Фалсафаи ҳаҷ дар Ислом
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Фалсафаи ҳаҷ дар Ислом
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Суннӣ нюз: sunninews.net/tj
2012 - 1433
فلسفة الحج في الإسلام
«باللغة الطاجيكية»
موقع سني نيوز: sunninews.net/tj
2012 - 1433
Фалсафаи ҳаҷ дар Ислом
Ҳадаф аз офариниши инсон дар партави оёти илоҳӣ ва раҳнамудҳои Паёмбар (с), чизе ҷӯз ибодату бандагии Худо нест. Ибодате, ки ҳамаи абъоди зиндагии инсонро фаро гирад ва ниҳоятан ӯро ба ҳаддӣ аълои такомули рӯҳонӣ ва маънавӣ бирасонад.
Инсон мавҷудест, ки фитратан гароиш ба ибодат дорад. Аз ҳамин рӯ нохудогоҳ ҳисси динияш пӯё мешавад ва атши рӯҳаш фузунӣ меёбад, то он ҷо, ки рӯҳи саргардон ва бепаноҳи инсон ба ҳар сӯ мегурезад, то даруни ошуфтаашро бо имон ба Худованди маннон ва азобе, ки домангири ӯст, раҳоӣ бахшад.
Бар асари ҳамин ҳисси дарунии динӣ ва маънавист, ки инсони муъмин ба ибодат мепардозад, то аз ин тариқ навъи робитаи хозеъона, ошиқона, ситоишгарона ва сипосгузоронаро бо маъбуди ҳақиқии хеш, барқарор намояд.
Дини Ислом ягона дини баргузидаи Худованд аст, ки равиши ҳақиқии маърифат ва ибодати Худовандро бар сурати шафоф ва саҳеҳ барои бандагони илоҳӣ, тарсим ва таршеҳ менамояд. Ислом аз роҳҳои ифротгарӣ, таҳриф ва дигаргунӣ ба дур монда ва аз сарнавиште, ки соири адёни фалсафӣ ва илоҳӣ ба он гирифтор шудаанд, комилан маҳфуз аст ва бар ҳамон ҷавҳараи асил ва зотии худ, ҳамчунон побарҷо ва устувор аст.
Дар дини Ислом ба манзури тақарруб ҷустан ба зоти Худованди Азза ва Ҷалла барномаи мушаххаси ибодӣ ба унвони шаъоири барҷаста ва муҳим баргузида шудаанд, ки асоси ин ибодот иборатанд:
1- Гувоҳӣ додан ба ягонагии Худованд ва рисолати ҳазрати Муҳаммад (с).
2- Барпо доштани намоз.
3- Адои закот.
4- Рӯзаи моҳи Рамазон.
5- Ҳаҷҷи Байтуллоҳ.
Натиҷаи ҳамаи ин ибодот, танҳо тақарруб ба Худованди Азза ва Ҷалла аст. Дар ҳадиси маъруфи қудсӣ ба сурати бисёр зебое ин ҳақиқат баён шудааст, ки Худованд мефармояд: «Ҳеҷ бандае бо ҳеҷ чизе ба ман наздик нашудааст, ки аз фароизи ман маҳбубтар бошад. Ҳамоно бандаи ман ба василаи навофил ва мустаҳаббот ба ман наздиктар мешавад, чунон, ки маҳбуб мегардад. Ҳамин, ки маҳбуби ман шуд, ман гӯши ӯ мешунавам, ки бо он мешунавад ва чашми ӯ мешавам, ки бо он мебинад ва дасти ӯ мешавам, ки бо он мегирад ва пои ӯ мешавам, ки бо он роҳ меравад. Онгоҳ агар маро бихонад, дуояшро иҷобат мекунам ва агар аз ман паноҳ ҷӯяд, ба ӯ паноҳ медиҳам». (Бухорӣ , Ал-ҷомеъ ал-саҳеҳ, ҷ. 7, с. 143, шумораи ҳадис 6502).
Нуктаи асосӣ дар ибодоти Илоҳӣ озмоиш ва бандагии инсон дар баробари Парвардигори хеш аст. Ваҷҳи шохиси ҳар ибодат, имон ба ғайб ва пазириши беқайду шарти дастури Парвардигор аст. Барои фарди мӯмин ҳамин қадар кофист, ки амри Илоҳиро бо ҷону дил бипазирад ва онро бо ишқу муҳаббат ба анҷом бирасонад, зеро ӯ ба вузуҳ медонад, ки Худованд ба ибодат ва парастиши ҳеҷ кас ниёз надорад ва ин инсон аст, ки бо суъуд ба қалъаи маърифати Илоҳӣ ва сайр дар офоқи маънавӣ ба такомул ва баландӣ мерасад, чуноне, ки Худованд мефармояд:
﴿وَمَن يَشۡكُرۡ فَإِنَّمَا يَشۡكُرُ لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن كَفَرَ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَنِيٌّ حَمِيدٞ ١٢﴾ لقمان 12
«Ҳар кас сипосгузорӣ кунад, ба суди хеш сипосгузорӣ мекунадва ҳар кас носипосӣ кунад, ба худ зиён мерасонад, чаро киХудованд бениёз ва сутуда аст». Луқмон 12
Ибодати Ҳаҷ
Ҳаҷ дар луғат, яъне қасд кардан, оҳанг кардан ва дар истилоҳи шариъати Ислом: Ҳаҷ иборат аст аз қасду ҳаракат кардани мусулмонони мустатеъ (тавоно) ба суи Байтуллоҳ дар вақти муаян ва бо анҷоми аъмол ва маносики махсус, то бо ин тариқа убудият ва бандагии худро дар зоҳир ва ботин дар баробари Аллоҳи азза ва ҷалла изҳор кунад ва бо анҷоми аъмол ва афъоли ҳазрати Иброҳим Халил (а) ва ба василаи таъзим ва муҳаббат ба шаъоири мавҷуд дар он сарзамини муқаддас иртиботи худро бо Худованд ба равиши иброҳими, ки мазҳари комили убудият ва муҳаббат аст, иброз дорад.
Маносики Ҳаҷ ба таври куллӣ ёдовари хотироти ҳазрати Иброҳим (а) аст, ки бо ақидаи росих ва таваккали комил аз ҳамаи асбоби зоҳирӣ ва моддӣ қатъи умед мекунад ва ҳамсару фарзанди хурдсолашро дар биёбони хушки Макка барои Худо раҳо месозад ва ниҳоятан дар ҳамон ҷо дуо мекунад ва Каъбаро барои ибодати Худованди ягона месозад ва аз Худованд оҷизона мехоҳад, то онро маркази тавҳид ва таҷаммуъи ҷаҳониён бигардонад. Худованд дуои холисонаи Иброҳим (а)-ро иҷобат менамояд ва хитоб ба вай мефармояд:
﴿وَأَذِّن فِي ٱلنَّاسِ بِٱلۡحَجِّ يَأۡتُوكَ رِجَالٗا وَعَلَىٰ كُلِّ ضَامِرٖ يَأۡتِينَ مِن كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٖ ٢٧﴾ الحج 27
«Мардумро даъват ба Ҳаҷ кун, то пиёда ва савора бар маркабҳои лоғар аз ҳар роҳи дуре (ба сӯи хонаи Каъба) биёянд». Ҳаҷ 27
Аз ин рӯ Ҳаҷ таҷдиди мисоқ аст, бо ормонҳои иброҳимӣ ва ин, ки ҳоҷӣ бо дунёи пиромуни худ қатъи робита менамояд ва бо либоси эҳром ва сару вазъи содда ва беолоиш лабайкгӯён озими диёри иброҳимӣ мешавад ва дар ҳақиқат ин шиори тавҳидӣ ва ирфониро замзама мекунад, ки:
﴿إِنَّ صَلَاتِي وَنُسُكِي وَمَحۡيَايَ وَمَمَاتِي لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٦٢ لَا شَرِيكَ لَهُۥۖ وَبِذَٰلِكَ أُمِرۡتُ وَأَنَا۠ أَوَّلُ ٱلۡمُسۡلِمِينَ ١٦٣﴾ الأنعام 162-163
«Ҳамоно намоз ва тамоми ибодатҳои ман, зиндагӣ ва маргам, ҳама барои Худованд, парвардигори ҷаҳониён аст, шарик ва ҳамтое надорад ва ман ба ҳамин дастур ёфтаам ва ман нахустин мусалмонам». Анъом 162-163
Лизо Ҳаҷ дар воқеъ шинохти асос ва пояи мазҳаби бузурги иброҳимист, даъват ба ойини холиси Иброҳим (а), ки аз шоибаи ҳар гуна ақидаи ширкомез, мубаррост ва амалро барои хулуси ният устувор месозад. Ҳадафи Ҳаҷ, дилбастагӣ ба маъбуди ҳақиқӣ ва гусастан аз ҳама ва ниҳоятан ба Худо ишқ варзидан ва аз ғайри ӯ безорӣ ҷустан аст.
Аҳамияти Ҳаҷ дар Ислом
Ҳаҷ панҷумин рукни Ислом аст, ки дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ бар мусалмонон фарз шуд. Оёт ва аҳодиси мутаъадиде дар бораи аҳамият ва таъкиди рафтан ба ҳаҷҷи хонаи Каъба, ворид шудааст. Худованд Азза ва Ҷалла мефармояд:
﴿وَأَتِمُّواْ ٱلۡحَجَّ وَٱلۡعُمۡرَةَ لِلَّهِۚ ١٩٦﴾ بقرة 196
«Ҳаҷ ва Умраро барои Худо ба ҷо оваред». Бақара 196
﴿وَلِلَّهِ عَلَى ٱلنَّاسِ حِجُّ ٱلۡبَيۡتِ مَنِ ٱسۡتَطَاعَ إِلَيۡهِ سَبِيلٗاۚ ٩٧﴾ آل عمران 97
«Ва ҳаҷҷи хонаи Каъба воҷиби Илоҳист бар касоне, ки тавони (молӣ ва ҷисмӣ) барои рафтани бадон ҷо доранд». Оли Умрон 97
Лизо дар сурати таҳқиқи шароити зайл, рафтан ба Ҳаҷ барои ҳар инсон як бор дар умр фарз аст:
1. Ислом: Гузоридани Ҳаҷ ва Умра ва дигар ибодот бар ғайри мусалмонон воҷиб нест, зеро онон пеш аз ҳар чиз мукаллаф ба имон ҳастанд ва мабнои пазириш ва адами пазириши ҳамаи ибодот, имон аст.
2. Ақл: Ақл ва дарки масоил ва анҷоми он ба наҳви саҳеҳ, лозимаи ҳар амри муҳим ва ибодист ва аз ҳамин рӯ ҳеҷ гуна таклифи шаръӣ ва ибодӣ мутаваҷҷеҳи девонагон нест.
3. Булуғ: Ба хотири он, ки кӯдакон то замоне, ки ба ҳадди булуғ ва шуъури комил нарасида бошанд, мукаллаф ба анҷоми аҳкоми шаръӣ нестанд.
4.Иститоат: Ҳаҷ бар касоне фарз мегардад, ки тавоноии молӣ ва ҷисмии лозимро барои ҳазина ва таҳаммули мушкилоти сафар ва адои маросим ва маносики Ҳаҷ, дошта бошанд.
Расули акрам (с) дар муносибатҳои мухталиф мусалмононро ба адои ин ибодати бузург, ташвиқу тарғиб намудаанд.
Аз он ҳазрат (с) суол шуд: кадом амал афзалтар аст? фармуд: Имон ба Худо ва Паёмбараш!, бори дигар суол шуд, сипас кадом амал бартар аст? фармуд: Ҷиҳод дар роҳи Худо! бори саввум суол шуд, сипас кадом амал арҷаҳ аст? фармуд: Ҳаҷҷи мабрур!. (Бухорӣ, Ал-ҷомеъул- Ал-саҳеҳ, Ҷ. 2, С.471).
Ҳазрати Абӯҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули акрам (с) фармуданд:
"یا أیها الناس قد فرض علیکم الحج فحجّوا" [مسلم، الجامع الصحیح، ج2، ص97]
Эй мардум! Ҳаҷ бар шумо фарз шуда, лизо ҳаҷҷи хонаи Каъбаро анҷом диҳед.
Ҳазрати Алӣ (р) мефармояд: Расули акрам (с) фармуданд: Ҳар касе , ки битавонад туша ва маркабе барои ҳаҷҷи хонаи Худо фароҳам кунад ва бо ин ҳол ба Ҳаҷ наравад, роҳе ба ҷуз Яҳудӣ ё Насронӣ мурданро дар пеши рӯ надорад, ба хотири он, ки Худованд дар Қуръон мефармояд: Ҳаҷҷи хонаи Худо ба ҳамаи касоне, ки тавони (молӣ ва ҷисмӣ) дошта бошанд, воҷиб аст.
Имом Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ дар шарҳи ин ҳадист мефармояд: Тарк кардани рукне аз аркони Ислом ба манзалаи онаст, ки тарк кунандаи он аз ойини исломӣ хориҷ мегардад ва бадон хотир, тарк кунандаи Ҳаҷ ба Яҳудӣ ва Насронӣ ташбиҳ дода шудааст ва торики намоз ба ширк, ки Яҳудиён ва Насрониҳо намоз мехонданд, вале ба Ҳаҷ намерафтанд. Аммо мушрикони Араб, Ҳаҷ мекарданд ва намоз намехонданд. (Ҳуҷҷатуллоҳил-болиға, Ҷ. 2, С. 57).
Фалсафаи Ҳаҷ
Ҳадафи асосӣ ва муҳим дар анҷоми ибодатҳо онаст, ки ба манзури имтисоли фармони Худованд ва адои ҳаққи бандагӣ ва сипосгузорӣ аз неъматҳои бекарони вай анҷом гирад.
Аз Расули акрам (с) суол шуд: Ҳаҷ чист? Он ҳазрат (с) фармуд: «الشعث التفل», жулидамӯ ва ғуборолӯд! Муҷаддадан суол шуд: кадом Ҳаҷ афзалтар аст? фармуд: «العج والثج», фарёд баланд кардан ва хун рехтан дар роҳи Худо! (Қурбони кардан).
Ҳоҷӣ дар ҳақиқат хештанро дар баробари Худованди муттаол залил ва оҷиз қарор медиҳад ва лабайкгӯён дар садади эълои калимаи Аллоҳ бар меояд ва иброҳимгуна, ошиқона ҳузури хешро эълом мекунад ва молу ҷонашро дар роҳи висоли маъбуди ҳақиқӣ қурбон мекунад.
Фалсафаи Ҳаҷ нисбат ба ҳар ибодате бештар ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, чуноне, ки Худованди Азза ва Ҷалла ба муассиси Каъба ва мунодии Ҳаҷ мефармояд:
﴿وَأَذِّن فِي ٱلنَّاسِ بِٱلۡحَجِّ يَأۡتُوكَ رِجَالٗا وَعَلَىٰ كُلِّ ضَامِرٖ يَأۡتِينَ مِن كُلِّ فَجٍّ عَمِيقٖ ٢٧ لِّيَشۡهَدُواْ مَنَٰفِعَ لَهُمۡ وَيَذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ ٢٨﴾ الحج 27- 28
Ин тавҷеҳи муҳими қуръонӣ ба ҳаракати мардум пиёда ва савора, ки аз дурдаст онро дар пеш мегиранд, ишора менамояд ва манофеи ошкоре, ки Қуръон онҳоро бар зикри номи Худо муқаддам дошта, бармешуморад, аз ҷумла:
1. Ҳаҷ як манбаи нерӯи маънавӣ ва отифист, ки ба мусалмон тавон медиҳад ва вуҷуди ӯро аз фурутанӣ ва тақво дар баробари Худо ва тасмим ба итоат ва пушаймонӣ аз нофармонияш пар месозад ва отифаи муҳаббат ба Худо ва Расули Худо (с) ва ёрону пайравони ӯро дар вай сероб мегардонад. Сарзамини муқаддас ва хотироти он шаоир ва одоби Ҳаҷ ва осори дарунии онҳо, нерӯи ҷамоати ҳоҷиён ва илҳомоти фикрӣ ва рафтории он ва... ҳамаи инҳо ба равшанӣ осори худро дар жарфҳои вуҷуди фарди мусалмон ба ҷо мегузоранд ва ӯро бо қалби зулолтар ва шеваи покизатар ва азми росихтар барои анҷоми хайр ва некӣ ва муқовимати сарсахтонатар дар баробари гуноҳон аз сафари хеш боз мегардад ва ҳар қадар ҳаҷаш назди Худо матлубтар ва писандидатар бошад, ба ҳамон андоза дар зиндагии ояндааш, муассиртар хоҳад буд.
2. Ҳаҷ, машқ ва тамрини нобасомониҳои зиндагист. Сафари Ҳаҷ дарбардорандаи дарси таҳаммули сахтиҳо, дӯри аз ватан, ҷудои аз хешон ва чашмпӯшӣ аз фароғати зиндагӣ дар миёни хонавода ва дӯстон аст. Ҳикмати Илоҳӣ нахостааст, ки ин сафар ба сӯи сарзаминҳои зебо, сарсабз ва хушобу ҳавои Осиё, Аврупо ва ғайра, ки тафриҳгоҳҳои ҷаҳонгардон ба ҳисоб меоянд, анҷом гирад, балки машияти Илоҳӣ он буд, ки Ҳаҷ дар биёбони беобу алаф, ки на барои тафреҳи тобистон муносиб аст ва на баҳор, анҷом гирад ва ин худ тарбият аст барои фарди мусалмон дар таҳаммули душвориҳо ва ногувориҳои зиндагӣ.
3. Манофеи бозаргонии Ҳаҷ низ бисёр зиёд ва машҳуд аст. Ҳаҷ фурсати бо арзише барои мубодилаи манофеи тиҷорӣ миёни мусалмонон дар сатҳи васеъ мебошад. Имрӯза бозорҳои Макка ва Мадина ба ду маркази бузурги тиҷорати ҷаҳонӣ табдил шудаанд, ки аз равобити бозаргонӣ ва тиҷории онҳо манофеъи фаровоне насиби мусалмонон мешавад, илова бар ин аз зиёратҳои мукаррари Ҳаҷ ва Умраи ҳоҷиён суди ҳангуфте оиди санъати ҷаҳонгардии кишвари Арабистои Саудӣ ва соири ширкатҳои саёҳатӣ- зиёрати кишварҳои исломӣ мешавад.
4.Баробарӣ ва ваҳдату ягонагӣ. Ҳаҷ омӯзиш ва тамрини амалии усули мутаъолии инсоният мавриди назари Ислом барои ҳар фарди мусалмон аст. Дар анҷоми маносики Ҳаҷ ин масъала комилан равшан мегардад, ки ҳеҷ фард ва гуруҳе имтиёзе нисбат ба фард ё гуруҳи дигаре надорад ва аз ҷумлаи аҳдофи баланди ин ойини ибодӣ, мусовот ва канор ниҳодани бартариҷӯи бар дигарон аст. Шуъои ягонагӣ дар Ҳаҷ бисёр вусъат меёбад ва табдил ба ягонагӣ дар эҳсосот, ягонагӣ дар шаъоир, ягонагӣ дар ҳадаф, ягонагӣ дар амал ва ягонагӣ дар шиор мегардад. На асаре аз ихтилофи ҷуғрофӣ ва нажодӣ вуҷуд дорад ва на таъссубе ба рангу ҷинс ва табақа. Ҳамагӣ мусалмон ҳастанд ва ба Худои воҳид имон доранд ва гирди хонаи воҳиде мегарданд.
5. Ҳаҷ як анҷумани ҷаҳонист. Ҳаҷ ба фарди мусалмон имкон медиҳад, то шоҳиди бузургтарин ва пуршукуҳтарин гирдиҳомоии солонаи исломӣ бошад. Анҷумане, ки на аз тарафи подшоҳ, ё раиси ҳукумат, ё ҷамъияте, балки аз сӯи Худои ҷаҳониён бадон фарохонда шудааст. Дар гирдиҳамоии Ҳаҷ, як мусалмон бародарони худро аз панҷ қораи дунё мебинад, ки сарзаминҳо, рангҳо ва забонҳояшон мутафовит аст ва танҳо пайванди Ислом ва имон ононро даври ҳам ҷамъ кардааст, то шиори ягонаеро сар диҳанд: «لبیک اللهم لبیک، لبیک لاشریک لک لبیک.». Алорағми баргузории конфронсҳои баробарии ҳуқуқи башар ва мубориза бо нажодпарастӣ, ойини олии ҳазору чаҳорсаду чанд сол пеш, таҷаммуъ ва гирдиҳмоии мусалмонони ҷаҳонро бо ихтилофи нажод ва забон, аъам аз Арабу Аҷам, сиёҳу сафед, аврупоӣ ва амрикоӣ, соле як бор бо пӯшидани як либос ва анҷоми маносик ва ойини муштарак, фарз қарор додааст.