МУҲАББАТИ ХУДО ВА РАСУЛИ ХУДО
Дастабандиҳо
Full Description
МУҲАББАТИ ХУДО ВА РАСУЛИ ХУДО
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Солеҳ ибни Фавзон ал-Фавзон
2012 - 1433
محبة الله ورسوله
«باللغة الطاجيكية»
صالح بن فوزان الفوزان
2012 - 1433
МУҲАББАТИ ХУДО ВА РАСУЛИ ХУДО
Аммо баъд... эй мардум! Аз Худо битарсед ва ба умеди савобаш ва тарс аз иқобаш Ўро итоат намоед. Ўст Худованде, ки дилҳо ба сўяш майл мекунанд ва Ўро бо муҳаббату бузурги мепарастанд.
Дилҳо ҳамеша майл ба муҳаббати касе доранд, ки ба Ў неки карда бошад. Пас ин ҳама неъматҳо ва накуиҳо аз Худованди карим аст, чунончи Ў мефармояд:
﴿وَمَا بِكُم مِّن نِّعۡمَةٖ فَمِنَ ٱللَّهِۖ ثُمَّ إِذَا مَسَّكُمُ ٱلضُّرُّ فَإِلَيۡهِ تَجَۡٔرُونَ ٥٣﴾
سُورَةُ النَّحلِ٥٣
"Ва ҳар неъмате, ки болои шумост, аз Худованд мебошад"
(сураи Наҳл, ояти 53)
Барои ҳар банда зарур аст, то Ўро бо мунтаҳои муҳаббат дўст дорад ва Ўро ба танҳои ва бидуни шарик ибодат намояд.
Худовандро дўст доштани банда чанд аломат дорад, ки далолат бар он мекунад.
Худованд мефармояд:
﴿قُلۡ إِن كُنتُمۡ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِي يُحۡبِبۡكُمُ ٱللَّهُ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُور رَّحِيم٣١﴾
سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ٣١
"Бигў: Агар шумо Худовандро дўст доред, пас маро пайрави кунед, Худованд шуморо дўст дошта, гуноҳҳои шуморо омўрзиш менамояд"
(сураи Оли Имрон, ояти 31)
Пас яке аз аломатҳои муҳаббати Худо он аст, ки банда пайрави Паёмбар (с) буда, ҳар чи Ў фармуда, иҷро намояд ва аз он чи манъ кардааст, дури ҷўяд.
Худованд мефармояд:
﴿قُلۡ إِن كُنتُمۡ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِي﴾
سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ٣١
"Бигў: Агар шумо Худовандро дўст доред, пас маро пайрави кунед"
(сураи Оли Имрон, ояти 31)
Аммо касоне, ки даъвои муҳаббати Худоро намуда, бо Паёмбар (с) мухолифат меварзанд, дар даъвояшон дурўғгў мебошанд.
Баъзе аз олимони қадим гуфтаанд: Баъзе мардумон даъвои муҳаббати Худоро намуданд, пас Худованд ин оятро нозил кард:
﴿قُلۡ إِن كُنتُمۡ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِي يُحۡبِبۡكُمُ ٱللَّهُ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُور رَّحِيم﴾ سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ٣١
"Бигў: Агар шумо Худовандро дўст доред, пас маро пайрави кунед, Худованд шуморо дўст дошта, гуноҳҳои Шуморо омўрзиш менамояд"
(сураи Оли Имрон, ояти 31)
Эй бандагони Худо! Дар ин ояти карима як шарт ва як нишона аст, ки ба унвони далели қотеъ барои даъвои касест, ки даъво мекунад, ки ў Худоро дўст медорад. Ва он шарт пайрави намудан аст аз Паёмбари бузургвор.
﴿قُلۡ إِن كُنتُمۡ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِي﴾
سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ٣١
"Бигў: Агар шумо Худовандро дўст доред, пас маро пайрави кунед"
(сураи Оли Имрон, ояти 31)
Пас пайрави танҳо бо забон сурат намегирад, балки он итоъати амрҳо, дури аз манъшудаҳо ва дар ҳама чиз Паёмбар (с) ро улгу қарор додан аст. Агар чунин бошад, ба зуди самараи хуб ва аҷри бузургро ба бор меоварад, ки он муҳаббати Худованд ва дастёби ба мағфирати Ўст.
﴿يُحۡبِبۡكُمُ ٱللَّهُ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُور رَّحِيم٣١﴾
سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ٣١
"Худованд шуморо дўст дошта, гуноҳҳои шуморо омўрзиш менамояд"
(сураи Оли Имрон, ояти 31)
Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مَن يَرۡتَدَّ مِنكُمۡ عَن دِينِهِۦ فَسَوۡفَ يَأۡتِي ٱللَّهُ بِقَوۡمٖ يُحِبُّهُمۡ وَيُحِبُّونَهُۥٓ أَذِلَّةٍ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ أَعِزَّةٍ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ يُجَٰهِدُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَا يَخَافُونَ لَوۡمَةَ لَآئِمٖۚ ذَٰلِكَ فَضۡلُ ٱللَّهِ يُؤۡتِيهِ مَن يَشَآءُۚ وَٱللَّهُ وَٰسِعٌ عَلِيمٌ ٥٤﴾
سُورَةُ المَائِدَةِ ٥٤
"Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар касе, ки аз шумоён аз динаш баргардад, пас Худованд қавми дигареро меорад, ки онҳоро дўст медорад ва онҳо низ ўро дўст медоранд. Онҳо дар баробари мўъминон ботавозўъанд ва дар баробари кофирон азизу сарбаланд. Дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд ва ҳаргиз аз маломати маломаткунандагон намеҳаросанд"
(сураи Моида, ояти 54)
Худованд дар ин оят зикр намуд, ки муҳаббати Худованд чор нишона дорад:
Якум: Дар баробари мусалмонон бояд ботавозўъ бошад, ба ин маъно, ки ба онҳо меҳрубон буда раҳми онҳоро бихўрад ва кўмакашон намояд.
Дуюм: Дар баробари кофирон бояд азизу сарбаланд бошад, яъне онҳоро бад бинад, ба онҳо сар хам накунад, ҳамчуноне, ки Худованд фармудааст:
﴿أَشِدَّآءُ عَلَى ٱلۡكُفَّارِ رُحَمَآءُ بَيۡنَهُمۡۖ٢٩﴾
سُورَةُ الفَتحِ ٢٩
"Бо кофирон сахтгиру дар байни худ меҳрубонанд"
(сураи Фатҳ, ояти 29)
Вале агар он кофир барояш падар, модар, бародар, хоҳар ва ё ҳамсар бошад, бояд дар дунё бо эшон муомилаи нек дошта бошад ва бо онҳо нарм сухан кунад ва ёрияшон диҳад ва ҳамеша ба сўи Ислом бо нарми ва ширини даъваташон намояд, то замоне, ки онҳо ба маъсият даъват накунанд.
Сеюм: Дар роҳи Худо бо ҷону молу забону дилаш ҷиҳод намояд.
Чорум: Дар роҳи Худо аз маломат наҳаросад. Яъне маломати мардум дар роҳи Худо ва амри маъруфу наҳй мункар таъсир нарасонад ва ба сабаби маломати мардум ин корҳоро тарк накунад.
Аз ҷумлаи содиқ будан дар даъвои муҳаббати Худо ин аст, ки он чизеро, ки Худованд дўст медорад, бар хоҳишоти нафсаш муқаддам дорад. Дигар ҳама чиз, хоҳишоти худ, хешу табори, ватан, мол ва мансаб баъди ризои Худо бошад.
Худованд мефармояд:
﴿قُلۡ إِن كَانَ ءَابَآؤُكُمۡ وَأَبۡنَآؤُكُمۡ وَإِخۡوَٰنُكُمۡ وَأَزۡوَٰجُكُمۡ وَعَشِيرَتُكُمۡ وَأَمۡوَٰلٌ ٱقۡتَرَفۡتُمُوهَا وَتِجَٰرَةٞ تَخۡشَوۡنَ كَسَادَهَا وَمَسَٰكِنُ تَرۡضَوۡنَهَآ أَحَبَّ إِلَيۡكُم مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَجِهَادٖ فِي سَبِيلِهِۦ فَتَرَبَّصُواْ حَتَّىٰ يَأۡتِيَ ٱللَّهُ بِأَمۡرِهِۦۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ ٢٤﴾
سُورَةُ التَّوبَةِ ٢٤
"Бигў: Агар падарон, фарзандон, бародарон, ҳамсарон, хешовендони шумо, молҳои ба даст овардаатон, тиҷорате, ки аз касоди он бим доред, хонаҳои дилхоҳатон барои шумо аз Худо, Паёмбараш ва ҷиҳоди дар роҳи Ў маҳбубтар бошад, пас шумо мунтазир бошед, то Худо дастури хешро оварад. Ва Худованд қавми фосиқро ҳидоят намекунад."
(сураи Тавба, ояти 24)
Худованд дар ин оят ба Паёмбараш амр мекунад, ки ба пайравонаш расонад, ки ҳар ки ин ҳашт чизро яъне падар, писар, бародар, ҳамсар, хешовандон, молҳо, савдо, хонаро бар муҳаббати Худо ва он чи фармудааст монанди ҷиҳод, ҳиърат ва ғайра тақдим кунад, сазои сахте мунтазир аст.
Ибни Касир дар тафсири ин оят мегўяд: Агар ин ҳама чизҳои номбурда "Барои шумо аз Худо, Паёмбараш ва ҷиҳоди дар роҳи Ў маҳбубтар бошад, пас шумо мунтазир бошед".
Яъне мунтазири он бошед, ки чи азобе бар сари шумо меояд.
Шайх Ибни Саъди (р) мегўяд: Бояд муҳаббати Худо ва Расули Ў бар ҳама чиз муқаддам бошад агарчи дар оят зикри он наомада бошад. Худованд мегўяд:
﴿قُلۡ إِن كَانَ ءَابَآؤُكُمۡ﴾
"Бигў: Агар падарони шумо"
ва ҳамчунин модарон.
﴿وَأَبۡنَآؤُكُمۡ وَإِخۡوَٰنُكُمۡ﴾
"Ва фарзандону бародарони шумо".
Бародарони насаби ва бародари ҳамзисти.
﴿وَأَزۡوَٰجُكُمۡ وَعَشِيرَتُكُمۡ﴾
"Ва ҳамсарону хешовандони шумо".
Ҳамаи хешовандон ҳам аз тарафи модари ва ҳам падари.
﴿وَأَمۡوَٰلٌ ٱقۡتَرَفۡتُمُوهَا﴾
"Ва молҳои ба даст овардаатон".
Молҳое, ки ба заҳмати зиёд ба даст овардаед. Ин намуд молро барои он зикр намуд, ки соҳибаш хеле сахт нигоҳаш медорад ва дўсташ медорад, вагарна мурод тамоми мол аст.
﴿وَتِجَٰرَةٞ تَخۡشَوۡنَ كَسَادَهَا﴾
"Ва тиҷорате, ки аз касоди он бим доред".
Яъне аз арзон шудан ва ё муфлис шудан бим доред. Ин тамоми намуди тиҷоратро дар бар мегирад, пул, асбобҳо, силоҳҳо, матоъҳо, ҳосилот, замин, чорво ва ғайраро.
﴿وَمَسَٰكِنُ تَرۡضَوۡنَهَآ﴾
"Ва хонаҳои дилхоҳатон"
бо тамоми нақшу нигор ва зебу зинат ва орою тороишҳояш.
Агар ин ҳама ашё
﴿أَحَبَّ إِلَيۡكُم مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَجِهَادٖ فِي سَبِيلِهِ﴾
"Барои шумо аз Худо, Паёмбараш ва ҷиҳоди дар роҳи Ў маҳбубтар бошад"
пас шумо фосиқ ва золимед.
﴿فَتَرَبَّصُواْ﴾
"Пас шумо мунтазир"
яъне дар интизори гирифтори ба азоб бошед.
﴿حَتَّىٰ يَأۡتِيَ ٱللَّهُ بِأَمۡرِهِۦ﴾
"То Худо дастури хешро оварад"
ки онро касе қафо гардонида наметавонад.
﴿وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ﴾
"Ва Худованд қавми фосиқро ҳидоят намекунад"
яъне он касонеро, ки аз итоати ў берун шудаанд ва ба ҷои муҳаббати Худованд чизҳои дигареро дўсттар доштаанд.
Ин ояти карима аз бузургтарин далел аст бар воҷиб будани муҳаббати Худо ва Расулаш ва муҳаббати ин дуро бар тамоми чизҳои дигар муқаддам доштан. Ҳамчунин ин оят далел бар он мешавад, ки ҳар ки бар болои муҳаббати Худо ва Расулаш ва ҷиҳоди роҳи Худо муҳаббати чизи дигареро дар дилаш бештар ҷой диҳад, гирифтори азоби сахте хоҳад гашт.
Ва аломати он чунин аст: Вақте ки дар пеши инсон ду кор бошад, ки якеи онҳоро Худо ва Паёмбараш дўст медорад, вале нафсаш намехоҳад ва кори дигарашро нафсаш хеле дўст медорад, вале мавриди муҳаббати Худо нест. Пас агар кореро, ки Худо ва Паёмбараш дўст медорад анҷом дод, чи хуб бандаест, вале агар кори худ мехостаро анҷом дод, чунин банда золим буда, вазифаи худро анҷом надодааст.
Эй бандагони Худо! Ба ҳоли ҳамарўзаи худ ва ҳоли бандагони воқеии Худованд андеша кунед. Бисёре аз моён хоҳишоти нафси худро бар тоати Парвардигорамон муқаддам медорем. Агар дар масҷид азон дода шавад хоб, роҳат ва бозиро ихтиёр мекунему ба масҷид намеравем ва ба даъвати муаззинро иҷобат намекунем. Баръакс даъвати шайтон, хоҳишот ва нафсашро мепазирад. Агар ба намоз даъват кунанду ў дар дўкон ва ё корхонааш бошад, талаби дунёро бар талаби охират муқаддам мегузорад. Ў бо анҷом додани амали дуняви руй ба хариду фурўши дунё оварда, ба намоз, ки кори охират аст намешитобад. Ва аз фармони Парвардигораш саркаши мекунад, ки гуфтааст:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوۡمِ ٱلۡجُمُعَةِ فَٱسۡعَوۡاْ إِلَىٰ ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَذَرُواْ ٱلۡبَيۡعَۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٩﴾
سُورَةُ الجُمُعَةِ ٩
"Эй касоне, ки имон овардаед, чун рўзи ҷумъа ба намоз даъват намоянд, ба сўи зикри Худо бишитобед ва савдои хешро қатъ намоед, ин барои шумо беҳтар аст агар бидонед."
(сураи Ҷумъа, ояти 9)
Ў мешунаваду иҷро намекунад. Ва боз гуфта:
﴿فِي بُيُوتٍ أَذِنَ ٱللَّهُ أَن تُرۡفَعَ وَيُذۡكَرَ فِيهَا ٱسۡمُهُۥ يُسَبِّحُ لَهُۥ فِيهَا بِٱلۡغُدُوِّ وَٱلۡأٓصَالِ ٣٦ رِجَالٞ لَّا تُلۡهِيهِمۡ تِجَٰرَةٞ وَلَا بَيۡعٌ عَن ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَإِقَامِ ٱلصَّلَوٰةِ وَإِيتَآءِ ٱلزَّكَوٰةِ يَخَافُونَ يَوۡمٗا تَتَقَلَّبُ فِيهِ ٱلۡقُلُوبُ وَٱلۡأَبۡصَٰرُ ٣٧﴾
سُورَةُ النُّورِ ٣٦- ٣٧
"Онро нур дар хонаҳое аст, ки Худованд дастур додааст, ки номаш дар он ҷо баланд шавад ва субҳу шом дар он барояш тасбеҳ гўянд. Мардоне, ки хариду фурўш онҳоро аз ёди Худо ва барпо доштани намоз ва адои закот ғофилшон намекунад.
Онҳо аз рўзе дар ҳаросанд, ки синаҳо ва чашмҳо бетоб мешаванд"
(сураи Нур, оятҳои 36-37)
Тоҷире, ки молро бо роҳҳои ҳаром монанди рибо, пора ва фиреб ба даст меорад, муҳаббати молро аз муҳаббати Худованд ҳам болотар медонад. Ҳамчунин бахиле, ки ҳаққи воҷибии худро монанди закоту нафақаи дар роҳи Худо адо намекунад. Онҳо ин сухани Худовандро фаромўш кардаанд, ки фармудааст:
﴿وَلَا يَحۡسَبَنَّ ٱلَّذِينَ يَبۡخَلُونَ بِمَآ ءَاتَىٰهُمُ ٱللَّهُ مِن فَضۡلِهِۦ هُوَ خَيۡرٗا لَّهُمۖ بَلۡ هُوَ شَرّٞ لَّهُمۡۖ سَيُطَوَّقُونَ مَا بَخِلُواْ بِهِۦ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ وَلِلَّهِ مِيرَٰثُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ ١٨٠﴾
سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ١٨٠
"Ҳаргиз гумон набаранд ононе, ки ба он чи Худованд ба онҳо додааст, бахили мекунанд, ин кор барояшон хуб аст. Балки ин кор барояшон хеле бад аст. Он чизеро, ки бахили кардаанд, рўзи қиёмат дар гарданашон овезон карда мешавад. Мероси замину осмонҳо барои Худованд аст. Ва Худованд ба он чи мекунед, хабардор аст" (сураи Оли Имрон, ояти 180)
Падар бояд фарзандони худро ба хондани намоз ва масҷид рафтан амр кунад, чунончи Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قُوٓاْ أَنفُسَكُمۡ وَأَهۡلِيكُمۡ نَارٗا وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُ ٦﴾
سُورَةُ التَّحرِيمِ ٦
"Эй касоне, ки имон овардаед худ ва хонадони худро аз оташе ҳифз намоед, ки ҳезумаш одамизод ва сангҳост"
(сураи Таҳрим, ояти 6)
Паёмбар низ дар ин маврид фармудаанд: "Шумо фарзандони худро дар ҳафтсолаги ба намоз хондан фармон диҳед ва дар даҳсолаги онҳоро барои намоз бизанед"
Ривояти Абудовуд
Вале агар инсон ба ин амри илоҳи парво накунад ва фарзандони худро бе тарбия дар хона бимонад, ки на намозро бихонанд ва на масҷидро дида бошанд, чунин инсон фарзандони худро аз Худо ва Паёмбар бештар дўст медорад. Ў намехоҳад барои намоз фарзандонашро бизанад ва ё озор диҳад, агарчи онҳо Парварлигорро ъоси шаванд ва вазифаи худро иҷро накунанд. Пас, маълум мешавад, ки муҳаббати фарзандон барояш авлотар аст аз муҳаббати Худо ва фарзандро ба ғазаб наовардан барояш авлотар аст аз Худоро ба ғазаб наовардан. Ва илло кор тамоман ранги дигар мегирифт.
Шумо ба қиссаи Иброҳими Халил (а) бингаред! Вақте Худованд ба ў амр намуд, то фарзандашро, ки дар пирияш ёфта буд, қурбони кунад, ў зуд ба итоати ин амри илоҳи шитофт ва муҳаббати Худоро аз муҳаббати фарзандаш бартар шуморид. Вақте нияти холис ва муҳаббати содиқонааш нисбат ба Парвардгораш зоҳир шуд, Худованд ўро амр намуд, то аз забҳи фарзандаш даст кашад ва гўсфандеро ба ҷояш фидо намуд ва ба ў муждаи нав дод, ки боз фарзанде ба ту медиҳам, ки номаш Исҳоқ аст ва аз насли ў Яъқуб ба дунё меояд.
Иброҳим (а) ин ҳамаро ба баракати муҳаббати Худо ба даст овард.
Эй бандагони Худо! Ҳамчуноне, ки муҳаббати Худо воҷиб аст, муҳаббати Паёмбари Худо низ воҷиб аст ва ин ду бо ҳам мулозим мебошанд. Аз Анас ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуданд: "Имон намеорад яке аз шумоён, то ин ки ман барои ў аз молу падару модар ва тамоми мардум маҳбубтар набошем"
(Ривояти Бухори ва Муслим)
Имом Бухори аз Ҳазрати Умар чунин ривоят мекунад, ки ба Паёмбар (с) гуфтам: Дар ҳақиқат ту барои ман аз ҳама чиз маҳбубтари, магар аз ҷонам. Паёмбар гуфт: "Чунин намешавад. Қасам ба зоте, ки ҷонам дар дасти ўст, то ин, ки ман бароят аз ҷонат ҳам азизтар набошам" Пас Умар гуфт: Акнун аз ҷонам ҳам азизтари. Пас Паёмбар (с) гуфтанд: "Акнун эй Умар".
Паёмбаре, ки моро ба накуиҳо далолат намуда, роҳҳои наҷоту ҷодаҳои саодатро омўзонид ва аз бадию ҳалокат ҳушдорамон дод ва сабаби ҳидояти мо гардид, бояд аз ҳама бештар дўсташ дорем. Маънои муҳабаташ ин итоат ва пайрави аз Ўст. Ҳар ки даъвои муҳаббати Ўро намуда, аз Ў пайрави накунад ва ё парвои суннатҳояш надошта бошад ва аз бидъатҳо даст накашад, дар ин даъвояш дурўғгўст. Зеро тақозои муҳаббат на ин аст. Худованд мефармояд:
مَّن يُطِعِ ٱلرَّسُولَ فَقَدۡ أَطَاعَ ٱللَّهَۖ وَمَن تَوَلَّىٰ فَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ عَلَيۡهِمۡ حَفِيظٗا ٨٠﴾
سُورَةُ النِّسَاءِ ٨٠
"Ҳар ки Паёмбарро итоат намояд, Худоро итоат кардааст ва ҳар ки рўй гардонад, мо туро нигоҳбони ў нафиристодаем"
(сураи Нисо, ояти 80)
Аз ҷумлаи аломатҳо дўст доштани банда Худо ва Расулашро ин аст, ки ҳар киро, ки Худо ва Расул дўст доранд, ту ҳам дўст дори. Худованд накўкорон, муттақиён, тавбакорон ва поконро дўст медорад ва ҳамчунин, агар мо Қуръонро варақ занем онро пур аз зикри мўъминоне, меёбем, ки Худованд онҳо ва аъмоли онҳоро дўст медорад.
Дар Саҳеҳайн аз ҳазрати Анас ривоят шадааст, ки Паёмбар (с) мегўяд: "Се чизест, ки дар ҳар касе, ки дида шавад лаззати имонро мечашад. Ин ки Худо ва Паёмбараш барояш аз ҳама чиз маҳбубтар бошад. Ин ки касеро агар дўст дорад, танҳо ба хотири Худо дўст дорад. Ин ки ба куфр бозгаштанро чунон бад бинад, ки дар оташ андохтанр бад мебинад".
Ибни Аббос мегўяд: "Ҳар ки барои Худо дўст дорад ва барои Худо бад бинад ва барои Худо душмани кунад, пас сазовори дўстии Худо мегардад. Банда лаззати имонро намечашад агарчи намозу рўзааш зиёд бошад, то ин, ки чунин набошад. Ҳоло аксари дўстии мардум барои дунё шудааст, ки ин ба дардашон ҳаргиз намехўрад"
(Ривояти Ибни Ҷарир)
Аз ҷумлаи дўстии мўъминон он аст, ки ба онҳо ёри диҳем ва бо ҷону моламон кўмакашон намуда, дар ғаму андўҳашон шарик бошем. Барои мусалмонон он чизеро бихоҳем, ки барои худ мехоҳем. Дар баробари онҳо вазифаи инсонии худ, монанди хабар гирифтани бемор, иштирок дар ҷаноза, меҳрубони ба онҳо, дуо ва талаби омўрзиш намудан барои онҳо, салом додан ва монанди инҳоро иҷро кардан.
Ҳамчунин хиёнат накардан дар муомала, ба ботил нахўрдани молашон, таҷассус, хабаркаши накардан, аз тўҳмат ва фиреби онҳо даст кашидан аст. Бояд бо ҷамоати мусалмонон бипайвандем, аз тафриқа ва парокандаги дур бошем, бо ҳам накўкору мададгор бошем ва ҳамеша ҳамдигарро васияту насиҳат намоем.
Аз ҷумлаи бадибнии душманони Худо он аст, ки дар корҳои хусусияшон дар дин ва дунё аз онҳо пайрави накунем, монанди ибодатҳои махсус ва ё тариқаи либосу хўроки махсус. Ин кор набояд дар байни мусалмонон паҳн шавад, зеро боиси он мегардад, ки дар ботин як намуд муҳаббат иҷод шавад ва муҳаббат дар ботин бошад, оҳиста-оҳиста ба муҳаббати зоҳири монанд мешавад. Мусалмон бояд ба кўмаки кофирон нашитобад, онҳоро мадҳ накунад, аз мусалмонон бартарашон нашуморад ва бар алайҳи мусалмон ёриашон надиҳад ва дар нишотухурсандияшон бо онҳо шарик набошад ва дар ин рўзҳо табрикашон накунад.
Онҳоро набояд гироми дошт ва бо лафзҳои монанди ҷаноб, сайид, мавло хитоб намояд. Агар касе чунин кунад, Худованд дўсти ў мегардад.
Худованд мефармояд:
﴿ٱللَّهُ وَلِيُّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ يُخۡرِجُهُم مِّنَ ٱلظُّلُمَٰتِ إِلَى ٱلنُّورِۖ وَٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَوۡلِيَآؤُهُمُ ٱلطَّٰغُوتُ يُخۡرِجُونَهُم مِّنَ ٱلنُّورِ إِلَى ٱلظُّلُمَٰتِۗ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ٢٥٧﴾
سُورَةُ البَقَرَةِ ٢٥٧
"Худованд дўсти касонест, ки имон овардаанд. Онҳоро аз торики ба рушнои мебарад. Ва касоне, ки кофир шудаанд, дўстонашон шайтонҳост, ки аз рушнои онҳоро ба торики мекашонанд. Онҳо асҳоби оташ буда дар он овидон хоҳанд монд"
(сураи Бақара, ояти 257)
Эй мардум! Аз Худованди таоло битарсед ва дониста бошед, ки аломати муҳаббати Худо он аст, ки ҳар кас, ҳар коре ва ҳар қавлеро, ки Худованд бад мебинад, бад бинад.
Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ مُخۡتَالٖ فَخُورٖ ١٨﴾
سُورَةُ لُقمَانَ ١٨
"Худованд худписандони фахркунандаро дўст намедорад"
(сураи Луқмон, ояти 18)
Ҷои дигар мефармояд:
﴿وَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَيُوَفِّيهِمۡ أُجُورَهُمۡۗ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلظَّٰلِمِينَ ٥٧﴾
سُورَةُ آلِ عِمرَانَ ٥٧
"Ва Худованд золимонро дўст намедорад"
(сураи Оли Имрон, ояти 57)
Ҳамчунин мефармояд:
﴿وَإِذَا تَوَلَّىٰ سَعَىٰ فِي ٱلۡأَرۡضِ لِيُفۡسِدَ فِيهَا وَيُهۡلِكَ ٱلۡحَرۡثَ وَٱلنَّسۡلَۚ وَٱللَّهُ لَا يُحِبُّ ٱلۡفَسَادَ ٢٠٥﴾
سُورَةُ البَقَرَةِ ٢٠٥
"Вачун аз пеши ту биравад, мекўшад, то дар замин фасод кунад ва зироату наслҳоро табоҳ созад. Ва Худованд фасодро дўст намедорад"
(сураи Бақара, ояти 205)
Пас мўъмин бояд ҳар чизеро, ки Худованд бад мебинад, бад бинад.
Худованд фармудааст:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّخِذُواْ عَدُوِّي وَعَدُوَّكُمۡ أَوۡلِيَآءَ١﴾
سُورَةُ المُمتَحنَةِ ١
"Эё касоне, ки имон овардаед душманони ман ва душманони худро дўст магиред"
(сураи Мумтаҳина, ояти 1)
Боз мефармояд:
﴿لَّا تَجِدُ قَوۡمٗا يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ يُوَآدُّونَ مَنۡ حَآدَّ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَلَوۡ كَانُوٓاْ ءَابَآءَهُمۡ أَوۡ أَبۡنَآءَهُمۡ أَوۡ إِخۡوَٰنَهُمۡ أَوۡ عَشِيرَتَهُمۡۚ٢٢﴾
سُورَةُ المُجَادلَةِ ٢٢
"Ту қавмеро намеёби, ки ба Худо ва рўзи охират имон оварда бошанду касонеро, ки бо Худо ва Паёмбараш душмананд, дўст гиранд, агарчи онҳо падарон, писарон, бародарон ва ё хешонашон бошанд"
(сураи Муҷодала, ояти 22)
Худованди субҳон дар ин оят ба бад дидани душманони Худо амр намудааст. Онҳоеро, ки гирфтори ғазаби Худованд қарор гирифтаанд, монанди кофирону мунофиқону мутакаббирон, агарчи онон бо мо наздиктарин нафарон бошанд. Ҳамчунин Худованд фармудааст, то тамоми исёнро ба монанди куфр, фосиқи ва гуноҳ бад бинем, зеро Худованд ин ҳамаро бад мебинад. Инсон бояд ба куфр баргаштанро чунон бад бинад, мисле ки дар оташ даромаданро бад мебинад. Баъзеҳо гуфтаанд: Бидонед, ҳар муҳаббате, ки бар асоси маъсияти Худованд бунёд шуда бошад, дар рўзи қиёмат ба душмани мубаддал мегардад.
Худованд мефармояд:
﴿ٱلۡأَخِلَّآءُ يَوۡمَئِذِۢ بَعۡضُهُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوٌّ إِلَّا ٱلۡمُتَّقِينَ ٦٧﴾
سُورَةُ الزُّخرُفِ ٦٧
"Дўстон дар он рўз бо ҳам душмананд, магар муттақиён"
(сураи Зухруф, ояти 67)
Боз мефармояд:
﴿وَيَوۡمَ يَعَضُّ ٱلظَّالِمُ عَلَىٰ يَدَيۡهِ يَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي ٱتَّخَذۡتُ مَعَ ٱلرَّسُولِ سَبِيلٗا ٢٧ يَٰوَيۡلَتَىٰ لَيۡتَنِي لَمۡ أَتَّخِذۡ فُلَانًا خَلِيلٗا ٢٨ لَّقَدۡ أَضَلَّنِي عَنِ ٱلذِّكۡرِ بَعۡدَ إِذۡ جَآءَنِيۗ وَكَانَ ٱلشَّيۡطَٰنُ لِلۡإِنسَٰنِ خَذُولٗا ٢٩﴾
سُورَةُ الفُرقَانِ ٢٧ -٢٩
"Ва рўзе, ки инсон дастони худро мегазад ва мегўяд, кошки ҳамроҳи Паёмбар роҳро ихтиёр мекардам. Эй вой бар ман, кошки фалониро дўст намегирифтам. Дар ҳақиқат, ў маро аз роҳ дур кард, баъди он ки онро ёфта будам. Ва шайтон барои инсон хоркунанда аст"
(сураи Фурқон, оятҳои 27-29)
Ҳамчунин мефармояд:
﴿وَقَالَ إِنَّمَا ٱتَّخَذۡتُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ أَوۡثَٰنٗا مَّوَدَّةَ بَيۡنِكُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ ثُمَّ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ يَكۡفُرُ بَعۡضُكُم بِبَعۡضٖ وَيَلۡعَنُ بَعۡضُكُم بَعۡضٗا وَمَأۡوَىٰكُمُ ٱلنَّارُ وَمَا لَكُم مِّن نَّٰصِرِينَ ٢٥﴾
سُورَةُ العَنكَبُوتِ ٢٥
"Ва гуфт: Дарвоқеъ шумо ба ҷои Худованд дар дунё бутҳоро ихтиёр намудед, ки байнатон муҳаббат зиод шуд. Пас рўзи қиёмат шумо ба якдигар кофир шуда, ҳамдигарро лаънат мекунед"
(сураи Анкабут, ояти 25)
Пас, шумо аз Худо битарсед ва бингаред, ки киро дўст медоред ва бо ки рафиқи мекунед. Зеро инсон дар рўзи қиёмат бо он касе мебошад, ки дўсташ медошт.
Аллома Шамсиддин Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абубакр мегўяд: Сабабҳое, ки муҳаббати Худовандро ҷалб мекунад, даҳ чиз аст:
1. Хондани Қуръони карим ва андеша дар оёти он.
2. Ба Худованд наздики намудан бо хондани намозҳои нафли баъди намозҳои фарзи.
3. Дар ҳама ҳолат Худовандро ба дилу забону амал ёд кардан.
4. Ихтиёр намудани чизҳое, ки Худованд онҳоро дўст медорад бар он чи нафс дўст медорад.
5. Дар номҳо ва сифоти Худованд андешидан. Зеро касе Худовандро бо номҳо ва сифоташ мешиносад, албатта ўро дўст медорад.
6. Дар мавриди неъматҳои додаи Худованд андешидан, зеро андешаи неъматҳо инсонро бо Парвардгораш бештар ошно месозад.
7. Худро дар пешгоҳи Худованди карим шикаста
Гирифтан.
8. Бо Худованд ҳар чи бештар хилват намудан. Яъне сарвақти нузули илоҳи барои муноҷот кардан, бештар ба тиловати каломи Худо машғул шудан ва намозҳоро дар сеюмин ҳиссаи шаб хондан ва дар охир ба истиғфор хатм намудан.
9. Бо мардуми солеҳ ва касоне, ки Худоро аз сидқ дўст медоранд, ҳамнишини ва аз ишон пайрави намудан.
10. Дури ҷустан аз тамоми чизҳое, ки дар байни қалби инсон ва Худованд монеъ мешаванд.
Шумо барои ба даст овардани муҳаббати Худованд ин сабабҳоро бигиреду аз зидди ин сабабҳо дури ҷўед.