×
Ҳиҷобам барои он аст, то ҷаҳониён бидонанд, ки ман иффати худро ҳифз намуда, аз гуфтаҳои Холиқи худ пайравӣ дорам.

    Ҳиҷоб чӣ бадӣ дорад?

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳияи Суҳроби Ваҳҳоб

    Cомонаи: nahzat.tj

    2012 - 1434

    ما العيب في الحجاب؟

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: سهراب وهاب

    موقع: nahzat.tj

    2012 - 1434

    Ҳиҷоб чӣ бадӣ дорад?

    Ҳиҷобам барои он аст, то ҷаҳониён бидонанд, ки ман иффати худро ҳифз намуда, аз гуфтаҳои Холиқи худ пайравӣ дорам.

    Ман ба дунё бо ҳиҷоб наомадаам. Фикри ба бар намудани рӯсарӣ ё худ ҳиҷоб замоне ба сарам омад, ки аз мазмуну муҳтавои суханони Худованд ба хубӣ огоҳ шудам. Яъне бо вуҷуди ин ки ин суханонро аз давраи кӯдакиям бо забони арабӣ мехондам, замоне ба маънову муҳтавои онҳо пай бурдам, ки онҳоро бо забони модарии худ мутолиа кардам. Аз ин рӯ, миннатдор аз он нафароне ҳастам, ки вақту умри азизи хешро сарфи тарҷумаи паёми Худованд кардаанд, то барои мо осоние эҷод кунанд.

    Ногаҳон ба сарам фикре омад, ки пӯшиши ҳиҷоб бароям, ба мисли доштани имон ба ваҳдонияти Худованд заруру ҳатмист ва ин суолро ҳамеша аз худ пурсон шуда, он дар гӯшам танинандоз гардид:

    “Дар сурате, ки ман ба Худованд ва каломи ӯ бовар дошта, паёмбари акрам Муҳҳаммад (с)-ро дӯст медорам ва ҳазрати Оиша ва Фотима (р)-ро дар зиндагии хеш намуна қарор додаам, пас чаро ман як зани рӯсарипӯшро ақибмонда бидонам?”

    Ин андеша маро ба фикр кардан водор кард:

    “Бароям мегӯӣ, ки ҳиҷоб нишонаи ақибмондагӣ мебошад. Вале боз иддао дорӣ, ки як мусулмони ҳақиқӣ ва воқеӣ ҳастӣ, ин андеша ғайри қобили бовар аст!”

    Ин рӯсарӣ ба монанди сарпӯши яҳудиёну ҳиҷоби масҳиён масъулияти ман аст ва ҳар вақт ман онро бо ифтихор ба бар мекунам, ин як паёми сулҳ мебошад. Ҳиҷобам барои он аст, то ҷаҳониён бидонанд, ки ман иффати худро ҳифз намуда, аз гуфтаҳои Холиқи худ пайравӣ дорам, то дар зиндагӣ маро касе музоҳим нашавад.

    Ман каниз ё бардаи ширкатҳои сармоядори бузурги ҷаҳонӣ нестам, ки бо истифода аз суратҳои бараҳнаам аз тамоку сар карда, то дигар чизҳои худро ба фурӯш гузоранд.

    Ҳиҷоб бароям озодӣ бахшида, аз шарри назарҳои мардони шайтончашм, ки занонро дар асоси баландии қад ва поин будани хатти синаашон баҳогузорӣ мекунанд, нигоҳ медорад. Бо ин порчаи матоъ, ки дар сар дорам, худро як зани қудратманд меҳисобам. Аммо ба назар мерасад, ки бахше аз ҷомеаи мо бо ҳиҷоб мушкилӣ доранд. Бархе аз мусулмонони бо ном ва ба истилоҳ “либерал” ҳиҷобро “дастмоли ғизохурии шаб” ё “роҳи ҳалли пинҳони чеҳраҳои бад” ном гузоштаанд. Аз он дар ҳайратам, ки ҷаҳон аз чӣ дар ҳарос бошад? Боре андеша кунед!

    Агар фикр мекунед, ки ҳиҷоб маро ба як шахси ақибмонда табдил додаву маро ба саҳроҳои 1400 сол қабли араб боз мегардонад, пас шумо комилан хато мекунед.

    Агар шумо мутаваҷҷеҳ нашуда бошед, пас биёед, бароятон қисса кунам, ки бузургтарин занони ғайримусулмони Ғарб Ислом оварда, бо пӯшидани бадани хеш ва асос қарор додани ҳаё дар зиндагиашон, роҳи оромишу хушбахтиро ёфтаанд.

    Як рӯзноманигори аврупоӣ Юани Эдли, ки бар асари мутолиоти амиқи китоби муқаддаси Қуръон тоза мусулмон шудааст, чунин нигошта:

    “Либосам баёнгари он аст, ки ман як мусулмон ҳастам ва таваққуъ дорам, ки аз рӯйи одоб бо ман рафтор мекунед. Дуруст аст, вақте як сармоядори Уолл-стрит бароятон мегӯяд, ки либоси расмии қимматбаҳо шахсро муҳтарам муаррифӣ мекунад, ҳиҷоб низ занро гаронбаҳо муаррифӣ мекунад. Вале боиси таассуф аст, ки бонувони ба мисли ман тоза мусулмон шудаанд, аз назару нигоҳҳои мардони бад дар Ғарб бениҳоят дар азобанд”.

    Боре дуруст фикр кунед, ки ҳиҷоби ман, чаро бояд барои ҷаҳон мушкилсоз бошад?!