дар китоби худ “Ду тасвири мутазод…” ин масъаларо бисёр зебо баён кардааст. Яъне ки мазҳаби шиъа чунон натиҷа ва “ҳосилу мева”медиҳад, ки Муҳаммад (алайҳис-салом) натавонист, ки атрофиёни худро дар тули 23 сол тарбияву тазкия кунад. Бо муҷарради он, ки ба бистари беморӣ афтод ҳама дар талошӣ мансаб ва ҳукумат афтоданд.

    Ин аст нигоҳи мазҳаби ташайюъ ба шогирдони Паёмбар.

    Он саҳобагоне, ки (барои охират ва ҳаёти ҷовидонӣ), аз ҷону моли худ мегузаштанд. Анвори ҷамоли Муҳаммадиро сурмаи чашм сохтаву шарафи ҳамнишинӣ бо ӯ доштанд. Магар ҳамин аст, гумони нек ба қудрат ва тарбияти Паёмбар?!

    Бале, чӣ тавре, ки масали машҳур аст:

    Аз яҳудиён суол карда шуд, ки беҳтарин афроди ин уммат (яҳудият) киҳо ҳастанд? Гуфтанд: Шогирдони Мусо (алаҳис-салом).

    Аз насоро суол шуд, ки чӣ касе беҳтарин аз насоро ҳаст? Гуфтанд: Ҳавориёни Исо (алаҳис-салом).

    Аммо мутаассифона аз шиъа пурсиданд, ки чӣ касе “бадтарин”-и ин уммат аст? Гуфтанд: Ёрони Муҳаммад …